30 October 2017

Нигоҳе ба таърих ва фарҳанги ниёгон

Солҳои роҳбарии Ҷаббор Расулов санъати театрӣ хеле инкишоф ёфт. Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри академӣ-драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ансамблҳои рақсӣ ва эстрадӣ, театрҳои касбӣ ва халқии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бомуваффақият амал карда, намоишномаҳо ва барномаҳои ҷолиби консертиро ба маърази тамошобинон гузоштанд.

Дар театрҳои ҷумҳурӣ асарҳои классикони ҷаҳонӣ, асарҳои нависандагони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод, адибони мамлакатҳои хориҷӣ ва асарҳои драматургони тоҷик ба саҳна гузошта шуданд.

Дар тӯли фаъолияти Ҷаббор Расулов ба таҷлили ҷашну маросимҳои симоҳои машҳури илму адаб ва фарҳангу санъати тоҷик таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, барои дар сатҳи баланд созмон додани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешид. Бо қарори ЮНЕСКО баргузор шудани ҷашнҳои 100-солагии зодрӯзи Садриддин Айнӣ (соли 1978) ва 1000 –солагии Абуали ибни Сино (соли 1981) баҳри собит сохтани волоияти тамаддуну фарҳанг, илму адаби миллат ва ба ин васила боло бурдани обрӯ, нуфуз ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмиллӣ мусоидат карданд.

Ҷаббор Расулов барои пойдор намудани дӯстии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, инкишофи робитаҳои мутақобилаи фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо хизмати бузурге кардааст. Ташкил ва баргузор намудани даҳа, ҳафта ва рӯзҳои санъату адабиёти тоҷик дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва манзури мардуми ин кишварҳо гардондани фарҳангу ҳунари бойи халқи тоҷик ҳамеша дар мадди назари Ҷаббор Расулов қарор дошт. Намоиши дастоварду комёбиҳои адабиёту санъат, боздидҳои ҳунармандон, ҳамкориҳои судбахши адибон ва гуруҳҳои ҳунарӣ маҳз тавассути баргузории чунин чорабиниҳои мӯҳташами фарҳангӣ амалӣ гардиданд.

Баргузории даҳаю ҳафтаҳои адабиёту санъат ва рӯзҳои фарзанди Украина ( 1961), қирғиз (1961,1976), озар (1962), қазоқ (1963), белорус (1965), Федератсияи Русия (1967), ӯзбек (1968), литвонӣ (1969), арман (1972) дар Тоҷикистон ва даҳаю ҳафта ва рӯзҳои адабиёту санъати тоҷик дар Украина (1962), Қирғизистон (1962), Федератсияи Русия (1966), Молдавия (1967), Литва (1970), Арманистон (1975), ӯзбекистон (1981) барои таҳкими робитаи мутақобилаю адабию фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, эҷоду тарҷума ва нашри беҳтарин осори илмию адабӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварданд.

Бо ташаббуси шахсии Ҷаббор Расулов ҳар сол дар кумитаи марказии ҳизби Коммунистии Тоҷикистон бо арбобони санъат ва адибону шоирони намоёни Тоҷикистон, аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Сотим Уғулзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Мӯъмин Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Борис Кимёгаров, Хушвақт Хушватов ва дигарон  мулоқоти тӯлонӣ баргузор мегардид. ҳар кадоми онҳоро бо мароқ гӯш мекард, эродҳо ва пешниҳодҳояшонро ба эътибор мегирифт ва роҷеъ ба инкишофи маданияти миллат қарорҳои муфид қабул мекард. Хуб аст, ки ҳоло ин анъанаро Эмомалӣ Раҳмон давом медиҳанд ва бо зиёиён робитаи мунтазам доранд.

Барои қадрнамоӣ ва ҳавасманд гардонидани аҳли илму адаб, арбобони санъату ҳунар, бо ибтикори Ҷаббор Расулов як қатор мукофотҳои давлатии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, соли 1963 мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ созмон дода шуд, ки ҳамчун мукофоти олии ҷумҳурӣ барои комёбиҳои намоён дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ то имрӯз амал мекунад. Санъаткорону ҳунармандони тоҷик, аз қабили Г.Завқибеков, (1965), Аҳмад Бобоқулов, Мирзораҳмон Олимов, Малика Собирова, Музаффар Бурҳонов (1967), Аслӣ Бурҳонов (1970) аз аввалинҳо шуда сазовори ин мукофот гардиданд.

Таъсиси як қатор осорхонаҳои адибони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз қабили Осорхонаи Садриддин Айнӣ (1963), Осорхонаи Абдулқосим Лоҳутӣ (1981), Осорхонаи Сайдалӣ Вализода (1981), ташкили Осорхонаи таъриху кишваршиносии Кӯлоб (с.1968), ташкили фаъолияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод, Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии ба номи Рӯдакии шаҳри Панҷакент ва дар заминаи онҳо ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи ёдгориҳои таърихӣ ва арзишҳои миллию умумибашарӣ, аз силсилаи корҳое буданд, ки Ҷаббор Расулов таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекарданд.

Ҷаббор Расулов ҳамчун роҳбари кордон, шахси дурандеш ва соҳибмаърифат кӯшиш мекард, ки ягон паҳлӯи ҳаёти мардум аз мадди назар дур намонад. ӯ хуб мефаҳмид, ки фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа нақши бузург дорад.

Солҳои 60-70 соҳаи табъу нашри ҷумҳурӣ ба комёбиҳои беназир муваффақ шуд. Фаъолияти нашриёту матбааҳо беҳтар гардид. Ноширони тоҷик ба нашри беҳтарин осори классикони тоҷик шурӯъ карданд. Теъдоди нашри адабиёти бадеӣ ва бачагонаи тоҷик, осори нависандагони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод ва кишварҳои хориҷӣ тадриҷан афзуданд. Масалан, танҳо соли 1964 дар ҷумҳурӣ 636 номгӯи китоб бо адади 4 млн. 854 ҳазор нусха интишор ёфт. Маҳз дар солҳои 60-ум «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, куллиёти Абулқосим Лоҳутӣ, куллиёти Абдусалом Деҳотӣ ва адибони дигари тоҷик чоп шуданд. Ёдовар шудани дӯстиву рафоқати тарафайни Ҷаббор Расулов ва адибони маъруфи халқи тоҷик Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода як нав нишони эҳтирому ғамхории рӯзафзуни роҳбари софдилу хирадманди тоҷикон нисбат ба аҳли қалам мебошад. Он солҳо адибони тоҷик дар баробари эҷоди асарҳои пурарзиш дар идоракунии давлат ва роҳбарони ҷумҳурӣ кӯмаки калон мерасониданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нависандагон, рассомон, бастакорон, кинематографистон, устодони саҳнаи ҳунар баробари ҳаёт қадам мегузоштанд. Мулоқоти эҷодӣ бо меҳнаткашон дар сохтмонҳо ва корхонаҳо, дар колхозу совхозҳо, намоишҳо ба онҳо барои дурустар, равшантар ва ба таври эътимодбахш баён намудани мавзӯъҳои имрӯза ва офаридани асарҳои таассуротбахш дар бораи меҳнати қаҳрамононаи пешқадамону пешсафони панҷсола кӯмак мерасонанд.

Хушрўз ТЕМИРОВ, докторанти
факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Истифодаи бозиҳои компютерӣ баҳри мустаҳкам намудаи пояҳои ахлоқӣ

Албатта, назари маъруфе ҳаст,  ки ҳар навъ идеяро  ва  ғолибан ғояҳои бикрро дар фитрати наврасону ҷавонон бо воситаи бозиҳои компютерӣ  ва  сенарияҳои  аҷиби  ангоравӣ бе ягон  мушкилӣ  ҷой додан  мумкин  аст.

Дар  ҷавоб  ин  ақлҳои  ҷавон чун  вулқонҳо  ба хурӯш омаданашон аз эҳтимол дур  нест, ки ҷараёни нерӯманди онро ба самти  созгору  бунёдгузор  ҳидоят намудан амали   хайр  низ ҳаст. Устодони  «Кафедраи технологияи саноатӣ ва иттилоотӣ» ва «Фанҳои табиӣ-риёзӣ  ва  барномасозӣ»-и ФДТТ дар шаҳри Исфара дар замони ҷаҳонишавии  иттилоот  ва  технологияҳо  барои  ҷавоб  гуфтан  ба дархостҳои   тамаддуни муосир дар ҷустуҷӯи пешниҳодҳои ҷолибе низ  ҳастанд,  ки  то    таваҷҷуҳи   донишҷуёнро  ба  фанҳои  муҳими тахассусӣ бедор бинамояд.

Саволе  матраҳ  мегардад,  ки  мо  аз  тамаддуни  ҷаҳонӣ  чиро интизорем ва  ба ин даргоҳ  чӣ колое пешниҳод  намуда метавонем?.

Дар ҷаҳони имрӯз масоили ҷаҳонишавии бошитоби иттилооту технологияҳо,  иқтисоду  сиёсат  як  амри  муқаррарӣ  гаштааст  дар рақобат  бо  дигар  кишварҳо  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  чӣ  ҷойгоҳе ишғол ва чӣ обрӯю нуфузеро   доро ва чӣ андешаву идеяҳои навинро ба ҷилва хоҳад гузошт.

Барои  он  ки  моро  як  мусоҳиби  донову  моҳир  ва  сазовори гуфтугӯ бихонанд    зарур аст, ки  ба марази эшон дастовардҳои худро аз таърихи бостонии хеш   имрўз бо мундариҷаи  нав  бо он  шаҳдҳои аҷибу ғариб ва таҳайюрангезе  ба дастархони  эшон бояд гузорем. Чун ҳикмате  ҳаст,  ки  мефармояд «Дунёро ба шигиф андоз дунё аз они туст».   Мо ҷаҳониёнро бо кадом масолеҳи фарҳангии хеш имрӯз ба таҳайюр оварда метавонем?

Комилан бовар дорем, ки дар зиндагонии  ҳаррӯза барои ҳалли масоили гуногун ёрии фарҳангу ҳунарро ҳар фарди ҷамъият борҳо дарк бинмудааст. Рӯ овардан ба асолати хеш, он раванду технологияҳои асотирии касбу ҳунарҳо ва он фановариҳое ки кайҳо ба гушаи фаромӯшӣ рафтаро имрӯз эҷодкорона бо мундариҷаи нав эҳё намудан  басо  саривақтист. Ин  амал  метавонад бисёр шаҳрвандонро ба  кору ҳунарҳои   наву фарогир  машғул бисозад ва  дар ин замина  моро дар як вақт ба ҷаҳони имрўз муаррифӣ  низ менамояд.

Бо  воситаи  технологияҳои  иттилоотии  шохагӣ,    таҳшаванда    ва хотироти ҳангуфт имрӯзҳо аз дучарха сар карда, то тайёраҳо барномарези  намудан инчунин, сохтан имконпазир гашта истодааст.

ҳангоми ба интернет ворид шудан  аз  тамоми сайту торномаҳо ба сари    агенти  корбар    садҳо  бозиҳои  компютерӣ  (бозиҳои  роёнагӣ) мерезад. Ин  бозиҳо дар  айни  замон  бештар  хеле  фаҷу  пур  аз зӯроварӣ буда, ба таъби равонии кӯдакону ҷавонон  хеле зараровар низ ҳаст. Он ҷангҳои иттилоотие, ки аз оғозаш ҳамарӯза бонг мезанем,  ин соат бо воситаи мағзшуиҳои бозиҳо дар    фитрати  зеҳнии  фарзандони  мо  кайҳо бомуваффақият фаъолият бурда истоданд.   Ин тамаддуни иттилооти сувари некхоҳу қобилаку нарм набуда, дар бозори  рақобатҳои ноҷавонмардона шахсиятҳои  кунду манкурт ва чун  зомбиҳо    беандешаро бештар  хостгор  аст.

Мувофиқи  манъбаҳои  таърихиву  бостоншиносӣ  дар  як  худи ноҳияи Исфара  зиёда  аз  17  кўшку  қалъа мавҷуд  буд, ки агар  бо ҳамон меъмории бостониву  фақат бо мазмуну мундариҷаи нав  эҳё  сохтан  сараввал  дар  фазои  маҷозӣ    бо  воситаи    бозиҳои компютери  камоли фитрати олӣ мегардид.

Аз  тарафи дигар ин ғоя барои  ҷалби  соҳибкорони дохиливу хориҷӣ мумкин аст, қобили таваҷҷуҳ   низ бояд бошад. Барои мисол агар  ягон қалъаи таърихие, ки дар ҳудуди деҳаҳои Чилгазӣ, Кулканд, Лаккон бударо аз нав бо меъмории қадима ибтидо  дар фазои маҷози бунёд намуда баъдан марҳала ба марҳала  дар нақшаву барномарезии реалӣ  истифода  бурдан  шояд  мувофиқи    матлаб  мебуд.  

Ш.Усмонова,
И.Нумонов,
Т.Тошболтаев,
Ф.Салимов,
устодони филиали Донишгоҳи
технологии Тоҷикистон  дар шаҳри Исфара

Читать далее

Тасдиқи нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Нишонаи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гардад.

Читать далее

Деваштич: Ба зимистонгузаронӣ захира мерасад

Имрўзҳо дар шаҳру навоҳӣ тибқи қарори Раиси вилоят бобати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба даври тирамоҳу зимистон корҳо ҷараён доранд.

Дар ин хусус аз рафти омодагӣ ба даври тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 аз ноҳияи Деваштич дидан намудем. Тибқи иттилои Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Алиҷон Обидов алҳол ҳамаи соҳаҳо барои зимистонгузаронӣ омода буда, маводи заруриро захира намудаанд. Номбурда қайд намуд, мутобиқ ба нақша дар ноҳия 73 нуқтаи фурўши ангиштсанг фаъолият доранд, ки аз онҳо 56 ададаш нуқтаи фурўши сайёр мебошанд. Нуқтаҳои фурўши гази моеъ 24 адад буда, нисбат ба соли гузашта 1 адад зиёд аст.

Барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 барои ташкилоти буҷетии ноҳия 935 тонна ангиштсанг ба маблағи 524541 сомонӣ харида шудааст.

Дар маҷмуъ барои муассисаҳои буҷетии ноҳия якҷоя бо бақияи ангиштсанг аз соли гузашта (114 тонна) 971,3 тонна яъне 100,3 фоизи нақшавӣ ангишсанг захира гардидааст.

Соҳаи маориф низ барои зимистони солҳои 2017-2018 омода мебошад. Алҳол дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ 231 печи барқӣ ва 1527 печи аловӣ насб карда шудаанд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Зикрулло Иброҳимов дар ноҳия 67 муассисаи таълимӣ, 7 кўдакистон ва 1 маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 5 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1 маркази таҳсилоти иловагӣ ба хатти барқи озод пайваст мебошанд.

Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2–и деҳаи Хуштори Мухлон имрўз барои зимистонгузаронӣ беш аз 10 тонна ангиштсанг ва 5 метри мукааб ҳезум захира шудаанд.

Ҳамчунин, дар ноҳия барои гармидиҳӣ 66 генератор мавҷуд аст, ки аз ин 60 адади он дар ҳолати корӣ қарор дорад ва барои гармкунии муассисаҳо хизмат мерасонад.

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия ҳам вазъи омодагӣ барои зимистонгузаронӣ қаноатбахш буда, дар маҷмуъ захираи ангиштсанг, ҳезум ба таври кофӣ ва шишабандӣ ба пуррагӣ иҷро шудааст. Аз 4 буғхона 3 адади он дар ҳолати корӣ қарор дорад.

Бо 9 генератор муассисаҳои тандурустии ноҳия гарм карда мешаванд. Захираи ангиштсанг (67 тонна), ҳезум (251 метри мукааб) ва шишабандӣ (40 метри мураббаъ)-ро ташкил менамояд.

Зимни боздид аён гардид, ки дар ноҳия Деваштич баҳри сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба даври тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, омодаанд, ки зимистони имсоларо ба хубӣ паси сар намоянд. 

Истамҷони НАҶМИДДИН,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Журналистони ШТР “Мир”: Нақши муҳими рўзнома дар инъикоси иҷлосия

Имрўзҳо сокинони кишварамон баҳри истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 25-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду талош доранд. Бо мусоидати Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ омодасозии филмнома ҷараён дорад, ки бозгўи нақши таърихӣ ва ҳалкунандаи Иҷлосия дар тақдири халқи тоҷик хоҳад буд.

Дар доираи омодасозии филми мустанади мазкур ҷурналистони Ширкати байнидавлатии телевизиону радиошунавонии «Мир»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил меҳмони рўзноманигорони «Ҳақиқати Суғд» шуданд. Дар он рўзҳои ҳалкунандаву тақдирсоз маҳз ҳайати эҷодии рўзномаи вилоятӣ масъулияти инъикоси пурраву ҳамаҷонибаи рафти Иҷлосияро бар дўш дошт. Мухбири ШТР «Мир» Вера Исмоилова, Илҳом Маҳкамов ва дигар ҳайати эҷодӣ бо инъикоскунандагони бевоситаи рафти Иҷлосия-сармуҳаррири онвақтаи «Ҳақиқати Ленинобод» («Ҳақиқати Суғд») Файзулло Атохоҷаев, мухбирон Рафоат Муъминова ва Тавҳида Ҷўраева дар бобати нақши Иҷлосия дар тақдири мардуми тоҷик суҳбат оростанд.

Ҷурналистони ШТР «Мир» ҳамчунин, ҷойи баргузории Иҷлосия-Қасри таърихии Арбобро наворгирӣ намуда, бо вакилон ва иштирокчиёни Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат анҷом медиҳанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ширкати байнидавлатии телевизиону радиошунавонии «Мир» соли 1992-юм бо мақсади инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ин мамолик бо ризоият ва ҳамкории давлатҳои ИДМ таъсис шудааст. Барномаҳои ШТР «Мир» 24 соат ҷараён гирифта, бинандагонро бо зиндагии имрўза ва таърихи давлатҳои аъзои ИДМ ошно месозад ва дар кишварҳои Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Молдова ва Белорусия намоиш дода шуда, бештар аз 128 миллион нафар тамошобинро фаро мегирад. Дафтари кории ШТР «Мир» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия воқеъ буда, дар 9 давлат бахш ва намояндагиҳои Ширкат фаъолият мебаранд.

Филми мустанад дар арафаи таҷлили ҷашни Иҷлосияи таърихӣ нахуст дар Федератсияи Русия ва тавассути шабакаҳои телевизионии кишварамон намоиш дода хоҳад шуд.

 Р.Неъматова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Лаҳзаҳои ҳассосу ҳалкунанда

Абдуҳамид Абдуҷалилов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи деҳқон соли 1947 ба дунё омадааст. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна орзу дошт, ки агроном ё муҳандис шавад.

Ҳамин буд, ки соли 1965 ба Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси агроном хатм намуд. Ҳарчанд дар вазифаҳои мухталиф кор карда бошад ҳам, ҳамеша дар дил шуғли боғдориро мепарварид. Таҷрибаву донишашро ба назар гирифта, ўро ба вазифаи директори хоҷагии ба номи Исмоил Ҳамзаалиев таъин намуданд. Абдуҳамид Абдуҷалилов тайи 17 сол чун ташкилотчии моҳири истеҳсолот кору фаъолият намуд. Барои хизматҳояш бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» (1965), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1984) ва медали «10-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ» (2002) сарфароз гардидааст.

Муҳтавои ёддошти иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши хонандагон мегардад.

Дар назди депутатҳои Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули қонунҳо масъалаҳои душворе меистоданд, ки дархури талаби замон буданд. Барои қабули қонунгузорӣ, оид ба хоҷагии қишлоқ чун вакили мардумӣ ширкат варзидам.

Дар мамлакат беҳокимиятӣ, бесарусомонӣ он лаҳза ҳукмфармо буд. Роҳбару сарвари оқиле ба кишвар зарур буд, ки Ватанамонро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшад. Ниҳоят, Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олӣ дар Қасри Арбоб барпо гашт, ки дар дили ҳазорҳо мардуми тоҷик шуълаи умед дурахшид.

Ман низ чун вакили Шўрои Олӣ барои ба сулҳ расидани тарафҳои муқобил кўшиш намудам. Ҳамроҳ бо депутатҳои Шўрои Олӣ, аз ҷумла Ҷаҳон Набиев, Мирзоҳамдам Баҳодуров, Малик Қурбонов, Саидшариф Шарифов ва дигар барои якпорчагии ҷумҳурии азизамон кўшишу ғайратамонро равона намудем.

Ҳангоме ки дар ҷаласаи Шўрои Олӣ масъалаи сулҳу салоҳро дар қаламрави Тоҷикистон ба миён гузоштанду Раиси нави Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият дар ин бора баромад карданд, ҳама аз хурсандӣ кафкўбӣ менамуданд. Вакилону меҳмонон ҳамдигарро ба оғўш мегирифтанду табрик менамуданд, ашк дар чашмони ҳамагон ҳалқа мезад.

Ман шукри он рўзро мекунам, ки ҳарду тараф сари як дастархони оши оштӣ нишаста, ғубори кинаву адоватро аз дил берун карданд.

Мо-депутатҳо хуб дарк мекардем, ки ба ҷумҳурӣ роҳбаре лозим аст, ки дар ҳамин шароити барои кишварамон хеле вазнин масъулияти басо гаронро ба дўш гирифта тавонад, халқро муттаҳид кунад, мардуми парокандаро ба ҳам оварад, ба мамлакат тинҷию оромӣ бахшад ва рушду нумуи мамлакатро таъмин намояд. Дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамин гуна роҳбарро дида тавонистем. Гумон мекунам, бурди мо - депутатҳо ҳам дар ҳамин аст. Ба тарафдории ин фарзанди ҷонфидои миллат аз 197 нафар 185 депутат раъйи худро доданд. Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Мо дар интихоби худ хато накардем. Бо шарофати сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳи таърихӣ Тоҷикистон аз вартаи дармондагӣ раҳо шуд. Соҳаҳои хоҷагии халқ рў ба пешрафту тараққиёт ниҳоданд, сатҳи зиндагии мардум баланд шуда, кишварамон дар миқёси байналхалқӣ эътибор пайдо кард ва дунё Тоҷикистонро шинохт.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее