20 October 2017

Самараи азму субот

Коопертиви тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол дар майдони 601 гектар пунбадона кишт карда, дурнамо, ки 1090 тонна ҳосилро дар назар медошт, ба 1097 тонна расонида, иҷро намуд. Ин 100,6 фоизи нақша буда, ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар 18,3 сентнериро ташкил менамояд.

Раиси Кооперативи мазкур Ҷаҳонгир Ҷабборов изҳор дошт, ки меҳнаткашон агротехникаи пешқадами парвариши пахтаро дар минтақаи Ёва дуруст истифода бурда, аз 61 гектар майдони кишти пунбадона 35 сентнерӣ «тиллои сафед» рўёнидаанд. Сариҷоракорони бригадаи №5 Абдуғаффор Зокиров, Абдулло Қушбоев ва Маъруф Абдуллоев дар минтақаи Навобод кишти пунбадонаи навъи хориҷӣ «Синзян-39»-ро ба роҳ монда, аз ҳар гектар аз 26 то 29 сентнерӣ ҳосил рўёниданд.

Барои ҳавасманд гардонидани чинакчиён ба ҳар  киллограмм пахтаи чидашуда хоҷагӣ 60-70 дирамӣ маблағгузорӣ намудааст. Муваффақиятҳои ба даст овардашуда, инчунин аз самараи меҳнати чинакчиёни пешқадами хоҷагӣ, механизаторони пуртаҷриба, обчиёни моҳир, мутахассисон ва ҳашарчиёни Ҷамоати деҳоти Ёва мебошад.

Меҳнаткашони кооперативи тиҷоратӣ бо назардошти захираҳои мавҷуда боз ҷамъоварии 200 тонна «тиллои сафед»-ро дар нақша доранд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Омили муҳимтарини пешрафти ҷамъият

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷудомадаро саривакт ва оқилона дарк намуда, бамаврид таъкид карданд: «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Анъана ва ҷашну маросими миллӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳар қавму миллат ба шаклҳои гуногун зуҳур меёбанд. Хушбахтона, тӯли даҳ сол аст, ки дар Тоҷикистон баҳри танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди амал қарор дорад ва он дар ҳаёти мардуми тоҷик тағйироти куллиеро ба вуҷуд оварда, сокинонро аз чанголи исрофу хурофот раҳонид. Даҳсолаи мазкур ҷомеаи Тоҷикистонро баҳри сарфаву сариштакорӣ ҳангоми баргу­зории маросими хурсандиву азодорӣ ҳидоят намуда, имконият фароҳам овард, то мардум ҳамнабзи замон бошаду дар натиҷаи сарфакорӣ барои худ зиндагии шоистаро муҳайё созад.

Ба туфайли қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзгори мардуми тоҷик ранги дигар гирифт. Муҳимтар аз ҳама, мардум тавонистанд, бо пасандозҳои худ фарзандонашонро хононанд ва соҳибмаърифат намоянд.

Қабули қонунм мазкур саҳми худро ҷиҳати ба ҳам овардани миллат ва канорагирӣ аз хурофотпарастиву зиёдаравиҳо нақши басо созгор гузошта, истиқболи самимӣ доштан аз он нигоҳи нек ба сӯи фардои дурах­шон аст. Бо сухани зерини Пешвои миллат ба ин ҳама гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки фармудаанд: “Мо ва­зифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо назардошти имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем”.

А.М.Атоев
доктори илмҳои фалсафаи кафедраи
умумидонишгоҳии фалсафа
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 

Читать далее

Дар рафтор ватандӯст бошем

Вақтҳои охир таҳлилу баҳогузориҳо дар соҳаи сиёсат манфиатҷӯёна ва иғвоангезона пайдо шуда истодааст. Инро дар баромаду суханрониҳои пайвастае, ки аз аз ҷониби аъзои ҳизби мамнӯъи назҳати ислом минбарҳои гуногун садо дода истодааст, мешунавем. Ин андешаҳо саропо аз шиору даъватҳои  моҷароҷӯёна иборат буда, мақсади асосиашон халалдор сохтани сулҳу суботи кишварамон мебошад.

