19 November 2017

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 - умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии бошукуҳ, ки дар макони баргузории иҷлосияи таърихӣ - Қасри Арбоби ба номи Саидхуҷа Урунхоҷаев доир гардид, собиқ вакилони Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонони ҷашнвора иштирок карданд.

Читать далее