02 November 2017

Оғози сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон

2 ноябри соли 2017 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

Читать далее

Китоби зарурӣ

Шукри Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаётамон таъсири мусбати худро расонида истодааст. Инро мо дар соҳаи табъу нашр низ мебинем.

Нашриёти «Меъроҷ»-и шаҳри Хуҷанд китоби наверо бо номи «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (муаллиф номзади илмҳои филологӣ, ҳоло директори Китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов) аз чоп баровард. Ин рисола барои донишҷӯён, устодони мактабҳои олӣ ва миёна, рӯзноманигорон дастури зарурӣ ба шумор меравад.

Муаллиф шурӯъ аз давраҳои пешин дар бораи адабиёт ва моҳияти фалсафиву ҳунарии он, илми адабиётшиносӣ ва таърихи он сухан меронад. Сипас дар бораи ақидаҳои адабиётшиносии олими давраи атиқа (қадим) Арасту мулоҳизаронӣ кардааст. Дар бобҳои минбаъдаи китоб, ки машғулиятҳои назариявӣ ном доранд, дар бораи образ ва образнокӣ, персонаҷ, тип, характер дар адабиёт, оид ба ҷинсҳои адабӣ, сюҷет ва унсурҳои он, забону сабки асарҳои бадеӣ маълумот дода шудааст.

Қисми дуюми китоб «Машғулиятҳои амалӣ» ном гирифтааст. Ба фикри  мо, ин чиз ниҳоят зарур ва хонданӣ аст, зеро аз рӯи матнҳои додашуда кори амалӣ гузаронида, хонанда дониши назариявии худро дар амал мебинад, онро месанҷад.

Қисми «Машғулиятҳои амалӣ» барои омӯзгорони ҷавон ниҳоят муҳим ва шоистаи пайравӣ аст, чунки муаллиф мақсади ҳар дарс, равиши онро соддаву фаҳмо баён сохтааст. Оид ба ҳар як мавзӯъ нақшаи баёни он (саволҳои баррасишаванда) низ тартиб дода шудааст.

Алиҷон Олимов

Читать далее

Иҷлосияи тақдирсози миллат

Дар доираи нақша чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич бахшида 25-солагии Иҷлосияи XVI–уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №2-юми деҳаи Хўштоири Мухлони Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич чорабинии адабиву маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Сараввал аз ҷониби омўзгори фанни таърих Эркинбой Исоқов дар мавзўи «Нақши таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, ҷабҳаҳои асосии он тариқи намоиши расмҳо бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ баҳри ҳозирин шарҳ дода шуд. Сипас аз ҷониби хонандагони Муассисаи таълимӣ бо роҳбарии омўзгори фанни мусиқӣ Сайёра Муҳаммадиева барномаи адабиву фарҳангӣ гузошта шуда, хонандагон дар васфи Пешвои миллат, Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ватан-Модар суруди яккахон, рақси гулдухтарон, саҳначаҳои тарбиявӣ ва шеъру таронаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо маҳорати баланди эҷодиву фарҳангӣ қироат намуданд. Баъдан баҳри хотирмон гаштани чорабинии мазкур Парчами давлатӣ боло бардошта шуд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба омўзгорону фаъолон ва аҳли эҷоди муассисаи таълимии мазкур сипосномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба омўзгорони ҷавоне, шаҳодатномаи узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро супорида шуд. Инчунин, омўзгорони ҷавон, ҷонибдорони фаъоли намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан», ки дар чорабиниву конфронсҳо ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, барои таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро расонида истодаанд бо Ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд.

 С.Саидов,
роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»
дар ноҳияи Деваштич 

Читать далее

Шаҳри Бўстон обод мешавад

Ободу зебо гардидани манотиқи кишвар, аз ҷумла шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз сулҳу осоиш ва саодати шоистаи зиндагии мардум дарак медиҳад. Махсусан, корҳои ободонию созандагӣ, маърифати зебоипарварӣ ва дар ин замина фаъолияти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон барои боз ҳам назаррабо гаштани шаҳр ҷолиби диққатанд.