Мо медонем,ки дар асоси моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.  Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки наҷодпарастӣ,  миллатгароӣ,  хусумат,  бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва  ё  барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд,  манъ аст.

ҲНИТ  4-уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт ва дар ҷумҳурӣ фаъолияташро оғоз  кард.  Яъне, дар ҳамон давра, гурӯҳе бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш муттаҳид шуданд ва ҳизби сиёсӣ ташкил намуданд. Аммо раванди минбаъдаи иқдомоти сиёсии онҳо, дақиқтараш кирдору рафтори роҳбаронашон нишон дод, ки нияташон холисона, пок нест. Баррасии парванда собит сохт, ки онҳо бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд.

Г.Н.Деҳқонова,
сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ
ва фарҳангшиносӣ, Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Чаро шарм намедоранд!

(Вокуниш ба мақолаи Сайидюнуси Истаравшанӣ

“Худкардаро тадбир нест”)

Халқи тоҷик дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатии хеш дучори мушкилоти ҷиддӣ гардид, ва ин ҳама мушкилот аз тарафи ҳамон нафароне ба дӯши халқи тоҷик бор овард, ки хидмати хоҷаҳои хориҷиро мекарданд. Барои ба мақсади хоҷаҳои хориҷии худ расидан афроди кӯрназаре, гӯё ободкунандагони Ватани азизи хешанд, ҳатто розӣ буданд, ки Тоҷикистонро аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда гардонанд. Ин душманони дохиливу фармонбардорони хӯҷаинони хориҷӣ, аз миллати азияткашидаи тоҷик ба ҳар роҳу восита мехостанд то ба ниятҳои ғаразноки худ расида, фоидае ба даст оранд. Натиҷаи фикрҳои носолими душманони миллат буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуҷуд овард.

Лек, халқи тоҷик аз қадим аҳли фарҳанг будани хешро бори дигар исбот намуда, бо ақлу заковати хеш матлаби асосии хиёнаткорони давлату миллатро дарк карда, оташи он ҷанги бародаркушро хомӯш сохт. Ба ин васила, миллати тоҷик ба истиқлолияти ҳақиқии худ расид.

Сад шукр, ки имрӯз тамоми тоҷикистониён шукронаи давлату миллат намуда, дар якҷоягӣ баҳри ободонии кишвар ва осоиштагии мардум, нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Ободию осоиштагии кишварро бадхоҳони давлату миллат имрӯз низ чашми дид надоранд, магар онҳо шарм надоранд! Магар онҳо ҳанӯз ҳам ба он ақидаанд, ки дар хориҷи кишвар бошанд ҳам, баҳри матлаби хоҷаҳояшон метавонанд бо мақолабозиву баҳонаҷӯиҳо боз ақидаи халқи тоҷикро тағйир дода, ниятҳои дар сарзамини тоҷикон фазои террористӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ, радикализмро ташкил намоянд, ин хаёли хом аст, ин афрод бояд шарм кунанд, гарчанд дар хориҷа онҳоро ҳамон хоҷаҳояшон дар канори худ нигоҳ дошта бошанду бозичаи дасти эшон бошанд ҳам, ободию осоиштагии халқи тоҷикро бояд дида тавонанд.

Халқи тоҷик ба ҳар мақолаву ҳамагуна ва фикрҳои ғаразноки бадхоҳони Ватан дигар бовар надорад. Ин нафаронро шарм мебояд дошт, ки баъд аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 15-уми октябри соли 2003 ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав номнавис шуда, ба фаъолият шуруъ кард. Муассисони ҳизб гӯё самти фаъолияти хешро бо тарҳи дигар роҳандозӣ намуда, барои пешрафту ободии кишвар, якпорчагии миллати тоҷик кӯшиш меварзиданд. Ба назари мардум ҳам чунин менамуд, ки ҲНИТ як ҳизбест, ки дар раванди иқтисодиву иҷтимоии миллатамон ислоҳоти куллие ворид месозад ва паҳлӯ дар паҳлӯи Сарвари давлат барои некӯаҳволии мардум саъй меварзад.

Сад афсӯс, ки аз уҳдаи фаъолияташон набаромаданду  то имрӯз кинаю адоват ва низои миллиро дар байни сокинони кишвар тарғибу ташвиқ намуда, дар руҳияи бадбинию мухолифи сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва ҳукумати конститутсионӣ ба роҳ монданианд.  Албатта, бояд гуфт, ки халқи тоҷик хатогии худро дарк карда, дар натиҷаи фиреб ва зудбоварӣ ба кадом мушкилоти вазнин дучор шуданро фаҳмида, зарурияти сиёсати созандаи имрӯзаи ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва сарвари оқилу тавонои онро эътироф карда, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон фаъолият карданро пеша намуд.

Халқи тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои сахтро фаромӯш нахоҳад кард ва нисбати он нафароне, ки ба дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд, сахт нафрат дошта, бар зидди онҳо муборизаи беамонро доим ба роҳ мемонад.

Ш. И.Кӯчибоев,
сармуаллими кафедраи педагогикаи
иҷтимоӣ ва касбии факултети педагогӣ 

Читать далее

Исломи сиесӣ ва оқибатҳои он

Дар тамоми ҷаҳон қонунҳои давлатҳои муташаккил, аз ҷумла, Тоҷикистон дахолати Ислом ба сиёсати давлат манъ шудааст, ки ин беҳуда нест. Мо Тоҷикистониён дар таърихи навини худ инро дидем ва зарари онро фаҳмидем.

Ибтидои солҳои Истиқлолият вақто, ки Ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ давлати нав бунёд мекарданд, ба созандагӣ машғул мешуданд, вале дар Тоҷикистон бо дахолати Ҳизби Наҳсати Ислом ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Бародар зидди бародар туфанг бардошт, хонаи якдигар, корхонаҳои саноатиро  сўхтанд.

Ҳатто Нерўгоҳи обии барқии Роғунро, ки барои Тоҷикистон ҳамчун обу ҳаво зарур буд валангор карданд. Ҳазорон-ҳазор соҳибилмон, ҳунармандонро аз мамлакат ронданд ва аз ҳама асосиаш мафкураи ҷавонони соҳибақлро  вайрон карданд. Баъди заҳмати зиёд Иҷлосияи  ҶVI Шўрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт ва ақли солим ин ҷо ғалаба кард. Ду тарафи муқобил бо ҳам сулҳ баст.

Мо аз паи созандагию бунёдкорӣ шудем. Заводу фабрика сохтем, нерўгоҳҳо қомат афрўхтанд ва ҳамаи ин пешравиҳои мо ба бадхоҳон маъқул нашуд, иғво бардоштанд, ҷавононро ба роҳи нодуруст ҳидоят карданд, боз Назарзода барин хоинон пайдо шуда, хуни бегуноҳонро рехтанд.

Хушбахтона мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба муқобили онҳо баромада, садди роҳи онҳо шуданд.

Афсўс, ки  ҳамаи ин ба як қабил ҷавонони гумроҳ дарси ибрат нашуд. Онҳо ҳоло ҳам, дар набардҳои давлатҳои хориҷа, аз ҷумла Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳои Арабистон ҷанг доранд. Онҳо намефаҳманд, ки барои чӣ ва ба манфиати кӣ меҷанганд. Бадбахтона як қабил волидони онҳо ба фарзандони дуруст тарбия надидаи худ, роҳи беҳтари зиндагиро нишон намедиҳанд. Ҷавонони имрўзаи мо бояд ба ҳамсолони гумроҳи худ, фаҳмонанд, ки мо як Ватан-Тоҷикистон дорем ва онро обод кунем, зидди ҳама гуна қувваҳои зараровар мубориза барем. Илм омўзем, дониш гирем ва ба ҳар гуна дасисаҳо бовар накунем, бар зидди ин қувваҳо оштинопазирона мубориза барем.

 Сабоҳат ЁРОВА,
муовини декан оид ба
тарбияи факултети филологияи рус дотсент

Читать далее

Сабур бошеду мунтазир!

“Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шӯълаҳои ҷонбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшанд. Се-чор рӯзи дигар монд.  Танҳо омода бошед. Ҳамин, ки шурӯъ шуд, ба мо бипайвандед. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғӯшта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншооллоҳ пирӯзӣ бо мост…” – ин сухани он буд, ки онҳо хиёнаткорони Ватани азизамон буданд, ин сухани ватанфурушон буд, ин сухани онон буд, ки динро ниқоб карда ҷавонони ояндасозро гумроҳ сохтан, ин сухани он буд, ки ҷавонони мамлакати хешро ба дигарон итоаткор кардан хостанд, ин сухани қотилони равшанфикрони миллат буданд.

Рафтору кирдори роҳбаронашон ҲНИТ нишон додода истодааст, ки нияташон холисона, пок нест. Баррасии парванда собит сохт, ки онҳо бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд. Фаъолияти ҳизбии худро дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон роҳандозӣ мекунанд. Новобаста ба ин, дар ҳошияи имзои  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, тибқи қарори Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти ҲНИТ дар ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд  ва  28 сентябри  соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. Ҳизб мебоист тибқи оинномааш-ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон амал мекард. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

ҳамаи даъвохо беасос буда, ин иғвогароии беҳуда мебошад.

 Н.Н.ҶЎРАЕВА,
муаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

Читать далее

Дар таъмини сулҳу ваҳдат якдилу яктан бошем!

Ифродгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидҳои суботи амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки аз тафаккури исломӣ бехабаранд ин гурӯҳро «Исломӣ» хонда мемонанд, ки ҳадафи чунин созмонҳо, ҷараёнҳо ба манфиати худ истифода бурдани давлатҳои ҳамсояаст ва дар ин масъала ҳар як шахс ҳушёрӣ ва зиракиро набояд, аз даст диҳад.

Иттиҳодияҳои экстремистии равияи ҳизбҳои «Наҳзати Ислом» ва «Салафия» ба амният ва суботи сиёсӣ, бехатарии иқтисодӣ ва зидди тамоми ҷаҳон равона карда шудааст. Ифротгароии ин равияҳо пеш аз ҳама ҷузъи таркибӣ ва ҷудонопазири шабакаи террористии «Ал-қоида» буда, зери ниқоби дини мубини Ислом золимию  кушторҳои оммавӣ ба амал оварда истодаанд.

Беҳуда нест, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам масъалаи экстремизм ва терроризм  ҳамчун омили хатарноки ҷаҳони муосир баҳогузорӣ шуда, қайд гардид “Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар кадоми мову шумо ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпарвар бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва ба ин роҳ Ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиамонро эҳтиёт ва ҳифз намоем”.

М.Ҳ.Азимова
 сармуаллимаи кафедраи назария ва методикаи
таълими забони модарӣ
Н.С.Собирова,
кафедраи назария ва
методикаи таълими забони модарии
 факултети педагогии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Шитобу бадӣ кори аҳриман аст…

Дар ҷаҳон ҳизбҳо ва гурӯҳҳои зиёди террористӣ ва ифротгароӣ фаъолият бурда истодаанд. Доираи фаъолияти гурӯҳҳҳои мазкур бештар ва фарохтар гардида, манотиқ ва кишварҳои навбанавро дар бар гирифта истодаанд.

Аксари сарварон ва пайравони гурӯҳҳои ифротӣ аз анҷоми бесамари кори худ огоҳанд, вале бо вуҷуди ҳамаи ин фаъолиятро афзуда истодаанд.Чаро дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон чунин зиддияту ҷангҳои беъманӣ идома меёбанд? Зеро ин нооромиҳо яке аз манбаъҳои бойшавии роҳбарон ва ҳомиёни гурӯҳҳои мухталифи ифротгарон мебошанд. Масалан, дар давлатҳои араби Шарқи Наздик мавҷудияти зиёди нафту газ ба сарварони ин гурӯҳҳо маблағҳо калон меоварад. Дар кишвари Афғонистон зиёд будани маводи диққати роҳбарони бештари гурӯҳҳои гунугунро ба худ кашидааст. Аз тарафи дигар, барои фаъолияти ҳама гурӯҳҳои ифротӣ давлатҳои мутараққии ҷаҳон маблағҳои калон сарф менамояд, то ба мақсадҳои ғаразноки худ ноил гарданд. Бештари роҳбарон ва сарварони гурӯҳҳои ифротгароӣ бо шиори «ҷиҳод зидди кофирон» ва тавассути дини Ислом, пеш аз ҳама манфиат ва ғарази худро амалӣ намуда, маблағҳои калон ба даст меоваранд. Ва вақте ба мақсад расиданд, пайравон ва тарафдоронро низ фаромӯш карда, худро канор мегиранд. Аз тақдири ояндаи пайравон ва ҷанговарони худ парвое надоранд. Ин матлабро борҳо тарафдорони гумроҳи ин гурӯҳҳо ошкоро баён намудаанд.

Дар натиҷа ҷангиёни ифротӣ, ки асосан ҷавонон мебошанд, аз тарафи қувваҳои давлатӣ несту нобуд карда мешаванд ё дастгир мегарданд. Ҳазорон ҷавонон, ки бо фиребу найранг ба дастаҳои ифротгарон ҷалб карда шудаанд, маҳф карда мешаванд. Табиист, ки оқибати беандешӣ ва нофаҳмии пайравони ин гурӯҳҳо марг аст. Зеро аҳли ҷомеа ҳеҷ гоҳ зулму ситам ва куштору ваҳшонияти ифротиёнро намебахшанд. Бештари нафарон ва ҷавонони гумроҳ хатои худро мефаҳманд, аз кардаи худ пушаймон мешаванд ва ҷавонии худро қурбони сиёсати фалокатбори сарварони гурӯҳҳои иртиҷоӣ менамоянд. Вале «шаҳид» шуда, вориди ҷаннат ҳам намешаванд,

чунки ҳеҷ гоҳ қотил ва ҷоҳил ҷаннатӣ нахоҳад шуд. Пас чунин қурбонии бемаънӣ баҳрӣ чист? Барои чанд тан «доҳиён» ва сарварони гурӯҳҳои ифротгароӣ, ки худ хуб мефаҳманд, ки бо қувваи мавҷуда бунёди Хилофат ғайриимкон аст.

Аз ҳамин лиҳоз, вазифаи аввалиндараҷаи мо ба аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавонон фаҳмонидани мақсадҳои ғаразноки ин ҳизбу гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои мухталиф мебошад. Зеро имрӯзҳо фаъолияти ин гурӯҳҳои экстримистӣ тамоми мардуми ҷаҳонро ба ташфиш ва изтироб овардааст. Бояд нисбат ба фаъолияту ҳаракатҳои зиддиинсонии онҳо тарғибу ташвиқот бештар гардад. Пеш аз ҳама, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ оид ба фаъолияти ин гурӯҳҳо, то ин ки тамошобин бевосита зулму ситам ва муборизаи бемаънӣ ва бемантиқи онҳоро бинад, таҳлил кунад ва хулоса барорад. Чунки чӣ хеле ки мегӯянд «шунидан кай бувад, монанди дидан аст», вақте шахс ваҳшоният ва бедодгариҳои ифротгаронро бевосита мебинад, таъсираш бештар ва муассиртар мебошад. Аз тарафи дигар, бояд бештар баромади аъзоёни гурӯҳҳои ифротие, ки аз банди ин ҳаракатҳо халос шудаанд, намоиш дода шаванд. Зеро онҳо ҷаҳолату разолат ва зулму ситами гурӯҳҳои гуногуни ифротиро худ дидаанд ва хуб эҳсос кардаанд. Ва метавонанд, оид ба фаъолияти онҳо беҳтар ва равшантар нақл кунанд ва маълумоти мушаххастар бидиҳанд. Инчунин доир ба нақша ва мақсадҳои ҳизбҳо ва гурӯҳҳои ифротгароӣ мулоқот ва вохӯриҳо бо ҷавонон ҷолибтар ва ҷонноктар бояд бошанд ва лаҳзагӣ набуда, мунтазам идома ёбанд.

З.А. Раҳмонов,
мудири кафедраи фанҳои
умумитаълимии ДПДТТ

Читать далее

Хирадманд бошу беозор бош

Вақте ҳаёти ҷавонони саодатманди кишварамон, таҳсилу фароғат ва рӯзгузаронии онҳоро мебинем, ба ояндаи дурахшони онҳо боварӣ меафзояд. Зеро танҳо дар фазои ҳаёти осоишта ҷавонон имкон пайдо мекунанд, тарбияи хуб гиранд, таълим намоянд, касби дилхоҳ интихоб карда, дониш ва фаҳмишашонро такмил диҳанд, ҷаҳонбиниро васеъ намоянд ва илм омӯзанд.

Дар фазои сулҳу субот ҷавонон имконияти амалӣ намудани орзуву омоли худро доранд. Дар натиҷаи таълиму тарбияи дурусту мувофиқ, ҷавонон имконияти эҳтирому сипоси калонсолон, пос доштани анъанаҳо ва урфу одатҳои аҷдодони сарбаланди худро пайдо мекунанд. Дар ниҳоди онҳо мафкураи ватандӯстӣ, гуманизм, худшиносӣ ва худогоҳӣ, қадр намудани дастовардҳо ва комёбиҳои кишвари азиз беш аз пеш пурқувват мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон намудаанд. Чунки ба ояндаи неки ҷавонон, ҳаёт ва тақдири онҳо, таълиму тарбия ва мақому мавқеи онон дар ҷамъият диққати калон медиҳанд. Дар ободонӣ ва рушди кишвар ҷавонон саҳми арзанда гузошта, мунтазам мехонанд, меҳнат мекунанд ва фароғати хуш доранд. Дар чорабиниҳо, озмунҳо, олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ фаъолона иштирок намуда, ба комёбиҳои калон ноил гашта, мавқеъ ва мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ машҳур мегардонанд. Ҳама муваффақиятҳо ба шарофати сулҳу субот ва оромии кишвар, рушди ҷумҳурӣ дар ҳама соҳаҳо ва ояндаи дурахшони миллату давлат мебошад.

Мутаассифона, ҳаёту фаъолияти ҷавонони гумроҳи дигареро ҳам мушоҳида менамоем, ки ба ташвиқоту тарғибот ва ваъдаву фиреби пешвоён ва сарварони ҳизбу гурӯҳҳои мухталифи ифротгароӣ дода шуда, ба ҳаракати онон шомил гардидаанд. Аз як тараф, баҳри иҷрои

мақсадҳои ғаразноки роҳбарони ифротӣ ба куштор, таҷовуз, ғоратгарӣ ва зулму ситам даст задаанд. Аз тарафи дигар, шаъну шарафи кишвар, обрӯву эътибори оила, волидайн ва пайвандони худро паст зада, дар байни ҷамъият онҳоро сархам намудаанд. Роҳбарони гурӯҳҳои ифротгароӣ чунин ҷавононоро дар руҳияи золимӣ, бераҳмӣ, харобоварӣ, итоаткорӣ ва фармонбардорӣ тарбия карда, иҷрои бечунучарои гуфтаҳои сарваронро талаб менамоянд. Ҷавонони мазкур бо кирдор ва рафторашон худро ба муқобили аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ зид гузошта, бо ҳамин «қаҳрамонии бемаънӣ» фахр ҳам мекунанд. Бешубҳа, оқибати ин ҳама гумроҳӣ пушаймонӣ ва марг мебошад, чунки танҳо нодон орзуи тасарруфи тамоми ҷаҳонро дар дил мепарварад. Инсони соҳибақл ҳеҷ гоҳ ба чунин кирдорҳои нохалаф ва бебунёд даст намезанад. Ин ҷавонони гумроҳ дар дасти пешвоён ва сарварони ифротгарон бозичае беш на- буда, барои расидан ба мақсадҳои разилонаи худ онҳо пайравон ва тарафдорони худро устодона истифода мебаранд. Мафкураи ҷавонони бетаҷрибаро бо ақидаҳои бардурӯғ ва хатарнок заҳролуд карда, онҳоро ба вартаи нестиву нобудӣ равона менамоянд.

З.А. Раҳмонов,
мудири кафедраи фанҳои
умумитаълимии ДПДТТ

Читать далее

Ватандорӣ, ба гуфтор аст ё кирдор ё ҳар ду

Ҳамон шахсеро соҳибватан ҳисобидан мумкин аст, ки бо кору пайкори нек саҳми худро барои пешрафти ватани азизаш мегузорад. Лекин дар ҷомеаи имрӯза бархе аз шахсонеро дидан мумкин аст, ки барои манфиатҳои шахсии худ бо суханфурӯшӣ мекунанд.

Ватан бебаҳотарин муқаддасот аст, ки инсон дар канори гарми он ба воя расидаву аз меҳрубониву навозишаш ҳаловат мебарад ва аз ободиву осудагиаш қалби худро ором намудаву дар ҷустуҷӯи комёбиву пешравияш то ҳадди имкон мекӯшад. Беҳтарин инсон ҳамонест, ки дар ватани худ зиндагӣ намудаву барои осудагиву ободӣ, муаррифиву побарҷогӣ ва тарақиёти меҳани худ талош мекунад ва аз ҳавои биҳиштосояш нафас кашидаву насли солимро барои ояндаи он ба камол мерасонад. Бахусус, дар замони имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатари ҳаракатҳову созмонҳои террористӣ ва гурӯҳҳои тундгарро таҳдид менамояд, вазифаи муқаддаси ҳар фарди худогоҳу худшиноси тоҷик аст, то барои миллати куҳанбунёди худ насли солиму бомаърифат ва ватандӯсту ватанпарварро тарбия намояд, зеро дар оянда тавонад бо ин ҳама хислатҳову амалҳои наҷибаш давлату сарзамини худро пос нигоҳ дорад.

Боиси нигаронист, ки имрӯз иддае аз мардуми дур аз илму маърифат ва беиродаву ноқис барои ночизтарин молу сарват даст ба амалҳое мезананд, ки ба ҳастиву оромӣ ва обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъсир мерасонад. Пеш аз ҳама шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои террористӣ, имрӯз ҷомеаи солими тоҷикро нигарон намудааст, зеро ин қабил ҷавонон бар ҷойи он, ки барои манфиати давлату сарзамини бемисли худ хизмат намоянд, баръакс ба манфиати шахсону давлатҳои алоҳидае хизмат менамоянд, ки мехоҳанд сулҳу ваҳдати на танҳо Тоҷикистони якпорчаро, балки ҷомеаи ҷаҳониро зери хатари ҷиддӣ қарор диҳанд. Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо ҷавонони макотиби олии мамлакат, ки бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид, қайд намуданд, ки алъон зиёда аз 400 нафар ҷавонони тоҷик шомили ин гурӯҳҳо гардидаанд ва мутаассифона баъзе аз онҳо бо оилаҳои худ дар он ҷой қарор доранд ва бештари онон ҷавонони синни аз 18-28 сола мебошанд, ки дар байни онҳо ҳамчунин ҷавонони соҳибмаълумот низ қарор доранд.

Мо имрӯз бояд ба воқеият нигарем. Ба ҷомеаи мутамаддину давлатҳои муттараққӣ. Аз баъзе ақидаҳои беасос ва бебунёди харобиовар даст кашем,  ба мазмуну моҳияти Қуръон ва ислому мусалмонӣ дуруст сарфаҳм равем. Барои одами Худодӯст ин ҳама дину мазҳаб ҳеҷ аст.Дину мазҳаб бояд одамро накӯкор кунад,на дилозору мардумхор.

Дини ман мастур дар кори ман аст

Пардабардори кирдори ман аст 

М.Ҷӯраева, З.Бобоева,
муаллимони кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии факултети педагогӣ
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее