18 October 2017

“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан

Нишасти 155-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо иштироки адибону олимони номвар дар ҳузури сарбозони Ватан, хизматчиёни  қисми ҳарбии 051056  Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баргузор гардид.

Маҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури сарбозон баргузор шудани маҳфил маънии онро дорад, ки мутобиқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомиёни имрӯзаи Ватан дар баробари ҷасуру далер, ватандӯсту содиқи халқи хеш будан  дар донистани таърихи кишвар, забон ва  адабиёти миллӣ бояд муваффақ бошанд. Зеро донистани таърих ва адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷик  дар ниҳоди ҷавонон баробари муҳаббат ба Ватан беҳтарини сифатҳои инсонӣ аз қабили вафодорӣ, ҷавонмардӣ,  эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои ҳукумату давлатро ба вуҷуд меорад.

Дар маҳфил намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парвиз Халифаев дар мавзӯи “Хидмати Ватан шараф аст” суханронӣ карда, ҳозиринро бо Соли ҷавонон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт ва маҳфилро ҳамчун падидаи нодири адабӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ намуд.

Дар бахши навгониҳои илмиву адабӣ аз ҷониби Сорбон Азизов, сармуаллими ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровбештар аз 20 номгӯ китобҳои тозанашр муаррифӣ гардид. Аз ҷумла китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби олимони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таълиф гардидаст, ҳамаҷониба таҳлил гардид.

Муаррихи номвар Ҷӯрабек Исомаддинов дар мавзӯи “Оғози саодати мардум” оид ба таърих ва аҳамиятиИҷлосиия ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.

Дар бахши “Минбари адибон” шоирон Мӯҳсин Аминзода ва Темурмалик Рустамов беҳтарин шеърҳои хешро дар васфи Ватан, модар ва шуҷоату мардонагӣ қироат карданд. Сӯҳбати ширин ва гуворои адибон ба ҷавонон рӯҳу илҳоми тоза ато кард.

Дар мавзӯи “Пешвои миллат ва сиёсати забон дар Тоҷикистон” маърӯзаи илмии Ӯзбеков Салоҳиддин, номзади илмҳои филология шунида шуд.Муаллифи маърӯза аз  фасоҳат ва балоғати забон сухан оғоз намуда, оид ба мақом ва манзалати забон, эҳтироми он дар ҷомеа ва махсусан аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тозагӣ ва пойдории он ибрози назар намуд.

Монтаҷи адабӣ дар мавзуи “Ватанам Тоҷикистон” аз ҷониби хизматчиёниГвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хонандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ниҳоят пурмазмун ва хотирмон сурат гирифт. Махсусан мусобиқри шеърхонии сарбозон бо хонандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷолиби таваҷҷӯҳ буд. Суруду мусиқӣ аз ҷониби сарбозон ва ҳаваскорони ҷавони ноҳия дар маҳфил фазои идонаро эҷод кард.

Дар анҷом тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд барои маърӯзачиён супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Туҳфаи арзанда ба сокинон

Дар соли таърихии 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми деҳаи Урметан аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ туҳфаи арзанда пешкаш карда шуд, ки орзуву ормони сокинон буд.

Раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода, сардухтури беморхонаи марказӣ Раҳматбой Мустафоев, сардори идораи сохтмони асосии ноҳия Саидаҳмад Арбобов, сармеъмор О.Одилов, сардори МДНР С.Шербутаев ва чанде дигарон ба деҳаи Урметан ташриф оварда, дар ҳузури кормандони Ҷамоати деҳоти Урметан (раисаш Ф. Қурбонов), кормандони тиб, собиқадорон ва фаъолони деҳа суҳбати самимӣ ва озод намуданд.

Раиси ноҳия ба сардухтури беморхона А. Халилов калиди автомошини нави ёрии таъҷилӣ, ки аз тарафи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Раёсати тандурустии вилоят ҷудо шудааст, бо як адад таҷҳизоти санҷиши сабти барқии дил супорида, таъкид доштанд, ки сатҳи хизматрасонии тиббиро беҳтар ба роҳ монанд. Ҳамзамон, ба сохтмони бинои нави замонавии беморхона барои 40 кати хоб санги асос гузошта шуд.

Сардори идораи сохтмони асосии ноҳия С.Арбобов қайд кард, ки бинои дуошёна барои 40 кат дар майдони 0,30 га аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ноҳия сохта мешавад. Барои ба анҷом расонидани бунёди таҳкурсии бино 370 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, пудратчӣ ҶДММ “Канд Инвестсохт” ба кор оғоз кардааст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Хушрўзиву саодатмандӣ

 

 

 

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзим аксари мардуми вилоятро шод сохт, зеро дигаргуниҳои воридшуда барои сокинон муҳим буда, аҳамияти калон доранд. Инак, андешаҳои ҳамсуҳбатони мо:

Малоҳат Тўхтаева - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

-Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» худ қадаме барои ояндаи дурахшон буд, зеро пас аз қабул гаштани қонун шод шудам. Ман модари панҷ духтару ду писар ҳастам. Барои ба хонаи шавҳар гусел кардани фарзандонам хеле азоб кашидам. Зеро пеш аз қабули қонун тўйҳои пурдабдабаю серодамро гузаронидан басо вазнин буд. Шавҳарам аз харҷи зиёди тўй дар Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ хаставу корзада шуда буданд, “аз дигарон монданӣ надорам” - гўён ба тамоми наздикону дўстонашон тўй карда медоданд. Ҳама буду набуд, маблағи ёфтаамон барои тўй сарф мешуду пасон боз ба сафар мебаромаданд. Масалан, соли 2003 дар маросими ақди никоҳ 16 мошини сабукрав фармоиш дода будем.

Моҳҳои наздик тўйи хонадоршавии фарзандам аст. Гумон дорам, ки ин навбат барои барпо намудани он маблағи зиёд сарф намешавад. Ин ҳама ба шарофати ғамхории Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин рў, мехоҳам миннатдории хешро баён созам.

Хайрулло Эгамов - сокини ноҳияи Деваштич:

-Миллати тоҷикро аз қадимулайём ҳамчун миллати фарҳангпарвару хирадманд мешиносанд. Имрўз шоҳиди он гаштаем, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шудаанд. Бароям тағйирот дар маросими дафн ва азодорӣ, аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом писанд омад. Чанде пеш бибиам чашм аз олами ҳастӣ пўшиданд ва дар ҳайрат будам, ки ба ҷойи мотам доштан аҳли оила, хешону пайвандон бо таомхўриву забҳи чорво машғуланд. Азбаски оилаам зиндагии фақирона дорад, дар гузаронидани ин маросим аз набудани маблағ танқисӣ кашидем ва ночор аз бонк қарз гирифтем. Ташаккур, ба Роҳбари давлати мо, ки сари вақт тағйироти мазкурро ворид карданд, зеро дар рўзи мотам, вақте падару модар, хоҳару додар ва ё фарзанди касе вафот кардаасту ба ҷойи азодорӣ мардум таомхўрӣ мекунанд, ин рафтор аз чаҳорчўбаи одамӣ берун аст.

Роҳатой Пўлодова - сокини ноҳияи Спитамен:

 -Вақте калимаи «ақиқа»-ро мешунавам, ба ҳайрат меоям, ки мардум аз куҷо ин намуди маросимро дарёфт кардаанд. Имрўз барои кўдаки навзоде, ки ҳоло хеле хурд аст, чорво забҳ карда, хатна мекунанд. Ҳодисае, ки бо кўдаки навзодам ба вуқуъ пайваст, то ҳол маро ором намегузорад. «Ақиқа» мекунем, - гўён хушдоману шавҳарам кўдаки навзодамро маъюб карданд, зеро бе ташхису муолиҷа ва бе маслиҳати мутахассисони соҳаи тиб ўро хатна карданд. Тўли ду рўз кўдакчаам пойи росташро ҷунбонида натавонист. Пас аз ташхис маълум гардид, ки тифлам дар вақти таваллуд ба майнаи сараш осеб гирифтааст ва гузаронидани хатна ба кўдаки осебдида номумкин аст. Ақиқа сабаб гашту аз шавҳарам ҷудо шудам, зеро маъюбии фарзандамро аз ман домангир шуд, гумон кард, ки ман фарзанди маъюбро тавлид кардаам. Аз ҳамон рўз инҷониб кўдакамро муолиҷа мекунам. Дусола шудаасту то ҳол пойҳояшро мустаҳкам дошта, роҳ гашта наметавонад. Аз ин рў, манъи маъракаи ақиқа бароям хурсандӣ бахшид.

Бале, мегўянд, ки ҳақиқат қат шавад ҳам, намешиканад. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кўдаке маъюбу оилае вайрон нахоҳад шуд. Ин тадбир ва чораандешӣ ҳадафманд мебошад.

Шаҳбону ОЛИМӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее

Сабақи ҷаҳонӣ

Иҷлосияи сарнавиштсози таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поягузории Истиқлолияти давлати навини тоҷикон ва раванди сулҳу оштӣ дар мамлакат нақши муассире бозидааст. Зеро, ин Иҷлосия дар замоне доир гардид, ки ҷанги ҳамватанӣ бо таҳрики душманони дохилию хориҷӣ мамлакатро фаро гирифта, сабабгори бесарусомонӣ ва фалаҷшавии тамоми сохторҳои ҳукуматӣ гардида буд. Ин ҳол ба мавҷудияти давлати тозаистиқлоли мо хатаре буд.

Маҳз, худшиносӣ ва бедории миллии халқи тоҷик имкон дод, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу Ваҳдат асос гузошта шуд. Аз ҳама муҳимаш, Пешвои миллат суханони дар Иҷлосия додаи худро амалӣ намуда, сулҳу осоишро дар кишвар барқарор сохтанд.

Боиси ифтихор аст, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз тарафи давлатҳои алоҳида ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди омўзиш қарор гирифта, он барои ҳалли муноқишот дар нуқоти дигари даргири ҷаҳон истифода мешавад.

 Сурайё Файзуллоева,
 омўзгори Коллеҷи
тиббии шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Мактаби бузурги садоқату меҳанпарастӣ

Иҷлосияи ХVI таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кулли тоҷикону тоҷикистониён таърихӣ ва тақдирсоз буда, барои ҷаҳони мутамаддин намунаи барҷастаи ватандорӣ ва хештаншиносӣ мебошад. Иҷлосия дар ҷаҳони имрўза ҳамчун мактаби сулҳофар ва хештаншиносӣ машҳур аст ва чун таҷрибаи беҳтарини сулҳофар ва давлатдорӣ пазируфта шудааст. Бидуни шубҳа, ин ҷаласаи таърихӣ, ки сохти давлатдории навини тоҷиконро бо сарварии фарзанди содиқу ватандўст, худогоҳу хештаншинос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи замони мусоир овард, дар дилу дидаҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

Сулҳу Ваҳдат ва оромии кишвар, ки пас аз Иҷлосияи тақдирсоз ба вуқўъ пайваст, барои рушду нумўи ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти кишварамон чӣ иқтисодиёту кишоварзӣ ва чӣ маорифу фарҳанг, аз ҳама муҳим, барои ташаккули инсони комилу ҳамаҷониба инкишофёфта шароит ва фазои созгор ба вуҷуд омаданд. Қобили қайд аст, ки барои ташаккули сифатҳои ватандорию меҳанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносии ҷавонони мамлакат дар даврони соҳибистиқлолияти кишварамон таҷрибаи бой ва манбаи муҳиму ғании маънавӣ андухта шуд.

Таърих гувоҳ аст, ки баромади аввалини Раиси навинтихобшудаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 сол муқаддам маҳз бо суханони зерин: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам. Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам» оғоз гардида буд, ки онро танҳо шахсе гуфта метавонист, ки дар замири хеш нерўи баланди меҳру муҳаббат ба халқу Ватан, сифатҳои беназири худогоҳиву хештаншиносӣ ва садоқатмандиву арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ дошта бошад. Дар ҳолате, ки дар марказу қисмати ҷануби мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ мерафт, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олӣ баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва қатъ намудани оташи ҷанги бародаркуш дар ҷумҳурӣ ба роҳбарони гурӯҳҳои яроқбадаст бо чунин суханҳо муроҷиат намуданд: «Ба ҳурмати наҷот додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, ба хотири ба даст даровардани сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ба мақсади ягонагӣ ва муттаҳидии тамоми халқҳое, ки сокини ҷумҳуриамон мебошанд, даъват менамоем, ки дар Иҷлосия иштирок намоед».

 Дар суханронии худ дар назди қумондонҳои ҳозиршуда Раиси Шӯрои Олӣ вазъи ҳалокатовари мамлакатро маънидод намуда, онҳоро барои қатъ кардани ҷанги бародаркуш ва ба сулҳу салоҳ омадани онҳо даъват намуд. Қумондонҳо ба самимияти суханҳои ин фарзанди ватанпарвару ғамхори халқу миллат эҳтиром оварданд ва дар назди Парчами миллӣ барои хотима додани ҷанг қасам ёд карданд. Ҳамин тавр, бо кўшишу талош ва ташаббусу ҷонбозиҳои фарзанди шуҷою ватанпараст, фидоии халқу меҳан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима дода шуда, Ватан аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт.

Муроҷиат ва суханҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 25 соли сипаришуда, мактаби бузурге мебошанд, ки барои дар руҳи волои ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, садоқату ифтихормандӣ, баору номус тарбия кардани натанҳо насли наврас, балки тамоми мардуми кишвар хизмати беҳамто ва беназири хешро мегузоранд.

Аз тарафи дигар, ин таҷрибаи гаронмояи Сарвари миллати тоҷик барои аҳли шахсияти сарони кишварҳои ҷаҳони имрўза шоистаи намуна ва ибратбахши сарварӣ ва роҳбарии инсонгаронаю халқпарварӣ маҳсуб меёбад.

Маҳз, бо кўшишу талошҳои ҳукумати навтаъсисдодаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила қарору қонунҳои муҳими тақдирсоз қабул карда шуданд, ки дар муддати кўтоҳ ба қатъ гардонидани ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу салоҳ дар кишвар оварда расонид.

 Сазовор ба ёдоварист, ки қабули санадҳои тақдирсози миллат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пойдории сифати волои инсонгароӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ, ғамхорию дилсўзӣ ба халқу миллат ва ба ҳастии кишвар ҳамчун давлати мустақилу соҳибистиқлол маҳсуб меёбанд. Дар Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз қабул карда шудани муқаддасот, ба монанди Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон аломати баланди ватандорию худогоҳӣ ва хештаншиносии миллии халқи тоҷик аст. Воқеан, лаҳзаҳои ҳаяҷонбахши қасамёдкунии Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва арҷгузории эшон ба Парчами миллӣ худ нишони равшани аҳду паймон ва садоқати беандоза ба Ватану миллати хеш аст.

Аз ин лиҳоз, барои миллату халқиятҳои соҳибихтиёри кишварҳои ҷаҳон омўзиши ин падидаҳои баланди давлатдорӣ ва таҷрибаи сулҳофари Сарвари миллати тоҷик оид ба ташаккули ватандўстиву меҳанпарастӣ, тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ метавонанд барои рушду нумӯи хеш ва дар арсаи ҷаҳони тамаддун мавқеи пешбурдро ишғол намудан омили муҳим бошанд.

Дар таърихи ҷадиди Тоҷикистони соҳибистиқлол Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи навинро дар пойдории сулҳу Ваҳдат ва якпорчагии мамлакат боз намуда, дар ҷаҳон таҷрибаи беназири сулҳофарӣ, ватандўстиву меҳанпарастӣ ва садоқату вафодории хешро муаррифӣ намуд.

Солҳо мегузаранд, вале мақом ва аҳамияти Иҷлосияи такдирсоз ба таври аёнтар ва боҳашамату бошукӯҳтар ҷилвагар гардида, барои ояндагон чун шуълаи фурўзони ватандорию хештаншиносӣ боқӣ мемонад.

Шавкат Шарофов,
доктори илмҳои педагогӣ,
устоди кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ

Дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятии вилоят баргузор гардид. Дар он муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва аъзои Шўрои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Ҷаласа се масъаларо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод. Масъалаи асосӣ рафти иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2017 - Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» арзёбӣ гардид.

Муовини сардори Корхонаи фаръии манзилию коммуналии вилоят Баҳриддин Нозимов доир ба татбиқи Барномаи вилоятӣ баромад карда, зикр намуд, ки мақсади асосӣ ин бо оби тоза таъмин кардани аҳолии вилоят ва ба ин васила пешгирии хуруҷи касалиҳои сирояткунандаву ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Узви нави Шўро, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нигора Ғаффорзода оид ба баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо баромад намуд.

Дар ҷаласа мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ иброз дошт, ки имрўз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бархе корхонаву ташкилот ва васоити ахбори омма риоя намегардад. Пешниҳоди маърўзачиёнро аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ҷонибдорӣ намуда, баҳри бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт пешниҳоди худро баён доштанд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ изҳори умед намуд, ки аъзои Шўро дар соли ҷашни бузурги миллӣ 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланд ва эҳсоси ватандорӣ фаъолият менамоянд.

Нодир ТУРСУНОВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее