21 November 2017

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯйдоди беназир

18 ноябри соли равон бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри таърихии Арбоб Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд.

Дар кори конфронси ҷумҳуриявӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, собиқ депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аҳли зиёи мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ифтитоҳ карда, аз ҷумла изҳор намуд, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории ин Иҷлосияи тақдирсози миллат сарчашма мегирад. Маҳз, дар ин Иҷлосия ба бахти миллати тоҷик ва бо инояти Парвардигор ҷавонмарде ба арсаи сиёсат ворид гардид, ки бо фаъолияти пурсамари хеш Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ бахшид ва сулҳу ваҳдати комилро дар кишвар барқарор сохт. Дастовардҳое, ки давоми ин солҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол ноил гардид, аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронии хеш аз дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар солҳои охир ёдовар гашта, зикр дошт, ки дар натиҷаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо, бахусус энергетика ва саноат, роҳу нақлиёт рушди бемайлон таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб беҳбудӣ ёфтааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев низ суханронӣ намуда, аз нақши Иҷлосияи таърихӣ дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва хидматҳои беназир ва мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, таъкид дошт, ки Пешвои миллат ҳамзамон поягузори давлати навини тоҷикон мебошанд ва маҳз бо талошу ҷоннисориҳои ин фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистон ба як кишвари ободу зебо табдил ёфт ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақом гардид.

Ҳамзамон, дар конфронси ҷумҳуриявӣ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, аз ҷумла Гулафзо Савриддинова, Рафиқа Мӯсоева, Адолат Раҳмонова, Ғайбулло Авзалов, Амонҷон Абдуллоев, Муродҷон Тоҳиров, Ҳошим Азимов, Ҳамдам Рофиев, Зуракан Давлаталиева, Ҳайдар Шарифов перомуни нақш ва саҳми Иҷлосияи тақдирсоз ибрози назар карда, мафҳумҳои Истиқлолият ва Иҷлосияро тавъам маънидод карданд.

Инак, ба таваҷҷуҳи хонандагони рӯзнома фикру андешаҳои иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявиро пешниҳод менамоем. 

Адолат РАҲМОНОВА – вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон:

- Тоҷикистони  обод ва  дастовардҳои беназири он дар зарфи 25 сол бори дигар исбот кард, ки  мо, вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-ум дар интихоби Роҳбари давлат, Раиси Шӯрои Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  қадами ҷиддӣ ва дуруст гузоштаем. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷиконро пешгирӣ кард.  

Роҳи расидан ба сулҳ басо душвор, пурмонеа ва ноҳамвор буд. Ба хотири таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ дар шароите, ки ҳеҷ кас кафолати амнияти Роҳбари давлатро дода наметавонист,  Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои ноороми кишвар  ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  сафарҳои зиёде анҷом доданд. Чун фарзанди фарзонаи ин миллат ба қавли додаашон содиқ монда,  ҳамватанони гурезаи моро ба Ватан ва сулҳро ба ҳар хонадони Тоҷикистон оварданд.

Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон дар таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир эътироф шуда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст.

Мо бояд аз гузашта, алалхусус аз гузаштаи пурфоҷиа, сабақ бигирем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Сулҳу ваҳдати ба ивази ҷонбозиҳои зиёд бадастомадаро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид шавем ва ба насли оянда Тоҷикистони пешрафтаро ба мерос гузорем.

Фарҳод РАҲИМӢ- Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик:

- Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳалаи навини таърихӣ овард. Ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омад, ки тамоми сохтор ва дастгоҳи давлатӣ ва ҳукуматӣ бар асари даргириҳои бемаънӣ, ноҷӯрию дарҳам-барҳамиҳои сиёсӣ билкул фалаҷ шуда, кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтода буд. Манзараи даҳшатовар ва хунини ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто имрӯз ҳам, бо гузашти бисту панҷ сол хобу хаёли мардуми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк накардааст ва чун кобуси ваҳшатзо олами руъёи мардумро таҳти таъсир қарор медиҳад. Дар чунин вазъи фоҷиабор Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдории миллӣ ворид гардид ва ҷасурона дар ин масири мушкилписанди сиёсӣ гомҳои устувор бардошт.

Албатта, давлатдорӣ ва мудирияти сиёсӣ кори ҳаркаснест, чунонеки як зумра назарияпардозони дохилию хориҷӣ мепиндоранд. Ба дараҷаи пешвои сиёсӣ ва ниҳоятбадоҳиимиллӣ расидан маҳорат, таҷриба, сиёсат ва ҷуръату масъулияти фавқулоддаротақозоменамояд.

Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд. Боварии комил дорем, ки миллати тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъмин карда мешавад.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Аҳамияти таърихии иҷлосияи тақдирсоз

Иҷлосияи ХVI Шўрои  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳақиқатан ҳам барои  халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён тақдирсоз буда, аҳамияти таърихи-умумҷаҳони дорад, чунки дар ин иҷлосияи  таърихи  ҷанги хонумонсўзи шаҳрванди   боз дошта, ҳукумати қонуни барқарор карда шуд, ба пойдевори сурҳу салоҳ асос гузашта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагии  халқ сар шуд.     

Дар натиҷа 19 ноябр Эмомалӣ Раҳмон – собиқ Раиси комиҷроияи вилояти Қўлоб, вакили мардуми,  Раиси Шўрои  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва  матонат, халқи тоҷикро  сарҷамъ  намуд ва садҳо ҳазор гурезагони иҷбориро ба Ватан баргардонданд.

Бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати кўтоҳ харобаҳо  ба ободӣ  табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани  тамоми  гўшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва робита бо кишварҳои дуру наздики  хориҷӣ  роҳҳои бузурги  мошингард сохта  шуданд.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзи маҳбубият ва маъруфият пайдо кардаанд.  Мукофоти  ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷўҳ  ва эҳтироми бузурги ҷомеаи  ҷаҳон мебошад, ки ҳар гоҳ нисбат  ба Сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва  ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи  комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои  дохилӣ дар ҷаҳон  шаҳодат  медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони  қудратталабашро аз  сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи  ҷангию  лавозимоти ҳарбӣ  ва сарбозони ҷангозмудааш  дар сари  дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти  низомӣ нашинондааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути  таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои  гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

Ҳамзамон дар баланд бардоштани  нуфузу  эътибори  байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли  масъалаҳои глобалии олам талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд.  Борҳо  аз минбари  баланди Созмони Миллали Муттаҳид  баромад карда, дар баробари  проблемаҳои  Тоҷикистон таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи  таъминоти оби тоза ва ғайраҳо  ҷалб  мекунанд. Аз ҷумла, ҷомеаи ҷаҳонӣ  оқибат  ба ҳалли  қазияи Афғонистон, ки  ҳамзамон ба пойгоҳи  терроризму экстремизм табдил  ёфтааст, рў овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои  муҳимтарини ояндаи  инсоният  низ муносибати  дурбинона  ва  ҷиддӣ  доранд. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии  вобаста ба об дар  чаҳорчўбаи  иқдомҳои Сарвари давлати мо гузаронда мешаванд, ки  боиси  ифтихору сарфарозии ҳар як  шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Дар тўли солҳо соҳибистиқлолӣ мо таҳти  сарварии  Эмомалӣ  Раҳмон дар роҳи  бунёди ҷомеаи  мустақили  демократӣ  қадамҳои устувор гузоштан. Тоҷикистон ба узвияти  созмонҳои  бонуфузи байналхалқӣ  пазируфта шуд ва бо аксари  мамлакатҳои пешрафтаи  дунё  робитаҳои сиёсӣ,  иқтисодӣ ва фарҳангӣ  барқарор намуд. Асосҳои  сохтори  конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим  гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи  миллӣ эътироф гардид.

Ҳамин тавр, хизмати  таърихии  Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки миллат пеши  роҳи  хатари  нобудии онро гирифта шуд, оташи ҷанги дохилӣ хомўш гардид, сохтори  фалаҷгардидаи  ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи  ҳуқуқро барқарор гашт, артиши миллӣ ва нерўҳои  посбони сарҳадӣ таъсис ёфт,  барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё  шуд, заминаи сулҳи  миллӣ матраҳ гурезаҳо ва муҳоҷирони  иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд, заминаи  устувори  эъмори  ҷомеаи  навини  Тоҷикистон  гузошта шуд, ислоҳоти  конститутсионӣ дар мамлакат амалӣ гардид, заминаҳои эҳёи  миллӣ  фароҳам омад, ба корҳои азими  созандагӣ ифтитоҳ  бахшида шуд, аҳволи  иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум ба куллӣ беҳтар гардид, эътибори сиёсии  давлат дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

Маҳз бо заҳмату  талошҳои  пайгиронаи  Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи  миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро  таҳким бахшид ва миллати тоҷик  баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ  ба дастовардҳои  бузурги таърихӣ  ноил гардид ва имрўз  ба сўи  ояндаи  нек устуворона  қадам мегузорад.

С.ЭРКАЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,
иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шўрои
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент – се неруи қавӣ ва кафили рушди Тоҷикистон

Ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. Давоми 26 соли сипаригардида кишвари мо ба бисёр дастоварду пешрафтҳо ноил гардид, ки дар саргаҳи ҳамаи ин комёбиҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодаанд. Ин шахсияти нодири таърихӣ тавонистанд бо хиради азалии худ Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот, ваҳдати миллиро устувор ва кишварро ба сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамоӣ намоянд.

Ҳамагон медонанд, ки баъди пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ насибаи Тоҷикистон аз он он империяи муқтадир чизи кироие набуд. Илова бар ин даргириҳои дохилии кишвар дар аввали солҳои навадум боиси он гардид, ки иқтисодиёти Тоҷикистон хароб ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ  ба даҳсолаҳо қафо монад. Аз рӯйи баъзе ҳисобҳо хисороти аз ин даргириҳои дохилӣ расонидашуда беш аз 7 миллиард доллари амрикоиро ташкил медоду сохтори  иқтисодӣ фалаҷ гардида буд. Аз Артиши Шӯравӣ бошад, ба Тоҷикистон қариб чизе нарасид.

Сарвари муаззами Тоҷикистон ҳанӯз 25 сол муқаддам дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳангоми Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашон мардонавор қавл доданд, ки "Ман то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором ҳис карда наметавонам ". 

Тӯли 25 соли сипаришуда ба ин суханон ва то кадом андоза амалигашти онҳоро дида, бо боварии том метавон гуфт, ки Сарвари муаззамамон натанҳо охирин гурезаро баргардониданд, балки таҳти фаъолияти он кас Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои тараққикардаистода табдил ёфта истодаасту дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хоса дорад. Борҳо шудааст, ки хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллатро ба ҳисоб гирифта, кору пайкорашонро бо кӯшишҳои Авраам Линколну Шарл де Гол ва Камол Отатурк ҳампоя донистаанд. Аммо андеша дорам, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хизматҳои шахсиятҳои дарболо зикрашонрафта дар масири таърих ба маротиб зиёд аст. Зеро Линколну Де Гол ва Отатурк ба он кишварҳое роҳбарӣ кардаанд, ки мутараққӣ буданд, дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор надоштанд ва роҳҳои мустақими баромадан ба бозори ҷаҳониро доштанд. Тоҷикистони мо бошад, танҳо туфайли заҳмати Пешвои миллат зина ба зина дастёб шуда истодааст, ки барои худ роҳ ба сӯйи бозорҳои ҷаҳонӣ кушояд. Қисмати ҷанубу шимоли кишвар ба ҳам пайваст гардад. Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ, озуқаворӣ аз ҳарвақта дида наздиктар гардид.

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар рушди соҳаи иқтисодиёту саноат ва хоҷагии халқ назаррас аст, балки мактаби Пешвои миллатамон дар самти қабули қонунҳо низ мояи омӯзиш ба ҳисоб меравад.  Имрӯзҳо беҳтарин қонунҳо дар замони муосир қабул шуда истодаанд, то ҳимояи мардум беҳтар ва таъминоти иҷтимоии онҳо хубтар бошад. Бо ташаббуси Сарвари муаззамамон рӯи кор омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” намунаи беҳтарини гуфтаи болост.

Ҳамаи ин бори дигар далел аз ғамхории Президент дар ҳаққи сокинони кишвар ва мардуми оддист ва аз ҷониби дигар баҳри баландбардории дараҷаи масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ мебошад. Ҳоло кишваре чун Қирғизистон талош дорад ин гуна қонунҳоро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ пиёда созад ва таҷрибаи Тоҷикистонро сарчашмаи амали худ қарор диҳад.

Аз ҷониби дигар мулоқотҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи табақаҳои ҷамъият ва дар шаҳру навоҳии гуногун гувоҳи он аст, ки Президенти мо мудом дар байни халқанд, зеро аз байни мардум баромадаву чӣ будани зиндагии сокинони кишварро ба хубӣ медонанд. Инчунин ташаббусҳои қонунгузории он кас нишон медиҳад, ки омӯхтан аз худу ҳамтоёни худ, аз таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳони муосир шиори доимии Пешвои миллатамон мебошад. Ин гуна фитрати азалӣ дар чеҳраи Президенти кишварамон ба хубӣ ҳувайдост. Агар чунин намебуд, Тоҷикистон наметавонист дар давоми 26 соли Истиқлолияти давлатӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шавад.

Гузашта аз ин Сарвари давлат натанҳо нисбат ба рушди Тоҷикистон, балки дар пешрафти ҷаҳони мусоир нақши муассир доранд. Аз ҷониби Созмони  Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Даҳсолаи амал 2018-2028 “Об барои рушди устувор”  далели равшани ин гуфтаҳост. Зеро Пешвои миллатамон ба хубӣ дарк мекунанд, ки манбаи ҳамаи пешрафтҳо ин таъмини аҳолии сайёра бо оби нӯшокӣ буда, танҳо ба ин васила метавонад башарият пешорӯйи хатарҳои ҷиддии иҷтимоӣ истодагарӣ намояд. Ин иқдом бори дигар нишон медиҳад, ки Пешвои мо мушкилоти глобалии нарасидани оби нӯшокӣ дар сайёра ва талқини ғояи ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обро яке аз ҳадафҳои берунаи сиёсати сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон қарор додаанд ва баҳри расидан ба он талошҳои пайгиронаву созанда доранд.

Инчунин Сарвари давлати Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфуз ҷаҳониёнро аз хатари терроризму экстремизм ҳушдор дода, дину оин надоштани террористонро таъкид намудаанд ва роҳи наҷот аз ин вабои асрро дар ҳамкориҳои ҳампоя бар зидди ин хатари ҷаҳонӣ маънидод намудаанд.  Нақши аҳли ҷамоатчигиро дар ин масъала хеле муҳим арзёбӣ намуда, даъват ба он овардаанд, ки ҷомеа нисбат ба фарзандони худ ва тарбияи наслҳои минбаъда бетараф набошад. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастиву аҷргузорӣ ба муқаддасоти милливу давлатӣ бояд шиори амали ҳар яки мо маҳсуб ёбад. Маҳз дар ин росто соли 2017 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидааст. Бо маънои том метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте таърихӣ ва дорои фитрати азалӣ, ки ҳар пешрафти Тоҷикистон, дастовардҳои он бо ному насаби ин чеҳраи мондагори башарият сахт марбут аст. Аз ин ҷо метавон бо дилпурӣ гуфт, ки се чиз боиси сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистони азизи мо мебошад: Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент. Ин се воҷаест, ки ҳар яке дигареро пурратару комилтар менамояд ва сутуни давлату давлатдории кишвари мо дар ин се поя қарор дорад.

Комилҷон ҒАНИЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара

Читать далее

Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд

Охири ҳафтаи гузашта нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 100 фоиз иҷро шуд. Дар ин бора аз Шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят хабар доданд.

Бояд гуфт, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва дар асоси он қарори марбутаи Раиси вилоят ба тасвиб расида буд.

Ҷиҳати иҷрои фармони мазкур давоми моҳҳои октябр-ноябри соли равон сафарбарнамоии муташаккилонаи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, нақшаи муайянгардида пурра иҷро гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд

Рӯзи 18 ноябри соли равон бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят бо ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва собиқ депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2017” баргузор шуд.

Тавре зимни баргузории фестивал иттилоъ дода шуд, дар бахши “Беҳтарин либоси миллии қадима” Зиёда Муҳамадиева аз шаҳри Истаравшан соҳиби ҷойи аввал шуд. Ҷойҳои дуюму сеюми ин бахш насиби Махфират Деҳқонова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Марғуба Райимбердиева аз ноҳияи Ҷаббор Расулов шуд.

Ҷойҳои ифтихории бахши “Беҳтарин либоси идона”-ро Дилбар Турсунова (Хуҷанд), Замира Ваҳобҷонова(Бӯстон), Орзугул Бердиева (н.Бобоҷон Ғафуров), Шаҳноза Ғуломова(Панҷакент) соҳиб гардиданд. Дар бахши “Беҳтарин либоси расмӣ” Шаҳноза Ахмедова (н.Бобоҷон Ғафуров), Ануша Тошхуҷаева (Ашт), Дилафрӯз Каримова(н.Айнӣ), Манзура Ниёзова (Хуҷанд) ғолиб дониста шуданд. Мавзуна Абдураҳмонова (Панҷакент), Исломҷон Шехсаидов (Зафаробод), Мукаррам Одинаева (Гулистон), Соро Мадалиева (Исфара) ғолибони бахши «Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ»эълон шуданд. Дар бахши «Беҳтарин либоси кӯдакона»Шаҳло Мамадҷонова (Конибодом), Дилфуза Муқумова (Хуҷанд), Хайринисо Махкамова(н.Деваштич), Соро Аҳророва (Куҳистони Мастчоҳ) ғолиб дониста шуданд. Ба ғолибони бахшҳои гуногуни озмун мутаносибан 3 ҳазор, 2500 ва 1000 сомонӣ мукофотпулиҳо дода шуд. Шоҳҷоизаи озмун ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомониро Нилуфар Тоҷибоева соҳиб шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ собиқ депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон мукофотпулиҳоро ба ғолибони Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2017” тақдим намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ифтихори парчамдорӣ

Таърих шохид бар он аст, ки инсоният аз даврони мавҷудияти худ дар раванди камолоти маданиву маърифати буда, дар ҷараёни зиндагии мураккаб бо талошхои мунтазам ёдгорихову муқаддасоти шарифи аҷдодиро муҳофизат намуда, дар ин рох ҷонбозиҳо кардааст.

Сарчашмахои нодири таърихиву адабӣ собит месозад, ки халхи тоҷик мардуми бо нангу номус аст. Маҳз ҷонбозиҳои абармардони таърихиамон буд, ки имрӯз мо дар самои софу кишвари биҳиштосо умр ба сар мебарем. Махсусан, баъд аз ба арсаи кишвар қадам гузоштани қаҳрамонфарзанди миллат, Пешвои муаззаму мукаррами кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардуми замони Истиқлолият пас аз сардиҳои тақатшикан гармиву равшании офтобро эҳсос намуд.

Нуру зиёи маърифати Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо мероси наздик ба арсаи ҳалокат расидаро таҷаддуд намуда, арзишҳои онро боз ҳам ошкоро сарфаҳм биравем. Имрӯзҳо мардум соатҳо дар хусуси неъматҳои даврони Истиқлол ҳарф мезананд ва ба Офаридгор шукрона менамоянд, ки чунин як сарпаноҳро бар сари онхо бифиристод.    

Ҳамасола санаи 24–уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил намуда истодаем. Парчам аз рангҳои сурху сафеду сабз, ки ҳикмати адабии  таърихӣ доранд бунёд ёфта, дар фазо алвонҷ бихӯрд. Бобоёну бибиёни рӯзгордидаамон ҳамеша дар мавриди ин рангҳо таъбирҳои зебо мегуфтанду аз онҳо фоли нек медиданд. Ба қавли онҳо ранги сафед ин рамзи сулҳу дӯстӣ, инчунин рамзи руҳониён буда, инсонро ба роҳи маърифат раҳнамоӣ мекунад. Ба ин таъбир наздик маъниро бар ранги сурх ҳам медиҳанд, ки нишонаи хеле қадимаи мардуми ориёнаҷод буда, далерию ҷасоратро дар худ таҷассум мекард, яъне аломати набарди шадид будааст. Ранги сабз рамз аз замини сабзпӯшу серҳосилро баён месохтааст.

Хуб медонем, ки ҳамаи кишварҳои рӯи дунё барои шиносонидани худ парчаму нишони худро таҳия намудааст. Миллати тоҷик низ аз даврони мавҷудият соҳиби парчами худ буд. Гарчанде аз парчами хеле пешинаи худ иттилоъ надошта бошем ҳам «Дирафши Ковиён»-ро  нахустпарчами халқи тоҷик медонем, ки боз бо номи «Ахтари Ковиёнӣ» маъруф аст. Зери мафҳуми «ахтар», «дирафш», «алам» парчаму нишонро фаҳмидан мумкин аст, ки қаробати мазмунӣ доранд. Имрӯз мо танҳо истилоҳи парчамро истифода менамоем, ки мазмуни онро дар фарҳангҳои муътабад чунин таъбир намудаанд: воҷаи суғдӣ буда, маънои зулфу кокул, пӯпаки абрешимин, мӯй ё думи ғаҷгов (қутос)-ро ифода месохт, ки бар сари найза мебастанд.

Парчамҳои замони Хонигарии Бухоро низ гунаҳои худро дошту бештар мазмуну рамзҳои диниро дар худ мунақис сохта буд. Парчами расмии кишварамон дар даврони ҶМШС Тоҷикистон дар солҳои гуногун вобаста ба санаҳои таърихи намудҳои гуногунро касб намуд. Вақте ба тасвири ин ҳар як парчами зикргардида назар андозем шоҳиди он мегардем, ки имрӯза рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо низ тасвир ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатамон дар яке аз баромадҳои худ дар «Рӯзи Парчам» таъкид карда буданд, ки рангҳои парчами миллиамон ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошад.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми корхонаҳои давлати ва ҳатто дар хонаҳои истиқоматии мардумон мавҷуд аст. Азизу гиромӣ доштани парчами миллӣ бароямон фарз аст, зеро ба парафшонии он назар намуда хисси ватандориву истиқлолияти деринтизор ва рамзи ҳастии миллатро эҳсос менамоям.

Абдураззоқ ҲОҶИЗОДА,
донишҷӯи курси 5-уми шӯъбаи
ғоибона, факултети таърихи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд

Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Найтхар Хёфер-Виссинг, Шоҳигарии Белгия Алекси де Кромбрюгхе де Пикендаел, Руминия Чезар – Маноле Армяну, Ҷумҳурии Эстония Ҳейти Маймес, Канада Николя Бруссо, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Жозе Алфонсо Зегбе Камарена, Ҷумҳурии Аргентина Иван Иванишевич ва Ҷумҳурии Чили Родриго Хосе Нйето Матурана эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Читать далее