13 November 2017

Нақши муҳим ва мондагор

Таърих гувоҳ аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аксари манотиқи Тоҷикистон гирифтори ноамнӣ шуд. Умеди расидан ба сулҳу созиш ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ҳамаро тарк кард. Мардум дар андешаи наҷоти ҷони худ рўз мебурд.

Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ ҷиҳати барқарории сохтори конститутсионӣ дар кишвар ва хотима бахшидан ба ҷангу ноамнӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Ҳамин тавр, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ўрунхоҷаев Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ бо ширкати вакилони халқ, аъзои ҳукумат, чеҳраи саршиноси кишвар ва қумандонҳои ду ҷониби разманда ба кори худ оғоз намуд. Лаҳзаҳо ва рўзҳои аввали кори Иҷлосия хеле бо мушкилот ҷараён доштанд.

Оқибат ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон намояндаи мардум аз ноҳияи Данғара, Раиси комиҷроияи вилояти Кўлоб Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, ҳамагӣ 40 сол доштанд.

Нахустин суханронии Раиси тозаинтихоби Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосияи ХVI дар қалби мардум аз нав шуълаи хомўшгашта, умед ба фардои нек, ба сулҳу ризоияти миллиро фурўзон кард. Бо гузашти 25 сол аз он Иҷлосия то ҳанўз суханони меҳрбору аз самими қалб гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар ёдҳо боқист.

«Ман ба шумо сулҳ меоварам ва тайёрам дар роҳи осоишу ободии Ватан ҷонамро қурбон кунам».

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди некном ва парвардаи ин обу хок, чун роҳбари якмаром, миллатдўст, ватанпарвар ва масъулиятшинос ба қавли хеш содиқ монда, дар масири расидан ба сулҳ ва оштии миллӣ талошу пайкор намуда, кишварро ба оромию ваҳдат оварданд. Амну осоишу сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиро дар хонадони ҳар як сокини Ватан таъмин карданд. Давлатро аз нобудӣ, кишварро аз вартаи ҳалокату вайронӣ, мардумро аз дарбадарию низову нифоқу парокандагӣ наҷот доданд. Талошу заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат оқибат самари нек оварданд.

Аз аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши мондагори он дар таърихи давлатдории тоҷикон зиёд гуфтаву навиштаанд.

Маҳз баргузории ин Иҷлосия аз хираду фаросати дарки олии кор гирифтани вакилони мардумӣ ва Сарвари кишвар интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлати ҷавони мо аз нобудӣ наҷот ёфт, пояҳои ҳукумат устувор гардиданд ва заминаҳо барои пешрафту рушди босуръати иқтисоди миллӣ гузошта шуданд.

Имрўз Тоҷикистон бо cарварии Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзандаву муносиб дорад. Ба ҳарфи Роҳбари Тоҷикистон, ба пешниҳоду иқдомоти наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарварони мамолики ҷаҳон таваҷҷуҳ мекунанд, меписанданд ва ташаббусҳои созандаи Роҳбари моро меомўзанд ва қабул мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ моро ба ҳушёрии сиёсӣ, ҳифзи Истиқлол ва давлати миллӣ даъват намуда, изҳор доштанд: «Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода бурда, Истиқлолияти Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро ҳамаҷониба таҳким бубахшем».

Имрўз, мо шукрона ва ифтихор дорем, ки бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф намудем. Арзишҳои бузурги умумимиллӣ – соҳибистиқлолӣ, давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми азизамонро бояд ҳифз намоем!

Зебунисо МУҲИДДИНОВА,
сокини шаҳри Бўстон

Читать далее

Пешвои миллат дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воҳидҳои сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло — муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллозода Нурулло Ҳамид —  муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Читать далее

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон”

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолияту ваҳдати комили сартосарӣ ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат боғҳои куҳна аз нав таҷдиду барқарор ва дар майдони ҳазорҳо гектар замин боғҳои нав бунёд карда мешаванд.

Читать далее

Муттаҳидсози нерўҳои созандаи кишвар

Марҳалаи якуми таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олӣ ва ба вазифаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шудан сарчашма мегирад. Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқу миллати тоҷик воқеаи сиёсию тақдирсоз аст.

Ин Иҷлосия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард, ки минбаъд Барномаи мукаммали аз буҳрони иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия ва амалӣ кард. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам сохт ва хатари парокандагии Тоҷикистонро аз миён бурд.

Аҳамияти муҳими таърихии ин Иҷлосияи сарнавиштсозро дар ин нуктаҳо баррасӣ кардан мумкин аст:

Иҷлосия манфиатҳои умумимиллиро боло гирифт, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт, имконияти ризоияти ҷомеа ва имзои сулҳро ба даст овард.

Давлат ва миллати тоҷик дар ҳассостарин лаҳзаҳои таърихӣ Роҳбари сазовори худро пайдо намуд, ки ба халқ сулҳу ваҳдат, оштии миллиро фароҳам сохт. Танҳо дар заминаи муттаҳидӣ Тоҷикистон соҳиби Конститутсия, рамзҳои давлатӣ - Нишон ва Парчами худ гардида, имрўз роҳ сўи сохтмони кишвари дунявӣ, демократӣ ва соҳибихтиёр пеш гирифтааст.

Барқарории сулҳу субот ба Ҳукумати кишвар имконият дод, ки татбиқи Барномаҳои иқтисодии мамлакатро густариш диҳад.

Боварии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон қавӣ гашта, ташкилоти бонуфузи молиявии олам чун Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии тараққиёт ҳамкориро бо Тоҷикистон густариш доданд, ки ин омили мўътамади тараққиёти иқтисодии кишвар ба шумор меравад.

Корнамоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат, ки баҳри сулҳу ваҳдат дар набардҳои ҷанги бемаънии бародаркуш ҷони худро фидову сина сипар кардаанд, зиндаву ҷовид хоҳад монд.

Таърих гувоҳ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қасам ёд намуда буданд: «Ман ба мардуми кишвар сулҳ меоварам» ва ба ин қасами худ содиқ монданд. Ба сарзамини азизи мо сулҳ оварданд.

Қасри Арбоб таҷассумгари шукўҳу фархундагии миллат гашт.

Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олӣ ба Кохи муҳташами сулҳу ваҳдати халқҳои Тоҷикистон мубаддал гардида, рамзи саодату шукуфоӣ ва тантанаҳои таърихӣ дониста шуд.

Иҷлосия неъмати бебаҳои таърих барои имрўзу фардои кишвар аст.

Шукронаи ин неъмат ва дастовардҳои он бояд кард.

Гулбар АМОНОВА,
мутахассиси пешбари Суди вилояти Суғд 

Читать далее

Самимияти дилпазир ва ҳамгироии беназир

Тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкорӣ идома ёфта, имрўзҳо мавзеи Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнии маркази кишвар басо қабои зебову рангин дар бар кардаву симояшро куллан дигаргун намудааст. Зимни ифтитоҳи боғи мазкур Президенти мамлакат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорон, лоиҳакашон ва ҳамаи мутахассисону бинокорон, гулпарвароне, ки барои ободии пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил доданд, баҳои баланд доданд.

Дар ин ҷода саҳми ҳунармандону гулпарварон ва сохтмончиён басо назаррас арзёбӣ гардидааст.

Олим ЮСУФОВ - директори Маркази илмӣ - методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд:

- Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баъди азнавсозӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муҷассамае, ки аз ҷониби Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Fафурҷон Ҷўраев дар масоҳати 86 метри мураббаъ бо маҳорати баланди эҷодӣ дар даромадгоҳи боғ қомат афрохт, тамоми иштирокдорони ин чорабинии муҳимро хушнуд гардонид.

Мо, гурўҳи санъаткорони беш аз дусаднафара тўли чаҳор рўз барои иштирок ва ҳунарнамоӣ дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ меҳмони пойтахт будем. Мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ, ороиш ва нақшу нигори даромадгоҳҳои боғ, сутунпояҳои бошукуҳу мунаққаш, ки бо санъати баланди меъмории миллӣ сохта шудаанд, таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб намуданд.

Барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби дастаҳои ҳунарии шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ансамблҳои рақсии «Зебо», «Гулноз», «Fаффор Валаматзода», «Фалак» ва мақомсароён ба намоиш гузошта шуд, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд. Теъдоди беш аз якунимҳазораи ҷои нишасти Амфитеатри навбунёд пур аз тамошобин гашта, кафкўбиҳои пурмавҷи онҳо илҳомбахши санъаткорони ҷавони суғдӣ шуд.

Қобили тазаккур аст, ки дар баргузории ин рўйдоди муҳими таърихӣ барномаи фарҳангии вилояти Суғд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сазовори баҳои баланд гардид. Бахусус, суханони Сарвари давлат ҷиҳати дигарбора намоиш додани ин барномаи фарҳангӣ барои меҳмонон ва сокинони пойтахт фарҳангиёни суғдиро хушнуд гардонид. Худи бегоҳии ҳамон рўз аҳли санъати вилояти Суғд идомабахши тантанаҳои хурсандии сокинони Душанбешаҳр шуданд.

Изҳори сипоси Президенти кишвар аз номи Ҳукумати мамлакат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муаллифони тарҳи нав, мутахассисону бинокорон ва соҳибкороне, ки барои ободии ин гўшаи пойтахти кишвар заҳмат кашидаанду имрўз онро дар ҳақиқат ба макони истироҳативу фароғатии замонавӣ табдил додаанд, бунёдгарони боғро болидарўҳ сохт. Ба ин маънӣ, мо - санъаткорон низ тасмим гирифтем, дар ҷавоби меҳрномаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро боз ҳам бештару беҳтар ба роҳ монда, барои абадӣ гардонидани хотираи неки Қаҳрамони Тоҷикис-тон, асосгузори адабиёти муосир Садриддин Айнӣ заҳмат кашем.

Абдусалом Шодибеков - директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ:

- Воқеан, дар корҳои ороишиву гулзоркунӣ беш аз 40 нафар беҳтарин гулпарварони вилоят заҳмат кашиданд. Занони гулпарвар оғоз аз моҳи май то ноябр дар азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе қарор доштанд. Бояд гуфт, ки гулпарварони вилоят дар масоҳати қариб 13 гектар боғ алафи ҳамешасабз кошта, беш аз 250 ҳазор гули навъи мухталиф, аз ҷумла, гулҳои тирамоҳиву зимистонаи гулкарам, виола, гули беор, таис ва ғайраҳо шинонидаву нигоҳубини хуби онро ба роҳ монданд. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба таври ҳамешагӣ аз шароити мутахассисон, бинокорону гулпарварони вилоят воқиф гардида, дастгириву ғамхории пайваста зоҳир намуданд.

Зулфинисо Эргашева-гулпарвар:

– Басо шод ҳастам, ки бо шарофати касби гулпарвариам дар ободкориҳои диёр саҳм мегузорам ва инчунин дар сабзкориҳои Боғи Айнӣ низ ширкат доштам. Банда бори аввал дар пойтахт будам ва онро басо зебову дилрабо дарёфтам. Таи панҷ моҳе, ки дар ин ҷо будем, роҳбарияти вилоят ва масъулин мо - гулпарварзанонро бо шароити хуби кориву истироҳатӣ таъмин намуданд. Шукргузорам, ки маҳсули кори мо ба ҳамагон писанд афтодаву тамоми меҳмонону сокинони пойтахтро боз ҳам шоду хотирашонро болида мегардонад.

Б. Раҳимов - мутахассис оид ба барқ ва чароғонкунии ҶДММ «Само»:

- Ҳамаи бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо ва фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёдшуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидаанд.

Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгў буда, дар гўшаву канори он камераҳои назоратӣ ва 50 дастгоҳи радиошунавонӣ насб шудааст.

Илҳом Иброҳимбобоев - сардори шўъбаи техникӣ-истеҳсолии Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят:

- Фармоишгари корҳои таҷдид Идораи сохтмони асосии вилоят буда, дар корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва ободониву таҷҳизонидани иншооти боғи мазкур 14 ширкат, аз ҷумла ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “СМС”, “САМО”, “Соҳибкор 2001”, “КММ -44”, “МСС -2”, “Канд инвест Сохт”, “Дизайн Сохтмон”, “ҳафтранг”, “Шаҳрсохтмон”, “Усто Мансур”, “Расул трейдинг”, “Асри ХХ”, “Суғд ТадЭС-П” саҳми муносиб гузоштанд. Сохтмончиён дар ду баст меҳнат намуда, саривақт музди маоши онҳо пардохт мегардид.

Муҳибаи Мавлонзода - донишҷў:

- Дар ифтитоҳи Боғи таҷдидгардидаи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ иштирок дошта, аз манзараи биҳиштосою назаррабои он дидан намудам. Аз тамошои чунин табиати зебо бисёр ба ваҷд омада, бори дигар ба касбияти сохтмончиёну ҳунармандон, гулпарварону ороишгарони вилояти Суғд қоил мондам. Хусусан, майдони сабзпўшу гулҳои зебо ва фаввораҳои гуногунранг бароям маъқул шуданд. Ҳамаи ин созандагиву ободкориҳои диёр мо-ҷавононро баҳри боз ҳам донишандўзиву ҳунареро аз худ намудан ҳидоят менамоянд, то дар оянда чун фардони бонангу номус дар рушду тараққиёти кишвар саҳмгузор бошем.

* * *

Қайд кардан ба маврид аст, ки корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии боғи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳамчунин заҳмати якҷояи қариб 400 нафар мутахассисону сохтмончиёни вилоят ҷараён гирифт.

Шоира САЛИМОВА,
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее