01 November 2017

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз рушди босуботу муназзами муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ карданд. Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз мавқеи тағйирнопазиру устувори кишвари мо таъкид доштанд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар баробари дигар бахшҳои афзалиятнок муҳимтарин омили густариши равобити дуҷониба мебошад.

Читать далее

60 ҷойи кории нав

Дар соҳаи саноати ноҳияи Ашт дар 9 моҳ ба маблағи 95 миллиону 913 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 598 ҳазор сомонӣ зиёд аст, ки 101,7 фоиз мебошад.

Бино ба иттилои намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зуҳуриддин Эшматов дар ин давра аз 12 корхонаи саноатии шаклҳои гуногуни моликият 11 коргоҳ фаъолият дошта, аз он 8 адад нисбат ба соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.

Тибқи нақша соли 2017 дар ноҳия таъсиси 1 корхонаи нави саноатӣ пешбинӣ шуда, дар ин давра дар давоми сол ду коргоҳи нави истеҳсолӣ бунёд гардида, ба фаъолият оғоз намуд. Коргоҳи навтаъсиси коркард ва бандубасти меваи хушки ҶДММ “Аштфрут” дар шаҳраки Шайдон бо иқтидори коркарди 10 тонна меваи хушк дар як шабонарўз, бо таъсиси 20 ҷойи корӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ бунёд шудааст.

Ҳамчунин, дар деҳаи Марҳамати Ҷамоати деҳоти Ошоба коргоҳи пахтатозакунӣ бо иқтидори коркарди 90 тонна пахтаи хом дар як шабонарўз бо таъсиси 40 ҷойи нави корӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Даъвати тирамоҳӣ дар чӣ ҳол аст?

Бино ба иттилои муовини сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии вилоят Фаридун Отабоев нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар то 30 октябр 89,5 фоизро ташкил медиҳад.

То имрўз шаҳру навоҳии Гулистон, Бўстон, Истиқлол, Шаҳристон, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Кўҳистони Мастчоҳ, Зафаробод ва Спитамен нақшаи даъватро таъмин намудаанд, - қайд намуд номбурда.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Омодагӣ ба зимистон

Бобати фаъолияти бомароми соҳоти мухталиф дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 то 20-уми октябр ба миқдори 765,8 тонна ангишт ва 906,5 метри мукааб ҳезум захира шудааст, ки иҷрои талаботи муқарраршуда мутаносибан ба 100,9 ва 104,7 фоиз таъмин гашт.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба миқдори 442,8 тонна ангишт ва 680,5 метри мукааб ҳезум захира шуда, талаботи нақшавӣ барзиёд иҷро гардид. 1364 печи бухорӣ, 31 генератор, 3 буғхона барои давраи зимистон омода ва 24 муассисаи таълимӣ ба хатти барқи озод пайваст шуданд.

 Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бошад, ба миқдори 323 тонна ангишт ва 226 метри мукааб ҳезум захира шудааст, ки мутаносибан 103 ва 100 фоизи нақша аст.

Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо ангишт, гази моеъ ва зиёд намудани нуқтаҳои фурўшӣ чораҳои зарурӣ андешида, алҳол дар ҳудуди ноҳия 52 нуқтаи фурўши ангишт ва 34 нуқтаи фурўши гази моеъ фаъолият доранд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Қонуншиканӣ дар Конибодом

Дар Конибодом баҳри иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» комиссияи доимии шаҳрӣ, 6 комиссияи доимии маҳаллӣ ва 231 комиссияи ҷамъиятӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият мебаранд.

Бино ба иттилои мудири бахш оид ба корҳои дин ва танзими ҷашну маросим Ҳасан Бобошукуров то имрўз дар ҳудуди шаҳр 2434 маърака баргузор гардиданд, ки хароҷоти умумии онҳо 13 млн. 966 ҳазору 500 сомонӣ мебошад.

Дар ин давр 1178 адад ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, забҳи чорвои майда 42 сарро ташкил додааст. Масъулин таъкид мекунанд, ки баҳри камхарҷ намудани маъракаҳо ва риояи ҳатмии қонуни амалкунанда чораву тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар ин замина хатнасури хайриявии 62 нафар кўдак, инчунин 3 тўйи домодию арўсӣ баргузор карда шуд.

Дар баробари ин ҳанўз ҳам риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба назар мерасад. То имрўз 32 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид, ки аксаран дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳамробоев, Пўлодон ва Ортиқов ба назар расиданд.

Ҳасан Бобошукуров афзуд, ки 8 қонунвайронкунӣ баъди ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қайд гирифта шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиву ташвиқотӣ ҷараён доранд.

Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Вохўриҳои судманд

Бо назардошти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақшаи чорабиниҳои муштарак бо баргузор гардидани силсилавохўриҳои кормандони дастгоҳи Прокуратураи вилояти Суғд бо устодону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вобаста ба фаҳмонидани моҳияти ин қонун ва “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ” тағйиру иловаҳои ба қонунҳои мазкур ворид кардашуда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 августи соли равон зимни ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, роҳандозӣ мешаванд.

Аз санаи 5 то 24-уми октябр вохўриҳо дар 9 факултети ин донишгоҳ бо иштироки сардори шўъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғону ҷавонони Прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 2 Зафар Қаюмзода, прокуророни калони ҳамин шуъба, мушовири адлияи дараҷаи 2 Донохон Ҷўраева ва мушовири адлияи дараҷаи 3 Хуршед Худоёрзода баргузор гардид.

Дар вохўриҳо устодони донишгоҳ, муовини ректор оид ба тарбия М.Шамсидинов, мудири шуъбаи тарбия Ф.Ҳодибоев, мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи донишгоҳ М. Ўлмасов ва мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ И.Ҷабборов низ иштирок ва баромад намуданд.

Дар чорабиниҳои баргузоргардида беш аз 900 нафар устодону донишҷўёни факултетҳои донишгоҳи мазкур ширкат доштанд. Маърузачиён қонунҳоро шарҳу тавзеҳ дода, моҳияти ворид гардидани тағйиру иловаҳоро фаҳмониданд.

Боҳир Раҷабов

Читать далее