17 October 2017

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ маҷлиси фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли 2017 баргузор гардид.

Дар маҷлиси фаъолон нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.  Вобаста ба мавзӯъ сараввал муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки дар ин давра рушди бонизоми иқтисодиёти вилоят таъмин гардида, нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 102,9 дарсад иҷро ва ба буҷети маҳаллии вилоят ба андозаи 1 млрд. 188,9 млн. сомонӣ ворид гардидааст.

Читать далее

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Сооронбой Шарипович,

Дар робита ба интихоб гардиданатон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо изҳори хушнудӣ ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам.

Читать далее

Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид

Пахтакорони шаҳри Конибодом нақшаи солонаи пахтасупориро сарбаландона иҷро намуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд.

Ба иттили манбаъ пахтакорони Конибодом имсол дар майдони 5 ҳазору 94 гектар пахта кишт намуда, уҳдадор шуда буданд, ки 10200 тонна пахта истеҳсол намуда, ба хирмани Ватан супоранд.

Санаи 15 октябр дар рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргон кишоварзон аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ мужда расониданд. Зафармандон 10 ҳазору 320 тонна пахта истеҳсол намуданд, ки 101,2 %-и нақшаи солонаро ташкил дод.

Бояд қайд кард, ки дар иҷрои нақшаи пахтасупорӣ саҳми раёсати кишоварзӣ, ҷамоатҳои деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев, Э.Шарипов ва Ғ.Ортиқов басо назаррас аст. Ҷамоатҳои мазкур нақшаи пахтасупориро барзиёд иҷро намуда, дар ғанигардонии хирмани пахтаи шаҳр ҳиссагузорӣ намуданд.

Айни ҳол нақша таъмин гардида бошад ҳам, дар пахтазор пахта фаровон аст. Бинобар он, кишоварзон ният доранд, ки бо истифода аз ҳавои мусоид пахтаи боқимондаро беталаф чида, илова ба  нақша боз зиёда аз ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Хотирнишон бояд кард, ки то имрӯз ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ашт ва Спитамен дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуда буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Муждаи зафар. Ноҳияи Спитамен дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар арафаи таҷлили Иди Меҳргон аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта гузориш дод.

Тибқи иттилои раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода деҳқонон ва кулли кормандони комплекси агросаноатии ноҳия баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурсамар меҳнат намуда, санаи 14 октябр нақшаи солонаи пахтасупориро иҷро намуданд.

Ба иттилои раиси ноҳия деҳқонони ноҳия соли равон дар майдони 5405 гектар пахта кишт намуда, то имрӯз 10311 тонна “тиллои сафед” ба даст оварданд, ки ин ба 100 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар аст. Дар таъмини дастовардҳои меҳнатӣ саҳми тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия назаррас аст. Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонии Саидқӯрғон, А. Сатторов, А.Бобоев ва Куруш нақшаи солонаи пахтасупориро пурраву барзиёд таъмин намуда, тибқи уҳдадорӣ ба ҷамъоварии дурри гаронбаҳо машғуланд.

-Ҳоло сокинони ноҳия бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ баҳри бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол гирифтани 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суботкорона меҳнат намуда истодаанд, - таъкид намуд Акрам Сулаймонзода.

Бояд гуфт, ки то имрӯз ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Ашт ва ҳамакнун Спитамен дурнамои истеҳсоли пахтаро пурра иҷро намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Муждаи зафар аз Ашт. Дурнамои истеҳсоли пахта иҷро шуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта гузориш дод.

Бино ба иттилои раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо хоҷагиҳои пахтакори ноҳия соли равон дар майдони 5408 гектар пахта кишт намуда буданд. Дурнамои истеҳсоли пахта дар ноҳия 9200 тонна муайян гардида буд ва пахтакорони ноҳияи Ашт санаи 14 октябр бо ҷамъоварии 9217 тонна пахта аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ гузориш доданд.

Дар таъмини иҷрои дурнамои солонаи истеҳсоли пахта хоҷагиҳои пахтакори ҳамаи ҷамоатҳо ҳиссагузорӣ намуданд. Махсусан саҳми пахтакорони хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Ориён, Ифтихор, Пунук ва Меҳрободро қайд кардан зарур аст, ки то имрӯз дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.

-Ҳоло дар пахтазори ноҳия ҳосил фаровон аст ва пахтакорон тасмим гирифтаанд, ки бо истифодаи обу ҳавои мусоид ва имкониятҳои мавҷуда ҳосили боқимондаи пахтаро ҷамъоварӣ намуда, ба талафёбии он роҳ надиҳанд, - таъкид намуд раиси ноҳия Зариф Мирдадо.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки то имрӯз ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Спитамен ва ҳамакнун Ашт дурнамои истеҳсоли пахтаро пурра иҷро намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ҷилои ҳунар

Мувофиқи нақшаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ сафари ҳунарию эҷодии театри номбурда аз санаи 9 октябр дар вилояти Суғд оғоз гардид.

Ин чорабинии фарҳангие, ки тамошобинон дер боз интизораш буданд, бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Театр бо барномаҳои бою рангин, ки барои тамошобинони наврасу ҷавон ва калонсолон пешбинӣ шудааст, дар шаҳрҳои Хуҷанду Бўстон хотири тамошобинонро шод намуданд.

13 октябр дар Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов намоишномаҳои «Чароғи сеҳрноки Алоуддин» (мусиқии оҳансози маъруфи тоҷик, шодравон Шўҳрат Ашўров, басаҳнагузоранда ва таҳияи Сўҳроб Усмонов) ва либреттои мазҳакавии «Найрангҳои Майсара аз рўи асари ҳамноми Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (оҳангсоз Сулаймон Юдаков ва басаҳнагузоранда Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Халилов) пешкаши тамошобинони сершумор гардид. Барномаҳо ҷолиб, пурмазмун ва хотирмон буданд ва ба тамошобинон хеле писанд омад. Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Юсупов, ҳунармандони ҷавону боистеъдод ва умедбахш Манучеҳр Раҳмонов, Нарзулло Болтуев, Назира Сангинова, Мария Мирзоева, Комрон Содиқов, Қурбонмурод Зокиров, Мунзифа Исоева, Мафтуна Хайруллозода ҳунари волои худро намоиш дода, сазовори кафкўбиҳои бардавом гаштанд.

– Мо аз дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раисони шаҳру ноҳияҳо, шўъбаҳои фарҳанг барои эҳтирому истиқболи хуш хеле шод шудем. Миннатдории аҳли эҷодии театрро ба мардуми фарҳангдўсту меҳмоннавози вилояти Суғд мерасонам – гуфт ҳангоми сўҳбат роҳбари гурўҳ, муовини Директори театр, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Содиқ Наруллоев.

Сафари ҳунарӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.

Қурбон Қурбонов,
рўзноманигор

Читать далее

Маҳаллаи беҳтарин

Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд бо мақсади истиқболи сазовори 25-солагии Иҷлосияи ҶVI-уми Шӯрои Олии ҶТ, равнақи корҳои ободониву бунёдкорӣ, таъмини шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои вилоят озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» эълон шуда буд.

Дар ин росто дар маҳаллаи Бӯраки Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Эътибор ба роҳҳо

Бӯрак яке аз маҳаллаҳои калони ҷамоат буда, беш аз 600 хоҷагии мардумро фарогир аст. Он ба 5 маҳалла тақсим шуда, ҳар кадом бо рақамҳо ном гирифта мешавад. Бо вуҷуди 5 маҳалла будан, раисони ҳамаи онҳо дар якҷоягиву бо маслиҳати ҳамдигар фаъолият мебаранд. Эшон аз он иктифо доранд, ки бо мусоидати ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зисти осоиштаву хуррамона ва равнақи корҳои ободонӣ кулли шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Дар ин ҷо ақидаи васеъсозии роҳҳо аз ҳисоби қитъаҳои замини ҳанӯз соли гузашта ба миён омада буд. Ин корро нахустин шуда раиси маҳаллаи Бӯраки 3 Абдуназар Умаров ба иҷро расонд. ӯ иҷозат дод, ки аз замини хоҷагии шахсиаш 120 метри мураббаъ бо дарозии 40 метр барои васеъкунии роҳи асосии деҳа ҳамроҳ карда шавад.

Омӯзгори собиқадор Саъдулло Пӯлодов (рӯҳаш шод бошад) гараҷ ва хонаи дуҳуҷрагиашро аз байн бардошта, ҷойи онҳоро ба  роҳи калони мошингард пешкаш намуд. Сокинони дигари маҳалла Абдураҳим Машарифов, Абдуқодир Машарифов, К.Холматов, Б.Олимов, Ш.Сайфиддинов, Р.Пӯлодов ва дигарон низ пайравони ин иқдоми нек гаштанд. ҳамаи онҳо қадри имкон ва талабот аз ҳисоби замини худ қитъаҳои заруриро ба роҳ ҳамроҳ карданд. Аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳалла ҷамъ 800 метри мураббаъ ба роҳи асосии деҳа ҳамроҳ гардид. Баробари васеъ шудани роҳ дар мавзеъҳои алоҳида гардишҳои хавфдор аз байн рафтанд. Бояд гуфт, ки барои иҷрои ин корҳо албатта маблағи калон ва қувваи корӣ зарур аст. Ин масъала низ ҳалли мусбати худро ёфтааст. Бо мақсади васеъкунӣ ва азнавсозии баъзе ҷойҳои роҳи калон сокинони маҳаллаҳо ва соҳибкорону сахопешагон беш аз 400 ҳазор сомонӣ маблағ ғундоштанд. Кулли корҳо бо роҳи ҳашар ҷараён гирифт. Фардони алоҳида барои ҳашарчиён хӯрданиву хӯроки гарм омода намуданд.

Роҳи назди мазори маҳалла 190 метри тӯлонӣ ва 1500 метри мураббаъ аввал тахту ҳамвор, баъд бо истифодаи 150 тонна асфалти гарм рӯйпӯш карда шуд.

Ободтарин қабристон  

Агар гӯем, ки қабристони ин маҳалла дар ноҳияи Ашт ободтарин аст, хато нахоҳад шуд. Ин кор ҳам албатта худ аз худ муяссар нагаштааст. Дар ҳама ҳолат амали якҷояву бомаслиҳати раисони 5 маҳаллаи Бӯрак ва фаъолону саховатмандон боиси равнақи кор мегардад.

Бо дастгирии сокинони маҳаллаву бо харҷи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ атрофи қабристон бо хишти пухта ва хишти блок девор, дарвозаи асосӣ ва дахмаи «Бобои Бӯрак» тариқи кандакорӣ азнавсозӣ карда шуданд. ҳамзамон дар ин ҷо барои хондани намози ҷаноза толори калони сақфаш бо нақшу нигори миллӣ, ороёфта, ки беш аз 800 нафар ғунҷоиш дорад, ба арзи ҳастӣ омад. Дар ҳавлии қабристон барои қариб 300 нафар нишастгоҳ аз хишти пухта бунёд гардид ва болояш қолинчаҳо густурда шудаанд. Дар ин ҷо таъмини тозагиву озодагӣ ва сабзгардонии ҳавлии мазор ҳукми одатро гирифтааст. Инчунин бо роҳи ҳашар хусусан дар арафаи идҳо рӯй ва атрофи гӯрхонаҳо аз алафҳои хушку бегона тоза карда мешаванд.

Дар як ҷониби қабристон (паҳлӯи роҳ) мақбараи собиқ партизани сурх Дадомат Азизов воқеъ буду ҳоли хароб дошт. Абераҳои ин партизан ҳасан ва Мурод Эрбоевҳо бо масрафи 17 ҳазор сомонӣ қабри бобокалони худро ободу зебо намуда, таровати тоза бахшиданд.

Мардуми маҳалла ният доранд, минбаъд низ тозаву озода ва обод нигоҳ доштани хиёбони абадии ҳаётро аз мадди назар дур насозанд.

Чанд сохтмони дигар

Қобили қайд аст, ки ободонии маҳаллаи Бӯрак бо корҳои дар боло зикршуда поён намеёбад. Бар асари фаъолияти муташаккилона, ба ҳисоб гирифтани масоили мубрами деҳа ва албатта бо дастгирии аҳоливу ҳимматбаландон дар ин маҳалла боз корҳои зиёди ободониву азнавсозӣ ба сомон расонида шудаанд.

Пеш аз ҳама дар самти таъминот бо об қадаме ба пеш гузошта шуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ бо сарфи 165 ҳазор сомонӣ чоҳи амудӣ барои оби нӯшокӣ ва полезӣ кофта шуд ва ин кор идома дорад. Бо маблағи 142 ҳазор сомонии аз аҳолӣ ғундошта дар мавзеи «Ҷӯйи Чамбар» ба масофаи 3 ҳазор метри тӯлонӣ хати оби нӯшокӣ кашида, ба истифодаи аҳолӣ дода шуд.

Бародарони соҳибкор Музаффар, Фахриддин ва Рустам Юлдошевҳо, инчунин соҳибкор Ш.Масолиев, бошанд, кашидани хати оби нӯшокиро аз маҳаллаи Соқиёни деҳа то маҳаллаи Бӯрак ба масофаи 2.400 метр маблағгузорӣ намуданд.

ҳамзамон дар ҳудуди маҳаллаи Бӯрак бо дастгирии соҳибкор, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, раиси хоҷагии деҳқонии «Понғоз» А.Саломов майдони футболбозии масоҳаташ 65х110 метр, соҳибкор, Ш.Сидиқов бинои дуошёнаи тӯйхона (ошёнаи якум нуқтаҳои таъмиру шустани нақлиёт), бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Сокинони маҳалла дар устуворсозии соҳили сойи деҳа баъди офати табиӣ низ фаъолнокӣ зоҳир намуданд. Саргаҳи ҳамаи ҷӯйборҳо, ки бар асари сел хароб гашта буд, таъмиру аз нав барқарор карда шуданд.

Инчунин онҳо бо мақсади аз боду борон ҳифз кардани чорвои аҳолӣ дар мавзеъҳои куҳӣ ду бино (оғил) бунёд карданд.

Умуман, дар ин маҳалла дар як муддати кӯтоҳ барои корҳои созандагиву маъмургардонӣ 1 миллиону 882 ҳазор сомонӣ маблағи ихтиёрӣ супурдаи мардум ва хайрияҳо масраф шудааст.

Дар ташкилу пешбурди ин корҳо фаъолон ва кулли сокинони ҳамаи 5 маҳаллаи Бӯрак бо сарварии раисони онҳо—Д.Қобилов, Н.Азимов, А.Умаров, М.Азизов ва Б.Маҳкамов фақат ба пеш қадам мегузоранд. Зеро мароми асосии онҳо ҳамин аст.

Ҷамоати деҳоти Понғоз маҳаллаи Бӯракро дар давраи аввали озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» ғолиб донистааст. Ғолибият муборак!

Юнусалӣ СИДДИҚОВ 

Читать далее