16 October 2017

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт

Имрӯз дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайтро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои араб изҳори қаноатмандӣ карданд.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

Имрӯз дар “Кохи Сомон” таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи толори бошукӯҳи «Кохи Сомон» нахуст маросими аксбардории хотиравии роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Читать далее

Аввалин ғолиби нақшаи пахта

Ноҳияи Ҷаббор Расулов аз интизориҳо барзиёд ва дар вилоят аввалин шуда нақшаи ғунучини пахтаро иҷро намуд ва сазовори ҷои аввал гардид.

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов Илҳом Ахмедов иброз дошт, ки дар 4 ҳазору 266 гектар замин пахта кишт шуда буд. - Соли равон ҳосилнокии заминҳои пахта зиёд гардида, оиди рафти пахтасупорӣ мувофиқи ноҳияҳои вилояти Суғд 101, 32 фоиз аз нақша барзиёд ҳосил ҷамъ намудем, ки дар сатҳи вилоят ҷои якум ва дар миқёси ҷумҳурӣ сазовори ҷои сеюм ҳастем, - мегўяд мавсуф.

Аз гуфти масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия бармеояд, ки имсол асосан ҳафт навъи пахта кишт гардидааст, ки ба иқлими ноҳияи номбурда мувофиқ мебошад.

Ба гуфти И.Ахмедов барои чинакчиён ба ҳисоби миёна барои ғунучини пахта ҳар рўз ба як килограми пахта 80 дирами пардохт намуда истодаанд.

- Аз обу ҳавои мусоид истифода бурда, панҷ ҳазор нафар саҳмдорон, инчунин занҳои хонашин ва хоҷагидорон саъй доранд, ки то пағаи охирин “тиллои сафед”-ро ғунучин намоянд. Хоҷагиҳои пешрафтаи ноҳия А.Самадов, Чашма-2014, Тоҷикистон, Нурафшон, Маданият, Деҳмой, Заркор ба ҳисоб мераванд, - илова намуд Илҳом Ахмедов.

Номбурда иброз дошт, ки алъон чиниши марҳалаи дуюм идома дошта, то охири мавсим атрофи якуним ҳазор тоннаи дигар ба хирмани Ватан рехта хоҳад шуд.

Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Самти нави фаъолияти кишоварзӣ

Рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷавобгў будан ба талаботи замони муосир тақозо мекунад, ки кишоварзон барои нигоҳдорӣ ва пешкаши аҳолӣ намудани молҳои ниёзи мардум аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд.

Солҳои охир мавриди истифода қарор додани сардхонаҳо падидаи самарабахш арзёбӣ гардидааст. Барои кишоварзон вазифагузорӣ шудааст, ки баҳри зимистонгузаронии солҳои 2017-2018 аз ҳамаи имкониятҳои мавҷудаи сардхонаҳо истифода намоянд. Алҳол дар сардхонаҳои ҳудуди вилоят имконияти захира намудани беш аз 6000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд мебошад.

Дар машварати кории Раиси вилоят қайд шуда буд, ки ба ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои саривақтӣ андешида шаванд.

Барои аз наздик ошно гардидан бо фаъолияти сардхонаҳо мо сафаре доштем ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Орифӣ Фаррух Абдуллозода - муовини аввали раиси ноҳия зикр кард, ки алҳол дар ноҳия 10 сардхона фаъолият бурда, ғунҷоиши маҳсулоти кишоварзӣ 4080 тоннаро ташкил медиҳад. Дар сардхонаи Ҷамъияти матлуботи ноҳия захираи 40 тонна картошка ба нақша гирифта шуда, 50 фисади он иҷро гардида, захираи 20 тоннаи дигар дар назар аст. Барои расидан ба ин мақсад, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Деваштич шартнома баста шудааст.

Сардори Сарраёсати кишоварзии ноҳия Ҳомидҷон Ҳакимбоев қайд намуд, ки мувофиқи нақша дар сардхонаҳои ноҳия бояд 830 тонна ангур захира шавад, ки алҳол баризофа, дар ҳаҷми 845 тонна иҷро шудааст. Себ мувофиқи дурнамо мебоист 260 тонна захира гардад, ин маҳсулот низ аз нақшаи пешбинишуда зиёд, 350 тонна захира шуд. Захираи сабзавот низ 130 тонна ба иҷро расонида шудааст. Дар сардхонаҳо захираи картошка ба андозаи 1000 тонна дар назар дошта шуда, корҳо идома доранд. То имрўз захираи пиёз низ 130 тонна, яъне барзиёд ба иҷро расидааст.

Ҳангоми боздид аз сардхонаи ҶСК «Баҳор» дар шаҳраки Ғафуров раиси он Ҷумъабой Раҳимов зикр намуд, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ 100 тонна пиёз, 52 тонна себ, 36 тонна ангур захира карда шудааст, ки аз ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон ва Панҷакент оварда шудаанд.

Боз як сардхонаи дигар, ки ба Ҷамъияти матлуботи ноҳия мансуб аст, то имрўз захираи 6 тонна пиёз ва 20 тонна картошкаро таъмин намудааст ва роҳбариашро А.Ҳомидов ба ўҳда дорад.

Дар сардхонаи Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов бошад, 450 тонна ангури тоифӣ ва 200 тонна себ захира шуда, 5 иҷоракор фаъолият доранд.

Дар сардхонаи дигар бо роҳбарии Маҳкам Мўъминов, дар мавсими имсола 30 тонна ангур, 50 тонна себ захира гардида, боз иловатан захираи 30 тонна хурмо дар нақша аст.

Фаъолияти сардхонаҳои вилоят, ки яке аз самти афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, барои дар фасли сармо бо мева ва маҳсулоти тару тоза таъмин намудани аҳолӣ равона карда шудаанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ

Санаи 14 октябри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили сеюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон», ки ҳамасола 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, мулоқоти Пешвои миллат бо соҳибкорон ва сармоягузорон баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони Ҳукумат ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, коршиносони варзида, ширкатҳои сармоягузор аз мамолики олам, дар маҷмӯъ зиёда аз ду ҳазор нафар иштирок карданд.

Читать далее