20 November 2017

Парчам рамзи давлатдорист

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо тоҷикон мебошад. Парчам аз аҳди қадим рамзи иттиҳоду пирўзӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шуҷоату далерӣ буд.

Аз таърих маълум аст, ки дар гузашта парчам ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерўбахшу ҳидоятгари он низ буд. Ишғоли парчами як лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирўзи бар онро дошт. Бино ба достони «Заҳҳок ва Коваи оҳангар»-и «Шоҳнома»и Фирдавсӣ, Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки морон, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар 17 писари ўро низ тўъмаи моронаш карда буд, алайҳи ин шоҳи хунхор шўрида, пешбанди чармии худро ба сари найза кашид ва халқро ба шўриш даъват кардаву пирўз шуд. Дар ниҳоят шоҳ Фаридун ба тахт омада, он пешбанди Коваи музаффарро Дирафши Ковиёни хондааст ва бо зару зевар ороста муқаддас медонад. Баъд аз ин ҳодисаи таърихӣ парчам ба рамзи пирўзӣ ва пасон ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфтааст.

Таърихшиносон овардаанд, ки Дирафши ковиёнӣ солҳои сол мояи ифтихор ва илҳомбахши пирўзиҳои ворисони Фаридун будааст. Воҷаи сермаънову тоҷикиасли дирафш аз кўҳантарин муродифи парчам аст. Пас аз Инқилоби октябр дар силсилаи муродифҳои парчам воҷаи туркии байрақ ворид шудааст.

Баробари ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон дар радифи ҳалли дигар масъалаҳо зарурати таҳияву рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ- Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ перомуни тарҳи Парчами давлатӣ табодули назар карданд. Ниҳоят рўзи 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолияти худ-Парчами миллӣ гардид.

Соли 2009 бо ибтикори Президенти мамлакат 24 ноябр ҳамчун Рўзи Парчами миллӣ эълон гардид. Ин рўз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастиву ифтихори миллии моро ифода мекунад.

Шаҳноза ҚОДИРОВА,
 корманди илмии  Осорхонаи ҷумҳуриявии
 таърихиву кишваршиносии ба номи
 Абўабдуллоҳ Рўдакии шаҳри Панҷакент

Читать далее

Ҷавонон дигар фирефтаи фитнаҳо нахоҳанд шуд

Ҳамарӯза дар ҷомеаи муосир хоинону гумроҳон ва иддаи нохалафон барои паст задани шаъну шарафи инсонҳои соҳибмартаба, бадном кардани ин ё он шахсиятҳои маъруф, паҳн намудани андешаҳои пастфитратона, содир намудани ҳар гуна фатвоҳои беасос ва халалдорсозии авзои ҷомеа, бадномсозии дини мубини ислом, тафриқаандозиву фитнагарӣ машғул буда, худро ҳамчун ҳомии дин нишон дода, амалҳои разилонаи хешро дар доираи арзишҳои олии динӣ амалӣ намуда истодаанд.

Ба мисоли чунин бадфитратон аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид, маҳсуб меёбанд. Аслан агар ба марҳилаҳои таърихии фаъолияти ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ назар афканем, ҳанӯз аз рӯзҳои оғози фаъолияташ ин ташкилоти ҷиноӣ ба шеваи фатводиҳиву гумроҳсозии мардум, ба хосту диди кӯтаҳи хеш тарҷума ва паҳн кардани сураву оятҳои дини мубини ислом, тафриқаандозӣ байни мусалмонон, ба фирқаҳо ҷудо намудани мусалмонон, яъне ба мусалмони ҳуҷҷатдор ва беҳуҷҷат ҷудо кардани мардуми Тоҷикистон, содир намудани ҳукмҳои манънамудаи Худованд, яъне мусалмон ё кофир будани мардум корбурд намуда, рӯйрост аз дини мубини ислом сӯйистифода намуд.

Оид ба чигунагии ба фирқаҳо ҷудо намудани мусалмонон, яъне ба мусалмони ҳуҷҷатдор ва беҳуҷҷат ҷудо кардани мардуми Тоҷикистон, тавре огаҳӣ дорем, баъзе аз аъзову пайравони ин ташкилоти террорисӣ-экстремистӣ дар вақти фаъолияти ин ташкилот пасипардагӣ амал намуда, ба хотири гумроҳкунӣ, яъне аъзо шудан ба ҳизби наҳзати ислом ба мардум муроҷиат менамуданд, ки “Агар шумо ба ин ҳизб аъзо нашавед, шумо мусалмон нестед, вақте ки шумо аъзои ҳизби мо шудед, мо ба шумо ҳуҷҷат медиҳем, ки аъзои ҳизби исломиед”. Соли 2015, ҳангоми муроҷиатҳои пайдарпайи мардуми оддӣ ба мақомотҳои давлатӣ, расонаву васоити ахбори омма оиди бо хоҳиши худ баромадан аз сафҳои ин ташкилоти террористӣ маълум гардид, ки иддае аз аъзоён оид ба аъзогии хеш ба ин ҳизб маълумот надоранд.

Дигар ин, ки вобаста ба андешаи рӯйрост аз дини мубини ислом сӯйистифода намудани аъзову пайравони ин ҳизб баръало маълум буд, ки солҳои қабл дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҷонибдорони ин ташкилоти террористӣ дар даромадгоҳҳои ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, назди хонаҳои раъйдиҳӣ ва ҳатто қуттиҳои варақапартоӣ гирд омада, мардумро тарғиб менамуданд.

Аз амалҳои фитнагариву сӯйистифодакунии дини мубини ислом аз ҷониби аъзо ва пайравони ин ҳизб мардуми шарафманди Тоҷикистон бахубӣ огаҳ гардида, хушбахтона бо хоҳиши худ аз сафҳои ин ҳизби ихтилофангез баромаданд, ки дар натиҷа ташкилотҳои ибтидоии он дар минтақаҳои кишвар барҳам хӯрданд.

Бо баробари баста шудани ин ҳизби ихтилофангез ҳоло ҳам пинҳониву ошкоро аъзову пайравони он байни мардум фитнаанизиву тафриқаандозӣ намуда, ҷавононро бо андешаҳои разилонаи хеш мехоҳанд, гумроҳ созанд.

Аз ин рӯ, чун имрӯз ҷаҳони пешрафти техникаву технологияи муосир аст, имрӯзҳо ба ҳар роҳу восита наҳзатиёни хоин кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ андешаву фикри ҷавононро гумроҳ созанд. Ҷавонони моро зарур аст, ки ба фитнаи онҳо гӯш надиҳанд, зеро ба таъкидҳои қуръонӣ “фитна бадтар аз қатл аст”. Баҳри ҳифзи марзу буми Ватан, обу хоки ин сарзамин, пойдории сулҳу суббот кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Фарҳод Воҳидов

Читать далее

Парчам - таҷассуми ормонҳои дилҳост

Инсоният дар тӯли таърихи ҳастии худ дар роҳи тамаддуну фарҳангофарӣ, созандагию бунёдкорӣ, эҷоди таърих, фалсафа, адабиёт, санъат, ахлоқ, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои маънавӣ рамзҳои зиёдеро офаридааст, ки ҳар яки онҳо, сарнавишт, мазмуну моҳият ва мантиқи худро доранд. Агар ба рамзҳо ба назари таҳқиқ нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, таҷассумгари фарҳангу тамаддун, оину суннат ва орзуву ормонҳои мардуманд.

Рамзу аломатҳои расмӣ хеле гуногунанд - мисли парчам, нишони давлатӣ, суруди миллӣ, мӯҳри давлатӣ, асъори миллӣ ва ғайра.

Дар таърихи тамаддун ва фарҳанги басо ғанию қадима, бунёди давлат ва давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле ҷолиб, рангин ва тӯлонӣ дошта, он дар асотир бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори хаттии қадима, маъхазҳои таърихию адабӣ, достону қиссаҳо, ривоятҳо ва эҷодиёти шифоҳии мардум инъикос ёфтааст.

Таърихи рамзу аломатҳо ҳанӯз дар қадимтарин ёдгории динӣ - фарҳангӣ ва сарчашмаи нодири таърихӣ, нахустқомуси тамаддуни мардуми ориёӣ, китоби муқаддаси оини Зардушт - и «Авесто» инъикос ёфта, дар он чор табақаҳои иҷтимоии ҷомеаи ҳамон давра коҳинон ё рӯҳониён бо рангу аломати сафед, сипоҳиён (ҷанговарон) бо рангу аломати сурх, кишоварзону косибон, бо рангу аломати сабз ишора шудаанд.

Дар осори мутафакирон, уламову удабои гузашта таърихи парчаму парчамдорӣ бо нақлу ҳикоёти басо ҷолибу ҷаззоб инъикос ёфтааст. Ин ривоёт ва ҳикоёти муассир тавассути яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ «Шоҳнома» - и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ то ба рӯзгори мо омада расидааст.

Дар «Шоҳнома» доир ба «Дирафши Ковиён» солҳои тӯлонӣ чун рамзи ифтихор парчами давлатҳои қадимаи ориёҳо - Ҳахоманишҳо, Ашкониён, Сосониён будааст ва онро арабҳои ғосибу истилогар ва тамаддунсӯз ҳангоми забти Хуросон ва Мовароуннаҳр ба яғмо бурдаанд.

Парчами далатии Ҳахоманишҳо (558-330 то милод) аз харобаҳои тахти Ҷамшед ҳангоми ҳафриёт ёфт шуда, ҳоло дар Осорхонаи миллии Эрон маҳфуз аст. Ин парчами давлати ориёиҳо ранги сурх дошта, бо шилшилаҳои сурх, сафед, сабз оро дода шудааст ва дар мобайни он рамзи қадимтарни авастоӣ ва ориёӣ Уқоби Хуршед тасвир ёфтааст.

Пас аз суқути давлати абарқудрати ИҶШС ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ соҳибистиқлол гардиданд ва парчами худро чун рамзи озодӣ ва истиқлол қабул намуданд.

Гарчанде Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 эълон карда бошад ҳам, аммо бар асари бесомониҳо, муқовимати сиёсӣ ва фишороварии паиҳам ба парлумони ҳамонвақта рамзҳои давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо тасдиқ нагардида буданд.

Хушбахтона ақли солим ва тафаккури сулҳпарварии мардуми тоҷик ғолиб гардид.

Иҷлосияи тақдирсози ҶVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор намуд. Ин Иҷлосия ба саҳнаӣ сиёсӣ, сиёсатмадори даврони нав, сарвари оқилу ҷасур ва дурандеш Эмомалӣ Раҳмонро овард ва ӯ Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ раҳонид.

24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул намуд ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Нусхаи аслӣ ва нахустин Парчами давлатӣ, ки дар Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гардида, ки онро Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қумондонҳои саҳроӣ бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд, аз ҷониби кормандони масъули Шӯрои Олии Тоҷикистон Калимулло Қодиров эҳтиёт ва ҳифз намуда сипас ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон супорида шуд ва ҳоло дар ин Осорхона маҳфуз аст.

Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст. рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи Рпоёнии сабз баробар мебошад ва рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал, тоҷ ва болои он ба ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Ранги сурх - дар парчами мо ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол.

Ранги сафед - рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек.

Ранги сабз - рамзи ҳаёт, сарсабзиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст.

Тоҷ - рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва Истиқлолият аст.

Ҳафт ситора - низ рамзи нек буда, рақами ҳафт дар асотир, ҳикмат, оини суннати мо, рақами муқаддас, рамзи бахту саодат, некӣ ва пайванди арзишҳои заминӣ ва кайҳонианд. Хеле рамзист, ки ҳафт минтақаҳои асосии ҷумҳурии мо Бадахшону Зарафшон, Суғду Хатлон, водиҳои Вахшу Рашт ба ҳамин ҳафт ситора мувофиқат мекунанд.

Дар арафаи ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 30 - юми августи соли 2011 дар паҳлӯи чапи Қасри миллат дар баробари Нишони давлатӣ баландтарин Парчами Тоҷикистон барафрохта шуд, ки бо бузургиву ҳашамати худ нозир надорад.

Баландии сутуни парчам 165 метр буда, дар ҷаҳон яке аз баландтаринҳост. Дарозӣ ё паҳнои худи парчам 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил мекунад ва аз лиҳози баландии сутун ва бузургии парчам он ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шудааст.

Холиқ ШУКУРОВ,
мудири шўъбаи муосир
Осорхонаи ба номи А.Рўдакӣ
шаҳри Панҷакент

Читать далее

Бокам аз туркони тирандоз нест…

(Сухане чанд дар ҳошияи мусоҳибаи Шамс Азизов, судяи Суди Олӣ, ки ҳалнома дар бораи ташкилоти террористӣ - экстремистӣ шинохтани ҲНИТ  қабул кардааст.)

Бояд хотирнишон сохт, ки дар ҷумҳурии мо падидаи номатлуби исломниқоби ҳизб бозии динӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-ум бо роҳандозӣ гардидани «перестройкаи» Горбачиёвӣ оғоз ва дар як муддати кўтоҳ тамоми ҳудуди ҷумҳуриро бо номи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо сардории С.А.Нурӣ, М.Ҳимматзода, Давлат Исмон, Қорӣ Муҳаммадҷон ва амсоли инҳо фаро гирифт. Маҳз ба майдони сиёсат воридшавии ин ҳизби ифротӣ роҳро барои кишварҳои манфиатхоҳ боз намуд. Бо сармоягузории онҳо роҳбарияти ин ҳизб дар ибтидои солҳои 90-ум ба ташкили гирдиҳамоиҳо оғоз намуд, ки он дар ниҳояти кор ба бархўрдҳои мусаллаҳона ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Натиҷаи амали онҳо буд, ки вилояти овозадори Қурғонтеппа ба майдони набардҳои бародаркушӣ табдил ёфт ва садҳо ҳазор сокинони он ба Афғонистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ фирорӣ гардиданд ва корхонаҳои азими саноатии он аз кор монданд.

Бояд хотирнишон сохт, ки соли гузашта дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи басо муҳим рух дод, ки бо Қарори Суди Олӣ  фаъолияти ҲНИТ  манъ ва он ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ шинохта шуд. Сарони ин ҳизби ифротӣ пас эъломи ҳалномаи Суди Олии кишвар дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон сару садо баланд намуда, ин қарори судро хостанд дар чашми ҷаҳониён назди Конститутсияи кишвар арзёбӣ намоянд. Ин ҳалномаи сарнавиштсози барои ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ муҳимро судяи Суди Олӣ Шамс Азизов, ки вай аз тамоми ҷузъиёти ин парванда ба хуби огоҳ аст, қабул намуда буд. Аз ин рў, вай дар суҳбаташ бо рўзноманигор Шарифи ҳамдампур тамоми ҳадафҳои нопоки ин ҳизби ифротӣ ва хоҷагони хориҷии онро боз ва ба ҳамагон маълум сохтааст. Аз ҷумла, мавсуф зикр намудааст, ки дар «5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ  ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  карда шуданд, 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».

Чӣ тавре ки мебинем ба туфайли фаъолияти пайваста мақомоти қудратии мо тавонистанд, ки ин амалҳои ҷиноятии аъзо ва роҳбарони сатҳҳои мухталифи ин ҳизбро муайян ва даст доштани онҳоро дар амалҳои террористӣ исбот ва онҳоро тибқи қонун муҷозот намоянд.

Исботи иртиботи ногусастанӣ доштани ин ҳизбро бо ДИИШ фош намуда, исбот намуданд, ки дар кори овехтани парчами ин ташкилоти ифротӣ дар кўпруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак 11-уми августи соли 2015 панҷ нафар аъзоёни ҲНИТ Д.Саидов, Д.Фозилов, Қ.Пиров, Т.Хоҷамуродов ва Ҷ.Абдуллоев даст доштанд, ки онҳо ин амали худро бо мақсади барангехтани адовати сиёсӣ ва динӣ ва дар ин замина халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ анҷом дода буданд.

 Гузашта аз ин мақсади ташкил намудани гурўҳҳои махсуси низомӣ бо мақсади забти Қасри миллат, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва дигар сохторҳои ҳаётан муҳими кишвар шаҳодати он аст, ки раёсати ин ҳизби ифротӣ ҳеҷ гоҳ аз мақсади бо роҳи зуроварӣ ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ ва ташкили ба истилоҳ давлати исломӣ даст накашида будааст. Онҳо зери шиори сулҳу ваҳдат тибқи фармудаи хоҷагони хориҷии худ ба иқдомҳое даст мезадаанд, ки баръакс барои аз байн бурдани сулҳу субот дар кишвар ва ҳифзи манофеъи геополитикии бегонагон  равона гардида будааст.

Махсусан аъмоли ҷиноятии ин ҳизби ифротӣ рўзҳои 3-4 сентябри соли 2015 ҳангоми кўшиши табаддулоти давлатӣ бо сардории А.М. Назарзода боз ҳам бештар маълум гардид, ки онҳо беш аз 150 нафарро мусаллаҳ карда, пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Душанбе ва бахши милисаи ноҳияи Кофарниҳон ҳамлавар гардиданд. Аммо ба ивази қурбонӣ мақомоти қудратии мо тавонистанд ин хоинони ватан ва душманони миллатро маҳв намуда, пеши роҳи бесуботию нооромиҳоро дар кишвари азизамон боздоранд.

Дар охир ба ин нуқта ишора фармуд, ки бо Қарори Суди Олӣ пеши роҳи фаъолияти ин ҳизби ифротӣ, ки пиёдасози манофеъи кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон буд, манъ карда шуд ва роҳбарияти сиёсии он тибқи аъмоли ҷиноияшон ба муҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон гардиданд. Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ шояд дар нисбати чунин ашхос ин байтро гуфтааст:

Бокам аз туркони тирандоз нест,

Таънаи тироваронам мекушад!

Р.Мамадқулова,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Читать далее

Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Рӯзи 18 ноябри соли равон бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд.

Дар кори конфронси ҷумҳуриявӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, собиқ депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аҳли зиёи мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромади худ нотиқон перомуни нақш ва саҳми Иҷлосияи тақдирсоз ибрози назар карда, мафҳумҳои Истиқлолият ва Иҷлосияро тавъам маънидод карданд. Таъкид карда шуд, ки маҳз ҳамин Иҷлосия ва тасмимҳои дар он рӯйи даст гирифташуда барои баҳамойии миллат ва пойдории Истиқлолият мусоидат кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее