23 October 2017

МУЖДАИ ЗАФАР. Пахтакорони вилояти Суғд дурнамои истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро намуданд

Кишоварзони вилоят бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолӣ, бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳо, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об корҳои муайянро ба анҷом расонида, дар самти амалисозии рушди устувори соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Яке аз дастовардҳои кишоварзони вилояти Суғд иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта мебошад. Бино ба иттилои бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пахтакорони вилоят аз шароитҳои мавҷуда ва боду ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, нақшаи муайянгардидаро сарбаландона иҷро намуданд. Тибқи нақшаи тасдиқшуда кишоварзони вилоят мебоист 95 000 тонна пахта истеҳсол менамуданд ва ба санаи 23 октябр дар вилояти Суғд 96 969 тонна “тиллои сафед” истеҳсол гардид, ки ба 102,1 фоизи нақша баробар аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Омодагии хоҷагии халқи вилоят ба давраи зимистонгузаронӣ дар сатҳи хуб қарор дорад

Санаи 20 октябри соли равон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат, сардори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ оид ба масъалаи зимистонгузаронӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода ифтитоҳ намуд. Сипас оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018»  дар вилояти Суғд муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода маълумот дод.

Читать далее

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Дирӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, аз ҷумла, омадааст:

Читать далее

Самаранокиву фаъолнокии бештар мебояд…

Дар Маркази фарҳанг маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нӯҳ моҳи соли 2017 доир гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сарварони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, миёнаи махсус ва олӣ намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Ҷаласаро раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.

Сипас, муовини раиси шаҳр Раъно ҳошимзода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин давра иттилоъ дода афзуд, ки “Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ, новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, корхонаҳои саноатии шаҳр, мутобиқ ба шароити нави иқтисодии бозорӣ ва пайдошавии рақобати озод дар бозорҳо, дар ҷанбаҳои мухталиф фаъолият бурдаанд, ки дар натиҷа шумораи умумии корхонаҳои хурду калони саноатӣ ба 155 адад расид. Маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда бошад бо назардошти тақсимоти барқ, газ ва об нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126,8 миллион сомонӣ, ё 22,4 дар сад афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 693,3 миллион сомонӣ расид. Дастовардҳои ноилгаштаи нишондиҳандаҳои ҳамаи самтҳои иқтисодию иҷтимоии ин давра имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 103,4 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 103,7 фоиз таъмин шуда, аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 8,3 миллион сомонӣ ва 3,6 миллион сомонӣ маблағ зиёд ба буҷет ворид гардидааст”.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баррасии масъалаи рӯзномаи ҷаласа вобаста ба камбудиву норасоиҳо  аз роҳбарони соҳаҳои дахлдор пурсиш ба амал овард.

Дар ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иштирок намуда доир ба нишондиҳандаҳои асосии вилоят маълумот дод. Дар фарҷом аз фаъолони шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки дар самтҳои муайян фаъолиятро пурзӯр намуда, баҳри ободонии маркази вилоят саҳми назаррас гузоранд.

Дафтари матбуоти
раиси шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Писанди сайёҳон

- Шаҳри Хуҷанд дар байни даҳ шаҳрҳои ҷаҳон чун шаҳри озодаву зебо шинохта шуд, - қайд кард намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар нишасти матбуотии ҷамъбасти соли ду ҳазору шонздаҳум. Дар ҳақиқат чанд соли охир маркази вилоят дар тозагӣ, озодагӣ, ободонӣ чун мавзеи писандидаи сайёҳон дониста шуда, аксари хориҷиён ҷиҳати ободонӣ, бунёди иншооти нав ва хизматрасонӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо баҳои арзанда доданд. Боиси ифтихор аст, ки имрўз Қасри фарҳанги бошукўҳу таърихии Арбоб, Боғи ҳамешасабзи ба номи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааи фарҳангии «Истиқлол» ва гирду атрофи он, Маркази фарҳангии Суғдиён ва дигар мавзеъҳои шаҳр зебову дилрабо гаштаанд. Ба мушоҳида мерасад, ки дар мавзеъҳои фароғатгоҳ сокинони маркази вилоят ва гирду атрофи он ҳамроҳи пайвандони хеш то бегоҳ сайругашт доранд. Чароғонкунии кўчаҳо ва гулгаштҳо, бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёнаи замонавӣ ҳамаи ин аз соҳибистиқлолии Ватан, беҳ гаштани вазъи иқтисодии кишвар, ба истифода додани даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, сол аз сол зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ дарак медиҳанд.

Дар корҳои ободонӣ ва тозагии шаҳр дар қатори муҳандисон, сохтмончиён, корхонаҳои хизматрасонанда, аз ҷумла саҳми Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд низ назаррас аст. Имрўз дар ин коргоҳ 30 нақлиёти партовкашон ба 175 нуқтаи партовпарто хизмат мерасонанд. Ҳоло дар ин нуқтаҳо 780 қуттии партов мавҷуд аст, ки аз он 400 ададаш ба корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои тиббӣ ва маориф гузошта шудаанд.

Гарчанде мувофиқи талаботи стандарти ҷаҳонӣ нуқтаи партовгоҳ аз биноҳои истиқоматӣ дар масофаи 15 метр бояд дур бошад, мутаассифона, он на дар ҳамаи хонаҳои баландошёна риоя карда шудааст. Шояд дар баъзе мавзеъҳо бунёди номураттаби биноҳои баландошёнаи замонавӣ низ ба он боис гардида бошад. Дар ин бобат ҳангоми мусоҳиба бо намояндагони идораи оташхомўшкунӣ низ эрод гирифта шуда буд. Зеро баъзе соҳибкорон ҳангоми сохтмон масофаи байни биноҳоро риоя накардаанд, ки дар натиҷа дар ҳолатҳои нохуш нақлиёти оташхомўшкунӣ низ бемамониат аз байни хонаҳои баландошёна убур карда наметавонад. Ва ҳамин ҳолат боис гардидааст, ки масофаи байни биноҳои истиқоматии баландошёна ва нуқтаҳои партовгоҳ сарфи назар карда шаванд. Бо вуҷуди мавҷудияти монеаҳо кормандони КВДК хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд баҳри тозагии маҳаллаҳои истиқоматӣ, корхонаю ташкилотҳо кўшиш ба харҷ дода, партовҳоро сари вақт ҷамъоварӣ менамоянд. Нақлиёти партовкашон барои сокинони хонаҳои баландошёна ҳар рўз ва дар маҳаллаҳо тариқи бонгӣ ҳафтае як маротиба хизмат мерасонанд. Тавре сарвари коргоҳ Ҳайдарҷон Ишонқулов қайд мекунад, ҳафтае як маротиба ба маҳаллаҳо гаштан мувофиқи матлаб нест, вале аз рўи лоиҳаи тасдиқгардида, дар назар аст, ки гаштузори нақлиёти партовкашон дар маҳаллаҳои истиқоматӣ ҳафтае ду маротиба сурат хоҳад гирифт.

- Мо кўшиш ба харҷ медиҳем, ки хизматрасониро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар созем, хосатан дар маҳаллаҳо, зеро баъзе аз партов вобаста ба таркибаш ба саломатии инсон хатар дорад. Азбаски шумораи аҳолӣ рў ба афзоиш ниҳодааст, миқдори партовҳо ҳам зиёд аст. Хосатан, солҳои охир партовҳои сохтмонӣ, полиэтиленӣ, кимиёвӣ бештар ба назар мерасанд, ки ҳамаи он ба саломатӣ зараровар мебошанд.

Пурсида мешавад, ки партовҳои ҷамъоваригардидаро ба куҷо мепартоянд? Аз соли 1974 инҷониб партовҳо тибқи стандарти ҷаҳонӣ дар минтақаи шимолу шарқии мавзеи Мевағул дар чуқурии 10-20 метр гўрондаи шуда, болои он бо материали махсуси геотекстил, 30 сантиметр хоку 50 сантиметр шағал пўшонида мешавад. Ҳар рўз аз нуқтаҳои партовкашон 50 метри мураббаъ ва дар рўзҳои шанбе то ба 80 метри мураббаъ партов мекашонанд.

Алҳол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки таҷдид ва рушд созишнома баста шуда, чанде пас имкон пайдо мегардад, ки партовҳоро ба навъҳо ҷудо созанд. Чунин тарзи корбарӣ ба мо имкон медиҳад, ки баъзе аз навъҳои ҷудогардидаи партовҳо пас аз коркард дуюмбора мавриди истифода қарор бигиранд, - қайд кард зимни суҳбат Ҳ.Ишонқулов.

Дар коргоҳ 180 нафар фаъолият мебаранд, ки аксари онон собиқаи кории зиёда аз чилсола дошта, имрўз дастпарварони хешро доранд. Тавре кормандони коргоҳ, собиқадорони арсаи меҳнат, ронандагон Абдулаҳай Худойбердиев, Ҳомид Тўхтаев, таъмирчиён Ашрафбой Исломов ва Ҳусейн Дадоҷонов изҳор медоранд, баъзе аз бемориҳо аз ифлосиҳо сар мезананд, бинобар ин кормандон саъй доранд, кўчаҳои шаҳр ҳамеша тозаву дилкаш бошанд.

- Ба мо ҳам он хабари хуш расид, ки шаҳри мо чун яке аз беҳтарин ва тозатарин шаҳрҳои ҷаҳон шинохта шудааст, аз ин рў, кўшиш ба харҷ медиҳем, ки тозакориро идома дода, дар озода нигоҳ доштани он, ки «Тирози ҷаҳон» меноманд, саъю кўшиш намоем, - гуфт дар анҷом сарвари коргоҳ Ҳайдарҷон Ишонқулов.

Т. АЛИЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҳунар – қосиди таърихи муштарак

Шукри давлати соҳибистиқлол ва пайдо шудани робитаҳои дўстиву ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ўзбекистон, ки ҳунармандзанони маркази таълимӣ-истеҳсолии «Дугонаҳо» ва «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Монадҷон Осимова ва Иноят Орифова тавонистанд ба давлати ҳамсоя сафар карда, аз ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Тошканд дидан намоянд, дар баробари шиносоӣ бо маданияту фарҳанги ин кишвар аз нозукиҳои ҳунари адрасбофии ўзбекистониён аз наздик шинос шаванд.

Иноят Орифова бо хурсандӣ иброз медорад, ки алҳол барои давом додани касби аҷдодӣ-адрасбофӣ шароит муҳайё гашту насли навин метавонад бо ин ҳунари ниёгон ошно шавад, барои худ шуғли доимӣ пайдо намояду дараҷаи некўаҳволии хонаводаашро баланд бардорад. Адрасбофӣ барои оилаи Орифовҳо аҷдодӣ буда, ин ҳунари волоро Инояти ҳанўз замони наварўсӣ аз хусуру хушдоманаш ба пуррагӣ омўхта буд. Нусхаҳои «Пахта», «Таманно», «Шоми Хуҷанд», «Коса», «Анор» ва ғайраҳо он замон маълуму машҳур буда, харидорони зиёд доштанд. Муддате чанд ин ҳунари аҷдодӣ аз байн рафта бошад ҳам, боиси хушнудист, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар бобати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомўзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин ва ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи занҳои муҳоҷир чанд сол инҷониб бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сўзанидўзӣ, атласу адрасбофӣ рушд карда, дар ин муддат дар вилоят зиёда аз 150 маркази таълимию истеҳсолӣ таъсис ёфтааст. Наздик 250 нафар ҳунарманд ин ҳунари аҷдодиро ба беш аз 1200 нафар шогирд омўзонида, нозукиҳои адрасбофиро сари наздик 500 дастгоҳи атласу адрасбофӣ нишаста, аз худ намоянд.

Ба Иноятҷони ҳунарманд, ки то имрўз ҳатто аз ҳудуди зодгоҳаш берун набаромада буд, таклифи сафари Ўзбекистон як қадар ҳаросро дар дилаш бедор кард. Аммо шавқу завқи шуғли пешакарда ва меҳру муҳаббати беандозааш нисбат ба ҳунари адрасбофӣ ўро ба ин сафар ҳидоятгар шуд. Зиёда аз ин мехост бо расму оин ва анъанаҳои мардуми кишвари дўсту ҳамсоя аз наздик шинос шавад.

- Бо тайёра парвоз доштему худро хушбахттарин дар ҷаҳон тасаввур кардам. Борҳо ба ҳамсафаронам, ки аз Хуҷанду Хатлон, Қўрғонтеппаву дигар мавзеъҳои ноҳияҳои тобеи Марказ буданд, муроҷиат карда, хурсандиамро пинҳон дошта наметавонистам. «Наход мо дар осмони Тоҷикистони азиз қарор дошта бошем» мегуфтам ба онҳо. Тавассути қатораи истеҳсоли ватании «Афросиёб»-и Ҷумҳурии Ўзбекистон сайри шаҳрҳои Марғелону Бухоро ва Тошканд доштем. Сари ҳар қадам дидани биноҳои истиқоматии қадимасохт, мағозаю марказҳои фурўши маҳсулоти дастӣ, аз қабили қолинбофиву гилембофӣ ва дигар маҳсулоти абрешимӣ шаҳодатгари он буданд, ки Тошканду Бухоро ва Самарқанд шаҳрҳои сайру тамошо ҳастанд. Шиносоӣ бо ҳунармандони Ўзбекистон ва маҳсули эҷоди онҳо бароям хеле писанд гашту бардоште барои худ намудам, - иброз дошт Иноят Орифова.

- Шуруъ аз моҳи сентябри соли 2015 иқдоми неки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи эҳёи анъанаҳои миллиро тамоми мардуми Суғдзамин ба некӣ пазируфтанд. Ҳоло шумораи марказҳои таълимию ҳунаромўзӣ ба маротиб зиёд гашта, занону духтарон бо омўзиш ва истеҳсоли ин ҳунари қадима машғуланд. Пас аз истироҳату фароғат ва сайри мавзеъҳои таърихӣ мо, як гурўҳ ҳунармандзанони суғдӣ бо нозукиҳои ҳунари адрасбофони тошкандӣ шинос шудем. Дар аввал гумон кардам, ки матоъҳои истеҳсолкардаи ўзбекистониён мисоли ҳунармандзанони мост. Аммо баъди шиносоии чандинрўза дарк кардам, ки фарқият байни матоъҳо дар ҳақиқат вуҷуд дорад.

Бофтани матоъ аз тарафи ҳунармандони тошкандӣ сурат гирифт, маро беихтиёр ба олами наврасию ҷавониам бурда, дилам лабрези шодию нишот гардид. Баробари ба кишвар омадан мо ҳамроҳи Иноятҷон ба зудӣ он чӣ, ки дида будему омўхтем, дар амал санҷиданӣ шуда, ба кор шуруъ кардем, ки натиҷаи хуб овард. Минбаъд кўшиш менамоем, ки матоъҳои нафису ҷилодорро пешкаши харидорон ва ҳаводорони либосҳои миллӣ гардонида, атласу адраси ватаниро дар тани духтарону занони тоҷик бубинем, - қайд намуд Монадҷон Осимова.

Таассуроти Монадҷону Иноятхон дар бобати сафари худ ба кишвари ҳамсоя ба андозае зиёд аст. Онҳо боварии комил доранд, ки ин ду халқи ба ҳам дўсту бародар бо эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ-сўзанидўзиву қуроқдўзӣ, кашидадўзиву гулдўзӣ, атласу адрасбофӣ метавонанд, пеш аз ҳама, рўҳи гузаштагонро шод гардонанд, маҳсули дастони онҳоро аз нав зинда карда, барои имрўзиён муаррифӣ намоянд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Баргузории намоиши “Молҳои истеҳсоли Тоҷикистон” дар Ўзбекистон

Муносибатҳои дипломатӣ ва равобити дўстии тоҷикону ўзбекҳо дар солҳои охир хеле густариш ёфта, метавон натиҷа гирифт, ки доду гирифт ва ҳамкории ҷонибҳо дар марҳалаи сифатан нав ва умедворкунанда қарор дорад.

Далели гуфтаи боло баргузор шудани Рўзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ўзбекистон боз як қадами ҷиддӣ ба самти дўстиву ҳамгироӣ буд, ки ба дунболи он дар «Маркази намоишгоҳи Ўзбекистон»-и шаҳри Тошканд намоиши маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Молҳои истеҳсоли Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар намоишгоҳи мазкур намояндагони беш аз 500 ширкату корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд ва намунаҳои маҳсулоти худро ба маърази кишвари ҳамсоя ба намоиш гузоштанд. Дар навбати худ мизбонон аз чунин ҳамоиши деринтизор, ки омоли ҳар яки эшон аст, ба хубӣ истиқбол намуда, аз ҷониби соҳибкорону ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Ўзбекистон як қатор пешниҳоду дархостҳои назаррас ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Аз ҷумла, дар рафти намоиши маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ўзбекистон минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Суғд» муаррифӣ гардида, соҳибкорони тоҷику ўзбек бо нақша ва дастовардҳои ҳамдигар ошноӣ пайдо намуданд ва ҷиҳати роҳандозии робитаҳои мустақиму бевоситаи истеҳсолӣ гуфтушунид анҷом доданд.

Соҳибкорони тоҷик ба мардуми меҳмоннавози Ўзбекистон намунаи маҳсулоти баландсифати ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгўи худро аз ҷумла, сементи навъи олӣ, профил, ноқил ва маҳсулоти алюминий, дару тиреза ва лўлаҳои қутрашон гуногуни пластикӣ, ҷавоҳирот, сангҳои ороишиву гаронбаҳо, маҳсулоти қаннодӣ-шоколаду ширинӣ, обҳои маъдании табиатан тоза, намаку хушкмева, маҳсулоти консерваи шириву гўштӣ, бофандагию ресандагӣ, чармӣ ва полиграфӣ, дастгоҳу таҷҳизоти тиҷоратӣ, лампаҳои диодӣ, қолину адрасу атласи миллӣ ва дигар имконоти хизматрасонии сайёҳиро муаррифӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз вилояти Суғд ҳудуди 50 номгўи маҳсулот дар намоишгоҳ муаррифӣ гардида, дар маҷмуъ байни соҳибкорони тоҷику ўзбек зиёда аз 20 қарордоди доду гирифт ва инчунин оид ба истеҳсолоти муштараки молҳои бозоргир 6 қарордоди дигар ба имзо расид, ки аз ояндаи ҳамкории судманди ҷонибҳо дарак медиҳад.

Тибқи иттилои Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур байни Тоҷикистону Ўзбекистон беш аз 50 миллион доллари ИМА шартномаю қарордодҳои корӣ ба имзо расидаанд.

Аз ҳама муҳим дар рафти ҳамоиш байни палатаҳои савдою саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон Созишнома дар бораи таъсис додани Шўрои кории тиҷоратию иқтисодии «Тоҷикистон-Ўзбекистон» ба имзо расид, ки барои соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии ду ҷониб кўмаки ҳамаҷониба мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан намоиши маҳсулоти Ўзбекистон дар Тоҷикистон баргузор ва Маркази иқтисодии Ўзбекистон дар вилояти Суғд ифтитоҳ гардида буд, ки ҳамкории ду ҷумҳурии дўст ва бародари чандинасраро боз ҳам истеҳком мебахшад.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее