24 October 2017

Якдилии мо Ваҳдати мост

Дар ноҳияи Деваштич бо иштироки намояндагони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева, Шуҷоат Ҳасанова, Мирзоаъзам Мақсудов ва Додохон Эгамзод ва як қатор намояндагони касбу кори гуногун бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи Ваҳдати мардуми тоҷиконро ба як мавзуи марказии сиёсати худ қарор додаанд. Дар мулоқоту вохуриҳо бо мардуми кишвар, дар суҳбатҳои хоса бо аҳли зиё, соҳибкорону тоҷирон ва деҳқонону коргарон аз тинҷиву амонӣ ва сулҳу субот, ки ин ҳама неъмати бебаҳост ҳарф заданд.

Оиди  Қонунҳои Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ андешаронӣ карда, баҳри таълмиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи миллату давлат ҳастанд суханони баҳоят пурмуҳтаво гуфта шуд. Инчунин дар мавриди ба исрофкорӣ дар тӯю маъракаҳо роҳ надоданд ва пос доштани фарҳанги миллиамон ибрози ақида намуданд.

Лоиқ Тўйчиев,
мутахассис оид ба иттилооти
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Читать далее

Нашъа - вабои аср

Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон семинари байналмилалӣ дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон дар мубориза бар зидди нашъамандӣ» баргузор гардид.

Котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён ва котиби иҷроияи ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода ҳамтоёнашонро, ки аз давлатҳои Италия, Туркия, Эрон, Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфтанд. Қайд шуд, ки ин чорабинӣ баҳри пешгирии нашъамандӣ байни ҷавонон кӯмак мекунад.

Масъулини Ҷамъиятҳои ҳилоли Ахмар ва Салиби сурх Бара Массимо аз Италия, Аҳмад Ҷовид Шарафӣ аз Афғонистон ва чанде дигарон аз пазироӣ ва фароҳам овардани шароити хуб барои баргузории семинар изҳори сипос гуфтанд. Қайд намуданд, ки имрӯз нашъамандӣ вабои аср дар миқёси ҷаҳон гардидааст. Махсусан ҷавонон бештар ба ин амали номатлуб даст мезанад.

Нашъамандро бояд бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва бештар ҷалб намудан ба варзиш ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуд.

Дар давоми чор рӯз иштирокчиёни семинар мубодилаи афкор намуда, аз таҷрибаи кори хеш ҳикоя намуданд.

Абдуҳамид ҶӮРАЕВ,
сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Камйодии намак – омили паҳншавии бемории ҷоғар

Дар вилояти Суғд зимни муоинаҳои тиббии 9 моҳи соли равон беш аз 22 ҳазор гирифтори чоғар ба қайд гирифта шудааст. Коршиносон мегўянд, ки истеъмоли намаки бейод ва ё камйод сабаби аслии густариши ин беморӣ на танҳо дар миқёси вилоят, балки дар тамоми қаламрави Тоҷикистон мебошад.

Сабаби пайдоиши ҷоғар ва пайомадҳои он

Йод ба инсон чун об, ғизо ва витаминҳо зарур аст. Организми одам бо йод асосан тавассути ғизо таъмин мешавад.

Тоҷикистон мисли бисёр кишварҳои дигари кўҳистон минтақаи норасоии йод мебошад. Дар мо мавҷудияти йод дар хок хеле паст аст. Ин аст, ки растаниҳо ва гўшти чорвое, ки истеъмол мешаванд, ба миқдори зарурӣ йод надоранд.

Гарчанде ки Тоҷикистон тавонист дар солҳои охир ба пешравии назаррас дар самти паст кардани паҳншавии бемориҳои норасоии йод дар байни аҳолӣ ноил шавад, бо вуҷуди ин нишондиҳандаҳои бемориҳои норасоии йод, бахусус дар деҳот ҳанўз ташвишовар аст.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ мегўянд, ки сабаби асосии мубтало шудан ба бемории ҷоғар норасоии йод дар бадани одам аст. Яке аз нишонаҳои ҷоғар варами қисми пеши гулў мебошад. Аломатҳои дигар инҳоянд: хасташавии зиёд, арақкунӣ, пастшавии қобилияти фикрронӣ ва азхудкунӣ дар хониш, қадпастии кўдак, асабоният, дилтангӣ, пастшавии қобилияти биниш ва шунавоӣ, вайроншавии кори дил, дарди сар, бемадорӣ, сустшавии қобилияти меҳнатӣ, нафастангӣ, дилзанӣ, инчунин вайроншавии давраи ҳайзи занон. Инкишофи ҷисмонии кўдакони мубталои ҷоғар суст мешавад, зеро он ба системаи хунгарди инсон таъсир расонида, фаъолияти дурусти баданро халалдор мекунад.

Дар навбати худ, камйодии занони ҳомила боиси бачапартоӣ шуда метавонад. Пизишкон тавсия медиҳанд, ки зимни пайдо шудани нишонаҳои бемории ҷоғар, шаҳрвандон бояд фавран ба муассисаҳои дахлдори тиббӣ муроҷиат карда, саривақт муолиҷа гиранд.

Барои калонсолони солим миқдори зарурии йод дар як шабонарўз 150 мкг, барои кўдакон бошад, 200 мкг аст. Ҳамин миқдор йод барои солим нигоҳ доштани организм кифоят мекунад. Бояд гуфт, ки барои организм ҳам нарасидани йод ва ҳам аз меъёр зиёди он зарар дорад.

Санҷиши йоднокии намак

Дар Тоҷикистон йод барои талаботи ҳамарўзаи мардум асосан ба воситаи намаки ошӣ таъмин карда мешавад. 2-юми декабри соли 2002 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йодноккунии намак» қабул гашт, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии тадбирҳои вобаста ба йодноккунии намакро бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод муқаррар намуда, муносибатҳои дар ин соҳа ба миёнояндаро танзим мекунад.

Он халтачаҳои намаки ошие, ки дар бозору мағоза ва марказҳои тиҷоратии вилояти Суғд фурўхта мешаванд, то кадом андоза дар таркибашон миқдори зарурии йод доранд? Бино ба иттилои сардори дафтари матбуоти «Тоҷикстандарт» Маҳкамбой Каримов солҳои охир корхонаҳои коркарди намак ба сифат ва таркиби он аҳамияти хоса медиҳанд. Ба қавли ў, баргузории рейду санҷишҳо нишон доданд, ки сифати намаки ошии дар бозорҳои вилояти Суғд ба фурўш гузошташуда ҷавобгўйи талабот мебошад.

Дастрасӣ ба кони намаки Ашт озод аст?

Яке аз роҳҳои асосии кам кардани бемориҳои камйодӣ ин беҳтар кардани ҳолати истеҳсол ва истеъмоли намаки йоднокшуда мебошад. Дар вилоят танҳо як корхонаи истеҳсоли намак, воқеъ дар ноҳияи Ашт фаъолият мекунад. Кони намаки он дар мавзеи кушод ҷойгир буда, эҳтимоли аз ин захираи табиӣ истифода кардани ҳар нафар вуҷуд дорад. Вале ба гуфтаи роҳбарият, ҳудуди корхона зери назорати қатъӣ гирифта шудааст.

Дар бозору фурўшгоҳҳои маркази вилоят, ки мо аз назар гузаронидем, асосан маҳсулоти ҶСП “Кони намак”-и ноҳияи Ашт ба фурўш гузошта шудааст. Ба гуфтаи роҳбарияти ин корхона, ба таркиби намаки он зимни коркард ба воситаи дастгоҳҳои махсус миқдори муайяни йод илова карда мешавад.

Замони Шўравӣ ин корхона дар як сол то 35 ҳазор тонна намак истеҳсол намуда, аҳолии ҷумҳурӣ ва водии Фарғонаро бо ин намуди маҳсулоти ғизоӣ таъмин мекард. Айни замон кормандони он ҳамарўза аз 25 то 27 тонна маҳсулотро бандубаст мекунанд. Масъулини корхона мегўянд, ки ба сифат ва таркиби намак аҳамияти хоса медиҳанд, аз ин рў, талабот ба ин маҳсулот бештар шудааст. Онҳо ният доранд, ки содироти намакро ба ғайр аз Қирғизистону Афғонистон ба Русия ва кишварҳои дигари ИДМ ба роҳ монанд.

Қоидаҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи саломатӣ

Чунонки Диловар Домуллоҷонова, духтури дараҷаи олӣ, мудири шуъбаи дуюми Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд қайд мекунад, барои мавҷудияти йод дар намаки ошӣ шароити нигаҳдории намак низ таъсир мерасонад. Намнокии ҳаво ба йоднокии намак таъсир расонида метавонад. Ғайр аз ин, намаки йодноккардашударо баъди тайёр шудани хўрок бояд илова кард, зеро таъсири ҳарорати баланд йодро нобуд мекунад. Дар зарфҳои махсус нигоҳ доштани намак ҳатмист. Шуои офтоб низ ба йод таъсири манфӣ мерасонад. Муҳлати истифодаи намаки йоднок як сол мебошад.

Табибон таъкид мекунанд, ки шаҳрвандон бояд ҳангоми нигаҳдорӣ ва истифодаи намаки ошӣ ба ин қоидаҳо аҳамият диҳанд ва ҳар як нафар ҳангоми харидорӣ ва истифодаи он бояд ба сифат, таркиб, йоднокӣ, санаи истеҳсол ва нигаҳдории он дар шароити хона диққат дода, бо ин роҳ саломатии худ ва аҳли оиларо ҳифз намояд.

 

Сурайё ҲАКИМОВА,
Афзал БОСОЛИЕВ

Читать далее

Меҳвари фаъолияти миробҳо

Миробҳои вилоят аз мавсими обрасонӣ дар соли равон натиҷабардорӣ карданд. Бо ин мақсад дар маҷлисгоҳи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят бо иштироки роҳбарият ва сардорони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳӣ ҷаласаи васеъ баргузор шуд.

Сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Зафарбек Давлатзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида гуфт, ки новобаста аз вазъияти душвори молиявӣ ба миробҳои вилоят муяссар гардид, мавсими обрасонии имсоларо бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намоянд.

Муовини якуми сардори Раёсат Ҳалим Ҳоҷиев доир ба вазъи обрасонӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодии соҳа дар мавсими имсола сухан кард.

- Соли равон ба саривақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обрасонӣ дастгирии бевоситаи Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мусоидат кард. Аз ҳисоби буҷети вилоят барои корҳои таъмиру тармим 1 млн. 939,8 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин маблағ ба ноҳияҳои осебпазир - Зафарободу Мастчоҳ, Ашту Муассисаи давлатии «Канали Хоҷабоқирғон» масраф гардид, - гуфт мавсуф.

Миробҳои вилоят соли равон ба истеъмолкунандагони об 1666,4 млн. мукаабметр об расониданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 21,6 млн. мукаабметр зиёд аст. Аммо пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби кишоварзон бо вуҷуди нисбат ба порсола ба маблағи 1 млн. 424,2 ҳазор сомонӣ зиёд пардохт шуда бошад ҳам, вазъият беҳбудӣ металабад. Миробҳо маҷбур шуданд, ки бо мақсади рўёнидани ҳаққи хизматрасонӣ ба Суди иқтисодии вилоят ба маблағи 4,5 млн. сомонӣ иддао пешниҳод намоянд. Аз ин миқдор маблағ бо қарори Суди иқтисодӣ ҳамагӣ 1,6 млн. сомонӣ рўёнида шудаасту халос.

Новобаста бо ин мушкилиҳо соли дуюм аст, ки музди меҳнати ҷории кормандони соҳа саривақт пардохт карда мешавад. Лекин, бо сабаби саривақту пурра пардохт нашудани ҳаққи хизмати обрасонӣ аз тарафи истеъмолкунандагони соҳа ба миқдори муайян аз андозу фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва истифодаи қувваи барқ қарздор аст.

Таъкид шуд, ки минбаъд фаъолияти ҳамаи пойгоҳҳои обкаширо пурра қатъ намуда, аз паи корҳои таъмиру тармим шаванд.

А.АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Қонуни танзим: беҳбудии сатҳи зиндагӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд. Он дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, дар доираи манфиатҳои мардум таҳия гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар ва фарҳангӣ на танҳо ба қадршиносиву эҳтироми илму маърифат, ҳамчунин бо анъанаву расму оинаш дар таърих ҳастии худро ҳифз ва пойдор намуд. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бадоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Анъана ва ҷашну маросими миллӣ аз омилҳои муҳими зарурати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳаррўзаи мо зуҳур меёбад. Анъана ва расму оин аз ниёгонамон то ба имрўз расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо он бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбад. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд серхарҷ гардидани ҷашну маросим бори гарон барои мардум буд. Қисме аз мардуми мо барои зоҳирпарастии беасос дар иҷро намудани маросиму маъракаҳо пойбанди таассуб гардида, ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гўшаи дигари олам ба назар намерасад.

Қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзим тақозои замон буда, он дар сарфаю саришта кардани маблағи шаҳрвандон ва буҷети оилавӣ, роҳ надодан ба исрофкорию зиёдаравӣ ва дар маҷмуъ дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии шаҳрвандон ва ҷомеа мусоидат менамояд. Зиёда аз ин, маблағҳои сарфашударо волидайн метавонанд бо фароҳам овардани шароити мувофиқ дар таълиму тарбияи фарзандон баҳри ба воя расидани инсони комил, маърифатнок ва бо ин васила саҳм гузоштан дар рушди нерўи инсонии кишвар сарф намоянд.

Муаззам НАЗАРОВА,
Нафосат АБДУВАЛИЕВА,
устодони Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик
 Бобоҷон Fафуров

Читать далее