19 October 2017

Замира Ғаффорова соҳиби ҷоиза гардид

Олим шахсест, ки қалби рӯшани бомаърифати худро дар роҳи фардои насли ҷавони миллат барафрӯхта медорад ва бо шамси хирад ҳамеша дар сарнавишти халқ  нурафшон аст.

Омўзгори барнодил, олимаи зебо, хушсухану  ширингуфтор, донишманди соҳибмактаб, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Fаффорова аз зумраи он олимонест, ки тўли чандин сол дар ҷодаи илм қадамҳои устувор мегузорад ва пайваста дар роҳи илм ба дастоварду комёбиҳо ноил гардидааст.

Таҳқиқоти ҳамешагии профессор Замира Ғаффорова аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи Алигархи ҳиндустон таҳти унвони  «Арзёбии ду тазкираи маъруфи ҳинд: «Каламот-уш-шуаро» ва «Сафинаи Хушгў» ба нашр расид (Алигарх, 2017, 260 с., ба хати форсӣ). Муҳаққиқ дар меҳвари таҳқиқоти хеш баррасии веҷагиҳои тазкираҳои “Каламот-уш-шуаро”-и Муҳаммадафзали Сархуш ва “Сафинаи Хушгў”-и Биндробан Доси Хушгў ва мақоми онҳоро дар нақду сухансанҷии форсу тоҷик қарор дода, бо санаду далел ва баррасиҳои амиқрави илмӣ собит намуд, ки воқеан ҳар ду тазкира дар паҷўҳиши авзои куллии адабиёти форсизабони  ҳинд  ва суханварони ҷудогонаи он аз аҳамияти муҳиме бархурдоранд.

Санаи 1-уми марти соли 2017 китоби олимаи тоҷик Замира Fаффорова  дар Донишгоҳи Алигархи Ҳиндустон дар маросими ифтитоҳи дуюмин ҳамоиши байналмилалии “Ховаршиносӣ ва мутолеоти эронӣ” ва Семинари байналмилалии Бедили Деҳлавӣ муаррифӣ гардид, ки дар ин маросим дар қатори чеҳраҳои барҷастаи адабиёт ва илму фарҳанги кишварҳои форсизабон сафири Тоҷикистон дар ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ширкат ва суханронӣ намуд. Ба китоб аз ҷониби донишмандон ва муҳаққиқони адабиёти форсизабони ҳиндустон аз кишварҳои Афғонистон, ҳинд, Эрону Тоҷикистон ҳамчун паҷўҳиши муҳим дар нақду сухансанҷӣ ва баррасии ҷойгоҳи тазкираҳои таълифшуда дар Шибҳи Қораи ҳинд барои омўзиши авзои куллии адабиёти форсу тоҷик баҳои баланд дода шуд. Нусхаи нахустини китобро ба олимаи тоҷик Замира Fаффорова ректори Донишгоҳи Алигарх, доктор Замирушшоҳ супорид.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ба нишони эътирофи паҷўҳишоти анҷомдодаи профессори донишгоҳ Замира Ғаффорова дар таҳқиқу баррасии масоили ҳиндшиносӣ, хоса адабиёти форсизабони ҳинд дар ибтидои фасли баҳори файзбори соли 2017 шумораи махсуси маҷаллаи бонуфузи ҳиндустон таҳти унвони «Қанди порсӣ», ки аз сўи Маркази таҳқиқоти форсӣ дар шаҳри Деҳлии ҳиндустон чоп гардид, ки тамоми саҳифаи маҷаллаи мазкур ба фаъолияти илмии профессори ин боргоҳи илму маърифат Замира  Fаффорова бахшида шудаст, ки ин боиси хушбахтии ҷомеа устодону донишҷўёни донишгоҳ ва шаҳри Хуҷанду Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро шумораи махсуси маҷаллаи «Қанди порсӣ»  (шумораи №71-72-юми соли 2016) «Веҷаномаи профессор Замира Fаффорова» унвон дошта, 22 мақолаи илмии эшонро дар ҳаҷми 505 саҳифа дар бар мегирад, ки ин дар шумори онҳо «Нуфузи Ҷомӣ дар Шибҳи Кораи ҳинд”, “Назаре ба ҳаёти илмӣ-адабии ҳиндустон дар замони Лудиён”, “Арзиш ва аҳамияти ахлоқии насиҳатномаҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ”, “Нигоҳе ба мўҳтавиёт ва виҷагиҳои сабкии маснавии “Меҳру Моҳ”-и Ҷамолии Деҳлавӣ”, “Нусхашиносии “Сияр-ул-орифин”-и Ҷамолии Деҳлавӣ ва шарҳи нусхае аз он дар Китобхонаи Берлин”, “Ривоҷи забони форсӣ дар Кашмир дар қуруни чаҳордаҳум ва понздаҳум”,“Саҳми С.Айнӣ дар паҷўҳиш ва матншиносии осори суханварони форсизабони ҳинд”  ва амсоли инҳо буда, барои тамоми форсизабонони олам манзур шудааст.

Дар тамоми гўшаву канори ҷаҳон форсизабононе, ки зиндагӣ мекунанд, имконияти дастрасӣ ба ин маҷалларо доранд. Бо ин роҳ онҳо аз муаррифии як чеҳраи мондагори миллати тоҷик бархурдор мегарданд ва дар баробари мо ифтихор аз доштани чунин як олима мекунанд.

Олимону суханварон, шоирону ҳунармандон, табибон, омўзгорон ва мутахассисони варзидаи шаҳри Хуҷандро роҳбарият ва шахсони масъул бо тўҳфаву ҷоизаҳо қадршиносӣ менамоянд. Маҳастии Хуҷандӣ аз зумраи он шоиронест, ки дар замони хеш бо эҷодиёти худ дар байни ҳаводорони назми воло шўҳрату шаҳомати хосаро дошт.

Барои гиромидошти Маҳастӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷоизаи адабии ба номи Маҳастӣ ташкил карда шуд, ки он ҳар се сол ба яке аз чеҳраҳои намоён ва олимону шоирон, мутафаккирони варзидаи шаҳр тўҳфа карда мешавад.

Ҷоизаи адабии ба номи Маҳастӣ дар соли аввал барои хизматҳои шоён дар адабиёти навини тоҷик ба Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона ва соли дуюм ин ҷоиза ба  профессори донишгоҳи азизи мо Умеда Ғаффорова дода шуд.

Бахшида ба Рўзи шаҳри Хуҷанд дар чорабинии идона раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо иштироки меҳмонон Ҷоизаи адабии ба номи Маҳастиро ба профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорова барои хизматҳои шоиста дар рушди адабиёт, тарбияи эҷодкорони ҷавон аз зумраи занону бонувон ва инъикоси дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се соли охир супурд.

Ҷоизаи адабии ба номи  Маҳастӣ барои ин олимаи пурмаҳсули тоҷик дар он хусус дода шуд, ки шумораи махсуси “Веҷаномаи профессор Замира Fаффорова”  (Деҳлӣ, “Қанди порсӣ”, 2016, №71-72, 505 с.) ва барои ба нашр расонидани маснавии “Меҳру Моҳ”-и Ҷамолии Деҳлавӣ (Хуҷанд: Ношир, 2017, 580 с.) тақдим карда шуд, ки ин боиси ифтихори устодон ва донишҷўёни донишгоҳ ба шумор меравад.

Шумораи махсуси маҷаллаи «Қанди порсӣ» (Ҳиндустон, Деҳлӣ, шумораи №71-72–юми соли 2016), ки «Веҷаномаи профессор Замира Fаффорова» унвон дошта, 22 мақолаи илмии мавсуфро дар ҳаҷми 505 саҳифа дар бар мегирад, ки барои тамоми форсизабонони ҷаҳон манзур шудааст ва эшон меҳнати чандинсолаи ин олимаи тоҷик шинос шуданд.

Профессор Замира Ғаффорова дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ намудан ҳамзамон ба тарбияи кадрҳои ҷавони донишгоҳ машғул буда, онҳоро дар роҳи илм омода менамоянд. Рухшона Аминҷонова, Баҳроми Раҳматзод аз зумраи ҷавонони сермаҳсул ба шумор мераванд, ки бо таҳияи рисолаи номзадӣ дар арафаи ҳимоя қарор доранд.

Ҷомеаи меҳнатии устодон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров муаллимаи азиз, олимаи нотакрор, модари ғамхор ва профессори донишгоҳ Замира Ғаффороваро бо Ҷоизаи адабии ба номи Маҳастӣ самимона таҳният гуфта, барояшон баландтарин қуллаҳои мурод ва шоҳҷоизаҳоро орзу менамоянд.

Шоҳини Зарафшонӣ 

Читать далее

Ҳанг дар боғи фарҳанг

Ба таваҷҷуҳи Комил Cалимзода - раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов

Агар воқеан соҳаи фарҳанг бетаваҷҷуҳ монад, аз он ҳанг боқӣ мемонаду халос. Мисоли ин гуфтаро мо дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Ҷаббор Расулов шоҳид шудем, ки макони мазкур ҳоли риққатбору валангор дорад. Ба ҷуз ин, агар афроди тасодуфӣ ва танбалу беиқдом ба ин гуна ҷойҳо мутасаддӣ шаванд, вой бар ҳоли замину замон!

Зеботарин боғ безебтарин доғ шудааст

Агар ба таърихи начандон дуртари боғи фарҳангии ноҳияи Ҷаббор Расулов назар афканем, аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ, таъмини об ва кабудизоркуниву доро будани ниҳолҳои сояафкан шояд яке аз мусоидтарин ва зеботарин боғҳои фарҳангии вилояти Суғд ба шумор мерафт. Аз як дид эҳсос кардан мумкин, ки дарахтҳои рангобаранги он дар гузашта хеле ҷои фароғатии сокинон будааст. Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷумҳурӣ аввалин ноҳияест, ки дар он ҷо хатти роҳи оҳан ва вокзал созмон дода шудааст.

Яке аз ноҳияҳои саноатӣ ба шумор рафта, дар солҳои ибтидои Шўравӣ меҳвари рушди маданияти шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Зеро, кўчиши бемайлони мутахассисони русу тотор ва дигар миллат аз тамоми гўшаву канор маҳз аввалан ба ҳамин ноҳия сурат гирифтааст. Аз ин лиҳоз, бешак дар шаҳрсозӣ ва инфрасохтор аз дигар ноҳияҳои ҳамсоя зеботару замонавитар аст.

Аммо сад афсўс дар ноҳияи овозадор ҳоли табоҳи боғи фарҳангии он шакку тардидеро ба миён меоварад, ки наход то ҳамин дараҷа бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ дар ноҳия ба авҷи аълояш расида бошад?

Дар боздиди нахустини мо, ки шаш моҳ қабл сурат гирифта буд, боғ ҳолати валангор дошт. Он лаҳза гумон карда будем, ки шояд бахшида ба чорабиниҳои тобистонӣ (Иди кўдакон, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва ғайра) масъулини боғ таъмири куллиро аз сар мегузаронанд ва барои фароғати мардум шароити мусоидро фароҳам меоваранд. Ҳанўз дар сафари нахуст баҳои мо чунин буд, ки яке аз зеботарин боғҳои вилоят ба яке аз безебтарин доғҳои вилоят табдил шудааст. Он лаҳза ростӣ, умед доштем. Аммо, афсўс...

Аз миён шаш моҳ гузашт…

Моҳи октябри соли равон бо тақозои кори эҷодӣ гузорамон боз ба боғи фарҳангии ноҳия афтод. Ҳолате, ки шаш моҳ қабл дида будем, бадтар шудаасту беҳтар не. Рангҳои ороишии аттраксионҳо аз таъсири борону офтоб хеле хираву дилгиркунандатар аз пеш шудааст. Фарқияти бисёр аҷиб, ки қаблан надида будем: байни аттраксиони «Юнга» ва чархофалак як партовгоҳе пайдо шудааст, ки дилбеҳузуркунанда ба назар мерасад. Макони истироҳати пашшаву пашшачаҳо шудааст. Саге низ дар он ҷо гаштугузор мекард. Аз рўи гуфтаи шоҳидони ҳол баъзан шабона сокинони гирду атрофи боғи фарҳангӣ партовҳои худро оварда мепартофтаанд. Ана ёбу гир, шаҳри бедарвоза! Касе назорат намекунад.

Ҳангоми ташрифи мо дар боғ танҳо боғбон ҳамроҳи ҳамсараш ҳузур доштанд. Дар куҷо будани сарвари боғи фарҳангро пурсон шудем. Гуфт, ки гўё ба шаҳри Хуҷанд бо зарурате рафтааст. Аз шаш атраксионе, ки дар боғ дида мешавад, имрўз ягонтои он кор намекунад. Ҳатто чархофалак, ки ба гуфтаи боғбон гўё кор мекунад, аммо ҳам дафъаи гузашта ва ҳам дар ташрифи дуввумамон онро ҳангоми кораш надидем. Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Маълумки кор намекунад ва ин худсафедкуние беш нест.

Боқӣ каруселҳо ва арғунчакҳо низ хеле ҳоли табоҳ дошта, ба ягон стандарт ҷавобгў набуданд. Мутаассифона, дар сафари гузашта низ ҳамин гуна корношоям буданд ва инак, боз бо ҳамон ҳолати қаблӣ боқӣ мондаанд. Рангҳои паридаву тунукаҳои лабу лунҷаш даридаи мошинчаи давракзананда боз як манзараи даҳшате буд, ки даруни нишастгоҳҳояш халтаҳои селофании пур аз партов ба назар мерасиданд.

Таъкидҳои Раиси вилоят ва бемасъулиятии масъулин

Моҳи марти соли равон Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷамъомади махсус ба тамоми раисони шаҳру навоҳӣ ва муовинони онҳо дар Боғи Камоли Хуҷандӣ, таъкид карда буданд, ки бояд тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мисли ин боғ гулистону гулрез шаванд.

Ба хусус, маҳз дар Боғи Камоли Хуҷандӣ гўшрас кардани чунин матлаб мазмуни бечунучаро иҷрои он буд. Аммо ба назар мерасад, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов истиқбол аз гуфтаҳои Раиси вилоят он қадар ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст. Мисоли оддитарин ва барҷастатарини он дар боғи фарҳангии ноҳия аст, ки ихлоси ҳар меҳмони бори нахуст омадаро комилан сард мегардонад.

Итминон дорем, ки масъулини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин машварат ширкат доштанд. Аммо саволи аҷибу нокушодае боқӣ мемонад, ки чаро боғи ноҳия ҳоли табоҳ дорад? Оё он соҳиб дорад ё не? Агар соҳиб дошта бошад, чаро имрўз вазъияти ногуворе гиребонгири боғи фарҳангист?

Боғро ба касе никоҳ намекунанд-ку…

Тибқи иттилои расида аз шуъбаи фарҳанги ноҳия боғи фарҳангию фароғатӣ ба Камолиддин Раҳматов ном шаҳрванде тариқи шартнома ба муддати даҳ сол дода шудааст, ки он аз соли 2013 то 2023 гўё тўлоният доштааст. Тасаввур кунед, ки агар аз шартнома чор соли расо сипарӣ шудаасту ҳол тамоман дилгиркунанда бошад, намедонем соли 2023 ба кадом ҳол омада мерасад? Тавре дар боло гуфтем, агар аҳвол ба ин минвол идома ёфтан гирад, аз боғи фарҳангӣ танҳо ҳанг мемонаду халос ва он ба биёбони хушки Сахара айнан монанд хоҳад шуд.

Суоле ба миён меояд, ки чаро шуъбаи фарҳанги ноҳия дар ин росто ягон чораҷўӣ намекунад? Агар баҳона ин бошад, ки шаҳрванд Раҳматов онро ба 10 сол тариқи шартнома гирифтааст, ин мазмуни онро надорад, ки боғ ба мавсуф никоҳ карда шудаасту ҳар номаъқулие хоҳад, кардан мегирад. Масъулини муҳтарам, шумо ба куҷо нигоҳ мекунед? Дар миёнҷои боғи фарҳангӣ притсепи зангзадаи холии трактор худ гувоҳи он аст, ки назорат ба боғ чӣ гуна аст. Мутаассуф, ҳангоми сафари мо мудири шуъбаи фарҳанг дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштаву Раҳматов гўё дар ким-куҷое баҳри корҳои худаш андармон будааст. Борҳо занг задани мо низ кўшиши бесамар буд ва натавонистем, ки ҳадди ақал бо он кас дар тамос шавем.

Акмал Азимов-мутахассиси бахши фарҳанги ноҳия низ ҳангоми ташрифи мо ба боғ шоҳид буд, ки чӣ қадар ин макони фарҳангиву фароғатӣ ҳолати ногувору дилхароше дорад. Вазъияти театри тобистонаи боғ боз як манзараи риққатовари дигарест. Маълум, ки он ҷо низ боре ғамхорӣ ва қадами мубораки масъулинро надидааст. Зеро, рангҳои паридаи он гувоҳи беназорату беғамхорӣ монданашро бо забони ҳол тарҷумонӣ мекард.

Мо надонем, масъулин надонанд, пас кӣ медонад?

Аз ҳама нуктаи муҳим дар васати боғ девори ҳавлие дида мешавад, ки ба шакли уреб аз ҳисоби замини боғ манзили истиқоматӣ пўшида шудааст. Намедонем нақшаи генералии боғ чӣ гуна аст, аммо ин чиз низ таҳқиқи алоҳида мехоҳад, ки оё воқеан он хонаи шахсии сокини ҳамсоя аз ҳисоби замини боғ сохта шудааст ё хайр? Бигзор ба ин суол масъулини ноҳия посух гўянд. Ҳол он ки тибқи ҳуҷҷат боғи фарҳангӣ шаш гектар масоҳат дошта, дар як назар метавон ба хулосае расид, ки аз чор тараф масоҳати боғ андак-андак ҳар сол тангтар мешавад. Оё дар ин бора масъулини ноҳияи Ҷаббор Расулов андеша кардаанд?

Боз як нуктаи дигари дардоваре ба чашм мерасад, ки дар ягон ҷои боғ гулҳои ороишии на тобистона ва на зимистона дида намешавад. Ҳол он ки аксари ноҳияву шаҳрҳои вилоят аллакай гулкарамҳои хоси ба сардӣ тобоварро шинонидаву парваридаанд. Дар боғи мазкур бошад, баъди дарав кардани баргу пояи ҷуворӣ ва ҷуворимакка паяҳои он боқӣ монда, ба ҳар як бинанда маълуму равшан нишон медиҳад, ки ҳатто дар мавсими тобистон низ гулкорӣ нашудааст. Гулкарам он сў истад!

Метавон ба натиҷа расид, масъуле, ки боғро ба 10 сол ба шартнома гирифтааст, танҳо муносибаташ мисли директори як хоҷагии деҳқониест, ки на ба хотири гулкорӣ, балки ба хотири захираи алафи хушк барои чорво ин боғи фарҳангиву фароғатиро соҳибӣ кардаасту бас. Дар ин сурат ҳеҷ маълум нашуд, ки шуъбаи фарҳанги ноҳия ба кадом хотир боғро тариқи шартнома ба шаҳрванде супоридааст.

Вақте аз масъулини шуъбаи фарҳанг суол кардем, ки мавсуф бо кӣ шартнома бастааст, посух низ аҷибу оддӣ буд: намедонем! Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов низ гуфтанд: намедонем! Агар масъулини мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаи фарҳанг надонанд, мо аз куҷо донем?

Яке фарзия кард, ки шартнома бо хоҷагии коммуналӣ баста шудааст. Мо низ ҳайронем, ки хоҷагии коммуналӣ чӣ рабте ва ё ҳуқуқе дорад, ки боғи фарҳангии мутааллиқ ба шуъбаи фарҳангро тариқи шартнома ба касе диҳад? Бори дигар: ҳисобатро ёбу гир! Агар муносибати масъулин бо боғи фарҳангию фароғатии ноҳия, ки шиноснома ва намои шаҳрдорӣ аст, чунин бошад, мо чӣ гўем?

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»
Хуҷанд-Ҷаббор Расулов-Хуҷанд

Читать далее

Ҳунари карвингро омӯхтанд

Дирӯз гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Хоҷаи Аъло (Тоҷикистон) бо ширкати ҳамсолони худ аз деҳаҳои Ортобоз, Оқ-Татир ва Таш-Тумшуқ (Қирғизистон) дастагули дӯстӣ аз сабзавоту меваҷот омода намуданд.

Дар Кохи фарҳанги деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара тибқи нақша-чорабиниҳои муштарак мастер-класс оид ба карвинг (ороиши меваҷоту сабзавот) баргузор гардид. 

Сокинони ҷавони кишвари ҳамсоя зикр доштанд, ки ҳунари карвинг дар деҳаи онҳо маъмул нест ва андӯхтани он барояшон шавқовар ва ҷолиб буд.

Мастер-клас оид ба карвинг дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияиҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон доир гардид. 

Зебоҷон Қурбонова,
сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Абдуллозода Назира Ғаффорӣ, роҳбарияти шаҳр, сарварони сохторҳо ва ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳаллӣ ва фаъолон ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид. Дар он натиҷаи фаъолияти хоҷагии халқ дар тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаласаро раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ оғоз бахшид.

Муовини аввали раиси шаҳр Юнусзода Фирдавс Ёдгорӣ баромад намуда, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои қарору фармоишоти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва барномаҳои гуногуни давлатӣ равона намуда, давраи ҳисоботиро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуд.  

Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ –97 млн. 266 ҳазор сомонӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ – 253 млн.  632 ҳазор сомонӣ, сармоягузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо –25 млн. 829 ҳазор сомонӣ, ҳаҷми гардиши савдои чакана – 266 млн. 967,8 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии пулакӣ – 147 млн. 656,2 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуданд. Аз 10 намуди андоз иҷроиши нақшаи 7 намуди он таъмин гардида, нақшаи 3 намуди андозҳо иҷро нагардиданд.

Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ба роҳбарони як қатор ташкилот, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани истеҳсолот супоришҳои қатъӣ дод. Аз норасоиҳо дар фаъолияти баъзе соҳаҳо изҳори нигаронӣ карда, алалхусус, афзудани теъдоди вайроншавии оилаҳоро аз бетарафии атрофиён, суст будани робитаи роҳбарон ва фаъолони кумитаҳои маҳаллӣ бо бошандагони маҳал арзёбӣ намуд. Дар рафти маҷлис инчунин, вазъи соҳаи саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳлил шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Абдуллозода Назира Ғаффорӣ оид ба дастовардҳо ва камбудиҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқи сухан кард.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом

Читать далее

Конститутсия - ифодакунандаи ормони миллат

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии худро доро мебошад, ки дар он Конститутсия мавқеи асосиро ишғол намуда, ба ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ таъсир мерасонад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» қайд менамоянд. «Давлати соҳибихтиёри тоҷикон фаъолияти худро тавассути Конститутсия ба роҳ мемонад». Тибқи моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон карда шудааст.

Баҳри амалӣ намудани хусусияти конститутсионӣ - демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор моддаҳо мустаҳкам карда шудаанд (моддаҳои 5, 6, 8, 9, 27, 49, 65, 98). Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи ҳуқуқҳои фитрии инсон дарҷ ёфтааст, ки он сохтори демократиро мустаҳкам менамояд.

 Сарчашмаи ҳокимият ва фаъолияти қонунии мақомотҳои давлатӣ ин соҳибихтиёрии халқ ба ҳисоб меравад, ки он дар моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таҷассум ёфтааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд». Ин маънои аз ҷониби давлат мустаҳкамкунии ҳокимияти халқӣ ё ин, ки давлати демократиро доро аст, ки ҳокимияти халқиро таҷассум менамояд.

Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин меъёри муҳими давлати демократӣ ба ҳисоб рафта, тавассути он асосҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ бо роҳи интихобот муқаррар карда мешавад. Аз ҷумла, моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкам менамояд. Баҳри шаффоф ва озод баргузории интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» аз 10 ноябри соли 1999 қабул карда шудааст, ки он бо тағйиру иловаҳои солҳои 2000, 2004, 2007, 2008, 2010, 2011, 2013 амал карда истодааст.

Ё ин, ки моддаи 65-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон бо тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва пинҳонӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд ва моддаи 66 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшавии қонуни конститутсиониро тақозо менамояд. Тавассути қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи худро оид ба иштирок ба корҳои давлатӣ амалӣ менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 1 Конститутсияи соли 1994 давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф карда шудааст, ки ин хусусиятҳои конститутсионӣ имконият медиҳад, дар ҷомеа волоияти қонун таъмин гардад ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шаванд.

Зарурат ва аҳамияти Конститутсияро дар бунёди давлатдории миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 иброз доштанд: «Асоси қонунҳои Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ такмил дода, барои ташаккулёбии давлати соҳибихтиёр, демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибихтиёр ин санади ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва таърихӣ қувваи олии ҳуқуқиро доро аст. Дар он манфиату иродаи халқу давлат таҷассум ёфта, таҳкурсии ҳуқуқии ҷамъият эътироф гардидааст. Он дастовардҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифода ва татбиқи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллӣ ва волоияти қонунро таъмин менамояд. Конститутсия ғояҳоеро мустаҳкам менамояд, ки онҳо таҷассумкунандаи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва татбиқкунандаи мақсад, вазифа ва сиёсати давлат аст.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хосеро доро буда, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои мубрами марбут ба соҳибихтиёрии давлат, шакли он, тарзҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлат, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ва шаклҳои гуногуни моликиятро кафолат медиҳад. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, инсон ва шаҳрванд сарчашма ба ҳисоб рафта, меъёрҳои конститутсионӣ дар бисёр маврид баҳри муайяннамоии усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлат, аз ҷумла, сиёсати хориҷии давлат равона карда шудаанд.

 Мавқеи Конститутсия дар муайян кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст. Аз ин рў, Конститутсия ва меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон, дар пойдор гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муайянкунанда дорад.

Моҳияти Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи манфиат ва иродаи халқи Тоҷикистон буда, мувофиқи он меъёрҳое муқаррар карда шудаанд, ки таркиби сохтори ҷамъият, давлат ва низоми мақомоти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳамаро дар назди қонун, вазъи ҳуқуқии шахсони мансабдор ва доираи салоҳиятҳои онҳоро муайян менамояд.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо 26 сентябри соли 2003 ва 22 майи соли 2016 баргузоршавии раъйпурсии умумихалқӣ барои зоҳирёбии муҳимтарин рукнҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, яъне таҷассуми арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳо дар Конститутсия равона гардидааст. Аз ҷумла, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳо бо ифодаёбии ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд зикр ёфтаанд, ки дар моддаи 17 чунин омадааст: «ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд» ё ин ки дар моддаҳои 18, 19, 20, 21 хусусиятҳои инсондўстии меъёрҳои Конститутсия мустаҳкам гардидааст.

Тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшавии парлумони касбии доимоамалкунандаи думаҷлисаро қайд кардан ҷоиз аст. Он аз номи давлат ба манфиати халқи Тоҷикистон тибқи муқаррароти конститутсионӣ санадҳои меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, нақши муҳимеро дар амалӣ гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегузорад. Парлумони кишвар дар тўли фаъолияташ бо риояи меъёрҳои Конститутсия зиёда аз 500 санади меъёриву ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо омили таъмини волоияти қонун, таҳкими соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Яке аз хусусиятҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти моддаи якуми Конститутсия давлат дунявӣ эътироф ва муайян карда шудааст.

Мувофиқи Конститутсия Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад ва тағйиру иловаҳои соли 2016 воридшуда омили мустаҳкамкунандаи дунявият ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мазмуни асосии хусусияти дунявӣ доштани давлат дар Конститутсия инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар қисми дуюми моддаи 8 гуфта шудааст, ки ҳеҷ як мафкура аз ҷумла, мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад.

Имрўз дар мамлакати мо сулҳу субот, волоияти қонун, арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад ва баҳри риояву амалишавии он парлумони кишвар санадҳои меъёриву ҳуқуқии ҷавобгў ба стандарти байналхалқиро ба тасвиб расонидааст. Баҳри амалӣ намудани баъзе аз хусусиятҳои конститутсионии давлат дар Тоҷикистон Қонун дар бораи «ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба тасвиб расидаанд. Мутобиқи ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ баробарии ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ кафолат дода шуда, қайди давлатиро гузаштаанд ва ҳамаи дину мазҳабҳо дар назди қонун баробаранд.

Ба тарзи конститутсионӣ танзим ёфтани хусусиятҳои хоси дунявӣ, пеш аз ҳама, барои якпорчагӣ, дахлнопазирии Тоҷикистон равона гардида, онҳо имконият медиҳанд таъсиси гуруҳҳои силоҳбадаст, хароб кардани амнияти миллӣ, тарғиби наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумати иҷтимоӣ ва динӣ пешгирӣ карда шавад.

Ҳамзамон, татбиқ кардани омилҳои давлати дунявӣ дар Тоҷикистон ва муайян кардани кафолатҳои онҳо барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Аз ин рў, шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тибқи муқаррароти моддаи 100-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирнопазиранд. Фаъолияти давлат ба пурзўр кардани асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ равона карда шудааст.

Баҳри ифодаи орзуву ормонҳои халқи Тоҷикистон имрўз дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат рамзи пойдории давлатдорӣ, кафили рушди устувори ҷомеа ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аст.

Шуҳрат Кенҷаев,
декани факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
дотсент

Читать далее

Иҷрои супориш дар кадом сатҳ аст?

Азхудкунии заминҳои нави Сексарӣ ва Қизилӣ ба беҳбудии рўзгори мардуми ин мавзеъ мусоидат хоҳад кард

Бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ рў ба тараққӣ ниҳода, ҷиҳати пешрафти он як қатор барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди татбиқ қарор доранд. Ҳамчунин, дар яке аз сафарҳои кории хеш Пешвои миллат ҷиҳати обёрикунии 12 ҳазор гектар замини лалмӣ ва чарогоҳ дар ноҳияи Деваштич дастур дода буданд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба масъулини соҳа барои иҷрои пурсамари корҳо ва истифодаи оқилонаи обу замин дастуру ҳидоятҳо дода, баён доштанд, ки обёрии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани майдонҳои бекорхобида боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мегардад. Аз ин рў, тадбири мазкур бояд аз мадди назар дур намонад.

- Воқеан бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корҳои босамар дар самти истифодаи оқилонаи обу замин, обёрии заминҳо ва ба майдони кишоварзӣ табдил додани заминҳои бекорхобида асос гузошта шуда, иҷрои босифату саривақтии он яке аз ҳадафи асосии мо-масъулини соҳа ба шумор меравад,-изҳор дошт сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Зафар Давлатзода.

Бояд қайд намуд, ки Лоиҳа аз тарафи филиали Корхонаи воҳиди давлатии институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» омода шудааст. Татбиқи марҳалаи аввали он бо маблағгузории 15 миллион сомонӣ аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Деваштич пешбинӣ шудааст.

Дар ду марҳала беш аз 12 ҳазор гектар заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳо дар Ҷамоатҳои деҳот обёрӣ карда, дар маҷмуъ 110 ҳазор нафар бо оби нўшокӣ таъмин мешаванд. То охири соли равон бошад, 5800 гектар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Деваштич бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.

Дар давраи зимистон бошад, оби Даҳкатсой ба обанбори Даҳанасой партофта шуда, иқтидори лоиҳавии обҷамъкунӣ ва обнигаҳдории обанбор дар маҷмуъ 45 миллион мукаабро ташкил хоҳад дод.

Оиди ҳолати каналҳо ва пойгоҳҳои обкашии минтақаи Қизилӣ мавсуф афзуд, ки тибқи иҷрои Амри Раиси вилоят аз тарафи гурўҳи корӣ санҷиши ҳолати пойгоҳҳои обкашии Қизилӣ-1, Қизилӣ-2, Қизилӣ-3, Қизилӣ-4 ва каналҳои обрасони он гузаронида шуда буд.

Бо мақсади обёрии мавзеи Сексарӣ пойгоҳҳои обкашии мавзеи Қизилӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, ҳамзамон насби дастгоҳҳои нав ба мақсади афзун намудани иқтидори обкашии онҳо ба нақша гирифта шудааст, ки барои ин кор 11 миллион сомонӣ аз буҷети вилоятӣ равона хоҳад гардид.

- Иҷрои Лоиҳаи мазкурро Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ зери таваҷҷуҳи хосаи хеш қарор дода, баҳри шиносоӣ аз рафти корҳо ба ин мавзеъ борҳо боздид ба амал оварданд. Чунончӣ, моҳи майи соли равон ҳангоми сафари корӣ дар ноҳияи Деваштич нахуст бо нақшаи обёрии мавзеи Сексарӣ ошно гардида, ба мутахассисон маслиҳатҳои судманд доданд, - илова намуд номбурда.

Бояд гуфт, ки заминҳои корами ин мавзеъ замоне тавассути пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод бо оби полезӣ таъмин карда мешуд ва имрўз зарурати обёрии ин мавзеъ дубора ба миён омадааст. Ба қавли мутахассисон, мавзеъҳои Қизилӣ ва Сексарӣ маҷмуан 8781 гектар замин доранд, ки аз ин 5305 гектараш ба мавзеи Сексарии шаҳри Истаравшан ва 3700 гектараш ба ҳудуди ноҳияи Деваштич рост меояд. Тайи чанд соли охир 2600 гектар замин мавриди истифода қарор гирифта, беш аз 40 хоҷагии деҳқонӣ ташкил гардида, дар инҷо зироатҳо парвариш карда мешаванд.

Азхудкунии Сексарӣ имкон медиҳад, ки дар марҳалаи аввал беш аз 600 оила соҳиби саҳми замин гарданд ва ба кори кишоварзӣ машғул шаванд.

Бо пешниҳоди Раиси вилоят ба хотири тақсимоти дурусту саривақтии об силсилаи пойгоҳҳои обкашии Қизилӣ ва дигар иншооти обрасонии он ба мувозинаи Идораи хоҷагии оби вилоят гузаронида шуда, минбаъд ҳамчун корхонаи алоҳидаи вилоятӣ фаъолият мебарад. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки вазъи таъминоти об дар худи ноҳияи Зафаробод низ хеле беҳтар гардад. Тибқи нақша то 1 марти соли 2018 пойгоҳҳои обкашии Қизилии минтақаи Сексарӣ пурра таъмир гардида, заминҳо обшор хоҳанд гашт.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Муждаҳои зафар

Бобоҷон Fафуров: Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Ҳомид Ҳакимбоев 17 октябри соли 2017 пахтакорони ноҳия сарбаландона нақшаи имсолаи худро баризофа ба иҷро расониданд.

Мавсуф изҳор дошт, ки соли равон дар ноҳия дар майдони 7211 гектар кишти пунбадона гузаронида, мутобиқи нақшаи дурнамо ҳосили пахта бояд ба миқдори 12400 тонна ҷамъоварӣ карда шавад.

Пахтакорони ноҳия ба ҳисоби миёна дар як рўз 324,2 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, то 17 октябр аллакай ба андозаи 12714,8 тонна ҳосил ғуноштанд, ки иҷрои нақша ба 102,5 фоиз рост меояд.

Дар иҷрои нақшаи солонаи пахтаи ноҳия саҳми хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Отаҷон Убайдуллоев, Раҳмон Набиев, Турсунбой Қўшатов, «Зарзамин» ва «Зироаткорӣ» калон аст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

* * *

Конибодом: Пахтакорони заҳматписанди ноҳия нақшаи солонаи пахтасупориро сарбаландона иҷро намуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ пахтакорони ноҳия имсол дар майдони 5 ҳазору 94 гектар пунбадона кишт намуда, уҳдадор шуда буданд, ки 10200 тонна пахта истеҳсол намуда, ба хирмани Ватан супоранд.

Санаи 15 октябр дар рўзи таҷлили ҷашни Меҳргон кишоварзон аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ муҷда расониданд. Зафармандон 10 ҳазору 320 тонна пахта истеҳсол намуданд, ки 101,2 фоизи нақшаи солонаро ташкил дод. Бояд қайд кард, ки дар иҷрои нақшаи пахтасупорӣ саҳми раёсати кишоварзӣ, Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Р.ҳамробоев, Э.Шарифов ва Ғ.Ортиқов басо назаррас аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее