31 October 2017

31 October 2017

Сайри олами нафосат

Чуноне иттилоъ дода будем, санаҳои 25-27 октябри соли 2017 як гурўҳ ҳунармандони шаҳру навоҳӣ дар Истироҳатгоҳи солимгардонии кўдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи «20- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба омўзиши ҳунарҳои халқӣ, аз қабили адрасбофию сўзанидўзӣ, зардўзию қолинбофӣ машғул шуда, байни ҳам мубодилаи таҷриба карданд ва дар як вақт дўстию рафоқати хешро мустаҳкам намуданд.

Андешаҳои иштирокдорони семинар гуногун буда, ҳар яке аз баргузории чунин курсҳои омўзишӣ изҳори ақида намуданд. Фишурдаи суҳбати мо бо ҳунармандони вилоят барои ривоҷу равнақ ёфтани ҳунарҳои қадимаи миллӣ мусоидатгар хоҳад буд.

Сармутахассиси муассисаи давлатии Маркази эҳё ва рушди адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ Салимабону Каримова иброз медорад, ки мақсади баргузории семинари мазкур дар баробари таҷрибаандўзӣ эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомўзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мебошад.

Сафина Ҳофиззода иштирокчии кўчактарини семинари мазкур маҳсуб меёбад. Ў хонандаи синфи панҷуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 27-уми Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ аст. Дар хонадон фарзанди калонӣ буда, аз модари ҳунармандаш Мавҷуда Ҳакимова нозукиҳои ҳунари адрасбофиро азхуд кардааст. Айни замон дар Маркази таълимию истеҳсолии «Сафина», ки дар ҳудуди ноҳия таъсис ёфтааст, фаъолият дорад. Сари се дастгоҳи адрасбофӣ занону духтарони мастчоҳӣ аз Сафинаву модараш нозукиҳои ин ҳунари волоро меомўзанд. Ў бар замми адрасбоф будан аз сеҳри сухану санъати шеъргўӣ огоҳ асту шеърҳои эҷодкардааш дар васфи адрасбофдухтарон, Ватан, модар, Пешвои миллат мебошад.

Мафтунабону Мамадҷонова зодаи Исфарамарз буда, хушбахт аз он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба камол мерасад. Аз рўзе, ки дар яке аз ноҳияҳои пойтахти кишварамон корхонаи саноатӣ ба фаъолият шуруъ карду Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи он иштирок ва Мафтунаро сари дастгоҳи адрасбофӣ дида, барояш дуои нек доданд, шавқу завқи ҳунари пешакардааш боз ҳам бештар дар замираш боло гирифт. Вақте ўро ба ҳайси мураббӣ барои омўзонидани ҳунари адрасбофӣ ба занону духтарони Бадахшону Вахш вобаста карданду сари чаҳор дастгоҳ наздик понздаҳ нафар аз сеҳри адрасбофӣ бохабар шуданд, эътиқодаш нисбат ин ҳунар боло рафт.

Духтараки соҳибҳунар адрасбофиро аз ҳунармандони Маркази таълимию истеҳсолии «Дугонаҳо»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров омўхта, нахуст фаъолияти кориашро аз таъсиси маркази истеҳсоли адрасбофии «Файзи Навгилем» оғоз бахшид ва дар муддати кўтоҳ тавонист зиёда аз 20 шогирд тарбия намояд. Дар озмуни вилоятии «Дастони моҳир» сазовори ҷойи аввал ва дар озмуни ҷумҳуриявӣ бо бофтани нақши матои «Лолача» сазовори мақоми саввум гардид. Мафтунахон дар баробари ишқу ҳаваси дўзандигиву адрасбофӣ доштанаш, дар оянда омўзгор шуданист. Алҳол донишҷўи соли аввали факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров буда, аз устодони соҳибтаҷриба сабақи маърифат меомўзад.

Барои Гулнорахон Ортиқова ҳунари зардўзӣ аҷдодӣ аст. Аз хурдсолӣ аз модари омўзгораш Назирахону падари косибаш Акбархоҷа тарбияи хуб гирифтаву аз нозукиҳои ҳунарҳои қадима бохабар гашт. Ҳанўз дар синфи чорум мехонду назди волидайни соҳибҳунараш нишаста, ҳамроҳашон нақш мекашиду ранг мепартофт, медўхту аз ороишҳои ҳосилшуда завқ мекард. То нақшҳои кашидаву дўхтааш босифат бароянд, Гулнора хеле заҳмати зиёд мекашид. Нахустин маҳсули дастонаш дар намоишгоҳе, ки аз 52 давлати дунё меҳмонон иштирок доштанд, баҳои арзанда гирифт. Ҳангоми ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи Сайфи Исфарангии шаҳри Исфара тасвири кўза бо гулҳоро, ки тамоми нозукиҳои ҳунари зардўзӣ дар он корбаст шуда буд, намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ намуд. Ба даст гирифтани шаҳодатномаи «Зардўзи беҳтарин» дар озмуни ҳунармандони дастӣ, ки дар шаҳри Ўши Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, пайроҳаи ҳунарии Гулнорахонро ба олами зебоиофар боз ҳам фарох кард.

- Иштирок дар семинари вилоятӣ бароям хурсандибахш буд. Зеро аз олами зебоиофари дигар ҳунарҳои аҷдодӣ низ бохабар шудам. Ҳунарҳои қуроқбофию адрасбофӣ, қолинбофию сўзанидўзӣ низ нозукиҳои худро дошта, мо, ҳунармандон тавонистем байни худ мубодилаи таҷриба намоем. Бар замми ин, тамошои мавзеъҳои таърихии вилоят-Қасри Арбоб, Боғи Камоли Хуҷандӣ, Хона-музейи шоир, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ бароям хеле мароқангез буданд, - иброз дошт Гулнорахони исфарагӣ.

Адрасбофи машҳури ноҳияи Айнӣ Мавзуна Ҳасанова аз модаркалону модараш асрори қуроқдўзию дўзандагиро ба хубӣ омўхта буд. Ҷиҳози арўсони деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ҳамеша бо дастони муъҷизаофари ин бонуи даҳ панҷааш ҳунар оро меёфтанд. Бо таъсиси Маркази истеҳсолии «Дугонаҳо» хост ин ҳунари аҷдодиро омўхта, маҳорати адрасбофиашро низ санҷад. Ба он муяссар ҳам шуд. Имрўз ҳамроҳаш панҷ гулдухтараш Зулолаву Нигора, Зулфираю Камола ва Шукронаи шашсола ҳам адрасбофӣ мекунанду рўзгорашонро тавассути ҳунари азхудкардаашон обод мегардонанд. Занону духтарони деҳаи Дашти қозии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, деҳаи Киштудаи шаҳраки Ревад аз ин бонуи соҳибҳунар адрасбофиро омўхтаанду барои ривоҷу равнақи ҳунарҳои миллӣ заҳмат мекашанд.

- Баргузории семинари ҳунармандон бароям дари орзуҳоро кушод. Ҳангоми машғулиятҳо бохабар гардидем, ки адрасбофӣ нозукиҳои ба худ хос доштааст. Фаҳмида тавонистам, ки ҷилою нафосати бештари матоъ аз чист. Бар замми ин, нақшбандию йўрмакунӣ аз ҷониби ҳунармандон Монадҷон ва Иноятхон омўзонида шуд, ки мо, адрасбофон метавонем дар маҳалли зисти худ онро ҷорӣ намоем. Ҳарчанд ин намуди матоъбофӣ дар аввал душвор аст, аммо саъю кўшиш ва ғайрати беандоза метавонад моро ба қуллаи мақсуд бирасонад, - гуфт Мавзуна Ҳасанова.

Баргузори семинари омўзишию таҷрибаандўзӣ дар ҳақиқат олами навгониҳоро ба ҳунармандон во намуд. Аз ин пас зардўз метавонад адрасбоф бошаду қолинбоф дўзанда ва ё, баръакс. Аз ҳама муҳимаш, ҳеҷ як бонуи хонадон бекор намонда, бо шуғли писандидаи худ машғул хоҳад гашт. Мо ба ин имтинони комил дорем.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҳиммату саховат – фарзи инсонӣ

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, парасторӣ намудани ятимону маъюбон ва кўдакони бепарастор вазифа ва рисолати асосии Ҳукумати кишвар буда, дастгирии ин табақаи аҳолӣ аз ҷониби сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо низ ба роҳ монда шудааст. Солҳои охир ба ин ташаббуси неку хайрхоҳона соҳибкорону тоҷирони саховатманд ва дигар шахсони ҳимматбаланди мамлакат низ пайравӣ намуда, онҳо ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва муассисаҳое, ки чунин шахсон тарбия мегиранд, кўмакҳои беғаразона мерасонанд.

Тибқи ин дастури Пешвои миллат бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки онро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ тасдиқ намудааст, хонандагон ва тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб ва хонаҳои кўдакон аёдат гардида, дар ин муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд.

Тибқи маълумоти мавҷуда алҳол дар вилоят маҷмўан, 21 муассисаи иҷтимоии тарбиявӣ ва парасторӣ амал мекунанд, ки дар онҳо беш аз 1900 нафар ба таълиму тарбия ва нигоҳубин фаро гирифта шудаанд.

Муассисаи давлатии «Хона – интернати беморони руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов», «Хонаи кўдакон» - и шаҳри Хуҷанд, муассисаи махсуси таълимию тарбиявии давлатии Мактаб – интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, мактаб - интернат барои кўдакони ятиму бепарастор дар шаҳри Истаравшан, муассисаи таълимӣ – парваришгоҳи рақами 40-и шаҳри Конибодом, мактаб – интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бўстон, Маркази вилоятии барқарорсозӣ ва солимгардонии кўдакон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи ин муассисаҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир ин ташаббуси неку хайрхоҳонаро соҳибкорону тоҷирони саховатманд ва дигар шахсони ҳимматбаланд низ пайравӣ менамоянд ва ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат кўмакҳои беғаразона мерасонанд.

Воқеан ҳам дастгирӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон амали нек ва шоиста аст.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян

Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоянро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар суҳбати самимӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, аз сатҳу сифати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон, хусусан равобити байнипарлумонӣ ва муколамаи доимии сиёсии сатҳи баланд дар давоми 25-соли барқарории муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Читать далее

Ҷавонони мо фаромўшхотиранд?

Яке аз бемориҳое, ки ҷомеаи имрўз бахусус, ҷавононро ба ташвиш овардааст, ин фаромўшхотирӣ мебошад. Бо ин сабаб баъзан инсон фаъолияти муътадили худро гум карда, кораш бесифат мешавад. Оид ба сабабҳои пайдоиши ин беморӣ, омилҳои ба он таъсиррасонанда ва табобати ин иллат духтури асабшиноси Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Аскар Почоев изҳори ақида менамояд.

Сабабҳои асосии ба фаромўшхотирӣ гирифтор шудани инсон асабонияти аз ҳад зиёд, серкорӣ, таҳти фишор қарор гирифтан мебошад, -зикр намуд духтури Почоев.

Имрўзҳо ҷавонон дар ду-се ҷой кор мекунанд ва аксар вақт барои истироҳат фурсат намеёбанд. Кори аз ҳад зиёд асаби инсонро хаста карда, фаъолияти мағзи сарро суст мегардонад. Дар натиҷа витаминҳоро аз худ намудани мағзи сар суст шуда, ин ба фаромўшхотирӣ боис мегардад. Дар ин ҳолат шахс наметавонад ҳодиса, факту рақам ва дигар чизҳои дидаву шунидаашро дар хотир нигоҳ дорад.

Суст шудани хотираи инсон инчунин, бештар ба технологияҳо такя кардани ў аст. Ҷаҳони муосирро бе технологияҳои иттилоотӣ, телефонҳои мобилӣ, интернету компютер тасаввур карда наметавонем. Масалан, вақте инсон ҳисобу китобро бе ҳисобкунак, телефон ё компютер иҷро мекунад, мағзи сари ў кор карда, ҳуҷайраҳои он инкишоф меёбанд. Ҳамарўза дидану шунидани хабарҳои даҳшатовар, куштору амалҳои ҷинояткорона асаби инсонро хароб карда, кори майнаро заиф мегардонад.

Омили дигари таъсиррасонанда ин хўрокхўрии нодуруст мебошад. Аксар вақт мо бо сабаби надоштани вақт ё серкорӣ саросема хўрок истеъмол менамоем ё он хўрокҳоеро истифода мебарем, ки дар таркибашон витаминҳо ва моддаҳои барои организм зарурӣ кам мебошанд. Хўришҳои тезтайёршаванда ё аз маҳсулоти табиӣ (натуралӣ) ғанӣ набуда, барои инсон фоидабахш нестанд. Дар натиҷа тани инсон бо элементҳои зарурӣ таъмин нагардида, гирифтори ин беморӣ мешавад.

Хоб яке аз талаботи шабонарўзии организм аст. Ҳангоми хоб ҳуҷайраҳои асаби инсон ором гирифта, қобилияти меҳнатии худро барқарор мекунанд. Камхобӣ ба инсон зарар дорад. Дар натиҷаи камхобӣ низ мағзи сари инсон наметавонад ба таври дахлдор фаъолият дошта бошад. Барои ба хотир овардани ҳодиса, факту рақам ё дигар зарурат мо маҷбур мешавем, ки ба организм фишор оварда, онро барои ба ёд овардан водор намоем. Ин ҳолати сарборӣ ба организм низ метавонад боиси фаромўшхотирӣ гардад.

Норасоии об дар организм инчунин, метавонад сабаби фаромўшхотирӣ гардад. Организми инсон ҳангоми бо об таъмин будан иттилооти бештареро ҳифз мекунад. Ҳеҷ ягон нўшокиҳо, аз қабили чой, қаҳва, нўшокиҳои газнок наметавонанд бо оби табиӣ баробар бошанд. Аз ин лиҳоз, барои одам истеъмоли оби табиӣ зарур аст.

Солҳои пеш бемории фаромўшхотирӣ асосан байни калонсолон мушоҳида мешуд. Аммо солҳои охир ин иллат байни ҷавонон, донишҷўёну толибилмони макотиб низ ба назар мерасад. Муолиҷаи фаромўшхотирӣ имконпазир буда, он муддати зиёдро талаб мекунад ва пешгирӣ намудани ин беморӣ аз муолиҷа дида осонтар аст. Барои эмин доштан аз фаромўшхотирӣ инсон сараввал бояд худро аз асабонии зиёд нигоҳ дорад. Каме ба ҳаёт фориғболона нигариста, худро таҳти фишор қарор надиҳад. Бояд нақшаи корӣ ва истироҳати худро дошта бошад, то ин ки организм барои барқарор шудан имконият пайдо намояд. Меваву сабзавоти табииро мавриди истифода қарор дода, меъёри хоби худро таҳти назорати қатъӣ бигирад. Бо варзиш, кори ҷисмонӣ машғул шуда, бештар истироҳат ва тарзи ҳаёти солимро пеша намояд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Чоҳи амудӣ дар Андарсой

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар Ҷамоати деҳоти Андарсойи ноҳияи Спитамен аз тарафи Идораи истифодабарии оби нўшокии ноҳияи Мастчоҳ моҳи июни соли равон як чоҳи амудӣ бо арзиши лоиҳавии 208 ҳазор сомонӣ кофта, моҳи октябри ҳамин сол ба истифода дода шуд.

Юсуфхуҷа Асроров – сардори идораи корхонаи истифодабарии оби нўшокии ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат изҳор дошт, ки барои 550 нафар аҳолӣ як чоҳи амудӣ кофта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд ва мушкилоти чандинсолаи сокинон ҳалли худро ёфт.

Дилрабо Эгамова - сокини ҷамоати мазкур миннатдориашро ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят расонида, гуфт, ки чандин сол мо аз оби ошомиданӣ танқисӣ доштем, имрўз ин муаммо ҳалли худро ёфт, ки басо шод ҳастем.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее