25 October 2017

Гулҷаҳон Турсунзода

мухбири рӯзнома

Читать далее

Муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” ба шаҳрвандони мамлакат

Ҳамватанони гиромӣ!

Боиси ифтихори бузург аст, ки Тоҷикистони азиз ба шарофати талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол рушд карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Комёбиҳои мо, махсусан, дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон — таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ назаррас мебошад.

Дар муддати кӯтоҳ мо бунёди як силсила иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2»-ро ба анҷом расонидем ва соҳиби иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ гардидем.

Дар ин давра, ҳамчунин, таҷдиду азнавсозии иншооти энергетикии амалкунандаи Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Варзобро оғоз карда, корҳои зиёдеро дар ин самт ба анҷом расонидем ва ин равандро бомаром идома дода истодаем.

Илова бар ин, бунёди беш аз 350 нерӯгоҳи хурдро ба нақша гирифта, то имрӯз сохтмони қисми бештари онҳоро ба анҷом расонидем, ки бо ин роҳ вазъи таъминоти аҳолии ноҳияву деҳоти дурдаст бо барқ хеле беҳтар гардид.

Дар баробари бунёди иқтидорҳои нав, инчунин, якҷо бо шарикони рушд сохтмони инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқол ва зеристгоҳҳои барқӣ вусъат пайдо карда, тавассути ин иқдом низоми ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд.

Бар замми ин, ба фаъолият оғоз кардани маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе шароит фароҳам овард, ки пойтахти кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо барқу гармӣ таъмин карда шавад.

Соли гузашта мо аҳолии кишварро бо нерӯи барқ таъмин намуда, танҳо аз якуми ноябри соли 2016 то чордаҳуми январи соли ҷорӣ интиқоли нерӯи барқро  маҳдуд карда будем.

Лекин имсол ният дорем, ки бо истифода аз имконоти пайдошуда барои аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ накунем ва мардуми шарифи кишварро тирамоҳу зимистони дарпешистода пурра бо барқ таъмин намоем.

Дар баробари ин, ба сокинони кишвар муроҷиат карда, ба ҳамаи онҳо хотиррасон менамоем, ки дар бобати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.

Бовар дорем, ки сокинони кишвар ба истифодаи мақсадноку сарфакоронаи нерӯи барқ муносибати ҷиддӣ мекунанд ва тирамоҳу зимистони имсоларо бидуни мушкилот паси сар менамоянд. 

Ширкати саҳомии холдинги
кушодаи  «Барқи тоҷик»

 

 

 

Читать далее

Шодӣ кунед мардум, об омад!

Шаҳрвандони ҳимматбаланди маҳаллаи «Бурак»-и Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт дар самти таъмини маҳаллаи худ бо оби тозаи нўшокӣ камари ҳиммат бастаанд. Бародарони соҳибкор Музаффар, Фахриддин ва Рустам Юлдошевҳо бо маблағи 142 ҳазор сомонии аз аҳолӣ ғундошташуда ва 40 ҳазор сомонӣ маблағи худ ба масофаи 3 км хатти оби нўшокиро оварда, дастраси мардум гардониданд.

Бо ташаббуси ин ҷавонмардон саргаҳи чашмаҳое, ки оби тозаи нўшокӣ доранд, аз ифлосию партовҳо тоза гардида, қисми селбурдаи ин чашмаҳо аз нав барқарор карда мешаванд.

 Соҳибкори дигар Ш.Масолиев ба масофаи 2,400 метр хатти оби нўшокиро бо маблағгузории худ кашида, обро дастраси мардум намуд, ки аҳолии маҳалла доимо дар ҳаққаш дуои нек менамоянд.

Дар Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ бо маблағи 165 ҳазор сомонӣ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз чоҳи амудӣ кофта, мавриди истифодаи мардум шуд, ки зиёда аз 300 оилаи ин маҳалла бо оби тозаи нўшокӣ таъмин гардиданд.

Ниёзмуҳаммад Иброҳимзода,
 ноҳияи Ашт

Читать далее

Арзиши маънавӣ ва фарҳангии қонуни танзим

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат ба ҷодаи маънавият ва фарҳанги воло раҳнамун кардани мардуми кишварро дар назар доранд. Зеро, дар меҳвари ин Қонун фарҳанг ва маърифати баланди худшиносӣ қарор дошта, дар фаҳмишу дарки дурусти масоили иҷтимоӣ нақши бориз дорад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ низ яке аз аҳдофи ин Қонун буда, он дар усули баргузории маъракаҳо, муносибати мардум ба чорабиниҳои суннатӣ ва муосир инъикос меёбад. Ҷавҳари ин Қонунро адолат ташкил мекунад ва ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ:

Нуктае хуш гуфтааст он дурбин,

Адл дорад мулкро қоим, на дин.

Аслан тўю маърака, махсусан тўи арўсии фарзанд воқеаи нотакрори таърихии оила ва авлод мебошад, ки то охири умри инсон дар хотири ў нақш мебандад. Махсусан, дар замони муосир, ки ҳар як воқеаву рўйдод сабти видеоӣ мегардаду фардо фарзандону наберагон онро тамошо мекунанд. Ба ибораи дигар, баргузории маърака танҳо дар оростани дастархони пуранво хатм намешавад, балки ҷараёни он, ки аз суҳбату сурудҳои дилнишин бояд иборат бошад, ба он шукуҳу шаҳомати хоса ато мекунад. Ин аст, ки эътибор додан ба мазмун ва мундариҷаи маърака ба фазилат ва маърифати баланди маъракаоро марбут мебошад. Вақте ба ҷараёни аксари тўйҳои арўсии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд назар мекунем, дар онҳо якнавохтиву якрангӣ ва монандиро мушоҳида менамоем. Суханони обшуставу такрори ровиёни маърака, сурудҳои шўху мусиқиҳои замонавӣ ва рақсҳои бемазмуни ҷавонону ҷавондухтарон, муҳтавои ин гуна маъракаҳоро ташкил менамояд. Дар камтарин маъракаҳову тўйҳои арўсӣ суҳбатҳои судманди пирони рўзгор, адибону олимон, гулбазмҳо бо ширкати ҷавонон, намоиши филмҳои кўтоҳмуддат дар бораи таърихи оила, аз ҷумла зиндагии бобову падар ва модаркалону модарро, ки ба тўй маъниву мазмун эҳдо мекунад, мушоҳида менамоем.

Ба ибораи дигар тўй танҳо рақсу бозӣ нест, балки он як саҳифаи рангин, хоно ва пурмазмуни китоби зиндагӣ бояд бошад, ки барои ояндагони авлод мерос хоҳад монд. Нашавад, то фардои начандон дур фарзандону наберагон ва аберагони мо, ки бешак, аз мо донотару фозилтар хоҳанд буд, ба бесаводиву каммаърифатии мо тамасхур кунанд.

Амалӣ шудани қонун дар таҳаввулоти маънавӣ ва тағйирёбии равонии мардум муассир аст. Инсони муосир минбаъд обрўву эътибори шоистаро дар ҷомеа аз баргузории тўю маъракаи пурдабдаба ва дастархони пурнозу неъмат нахоҳад ҷуст. Минбаъд ў андеша менамояд, ки сарфаву хароҷоти беҳуда барои обрўву номи дурўғин арзиш нахоҳад дошт ва мақому манзалати инсонро илму ҳунар, истеъдод, маърифат ва аъмоли нек муқаррар хоҳад кард. Гузашта аз ин, инсони соҳибназар хушбахтии фарзандонро на дар маъракаҳои силсилавии пурдабдаба, балки дар интихоби дурусти ҳамсар барои фарзанд, ҳам аз назари саломатии ҷисму рўҳ ва ҳам аз назари ахлоқ хоҳад ҷуст. Махсусан, эътибор додан ба муоинаи ҳамаҷонибаи духтур, эҳтироз намудан аз никоҳи хешутаборӣ, омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона аз масоили муҳими ҳалталаб маҳсуб мешаванд, ки дар сурати иштибоҳ варзидан дар ин ҷода тўю маъракаи пурдабдаба ба доди ў нахоҳад расид.

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари рисолати як дастури пурмўҳтаво оид ба гузаронидани маъракаву чорабиниҳои оилавиро адо кардан барои мардуми оддӣ ва миёнаҳол раҳнамо ва ҳомии тавоноест аз таънаву маломати баъзе аз афроди ҳангоматалабу забондароз. Зеро иҷрои Қонун барои ҳар як сокини кишвар фарз аст ва саркашӣ ё итоат накардан ба он шаҳрвандро ба ҷавобгарӣ мекашад. Ба ибораи дигар ин қонун ҷомеаро аз таассубу қиёси беақлона раҳо бахшида истодааст.

Воқеан, чунонкӣ дар боло зикр шуд, ҳангоми хонадоркунии фарзандон волидайн саргарми тўю дастархони пуробуранг муҳимтарин масъалаҳои марбут ба фардои ҷавононро сарфи назар менамоянд. Дар яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд ду оила мехоҳанд пайванди хешутаборӣ барқарор намоянд. Дар асоси хостгорӣ ва ошноии арўсу домод тасмим мегиранд тўй барпо шавад. Қабл аз ақди никоҳу гузаштан аз муоинаи табибон сарфи назар аз танзим маъракаи “Тўйбарон” баргузор менамоянд ва эълом медоранд, ки фалон рўз тўй баргузор мешавад. Бо амри тақдир ҳини аз муоина гузаштани арўсу домод муайян мешавад, ки ҷавон гирифтори бемории сирояткунанда асту бо ў хонадор шудан хатар дорад.

Орзуҳо ва нақшаҳои тўй дар як лаҳза ба чӣ табдил ёфтанд? Магар муоинаи табибон ва огоҳ шудан аз саломатии ҳамсафари якумрии фарзанд аз тўйбарону маъракаҳои зиёдатӣ муқаддамтар нест?

Ё як нафар зан, ки шашум фарзандашро ҷиҳати беморӣ аз даст медиҳад, волидайнашро айбдор мекунад, ки ба хотири ба дўстдоштааш надодан замоне ўро бо писари холааш хонадор карданду бори шашум доғи фарзанд мебинаду давоми 30 соли ҳамхонагӣ як рўзи шодиро надидааст.

Магар пеш аз тўй соате аз фардои фарзандон андеша кардан, маслиҳати оқилонро гирифтан муқаддамтар аз ғами дастархони зебо ва даъват кардани сарояндаи номдор нест?

Аз ин рў, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” моро водор менамояд, ки аз ҷаҳони танги фаҳмиши арзишҳои зиндагӣ фаротар равем ва ба маънии хушбахтии воқеӣ бирасем. Имрўз тадриҷан ҷомеа дарк менамояд, ки тўй ва маърака воситаи гирифтани обрўву эътибори оилаву авлод набуда, балки оғози як марҳалаи муҳим, зиндагии тўлонии ду нафар мебошад ва хушбахтии онҳо муҳимтар ва муқаддамтар аз ҳар чизи дигар аст.

Яке аз муҳимтарин рисолати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” раҳнамун сохтани мардум ба ҷодаи маърифати ҳақиқати зиндагист.

 Саидумрон САИДОВ,
 номзади илмҳои филология,
 устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Дар заминаи арҷгузорӣ

Дар таърихи ҳар як халқу давлат лаҳзаҳое фаро мерасанд, ки сарнавишти ояндаи мардумашро тарҳи устувор гузошта, дар бунёду пешрафти мамлакат нақши ҳаётан муҳим мебозанд. Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили ҳамин гуна рўйдоди сарнавиштсози таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мегардад, ки роҳу самтҳои инкишофи ояндаи иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии Ватани моро равшан муайян намуд.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ буда, барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти мамлакат, Ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон Парчам ва Нишони давлатӣ қабул карда шуданд.

Имрўз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рўзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи кишвари соҳибихтиёр, яъне оғози марҳалаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Он рўз дур нест, ки мардуми сарбаланди кишвар ҷашни 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рўҳбаландиву ифтихори миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ истиқбол мегиранд. Бахшида ба ин ҷашни таърихӣ дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар толори муосир деворгўша аз таърихи “Иҷлосияи тақдирсоз” ба намоиш гузошта шудааст. ҳамчунин, чорабиниҳои тарбиявӣ, нишастҳои илмӣ бо иштироки донишҷўён ва хонандагон аз рўи нақша баргузор гардида истодаанд.

Суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар фарди солим чароғи раҳнамоянд: “Дар таърихи халқи тоҷик ин Иҷлосия ба унвони санаи сарнавиштсоз асрҳои аср ёдоварӣ хоҳад шуд, чунки дар ҳаёти кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд овард”.

Шодона ТУРСУНОВА,
шаҳри Панҷакент

Читать далее

Чаро обунаро бо чашми кам менигарем?

Бобати рўзнома нахондани мардуми тоҷик ва ба ҷурналистон ҳамчун объекти «пулкоркунӣ» назар кардани аксариятро дар ишораҳои намакини абармарди воқеан дилсўзи миллати тоҷик - устод Садриддин Саидмуродович Айнӣ мебинам. Бо гузашти тақрибан сад сол ҳанўз гуфтаҳои устод Айнӣ дар бобати рўзнома нахондани миллати тоҷик асос дорад ва ба назар мерасад, ки гўиё ҳанўз Садриддин Айнӣ зинда дар ҳаёт аст ва рўзнома нахондани миллати моро бо афсўс мушоҳида мекунад.

Устод Айнӣ низ танқид карда буд…

Мақолаи «Сайф ва қалам»-и устод Айнӣ гуфтаи болоиро тақвият медиҳад. Инак, мавсими обуна ба рўзномаву дигар ҷаридаҳои давр дар шавқу ҷўш аст, бархе тангназарон онро «обунаи иҷборӣ» унвон мекунанд, ки дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳар лаҳзаву ҳар соат «гилаву ҷингила»-и иғвогаронаи баъзеҳоро метавон хонду шоҳид шуд. Мутаассифона, гилаҳо бо ишораҳои «обунаи иҷборӣ» бештар аз сокинони вилояти Суғд дар сомонаҳо чарх мезананд, ки маҳз ин нуктаро ҳанўз дар оғози пайдоиши Иттиҳоди Шўравӣ Садриддин Айнӣ рўзномабезорӣ унвон карда ва рўзнома нахондани мардуми вилояти моро зери танқид гирифта буд. Бовар намекунед? Марҳамат, диққат диҳед!

- … Хусусан, рўзномаи форсӣ, гўё хонанда надорад. Чунончӣ, аз як сол зиёд аст, барои форсизабонони Туркистон маҷмуаи «Шуълаи инқилоб» нашр мешавад. Аз шаҳри Самарқанд иддае хонанда дорад, ки эшон низ ба воситаи саъю кўшиши саркорони ҳукумат ва фирқа ба майдон омадаанд. Аз сойири аҳолии форсизабонон, ки дар Ўротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ғайра ҳастанд, асари таваҷҷуҳе надидаем. Ин камоли беэътиноии ҳамзабонони моро нишон медиҳад,-гуфта буд устод Айнӣ дар мақолаи машҳураш «Сайф ва қалам».

Ба хулоса мерасам, ки имрўзҳо аксарият обуна ба рўзномаҳои давр, аз қабили «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Ҳақиқати Суғд», «Сухани халқ» ва ғайраҳоро айнан бо таъбири устод Айнӣ, ки гуфта буд, ҳамчун объекти пулкоркунӣ мепиндоранд. Тавре Айнии бузургвор дар мақолаи «Танвири афкор» бо дарду андўҳи гарон мегўяд:

- Дар зарфи дусола инқилоб бадбахтона, мо, форсиён (манзур тоҷикон Н.С.) ҳанўз дар кўчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем, ҳанўз матбуот ва рўзномаро асбоби пулгирии ҷариданависон (яъне ҷурналистон Н.С.) мепиндорем».

Яке аз мудирони кафедраи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки овардани ному насабашро салоҳ намедонам, дар маҳфиле аз ман пурсид:

-Суннатӣ, алъон дар куҷо кор мекунед?

-Дар «Ҳақиқати Суғд», - посух додам.

Ӯ ҳайрон шуду китф дарҳам кашид ва ахиран ба айби худаш иқрор шуд:

-Аз ин бармеояд, ки ман рўзнома намехондаам.

Тасаввур кунед, олими шинохта вақте рўзнома намехонад, аз донишҷўён чӣ ҷои гила? Дар он сурат насли ояндаи миллат, ки аз фонди донишҷўён асосан ҳисоб мешавад, чӣ гуна босавод шавад?

Вақте зиёиёни мо рўзнома намехонанд ва маъракаи обунашавиро як маъракаи иҷбориву пулкоркунӣ меноманд, аз дигар қишри ҷомеа ҷои гилае нест. Шояд ин гуна афрод лак андар лаканд, ки рўзнома намехонанд ва бо гузашти тақрибан як аср аз гуфтаҳои устод Айнӣ бармеояд, ки то рўзнома намехонем, аз кўлборамон бўйи бесаводӣ хоҳад омад.

Метавон ба натиҷа расид, ки нахондани рўзнома ва рўзномабезорӣ тавре Айнӣ гиламанд шудааст, дар шаҳру ноҳияҳои мо аз аввал то ба имрўз «мерос» монда будааст. Мутаассифона…

Обуна бад нест, бадӣ он аст, ки аз он бадгўӣ мекунем

Агар сидқан ба гузаштаи начандон дур, яъне айёми Шўравӣ назар кунем, тамоми қишри ҷомеа босавод буд. Дар баҳсҳо ҳама зинаҳои сокинони Шўравӣ ба таври равшан фикрашонро баён карда метавонистанд.

Соҳибназарон иддао доранд, ки сабаби босаводии мардум аз бештар мутолиа кардан будааст. Дар қиболи ин, имрўзҳо мутолиа он сў истад, борҳо шоҳид шудаем, ки агар яке аз ҷавонон мабодо рўзнома хонда монад, аз ҷониби дўстони дигараш бо истилоҳҳои «ботаник»-у «вундеркин» ва ғайра мавриди масхараву мазоҳ қарор мегирад.

Ҳатто, имрўзҳо бархе аз афроди бебунёди гўё «интеллигент», ки худро олиму шоиру рўшанфикр эълон доштаанд, дар сафҳаҳои расонаҳои иҷтимоиашон аз маъракаи обуна бо лаҳни шадид интиқод карда истодаанд.

Агар ба 30-40 сол қаблтар назар кунем, ҳама обуна мешуданд: чӣ дар макотиб ва чӣ дар корхонаҳо ва чӣ худи шаҳрвандон мустақиман ва ихтиёран. Ҳама дониши хуб доштанд. Ёд дорам, ки ҳангоми мактабхониам ҳар як аз мо чор нафар акаву уко ба се-чор рўзномаву маҷалла обуна мешудем. Баръакс, маъракаи обуна як маъракаи идона буду касе аз он гилаву ҷингила намекард. Зеро, ҳама коғаз не, балки дониш мехаридем. Ҳеҷ ҷои бадӣ надошту ва имрўз ҳам надорад.

Аммо алъон чӣ? Ба маъракаи обуна пичингпаррониву гўё даъвои озодиву боз ким-кадом ҳангомаҳои беасос. Имрўз онҳое, ки даъвои озодӣ мекунанд, гўё набояд мардум рўзнома бихаранд. Яъне, аз ин ҳангомаҳо бармеояд, ки мардум рўзнома нахонанд ва бесавод шаванд? Албатта, дар паси чунин бадгўиҳо хоҷагони бурунмарзие меистанд, ки бо баҳонаи озодии фитриву ҳуқуқиву боз ким-кадом даъвоҳои озодии шаҳрвандӣ мардуми моро бесавод кардан мехоҳанд.

Аммо дар ин росто дар Аврупо дар як рўз чанд тоннае, ки мардумаш газета хонанд, мо ҳамон қадар ошу шашлику нон мехўрем. Дар ҳама давру замон аз рўзнома дурӣ меҷўем. Тавре Айнӣ гуфта буд, то мо рўзнома нахонем, рўзи хуширо намебинем. Кош, имрўз Айнӣ зинда мебуду бори дигар бо мақолаи «Акнун навбати қалам аст» ба муддаиёни озодиву бесаводӣ мегуфт:

«Ин як қазияи аз офтоб равшан аст, ки то кас соҳиби хатту савод ва дорои дониш набошад, агар дунё аз адолат пур шавад, боз ҳам беҳуқуқ ва маъзур хоҳем монд».

Шаҳру ноҳияҳо: кадоме пешсаф ва кадоме қафомонда?

Ба иттилои КВД «Тоҷикматбуот» ба рўзи 17 октябри соли равон маъракаи обуна дар шаҳру ноҳияҳои вилоят хеле ташвишовар аст. Масалан, шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Конибодом, Масчо, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Истаравшан ва Деваштич дар маъракаи обуна қафомондатаринҳо ҳисоб меёбанд, ки бисёр ҷои таассуф аст. Дар қиболи ин шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бўстон, Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ дар қатори пешсафҳо шомил мешаванд, ки як андоза хушҳолкунанда аст. Аммо ҳанўз маъракаи обуна идома дошта, шаҳру ноҳияҳои қафомонда имкон доранд, ки вазъиятро ислоҳ кунанд. Вагарна, тавре устод Айнӣ гуфта буд, айнан ҳамон шаҳру ноҳияҳое кам рўзнома мехонанд, ки кам обуна шудаанд.

Бар алайҳи онҳое, ки даъвои ба ном озодиву тараннуми рўзномабезорӣ мекунанд, бигзор дастгоҳҳои идеологияи давлатӣ боз ҳам обунаро ба таври бештар аз пештар тарғибу ташвиқ бояд кунанд. Савод аз рўзнома сар мешавад. Китобҳо низ аз рўзнома иқтибос мегиранд. Олимон ҳангоми таълифи рисолаҳои арзишмандашон низ омада, соатҳо дар бойгонии рўзнома вақташонро сарф карда, баъд китоб менависанд.

Аммо чаро мо рўзнома намехонем ва имрўзҳо маъракаи обунаро, ки як манбаи дониши сиёсиву иқтисодиву иҷтимоист, бо валвалаи бебунёд бадном мекунем? Ин суолест, ки барои зеҳни ман ба таври абадӣ нокушода боқӣ мондааст. Ё интиқоди Айнӣ аз рўзномабезории мо дуруст аст?

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее