06 November 2017

Ифтитоҳи Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз азнавсозӣ

6 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзи таҷлили ҷашни 23 - юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 25 - солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Читать далее

Супоридани хонаи истиқоматӣ барои кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшон, кӯчаи Бобо Ҳамдами шаҳри Душанбе бинои 9 ошёна барои кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар рӯзи таҷлили солгарди навбатии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзӣ буда, шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад.

Читать далее

Ифтитоҳи бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз дар доираи таҷлил аз 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз панҷ ошёна иборат аст, дорои 60 утоқи корӣ буда, дар ин ҷо барои фаъолияти ҳамаҷонибаи кормандон тамоми шароити зарурӣ фароҳам мебошад.

Читать далее

Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз!

Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад.

6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Читать далее

Асосҳои аркони давлатдорӣ

Дар саҳифаҳои таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ҳамчун санаи муқаддас, рўзи фархундаву саодатбахш ва ибтидои марҳалаи комилан нави давлату давлатдории миллати тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст.

Агар Президенти кишварамон – «Ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат» бошанд, Конститутсия таҷассуми давлату давлатдорӣ аст. Бо раъйпурсии умумӣ қабул шудани Конститутсия шаҳодати ризоияти халқ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо ташаббуси бевоситаи ин фарзанди сарсупурдаи миллат Бахтномаи миллат таҳия, муҳокима ва қабул шуд.

Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25-умин солгарди он қайд карда мешавад, нерўҳои созандаву покнияти сиёсӣ бо роҳбарии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд ва тадриҷан вазъият дар мамлакат рў ба беҳбудӣ овард. Давр ба давр қонунҳои наву басо муҳим қабул гардиданд ва дар натиҷаи ин ҳама барои қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли навини тоҷикон заминаи созгор фароҳам омад. Ҳадафҳои таърихии қабули Конститутсия фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, бартараф намудани оқибатҳои низои дохилӣ, таъмини фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, барқарор намудани муносибатҳои судманди байналмилалӣ ва рисолати сулҳҷўёнаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафт.

Сарвари давлат моҳияти ин ҳуҷҷати муҳимро дар кори аз байн бурдани душвории ба сари халқ омада хеле равшан таъкид мекунанд: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».

Воқеан, 23-юмин солгарди қабули умумиҳалқии Конститутсия ва интихоби Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби олии Президентӣ шаҳодати таърихӣ аст, ки Конститутсия ва Президент дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим доштанду доранд.

 Парвиз ҶАББОРЗОДА,
котиби иҷроияи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари
Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Читать далее

Ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олист!

Дар моддаи 5 Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 23-юмин солгарди қабули онро ҷашн мегирем, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф гардида, дар мадди аввал гузошта шудааст.

Конститутсияи амалкунандаи ҷумҳурӣ табиати халқӣ дорад, ки он дар баробарҳуқуқии тамоми шаҳрвандони мамлакат, сарфи назар аз миллат, наҷод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дигар нишонаву вазъи иҷтимоиашон ифода меёбад.

Дар моддаи 19 Конститутсия зикр гардидааст: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар кас аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат (ҳимоятгар) истифода кунад».

Яъне, тибқи муқаррароти моддаи мазкури Конститутсия шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки парвандаҳои нисбаташон оғозгаштаро хоҳ ҷиноятӣ, граҷданӣ, маъмурӣ ва оилавӣ бошад, талаб намоянд, ки суди босалоҳият ва беғараз баррасӣ намояд.

Аввалин маротиба дар моддаи 9 Конститутсия нишон дода шудааст, ки ҳокимияти давлатӣ тавассути ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ буда, аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, ки дар моддаи 49 Конститутсия салоҳияти он муайян карда шудааст.

Ҳокимияти иҷроия дар симои ҳукуматҳои марказӣ ва маҳаллӣ ифодаи худро ёфтааст ва дар моддаҳои 73-75 ваколати ҳукуматҳо муайян карда шудааст.

Адолати судиро дар кишвар Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия амалӣ менамоянд.

Дар моддаи 93 зикр гардидааст, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.

Аз ин меъёри конститутсионӣ бармеояд, ки назорати дақиқу якхелаи қонунҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишвар аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, соҳавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба амал бароварда мешаванд.

Мақомоти прокуратура вазифадор аст, ки тамоми фаъолияти худро баҳри таъмини қонуният дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ равона созад. Бо ин мақсад ҳамаи самтҳои фаъолияти прокуратура бо дарназардошти назорати умумии риояи қонунҳо, таҳқиқу тафтиши амалу кирдорҳои ҷиноятӣ, фаъолияти фаврию ҷустуҷўӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ инкишоф дода мешаванд.

Бори нахуст дар таърихи сиёсии кишвар Конститутсияи ҷумҳурӣ масъулияти давлатро дар назди ҷамъият ва шаҳрванд пешбинӣ ва ба ҳамин тартиб афзалияти ҳифзи ҳуқуқи инсонро сабт менамояд.

Дар Конститутсия ҳуқуқи шаҳрванд ба меҳнат кафолат дода шудааст. Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу ҳунар, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон мушкилу зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Конститутсия пойдевори ҳуқуқии давлати нави соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ ва баёнгари ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ буда, бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода гардида, санади асосӣ ва муайянкунандаи шоҳроҳи ҳаёти давлат ва ҷамъият маҳсуб меёбад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандони кишварро муқаррар намуда, ба онҳо кафолат медиҳад, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёту рӯзгор фаъолу пешқадам бошанд ва баҳри бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд, таъмини сулҳу амният суботкорона мубориза баранд.

Фаррух Абдулло,
прокурори калони шуъбаи
Прокуратураи вилояти Суғд,
мушовири адлияи дараҷаи дуюм

Читать далее

Кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо

Амри тақдир будааст, ки ба туфайли Истиқлолият ҳамчун миллати озоду мустақил зиндагӣ ва кору фаъолият дорем. Истиқлолият ба мо имконият дод, ки Конститутсияи нави худро қабул карда, низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хоси миллии худро ба роҳ монем.

Қабул шудани Конститутсияи нав ба ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Давлати навбунёд таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкам ва таъмини бехатарии марзу буми Тоҷикистон ва кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон фароҳам гардид.

Дар таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳлилу баррасии пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон, конститутсияҳои давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва таҷрибаи мусбати андўхта дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд мавриди истифода қарор дода шуд. Конститутсияи нави Тоҷикистон, ки таҷассумгари орзуву армони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустақил ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Таърих ибратомўз аст ва онро аксарияти мардуми солор ба куллӣ ҳис намуда, ба қадру қиммати сулҳу суботи комил мерасанд ва намегузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегона вориди мафкураи мо гашта, ваҳдати миллӣ ва вазъи сиёсии кишвари моро халалдор кунанд.

Барои ин ба мо зарур аст, ки дар чорчўбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кўшиш намоем ва хусусан ҷавононро дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем.

Ворид гардидан ба иқтисоди бозоргонӣ ҳамчун марҳалаи гузариш ба низоми нави иқтисодӣ, ки муносибатҳои ҷадиди истеҳсолӣ, шаклҳои гуногуни моликият (аз ҷумла, моликияти хусусӣ), барқарор ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои соҳибкор ва заминаҳои ҳуқуқии онро тақозо мекунад, ки ин дар Конститутсияи ҷумҳурӣ инъикос ёфтааст.

Албатта, ҳеҷ кас худ аз худ чизе намешавад. Барои ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намудан, дар тафаккури онҳо ҷой додани андешаи нек ба осори фарҳангии ниёгонамон муроҷиат намудан лозим аст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.

Зеро, давлати мо тибқи Конститутсия ҳамчун кишвари дунявӣ муаррифӣ гардидааст.

Конститутсияи нав барои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ асоси устувор гузошт, ки бешак, рисолаи саодатномаи миллат аст.

Н.АВАЗМАТОВ,
муаллими калони кафедраи
ҷомеашиносии Донишкадаи
иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Читать далее

Муқаддасот ва рамзи худшиносӣ

Конститутсия рамзи соҳибистиқлолии ҳар як давлат мебошад. Дар ин санад сохт ва низоми давлатдорӣ, равиши ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохтор ва меъёрҳои қонунии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамаи самтҳои асосии ҳаёти ҷамъият ба таври мушаххас муайян карда шудааст.

Баъд аз соҳибистиқлолӣ барои омода намудани лоиҳаи Конститутсияи навини Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ ташкил карда шуда, ҳуқуқшиносон ва мутахассисони эътирофгардидаи соҳаҳои гуногун ба гурўҳи корӣ шомил гаштанд. Баъдан, лоиҳаи Конститутсияи навин ба таври васеъ ба муҳокимаи мардум вогузор карда шуд.

Санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ мардуми шарифи кишварамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. Ин рўз дар сарнавишти таърихи миллатамон чун рўзи фаромўшнашаванда, рўзи бахтномаи миллӣ эътироф шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии азизамон аз тарафи кулли давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид чун баёнгари мақсаду мароми халқ, муайянкунандаи роҳи ояндаи миллат эътироф карда шуд.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлатҳои олам чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Аз ин лиҳоз, Конститутсия яке аз муқаддасот ва рамзҳои давлатдории мост.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў тазаккур ёфтааст. Ин арзишҳо минбаъд тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеаи моро муайян намуд.

Бо назардошти такомулу пешрафти ҳаёти ҷомеа ва муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади асосии давлат пеш омад. Минбаъд бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ин амал институти нави ҳуқуқӣ набуда, он қисми ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгўи меъёрҳои эътирофнамудаи байналмиллалӣ буда, пояи устувори давлати тоҷикон аст.

Имрўз месазад, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба Конститутсия эҳтиром оварда, баҳри рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳмгузор бошад.

Набизода Наргиса Ҳаким,
судяи Суди шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Ҳамрадифи низоми давлатдорӣ

Агар ба таърихи куҳан ҷиддан назар кунем, метавон шоҳид шуд, ки миллати тоҷик ҳанўз аз замонҳои қадим ва пайдоиши тамаддуни кураи Замин табиатан миллати давлатсозу дипломат будааст. Далели гуфтаи мазкур Аҳдномаи Куруши Кабир аст, ки ба тамоми кишварҳои дуру наздик фиристода буд.

Мутаассифона, он замон ба Аҳднома назари ҳамсоядавлатҳо ва кишварҳои дур мусбат набуд. Аз миён ҳазорҳо сол гузаштанд ва соли 1947 Созмони Милали Муттаҳид ташкил ёфт. Аз ҳама нуқтаи муҳим Аҳдномаи Куруши Кабир ҳамчун қонунии асосии СММ ё худ Эъломияи асосӣ қабул гардид. Эъломияи СММ ба монанди сутуни асосии дипломатия ва ҳуҷҷати муҳими ин созмони бонуфуз эътироф шуд. Ҳамзамон, тибқи талаботи қонунҳои байналмилалӣ ҳар давлате, ки аъзои ин созмон бошад, мазмуну моҳияти конститутсияашро айнан ба ҳамин Эъломияи Куруши Кабир мувофиқат бояд мекунонд. Дар сурати акс констутутсияи он давлат қувваи юридикиашро гум мекунад ва ҳамчун сарқонун эътироф намегардад. Ин буд, ки хидмати Куруши Кабир то ба ҳанўз як намунаи давлатсолорӣ ва давлатсозии ҷаҳониён гашт.

Аҷобати таърихро метавон бори дигар бо чашми ҳайрат нигарист, ки баъди ҳазорсолаҳо имрўз низ меросбари воқеии Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ-дипломати таърихии замони муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси нотакрору фавқулодда дар миқёси ҷаҳон аз худ дарак доданд. Зеро, ақлу заковати азалӣ ва хиради сутудании ин марди шариф буд, ки ҳанўз дар Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарҳи нав ба миён гузошта шуд. Бо сабаби он ки даргириҳои дохилӣ фурсат намедод, бо вуҷуди ин 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Аз ин ҷост, ки имрўз дар миқёси ҷаҳон Конститутсияи ҷумҳурии азизи мо ба панҷгонаи беҳтарини конститутсияҳои дунё ворид гардидааст.

Дар он то нозуктарин ҷузъиятҳои давлати дунявӣ ва ҳимояву ҳифозати ҳуқуқи шаҳрвандон ба инобат гирифта шудааст. Бинобар ин, комиссияи босалоҳияти байналмилалӣ ба панҷгонаи беҳтарин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шомил кард. Маҳз, Конститутсияи кишвар буд, ки заминаҳои ҳамгироӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард ва тантанаи дўстиву рафоқат ва заковату ҳамдигарфаҳмӣ бар алайҳи душманиву адоват ғалаба кард.

Метавон гуфт, ки шаклу намову давлатсолорӣ ва дипломатияи гуманистии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Институти сулҳ қабул гардида, кишварҳои ҷангзада таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд, то онҳо низ ба сулҳу ваҳдат дастёб гарданд. Ин дастоварди бузурги таърихиро бешак, метавон аз баракати ҷузъиёти инсонгарои Конститутсия донист.

Чунин бархўрд ва инсондўстии қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикис-тон аз сарчашмаҳои амалкард ва ормонҳои Куруши Кабир об мехўрад. Метавон ба натиҷа расид, ки ормонҳои амалинашудаи Курушро имрўзҳо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пўшонида истодаанд. Ба ин хотир, бесабаб нест, ки Конститутсияи кишвар идомаи Эъломияи байналмилалӣ, ки муаллифи аслиаш низ тоҷикон ҳастанд, мебошад.

Суҳроб Қосимӣ,
судяи Суди шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Баёнгари мақсаду мароми халқ

Бисту се сол муқаддам, 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории мо Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар тариқи раъйпурсӣ қабул карда шуд. Ҳар як пешрафти бадастомада, пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, натиҷаи хирад ва заковати фитрии халқи Тоҷикистон мебошад.

Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро тариқи қабули қонунҳои нав ба миён гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии гуногунро ба танзим медарорад ва асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад.

Дар Конститутсия асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли миллат, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон зикр шудаанд.

Моҳияти демократии Конститутсияи Тоҷикистон, қабл аз ҳама дар эътироф гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ ифода меёбад. Бахши муфассали он, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба танзим медарорад, аввалин маротиба дар таърихи кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуд.

26 сентябри соли 1999 аввалин маротиба ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо мазмуну муҳтавои Конститутсияро такмил дода, хислати демократии онро таҳким бахшиданд.

Бо дарназардошти дастовардҳои нав ба нави ҷомеа зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои навбатӣ 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Тоҷикистон ба миён омад.

Дар натиҷаи ду ислоҳоти конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти дупалатагии доимамалкунанда, такмили мақомоти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў ба сифати арзиши олӣ ва дигар ниҳоду андешаҳои демократӣ ба Конститутсияи мо ворид гардиданд. 22 майи соли 2016 бошад, бо назардошти талаботи замон ба якчанд моддаҳои Конститутсия тағйиру иловаҳо дароварда шуд.

 Аз ҷумла, ба моддаи ҳаштум, қисми шашум: “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст”.

Дар мавриди таъсиси ҳизбҳои динидошта бояд гуфт, ки дин, хоса дини мубини Ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат ниёз надорад.

Дар маҷмуъ, ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегияи давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст.

Конститутсия мазмуни демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистонро муқаррар мекунад, ки барои пурра татбиқ шудани ин мафҳуму арзишҳо ба сифати ормонҳои мардуми мо вақту замони муайян зарур аст. Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кўдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат медиҳад.

Аз сўи дигар, амалӣ шудани моҳияти демокративу ҳуқуқбунёдии давлати Тоҷикистон, бевосита дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ, сатҳи баланди риояву иҷрои қонун ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ифода меёбад. Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад.

Ба шарофати Конститутсия ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушод ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.

Гулчеҳра Ғоибназарова,
ёрдамчии калони Прокурори
вилояти Суғд оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги
қонунгузорӣ ва кор бо матбуот

Читать далее