03 November 2017

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои фаъолияти экстремистӣ

Яке  аз  воситаҳои  мубориза  бар  зидди экстремизм истифодаи босамари меъёрҳои ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни ҷиноятӣ такмил гардида  истодааст, ки он барои пурзўр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта мусоидат мекунад.

Иштирок дар ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ дараҷаи ба ҷамъият хафнокиаш зиёдтар буда, ба ҷамъият ва давлат таҳдид меорад. Бо мақсади таъмин намудани амнияти миллӣ зидди экстремизм бояд дар қонуни ҷиноятӣ меъёрҳои нав ҷорӣ карда шаванд.

Дар қонуни ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта чор таркиби ҷиноят, яъне  ин таркиби  ҷиноятҳо дар моддаҳои 3071 Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм; 3072 Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ); 3073 Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ); 3074 Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусмияти динии экстремистидошта пешбинӣ гардидааст. Ҳангоми содир шудани ҷиноятҳои мазкур ба асосҳои сохти конститутсионии системаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё таҳдиди расонидани зараррро ба вуҷуд меорад. Ин кирдорҳо танҳо аз ҳаракатҳои фаъолона содир мешаванд, яъне оммаро ба даъват фаъолияти экстремистӣ, иттиҳоди ташкилӣ экстремистӣ, ташкилифаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистӣ мебошад. Ҷиноятҳои мазкур қасдан содир мегарданд, зеро ҷинояткор ҷиноятҳои мазкурро дидаю дониста содир менамояд, оқибатҳои онро пешбинӣ мекунад ва фаро расидани оқибатҳои онро мехоҳад. Шахсоне дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, онҳо шахсони воқеӣ, мукаллаф буда, ҷавобгарии ҷиноятӣ аз синни 16 – солагӣ муқаррар гардидааст. Аз рӯи хусусияти ба ҷамъият хавфнокиашон ҷиноятҳои мазкур ба категорияи ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазниндохил мешаванд.

Дар моддаи 3072 КҶ ҶТ Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) қонуни ҷиноятӣ якчанд ҷиноятҳоро ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта муайян намудааст, ба шарте, ки ин кирдорҳо аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, наҷодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўҳи иҷтимоӣ содир гарданд. Аз ҷумла, моддаи 157 монеъ шудан ба фаъолияти ташкилоти динӣ; моддаи 158 Монеъ шудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ; моддаи 160 Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузормҳо ва роҳпаймоихо; моддаи 185 Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ; моддаи 188 Бетартибиҳои оммавӣ; моддаи 189 Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, наҷодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ; моддаи 237 Авбошӣ; моддаи 2371 Вандализм; моддаи 242 Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих ва фарҳанг; моддаи 243 Таҳқири ҷасади фавтидагон ва  гўри онҳо.

Дар қонуни ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлатҳои аз 3 то 15 сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол  муқаррар шудааст.

Н.И.АХМЕДОВ,
н.и.ҳ., дотсент
М.М.КАРИМОВА,
сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва криминалистика

Читать далее

Вокуниш ба номаи кушоди шаҳрвандони Истаравшан ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ

Банда номаи шаҳрвандони Истаравшанро мутолиа намудам ва аз нома муайян гардид, ки Саидюнус Бурҳонов ки ҳамчун шахси ҷинояткору бадахлоқ ба шумор меравад имрўз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқомат менамояд ў бо воситаи шабакаҳои интернет бо тахаллуси Саидюнуси Истаравшанӣ баромад карда, нисбати сиёсати имрўзаи Тоҷикистон бо ҳаргуна бўҳтонҳо баромад намуда фикрҳои нохалафонии хешро баён карда истодааст.

Фаъолияти Саидюнус Бурҳонов барои дастгири намудани тероризм ва экстримизм равона карда шуда, ў мехоҳад дар ҳудуди Истаравшан ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдорону пайравони худро пайдо намояд. Фаъолияти Саидюнус Бурҳонов аз тарафи дигар барои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон муаммоҳои баризофаро пайдо менамояд. Шаҳрвандони Истаравшани бостонӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳиш доранд, ки Саидюнус Бурҳонов ки дар интернет бо тахаллуси Истаравшанӣ баромад мекунад набояд номи истаравшанро доғдор кунад. Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд барои пешгири кардани ҳаргуна баромадҳои иғвоангези Саидюнус Бурҳонов чораҳо андешанд. Хуб мебуд, ки дар Эрон аз дастгири кардани С.Бурҳонов даст кашанд зеро ў шахсе мебошад, ки бо корҳои нопок дар гузашта машғул гардида, боиси хонавайрон шудани ду оила ва инчунин ба маҳбас гирифтор шудани бародарони худ гардидааст.

Бинобар ин чунин шахс на танҳо барои Тоҷикистон балки ба Эрон бо фаолияти нопоки худ муаммоҳои зиёдеро ба миён меорад. Ман ҳамчун устоди донишгоҳ номаи шаҳрвандони Истаравшанро мутолиа намуда, ва онро дастгирӣ менамоям. Зеро он барои ҳифз намудани номи поки Истаравшан равона карда шудааст. Чунин шахсон ки ба монанди Саидюнус Бурҳонов ки бо ҷиноятҳои ҳуқуқию ахлоқӣ гирифтор мебошанд бояд барои амалҳои нопокашон сазовори ҷазо гарданд. Бинобар ин ман чунин рафтори Саидюнус Бурҳоновро маҳкум намуда ва шаҳрвандонро ба он даъват менамоям, ки ба ҳаргуна баромадҳои иғвоангези ў бовар накунанд, ки онҳо барои халалдор намудани фазои сулҳу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона карда шудаанд.

Дар охир гуфтаниам, ки лаънат бар шахсони хиёнаткоре, ки бар обу хоки муқаддаси ватани хеш хиёнат мекунанд ва бар онҳое, ки чунин шахсонро дастгирӣ менамоянд.

З.С.Тўраев,
сармуаллими кафедраи забонҳои хориҷии ДДҲБСТ 

Читать далее

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон

Муҳокимаи мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ дар музокироти васеъи ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ташрифи меҳмони олимақомро боз як қадами муҳим барои таҳкими дӯстию ҳамкорӣ дар таърихи муосири муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карданд.

Читать далее

Иҷлосия анҷумани саодати миллат

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик тоҷик тақдирсоз буда, аҳамияти таърихӣ дорад. Зеро дар иҷлосияи таърихӣ ҷанги шаҳрвандӣ боздошт шуда, ҳукумати қонунӣ барқарор гардид.

Ба пойдевори сулҳу субот асос гузошта, барқарор кардан ва тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ оғоз ёфт.  Дар ин замина, метавон зикр намуд, ки новобаста ба 9-уми сентябри соли 1991-ум расман эълон гардидани истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон воқеан амалӣ шудани он аз иҷлосияи тақдирсози миллат -  Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Бинобар ин, Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баробарарзиш аст.  

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷиҳат иҷлосияи сарнавиштсози  миллати тоҷик арзёбӣ мегардад, ки дар он интихоби роҳбари давлат ҳамчун як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ ва бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ба вуқуъ пайвастааст. Маҳз ин иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик ба фарзанди фарзонаю фидокори халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбариро ба ҷомеаи Тоҷикистон вогузор намуд. Марҳилае, ки Пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуданд, кишвари нав ба истиқлолрасидаи мо рўзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд, ки дар натиҷаи ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон ҳисороти зиёди моливу ҷонӣ ба миён оварда, якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷикро зери таҳдид гузошта буд.

Баргузор шудани Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қавле падидаи муҳими тақдирсозе маҳсуб меёбад, ки баъди қабул гардидани эъломияи Истиқлолияти давлатӣ роҳи сулҳу ваҳдат ва эъмори давлати тозаистиқлолро кушод ва ба раванди барқароршавии давлатдории навини тоҷикон ибтидо гузошт. Аз замони Иҷлосияи XVI то соли 1997 – ум, яъне дар Рўзи ваҳдати миллӣ, давраи боздошти таназзули иқтисодӣ пайваста, бо азхуд кардани баъзе шаклҳои низоми иқтисоди бозорӣ маҳсуб мешавад, ки чун замина барои рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ хизмат намудааст. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи тақдирсози истиқрори сулҳи тоҷикон тамоюли афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба назар расида, аз ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар дарак медиҳад.  

Имрўз баъди 25 соли баргузории иҷлосияи тақдирсоз ва нақши он дар таърихи миллати тоҷик андешаронӣ карда, қабл аз ҳама хизматҳои барҷаста ва талошҳои фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардан ҳатмист, зеро тавонистанд миллати тоҷикро ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнографӣ эҳё намоянд. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандонаашон халқи тоҷикро ва мардуми парешонро сарҷамъ намуда, садҳо ҳазор гурезагон ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд ва дар як муддати кўтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омаданд. Ҷиҳати ба ҳам пайвастани тамоми гўшаву канорҳои кишвар шоҳроҳи ваҳдат ва робита ёфтан бо кишварҳои хориҷи дуру наздик роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд, аз ҷумла бунёди роҳи оҳани Қўрғонтеппа – Кўлоб, сохтмон ва навсозии 1700 километр роҳҳои мошингард, 17 километр нақб ва беш аз 100 пул, аз ҷумла роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Мастчоҳ – сарҳади Ўзбекистон, Душанбе – Рашт – Ҷирғатол – сарҳади Қирғизистон, Душанбе – Кўлоб – Қалъаи Хумб – Хоруғ – Кулма – сарҳади Чин, Душанбе – Қўрғонтеппа – Дўстӣ – Панҷи Поён – сарҳади Афғонистон, панҷ пули мошингузар дар болои дарёи Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон, ки дар мавзеъҳои Хоруғ, Ишкошим, Ванҷ, Қалъаи Хумб ва Панҷи Поён қарор дорад.    

Ҳамзамон, дар кишвар марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва корҳои созандагию бунёдкорӣ оғоз гардид. Дар раванди ба амал баровардани ислоҳоти иқтисодӣ муҳимтарин бахши он гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ба вуҷуд омадани бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад. Имрўз дар иқтисодиёти мамлакат тамоми шаклҳои моликият, аз ҷумла, моликияти шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳуқуқӣ фаъолият пайдо намуданд, ки дар ин замина ниҳоди ҳуқуқи моликияти хусусӣ ҳамчун ниҳоди муҳим ва пояи иқтисоди бозорӣ бунёд шуд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ вазни қиёсии муассисаҳои давлатӣ аз 47,8 фоиз то 28,6 фоиз поён рафта, вазни қиёсии муассисаҳои хусусиву коллективӣ аз 5,4 то 70 фоиз афзудааст. Дар солҳои 1997 то 2016 теъдоди корхонаҳои хусусӣ аз 6926 адад то зиёда аз 32 ҳазор адад афзудааст. Нуфузи аҳолии машғул дар бахши хусусии иқтисодиёт дар ин давра аз 597 ҳазор нафар то зиёда аз 1,5 млн. нафар афзудааст. Нуфузи шахсоне, ки ба соҳибкории инфиродӣ машғуланд, аз 47,4 ҳазор то зиёда аз 200 ҳазор расиданд. Шумораи корхонаҳои хурд ба ҳар як млн. аҳолии мамлакат тамоюли болоравиро гирифтааст. Ин раванди мусбӣ дар иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад, ки дастрасии мардумро ба захираҳои гуногун осон менамояд. Дар маҷмўъ, дар шароити муосир вазни қиёсии бахши ғайридавлатии иқтисодиёт дар истеҳсоли маҷмўи маҳсулоти саноатӣ аз 18 фоиз то зиёда аз 65 фоиз афзудааст.

Дар соҳаи кишоварзӣ ба давлат муяссар гардид, ки аз сохти хоҷагидории кўҳна ба тарзи нави хоҷагидорӣ гузарад, ки дар натиҷаи он деҳқон ба соҳиби воқеии замин табдил гашта, худ барои ба даст овардани ҳосили фаровон ҳавасманд гардид. Имрўзҳо дар соҳаи кишоварзии мамлакат беш аз 100 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба соли 1997-ум 11 маротиба афзудааст. Дар ихтиёри онҳо ҳуқуқи истифодабарии беш аз 2,5 млн. гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ вобаста шудааст, ки ин зиёда аз 72 фоизи тамоми заминҳои таъиноти кишоварзии кишварро ташкил медиҳад. 

Буҳрони конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба истифодаи захираҳои меҳнатӣ таъсир расонида, бекорӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва берунии меҳнатӣ, шуғл дар бахши ғайрирасмии иқтисодиёт афзоиш ёфт. Таҷрибаи таърихии иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад, ки барқарорсозии истифодаи захираҳои меҳнатӣ ва мутаносибан, амалисозии ҳуқуқи конститутсионӣ - яъне ҳуқуқ ба меҳнати шоиста ҳамеша ҷанбаи дарозмӯҳлатро дорад. Маҳз барои ҳамин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ чун яке аз масъалаҳои муҳими амалисозии ҳуқуқи конститутсионӣ ба меҳнат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки бо баробари таъмин гаштани муътадилии макроиқтисодӣ дар кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд стратегияҳои давлатиро қабул намуд, ки дар заминаи онҳо ислоҳоти ҷиддии сохторӣ дар бахшҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат, ба монанди низоми молия – қарзиву бонкӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, соҳибкорӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст пули миллӣ, яъне рубли тоҷикӣ 10-уми майи соли 1995 ба муомилот бароварда шуда, дар низоми бонкии кишвар марҳилаи сифатан нав шуруъ гардид. Маҳз дар ҳамин давраи инкишоф зарурати қабул намудани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бояд мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро ба сифати бонки танзимгар равшан ифода намуда, мутобиқи меъёрҳои байналмиллалӣ фаъолияти онро ба роҳ монад, ба миён омад. Бинобар ин, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуд, ки барои ба бонки марказии муосир табдил ёфтани он ва таъмини устувории пули миллӣ замина гузошт.

Аз соли 2000-ум арзёбии фаъолият ва натиҷаҳои иқтисодӣ бо асъори миллӣ – сомонӣ сурат гирифта, сиёсати пуливу қарзӣ ташаккул ёфт.

Дар арафаи ҷашни 25-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон бо итминон метавон қайд намуд, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми воқеаҳои сиёсии кишвар ҳамчун падидаи нодири таърихи давлатдории навини тоҷикон дар роҳи фурў нишондани оташи ҷанги бародаркуш, ташаккул ва фароҳам овардани  фазои боварӣ ва эътимоди шаҳрвандӣ ва заминаҳои боэътимоди барқарор намудани ҳукумати қонунӣ нақши муассир гузошт. Зеро сулҳи пойдор гардида ва бебозгашти тоҷикон ин дастоварди ҳамдилии мардуми кишвар буда, муҳаққиқон ва таърихнигорони тоҷик аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо барои тоҷикистониён, балки барои аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ низ рабт медиҳанд.

 М.М.Салимова
дотсенти кафедраи андоз ва андозбандӣ

Читать далее

Иҷлосияи рӯйдоди тақдирсоз дар ҳаёти кишвар ва миллат

Имсол дар қаламрави ҷумҳурӣ 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ, ки саҳифаи дурахшони сулҳу суботро дар кишвари тозаистиқлоли тоҷик боз кард, таҷлил мегардад.

Ин рӯйдоди бемисл ва тақдирсоз хотироти некро ба мо мерос гузошта, дилҳоро гарм, дидаҳоро мунаввар ва ҳаёти мардумро дар самти бунёдкорӣ ва созандагӣ, ягонагӣ ва якдилӣ афзун мегардонад.  Бешак, натиҷаҳо ва қарорҳои иҷлосияи мазкур дар рушди миллат, таҳкими сулҳу ваҳдат, бунёди кохи ороставу перостаи мулки осоишта ва халқи созандагори мо саҳми босазое гузоштанд.

Ҳамчун узви ҷомеа ва як тан шаҳрванди Тоҷикистон, олим ва мураббии насли ҷавонони соҳибтолеъ ифтихори хешро аз саҳми Асосгузори ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, паёмовари сулҳу субот ва нерӯбахши саодати кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосия бори гарони бунёди давлати навини Тоҷикистонро ба ўҳда гирифтанд, изҳор карданиам. Ин шахсияти воқеан шуҷоъ ва далер бо сиёсати пешгирифтаи давлатдории навин, таҷассуми унсурҳои олии адолат ва асолати инсондустӣ,  фарҳанги волои миллӣ бори дигар изҳор намуданд, ки халқи точик дар масири таърих ва тамаддуни умумибашарӣ  соҳиби анъанаҳои бузурги давлатдорӣ буда, ҳамчун кишвари сулҳпарвар, башардўст ва таҳаммулпазир шинохта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахусти фаъолияти доманадори хеш кулли мушкилоту душвориҳои марзу буми тоҷик ва халқи азияткашидаро ба дўши худ гирифтанд. Аз минбари баланди иҷлосия ба халқи тоҷик чунин муроҷиат намуданд: «Ман ба Шумо сулҳ меоварам». Ин суханони ҳаяҷонбахши сарвари кишвар 25 сол аст, ки ба тамоми олам танин меандозад ва сари баланди ин фарзанди фарзонаи миллатро боз ҳам баландтар менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот тамоми қишрҳои мардуми Тоҷикистон, ҳатто зиёнкорону қавмҳои ҷангҷўй, душманони миллатро ба сулху салоҳ ва сари мизи таҳаммул ва андешаву орият даъват намуданд. Таъкид карданд, ки ба нобуд сохтан ва аз байн бурдани кишвар ҳаргиз роҳ намедиҳем, байрақи сурхи асолати миллӣ,  ливои сулҳу созандагӣ ва ҳаёти осоиштаву ороми кишварро баландтар мебардорем.

Таҷрибаи сулҳофаринии Сарвари кишвар Эмомалӣ Рахмон дар паҳнои олам тимсоли ибрат ва намуна гардида, кишварҳои гуногуни дунёро рў ба густариши ҷомеаи дӯсту бародар илқо менамояд.

Тавассути талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тўли ин чанд соли истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои комили сиёсиву иктисодӣ, моддӣ ва маънавӣ ноил гардид. Имрӯз фазои бунёдкорона ва созандагӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ тозаву озода буда, мардуми аҳл ва тифоқи Тоҷикистонро ба ҷониби меҳнати фидокорона ва ризқу рўзии ҳалол раҳнамун мегардонад. Агар аз нигоҳи рушду такомули мактабу маориф ва илму фарҳанг ҳарф занем, Тоҷикистон ба қатори давлатҳои пешқадам ворид мегардад. Ҷавонони тоҷик  солҳои охир дар озмунҳои гуногуни илмӣ,  мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ натиҷаҳои баланд ва дилхоҳ ба даст оварданд, ки ин ҳама шоистаи ифтихор ва таҷассуми сиёсати хирадмандонаи Сарвари миллат дар соҳаҳои назарраси илму фарҳанг маҳсуб меёбад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ёдовар шудаанд, ки пешравиҳо дар соҳаи маориф ба таҳкиму такмили самтҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва кордон нигаронида мешавад. Дар замони муосири мутобиқ ва мувофиқ шудан ба рақобатҳои бозори меҳнат ва истифодаи оқилонаи технологияи инноватсионӣ ва  коммуникатсионӣ қадамҳои устувори ҷавонони муҳассил мақоми хосса пайдо мекунад. Ба ин маънӣ, тайёр кардани мутахассисони баландпоя аз самтҳои баргузидаи сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, донишҷўён дар роҳи аз бар намудани барномаҳои таълимӣ, иштирок дар маҳфилҳои илмӣ-тадқиқотӣ, фарогирии донишҳои бунёдӣ бояд қадамҳои наҷиб гузоранд.

Муроҷиати Президенти кишвар дар самти такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҷолиби диққат аст. Алҳол дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар солҳои 2015-2020» амал мекунад. Он ҳадафҳои мушаххас ва пайгиронаи ташаккули фазои бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангиро дарбар мегирад ва баҳри тайёр намудани шахсиятҳои соҳибзабон ва соҳибфарҳанг роҳ мекушояд. Чунонки Президенти кишвар иброз намудаанд, дар ҷаҳони муосири робитаҳои байнифарҳангӣ ва бисёрзабонӣ бе донистани забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият кардан басо душвор аст. Ҳамзамон  фаромӯш набояд кард, ки  донистани забони модарӣ (тоҷикӣ) аз суннатҳои азалӣ ва аҷдодӣ аст.

Д.С.НЕГМАТОВА,
н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи
забонҳои хори
ҷии ДДҲБСТ

Читать далее

Нақши Конститутсия дар инкишофи давлатдории миллӣ

Дар соҳибихтиёр гаштани миллати тоҷик ва пайдоиши  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона нақши бунёдии Конститутсия хеле муҳим мебошад.

Чӣ тавре  ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад”.

Ҳар як миллате, ки ба соҳибихтиёрии воқеӣ ноил гаштааст, ҳамаи кўшиши худро ба он равона месозад, ки заминаҳои давлатдории миллиро устувор гардонад. Ин заминаю асосҳо самтҳои гуногуни сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳарбӣ ва ғайра доранд, ки дар ҳар яки он бояд миллат пешрав ва қобили ҳифзи манфиати хеш бошад. Муборизаи мунтазами сиёсии миллат дар шароити мувофиқи дохилӣ ва байналмилалӣ давра ба давра ногузир ба амалӣ гаштани соҳибихтиёрии он бурда мерасонад. Ва бунёди давлати миллӣ даставвал бо санадҳои сиёсие, ки дар онҳо иродаи миллат барои ташкили давлати миллии худ ифода ёфтааст, эълон карда мешаванд. Ва минбаъд иродаи сиёсии он шакли ҳуқуқӣ мегирад, асосҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо забони қонун ифода ёфта, роҳу восита ва олоти ҳифзи онҳо муайян карда мешавад.

Айнан чунин раванди дурударози соҳибихтиёр гаштани миллати тоҷик ва ба расмият даровардани давлатдории он аз солҳои бистуми асри бист оғоз ёфта, дар анҷоми ин аср ба камолот расид. Табиист, ки ин раванд аз оғоз то анҷом дар ҷанини сохтори давлати шўравии сотсиалистӣ сурат гирифта буд. Пайдоиши давлатдории навини тоҷик, ки натиҷаи амалӣ гаштани соҳибихтиёрии миллӣ мебошад, маҳз ба ҳамин омил вобаста аст.

Давраҳои асосии таърихи навини ба давлатдорӣ ноил гаштани миллати тоҷикро ба назари мо, шартан ба марҳалаҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Мавҷуд будани ҷузъиёти тоҷикӣ дар давлатҳои тоинқилобӣ ва баъдиинқилобии Бухоро, Қўқанд ва Ҷумҳурии Мухтории Туркистон; “табартақсимӣ” марз ва миллатҳои Осиёи Миёна, нақшаи ташкили ҶМШС Тоҷикистон ва кўшиши расмӣ гардонидани он дар Конститутсияи соли 1929;
  2. Муттаҳидшавии шаҳру ноҳияҳои округи маъмурии Хуҷанд бо ҶМШС Тоҷикистон ва ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон, қабули Конститутсияи соли 1931;
  3. Тағйирот дар моҳият ва вазифаҳои асосии давлати шўравӣ, табдилшавии давлати диктатураи пролетариат ба давлати меҳнаткашон ва инъикос гардонидани он дар Конститутсияи ИҶШС ва Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1936-1937;
  4. Аз давлати меҳнаткашон расман ба давлати умумихалқӣ табдил ёфтани давлати шўравӣ, дар асл бошад, давлати ҳизбӣ эълон гаштани он ва инъикоси ин омил дар конститутсияҳои охирини шўравии солҳои 1977-1978;
  5. Сиёсати бозсозии давлати шўравӣ ва кўшиши бартарафсозии ихтилофҳои моҳиятии он, тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, номувофиқии сохтори шўравӣ ба тағйиротҳои созанда ва барҳамёбии он;
  6. Ноил гаштани миллати тоҷик ба соҳибихтиёрӣ ва ташкили давлати воқеан миллӣ, дар сатҳи конститутсионӣ ба расмият даровардани он. Ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999, 2003-2016.

Аз самти сиёсӣ ҳанўз дар давраи дар ҳайати давлати Иттиҳоди шўравӣ қарор доштани Тоҷикистон эълон гаштани соҳибихтиёрии давлатии он бо роҳи аз тарафи мақомоти олии намояндагии ҷумҳурӣ қабул карда шудани Эъломияи соҳибихтиёрии давлатӣ аз 24-уми августи соли 1990 ва дар таҳрири нав 9-уми сентябри соли 1991, моҳи декабр пош хўрдани давлати шўравӣ ва муттаҳид шудани як қисми собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар ҳайати ИДМ – иттифоқи нави байналмилалӣ алоқаманд мебошад. Ба тарзи ҳуқуқӣ ин раванд бо роҳи дар солҳои 1989-1993 дохил кардани тағйиру иловаҳо ба конститутсияи охирини давраи шўравии ҷумҳурӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 расмӣ гардонида шуд.

Конститутсияи Тоҷикистон соли 1994 заминаҳои асосии бунёди давлати нав, сохтори нави ҷамъиятӣ, пайдоиши падидаҳои нави ҳуқуқию конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, тартиби интихобии ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва шаклҳои фаъолияти онҳоро муқаррар намуд.

Бо дарназардошти шароити таърихӣ, захираҳои иқтисодӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, энергетикӣ ва хусусиятҳои осори фарҳангии худ ҳар як давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш меравад. Табиист, ки таъмини пешрафти ҷомеа дар заминаи шароиту хусусиятҳои маҳалливу миллӣ қабул ва такмили қонунгузории миллиро талаб менамояд.

Бинобар ин, дар чунин шароит зарурат ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мо ба миён омад. Чӣ хеле, ки ба мо маълум аст, ба Конститутсияи амалкардаистода се маротиба, ин ҳам бошад 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки амали онро фаъол гардонид.  Онҳо ба ташаккул ва инкишофи ҷомеа ва давлати мо мусоидат карда истодаанд. Албатта, ҳар як санаи ворид намудани тағйиру иловаҳо як давраи нави рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб мераванд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки мазмуну муҳтавои он чи қадар афкори ҷамъиятро дар бар гирад, ҳамон қадар барои инкишофи ҷомеа ва давлат шароит фароҳам меорад. Ин хулосабарорӣ ҳоло эътирофи умумро соҳиб гаштааст ва дастоварди бузурги ҳуқуқӣ ва давлатӣ ба ҳисоб меравад. Қабули он танзим ва такмили муносибатҳои нави ҷамъиятиро ба миён оварда, давраи навро дар таҳия, такмил ва қабули қонунҳо замина гузошт. Рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ, ба монанди муайян кардани шакли идораи давлатӣ, шакли сохтори марзи давлатӣ ва сохтори марзию маъмурӣ, моҳият ва таъйиноти рамзҳои давлатӣ; сохтори ҷамъиятӣ ва ҳадафҳои асосии он, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ; эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ ва аз тарафи давлат риоя ва ҳифз гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; эълон кардани соҳибихтиёрии халқ ва шаклҳои амалӣ гардонидани он; усули асосии ташкили ҳокимияти давлатӣ дар заминаи таҷзияи он ба се шоха – қонунгузор, иҷроия ва судӣ; муқаррар кардани усули волоияти Конститутсия, яъне эътибори олии ҳуқуқӣ ва мустақиман амал намудани меъёрҳои он,  инчунин қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эълон гаштани санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян кардани сиёсати сулҳҷўёнаи хориҷии Тоҷикистон; муқаррар кардани гуногуншаклии моликият ва кафолати баробарҳуқуқии онҳо ва ғайра маҳз бо роҳи дар Конститутсия муқаррар гаштан ва танзим ёфтан хислати ҳуқуқию конститутсионӣ пайдо карданд. Тағйирнопазир донистани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат аз ҳамин қабил меъёрҳои созанда мебошанд.

Чӣ тавре, ки дар суханронии худ дар арафаи 15-солагии ҷашни Конститутсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад”.

Ба воситаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тақдирсоз барои давлату миллати тоҷик мебошад, ки ба раванди соҳаҳои гуногуни мамлакат тақвияти нав бахшид.

Конститутсия соли 1994 дар марҳалаи басо мураккабу қисматсоз ва пурпечутобу ҳассоси рўзҳои аввали ташаккули давлатдории миллиамон қабул гардид. 27-уми июни соли 1997 дар натиҷаи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ки он зиёда аз 2 сол фаъолият намуд, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумат ва иттиҳоди нерўҳои мухолифин ба имзо расид, ки бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн барои ба даст овардани таҳкими ваҳдату субот ва ризоияти миллӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26-уми сентябри соли 1999 ба Конститутсияи кишвар як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Бо роҳи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба матни Конститутсия, нақши созандагӣ, хислати созишӣ ва нерўи ваҳдатбори он тақвият ёфт ва амалу меъёрҳои он тамоми қишрҳои ҷомеа ва созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсиро фаро гирифт. Дар инкишофи ҷомеа ва давлати Тоҷикистон давраи нави бунёдкорӣ оғоз ёфт, ягонагии иҷтимоию сиёсии ҷумҳурӣ ба даст оварда шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари орзуву ормонҳои халқи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду нумуъи кишварамон, аз ҷумла, раванди демократикунонӣ ва ҳуқуқбунёдии ҷомеа ва давлатамон мусоидат намуд. Итминони комил дорам ва даъват ба амал меорам, ки дар ҳифз ва риояи Конститутсия мо бояд бо ҳисси баланди ватандўстӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳанги миллӣ камар мебандем.

Анварбек БОБОЕВ,
устоди ДДҲБСТ 

Читать далее

Нақши ҷавонон дар пешгирии ифротгароии динӣ

Миллати тоҷик дар арсаи таърих бо офаридани арзишҳои олии маънавӣ ва фикрӣ қудрати созандагии хешро ҳамчун холиқи муҳити комили фарҳангӣ, мероси ғании маданиву адабӣ, илмиву фалсафӣ собит сохтааст.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз қадим ба ғояҳои тундгароёна майл надошт. Гузаштагони баруманди халқи тоҷик дар рӯшди фарҳангу тамаддуни исломӣ саҳми бисёр бузург гузошта, бо офаридани осори бузурги маънавии илмию фарҳангӣ доир ба роҳҳои таҳкими пояи давлатдорӣ ва ҳифзи мазҳаб андешаронӣ намудаанд. Барои мо илми ободкунандаву роҳкушоянда ва исломи созанда лозим аст, ки тавонад, истодагарии тафаккури ҷавононро дар муқобили ҳар гуна ғояҳои ифротӣ таъмин намояд ва онро ба самти рушду шукуфоии Ватани азизамон ҳидоят кунад.

Воқеан, сиёсати созанда ва мардумсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи ҷавон гардонидани иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии онҳо падидаи бесобиқа дар таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллатамон дар баробари шарҳи муҳимтарин падидаҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ дар Паёми хеш мавқеи ҷавононро назаррас унвон намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба масоили марбут ба сиёсати ҷавонон ҳар як фарзанди бо нангу номуси миллатро водор месозад, дар роҳи эҳёи арзишҳои миллӣ, арзишҳои муқаддасоти динию мазҳабӣ, пойдории сулҳу субот имкониятҳои ақлию зеҳнии худро истифода намояд. Мавриди зикр аст, ки маҳз бо мақсади дастгирии ҷавонон ба баланд бардоштаи мақоми онҳо дар ҷомеа соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷавонон эълон карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки насли даврони истиқлол хушбахт буда, дар даврони тинҷиву оромӣ ба воя расидаанд ва  дар пешрафти давлатамон саҳми назаррас доранд. Хушбахтона, сол аз сол гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ кам шуда истодааст ва ин аз он далолат медиҳад, ки ҷавонони бонангу номуси миллат аслу мақсади гурӯҳҳои ифротиро пай бурданд.

Лекин бо вуҷуди ин ҳастанд ҳанӯз ҳам ҷавонони ноогоҳ, ки худро ба гирдоби фалокатбор гирифтор менамоянд. Аксари онҳо тариқи сайтҳои интернетӣ бо роҳи фиреб ба Сурияву Ироқ ҷалб гардидаанд. Тавре ки Пешвои миллат дар аксари баромадҳояшон таъкид медоранд, ягон давлат ба танҳоӣ наметавонад ба ин зуҳуроти номатлуб бар зидди терроризм, экстремизм мубориза бурда бошад ва бояд бар зидди ин зуҳурот дастаҷамъона муборизаи беамон бурда шавад.

Ҳанӯз ҳам афзоиши ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ, тавсеаи терроризми байналмиллалӣ, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ боиси нигаронӣ мемонад.  Бо ин мақсад ҳар як ҷавони бо нангу ори Тоҷикистонро зарур аст, ки дар муқобили ин зуҳуроти номатлуб истодагарӣ карда тавонанд ва моҳияти ватандориро ба ҳамсафони худ бо дилу нияти пок фаҳмонда бошад. Хурсандиовар аст, ки дар Тоҷикистони азиз кам нестанд ҷавононе, ки бо рафтору кирдори неки худ обрӯю эътибори Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда истодаанд.

Б.Мироватова,
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

Ҷавонон ба роҳнамоӣ ниёз доранд

Сухани   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  «Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндаги ҳидоят  кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва  такягоҳӣ боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошад» дар марҳилаи муосири тараққиёти ҷомеа ва дар Соли ҷавонон мазмуни тоза пайдо кардаанд.

Дар воқеъ, ҷавонон чун ояндаи миллат ва нигаҳдорандаи фарҳангу ягонагии давлати худ ниёзманди омӯзиш ва шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами инсонӣ мебошанд. Имрӯз ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳайси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҳисоб меравад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Ба саҳифаҳои таърих назар андозем, боварӣ ҳосил менамоем, ки  номи ҳар як халқу миллат тавассути илму фарҳанги он, насли ояндасози он оламгир шудааст ва мавқею мароми онро муайян месозад. Асоси баланд бардоштани дарки ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи миллати  худ ба ҳисоб меравад. Миллате, ки ояндаи дурахшони худро дидан мехоҳад бояд ба китоб рӯ орад.

Ниёгони мо аз азал тараннумгари ахлоки некў буданд. Асархои бисёр ибратбахши худро ёдгор мондаанд. Аз  ҷумла «Маснавии маҳнавӣ», «Гулистон», «Бӯстон», «Қобуснома» ва даҳҳо шоҳкориҳои ахлоқию дастурии ибратбахше мебошанд, ки  ба ахли башар хислатхои хамидаи инсониро талқин мекунанд.

Мутаассифона, дар замони мо ҷавононе пайдо шудаанд, ки аз мероси бои ниёгон бархурдор набуда, ба рафтору кирдорҳои ношоям аз қабили бадахлоқӣ, шомил шудан ба равияҳои ифротӣ ва дигарҳо ҳамроҳ мегарданд ва шаъни ҷавонони барўманди тоҷикро паст мезананд. Ин падидаҳо шояд натиҷаи нокифоягии таълиму тарбия, ба инобат нагирифтани насиҳати волидон, махсусан устодон аст.

Бале имрӯз эҷодиёти гузаштагони бузурги  мо фақат воситаи интиқоли меросҳои илмӣ набуда, балки  вай пайвастгари гузаштаву оянда,  мураббӣ, тарбиятгари  ҷавонон маҳсуб меёбад. Онҳо, махсусан, дар замони ҳозира, ки зимни ҷаҳонишавӣ бисёр арзишҳои маънавии миллӣ коста шуда,  ҷавонон мероси арзандаи ниёгонро фаромӯш карда истодаанд,  чунин рисолатро пайдо менамоянд. 

Дар партави гуфтаҳои болоӣ муаммои истифодаи дастовардҳои техника ва технологияи муосир диққатҷалбкунанда аст. Пӯшида нест, ки қисми ҷавонон дар шароити инқилоби технологӣ, аз ҷумла ба ҳаёт воридшавии компютерҳову  телефонҳои мобилӣ  таъиноти онҳоро дуруст дарк нанамуда, аз ҷаҳони реалӣ дур шуда, аз илм бебаҳра монданд.

Надонистани моҳияти технологияҳои нав ба ин маънӣ омили хеле муҳими муносибат ба онҳо мебошад. Тарзи ба кор андохтан  ва хомўш кардани компютер, кушодани файл, чоп, ирсоли нома ва ғайра дониши техникӣ буда, моҳият ва асли истифодаи ин техникаи пешрафтаро шарҳ намедиҳад.

Дар кишвари мо маориф, кори таълиму тарбия самти афзалиятноки сиёсат дониста шудааст, ба ин соҳа маблағҳои калони буҷетӣ равона мегардад, вале на ҳама вақт натиҷа фақат ба маблағ вобаста мебошад. Дар ин маврид фаъолнокӣ, равиши шахсият, хоҳишу ваҷҳи тарафҳо, яъне истифодаи пурраи имкониятҳо ва натиҷаи корҳои тарбиявӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.

Аз ин гуфтаҳо хулоса ин аст:  чи хеле, ки  ҳар як падару модар барои тарбияи фарзандонашон дар оила тадбирҳои заруриро меандешанд, насли калонсол беистисно барои ҳамаи насли наврас масъулият ҳис намоянд ва дар ташаккули шахсияти онҳо саҳмгузор бошанд.

М.Д.Қодирова,
ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

Читать далее

Сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҷаҳони муосир  рў овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрўз ҷавонони мо ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рў, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем. Зеро имрўз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерўи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Тавре ки огоҳӣ дорем, Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ ба бисёр мушкилиҳои сахту сангин рўбарў гардид. Зеро ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, яъне замоне, ки аксари мо ҳанўз хурдсол будедм, ҷомеаи моро ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан бўҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, дар баробари талафоти гарони ҷонӣ, ки мутаассифона, қисми зиёдтарини онҳо ҷавонон буданд, иқтисоди кишварамон ба хисороти вазнини моддӣ дучор омад. Бо вуҷуди ин, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба ҳол давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷои кор гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ва дар ҳамин замина таъсис дода шудани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 1999-2000 (5октябри соли 1998), Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001-2003» (соли 2001), таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (20 марти соли 1998), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таъсилоти ҳамагонӣ, литсей, гимназия, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникум ва коллеҷҳо» (26 феврали соли 1998), баъди танаффуси сесола боз аз нав эҳё шудани рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (23 феврали соли 1998), 23 май эълон гардидани Рўзи Ҷавонони Тоҷикистон, доир гаштани фестивалҳои ҳамасолаи дўстии ҷавонон соли 1997 дар вилояти Суғд, соли 2000 дар Бадахшон, соли 2001 дар шаҳри Душанбе, соли 2002 дар вилояти Хатлон, соли 2003 фестивали дўстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон, соли 2004  дар шаҳри Душанбе, соли 2004 фестивали дуюми дўстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, соли 2005 дар вилояти Бадахшон, соли 2006 дар шаҳри Душанбе, соли 2007 дар вилояти Суғд, инчуни қабул шудани якчанд қонунҳо барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон дар мисоли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (17 майи соли 2004), «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи фаъолиятҳои волонтёрӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (15 марти (майи) соли 2011), шаҳодати дахлнопазирӣ дар солҳои истиқлолият, ба амал омадани тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти ҷавонони кишвар мебошанд.

Барномаву қарорҳои қабулшуда баҳри баланд бардоштани мавқеи ҷавонон, таъмини пурраи солимии маънавии онҳо равона  гаштанд ва дар роҳи сохтмони  ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим бозиданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохўриҳои чандинкаратаи худ бо ҷавонон: 2 феврали соли 1993, 4 сентябри соли 1993 ба муносибати дуввумин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, 17 марти соли 1994 дар нахустанҷумани Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, 23 майи соли 1997, қабл аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16 майи соли 1998 вохўрӣ бо ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ, 21 майи соли 2005 вохўрии навбати бо ҷавонони ҷумҳурӣ, 30 августи соли 2005 вохўри бо ҷавонони фаъол ва донишҷўёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилояти Суғд дар варзишгоҳи Хуррамшаҳри шаҳри Хуҷанд, 23 майи соли 2013 дар Коҳи борбади шаҳри Душанбе, 4 апрели соли 2014 вохўрӣ бо ҷавонон дар Қасри Арбоби вилояти Суғд, 27 майи соли 2016 мулоқот бо ҷавонони кишвар дар шаҳри Душанбе муҳимтарин  муамммоҳои ҳаёти ҷавононро баррасӣ намуданд.  

Ин вохўриҳо рамзи ояндасозиву ояндабинӣ ва дарки рисолати баланди ҷомеашиносӣ,  инсонгароӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонони кишвар гардид.

Барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тўли солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентӣ- «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад.

Дар давраи соҳибистиклолии кишвар танҳо бо роҳхати давлатӣ зиёда аз 7000 нафар ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар фиристода шудаанд,  ки қариб 2800 нафари онҳо мактаби олиро хатм намуда, беш аз 3900 нафарашон таҳсилро идома дода истодаанд.

Илова бар ин, тибқи роҳхати вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои  мамлакат дар зарфи 5 соли охир 4000  нафар ҷавонон барои таҳсил ва азнавтайёркунӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристода шудаанд. Хамчунин зиёда аз 300 нафар ҷавонони кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон – «Дурахшандагон» барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Холо 86 нафари онҳо баъди анҷоми таҳсил дар соҳаҳои гуногуни кишвар муваффақона фаъолият доранд.

Воқеан ҳам ҷавонони мамлакати мо имрўз дар сохторҳои давлатӣ имкони хуби пешрафт ва дастёбӣ ба мансабҳои роҳбариро пайдо кардаанд. Феълан  41 фоиз  кормандони  вазорату идораҳои кишвар, яъне хизматчиёни давлатиро ҷавонон  ташкил медиҳанд. Як  тафовути мусбан ва фарқкунандаи ҷавонон аз дигар қишрҳои ҷомеа ин аст, ки онҳо дорои идеяву андешаҳои ҷолибанд. Собит гардидааст, ки ҷавонон на ин ки аз ҷиҳати физиологӣ зўру бозуи қудратманд доранд, балки нерўи интеллектуалии онҳо низ қудратманд аст. Аз ин нерў ба манфиати давлату миллат бояд пурсамар истифода кард.

Яке аз мушкилоти замони имрўза тамоюл ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистист. Саволе ба миён меояд: чаро сарзамини тоҷикон, ки қадимитар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумони  хайрхоҳу фарҳангдўст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ рўбарў шуд? Ҳар нафари мо бояд дарк намоем, ки аз назари геопалитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шуда, дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қорор дорад. Ва табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй мекунанд, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда созанд.

Яке аз сабабҳои  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои иртиҷоӣ чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст ин надоштани  маърифати ибтидоии динӣ мебошад. Мақсади наҷиби Пешвои миллат низ аз мунташир намудани китоби «Қуръон» ва тафсири он, бузургдошти пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам маҳз иборат аз шинохти дурусти дини ислом ва маҳви бесаводии мазҳабӣ буд.

Ғояҳои аслии дини мубини ислом ва тамоми динҳои дигар бар асоси тафаккури инсондўстона, эҳтиром ба ақидаи ҳамдигар, ҳамзистиву бародарӣ ва ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа бунёд ёфта, ҳамагуна тундравӣ, бадбиниву хушунат ва ҷангу ҷидолро, ки ҳизби ифротгаро таблиғ месозанд, шадидан маҳкум менамоянд. Метавон ба андешаи А.Хонов ҳамрадиф шуд, ки ҳизбу ҳаракатҳои  тундрав аз номи дини мубини ислом фаъолият намуда дар асл онҳо душманони аввалиндараҷаи  ислом ва мусулмонанд.

Мардуми Тоҷикистон, ки соҳиби имони қавӣ, вале дар муқобили он саводи заифи мазҳабист, туъмаи хубе барои ҳизбҳои номбурда ба ҳисоб меравад. Мисоли ин шуда метавонад шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо. 

Таҳия ва коркарди барномаи мушаххаси ҳукуматӣ дар бораи дин, ҷорӣ шудани фанни ҳуқуқи мусулмонӣ дар донишгоҳҳои кишвар, ки роҳҳои муоссири тадбиқи патенсиали диннӣ ба фоидаи ҷамъиятро муайян месозад, ба нафъи давлат хоҳад буд.

Дар радифи сабабҳои дигар метавон маълумот надоштани оммаи мардум аз моҳияти воқеӣ ва ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ном бурд. Бо вуҷуди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дастёбӣ ба шабакаҳои иттилолоотии ҷаҳони муосир қисме аз ҷавонон содаву зудбовар буда, хабар надоранд,  ки роҳбарони пасипардагии ҳизбҳои  гумроҳкунанда киҳоянд? Онҳо чӣ ҳадафҳоеро дунбол мегиранд ва натиҷаи фаъолияти пайравони аҳзоби мамнўъ бар зарари кист? Дар ин замона чоп ва таблиғи дастурамалҳо оид ба шинохти моҳияти ин гуна ташкилот, сўҳбатҳои доимии  равшанфикрон  тавассути расонаҳои  хабарӣ ва мулоқоти онҳо бо намояндагони насли наврас бенатиҷа нахоҳад буд.

Маъсалаи дигаре, ки бояд мавриди баррасӣ қарор гирад, мавҷудияти баъзан беадолатӣ ва фасоди иҷтимоист. Ҷавонон қишри бениҳоят ҳассос ва дорои романтизм мебошанд. Ва ҳангоми мушоҳидаи  хурдтарин омили қаҷравиву фасод, аз қабили коррупсия ва умуман, иҷро нашудани идеяҳои низоми давлатдории демократӣ аз ҷониби масъулин дар маҳалҳо нисбат ба фардои ҷомеа бовариро аз даст медиҳанд ва зуд шикаста мегарданд. Ҳамин гуна нобоварӣ ва заъфи эътиқод ба ояндаи равшан гоҳо боиси пайвастани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва ҳатто даст задан ба ҷинояткориву худкушӣ мегардад.

Барои  рафъи ин мушкилиҳо лозим меоянд, ки бо қатъият ва мунтазам баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани қонунҳои қабулшуда ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат ҷаҳду талош намуда, ҳамеша баҳри рушди эҳсоси ифтихор аз давлатдории миллӣ, маърифати шаҳрвандӣ, ҳуқуқу озодиҳои фардиву гурўҳӣ, ҳамзистии фарҳангу ақидаҳо ва ваҳдату суботи ҷомеа мусоидат намоем. Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту машварат, зимни маърўзаву суханрониҳо ба масъалаи ҷавонон махсус дахл менамоянд. Ин бесабаб нест. Зеро Роҳбари давлат дар симои насли ҷавони мамлакат ояндаи Ватанро мебинад. Эълон намудани «Соли 2017 соли ҷавонон» намунае аз дастгириву ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон аст.

Дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неърўи бузургу пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Ҳаёти ҷавонон дар маҷмўъ рўди саршореро мемонад. Агар мо аз он пурсамар ва мақсаднок истифода намоем, ҳаётамон сарсабзу шукуфон хоҳад гашт. Ва агар не, ин рўд ба селобае мубаддал мешавад, ки аз он ҷуз харобиву вайронӣ чизе боқӣ нахоҳад монд. Инро дар марҳалаи кунунӣ дар мисоли рўйдоду воқеаҳо ва инқилобу ошўбҳое, ки дар мамлакатҳои мухталифи олам рўй медиҳанд ва ҷавонон дар ҷараёни  онҳо ҳамеша мавриди сўиистифодаанд, баръало мушоҳида намудан мумкин аст.

Чӣ хеле ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон қайд мекунанд, ҷавонон – ояндаи миллатанд. Пас, мо устодонро месазад, ки тавассути таълиму тарбияи ҷавонон дар рўҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои кишварамон, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳисси меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ  ва доштани ҳуввияти миллӣ тарбия намуда, ояндаи миллатамонро бунёд созем. Зеро тарбияи дурусти ҷавонон аз ояндаи дурахшони онҳо дарак медиҳад.

   А.Х.Бобоев,
мудири кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес
ва сиёсати Тоҷикистон номзади
илми ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Читать далее

Нақши иҷлосияи 16-уми Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ

Иҷлосияи XVI Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардида буд, воқеъан иҷлосияи таърихӣ буда, боиси ифтихори ҳар шахси ватандӯсту худогоҳ мебошад.

Замоне, ки Иҷлосияи XVI Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешуд, бисёр ҳассос буд. Дар он рӯзҳо ашхоси ҷудоихоҳу ҷоҳталаб бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ мардумро ба майдонҳо кашида, миёни онҳо шуру қиём барпо менамуданд, гурўҳҳои ҷиноятпешаву афроди мусаллаҳ қатлу куштор ва дуздиву ғоратгарӣ даст зада одамони бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум ва молу-мулки эшонро аз худ менамуданд. Сокинони гўшаю канори кишвар ба гумроҳӣ афтида, ҷавононро гурӯҳҳои мухталифи муқобили давлат ба ҳар роҳу восита бар зидди ҳамватану ҳаммиллату хонаводаи худ мешӯрониданд. Дар он давра касе дар бораи мусолиҳа фикр ҳам намекард, манфиатҳои шахсиву гурўҳӣ болотар аз манфиатҳои миллӣ меистоданд. Қисми зиёди шаҳрвандони мамлакат бахусус ҷавонон дар зери таъсири идеологияҳои гуногун ба як саргумӣ афтода буданд.

Новобаста аз чунин ҳолат вакилони халқ тавонистанд дар чунин вазъияти пурмоҷаро Иҷлосияи XVI Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-умро баргузор намоянд. Дар Иҷлосияи мазкур Ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳануз 1 сол истиқлолият дошт, мебоист роҳбари хирадманд, мушфиқу ғамхор ва шахсе интихоб мешуд, ки вазъро ором карда, зимоми давлатдориро ба даст гирад. Сокинони кишвар таҳавуллотеро интизор буданд, ки рузгорашонро ба куллӣ дигаргун намуда, онҳоро аз гирдоби ноамнӣ, тарсу ҳарос, нобоварӣ ва ноумедӣ берун мекашид.

Таърих гувоҳ аст, ки давлатдорӣ ва соҳибватанӣ ба халқи тоҷик меросӣ аҷдоди буда, ин миллат тавонистааст новобаста аз ҳама бурду бохтҳо меҳвари илму фарҳанг ва тамаддуни ҷомеаи замони худ бошад. Чунин буд, ки вакилони мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ҷавони кордон, болаёқату боистеъдод ва ҷасуру бебок ба вазифаи Раиси Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъияти ҷойдошта, ки фишоровариҳои гуногуни мазҳабию манфиатҷӯёна рафти кори Иҷлосияро халал месохтанд, ба тамоми масъулият ин вазифаро ба душ гирифт ва нахустсуханони ӯ барқароркунии сулҳ дар кишвар, сохти консититутсионӣ ва баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба ватан буд, ки ҳангоми садо доданаш дар толор вакилони мардумӣ ва намоиш доданаш бо воситаи оинаи нилгун сокинони кишварро ба ваҷд оварда, ҳисси ватандӯстии онҳоро боз ҳам мустаҳкамтар намуда буд. Ба суханони Сарвари давлат аз мавқеи имруз ва раванди воқеъаву руйдодҳои зиндагӣ назар афканем, бо ифтихор таъкид менамоем, ки Пешвои миллат ҳанӯз дар ин Иҷлосия ба қалби мардум роҳ ёфта, меҳру муҳаббат, боварӣ ва самимияти бошандагони мамлакатро сазовор гашта буданд.

Дар иҷлосияи XVI Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дар бораи масъалаи ҷиддӣ- нигоҳдошти якпорчагии Тоҷикистон мерафт. Ин аст, ки масъалаи мазкур кори асосии Иҷлосия буд. Маҳз дар чунин вазият қувваҳои солим ва иштирокчиёни Иҷлосия тавонистанд, муттаҳид гардида, манфиатҳои шахсӣ қавмӣ, маҳаллӣ ва минтақавиро танг карда, эҳёи давлати миллиро рисолати муҳими Иҷлосияи 16 Шуроӣ Олӣ шуморанд.Сарвари давлат дар асари худ «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат»  фармудаанд, «Ман аз рузҳои аввали фаъолиятам ҳамчун сарвари давлат моҳи ноябри соли 1992 дар ҷараёни Иҷлосияи таърихии парлумони мамлакат изҳор карда будам, ки созгори миллӣ, роҳи ягонаи тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон аст ва танҳо сулҳ ғояи умумимиллӣ мегардад, ки халқи моро муттаҳид сохта тавонад». Метавон гуфт, ки ҳануз 25-сол муққадам роҳбари тозаинтихоби кишвар нақшаи сулҳу-суботро тарҳезӣ намуда, кафилии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва идоракунии давлатро ба дӯш гирифта буд, ки имруз ҳар яки мо амалан татбиқи нақшаи мазкур бо чашми cap дидем. Дар Иҷлосияи XVI Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

вакилони иҷлосия як қатор қонуну қарорҳое қабул карданд, ки онҳо асоси ба даст овардани ризоияти миллӣ ва ба ҳам омадани қувваҳои солими ҷомеа гардиданд. Аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи рўзи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26-ноябри соли 1992», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои даргир ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир карданд, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи сохтори Шуроӣ вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун иқдомҳои роҳбарияти навинтихоби ҷумҳурӣ барои расидан ба оштии миллӣ ва дигар санадҳо бешак сулҳи деринтизори тоҷиконро тезонд. Сохти конститутсиони, ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ барқарор шуда, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин ва мардуми кишвар рў ба зиндагии ором ниҳоданд. Давраҳои вазнин паси cap шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии фарзанди фарзонааш, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сармеъмори сулҳ Эмомолӣ Раҳмон дар роҳи созандагию бунёдкорӣ қарор дорад.

Дар татбиқи нақшаҳои муайяннамудаи Иҷлосияи XVI Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор баҳри пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз мегузорем. Дар Ҷумҳурӣ раванди бунёдкорӣ эҳё гардида, сохтмонҳои азими аср ба монанди роҳҳои мошингард, нақбҳо, нерӯгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, барқарор намудани садҳо пул, бунёди муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии шаҳрвандон, корам сохтани заминҳои нав ва нақшаҳои аз бунбасти комуникатсиони баровардани Тоҷикистон, далели бунёдкорию созандагии ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик аст, ки аз Иҷлосия.

 Р.Р.Раҳматуллоева,
сармуаллимаи  кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

Читать далее