Баҳриддин Раҳмонов - директори Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонии иншоотҳои коммуналӣ-иҷтимоӣ»-и шаҳр қайд кард, ки дар назди майдони Қасри фарҳанг Нишони давлатӣ бунёд ёфта истодааст. Инчунин, ободонӣ ва азнавсозии ду фаввора дар даромадгоҳи шаҳр ҷараён доранд.

– Бояд гуфт, ки зиёда аз 4 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпўш карда, 3 ҳазори дигар дар ҳолати иҷроишанд ва дар маҷмуъ аллакай қариб тамоми роҳравҳо обод шуданд. Инчунин, таъмири якчанд иншоот, аз ҷумла намуди зоҳирии бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, толори Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ, боми Гимназияи №1, бинои беморхона (шуъбаҳои сироятӣ ва кўдаконаи таваллудхона), ободонии майдони даромади шаҳр, азнавсозии майдони хиёбони Исмоили Сомонӣ, васлкунии камераҳои мушоҳидавӣ дар кўчаҳои шаҳр ба иҷро расонида шуданд. Тасмим гирифтем, ки бахшида ба 25-солагии Иҷлосия корҳои ободониро аз ҳисоби буҷет давом дода, бо сари баланд то рўзи ҷашн супорем.

Аъзамҷон Ҷўраев - сардори Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр низ аз ҳолати имрўза ба мо маълумот дод:

– Ҳар рўз аз ҳудуди шаҳр аз 90 то 110 мукааб партовҳои сахти маишӣ бароварда мешаванд. Оид ба ин нақшаи зимистонгузаронӣ, ки аз масъалаҳои мубраме ҳаст, мо низ бетаваҷҷуҳ нестем. Аз сабаби он, ки бархе аз биноҳои истиқоматӣ кўҳна ва бомҳояшон фарсуда гардидаанд, аз ҳисоби пардохти соҳибмулкони манзил мо бояд 3,5 ҳазор метри мураббаъ боми хонаҳоро таъмир мекардем. Аммо сарфароз аз он ҳастем, ки аз нақша зиёд, яъне қариб то 7 ҳазор мураббаъ метрро аз таъмир баровардем. Инчунин, дар нақша буд, ки 34 адад дари биноҳои истиқоматиро нав кунем, хушбахтона, 42 адади онҳоро иваз намудем.

Соли равон 1690 бех дарахти ороишӣ шинонидем. Гулшинонӣ зиёда аз 80 фоиз иҷро шудааст, ки даромади шаҳр, яъне кўчаи Камоли Хуҷандиро зеб медиҳанд.

Аз сўҳбат бо Абдулвоҳид Носиров - сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр маълум гардид, ки таъминоти оби нўшокӣ хеле хуб буда, ба ғайр аз “Маҳаллаи нав”, ки 20-22 соат бо об таъмин ҳастанд, боқимонда тамоми аҳолии шаҳр бемамониат 24 соат об доранд.

– Ҳамаи обҳои мо аз чоҳи амудӣ буда, як қисми он, яъне 25-30 фоиз аз оби деҳаи Овчиқалъача гирифта мешаванд. Айни ҳол марҳалаи аввали лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон дар шаҳр ба охир расид ва бо ин сабаб ҳавзе барои масраф нашудани оби нўшокӣ сохта истодаем. Таъмиру барқарорсозии обанбору хариди таҷҳизоти насосҳои обкашӣ, лабораторӣ, техникаҳои коммуналӣ дар марҳалаи аввал иҷро гардиданд. Инчунин, зиёда аз 13 ҳазор метр қубурҳои қутрашон калонро иваз кардем. Насби обченкунакҳо дар марҳалаи ниҳоӣ қарор дошта, айни ҳол корҳо идома доранд.

Муовини раиси шаҳр Ғафур Зоирӣ қайд намуд, ки воқеан ҳусни шаҳр имрўзҳо ранги тоза гирифта, корҳои ободонӣ бовусъат ҷараён доранд ва то ҷашн гирифтани Иҷлосияи ҶVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншоот ба истифода дода хоҳанд шуд.

 Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Хизматрасонии зообайторӣ: ниёз ҳаст!

Афзун гардонидани саршумори чорвои калони шохдор алалхусус, ширдеҳ ва эмин доштани онҳо аз бемориҳо мавриди таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ барои ташкил намудани марказҳои хизматрасонии зообайторӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Барои шинос шудан бо фаъолияти марказҳои хизматрасонии зообайторӣ ба ноҳияи Деваштич омадем ва бо шахсони масъул суҳбат намудем.

Аз гуфти М. Файзиев - сардори Стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти ноҳия дар асоси дастур ва супоришҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар самти ташкил намудани марказҳои хизматрасонии зообайторӣ як қатор корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд. Зимнан, ў қайд намуд, ки дар Ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан, Ваҳдат, Росровут як ададӣ, дар маҷмуъ, чор маркази хизматрасонии зообайторӣ фаъолият доранд. Дар назди ин марказҳо инчунин дорухонаи байторӣ, нуқтаи хушзоткунӣ фаъолият карда истодаанд.

Мавсуф қайд намуд, ки дар Ҷамоатҳои деҳоти Муҷун 2 адад ва Исмоили Сомонӣ 1 адад сохтмони марказҳои хизматрасонии зообайторӣ дар арафаи анҷомёбист. Масъулон гуфтанд, ки ин марказҳо баъди омода шудан пурра ба фаъолият шурўъ менамоянд.

Инчунин, дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ва Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ ба мутахассисон Фозил Икромов ва Саидамин Аҳмадов қитъаи замин барои сохтмони марказҳои хизматрасонии зообайторӣ ҷудо ва онҳо бо сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин таъмин карда шудаанд. Пойдевори иншоот ба охир расид ва онҳо тасмим гирифтанд, ки ба зудӣ сохтмонро тамом карда, фаъолиятро оғоз намоянд.

Аз тарафи мутахассис Фозил Икромов то имрўз 43 сар чорвои аҳолии Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ва Ҷамоати деҳоти Ғазантарак хушзоткунии зоти сиёҳало ба роҳ монда шудааст.

Мо бо фаъолияти маркази хизматрасонии зообайтории Ҷамоати деҳоти Яхтан ошно гардидем. Дар Марказ мутахассис Шербек Нарзуллоев фаъолият дошта, ҳамарўза ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Ў гуфт, ки эътибор ва ҳавасмандии аҳолӣ барои хушзот намудани зотҳои нави чорвои калон бештар гардидааст. Дар ин ҷо 40 сар моли калони шохдор бо зоти хушсифат ва ширдеҳ парвариш меёбанд.

Мутахассис Саидамин Аҳмадов барои бештар хушзот намудани 23 сар чорвои аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ ва Ваҳдат бо чорвои зоти олмонӣ тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд.

Имрўз хушзотгардонии чорвои калони шохдор воситаи муҳими насловарӣ маҳсуб меёбад. Маркази хизматрасонии зообайтории Ҷамоати деҳоти Ваҳдат низ бо таҷҳизоти замонавии соҳа таъмин карда шудааст. Дар ин марказ чорвоҳои аҳолии деҳаҳои Басманда ва Қалъаи Дўст ба таври сунъӣ хушзот гардонида мешаванд.

Аз тарафи аҳолии ноҳия барои ташкил намудани Маркази хизматрасонии зообайторӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир шуда, то ин дам баҳри ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони марказ ба унвони раиси ноҳия 25 ариза ворид шудааст. Ба 11 ариза қарори дахлдори раиси ноҳия оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин ба имзо расида, шаҳрвандон бо сертификати ҳуқуқӣ истифодаи қитъаи замин таъмин шуданд.

Мардуми деҳот ба рушди хизматрасонии зообайторӣ ниёз ва таваҷҷўҳ доранд. Дар ҳалли ин масъала бояд марказҳои хизматрасонии зообайторӣ беҳтару бештар фаъол бошанд.

Улуғбек МАХФИРАЛИЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Сарчашмаи саломатӣ ва омили рушд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд карданд, ки «Об ин зиндагист. Об ин ҳаёт аст ва вазифаи мову шумост, ки ин манбаъро ба наслҳои ояндаи худ дар беҳтарин вазъ боқӣ гузорем!».

Дар ин радиф иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи эълон намудани “Соли 2017 - Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ”-ро кормандони Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан сармашқи кори худ намуда, баҳри бо оби нўшокӣ таъмин кардани сокинон кўшиш ба харҷ медиҳанд. Директори муассисаи мазкур Ҳасанхон Умаров изҳор дошт, ки дар мувозинаи корхонаи мазкур 21 чоҳи амудӣ мавҷуд буда, бо насосҳои гуногуни обрасонӣ оби нўшокӣ ба аҳолӣ дастрас мегардад. Дар шаҳр миқдори умумии истеъмолкунандагони оби нўшокӣ ба 1-уми октябри соли равон 8 544 хоҷагӣ буда, зиёда аз 44,8 ҳазор нафарро дар бар мегирад. Барои таъминоти оби нўшокӣ бо 34 ташкилоту корхонаи буҷавӣ ва 145 нуқтаи хизматрасонии корхонаҳои худмаблағгузор шартнома баста шудааст.

Бояд зикр кард, ки дар давоми нўҳ моҳи соли равон корхона баҳри беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи хушсифати нўшокӣ ду чоҳи амудии воқеъ дар мавзеи “Ҷавқандак”-ро, ки солҳои тўлонӣ бекор хобида буд, бо харидорӣ намудани 2 насоси обкашӣ ва 1 трансформатори 160 кВт бо тамоми таҷҳизоташ ба истифода дода шуд.

Бо мақсади баланд гардонидани фишори об 6 насоси нави обкашӣ дар мавзеъҳои обдиҳии “Дўстӣ”, “Интернат”, “Варзишгоҳ” гузошта шуд, ки таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нўшокии хушсифат хеле беҳтар гардид.

Дар кўчаи ба номи Гагарин, мавзеи Муғтеппа бошад, баъди васеъ намудани шоҳроҳи мошингард қубурҳои хатти магистралии оби нўшокӣ бо қутри 250мм ба масофаи 180м корношоямгашта аз тарафи мутахассисони корхона иваз карда шуданд.

Хатти оби нўшокии меҳмонхонаи “Муғтеппа” ба хатти асосӣ пайваст гардида, зарфи ҳаҷмаш 50 мукааб васл ва аз он ба иншооти Қалъаи Муғ бо насосҳои обрасон бо оби тоза таъмин шуд.

Имрўзҳо татбиқи созишномаи қарзии байни Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба татбиқи Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимоли Тоҷикистон” марҳалаи дуюм оғоз гардида, аз тарафи бонки мазкур ва ҶДММ “Сичён” ба маблағи 924 ҳазор доллари ИМА корҳо шуруъ шудаанд. То имрўз ба масофаи 2070м қубури обгузари полиэтилении қутрашон 225 мм васл карда шуд, ки аз он 1200 метраш мавриди истифода қарор дода, Беморхонаи марказии шаҳр пурра бо оби нўшокӣ таъмин гардид.

Ҳоло аз тарафи мутахассисони идораи мазкур ба 25 корхонаи буҷавӣ ҳисобченкунакҳо гузошта шуданд, ки ин ба беҳтар гаштани таъминот бо оби нўшокӣ ва кам шудани талафоти он мусоидат хоҳад кард.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аҳли кормандони корхона бо рўҳбаландиву таъби болида баҳри таъминоти аҳолии шаҳр бо оби тозаи нўшокӣ саҳми сазовор гузошта, ҷашни 25 - солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз гирифтанианд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее