07 November 2017

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои тантанавӣ баргузор шуд

Бахшида ба  Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои тантанавӣ баргузор шуд.

Аз ҷумла, дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолон, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва аҳли зиё маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ба рӯйдоди нодири таърихи миллат- баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди мустаҳкам дорад, зеро масъалаи қабули ин ҳуҷҷати раҳнамои миллат маҳз дар ин Иҷлосия таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда, барои омода намудани матни Конститутсия аз ҳисоби донишмандону ҳуқуқшиносон ва коршиносони сиёсӣ ҳайати корӣ ташкил гардид. Натиҷаи фаъолияти ин гурӯҳи корӣ буд, ки дар фосилаи ду сол як матни ҷавобгӯ ба меёърҳои ҷомеаи шаҳрвандии башарӣ омода гардида, аз ҷониби коршиносони ҷаҳонӣ баҳои баландро сазовор гардид.

Дар чорабинии тантанавие, ки дар шаҳри Конибодом доир шуд, раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ сокинони шаҳрро ба муносибати фарорасии солгарди навбатии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфт. Ғайбулло Боҳирӣ зимни суханронии худ зикр кард, ки Конститутсия санади сарнавиштсози миллат ва омили муттаҳидшавӣ маҳсуб ёфта, дар эъмори давлати дунявӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, такмили сохторҳои давлат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон саҳми назаррас дорад.

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ низ бо баргузории чорабинии идона ҷашни 23 — юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳифзи ҳуқуқ, масъулини ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони ВАО ҳамоиши идона баргузор гардид.

Нахуст раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода зимни ироаи сухани табрикотӣ аз мақому нақши Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар эъмори давлати мустақил, бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, амнияти мамлакат, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва рушди рӯзафзуни кишвар сухан гуфта, иброз намуд, ки  Конститутсияи Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститусияҳои эътироф шудааст.

Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ ҷашни 23 — юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Беҳтарин «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ»-и шаҳри Хуҷанд муайян мешавад

Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матои атлас ва адраси дастибоф, тарғиби сару либос аз матои  табии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ ва қуроқдӯзӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ ва ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон озмуни шаҳрии «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» ташкил ва гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур бо фарогирии тамоми Марказҳои таълимию истеҳсолии адрасбофии минтақаҳои шаҳр аз рӯйи бахшҳои беҳтарин маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ, маркази таълимию истеҳсолие, ки бештар матоъи дастибоф истеҳсол намудааст,  маркази таълимию истеҳсолии хонагие, ки аз ҳама зиёд матоъи дастибоф истеҳсол намудааст, маркази таълимию истеҳсолие, ки аз ҳама шогирди зиёд омода намудааст, сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастибоф ҳар кадоме бо се ҷойӣ ифтихорӣ натиҷагирӣ карда мешаванд. Иштирокчиён бояд намунаи матоъи беҳтарине, ки дар давраи якуми озмун бофтаанд ба даври дуюм пешниҳод намоянд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки яке аз шарту талаботи асосии атласу адрасҳои ба озмун пешниҳодшуда, бояд он дастӣ истеҳсол шуда, аз маҳсулоти табии аз ҷиҳати экологӣ тоза тайёр карда шавад ва услуби хосу тахайюлоти муаллифро инъикос намояд.

Ғолибон бо диплом ва маблағҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мукофотонида шуда, ба даври вилоятии озмун роҳхат мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ҳунармандони Суғдзамин дар Боғи ба номи Айнӣ ба сокинони Душанбе барномаи консертӣ пешниҳод намуданд

Дирӯз, 6 ноябр барои   сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе яке аз рӯзҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёт буд, зеро ба муносибати рӯзи Конститутсия ва дар арафаи 25-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат пас аз навсозӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар боғи мазкур, ки  дирӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, сокинони пойтахт сайругашт намуда, аз мақбара ва муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ, гулгашт, фаввораҳо ва майдончаи бозии кӯдаконаи он дидан намуданд.

Бегоҳии дирӯз дар Амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ, ки ба як мавзеҳои дилнишини истироҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе табдил хоҳад ёфт, бо садои карнаю сурнай ва таблаку дойра барномаи фарҳангӣ- фароғатии ҳунармандони вилояти Суғд дар фазои орому осуда ҳамчун шоми ваҳдату ягонагӣ оғоз гардид.

Дар барномаи фарҳангии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идора ва корхонаҳо, инчунин сокинони зиёди пойтахт иштирок намуданд.

Барномаи рангини консертӣ, ки пешкаши тамошобинон гардид, иборат аз сурудҳои саршор аз ватандӯстӣ буд ва дар он аксаран сарояндагони ҷавони вилояти Суғд ҳунарнамоӣ карданд.

Яке аз овозхонони ҷавоне, ки ҳангоми ба саҳна баромадан иштирокчиён бо қарсақҳои пурмавҷ истиқболаш гирифтанд, Шоҳрух Юнусов, донишҷӯи соли дуюми Консерваторияи миллии Италия буд. Ӯ дар Қазоқистону Қирғизистон, Россияву Беларус ва Туркияву Америка бо  суруди «Республикаи ман» Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз соли 1954 баъди дар ин мавзеъ ба хок супоридани устод Садриддин Айнӣ қомат афрохта буд. Солҳои охир масъалаи таъмиру навсозии он ба миён омада буд. Таъмиру тармим дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуда, ба симои шаҳри Душанбе ҳусни дигар зам кард.

Барномаи фарҳангии ҳунармандони вилояти Суғд ба кушодашавии боғи мазкур, рӯзи Конститутсия ва Соли ҷавонон бахшида шуда буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Читать далее

Хуҷанд. Ғолиби даври шаҳрии озмуни «Муаллими сол» муайян шуд

Дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Муаллими сол» баргузор ва номи ғолиби озмун эълон гардид.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти омӯзгорони эҷодкору навовар, баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорати омӯзгорӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи таҷрибаи педагогии омӯзгороне мебошад, ки дар таълиму тарбияи шогирдон ба натиҷаҳои хуб ноил гардидаанд.

Дар озмуни имсола 29 нафар омӯзгорони шаҳр ширкат варзиданд ва ҳашт нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд. Дар даври ниҳоӣ ҳайати ҳакамон ба донишу истеъдоди иштирокчиён баҳои воқеӣ дода, ғолибонро муайян намуданд. Мақоми аввал ва дипломи дараҷаи якум насиби омӯзгори фанни технологияи иттилоотии мактаби хусусии Пулотов Адолат Ҳайдарова гардид. Ҷойи дуюмро Саноат Тиллохӯҷаева (МТМУ №20) ва Муқаддас Алиева (МТМУ№11) сазовор гаштанд. Маҳина Раҳимова (МТМУ№31) ва Фаридун Қосимов (МТМУ №2) сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Ба ғолибони даври шаҳрии озмуни «Муаллими сол» ва ҳамаи иштирокчиён дар вазъияти тантанавӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Саҳлангорӣ дар ташхисгоҳҳо

Табиб ҳуқуқи хато карданро надорад!

Баробари пеш рафтани технология дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аксар бемориҳоро ба воситаи дастгоҳҳои ташхисгузаронӣ метавон муайян намуд. Аз ҷумла ба воситаи гирифтани хун мутахассисони соҳаи тиб дар ҷисми инсон бемориҳои гуногунро дармеёбанд. Оё имрўз метавон ба пуррагӣ ба натиҷаи ташхиси лабораторӣ бовар кард? Кормандоне, ки аз беморон барои ташхис хун мегиранд, қоидаҳои бехатариро риоя мекунанд? Доир ба ин масъала бо чанд нафар ҳамсуҳбат гаштем.

Фарзона Содиқова - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Дар шаш моҳ як маротиба аз назорати табибон мегузарам ва чанде пеш ба Маркази хуни шаҳри Хуҷанд хун супоридам. Пас аз чанд рўз намояндаи Марказ ба ман занг зад ва гуфт, ки зуд ҳозир шавам. Маълум гашт, ки аз таркиби хунам бемории гепатити С-ро дарёфт кардаанд. Аз шунидани ин хабар осмон ба сарам гўё фурў рехт. Охир ҷавон ҳастам ва худро ҳамеша бардаму солим эҳсос менамудам. Чӣ тавр ва аз куҷо ба ин беморӣ гирифтор шудаам, дар ҳайрат мондам. Чанд муддат худро бемор ва лоғар эҳсос кардам, зиндагӣ дигар бароям маъно надошт. Нақшаҳои дар пеш истодаро ба пуррагӣ фаромўш кардам, зеро медонистам, ки ин беморӣ вазнин аст. Бо маслиҳати модар ба шаҳри Душанбе барои супоридани ташхиси хун рафтам. Аҷабо, дар озмоишгоҳи он ҷо ягон намуди беморӣ аён нагардид. Намедонистам, хандам ё гирям, зеро бовариам намеомад, ки солим ҳастам. Ростӣ, ба натиҷаи ташхис сад фисад бовариам наомад ва бо шиносҳоям хунамро ба Федератсияи Русия фиристодам. Натиҷааш омад ва маълум гардид, ки ман солим ҳастам ва бемории гепатити С-ро надорам. Ба Маркази хуни шаҳри Хуҷанд омадам ва изҳори норозигӣ аз натиҷаи ташхис ва нодуруст будани он кардам. Дар ҷавоб ба ман гуфтанд: «Узр, натиҷаи шумо бо дигар нафар иваз шудааст» бо ҳамин онҳо сухани худро тамом карданд. Хостам онҳоро ба суд диҳам, зеро ман рўҳан бемор шудам, вале фоидае надорад.

Аз рўи гуфти Ф.Содиқова маълум шуд, ки Маркази хуни шаҳри Хуҷанд ба саҳлангорӣ роҳ дода, боиси аз зиндагӣ дилшикаста шудани ҷавондухтари солим гардидааст. Иваз шудани натиҷаи ташхис ва ё хуни як кас бо каси дигар ғайриимкон аст. Агар ў сари вақт ба озмоишгоҳҳои дигар, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва ё Москва муроҷиат намекард, ҳолаш чӣ мешуд?

М.Ҳалимзода - сокини шаҳри Хуҷанд:

- Фарзандам бемор шуду ба Маркази саломатии №4, шаҳри Хуҷанд ба табиби оилавиамон муроҷиат намудам. Ў тавсия дод, ки аввал дар озмоишгоҳ ташхиси умумиро гузашта, сипас натиҷаҳои онро биёрем.

- “Ранги паридаву лоғарӣ, камиштиҳоии писаратон шояд аз сабаби кам будани гемоглобин дар таркиби хун бошад,-гуфт духтур”.

Натиҷаи таҳлили хун нишон дод, ки гемоглобини хунаш поён фаромадааст. Пизишки оилавиамон дорувории заруриро тавсия карда, таъкид намуд, ки пас аз гирифтани курси табобат, яъне пас аз 2-2,5 моҳ дубора ташхиси хун намоем. Тавсияҳои духтурро ба иҷро расонида, аз нав ба озмоишгоҳи ин Маркази саломатӣ писарам хун супурд. Ин даъфа натиҷаи таҳлили хун тамоман маро ба ҳайрат гузошт?! Чӣ гуна пас аз табобати қариб семоҳа гемоглобин баръакс поён рафтааст. Ҳуш аз сарам парида, ба ҳарос афтодам, ки наход фарзандам гирифтори бемории вазнин шуда бошад? Аз натиҷаи ташхис ба масъули озмоишгоҳ изҳори нобоварӣ намудам. Ў дар навбати худ ба ҷойи он, ки маро тасалло диҳад, дағалона «чӣ ҳаст, ҳамонро навиштам, фарзандат камхун бошад, айби ман нест»-гўён ҷавоб дод. Ба ҳамсояам, ки духтури бачагона аст, занг зада, вазъиятро гуфтам. Ў маро таскин дода гуфт, ки баъзан саҳв шуданаш мумкин аст ва тавсия дод, ки ба ташхисгоҳи дигар хун супорем. Чунин ҳам кардем, таҳлилгоҳи давлатии беморхонаи шаҳрӣ таркиби гемоглобини фарзандамро хуб нишон дод, вале баҳри боз ҳам хотирҷамъии худ ба ташхисгоҳи беморхонаи вилоятии кўдакона хун супоридем, ки он ҷо низ ин натиҷа тасдиқ гардид.

Ҳамсуҳбати мо М.Ҳалимзода иброз дошт, ки тарзи муносибати бархе аз кормандони соҳаи тиб дурушт буда, аз маданияти муошират бо беморон тамоман хабар надоранд. Аксар вақт чунон муносибат мекунанд, ки гўё мо ба «хона»-и онҳо рафта, истироҳаташонро халалдор сохта бошем.

Баҳри боварӣ ҳосил намудан ва воқиф шудан аз воқеияти сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба Маркази саломатии рақами 6, шаҳри Хуҷанд барои супоридани хун омадам. Дар ташхисгоҳ нафарони зиёде ҷамъ омада буданд. Ман ҳам навбат гирифта, интизор нишастам. Чун ба утоқ ворид шудам, корманде, ки бояд хун мегирифт, дар даст дастпўшаки ба хун олуда дошт ва бар замми он чанд маротиба тариқи телефони мобилӣ сўҳбат мекард. Ниҳоят телефонашро болои китфаш гузошта, сўҳбаткунон хост бо ҳамон дастпўшак барои ташхис хун гирад. Норизоёна ба ў нигариста, гуфтам:

-Мебахшед, дастпўшакатонро магар иваз намекунед?

-Дастпўшаки нав надорам, ҳамроҳатон наовардед?

-Не, наовардаам. Наход, дар ташхисгоҳ як дастпўшаки тоза надошта бошед? - суол додам.

-Ба ҳар яки шумо дастпўшаки нав истифода барем, аз куҷо ҳисобамонро меёбем. Агар маъқул набошад, дастпўшакатонро харида оед! - бо ситеза гуфт ў.

-Магар бо ин роҳ дигарон ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намешаванд? Охир бо як дастпўшак қариб аз даҳ нафар хун гирифтед?

-Гуфтам-ку агар хоҳед, дастпўшаки нав харида оед! - дағалона посух дод ў. Лоақал дастпўшакро бо маҳлули спиртӣ тоза накард.

Ҳамоно телефонаш дар китфу ба шахси дар алоқа буда, бо овози баланд норозигии худро нисбат ба муроҷиаткунандагон изҳор медошт.

Бо ин тарзи муошират корманди соҳаи тиб метавонад инсони солимро ба беморӣ гирифтор кунад. Агар гузаронидани ташхиси хун чунин сурат гирад, пас иваз шудани натиҷа ва нодуруст муайян шудани он бесабаб нест.

Доир ба тарзи гирифтани хун, фаъолияти кормандони тиб дар озмоишгоҳҳо мудири озмоишгоҳи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Мирзодаврон Солиев гуфт, ки нафари хунгиранда ҳатман бояд дастпўшак дошта бошад ва дар баъзе ҳолат ҳатто ба рўяш ниқоб кашиданаш лозим аст. Ба ҳар нафари муроҷиаткунанда ва хунсупоранда дастпўшаки як маротиба истифодашударо ба дастпўшаки нав иваз намояд. Дар ҳолати надоштани дастпўшаки нав лоақал дастро бо маҳлули спиртӣ тоза кунад, зеро дар вақти хунгирӣ дастпўшак метавонад ба хун олуда шавад. Бояд гуфт, ки дастпўшаки истифодашударо корманди ташхисгоҳ бо маҳлули хлор тоза карда, сипас партофтанаш лозим аст. Беэҳтиётӣ ва саҳлангории кормандони озмоишгоҳҳо метавонад, бемориҳои сироятиро ба нафари солим гузаронанд.

Дар бобати натиҷаҳои гуногуни ташхиси хун изҳор дошт, ки чунин ҳолат дар таҷриба бисёр дида мешавад, ки асосан лаборанти озмоишгоҳ ба хатогӣ роҳ медиҳад. Дар ҳолати шубҳа кардан бояд бори дигар аз нав хун супорид.

Дар ташхисгоҳҳо набояд ба саҳлангорӣ роҳ дод, чунки паси ҳар таҳлилу ташхис ҳаёти инсон меистад! Аз ин рў, масъулини Раёсати тандурустии вилоят ва Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологиро зарур аст, ки дар ин самт назоратро пурзўр намоянд, то чунин тарзи муносибату корбарии баъзе кормандони тасодуфии соҳа боиси ранҷурии касе нагардад.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Раванди мусбати рушди саноат

Соҳаи саноат яке аз соҳоти асосӣ маҳсуб ёфта, рушду тараққии он аз ҳар ҷиҳат муфид арзёбӣ мегардад. Бобати вазъи кунунии соҳаи саноати вилоят бо мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода ҳамсуҳбат гардида, оид ба вазъи соҳа, ҷиҳати ташкили коргоҳҳо, ҷойи нави корӣ пурсон шудем.

-Дар натиҷаи тадбирҳои андешида давоми 9 моҳ дар миқёси вилоят 52 корхонаву коргоҳи нав бо 474 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. Корхонаҳои таъсисдодашуда асосан соҳаҳои саноати масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дарбар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат карданд.

Воқеан, саноатчиёни вилоят таи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба нишондиҳандаҳои басо назаррас ноил гардида, баҳри беҳбудии иқтисодиёт саҳми хоса доранд. Дар ин давр бобати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда ва ба ин васила таъмини саноатикунонии иқтисодиёти мамлакат ба дастовардҳои назаррас шарафёб гарданд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят суръати мусбии рушдро таъмин карданд ва зиёда аз он дар 13 шаҳру ноҳия он аз 120 фоиз зиёд гардид.

- Омилҳои рушди воқеии соҳаи саноати сабук дар чист?

- Баъди бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бекор шудани андози 10 фоиза аз фурўши нахи пахта ва ҷорӣ шудани боҷи содиротӣ марҳалаи нави рушди воқеии соҳаи саноати сабуки вилоят оғоз гардид. Бояд тазаккур дод, ки ин супориши Пешвои миллат аввалин самараҳои неки худро дода истодааст. Чунончӣ, дар нўҳ моҳи соли равон содироти нахи пахта нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 2,4 маротиба коҳиш ёфта, баръакс содироти калобаи пахтагӣ 1,8 маротиба зиёд шуд.

-Таи чанд соли охир коргоҳҳои зиёде рўи кор омаданд, ки сокинони кишварро бо маҳсулоти худии аз ҳар ҷиҳат босифат таъмин мекунанд ...

- Бале, таҳлилҳо нишон доданд, ки давоми солҳои 2014 – 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 144 корхонаву коргоҳи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, 46 корхонаву коргоҳи коркарди пластикаи филизӣ, 40 коргоҳи қаннодӣ, 27 коргоҳи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растанӣ, 23 коргоҳи коркарди гўшту шир, 21 коргоҳи коркарди ғалла ва шолӣ, 14 коргоҳи нонпазӣ, 12 коргоҳи коркард ва банду басти меваи хушк, 6 коргоҳи коркарди меваю сабзавот, 6 коргоҳи қолинбофӣ ва 84 коргоҳи нав дар дигар соҳаҳои истеҳсолӣ таъсис дода шудаанд.

Яке аз дастовардҳои соҳибкорону саноатчиёни вилоят ин расидан ба худтаъминкунӣ ва ба роҳ мондани таъминоти мактаббачагони дигар манотиқи кишвар бо либоси мактабӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади ҷалб намудани бонувони бешуғл ба ҳунаромўзӣ ва ба ин васила беҳтар кардани шароити иқтисодии сокинон дар шаҳру ноҳияҳо давоми солҳои 2014-2017 дар маҷмуъ 57 адад, аз ҷумла, соли 2014 – 19, соли 2015 - 24, соли 2016 - 9 ва соли 2017 – 5 корхонаву коргоҳи нави дўзандагӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар натиҷа, раванди афзоиши саҳми вилоят дар ташаккулёбии маҳсулоти саноатии кишвар идома ёфта, ҳиссаи саноати вилоят ба 50,4 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 4,2 фоиз зиёд аст.

- Оё саноатчиёни вилоят минбаъд низ ин раванди мусбиро нигоҳ медоранд?

- Дуруст таъкид намудед, ки сол аз сол раванди тараққиёбии соҳа бештар ба назаррас мерасад. Барои қиёс, саҳми вилоят дар саноати ҷумҳурӣ дар ҳолати 1 октябри соли 2014 ба 34 фоиз баробар буд. Яъне, дар давоми 3 сол ҳиссаи вилоят дар ташаккулёбии маҳсулоти саноатии кишвар 1,5 маротиба афзудааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки соли 2016 ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят аз ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 672 миллион сомонӣ зиёд гардид. Барои мисол, соли 2015 тафовути мазкур 1,2 миллиард сомониро ташкил медод ва ба фоидаи кишоварзон буд.

Тибқи нишондодҳо саноатчиёни вилоят соли равон низ ин раванди мусбиро нигоҳ хоҳанд дошт.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее