27 October 2017

Маркази ташхисию табобатии “Афзал” ба кор оғоз намуд

Ифтитоҳи Маркази табобатию ташхисии «Афзал» дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии № 2-юми шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилоят сурат гирифт. Абдураҳмон Қодирӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Марказ ифтитоҳ бахшида, аз ҳуҷраҳои табобатӣ, истироҳатӣ ва ҷарроҳӣ дидан кард.

Мавриди зикр аст, ки таъсиси ин Марказ бо дастгирии соҳибкор Шуҳрат Холматов ҳанўз як сол пеш оғоз гардида, ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ амалӣ гардид. Марказ ҷавобгўи меъёрҳои байналхалқӣ буда, ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадо, ЭЭГ (ташхиси майнаи сар), доругузаронӣ, ташхиси бемориҳои занона тавассути таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Читать далее

Омўзиши ҳунар ва малакаву маҳорат

Аз 25 то 27 октябри соли равон семинари омўзишии вилоятӣ оид ба атласу адрасбофӣ, қуроқдўзӣ, зардўзӣ, қолинбофӣ ва сўзанидўзӣ бо иштироки ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шуд.

Бино ба иттилои масъулин семинари мазкур дар партави дастуру супоришҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардида, барои рушди ҳунарҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар семинар 60 нафар ҳунармандони ҷавон таи се рўз дар КВДК «Истироҳатгоҳи солимгардонии кўдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳунармандони номӣ асрори атласу адрасбофиро омўхтанд.

Дар рўзи дуюми семинар баҳри баланд бардоштани малакаи касбии хеш иштирокчиён аз Муассисаи давлатии Қасри маданияти «Арбоб» дидан намуда, бо ҳунармандони Маркази атласу адрасбофии дастии «Арбоб» аз наздик шинос шуданд. Инчунин, иштирокчиёни семинар Маҷмааи таърихӣ - фарҳангии «Истиқлол», Осорхонаи таърихӣ ва Боғи Камоли Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд бо мароқи том тамошо карданд.

Рўзи сеюми семинар бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Фарзона барномаи фарҳангӣ доир гардид. Инчунин, дар рафти ин чорабинӣ ҷиҳати шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» табодули афкор ба миён омад.

Барномаи консертӣ анҷомбахши семинари вилоятӣ гашт.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи 16 — уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ

27 октябри соли 2017 дар толори бошукӯҳи «Зарандуд»-и Кохи Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи 16 — уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Читать далее

Оғози корҳои таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди “Душанбе — Қӯрғонтеппа”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди “Душанбе — Қӯрғонтеппа” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ асос гузоштанд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Читать далее

Вохўриҳои судманд

Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таклифу пешниҳодҳои мардуми кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он ба баланд бардоштани  сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат нигаронида шудааст.

Бо назардошти татбиқи ин қонун нақшаи чорабиниҳои муштарак бо баргузор гардидани силсилавохўриҳои  кормандони дастгоҳи Прокуратураи вилояти Суғд бо устодону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вобаста ба фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ тағйиру иловаҳои ба қонунҳои мазкур аз санаи 28.08.2017 воридкардашуда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ¬ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 августи соли 2017 зимни ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД ҶТ баён гардиданд, роҳандозӣ шуда истодаанд.

Чунончӣ, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Прокуратураи вилояти Суғд аз санаи 5 то 24-уми октябри соли 2017 дар 9 факултети Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки сардори шўъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғону ҷавонони Прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 2 З Қаюмзода., прокуророни калони ҳамин шуъба, мушовири адлияи дараҷаи 2 Д.Ҷўраева ва мушовири адлияи дараҷаи 3 Х.Худоёрзода баргузор гардид.

Дар вохўриҳо устодони донишгоҳ муовини ректор оид ба тарбия М.Шамсидинов, мудири шуъбаи тарбия Ф.Ҳодибоев,  мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи донишгоҳ М.Ўлмасов ва мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ И.Ҷабборов низ иштирок ва баромад намуданд.

Дар чорабиниҳои баргузоргардида беш аз 900 нафар устоду донишҷӯни факултетҳои донишгоҳи мазкур ширкат доштанд. Маърўзачиён қонунҳоро шарҳу возеҳ дода, моҳияти ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои болозикрро фаҳмониданд.

Боҳир Раҷабов

Читать далее

Исломро ба сиёсат пайвастан ҷоҳилист

Экстремизми исломии муосир, бештар хусусияти ғоявӣ дорад. Зеро мавқеъгирии экстремизми исломӣ аз асоси назариявӣ  тақвият меёбад, ки ин назарияҳо дар навбати худ ба консепсияи сиёсӣ-хуқуқии исломӣ такя менамояд. Яке аз ҷиҳатҳои муҳимтарини мубориза бо экстремизм ва терроризми исломӣ ҷанбаи ғоявӣ-назариявии масъала ба ҳисоб меравад. Бо экстремизму терроризми исломӣ натанҳо бо қувваи хадамотҳои махсус, балки тариқи бурҳону далели консепсияи ғоявии исломӣ бояд мубориза бурд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Конфронси Исломӣ» ширкат вардиза,  дар маърўзаи худ, равандҳои муосири олами ислом, таъсири ислом ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муносибати инсониятро ба дини Ислом ва мусалмонон дақиқ ва илман асоснок таҳлил ва пешниҳод намуда, таъкид намуданд: «Имрўз низ давлатҳои Исломӣ, такя бар қонуниятҳои намунавии дини мубини Ислом ва ҳамкории судманд дар соҳаи маъориф, фарҳанг, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, метавонанд дар ҷаҳон мавқеи боз ҳам муҳимтар ва намоён пайдо намоянд», ё ки «Аксари давлатҳои Исломӣ имрўз ба сифати давлатҳои пешрафтаистода эътироф гардидаанд. Афсўс ақидае мавҷуд ҳаст, ки сабаби асосии қафомонии ин давлатҳо – Ислом аст,  аммо ин андеша асосе надорад». ҳамчунин  сиёсати ба Исломпайвастани ҷоҳилӣ ё экстремизму терроризм, бераҳмӣ ва хушунатроқатъиян маҳкум карда, арз намуданд, ки аслан терроризм миллат,  мазҳаб Ватан надорад. Барои бартараф кардани чунин андешаҳои ноарзанда ва тахминҳои беасос давлатҳои мусалмонӣ бояд ҳамҷоя бо зуҳуроти радикализм, экстремизм ва терроризм мубориза баранд. Зеро, қувваҳо бо номи дини Ислом баромад намуда, номи неки онро олуда мегардонанд ва тарафдори манфиатҳои душманон ва бадхоҳони тамаддуни баланди Исломӣ ҳастанд.

Тавре мебинем андешаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба муаммои экстремизму терроризм шоистаи дастгирӣ буда, барои ҷомеа баҳри шинохти асли ин муаммо кўмакрасон аст.

Аз дигар ҷиҳат агар экстремизму терроризм асоси ғоявӣ дошта бошад, пас мубориза бо он низ тариқи ғояҳои созандаи муқобил сурат гирад. Яъне дар амал мо аҳли ҷомеаи муттамаддин, аз ҷумла аҳли зиёи Тоҷикистон бояд бо андешаҳои пурарзиш, ғояҳои созанда, рўҳияи осудагӣ насли имрўзаро бояд тарбия намоем.

Инобат Қосимова,
сармуаллимаи кафедраи
журналистика ва назарияи тарҷума

Читать далее

Баҳри ҳифзи амнияти кишвар

Пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» 8 декабри соли 2003 қабул карда шудааст, ки ба он соли 2007 тағйироту иловагиҳо ворид карда шудааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм таҳти мафҳуми ташкилоти экстремистӣ - иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ғайритиҷоратие фаҳмида мешавад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудаи  Қонуни мазкур оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонунӣ даромадааст.

Бинобар ҳамин, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» ғайриқонунӣ амалкунанда эътироф ва, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 январи соли 2009 бошад, равияи динии «Салафия» низ ҳамчун равияи ғайриқонуни амалкунанда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Дар давраи солҳои 2006-2011 зиёда аз 400 аъзоҳои алоҳидаи ташкилотҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, маҳкум шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бар зидди экстремизм дар кишвар маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро  Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ишғол мекунад. Дар Консепсия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.            

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии мубориза бар зидди терроризм ва ҷинояткориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 қабул кард, ки мақсад аз он пурзўр намудани мубориза бар зидди терроризм ва ҷинояткорӣ, ба вуҷуд овардани тағйироти куллӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷамъият мебошад.                  

Мақсади мубориза бар зидди экстремизм таъмини ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди экстремизм, барҳам додани  таҳдиди экстремизм дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба экстремизм дар ҳама гуна шакл ва зуҳуроти он, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб вашароите, ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани экстремизм мегардад, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистидошта, беҳтар намудани ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатии назорати молиявӣ бо созмонҳои байнал­милалӣ ҷиҳати ошкор намудан ва пешгирии маблағгузории экстремизми (ифротгароӣ) байналмилалӣ ва дигарҳо мебошад. Мубориза бар зидди экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди экстремизм, ки вақтҳои охир хусусия­ти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Заминаи муҳими танзимгари муносибатҳои байналмилалӣ Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки таҳти роҳбарии Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай заминаи устувори санадҳои байналмилалии ҷомеаи ҷаҳонӣ Стратегияи глобалии муқовимат ба таҳдиду хатари навро ташаккул ва татбиқ намояд.

Аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалӣ «Оид ба рафъи тамоми шаклҳои табъизи наҷодӣ» аз 21 декабри соли 1965 ва Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ  аз 15 ноябри соли 2000 қабул карда шудааст, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидааст.

Аз ҷониби Созмони ҳамкории Шанхай Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, ҷудоиталаб ва экстремизм аз 15 июни соли 2001 қабул карда шудааст.                                                         

 Н.А.Муллоҷонова,
сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва криминалистикаи ДДҲБСТ

Читать далее

Терроризм-муаммои аср

Дар ҷаҳони муосир паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна аз падидаҳои номатлубтарин баҳри ҳаёти инсоният ба шумор меравад.

Солҳои охир дар  байни  ҷавонони мо  ҳолатҳои  шомилшавӣ ба  ҳизбу ҳаракатҳои  экстремистию террористӣ ба  назар мерасад, ки ин боиси нигаронии ҷомеа, давлат, ва ҳукумати  имрӯза  гардидааст. 

Имрӯз аъзошавии бархе аз ҷавонони мо ба гурӯҳҳои алоҳидаи хусусияти ифротгароидошта чун “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ «Ҳаракати Исломии Ўзбекистон»), “Ҳизб-ут-Таҳрир”, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар”, “Таблиғ”, созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», “Ансоруллоҳ” ҷараёни динии “Салафия” ба қайд гирифта шудааст, ки ин ба яке аз  муаммоҳои мубрами  давлати имрӯзаи мо мубаддал гардидааст. Ба андешаи мо таассуби ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо натиҷаи ноогоҳӣ ва беиттилоӣ дар шинохти ҷавҳари аслии дини Ислом ва моҳияти ҷанги равонӣ ба шумор меравад. Мутобиқи маълумотҳо дар ҳоли ҳозир ба сафи ДИИШ зиёда  аз 300 нафар ҷавонони тоҷик аъзо ва зиёда аз 50 нафарашон аллакай ҳалок  гардидаанд. Барои  ҷомеае, ки  ҷавонону наврасон ояндаи дурахшони он ба шумор мераванд, чунин  кирдор амали манфӣ ва номатлуб  маҳсуб ёфта, барои дурнамои он хатари ҷиддӣ эҷод хоҳад кард.

Амалҳои ваҳшатангезе, ки гурӯҳи ифротгарои Толибон  солҳои охир дар сарзамини Покистону Афғонистон ва берун аз он карда истодаанд, на танҳо Осиёи Марказӣ, балки  мардуми дигар қитъаҳоро низ ба ташвиш  овардааст. 

Аъзоёни ин ҷараёнҳо ҷонибдори ба вуҷуд омадани нооромӣ, хунрезӣ ва ҷангу ҷидолҳо ҳастанд.  Онҳо ба хотири расидан ба мақсад ва ҳадафҳои  харобкоронаи худ роҳҳои мусаллаҳона ва ҷинояткоронаро пеш мегиранд. Аз ин хотир, имрӯз хеле бадбахтиҳое, ки аслан ба сари инсонҳо омада истодааст, маҳз аз дасти ифротгароист.

Тараққиёту инкишофи ҷамъият дар ҳар  давру замон ба захираҳои зеҳниву ақлонӣ вобастагии  қавӣ дорад. Омили асосии таъминкунандаи рушду тараққиёти ҷомеа бошад, осудагиву субот, оромӣ ва сулҳу амният ва ваҳдату дӯстӣ  маҳсуб меёбад. Захираҳои зеҳниву ақлонӣ ва  нобиғаҳо, ки дар шароити солиму муҳити мусоид ташаккул меёбанд асоси пешравии иҷтимоъ мебошанд. Вале дар ҷаҳони Ислом ин захираҳои бебаҳо  коста гардидааст ва ҷои онҳо ба исломситезию мазҳабпарастӣ, тундагроӣ ва хуруфот иваз шудааст, ки ин падидаҳои номатлуб хусусан ба насли ҷавон таъсири манфӣ мерасонад.

Мувофиқи андешаҳои таҳлилгарон солҳои охир аз сабаби ҷангҳои бардавом байни мусулмонон дар  як қатор давлатҳои исломӣ сатҳи зиндагонии мардумони давлатҳои ҷангзада, хоса як қатор давлатҳои араб  чун Сурия, Ироқ, Шом ва кишвари Афғонистону Покистон паст рафта, ин авомили манфӣ ба рушду нумӯи ин давлатҳо халал ворид сохтааст. 

Маҳз таъсири муҳити ноорому ҷангзада буд, ки мусулмонон дар соҳаи илму техника, то андозае қафо монданд. Масалан: мутобиқи маълумотҳо дар муддати 105 соли охир  аз миллати яҳуд, ки дар дунё ҳамагӣ зиёда аз 13миллион нафарро ташкил медиҳанд, 180 нафар соҳиби ҷоизаи Нобелӣ шудаанд. То ҳол аз мусулмонон, ки ҳоло зиёда аз онанд,  ҳамагӣ 3 нафар соҳиби ҷоизаи мазкур гардиданду халос. Суоле ба миён меояд, ки чаро?

Ба андешаи мо таъсири асосие, ки  баҳри пешрафти мусулмонон халал ворид месозад, маҳз  байни якдигар тафриқандазӣ ва ноогоҳона бо ҳам муноқиша карда, баҳри маҳви якдигар силоҳ ба даст гирифтан аст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки агар онҳо  дар ин роҳ ҳалок гарданд, гӯё шаҳид мешаванд. Бо ин тафаккури маҳдуду ғалат оқибат даст ба куштори инсоният, вайронкорӣ дар ҷомеа, халарасони  ба ҳаёти осоишта ва дигар аъмоли бади барои инсон зараровар мезананд, ки ин рафтори эшон боиси нооромии ҳаёти инсоният мегардад.

Бино ба гуфтаи коршонисон маҳз тавассути интернет хоса шабакаҳои иҷтимоӣ ҳолатҳои даъвати ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ сурат гирифта истодааст. Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хеле фаъол буда, дар баробари ин корбарони зиёд доранд. Агар  дар мисоли  шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” гирем, аз 3,6млн нафар истифодабарандагони интернет дар кишвар ҳамарӯза 600 ҳазор нафар ба ин шабака ворид мешаванд. Дар ин шабака дар ҳоли ҳозир зиёда аз 3000 гурӯҳҳои марбут ба Тоҷикистон амал мекунанд, ки қисми муайянашон ба иттилоъпаҳнкунӣ сарукор дорад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари нақши бориз гузоштан дар иттилоотонӣ ва муколама миёни гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар Тоҷикистон, ҳамчунин  вақтҳои охир ба як василаи сӯистифодакунӣ барои тарғиби афкору идеологияҳо ғаразнок  мубаддал гардидааст.

Гурӯҳҳои  муайяни ифротгаро барои дар байни сокинони мамлакат, махсусан ҷавонону наврасон паҳн намудани ғояву афкори  зӯроварӣ ва террористиву экстремистӣ аз имкониятҳои шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет ба таври фаровон истифода қарор дода истодаанд.

Дар бисёр мавридҳо шабакаи интернет натанҳо чун воситаи алоқа, балки ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии амалҳои экстремистӣ ва террористӣ низ истифода мешавад.

Гурӯҳҳои ғаразнок  шабакаҳоро ба як майдони ташвиқот, ки барангезандаи ақоиди фиребгаронаи онҳо аст, мубаддал намудаанд. Дар навбати худ ин маводҳо мисли “маризиҳо”, дар байни мардум хеле зуд сироят мешаванд ва афкори сироятшудагонро фалаҷ мегардонанд.

Нафароне, ки зери таъсири афкори экстремистӣ қарор доранд онҳо тамоми меъёру қоидаҳои  барои ҳаёти ҷамъият эътирофшударо инкор карда, барои иҷрои амалҳои зидиқонунӣ ва барои ҳаёти инсон хатарнок  омодаанд.  Аз он ҷиҳат амалҳои экстремистӣ зиддиқонунӣ эътироф  гардида, барои ҳаёту зиндагии инсон ҳуқуқ ва озодиҳои инсониятро поймол месозад ва боиси номӯътадил гардидани  ҳаёти ҷамъиятӣ мегардад.

Болоравии  фаъолияти ҳаракатҳои террористию экстремистӣ  ба  асосҳои сохтори конститутсионӣ халал ворид намуда, барои  бехатарии ҳаёти ҷомеа ва давлат хатари ҷиддӣ  эҷод хоҳад кард. Аз ин лиҳоз,  моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими дӯстию ҳамкорӣ, сулҳу  субот ва роҳ надодан барои сар задани ҳар гуна ҳаракатҳои хусусияту характери ҷангҷӯёнадошта кӯшиш намоем. Зеро, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту гуманист, ҳар як аъзои ҷомеаи мутамаддин аст.

Ояндаи Тоҷикистони  азизамон дар дасти мову шумост!

Ҷаҳонгир Мирсалимов,
 донишҷӯикурси 4-ишӯъбаи
рӯзноманигории ДДХ ба номи
 академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

То табаддулот 3 рӯз монд

Ташкилоти нахустинаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1978 дар совхози “Туркманистон”-и ноҳяи Бохтар таъсис ёфта , дар марҳалаи  аввал ба монанди созмони махфии “Бародарони мусулмон” б таври пинҳонӣ амал мекард. 26 октябри соли 1991 анҷумани  муассисони  ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солҳои 1991-1993 ҳизби мазкур   ошкоро  амал намуда,  фаъолияти террористӣ мебурд.

Онҳо ба тариқи “Телевизиони Ҷумҳурии Исломии Қаротегин”, ки онро нав таъсис дода буданд, дар матбуот ва масчидҳо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани  Ҷумҳурии Исломии Тоҷикистон даъват менамуданд.

Солҳои 1992-1997 ҲНИТ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Аммо пас аз маротибаи дуюм ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудани ҲНИТ аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ  (ифродгароӣ) доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои  ахбори омма норозигию иғво ва кинаву адоват барагехтаанд. Масалан, таҳлили фаъолияти беш аз бистсолаи  ҳизби мазкур ҳар як шахси солимфикрро ба хулоса меорад, ки пайравони ин ҳизб аз ҳалли муаммоҳои  мубрами иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа чашм пӯшида, қобилияти ақлӣ ва зеҳниашонро танҳо ба ҳимояи ришу ҳиҷоб равона карданд. Бино ба маълумоти АМИТ “Ховар” танҳо дар панҷ соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ  ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барангехтани кинаву адовати динӣ,  ки барои нооромии вазъи сиёсӣ мусоидат менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ҳамин тариқ,  муайян карда шуд, ки   мақсади асосии ҲНИТ аз сарнагун намудани сохти конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида дар таърихи 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуда, ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористӣ фаъолияти он пурра маҳкум карда шуд.

Аҳрори Бузургмеҳр Саидхоҷазода,
муаллими кафедраи умумидонишгоҳии
фалсафаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Иҷлосияе, ки дар он паёми ваҳдату ягонагӣ садо дод

Аз он замоне, ки Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,  25 сол сипарӣ мешавад. Аз айёми баргузории воқеаи сарнавишсоз ҳар чи қадар фурсат гузарад, нақши азими ин Иҷлосия ҳамон қадар аёнтар ва боҳашамату бошукўҳтар ҷилвагар мегардад.

Тавре ба ҳама равшан аст, баъди пош хўрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шўравӣ 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияташро ба даст овард.

Таърих гувоҳ аст, ки халқҳои ҷаҳон чӣ тавр барои ба даст овардани мустақилият  ва пойдории он ҷонбозиҳо мекунанд. Баъзе аз миллатҳои ҷаҳони имрӯза, на танҳо Истиқлолият, балки давлати худро надоранд, гарчанде шумораи аҳолиашон хеле зиёд аст.

Аммо бархе аз ашхос ба қадри Истиқлолият нарасиданд. Ин тоифаро ки пуштибонашон нерӯҳои зархариди хориҷӣ буданду чӣ будани оромиву осоиштагиро намедонистанд ва  дар талоши мансабу вазифа ба  муборизаи ошкоро бархостанд ва ниҳоят сабаби сар задани ҷанги бародаркуш гардиданд.         

Вазъияти  сиёсӣ чунон печида ва буҳронӣ гардида буд, ки ҳатто Ҳукумати бо ном муросои миллӣ (10-уми май таъсис ёфта буд) аз уҳдаи роҳбарӣ кардани давлату ҷомеа, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар баромада натавонист.

Ҳамин тариқ, хатари ҳамчун давлати мустақил аз байн рафтани Тоҷикистон ба воқеият табдил меёфт. Барои пеши роҳи ин селоби фалокатборро гирифтан ва наҷот додани миллат аз парокандагӣ афроди солимфикр ва фарзандони ватандўст муттаҳид шуданд, зеро вазъият андешидани чораҳои қатъӣ, фаврӣ ва таърихнопазирро тақозо мекард.

Бо ин мақсад, дар фурсате, ки давлати мустақили тоҷикон дар гирдоби шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дошт, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд, ки ин иқдоми оқилона буд.

Соли 1992 дар Қасри «Арбоб», ки поягузораш пири деҳқонони кишвар Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев буд, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ бо ҳадафи баҳамоӣ ва оғози музокирот бо ҷонибҳои даргир ва мухолифон ба кори худ шуруъ кард. Ҷаласа дар вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие баргузор гардид, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ идома дошту шохаҳои асосии давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Ба қавле ҳукумат амалан дигар аз иҷрои коре намебаромад. Теъдоди манфиатхоҳону мансабталошон аз дохил ва хориҷи кишвар меафзуд.

Бо гузашти солҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон гуфтанд: «Вазъ то ҳадде мураккаб гардида буд, ки аксарияти сокинони мамлакат дар ҳолати тарсу ҳарос буданд, ба ояндаи кишвар бовар надоштанд ва ҳатто барои ишғоли мансабҳои баланди давлатӣ розӣ намешуданд. Маҳз ба шарофати ин Иҷлосия дар кӯтоҳтарин муҳлат тавонистем, ки сохти конститутсиониро барқарор намуда, фаъолияти ниҳодҳои пурра фалаҷшудаи давлатдориро аз нав ба роҳ монем».

Дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон», «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд ва фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари мақоми олии қонунгузории кишвар ва раёсати олии мамлакат бо тасдиқи ду рукни муқаддаси давлати навини тоҷикон оғоз ёфт, ки рамзе амиқу пурмаъно дошт.

Сарвари нави Тоҷикистон дар назди вакилони халқ савганд ёд кард ва иброз дошт, ки ҳимояи манфиати мардуми заҳматкаш ва муқаддасоти ҷумҳуриро вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини хеш меҳисобам.

Яке аз қадамҳои аввалини Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ ҷиҳати ба эътидол овардани иқлими сиёсии ҷумҳурӣ муроҷиати ў ба роҳбарони гурўҳҳои яроқбадаст оид ба сулҳ буд.

Дар муроҷиати Сарвари давлат омадааст: «Ба ҳурмати наҷот додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, ба хотири ба даст даровардани сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ба мақсади ягонагӣ ва муттаҳидии тамоми халқҳое, ки сокини ҷумҳуриамон мебошанд, даъват менамоем, ки дар иҷлосия иштирок намоед».

Инак, Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумхурии Точикистон ба солномаи халқи тоҷик абадӣ дохил шуд ва он дар ҳақиқат иҷлосияи таърихӣ буд, чунки дар ҳамин Иҷлосия тақдири халқи тоҷик ва давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ҳал шуд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия баҳри ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ ва гирифтани пеши роҳи хунрезиҳо чораву тадбирҳои ҷиддӣ ва судманд андешида шуданд.    Ҳамзамон таъкид гардид, ки қаҳрамони сулҳсозӣ ва давлатсозии тоҷикон кулли мардуми Тоҷикистон аст, зеро барқарорсозии сулҳу салоҳ, эътидоли иҷтимоию сиёсӣ ва рушди иқтисодие, ки имрӯз ба назар мерасад, ба шарофати дастгирию пуштибонии беғаразонаи халқи шарафманди кишвар муяссар гардид.

Тазаккур бояд дод, ки нахустин қонун дар бораи авфи иштирокдорони муноқишаҳои мусаллаҳона, қонуну санадҳои муҳими дигар, аз ҷумла дар бораи баргардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ва ҳамчунин барқарор намудани хонаҳои сӯхтаю валангори онҳо маҳз дар ҳамин Иҷлосия қабул шуд.

Ин Иҷлосия, ки ҳоло берун аз кишвар натиҷаи он машҳур аст, бидуни шубҳа ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрўзиён, балки дар дилу дидаи наслҳои оянда низ ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Иҷлосияи мазкур фардеро ба сари кор, яъне ба сари давлат овард, ки мисли Исмоили Сомонӣ пас аз ҳазор сол низ ёдаш мекунанд.

Шоистаи таъкид аст, ки ҳамаи он орзуву умедҳое, ки тоҷикистониҳо аз даъвати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доштанд, амалӣ гардиданд.

Ғ.Ҷӯраев
устоди ДДҲБСТ

Читать далее