17 November 2017

Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуда, бо сохтмончиён мулоқот карданд.

Нахуст дар намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти сохтмонии корхонаҳо шинос шуда, зимни суҳбат бо намояндагони ширкатҳо онҳоро ба  истеҳсоли молҳои босифати рақобатпазир ва воридотивазкунанда ҳидоят намуданд.

Читать далее

Пазироии хуби «Душанбе»

Дар вазъияти тантанавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолияти сохтмончиён аз  вилояти Суғд баҳои баланд доданд. Дар навбати худ сокинони пойтахт меҳмонони Суғдиро бо самимияти гарм пазироӣ намуданд.

Намояндагони аҳли фарҳанг, зиёиён, намояндагони касбу кори мухталиф, ки дар тантанаи ифтитоҳи  Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз вилояти Суғд иштирок доштанд, тайи се рӯз дар меҳмонхонаи «Душанбе» аз хизматрасонии ҳайати кормандони меҳмонхона бархурдор гардиданд ва аксари онон барои пазироии самимонаву хизматрасонии сатҳи олӣ ба роҳбарияти шаҳри Душанбе, аз ҷумла раиси шаҳр, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва кормандони меҳмонхонаи «Душанбе» изҳори сипос баён намуданд.

-Мо, намояндагони аҳли  фарҳанги вилояти Суғд дар  маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ иштирок кардем.  Дар ҳақиқат Боғи устод Айнӣ имрӯз ба макони беназири фароғатии замонавӣ табдил ёфтааст.  Он боғе, ки имрӯз ба гулзор табдил ёфт, аз даврони ҷавониам ба он ҷо барои сайр мерафтам. Аммо ин гуна хушҳолкунандаву шукӯҳманд набуд. Аммо имрӯз ба як гӯшаи биҳиштосо табдил ёфтааст, ки завқи баланди зебоипарастии мардуми моро нишон медиҳад. Бешак, ҳар як сокин ва ё меҳмоне, ки ба ин боғ ташриф меорад, ҳатман ҳангоми сайругашт ба эъҷозкории меъморону гулпарварони суғдӣ аҳсан мехонад.

Чанд муддате, ки мо гурӯҳи меҳмонони вилояти Суғд дар Душанбе будем, КВД Меҳмонхонаи «Душанбе» ба мо хидматгузорӣ намуд. Ростӣ, пазироии самимӣ,  шароити мусоид ва чеҳраи кушоди ҳар яки ходими меҳмонхона моро болидарӯҳ месохт. Будубоши мо дар ин меҳмонсаро ройгон буд ва бо се маҳал хӯроки гарм таъмин будем. –иброз дошт зимни сӯҳбат Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ.

Иштирокчии дигар Шаҳло Ҷалилӣ - роҳбари ансамбли рақсии «Зебо» низ аз пазироии масъулини меҳмонхонаи «Душанбе» изҳори хушҳолӣ намуд.

 -Ба тамоми кормандони меҳмонхона миннатдории хешро аз номи кулли сокинони вилояти Суғд мерасонам. Истиқболу гусели самимонаи эшон моро бори дигар водор менамояд, ки ҳамгироиву дилбастагии тамоми манотиқи ҷумҳуриамонро боз ҳам зичтару мустаҳкамтар намоем.

-Директори меҳмонхонаи  «Душанбе» Саидмӯсо Мусоев шахсан ҳамеша аз ҳоли меҳмонони суғдӣ ҷӯё буд. Мавсуф аз камбудиамон пайваста пурсида меистод, ҳол он ки хидматгузории меҳмонхона ҳеҷ камбудие надошт. Тозагиву озодагияш моро мафтун сохт. -зимни сӯҳбат иброз дошт Шаҳло Ҷалилӣ.

Мо барои ин пазироӣ ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва аз ҷумла меҳмонхонаи «Душанбе» изҳори сипос менамоем.

Меҳмонхона биноест, ки барои истиқомати муваққатии мусофирон ва меҳмонон истифода бурда мешавад. Аз таҳлилҳои коршиносони соҳаи сайёҳӣ бармеояд, ки меҳмонхонаи «Душанбе» ба панҷгонаи беҳтарини меҳмонхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Ба гуфти муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии Меҳмонхонаи «Душанбе» Нарзиқул Сиддиқов фаъолияти он аз соли 1964 оғоз гардида, ҳоло дорои 100 ҳуҷра ва 147 ҷои хоб мебошад.

-Асосан муштариёни меҳмонхона меҳмонони хориҷӣ ва сокинони минтақаҳои кишвар мебошанд. Давоми моҳҳои сипаригаштаи соли равон 5996 нафар аз хизматрасонии меҳмонхона истифода намудаанд.  Маъмурият ва кормандон кӯшиш менамояд, ки меҳмононро дар сатҳи баланд қабул намуда, ба онҳо хизматрасонии беҳтаринро  пешниҳод намоянд. Дар меҳмонхона тарабхона низ фаъолият дошта, дар хизмати мизоҷон шабу рӯз омода аст, -мегӯяд Нарзиқул Сиддиқов.

Бояд тазаккур дод, ки дар рӯзҳои фараҳбахши ифтитоҳи боғи ба номи устод  Айнӣ дар пойтахти мамлакат аз вилояти Суғд беш аз 200 нафар аз хидматгузории меҳмонхонаи «Душанбе» бархурдор буданд ва аз шароити мусоиди меҳмонхонаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов»-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Фармоишгари Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов» оилаи Тоҷибоевҳо ва пудратчии иншоот «Доро Инвест» мебошад. Маҷмаа бо сарфи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Масоҳати зери бинои ин иншоот 625 метри мураббаъро ташкил дода, дорои 600 ҷойи нишаст дар ду толор мебошад. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар канори он барои нақлиёт таваққуфгоҳ сохта шудааст. Корҳои ободонии гирду атроф низ ба анҷом расиданд.

Читать далее

МУАРРИФИИ КИТОБИ «ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ ЗАБОН»

Дар арафаи таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров китоби тозанашри «Пешвои миллат ва сиёсати забон» доир гардид. Дар маҳфил меҳмонон аз раёсати донишгоҳ, зери роҳбарии Ректори донишгоҳ, профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло, инчунин мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Манзура Шамсиева, шоир ва фарҳангнигори маъруф Абдуҷаббори Суруш ва устодони донишгоҳ иштирок намуданд.

Сараввал директори китобхонаи марказии донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ромиз Абдуллоев доир ба нақши Пешвои миллат дар самти эҳёи арзишҳои маънавӣ ва мероси гаронбаҳои халқи тоҷик, ки шахсиятҳои барҷастаеро ба тамаддуни ҷаҳонӣ эҳдо намудааст, ишорат намуд. Мавсуф дар мавриди китоби тозанашри «Пешвои миллат ва сиёсати забон» мулоҳизаҳои хешро баён намуда, аз ҷумла қайд кард, ки роҳандозии ин иқдоми наҷиб боиси бозгў гардидани яке аз хидматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мегардад, ки ин масъала забон аст. 

Профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик Абдусаттор Абдуқодиров таҳти унвони «Чанд сухан дар атрофи китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»», дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Нуралӣ Нуров таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар тарғибу таҳқиқи мероси фарҳангии ниёгон» ва инчунин, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ - Мӯсо Олимҷонов таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар таҳқиқи таърихи забон» маърўза карданд.

Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло хидматҳои арзандаи  Пешвои миллатро дар эҳё намудани забони тоҷикӣ нек арзёбӣ кард.

Сипас, профессорон Абдуҷамол Ҳасанов ва Ваҳҳоб Набиев доир ба китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон» фикру муллоҳизаҳои хешро баён намуданд.

Таъкид гардид, ки китоби нави «Пешвои миллат ва сиёсати забон» аз пешгуфтор се боб ва 32 мақолаи илмӣ иборат мебошад.

Аҳмадҷони Толиб

Читать далее

Қасре, ки номаш шуҳрати ҷаҳон гашт…

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз 25 сол муқаддам дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ўрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) барпо гашта буд. Ин Иҷлосияи таърихӣ Сарвари давлати моро ба саҳнаи кор овард. Нишон, Суруди миллӣ, Парчами Тоҷикистони азизро қабул намуд. Инчунин, бо оши оштӣ тарафҳои мухолифро ба ҳам овард. Масоиле, ки дар ин Иҷлосия тарҳрезӣ шуд, бебаҳо ва беандоза аст. Боз як ҷиҳати муҳим ин, ки Қасри Арбобро машҳури олам гардонид.

Дар бораи Қасри Арбоб асарҳо офарида шудаанд. Инҳо «Тақдири Арбоб»-и М.Узоқов, очерки бадеии «Қасри маданияти колхозӣ»-и Тоҷӣ Усмон, «Имзои шахсӣ» ва «Печутоби роҳҳо»-и Аминҷон Шукўҳӣ ва Ҳилолиён Аскар, «Роҳ ба водии рўшан»-и Равшан Замир ва дигарҳо мебошанд. Дар бораи ин қаср ва нақши он дар мустаҳкам гаштану пойдор мондани сулҳу амнияти тоҷикон оянда низ асарҳои зиёде офарида хоҳанд шуд.

Дар бобати Қасри Арбоб китоби «Арбобнома»-и Маҳкамҷон Самеъбоев (Хуҷанд-2001, Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил) сарчашмаи боэътимод аст, зеро ки худи муаллиф солҳои зиёд дар ин хоҷагӣ чун муҳандиси сохтмон фаъолият бурдааст. Бар замми ин М.Самеъбоев аз синни 25-солагӣ, яъне аз аввали сохтмони Қасри Арбоб чун муҳандис-меъёргузор то охири умр дар як вазифа кор кард. Мувофиқи навиштаи муаллиф ҷойи сохтмони қасрро худи С.Ўрунхоҷаев интихоб карда будааст: ин теппаи Арбоб буд ва аз ин баландӣ тамоми ҳудуди хоҷагӣ ба чашм намоён мегашт. Сохтмони қаср моҳи феврали соли 1951 оғоз ёфт. Сардори сохтмон худи С.Ўрунхоҷаев, сармуҳандис Мочалов Виктор Павлович, меъмор-лоиҳакаш Ҳикмат Юлдошев буданд. Санги аввали биноро моҳи апрели соли 1951 Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гузоштаанд. Ҳамаи маводи сохтмон асосан дар ҳудуди хоҷагӣ истеҳсол мегашт. Колхозчиён ду хумдони хиштпазӣ сохтанд, ки дар як моҳ 20.000 дона хишт мепухт (устои хиштпаз Мирзошариф Исмоилов). Дар худи ҳамин ҷо хумдони оҳакпазӣ сохтанд, ки дар 15 рўз 10 тонна оҳаки тоза медод. Сохтмони қаср ба ҳашари умумии колхозчиён табдил ёфт. Махсусан, ҷавонон ташаббуси хуб нишон дода, дар рафти сохтмон бисёр ҳунарҳои бинокориро омўхтанд. Дар он 8 бригадаи маҳаллӣ кор кардаанд. Усто Ширин Муродов, Мирумар Асадов, Иван Семёнов, Валентин Раглис, Макс Плоткин, Абдулло Ҷалолов, Абдуқаҳҳор Холматов, Абдувалӣ Ғаниев, Лев Дорн, Сергей Захаров дар минтақаҳои кори худ пешсаф буданд.

Дар натиҷаи меҳнати зарбдоронаи аъзои колхоз ва дўстии халқҳо сохтмони қаср дар мўҳлати муайяншуда, ҷашни 40-солагии Октябри Кабир, яъне 7 ноябри соли 1957 ба охир расид.

Аз ҳамон вақт инҷониб, яъне 60 сол боз Қасри Арбоб барои халқ ва хоҷагӣ чун идораи маъмурӣ ва мавзеи сайёҳӣ хизмат карда меояд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар рафти сохтмон садҳо нафар ҷавонон касбу ҳунар омўхтанд.

Алиҷон Олимов,
Аълочии маориф ва матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Нигаҳбони вафо шуд Қасри Арбоб!

Арбоб. Дар он қасре, ки бунёдгузораш дукарат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, пири деҳқонони тоҷик Саидхоҷа Ўрунхоҷаев буд, ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири халқи тоҷик фоли нек гардид. Иҷлосияи тақдирсози Шўрои Олӣ бошад, кишварро аз машаққати зиёде раҳоӣ бахшида, киштии қисматро ба дасти ҷавонмарди меҳанпараст ва хирадманд Эмомалӣ Раҳмон супурд. Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи моро ба сўи сулҳ ва ваҳдати миллӣ равона сохт. Қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид кард. Метавон гуфт, ки ин Иҷлосия халқи моро ба оянда бовар кунонд ва мо онро сарнавиштсоз номида, 25-солагиашро ҷашн мегирем.

Қасри Арбоб нусхаи Қасри Пётр дар Хуҷанд

Қасри Арбоб қасри тақдиру ваҳдату шуҳрат, дўстӣ, умеду бахту тахти миллат гаштааст.

Имрўз он қасри бошукуҳ файзу таровати худро боз ҳам бештар кардааст. Мавзеи қаср макони таърихӣ, ҷои истироҳатӣ, тамошогоҳи пиру ҷавон, сайргоҳи навхонадорон, ҷавонону кўдакон гаштааст. Ҳудуди беш аз панҷоҳгектараи қасри Арбоб дорои толори бошукуҳу барҳаво ва зиёда аз 600 ҷои нишаст буда, чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангию сиёсӣ дар ин макони таърихӣ баргузор мегарданд.

Мегўянд, ки Қасри Арбоб ба қасри маъруфи Петергофи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия монандӣ дорад. Назар ба иттилои таърихнигорон Арбоб нусхаи Қасри Пётр дар Хуҷанд аст. Зеро, андешаи сохтани бино низ ҳангоми тамошои қасри муҳташамии шаҳр дар тафаккури Саидхоҷа Ўрунхоҷаев ҷой гирифта буд. Иқдоми пешгирифтаи раиси ҳамонвақтаи колхози «Москва»-и ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод баъди меҳмони чандвақтаи ин шаҳри Ленинград шудан боло гирифт. Солҳо гузаштанд, даромади колхоз боло рафт, имконият фароҳам омад, ки корҳои сохтмонӣ шуруъ ёбанд. Саидхоҷа Ўрунхоҷаев озими шаҳри Душанбе шуд. Меъморон сарҷамъ омада, тарҳи биноро кашиданд. Соли 1951 сохтмон оғоз ёфт. Давоми шаш сол бинокорону меъморон, сохмончиёну кандакорон, наққошону пардозгарони деҳаҳои гирду атроф бурдборона заҳмат кашида, бинои қасрро бо сифати баланд ба истифода доданд. Ин қасри бошукуҳ давоми 55 соли мавҷудияташ бе таъмири асосӣ барои мардум хизмат намуд. Баъдан ба истиқболи 20-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдом ва дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии қаср таъмир гардида, бо назардошти арзиши бузурги меъморию таърихии офаридаҳои устоҳои пешина азнавсозӣ шуд ва ҳунармандон кўшиш карданд, ки нақшу нигор ва рангубори аслии сақф ва деворҳои онро нигоҳ доранд. Дар толори давраи барқароркунии баъдиҷангӣ ва сохтмони Қасри Арбоб аксҳои бунёдгарони ин иншооти бузург гирд оварда шудааст, ки бинандаро ба тамошо кардан водор месозад. Маҳсули дастони наққошону кандакорон, ки ба ҷои музди кор номҳояшон дар сақфи биноҳои гулкорӣ нақшбандӣ шудаанд, шаҳодатгари дастони пурэъҷози сардори бригадаҳои сохтмон Бақохон Махсумов, гаҷкор Устозокир Қодиров, кандакорон Устомақсуд Солиев, Устораҳимшех Раҷабов, Устоочил Риёзов, дуредгарон Абдуалӣ Fаниев, Абдулаҳад Бойматов, Ўрунбой Дўстматов, Отабек Ашрафов, наққошон Саидхон Абдуллоев, Абдурауф Аминҷонов, усто Абдураҳими шайхбурҳонӣ ва дигарон буд, ки Қасри Арбоб то кунун симои таърихиашро нигоҳ доштааст.

“Ман ба шумо сулҳ меоварам”

Толори осорхонаи «Тоҷикистон дар масири 26-соли Истиқлолият», ки бахшида ба Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12) дар Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанги Арбоб» азнавсозӣ гардидааст, шуруъ аз шиноснома, харита ва матни вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон то Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосия, нашрияҳои даврӣ, аксҳои бақайдгирӣ ва баромади вакилони мардумӣ, меҳмонон дар толор, нишоти вакилон дар «Оши оштӣ», баррасии лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатӣ, иқтибос аз баҳсу андешаҳо, аксҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки рафти Иҷлосияро наворгирӣ мекунанду суҳбатҳои судманд анҷом медиҳанд ва ҳатто, дастгоҳҳои наворбардориву аксбардорӣ, қолину таҷҳизоти сабти овоз то курсиву минбари баромад ва дигар ашёҳое, ки он замон истифода шудаанд, имрўз чун нигораҳо толорро зеб медиҳанд.

Раиси Маҷлиси миллии ҳамонвақтаи давлати Туркия Ҳисомаддин Чиндурок суханони меҳромези худро дар шахсияти Раиси Шўрои навтаъин чунин баён намудааст: «Аълоҳазрат! Шуморо ба муносибати Раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданатон аз сидқи дил табрик менамоям. Изҳори умед мекунам, ки Тоҷикистон минбаъд ҳам аз рўи принсипҳои муосири демократӣ тараққӣ мекунад, рушд меёбад. Дилпурам, ки дар давраи кори Шумо равобити таърихии дўстонаи мамлакатҳои мо боз ҳам бештар мустаҳкам мешаванд». Ё намояндаи мамлакати Канада чунин гуфтааст: «Хушбахтии халқи тоҷик аст, ки ў се арзишоб, нон ва ваҳдатро дорост, ки он зич ба номи фарзанди шарафмандаш Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст».

Дар осорхона суханҳои меҳромези Раиси Шўрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорус Александр Павлов Войтович, Раиси Маҷлиси намояндагони халқи Ҷогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Алтай Бобуев, котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Михаил Кротов, намояндаи давлати Канада Ҷорҷ Гейт ва дигарон гирд оварда шудаанд, ки ҳар яке таассуроти худро аз Иҷлосияи таърихӣ баён кардаанд.

Нигораи «Ман ба шумо сулҳ меоварам» ба қалами сеҳрноки рассом Абдураҳим Ҷабборов тааллуқ дошта, акси Президенти кишвар, ки баъди ба итмом расидани Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сўи мардум бо қосидони сулҳ-кабўтарон хеле моҳирона кашида шудааст. Дар мусаввара гўё фазои орому таскинбахш, осмони нилгуну мусаффо ҳамқадами Садри кишвар гашта, барои сулҳу осоиштагии мардуми меҳнатқарини тоҷик мусоидатгар аст. Гўшаҳои фарҳангу маориф, кишоварзию саноатӣ, сохтмону энергетика ва ғайраҳо бозгўи дастовардҳои таърихи 25 соли гузашти Иҷлосия ба шумор рафта, дар қалби бинанда эҳсосоти пурнишотеро бедор менамоянд.

Намунаи олии қаҳрамонӣ

Агар вориди толори намунаи ҳавлии тоҷикони деҳот дар солҳои 50-уми асри ХХ гардед, худро беихтиёр дар ҳамон давр тасаввур хоҳед кард. Намуди ҳавлии дарунаю беруна, ошхонаву танўрхона, кўрпаву қолин, обдаставу хумдон ва дигар ашёҳои рўзгор, ки дар он давр истифода мешуданд, дар осорхона нигоҳдорӣ мешаванд.

Ному насаб ва аксҳои абармардон аз ин хоҷагии номдор-Қаҳрамонони Иттифоқи Шўравӣ Раҳимбой Раҳматов, Фатҳулло Аҳмедов, дукарат қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ўрунхоҷаев дигар қаҳрамонони арсаи меҳнат Саидолим Оқилов, Ҳошимбой Солиев, Абдуфаттоҳ Қаҳҳоров, Абдуқосим Шарифов, Мирумар Юсуфов, Эргашбой Дадобоев, Назокат Муъминова, Бобоҷон Зокиров, Пўлодбой Оқилов, Орифҷон Бобоҷонов, Раҳимбобо Холбобоев, Маъруфбой Ёқубов, Мирзошариф Раҳмонов, Дадоҷон Тоҳиров ва дигарон, ки бо меҳнати худ дар қалби мардуми шарифи Тоҷикистон абадан нақш бастаанд, номнавис гардида, барои ояндагон намунаи олии ватандўстӣ ба шумор мераванд.

Фаъолияти минбаъдаи раисони колхоз Абдуҳамид Зоидов, Эҳсон Маҳмудов, Абдуазиз Маҳмудов, Абдухолиқ Бобоҷонов, Давлатбек Мақсудов, Аҳмадҷон Бобоев, Мунир Маъсумов, ки давомдиҳандагони кори Саидхоҷа Ўрунхоҷаев ҳастанд, дар толори махсус гирд оварда шудаанд, ки тамошобин метавонад аз он сабақи маънавӣ бардорад.

Чойхона – маскани меҳру саодат

Чойхонаи миллӣ, ки сохтмонаш моҳи сентябри соли 2011 оғоз ёфта буд, бо намуди дилрабои хеш ба қасри номдор ҳусни тоза зам кардааст. Чойхонаи боҳашамати миллӣ барои 1200 ҷои нишаст пешбинӣ шуда, аз толори асосӣ, толор барои қабули меҳмонон, толори гуфтушунид, ҳуҷраи фарҳангӣ, пешайвонҳои баҳорона, ошхона ва дигар иншооти хизматрасонӣ иборат буда, бо истифода аз санъати меъ мориву қадимаи миллӣ оро дода шудаанд.

Шоҳсутун ва болорҳои онро устоҳои забардасту номдор аз шаҳру навоҳии Исфара, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Истаравшан бо маҳорати хоси ҳунармандиашон кандакориву нақшбандии миллӣ кардаанд. Зикраш бамаврид аст, ки чойхонаи миллӣ бо унсуру анъанаҳои чойхонадории тоҷикӣ барои мардуми вилоят ва меҳмонони он хизмат мекунад.

Имрўз Маркази таълимию истеҳсолии атласу адрасбофии «Қасри Арбоб» низ аз ҷониби мардум ба хубӣ пазируфта шудааст. Матоъҳои истеҳсолкардаи занону духтарони ин маркази ҳунармандӣ бо роҳбарии Монадҷон Осимова харидорони зиёд дошта, шуҳраташ то ба кишварҳои ҳамсоя рафтааст.

Имрўз ин қасри таърихӣ, ки тақдири халқи тоҷик дар ин ҷо муайян гардидааст, макони истироҳативу фароғатист. Дар ин ҷо пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ барпо гардида, дар як вақт тамошогаҳи дилнишин ва сайру саёҳати сокинону меҳмонони вилоят мебошад.

Шоира САЛИМОВА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар саҳни таълимгоҳ хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.

Читать далее

НАҶОТБАХШУ САДОҚАТМАНДИ МИЛЛАТ

Муҳаббат ба сиёсати оқилонаву бунёдии Пешвои муаззам

Мегўянд, ки ҳар як рўз баъди гузаштан қадр, мазмуну маънои комил пайдо мекунад. Дар ин радиф чаҳоряк аср муқаддам 16 ноябри соли 1992 рўзе буд, ки аз ҳамон лаҳза то ба инҷониб қадру манзалатеро соҳиб гардид, қиёснопазир, беназир ва арзишманд шинохта шудааст.

Дар Қасри Арбоб Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ҷанбаи тақдирсоз, таърихӣ ва бунёдгузор касб кардааст. Кунун аз қуллаи ҳаёти рангину босаодати миллат ба рўзҳои ноябри соли ҳазору нўҳсаду наваду ду менигарему неруи аҳди дўстӣ, бародархондагӣ, азму кўшишҳои якпорчагии кишвар, эҳёи Тоҷикистони азиз, устувор нигоҳ доштани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ дар вуҷудамон тоза ба тоза эҳсос мешаванд.

Барорҳо ва комёбиҳои нав ба нави меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии имрўзаи кишвари соҳибистиқлоли мо аз Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро он дар бунёди давлати навини тоҷикон асоси мукаррам гузошт.

Иҷлосия дар Қасри Арбоб ҳамрадифи сабақомўзӣ, шинохти тақдир ва сарсабзии ниҳоли орзуву ормон буд.

Миллати тоҷик аз азал бахтёр, зафарёр ва ба ор буду чунин боқӣ мемонад. Бахту нусрат ва шарафу номуси миллӣ буд, ки Иҷлосия дар Қасри Арбоб парвозгоҳи ҳақиқии орзуву омолҳои наҷиби мардум шинохта шуд. Давоми рўзҳои баргузории ҷаласаҳои Иҷлосия - 19 ноябри соли 1992 Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сардори давлат интихоб шудани фарзанди ҷонфидои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар васоити ахбори умум ба тасвиб расид ва ба дилҳо фараҳу шодмонӣ бахшид. Суханони пурэҳсосу рўҳбахш ва умедбахши Раиси Шўрои Олии мамлакат «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани Сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Марди пуртаҳаммул, солору хушсимо, дилсўзу дилогоҳ Эмомалӣ Раҳмон бо мақсаду нияти нек, бо имони поку виҷдони соф ба арсаи сиёсат, ватандориву инсонпарварӣ ворид шуданд. Мардуми шарафманду соҳибтафаккури тоҷик, миллати аз азал фарҳангӣ, кишвари соҳибноми худро ба роҳи худшиносӣ раҳнамун, ҳидоят ва муваззаф намуданд.

Фарзанди фарзонаву худшинос Эмомалӣ Раҳмон марди Худодод ба бахти миллати тоҷиканд. Раиятпарвару ятимпарвар, бузургдошти шахсиятҳои тамаддун ва фарҳанганд, ба гузаштагону бузургон эҳтиром, такя бар илму ирфон ва шинохти миллӣ доранд. Ҳамаи ин хислатҳои ҳамида ва ҳуввияти миллиашон дар фазои Иҷлосия дар Қасри Арбоб зуҳур карда буданду мардуми огоҳи мо аз ҳамон лаҳза барояшон эҳтирому шинохти комил ҳадя доштанд.

Шукри беадад, ки давлати тоҷикону миллати бофарҳанги Тоҷикистон бо Роҳбарии фарзанди неруманди худ Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала мушкилоти ба сар омадаро сабук гардонида, аз кўчаи сарбаста баромаданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти ба таври демократӣ интихобгашта ва аз ҷониби халқ эътирофшуда бо қатъият ба се ҳадафи стратегӣ: соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ки асоси ҳаёти ободу босуботу дилрабоянд, миллату давлатро расониданд.

Бо ибораи дигар Сарвари муаззами давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи дурусту ҳидоятҳои бунёдиашон мардуми тоҷикро ба кўи мурод мушарраф гардониданд, ки ҷои баҳс нест.

Ибораҳои рўҳнавози Истиқлолияти давлатӣ, Иҷлосияи таърихӣ, Роҳбари давлат, Ваҳдати миллӣ аз лаҳзаҳои ҳассостарини таърихи навини кишвар, аз сарнавишти халқ ва Тоҷикистон сарчашма гирифтаанд. Яъне, шонздаҳуми ноябри соли ҳазору нўҳсаду наваду ду дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Роҳбари мамлакат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин, олитарин ва шарифтарин илтифоти таърих ва давру замони муосири тоҷикон эътироф гардидаанд.

Мегўянд, ки одам ба биступанҷсолагӣ қадам гузорад, ў фарди солор аст. Биноан, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии ҷумҳурӣ биступанҷсола шуд, он солор, назарбин, беқиёс аст.

Имрўз дар партави ҳадафҳои Иҷлосияи шонздаҳуми нусратбору саодатбор, ки он хос ҷаласаи миллӣ, худшиносии миллӣ дониста шудааст, ҳаёту зиндагии воқеан миллии мардуми тоҷик пеш меравад, боғи рўзгор гул мекунад, ободонӣ ба хотири маъмур сохтани мулкамон равнақ мегирад. Мардум бо дасту дили тозаву гарм кор мекунанд, бо ташаббусҳои ҳадафманд, меҳру муҳаббати волои худ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандона, ҳидоятҳои бунёдиашон ҳамдиливу садоқатмандӣ ҳувайдо месозанд.

Кишварамон, хурду бузургсоли қаламрави Тоҷикистони соҳибихтиёр дилпурона ва бо қадамҳои устувор ба сўи ояндаи ободу осуда мераванд. Биноан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори солгарди соҳибистиқлолӣ бо ифтихор баён доштанд: – «Халқи азизам! Ман ба қудрати созанда ва нангу номуси ҳар фарди ту бовар дорам!

Миллати бузурги ман! То зиндаам, ман бо номи ту сидқан ифтихор мекунам, туро самимона дўст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам!».

Ҳамин тавр, эҳсоси шарифтарин дорем: бо нуру сафои ҳидоятҳо ва сиёсати оқилонаву бунёдии Пешвои муаззами миллат бахтёр, ватандор, соҳибэътибор ҳастем.

Абдуқодир ҶАББОРОВ,
муассис ва бунёдгузори Ширкати “Сино”,
Корманди хизматнишондодаи
фарҳанги Тоҷикистон

Читать далее

ЭҲЁГАРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Соли 2016 дар кишвари мо барои пазируфта шудани ду санади муҳим ҷиддан тасмим гирифта шуд: аввалан, оид ба таҷлили Рўзи Президент ҳамасола 16 ноябр, дигар ба тасвиб расидани қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» буд, ки бешак, рўйдоди таърихӣ ба шумор мераванд, ки бо назардошти саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории нави кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва афзоиши нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон таҳия гардиданд.

Дар мавриди зуҳуроти рўйдоди аввал ин нуктаро бояд таъкид кард, ки решаи он ба таърихи Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ки маҳз дар ин Иҷлосияи сарнавиштсози миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданд. Замоне, ки дар кишвар даргирии ҷонибҳо дар авҷ буду аксарияти коршиносони байналмилалӣ фарзия доштанд, ки аз харитаи олам кишвари Тоҷикистон ба қарибӣ аз байн меравад, маҳз ба туфайли кордониву неруи амиқи сиёсии ин фарди комили таърихӣ ба тамоми бесарусомониҳо нуқтаи таммат гузошта шуд. Дар асл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари давлати навини тоҷиконанд.

Тасмими нав дар мавриди таҷлили Рўзи Президент навъе гиромидошти хизмати фарзанди номовар ва ҷонпайванди миллат дар таърихи муосири тоҷик маҳсуб мешавад. Таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чеҳраи аслӣ ва воқеии Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати шахсияти барҷастаи меҳварии миллати тоҷик дар бунёди низоми нав ва устувори давлатдории тоҷикон намоён мекунад. Бо заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат кишвари тоҷикон аз парокандагиву нестшавӣ ва халқ аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо гардид. Ба хизматҳои тақдирсоз ва бузурги ин чеҳраи барозандаи таърих арҷ бояд гузошт ва инро барои насли баъдии миллат талқин бояд кард.

Таҷлили ин Рўз насли имрўз ва ояндаи ҷомеаро ба қадрдонӣ ва қадршиносии фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат водор месозад, ки маҳз ба шарофати сиёсати усулӣ ва мондагор, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат ва созандагиву некбиниашон эътибори хоса доранд.

Субҳони Аъзамзод,
мудири кафедраи адабиёти муосири
тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Fафуров,
 номзади илмҳои филологӣ

Читать далее