13 October 2017

Обуна-2018: «Ҳақиқати Суғд»

Ҳарфи мо ҳам шўълае аз офтоби меҳанаст!

Рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» - нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар тарғибу ташвиқи сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, супориш ва қарору ҳадафҳои созандаи Раиси вилоят, инъикоси дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд хизмат менамояд.

«Ҳақиқати Суғд» соли 2018 низ ҳафтае се маротиба - рўзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе нашр гардида, аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят, кишвару хориҷи он маводҳои ҷолиб интишор карда, робитаро бо Шумо, хонандагони азиз густариш мебахшад.

Муштариёни мўҳтарам! Ҳамзамон, Шумо аз саҳифаҳои рўзнома бахшида ба ҷашну тантанаҳои бузурги давлатӣ, аз ҳаёт ва фаъолияти шахсони барўманди диёр ва корҳои созандагии шаҳру навоҳии вилоят огоҳӣ ёфта метавонед. Саҳифаҳои махсуси «Розу ниёзи мардум», «Минбари Шумо», «Ҳунар - беҳ аз ганҷу зар», «Чаманоро», «Мадади Сино», «Сафинаи Сайҳун», «Меҳрпайванд», «Рўҳафзо» ва ғайраҳо ҳамдаму ҳамрози ҳамешагии Шумост!

Ба рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» қабули обуна барои соли 2018 оғоз гардид. Обуна дар шўъбаҳои шаҳриву ноҳиявии КВД «Почтаи тоҷик» ва идораи рўзнома (шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, «Кохи матбуот», ошёнаи 4-ум), тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ бе маҳдудият қабул карда мешавад.

Нархи обуна барои 1 сол - 117 сомонӣ аст.

Индекси обуна 68894.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 2-06-55 (идораи рўзнома) ва 6-39-74 (КВД «Почтаи тоҷик») муроҷиат намоед.

«Ҳақиқати Суғд» рўзномаи Шумост ва ҳамдаму ҳамнафаси Шумост!

Ба рўзномаи дўстдоштаатон обуна шавед!

Ҳайати таҳририяи рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Оила - асоси тарбияи фарзанд

Ҷавонӣ манзилест, ки мобайни масофаи кӯдакӣ ва пирӣ воқеъ шудааст. Айёми салтанату комёбӣ дар он давр мегузарад. Ҷавонӣ ситораест, ки фақат як бор дар осмони умр тулӯъ мекунад.

Ҷавонон ниҳоли кӯчаке ба ҳисоб мераванд, ки бо сабзидани ин ниҳолҳо ояндаи кишвари мо сарсабзу хуррам мегардад. Пас калимаи ҳамешагиро гӯем, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Аммо ба ҳамаи ин чӣ тавр бовар кард?

Ягона роҳе, ки ҷавонон миллатро пеш мебаранд, ин дониши хуби онҳост. Яке аз беҳтарин муқаддасоте, ки инсонро ба дунёи рангин ворид мегардонад, ин китоб аст. Китоб, ки сарчашмаи донишу хирад аст, метавонад ҳама касро ба пешравиҳо ноил гардонад. Дар ҷомеа, ки китобу китобхон набошад, онҷо мисоли хонаест, ки чароғ  надорад. Аслан дар ҳама кишвару давлатҳо ҷавонон нақши асосиро мебозанд, аз ин рӯ ояндаи ҳама кишварҳо ҷавонон ба ҳисоб мераванд.

Имрӯз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ байни наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Мутаассифона, ин падидаи номатлуб он қадар фарох доман паҳн кардааст, ки баъзан инсонро ба даҳшат меорад. Умуман паст рафтани ахлоқи ҷавононро танҳо ба насли нав мансуб донистан беинсофӣ мебуд, зеро аз рӯи дидаю шунида ва мушоҳидаҳои хеш мебинем, ки ин раванд дар рагҳои ин дунёи куҳан чун хуни фасодноки зиёновар ҷорӣ шудааст.

Ниёгони мо аз азал таранумгари ахлоқи некӯ буданд. Асарҳои бисёр ибратбахши худро ба мо насли ҷавон ёдгор мондаанд. Аз он ҷумла «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ, «Қобуснома»-и Кайковус ва даҳҳо шоҳкориҳои ахлоқӣ дастури ибратбахше ҳастанд ба аҳли башар оид ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ. Аммо имрӯз чун мебинӣ, вориси ҳамхаёли чунин бузургон даст ба амале мезананд, ки инсон ба роҳи эшон аст, афсӯс мехӯрӣ ва дилат ба дард меояд.

Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Вақте ки 2 августи соли 2011, №762 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид ва мақсади Қонуни мазкур пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд буда, мо боварӣ доштем, ки минбаъд падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва бо ин роҳ ба бисёр пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва корҳои ношоиста хотима мегузоранд.

Вале бархе аз он фарзандоне, ки соли 2011 дувоздаҳ- сездаҳ сол доштанд,   имрўзҳо дар давлати Сурия ва дигар кишварҳо ҷиҳод намуда истода бо ин рафтору кирдорашон обрў ва нуфузи давлати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст мезананд.

Гарчанде ки  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таҳлиму тарбияи фарзанд» амал мекунад, баъзе  падару  модаре  ҳастанд,  ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд.

Дар ин замина мутафаккири бузуги тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ чунин гуфтааст. «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ  гузорӣ чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчӣ хоҳад, кунад ва ба ҳар чӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар як падару модар барои тарбияи фарзандонашон бояд дар оила, аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода баранд. Фарзанд дар оила бояд ончунон ба камол расад, ки боиси натанҳо таҳсину офарин, балки номбардори падару модар ва ватану миллат гардад.

Б.Норбобоев,
сармуаллими кафедраи фалсафа

Читать далее

Мазҳабгароӣ душмани Ислом

Тайи даҳсолаҳои охир кишварҳои мусулмонӣ ба як бӯҳрони бузург гирифтор шудааст, ки низоъу ҷангҳои нав ба нав ва дар майдони муборизаҳои сиёсӣ пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-мазҳабӣ нишонаи равшани он мебошад.  Таҷрибаи ҳизбсозӣ дар динҳо як амали носозгор буда, хусусан дар ислом он аз ҷониби аксари мусулмонон хуб пазируфта нашудаааст. Вале сиёсисозии дини мубини ислом аз ҷониби баъзе ашхос, ҳизбу гурӯҳҳо ва давлатҳои манфиатхоҳ бо истифода аз сатҳи пасти вазъи иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии мардум барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсӣ равона шудааст.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ,  аз ҷумла дар Тоҷикистон  бархӯрди ақидаҳои   динии бегона бо исломи суннатӣ дар солҳои охир баръало эҳсос мешавад. Аслан дар Мовароуннаҳр ба ҷуз исломи суннатӣ таълимоти мактабҳои тасаввуф нисбат ба дигар мактабҳои ақидавӣ бештар ташаккул ёфта буд ва исломи суннатӣ дар ҷомеа мақоми хос дошт. Вале пайдоиши ҳаракату ҷараёнҳои нави ғайрирасмӣ ба мисли "Ҳизбуттаҳрир", "Салафия", "Байъат" ва ғайра  кӯшиш менамоянд таҷрибаи чандинасраи ҳамзистии дину мазоҳибро, ки асоси суботи минтақа буданд, халалдор созанд. ҳаракатҳои тозазуҳури динӣ  мусулмононро аз рӯи мансубияташон ба дину мазҳаб тақсим карда, ба тафриқаандозӣ дар байни онҳо метавонанд замина гузоранд.

Таҷрибаи таъсиси ҳизбҳои динӣ-мазҳабӣ дар кишвари мо ҳам маҳз дар заминаи ба майдони сиёсӣ кашидани ҷавонон пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ рӯйи кор омад. Чуноне ки маълум аст, дар ин даврон фазои идеологӣ куллан холӣ монда буд ва ҳаракатҳои динӣ аз ин истифода бурда, худро дӯстдору ҳомии мардуми бечора муаррифӣ карданӣ мешуданд. Вале мардум ҳам ба гапҳои бофтаи ин дасисакорон бовар карда, аз пушти онҳо вориди майдони сиёсӣ гардиданд. Дар натиҷа, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Он даҳшате, ки ҲНИТ дар давраи аввали истиқлолият ба сари мардуми тоҷик овард, хеле гарон афтод.

Исломи сиёсӣ бо ҳадафи ҳарчи бештар дахолат кардан ба корҳои давлатдорӣ ва дар раванди онҳо ҷорӣ намудани қонунҳои шариат ва ба вуҷуд овардани бархўрди мусалмону ғайримусалмон роҳандозӣ шудааст. Табиати исломи сиёсӣ тафриқаандозӣ байни афроди ҷомеаҳост. Зеро бовару эътиқоди инсонҳо дар ҷаҳон гуногун аст ва бовару эътиқоди ҳамаи афроди он наметавонад, якхела бошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тўли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунад. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд. Дар ин сарзамин, дар маҷмӯъ ихтилофи мазҳабию эътиқодӣ ба назар намерасид. Аммо аз рӯзи ташкилёбии ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофоти эътиқодӣ бо ҳам тавъам (дугоник) арзи вуҷуд намуданд. Яъне, ҲНИТ бо омадани худ дар арсаи сиёсии кишвар ихтилофоти мазҳабиро низ бо худ овард. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҲНИТ пеш аз ҳама, ҳамчун дарвозаи вуруди ақидаҳои бегона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, салафия, ҳизби таҳрир ва шиа хизмат намудааст.

Тайи солҳои фаъолияти ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии динӣ он ақида комилан исбот шуд, ки истифодаи ғаразнок аз мафкураи динии мардум, тафриқа андохтан дар масоили динӣ ва мазҳабӣ бузургтарин хатар ба суботи умумист. Таҷрибаи даҳ соли ахир куллан исбот кард, ки ин ҳизб на танҳо ба тафриқаандозӣ машғул шуд, балки ба онҳое мадад кард, ки мехостанд суботи мамлакати орому осударо тавассути табаддулот барҳам зананд.

Наҳзатиҳо равиш ва биниши исломии анъанавии моро иваз карда, аз маҷрои аслӣ дур сохтанд ва боиси ихтилофи шадиди ақидавӣ дар ҷомеа гардиданд. Исломе, ки асрҳо боз тоҷикро ба тоату ибодат, таълиму насиҳат, некхоҳию накӯкорӣ даъват менамуд, якбора ба ӯ амр кард, ки майдондорӣ кун, силоҳ бигир, мансабро ба зӯр соҳиб шав, интиқомгирӣ кун, одам бикуш ва ғайраву ҳоказо. Табиист, ки ин гуна таълимоти диниро ҷомеаи суннатии тоҷик  қабул надоштанд. Ва ин хиёнати бузурги ҲНИТ ба дини ислом буд. Дар натиҷа, исломе, ки бояд омили муттаҳидии миллати мо дар солҳои сарнавиштсози поёни асри 20 мешуд, баръакс, сабаби ихтилофу даргириҳо гардид.

Падидаи шуми ифротгароии мазҳабӣ, ки тайи ду даҳаи охир ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ҷони садҳо ҳазор инсонро рабуда, кишварҳои як замон орому шукуфонро ба харобазор табдил додааст,  мушкилест, ки тамоми мардуми сайёраро нигарон кардааст. Махсусан, баъди он ки гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии динӣ тавонистанд қисме аз кишварҳои Сурия ва Ироқро таҳти тасарруфи худ дароварда, барои худ давлати асримиёнагӣ созанд. Онҳо тавонистанд, лашкари худро аз ҳисоби ҷавонону мардони минтақаҳои таҳти тасарруфи худ ва дигар кишварҳо таъмин кунанд ва онҳоро дар ҷангҳо истифода баранд. Аз ҷумла, бо сабаб ва бо роҳҳои гуногун шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба Сурия ва Ироқ рафта, ба сафи лашкари ин давлати ифротӣ ва бунёдгарои мазҳабӣ пайвастанд.

Дар паёмҳои ҳарсолаи худ ва дар вохўриҳо бо аҳли ҷамъиятчигии шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, ки мо ба дини мубини ислом эҳтиромона муносибат карда, исломро чун сарчашмаи зулоли ахлоқу маънавияти  падарону аҷдодонамон медонем. Дар робита ба ин қайд мекунанд, ки мо ҷонибдори эътиқоди солими динӣ ҳастем, барои паҳн гаштани ҷаҳонбинии сулҳхоҳона ва мустаҳкам намудани нақши оштидиҳандаи дини мубини ислом мусоидат менамоем.

Таъкид бояд кард, ки давлат барои мусулмонон ва рушди фарҳанги исломӣ, ки қисми таркибии фарҳанги миллии мост, ягон маҳдудият эҷод накардааст ва баръакс қонунгузорӣ дар бораи озодӣ, ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла озодии виҷдонро ба ҳар кас таъмин ва ҳифз менамояд. Вале озодии виҷдон маънои тарғиб кардани ҳар гуна ақидаҳои ифротгароиро, ки барои суботи ҷомеа ва амнияти давлат хатарзо аст, надорад. Пешгирӣ кардани паҳншавии чунин ҳаракатҳои ифротгароёна, аввалан агар вазифаи давлат бошад, худи вазифаи  мусулмонҳо низ ҳаст.

Дар ҳамин замина одамон бо такя ба талаботи Конститутсияи ҷумҳурӣ барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷаҳду талош карда истодаанд. Дар тамоми  кишварҳое, ки ба ислом либоси сиёсӣ мепӯшонанд, мебинем, ки дар он ҷо ҷанг асту хунрезӣ ва сӯхтору фирору муҳоҷират. Аз давлати ба ном исломии Шому Ироқ, то ҳаракати толибону салафия ва таблиғу байату наҳзатҳои дигари исломӣ мехоҳанд, ки исломро роиҷ гардонанд. Лекин андешаи онро надоранд, ки барои ривоҷи ислом дар айни замон чӣ монеае дар миён аст.

Бояд дар назар дошт, ки бемазҳабӣ ё бисёрмазҳабӣ ва эҷоди ихтилофоту фитна, аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки боиси ба гурӯҳҳо ҷудо шудани мусулмонон ва дар ин замина сар задани муноқишаҳо мегарданд. Таассубу нодонӣ, ихтилофҳои бемаънӣ, дур будан аз фарҳанги асили динӣ сабаб мегардад, ки дар ҷомеа андешаи тундгароию ифротгароӣ замина пайдо бикунад. Ҷавонони тоҷик, ки мутаассифона, на аз дониши динӣ бархӯрдоранд ва на аз маърифати истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ баҳра бардоштаанд, итминон ва бовариашонро нисбат ба мазҳаби Имом Абуҳанифа, ки аз зумраи тобеин ба шумор меравад, коста мегардонанд ва дунболарави салафия мешаванд.

Мазҳаби поку ростини ҳанафӣ асрҳо боз исбот кард, ки барои рушди дилхоҳ давлату ҷомеа беҳтарин ва мусоидтарин мазҳаб аст, зеро табиати таҳаммул ва тараққиётро дар реша дорад. Ҷавононро лозим аст, ки ин мазҳабро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро ба ягон маъхази эътиқодоти дигар бадал насозанд. Самараи саодати ҳамаи мост, ки ин мазҳаб илму дониш ва хайру савобро афзалтар аз ҳама медонад, асли диндориро дар дониши устувор ва илми накӯ, ахлоқи ҳамида ва муносибати ҳалимона бо ҷомеа меҳисобад. ҳамин аст, ки аксари кулли мусалмонони олам ин мазҳабро мазҳаби рушду такомул мешуморанд.

Раванди рӯзгор исбот намуд, ки дар замони имрӯза барои Тоҷикистон амали аз ҳама хатарноктарин аз дин сӯиистифода кардану мазҳабро тағйир додан, аз номи дин ҳизб ташкил карда, мардумро гумроҳ кардан аст. Дар шароити имрўзаи мо ҷудокунии амиқи ислом аз ифротгароии динӣ ва терроризм зарур аст. Ва инчунин дастгирӣ ва рушди исломи маҳаллӣ - анъанавии бо арзишҳои миллӣ - фарҳангӣ дар алоқамандӣ зарур аст. Дастгирии ҳар як намуди дигари ислом ба низоъ байни намояндагони ҳаракатҳои динӣ ва ноором сохтани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллӣ оварда мерасонад.

Пастшавии сатҳи радикализми динӣ,  паҳншавии созмонҳои динӣ-ифротгароӣ дар ҷомеа ва баландшавии сатҳи саводнокии  фарҳанги динӣ ва маълумотнокии динии шаҳрвандон барои ҷавонон хеле муҳим мебошад. Мусулмононе, ки дорои сатҳи пасти маълумоти динӣ ва дунявӣ мебошанд, метавонанд аз душманони беруна ҳам  хатарноктар шаванд. Бо рушди технологияҳои иттилоотӣ давлат қудрати назорат кардани раванди таълими диниро надорад. Аз ин лиҳоз додани маълумоти динии босифат ва омўзиши исломи маҳаллӣ, анъанавӣ - роҳи беҳтарин  барои ҳамаи кишвар мебошад. Имрӯз роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ифротгароию тундгароӣ дар ҷомеаи муосири кишвар ва ҳифз кардани ҷавонону наврасон аз ин вабои маънавӣ - баланд бардоштани сатҳи дониши динию дунявии онҳост. Танҳо ҷавононе, ки дониши хуби илмҳои муосир доранд ва аз асосҳои дини мубини ислом огоҳанд, метавонанд аз ин зуҳуроти номатлуб эмин бошанд ва дигаронро низ аз вартаи он наҷот диҳанд.

Матлуба Оқилова,
п
рофессори кафедраи
 сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

Читать далее

Душмани ислом дар ниқоби ислом

Вақтҳои охир шоҳиди он ҳастем, ки падидаҳои манфии иҷтимоӣ ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамояд. Ин тамоюл бешак мардуми ватандўст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад. Зеро ин мушкилиест, ки хусусан дар миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.

Бояд ёдрас шуд, ки мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем, аммо гурўҳи ифротгароии Давлати Исломии Ироқу Шом амалҳое анҷом медиҳанд, ки бетараҳҳумии онҳоро таърих кам дар хотир дорад. Мисоли равшани он ба таври ваҳшиёна сар буридан ва дар дохили қафаси оҳанин зинда ба зинда сўзонидани одамон мебошад.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар мувофиқа ба Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстреместӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҳШ манъ аст, ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти №79, ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шудааст. Қаблан, ба ин рӯйхат чунин созмони террористӣ монанди “Ал – Қоида” ДИИШ, ҳаракати Толибон, “Салафия”, “Бародарони мусалмон”  ва ғайра номнавис шуда буданд, ки ин ташкилотҳои душмани дини Ислом маҳсуб меёбад.

Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТЭТ ҲНИТ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, ҳаракати исломии ӯзбекистон, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб – ут – Таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ”, “Гурӯҳи – 24” ва ғайра боздошт гардиданд.

Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ шахсан ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода дар Тоҷикистон аст, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи Интеропол эълон шудааст.

Аз он даврае, ки мо ба душвориҳои зиёд нобасомониҳоро паси сар намуда, тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизамон роҳи созиш ва оштии миллӣ  - роҳи ваҳдатро пеш гирифтем, вақти зиёде нагузаштааст. Мо бояд барои ҳифзи ин неъмати муттаҳидсоз, кулли мардуми тоҷик сарҷамъ бошем, Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфта буданд: «Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем. Ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти мардуми Тоҷикистон бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона, тарбияи насли наврасу ҷавонони ояндасоз ва дўстиву ҳамкориҳои судманд ба мамлакатҳои пешқадам моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад.»

Оре, мо бояд фарзандонро баробари таълиму тарбия додан, онҳо, ки ояндаи миллати мо ҳастанд, ҳушдор намоем ва ба равияҳои бегона нагараванду ҷони худро ба зери хатар нагузоранд.

Аз ин лиҳоз мо халқи тоҷик боз ҳам аз пештара хубтару беҳтар муттаҳид бошем. Нагузорем, ки давлатамон осеб бинад ва дасисабозиҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба мақсади нопоки худ  нарасад.

Ӯғулой Умаралиева, дотсент
устоди кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ 

Читать далее

Истиқбол аз қонуни танзим

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат 10 сол муқаддам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Он барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шуда будаанд. Дар ин маврид Пешвои миллат чунин иброз менамояд: “Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳоро дар кишвар ба низом даровард”.

Аммо бо вуҷуди ин, Қонун қонуншиканҳо хеле зиёд шуд. Дар бисёр ҳолатҳо тӯйи домодию арӯсиро дар як рӯз ба таври  ихтиёрӣ бо  оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб муайян шудааст, риоя намешуд. Гузашта аз ин, маъракаҳои зиёдатӣ доир  мешуд, ки боиси сарфи беҳудаи маблағ мегардид. Баъзе аъзоёни комиссия дар маъракаю маросимҳо иштирок намуда, барои пешгирии қонуншиканиҳо чора намедиданд. Дар бораи ин ҳолатҳо дар баромади Сарвари давлат чунин маълумотҳо оварда мешавад. “Бо вуҷуди чораҳои то ба имрӯз андешидашуда ҳолатҳои пурдабдаба гузарондани тӯю маъракаҳо ва хароҷоти бемаврид дар мамлакат ҳанӯз пурра аз байн нарафта, баъзе шаҳрвандон то ҳол расму оинҳоро ҳамчун воситаи худнамоиву шуҳратпарастӣ истифода менамоянд, ки чунин рафтор бо табиати фарҳанги мардуми мо бегона ва мухолифи қонун мебошад. Дар баробари ин, риояи санади мазкур аз ҷониби як қатор мақомоти дахлдор дуруст назорат нагардида, дар ин самт баъзе камбудиҳо ошкор шудаанд, ки обрӯи муассиса ва хизматчии давлатиро паст карда, эътибори онҳоро дар ҷамъият коста мегардонанд. Мувофиқи маълумоти омории мақомоти судӣ вайронкунии талаботи қонун сол ба сол тамоюли афзоиш дорад. Соли 2007 судҳо ҳамагӣ 60 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар ин самт баррасӣ намудаанд. Вале ин рақам соли 2017 ба 784 расидааст, ки нисбат ба соли 2007-ум 13 баробар зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки баъзан худи раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, хизматчиёни давлатӣ, масъулони бахшҳо оид ба корҳои дину танзим, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба саҳлангорӣ роҳ дода, ба вайрон гардидани талаботи қонун мусоидат менамоянд” .

Дар натиҷа ба Қонуни мазкур, зарурати даровардани тағйирот ва иловаҳо пайдо гардид. Чунончӣ, дар заминаи баргузории вохўриҳо ва ибрози андешаҳои тамоми табақаҳои ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори умум ҷиҳати такмил додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” равшан гардид, ки мардум аз қабули ин Қонуни мардумӣ қаноатманд ҳастанд ва онро ба хушнудӣ пазироӣ мекунанд. Инчунин қабули ин Қонун дар ҷомеаи мо инкишофи демократияро боз як маротиба исбот намуд, зеро дар тасвиб додани лоиҳаи қонун  иштироки васеи мардум таъмин гардид ва таклифу пешниҳодҳои мардум пурра ба инобат гирифта шуд.

Аз ҷониби сокинони мамлакат бахусус, сокинони деҳот таклифҳои зиёд оид ба вақти баргузории тую маросим ворид гардиданд. Бо назардошти ин таклифҳо ба моддаи 14  Қонун тағйирот пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то соати 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маросим то се соат муқаррар карда мешавад.
ҳамзамон бо ин ба Қонун меъёрҳои нав дар хусуси  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои муқаррароти  он пешниҳод гардида, онҳо вазифадор карда мешаванд, ки мақоми ваколатдоро доир ба баргузории тӯи домодию арусӣ ва маросими азадорӣ  хабардор намуда, онҳоро дар доираи талаботи Қонун гузаронанд.

Ба моддаи 10 Қонуни амалкунанда, ки тӯи домодию арӯсиро ба танзим медарорад, низ  тағйирот ворид карда шуд. Инчунин дар ин модда меъёре пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он  падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Бояд қайд кард, ки ин ташаббус аллакай дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодааст ва аз ҷониби мардум дастгирии худро ёфтааст.

Ба моддаи 12 Қонун тағйирот пешниҳод карда шуда, гузаронидани маъракаи «ҳоҷизиёрат» манъ карда мешавад. Илова бар ин тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҳангоми баррасии он таклифҳои шаҳрвандон ба инобат гирифта мешаванд.

Дар мавриди арзиши баланди сиёсии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр намоем, ки имрӯз ба Қонуни миллии мо таваҷҷӯҳи аксар кишварҳо, аз ҷумла Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба он зиёд гардидааст ва Қонуни мазкур аз тарафи онҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Хулоса, саховатмандиву дороиро дар харҷи беҳудаву бемаврид намоиш додан амали инсонӣ нест, балки ободу зебо гардонидани ин ё он гӯшаи нообод, дасти ёрӣ дароз намудан ба табақаи камбизоату муҳтоҷ, пирони барҷомонда, ятимону маъюбон нишонаи дурусти саховатмандиву хайрхоҳии инсонҳо мебошад.

Равшан Усанов,
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Масъулияти падару модар дар тарбияи насли ояндасоз

Таҳкими заминаи маънавии оила ба тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани ў, дар рўҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, бунёдкорию созандагӣ тарбия кардани насли ояндасози ҷомеа тавъам аст.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми харсолаи худ ба масъалаи бисёр муҳим - зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни кўдакон ва наврасон дар оила ва дар рўҳияи ватандўстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани насли наврас изҳори андеша менамоянд. Бинобар ин таъсис додани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ва ташкил намудани воҳиди нави сохторӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ҷиҳати назорат ва ҳамоҳангсозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро муҳим арзёбӣ карданд.

Масъалаи дигар ин боло бурдани маърифати оиладорӣ ва боз ҳам таъкид гардидани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад, ки дар ин бора ба таври мушаххас дар ин санади ҳаётан муҳими ҷомеа зикр ёфтааст.

Аз сарчашмаҳои илмию фарҳангӣ ва таърихӣ бармеояд, ки ояндаи дурахшон ва соҳибтамаддуни давлат ва миллати куҳанбунёди мо ба тарбияи дурусти насли наврас зич алоқаманд мебошад.

Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Мутафаккири Шарқ Муҳаммад Fаззолӣ дар “Насиҳат-ул-мулук” овардааст: “Падару модар ба мисли сарчашмаи обе  мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд”.

Дар хотир бояд дошт, ки фарзанди имрўзаи мо падар ва модари оянда хоҳанд шуд. Ташкили муҳити маърифатӣ дар оила ва дар шароити он тарбия гирифтани фарзандон боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии фарҳангию маърифатии онҳо мегардад, ки ин ҳама василаи расидан ба худшиносии миллат ба хисоб меравад.

Барои падару модар касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд пояи ифтихор аст, ҳамин гуна тамоми паҳлўҳои зиндагӣ ва фаъолияти ибратомўзи падару модар ҳам барои фарзанд  ифтихор мебошад.

Волидон бобати маълумотноку соҳибкасб гардидани фарзандон шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда, барои интихоб ва тайёр шудани онҳо ба касбу ихтисоси маъқулашон бояд мусоидат намоянд.

Мадади мактабу аҳли ҷамъият ба оила дар тарбияи фарзандон ҳамешагӣ бояд бошад. Ривояте ҳаст, падару модари ҷавон аз Абўалӣ ибни Сино пурсидаанд, ки тарбияи кўдаки ҳафтрўзаамонро аз кай оғоз кунем? Ў посух гуфтааст, ки аллакай ҳафт рўз дер кардед, зеро тарбия аз рўзи таваллуд оғоз меёбад. Дар ҷавоби Абўалӣ ибни Сино маънои бузурге ниҳон аст, ки шунавандаро ба фикру андеша водор месозад Абўали ибни Сино рисолаи “Тадбири манзил”-ро ба масъалаҳои оилавӣ бахшида, ақидаҳояшро дар бобати тарбияи фарзанд баён намуда менависад: ”ҳуқуқи фарзанд дар зиммаи падар ин аст, ки вайро номи накў бимонад ва кўдакро аз корҳои ношоям ҳифз намояд, фарзандашро хуб донад ва омўзад, ки воситаи ягонаи омўзиши фарзанд ин мушоҳида мебошад”.

Тарбияи фарзанд вазифаи асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар маърифати ҷомеа созгор ва муҳит солим бошад, раванди тарбия самаранок шакл мегирад. Тарбияи оилавӣ кори муҳим буда, аз волидайн ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои  ахлоқи накў ва ба ҷомеа нафърасон мебошад 

Фарзанд тавре бояд тарбия ёбад, ки нахуст дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ бошад. Пасон, вай меҳру иштиёқи зиёд ба мутолиа дошта, пурхонда ва соҳибфазилат ба камол расад. Инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ бештар хусусияти маънавӣ доранд ва он дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёташ муттасил ташаккул меёбад. Дар раванди ташаккул додани чунин тафаккур таъсири муҳит низ нақши асоси мебозад.

Яке аз беҳтарин усули тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ рафтори намунавии худи падару модар мебошад. Ҷалб намудани диққати фарзандон ба дастовардҳои миллӣ ва огоҳӣ аз қаҳрамонони миллӣ ба рушди ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумла, террористӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия  намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд.

Дар сархати 8-уми моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омада, ки падару модар ҳуқуқ доранд бо раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд.

Аз ин рӯ, саъю талош бояд кард, ки дар ҳамбастагию иртибот бо муассисаи таълимӣ ва аҳли ҷомеа падару модарон рисолати хешро дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд сарбаландона иҷро намуда, наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду тараққии кишвар саҳми созандаи худро гузоранд.

Боиси дастгирист, ки Президенти кишвар доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва арҷгузории  фарзандон ба заҳматҳои шаборӯзии волидон пайваста андешаҳои ҷолибу омӯзанда баён менамояд.  Тавре Имом Ғазолӣ дар осори гаронбаҳои худ мефармояд: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше,ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд.

Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» махсусан, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ба боз ҳам баланд бардоштан ва пурзўр намудани масъулияти падар ва модар дар раванди тавълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии фарзанд ва насли наврас дар ҷомеа мебошад.

Гулчеҳра Деҳқонова,
сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ
ва фарҳангшиносӣ 

Читать далее

Осоиштагии ҷомеа ва ҳуввияти миллӣ

Вобаста ба ҳар  масъалаи мавриди баҳс назарҳо  гуногун мешаванд, аммо вақте сухан дар бораи тасмимҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ меравад, на ҳар кас ба онҳо баҳои дуруст дода метавонад. Хусусан, дар мавриде, ки таҳлилу баҳогузорӣ хусусияти сиёсӣ, манфиатҷӯёна ва иғвоангезона пайдо мекунад.

Исботашро дар баромаду суханрониҳои пайвастае, ки аз минбарҳои гуногун садо медиҳанд, мебинему мешунавем. Ин афкору андешаҳо саропо аз шиору даъватҳои  моҷароҷӯёна  иборат буда, мақсади асосиашон таҳрифи воқеият мебошад. Даъвоҳо пуч, холӣ аз санаду далелҳо, ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд. ҳол он ки сари баррасии чунин мавзӯъҳо бояд танҳо ба ҷанбаҳои ҳуқуқии  масъала такя карда шавад.

Дар ҳошияи имзои  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, тибқи қарори Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти ҲНИТ дар ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд  ва  28 сентябри  соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. ҳизб мебоист тибқи оинномааш-ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон амал мекард.

Бо далелҳои раднопазир исбот гардид, ки Давлатов Аловуддин  фаъолтарин созмондиҳандаи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ  дар водии Рашт буда, зери роҳбарии мулло Абдулло чандин амали  дастҷамъонаи террористиро ба муқобили сохторҳои низомӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ анҷом додааст. Аъмоли ӯ ва ҳаммаслаконаш бо азназаргузаронии ҷои ҳодиса, далелҳои шайъӣ, нишондодҳои ҷабрдидагон ва хулосаҳои ташхисҳои судӣ тасдиқи худро ёфт.

Асосҳо барои шинохтани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ бешуморанд.  Такрор ба такрор “Шумо далел надоред”- гуфтани Кабирӣ ҳарфҳоест, ки  дар мағзаш дигарон ҷой кардаанд. Маҳз баъди гирифтани маблағи мазкур, шаби 3 ба 4-уми сентябри соли 2015 дастаи ҷинояткори А.М. Назарзода тибқи нақшаи ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, кӯшиши табаддулоти давлатӣ заданд.

Акнун худатон қазоват кунед. Магар аз ин далели муътамадтар пайдо кардан мумкин аст? Барои давлатҳое, ки ҷон канда ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, боз кадом далелҳо лозиманд? Хусусан, барои кишваре мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хадамоти махсуси он, ки дастдориашон дар ташкилу анчом додани чандин амалҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ тасдиқи қонунии худро ёфт.

Аммо баъзе кишварҳо ва созмонҳо аз рӯи масали як бому ду ҳаво муносибат мекунанд. Ман сиёсатмадор нестам, вале як нуктаро мехоҳам зикр кунам: бозиҳои геополитикӣ, ҳимояи манфиатҳо аз ҷониби аксари ин кишварҳо муносибатҳои духӯраро ба миён овардааст. Агар чунин ҷинояте ҳамсони амалкардҳои наҳзатиҳо дар кишварҳои аврупоӣ содир гардад, ҳамоно бо вокуниши сахти мақомоти салоҳиятдор рӯ ба рӯ мегардад ва ҷазои сахттарин нисбат ба унсурҳои ҷинояткор татбиқ мешавад. Аммо тавре мебинем, дар доираи манфиатҳои худ ин кишварҳо ҳатто аз дастгирию пуштибонии омилони террористӣ рӯй намегардонанд. Маҳз муносиботи духӯра бо терроризм мардуми Афғонистон, Сурия, Ироқро бо мудҳиштарин бадбахтиҳо гирифтор кардааст. Дар ин ҷо бо тақдири халқҳо бозӣ мекунанд.

Р. С. Мирсаидов, дотсенти кафедраи
умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Мақсади асосии мо Ваҳдат ва ягонагӣ

Ба фикри мо, Азизов Шамс Одинаевич, судяи Суди Олӣ, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул кардааст, ба саволҳои ҷурналисти рӯзномаи «Тоҷикистон» посух гуфта, ба бисёр масъалаҳо равшанӣ даровардааст. Мусоҳиба бо номи «То табаддулот се рӯз монда буд» дар рўзномаи Тоҷикистон таҳти №39 (1237) аз 27.09.2017 чоп гардидааст. Зеро қариб, ки ду сол мегузарад, ки Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти  террористӣ -экстремистӣ шинохтани он боиси ҳамоиши ҷонибдорони ин ҳизб дар шаҳрҳои Берлин ва Варшаваи Полша гардид.

Ба гуфти судҳя таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки наҷодпарастӣ,  миллатгароӣ,  хусумат,  бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва  ё  барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Аз факту далелҳо маълум мешавад, ки ҲНИТ то манъ карда шуданаш ва ҳоло ҳозир ҳам бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд. Инро ҳамоишҳои Аврупо боз як маротиба собит кард, ки фаъолияти ҳизб дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон ба роҳ монда мешавад.

Ба ҷиноятҳои зидди давлату миллат нигоҳ накарда, ба фаъолияти ҲНИТ дар ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд  ва  28 сентябри  соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. Аъзоёни ҳизб бояд ба ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзиши ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон амал мекард. ҲНИТ ва аъзоёни ў ба ҷойи баҳсу мунозираҳои бемаврид ва бемазмун бо корҳои хайр, корҳои амалӣ ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои нав барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул мешуд, ба дигарон ҳамчун намуна буд. Онҳо истифода аз афкори фалсафӣ, ахлоқӣ, динии донишмандони тоҷику форс сатҳи маърифати дунявӣ ва динии тамоми табақаҳои ҷомеа бо роҳи ташкил намудани мактабҳои доимо амалкунанда дар маҳалҳои зист, тайёр намудани кадрҳои ҳаматарафа саводноки ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ ба хотири тарбияи дурусти ҷавонон ва ташкили муколама байни (диншиносон ва илоҳиятшиносон) ҳиссагузор ва фаъол шаванд, хуб мешуд. Инчунин, онҳо аз рўи исломи сиёсии тоҷик бо зарурияти мутобиқшавӣ бо шароити хоси давлати ягонаи мустақили миллӣ рӯбарӯ буда, дар ҷомеаи миллӣ, дар фаъолияти худ аз мавқеи мўътадили миллӣ баромад намуда, ҳуҷҷатҳои таъсисиву барномаҳои худро дар ин руҳия такмил медоданд, барои манфиати ҷомеа мешуд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеан ҲНИТ рӯз аз рӯз аз меҳвари манфиатҳои миллӣ берун рафта, ба ақидаҳои ифротӣ наздик мешавад.  Имрӯз дар тамоми шабакаҳои Интернетӣ ҷавонони зиёде фирефтаи ваъдаҳои зиёди роҳбарияти ин ҳизби сиёсӣ шуда, ҳамсафону ҳамраҳони худро гӯлу гумроҳ месозанд. Дар чашму зеҳни ҷавонон аз бунёди хаёлии давлату кишвари афсонавие сурату маводҳоро ҷилвагар сохта, пешравию ободонии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро хурду ҳақир ва ночиз нишон медиҳанд. Фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва пинҳонкориҳои аъзоёни таблиғгару сияҳкори он тадриҷан хатарҳои нав ба навро барои ҷомеаи кунунии мамлакат ба бор оварда истодааст.

Дар мусиҳиба оварда мешавад, ки танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  карда шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Инчунин, воқеаҳои ба куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ дар водии Рашт (соли 2010),  ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ аз тарафи раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик Елчибекович дар моҳи июли соли 2012, аз тарафи роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ҳуҷуми мусаллаҳона ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санаи 24 июли соли 2012, аз тарафи аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхӯҷа, Шарипов Муссаямхӯҷа ва Турсунов Абдумубин содир намудани куштори афсари милитсия дар моҳи январи соли 2008, 11-уми августи соли 2015 аз тарафи даҳ нафар аъзоёни ҲНИТ дар шаҳри Норак дар кӯпруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак овехтани парчами ташкилоти террористию экстремистии «Давлати исломӣ», аз ҷониби  Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода, ба ташкилотҳои давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин мисолҳо, далелҳо асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардид. Ин хел мисолҳо, асосҳо барои шинохтани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ хеле зиёд будааст. Ба гуфти судҳя баъди аз қабули ҳалномаи Суди Олӣ (29 сентябри соли 2015) ҲНИТ-ро 8 кишвари бузурги ҷаҳон бо қаламрави умумии  3,4 млн. км ва беш аз 4,4 млрд. аҳолӣ, ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф кардааст. ҲНИТ дар қатори чунин  созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ» ва ғайра, ба руйхат гирифта шудааст. Ин мулаҳизаҳо, далелҳо ва асосҳо боз як маротиба собит менамояд, ки қарори суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бамаврид будааст ва сохторҳои қудратӣ Тоҷикистонро аз содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халос намудааст.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон чунин оварда мешавад: «Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад».

Шаҳрвандони мо, халқи фарҳангпарвари кишварамон ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунад, зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мақсади асосии мо ваҳдат, ягонагӣ, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа аст.

Абдунаим Бердишукуров,
мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Танзим - асоси ҳаёти босаодат

Яке аз падидаҳои хотирмони даврони соҳибистиқлолии кишварамон таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, ин қонун бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум, раҳоӣ бахшидан аз ҳар гуна хурофоту тақлидкориҳо, таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ сол қабл қабул гардида буд, ки ин санад дар самти ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт. ҳадафи қонуни мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар буд.

Зеро барпо намудани маракаву маросимҳои серхарҷ боиси паст гардидани сатҳи зиндагии мардум ва дар заминаи тақлидкорӣ ба қарз печидани иддаи аҳолӣ гардида, ҳамзамон дар баъзе маридҳо боиси ҷанҷолҳои оилавӣ ва пош хӯрдани оилаҳои ҷавон гардида буд. ҳадафи дигари таҳияи қонун рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои азбайнрафта, ба таври шоиста муаррифи кардани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён ба ҳисоб мерафт.

Дар суханронии худ ба муносибати қабули қонуни мазкур соли 2007-ум Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, таъкид карда буданд, ки “Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баҳогузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем”.

Дар ҳақиқат бо гузашти солҳо маълум гашт, ки ин иқдом ва ташаббуси бузурги Пешвои муаззами миллатамон барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим дароварда, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххас намуд ва ҳамзамон  пеши роҳи таассубкорӣ ва зоҳирпарастиро гирифта боиси ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи барпо намудани чорабиниҳои милливу мардумӣ гардид. Пешвои миллат ҳанӯз дар оғози қабули қонун зикр намуда буданд, ки танзими расму оинҳо ба ҳар як хонадон файзу баракат ва шодию нишот меорад, зеро ҳадафи қонуни мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ  дар давраи амали қонун сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 53,3 дарсади соли 2007-ум то ба 30,3 дарсад соли 2016 паст гардид, пасандозҳои мардум дар бонкҳо ҳамасола аз 20 то 25 дарсад афзоиш ёфта, шумораи гирандагони қарз барои барпо намудани маракаҳо хеле кам шудааст. Ҳамзамон агар дар шаш моҳи соли аввали қабули қонун шумораи барпо намудани оилаҳои ҷавон то 23 ҳазор зиёд гардида бошад пас ин нишондиҳанда дар соли 2007 ба 97 ҳазор ва дар соли 2008 ба 106 ҳазор расидааст. Дар давоми татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” беш аз як миллиону чорсад ҳазор марака ба қайд гирифта шуда, зимни баргузории онҳо  зиёда аз 18 миллиард сомонӣ сарфа гардидааст.

Имрӯзҳо бо боварии комил метавон гуфт, ки қабул ва мавриди амал қарор додани нишондиҳандаҳои қонуни мазкур зарурият ва аҳамияти худро ба ҷомеа исбот намуд ва  дар шароити бӯҳрони шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ барои амалӣ намудани стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатии мардуми кишвар нақши муассир гузошта истодааст, ки ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт, зеро ҳар ҳарфу сатри қонуни танзим садои қалбу хостаи мардуми кишвар аст.

Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки ҳар санади қонунӣ вобаста ба гузашти давру замон ба такмил ниёз пайдо мекунад. Қонуни ҶТ”Дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи ҳамин назария бо гузашти даҳ сол бо назардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои нави аҳолӣ ба такмил зарурият пайдо намуд.Таъғир ёфтани фазои иттилоотӣ, шиддат гирифтани хурофотпарастӣ ва таассуби динӣ-мазҳабӣ ҳукумати мамлакатро водор кард, ки сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд. Бинобар ин бо мақсади ворид намудани таъғиру иловаҳо бо ҷалби бевоситаи аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бобу бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тариқи ВАО тайи чанд моҳ муҳокима карда шуда, минбаъд дар таҳрири нав 28 августи соли 2017 ба тавсиб расид.

Ба моддаҳои 6, 7, 10, 11, 12 меъёрҳои нав илова шудаанд, ки хусусияти танзимкунанда, уҳдадорикунанда ва муқаррароти манъкунанда доранд. Ба қисми 1 моддаи 6 мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ минбаъд бояд фаҳмонидани талаботи  қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки  ҷашну маросим мегузаронанд, ба қайд гирифтани тўйи домодию арўсӣ ва маросими  азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт ва андешидани  чораҳоро  ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи қонуни мазкур ба роҳ монанд. Тибқи тағйиру иловаҳо ба қисми 4-уми моддаи 7 дар рўзҳои Иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ карда шуд, ки ин тағйирот низ ба хоҳиши мардуми зиёд асос ёфтааст. Моддаи 9-и Қонун дар таҳрири нав баён карда шудааст, тибқи он минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад ва волидайн метавонанд то ба 20 -рўзагӣ расидани кӯдак дар муассисаҳои тиббӣ тариқи ройгон хатна кунанд. Тағйироту иловаҳое, ки ба қисми 2 моддаи 10 ворид карда шудааст, гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ ва шаҳтоз (роҳбандон)-ро манъ менамояд. Дар баробари ин дар моддаи мазкур оварда шудааст, ки падару модари домоду арўс бо розигии тарафайн метавонанд, ба ҷои додани оши тўй маблағи онро баҳри беҳтаркунии зиндагии навхонадорон масраф намоянд. Дар қисми 2 моддаи 11-и  Қонун бошад, ба тартиби баргузории маросими дафну азодорӣ тағйирот ворид гардид, ки минбаъд ин маросим бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешавад. Мутобиқи моддаи 14 иловаи (прим) 1-и Қонуни мазкур ҳифз намудани рукнҳои фарҳанги миллӣ аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ўҳдадор менамояд. . Қисми дуюми моддаи 15-и Қонун ҷавобгарии аъзоёни ҳукумат, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизамтчиёни давлатиро муқаррар намудааст, ки барои вайрон намудани меъёрҳои қонун аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон аз вазифаи ишғолнамудаашон озод карда мешаванд. Ин тағйирот вобаста ба пурсиши шаҳрвандон, ки бештар вайронкунии қонунро аз ҷониби онҳо ишора намуда буданд ворид карда шуд ва озод кардан аз вазифа барои онҳо ҷазои сазовор мебошад. Тибқи тағйироту иловаҳои мазкур ҷавобгарии шахсони воқеъӣ, мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ пурзӯр карда шудааст. Тибқи тағйироти ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, барои вайрон кардани тартиби баргузории ҷашну маросимҳо андозаи ҷарима зиёд карда шуда, ба шахсони мансабдор аз 250 то 500, шахсони ҳуқуқӣ аз 500 то 700, соҳибкорони инфиродӣ ва ходимону уламои дин 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шуд. Имрӯз андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 50 сомонӣ мебошад. Дар ҳолати дағалона ва такроран, яъне дар тули як сол такроран даст ба қонуншиканӣ задан барои шахсони воқеӣ ба андозаи 600, шахсони мансабдор 800 ва шахсони ҳуқуқӣ 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар карда шудааст. Мо бояд дарк намоем, ки зиёд намудани андозаи ҷарима нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба мақсади  ғанӣ гардонидани буҷаи давлат набуда, балки пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт мебошад.

Тағйиру иловаҳои воридгардида барои боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати қонуни мазкур ва иҷрои бечинучарои меъёрҳои он мусоидат намуд.  Бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо мазмун ва моҳияти меъёрҳои он ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй гардонида шуда, бо пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қонун барои паст кардани сатҳи қонуншиканиҳо заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд.

ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ташаббус ва нерӯи зеҳнии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзоёни Маҷлиси Миллӣ, вакилони Маҷлиси Намояндагон ва шаҳрвандони мамлакат барои мустаҳкам намудани пояи ҳуқуқии қонунгузории миллии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, устувории оилаҳо, таълиму тарбияи фарзандони баркамол, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳифзи фарҳанг ва забони миллӣ ва умуман рушди устувори мамлакат қабул гардида, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро дар самти ҷашну маросим ва маъракаҳо ба танзим даровард.

Амали меъёрҳои Қонуни мазкур роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон ва мустаҳкамгардии пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат мебошад.

Н.С. Маҳмудова,
дотсент, декани факултети
таърих ва ҳуқуқ

Читать далее

«ТЭТ ҲНИ ва гумроҳсозии ҷавонон”

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба масъалаи ҷавонон эътибори ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Бо дастгирии Пешвои миллат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид. Барои ҷавонони имрӯза баҳри кору фаъолият , илмомӯзиву касбомӯзӣ, машғул будан бо варзиш тамоми шароитҳо муҳайё аст. Мо омӯзгорон бояд кадрҳои хуб, ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаро тарбия намоем, ки ояндаи миллатамон аз онҳо вобастагӣ дорад.

Маҳз гардиши дубора ба ваҳдат ба халқи мо бахту саодат овард, миллатамонро тинҷу осуда, мардумро хурраму хушрӯзгор сохт.

Солҳои охир терроризм ва экстримизм ба гумроҳ шудани ҷавонон ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонон давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Дар солҳои охир “ТЭТ ҲНИ барои гумроҳ крдани ҷавонон барои ҳадафҳояшон расидан даст ба куштору таркиш мезананд.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешида истодаанд, аз қабили баланд бардоштани маърифати динӣ ва сиёсӣ, бехтар намудани сатҳи зиндагӣ, зиёд кардани ҷойи корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, баргузории чорабиниҳои маърифативу тарбиявӣ гузаронида шуда истодааст.

Тамоми устодону шогирдони боргоҳи куҳанбунёду илму маърифатӣ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтаанд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ҷидду ҷаҳд намоянд.

Хушбахтона, халқи тоҷик як Ватан дорад, ки номаш Тоҷикистон, як дин дорем, як мазҳаб ва касеро намегузорем, ки ба ин муқаддасоти мо даст дароз кунад ва мамлакати моро нотинҷ гардонад.

Усмонова Маҳинахон, сармуаллимаи
кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее