22 November 2017

Имрӯз Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва роҳбарии ҳайатҳои намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор давлатҳои хориҷӣ ва созмону ташкилоти байналмиллалӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Исматулло Ҳикматуллоевич муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консулҳои генералӣ дар шаҳрҳои Москва ва Уфаи Федератсияи Россия, Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ва муовини Сардори Департаменти Кумитаи иҷроияи ИДМ (дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус) аз ҳисоби мутахассисони ҷавони соҳибтаҷриба ва донандагони зиёда аз ду забони хориҷӣ таъин гардиданд.

Читать далее

Пайкор ва андешаҳои Пешвои миллат - ҳидоятномаи ҷавонон

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки кишвари фалаҷгашта ва ба хоку ҷангу хун яксон ба як мамлакати мустақил, демокративу ҳуқуқбунёд, ободу зебо, аз ҷиҳати иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавият такомулёфта мубаддал гардад. Ҳамаи ин дигаргуниҳо аз ҳадафҳои асосӣ ва дурбинонаи Иҷлосияи тақдирсози миллат, сулҳу суботи ҷомеа ва устувории пояҳои давлатдорӣ маншаъ мегирад.

Иҷлосияи такдирсоз шаҳрвандони бонангу номусро ба ҳам овард, пеши роҳи нооромиҳо, парокандагӣ, маҳалгароӣ, хунрезиҳо, гуруснагӣ ва ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳои беасосро гирифт. Соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар инкишоф ёфта, шароити зиндагии сокинони мамлакат рў ба беҳбудӣ ниҳод ва ба рушди сатҳи маънавии шаҳрвандон низ заминаи асосӣ гузошт.

Дар роҳбаладӣ ва саргаҳи ин тадбирҳои наҷотбахшу судманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодаанд. Корнамоиву қаҳрамониҳо, ташаббускориҳо, далериву шуҷоатмандӣ, сулҳпарварӣ, роҳнамоӣ сохтани ҷомеа ба бунёди кишвари ободу зебо, солиму созанда ва дигар корномаҳояшон намунаи ибрат ва дарси ҳаёти пурмазмуну маънавиёти баланд барои ҳар як сокини Тоҷикистон, хоса, ҷавонони кишвар мебошад. 

Қаҳрамонӣ ва диловарии ин шахсияти барҷаста мардуми тоҷикро аз зери хатар ва ҷангҳои хонумонсўз наҷот бахшид. Гурезаҳоро аз кишвари ҷангзадаи Афғонистони ҳамсоя баргардонида, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид. Ба одамони гумроҳ ва хусусан ба сардорони дастаҳои мухолиф ғояи ягонагии миллӣ ва худшиносии миллиро талқин намуда, тавонистанд онҳоро гирди худ муттаҳид созанд. Дар натиҷаи  ҷонбозиҳои хатарнок, дар мулки худ тухми сулҳу, ваҳдат, якдилию якпорчагиро кишт намоянд.

Пешвои миллат дар ҳама ҳолат, ҳатто дар рўзҳои вазнинтарини ҷанги шаҳрвандӣ ба дурахшонии ояндаи миллати хеш умеди калон доштанд ва ҳамин ғояҳои наҷиб барои ташаккул додани ваҳдати миллӣ дар тафаккури сокинони кишвар нақши муҳим бозиданд. Чунончӣ, дар яке аз муроҷиатномаҳои худ соли 1992 ба мардуми шарифи Тоҷикистон иброз намуда буданд: «...Барои ноил шудан ба нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мардум пайки наҷот ва муҷдаи ҳаёт бахшиданд. Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек буду  тақдири халқу миллатро ҳал намуд ва на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ўро муайян сохт.

Муносибати дурандешона ва бовариву эътиқоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқи тоҷик ба ҷавонон нерўи тоза ва қувваи бузургро зам намуд. Ҳар як сухану баромадҳои пурмуҳтаво дар вохўриҳо бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, хоса зимни мулоқотҳои пай дар пай бо намояндагони ҷавонони мамлакат назари неку ояндабинӣ доранд. Андешаи чандинкаратаи Сарвари давлат “...Ман ба Шумо боварӣ дорам ва Шумо ҷавонон ояндаи давлату миллат ҳастед” ба ҷавонон имкониятҳои фарохро дар ҷорӣ намудани сиёсати давлатии  ҷавонон  фароҳам овард.

Яке аз аввалинҳо шуда, байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни нахустини хешро пас аз шаш моҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ моҳи марти соли 1992 “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул намуд.

Маҳз ҳамин сиёсати созанда имкон додааст, ки насли ояндасоз, яъне ҷавонони нерўманду худогоҳ ва тавоно дар идоракунии давлат қадам гузошта, бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси волои ватанпарастӣ Тоҷикистонро дар радифи давлатҳои дар ҳоли пешрафт қарордошта ҳидоят намоянд.

Натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишварамон дар тўли 25 соли баъд аз Иҷлосияи шонздаҳум мебошад. Подоши ин ҳама заҳмат, ҷонфарсоиву корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Пешвои миллат дар миёни халқи кишвар ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд. Бесабаб нест, ки  ўро Пешвои миллат унвон кардаанд, ки дар таърихи башарият камназир аст.

Бо дарки ин масоил ва боварӣ ба ояндаи нек дар вуҷуди ҷавонони тоҷик ҳисси ташаббускорӣ, эҷодкорӣ, навоварӣ ва ба дўш гирифтани масъулиятнокӣ пайдо шуд. Рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварро метавон ба ин тадбирҳо вобаста намоем ва дар амалӣ  шудани ин тадбирҳо ҳиссаи ҷавонони кишвар, ки ҳамқадам ва ҳамсиннусоли истиқлолияти  давлатӣ мебошанд, хеле  бузург аст.

Пешвои миллат ба эҳёи сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ, фарҳангӣ ва маорифпарварӣ таваҷҷўҳи хоса зохир намуда, онҳоро чун  яке аз муҳимтарин омилҳои ваҳдати миллӣ тасвир менамоянд. Ба ин маънӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони соҳибирода таъкид сохтанд, ки “Ҷавонони мо бояд ворисони сазовори насли калонсол гарданд, ба қадри неъмати Истиқлолият, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии миллат расанд, дониши мукаммалу ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ дошта бошанд ва барои пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳиссаи арзанда гузоранд. Ман ба ин итминони комил дорам”. Сарвари давлат рушди босуботи кишвар ва инкишофи самтҳои мухталифи хоҷагии халқро пеш аз ҳама аз сатҳи маънавияту фарҳанг, донишу маҳорат ва аз кўшишу ғайрати худи ҷавонон вобаста медонанд.

Сарвари давлат рў овардан ба таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани маърифатро муҳимтарин арзишҳои инсонӣ шуморида, кўшиш  намуданд, ки тавассути асарҳои худ ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихори  миллиро пойдор созанд. Дар шоҳасарҳои худ мисли “Аз Ориён то Сомониён”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, силсилаи китобҳои “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор” ва ғайраҳо ба ҷавонон аз саҳифаҳои таърихи бою ғанӣ, фарҳанги ниёгон ва чеҳраҳои мондагор мисолҳои аниқу возеҳӣ ва таърихиро пеш овардаанд, ки он бевосита барои таълиму тарбияи насли навраси имрўзи кишвар нақши муассир мебозад.   

Ба ин маънӣ мутафаккирони бузурги форсу тоҷик чун Имоми Аъзам, Абунасри Форобӣ, Абўалӣ ибни Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Унсурмаолии Кайковус, Имом Ғаззолӣ, Аҳмади Дониш ва дигар файласуфон низ дар асарҳои худ хислатҳои равоманди сарварро нишон додаанд, ки он пешвоёну сарварони замони худро ба мустаҳкамии дўстӣ ва пойдории муҳаббат, раҳмдилӣ, зидди азобу шиканҷа кашидани мардум, такя намудан ба нерўи зеҳнии  аҳли илму фарҳанг, адлу инсоф, эҳсонкории ҳокимон ба заифону бечорагон даъват менамуд.

Қабули Конститутсия, ба тавсиб расидани Кодексҳо, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қарорҳо оид ба танзим даровардан, пеш бурдани фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ва пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурию ҷиноятӣ, ки бевосита аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ ва амалӣ мегардад, маҳз барои таъмини амнияти ҷомеа, адолати иҷтимоӣ, якпорчагии Тоҷикистон ва ҳизфи ҳуқуқу манфиатҳои мардум нигаронида шудааст. Метавон гуфт, ки хислатҳои сарварии дар асарҳои файлассуфон Абунасри Форобӣ ва дигар мутафаккирони барҷастаи форсу тоҷик баёнгардида дар фаъолияту муносибати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум акси худро ёфтааст. Ин хирадмандию ояндабинӣ ва роҳнамоӣ ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ намунаи ибрати ҷомеа, хоса ҷавонони мамлакат мебошад.      

Муҳимтар аз ҳама, донистани таъриху фарҳанги гузашта дар камолоти инсон ва ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, барои инкишоф ва ташаккули тафаккури нави сиёсӣ мусоидат менамояд. Аз ҷумла, омўзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ ва беэътиноӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа бозмедорад, дар вуҷуди онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбати ашхоси ватанхоҳу ватандўст бедор месозад. Назаре ва муҳаббате, ки Пешвои миллат нисбат ба таърихи халқи тоҷик доранд, намунаи ибрат барои ҷавонони имрўзаи кишвар.

Аммо ҷавонон ҳамчун қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа баробари ноил шудан ба дастовардҳо ба тамоюлҳои  манфӣ  ва муаммоҳои  ғайриахлоқӣ низ дучор мешаванд. Барои пешгирӣ аз одатҳои номатлуб ва раҳоӣ аз идеологияи зидди манфиатҳои миллӣ Президенти кишвар тавассути ба тавсиб расонидани Барнома ва нақшаи чорабиниҳои дурамал тадбирандешӣ менамоянд. Аслан, мавҷудияти проблемаҳо дар пешрафти ҷомеа халал ворид мекунад. Дар шарҳи ин муаммоҳо костагии ахлоқи ҷавонон, майзадагӣ, нашъамандӣ, иваз намудани арзишҳои ҳаёт, тамокукашӣ, дур шудан аз анъанаҳои неки илмомўзӣ ва гаравиш ба экстремизму терроризмро номбар намудан мумкин аст.

Хулоса, корнамоиҳо, дастуру ҳидоятҳо, осори илмиву таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи дуруст ва корбарии Паёмҳо, нутқу маърўзаҳо имкон фароҳам меорад, то ки ҷавонони имрўза дар баробари соҳиби дониши баланд гардидан, аз лиҳози худшиносиву худогоҳии миллӣ, маърифати сиёсӣ ҳамчун шахсияти комил рушд ёбанд.

Дар ин раванд муаррифӣ ва тарғиби асарҳои эҷоднамудаи эшон барои азхуд намудани таърихи гузаштаву имрўза, дарку ворид шудани ҷавонон ба набзи ҳаёт ва ояндабинии давлату миллат мусоидат менамояд.  

Фаридун ҲОДИБОЕВ,
номзади илмҳои фалсафа, мудири шўъбаи тарбияи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Рамзи соҳибистиқлолии кишвар

Ҳамасола дар кишварамон 24-уми ноябр ҳамчун  “Рӯзи Парчами миллӣ” ҷашн гирифта мешавад. Дар ин робита дар саросари кишвар маъракаҳои идона баргузор шавад, ҳафтаҳо қабл аз рӯзи Парчам сокинон бо ҳамдилӣ ва хушнудӣ ба тоза кардани кӯчаву гулгаштҳо мебароянд ва ин корҳои тозагӣ ва ободонӣ ҳамагӣ ба як хотир - Боз ҳам дар сатҳи баланд таҷлил кардани яке аз рӯзҳои таърихӣ дар кишвар-Рӯзи Парчами миллӣ аст.  

Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ Рӯзи парчам эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлатӣ аст. 

Парчам аз замонҳои хеле қадим аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафт. Парчам дар тўли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ дошт.

Вақте ки мо имрўз ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрўз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст. Дар як заминаи хушку холӣ ба миён  наомадааст.

Дар Иҷлосияи  ҶVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид,  Парчами Тоҷикистон қабул гардид. Дар таҳияи он  олимон ва аҳли фарҳанг назари худро  пешниҳод карданд ва  Парчами давлати тоҷик имрўз ҳамчун рамзи давлатӣ  шинохта шудааст. Дар  асоси муқаррароти моддаи 3-и  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар  баробари  Нишон ва Суруди  миллӣ аз рамзҳои  давлатӣ маҳсуб мешавад. 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва дар  ҷумлаи оғози ин Низомнома   омадааст: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».  Тамоми муқаддасоте, ки  дар Ватани мо ҳаст, ҳам муқаддасоте, ки  ба фарҳанг алоқаманданд, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва  ҳам ба имрўзи мо, ба ғояву ормонҳои мо алоқамандӣ доранд,  ҳама дар ҳамин ҷумла нуҳуфта аст, яъне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар радифи ду рамзи дигар, яъне Нишон ва  Суруди миллии  Тоҷикистон, пеш аз ҳама, рамзи давлатӣ аст.

Парчами миллии мо аз  рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат аст. Бояд бидонем, ки ҳар як ранг ифодагари таърихи гузашта ва имрӯза, фарҳанг ва ғояҳои бунёдкоронаи халқи тоҷик аст.

ҳар як шаҳрванди кишвар бояд муқаддас будани Парчами миллиро донем ва ба он арҷ гузорем. Зеро ба қадри муқаддасоти миллӣ расидан нишонаи ҳуввияти миллӣ доштани шахс ва дар ҳамин руҳия тарбия ёфтани ӯст.

Ҷабборзода Фурқат Саттор,
раиси суди шаҳри Бӯстон

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо ба шумор рафта, аз замонҳои қадим нишонаи ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шукӯҳу ифтихор дониста мешавад. Дар парчами миллату давлатҳои олам нишонаҳои арзишманди фарҳанг ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ таҷассум меёбанд.

Гузаштагони пурифтихори мо ҳазорсолаҳо зери ливои ваҳдату ягонагӣ ва ҳамандешӣ ватану миллат, озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудаанд. Аз ин лиҳоз, парчами давлатии мо баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он мебошад.

Читать далее

Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ

 

Суҳбати ихтисосӣ бо С.Ш.Сияҳаков– яке аз раҳбарони САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) дар солҳои 90-уми асри гузашта доир ба фаъолиятҳои муғризона ва тахрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дахолати неруҳои хориҷӣ ба он

Муҳтарам акои Сайҷалол, лутфан дар бораи шахсияти худ чанд ҷумла барои хонандаи мо бигӯед. Чӣ шуд, ки Шумо- ходими КГБ-и СССР бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷониби ИНОТ гузаштед?

Ман, Сияҳаков Сайҷалол Шашевич,  30-юми майи соли 1954 дар деҳаи Болшевики ноҳияи Қубодиён, дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, мактаби миёнаро низ дар ҳамон маҳал хатм кардам. Муддате чанд (1976-1979) дар системаи комсомол кору фаъолият намуда, то вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ расидам. Аз соли 1979 то 1980 шунавандаи курсҳои яксолаи Мактаби олии КБД ИҶШС (КГБ СССР) дар шаҳри Мински Белорусия буда, баъд аз хатми ин муассисаи таълимии махсус (с.1980) ба ҳайси ваколатдори калони оперативии ШН дар ноҳияи Фархор будаи РКБД дар вилояти Кӯлоб таъин шудам. Соли 1984 ба Шуъбаи 5-уми РКБД дар вилояти Кулоб гузашта, то соли 1988 кор кардам. Сипас, аз соли 1988 то 1992 ба ҳайси ваколатдори калони оперативии ШН Ванҷбудаи РКБД дар ВМКБ фаъолият намуда, дар асоси ротатсия моҳи декабри соли 1992 ба ҳайси ваколатдори калони ШН дар ноҳияи Ҷиликулбудаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии ҶТ дар вилояти Хатлон таъин мешавам. Аммо, бинобар оғоз гардидани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷануби кишвар, зери таъсири рӯҳӣ-равонии мубаллиғони ҲНИТ ва ҳамқавмҳоям (мардуми «вахёчӣ») бо ИНОТ пайвастам ва хатти сарҳади давлатиро убур намуда,  ба самти ҶИА фирор намудам.

Бо назардошти корманди мақомоти амният буданатон оё роҳбарияти ИНОТ ба Шумо эътимод доштанд?

Не. Ҳарчанд дар он тарафи марз бо роҳбарияти кулли ҲНИТ ҳамроҳ шуда, онҳоро бо маълумоти ҷолиби диққати мақомоти бехатарӣ шинос намуда бошам ҳам, наҳзатиён муддатҳои тулонӣ аз ман, хамчун «одами КГБ» канораҷӯӣ мекарданд ва мавриди санҷишу омӯзиши амиқ қарор медоданд.

Баъд аз таъсис додани Созмони амнияти муҳоҷирони наҳзати исломии Тоҷикистон (САМНИТ) Ҷумабеки Салом, (лақабаш «Холид», соли таваллудаш тахминан 1958-1960, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Пилдони ноҳияи Лахш, айни ҳол бо аҳли хонаводааш дар Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад)-ро ба ҳайси роҳбар ва ману  Султони Ҳамад, собиқ корманди амнияти бехатарии Ҷумхурии Тоҷикистонро ба ҳайси муовинони роҳбари САМНИТ таъин менамоянд.

 

- «Холид» кӣ буд ва чаро маҳз ӯро роҳбари САМНИТ таъин намуданд?

«Холид» (Ҷумабеки Салом)-ро маҳз ба хотири он, ки яке аз нафарони эътимоднок ва «дасти рост»-и Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳисоб мерафт, роҳбари САМНИТ, ба ибораи дигар гӯем «вазири амният» таъин намуданд. Дар асл ӯ ягон рӯзе ҳам дар мақомоти амниятӣ кор накардааст.

- Оё мумкин аст, ки нафари дур аз соҳаро роҳбари соҳа монд? Инро дигар наҳзатиҳо чи хел қабул карданд? Ин магар барои худи онҳо хавфнок набуд?

- Он ҷо демократия набуд, ки «қабул мекунед ё не?». Чи гапе, ки роҳбарияти ҲНИТ мегуфт, ҳамон мешуд. Аз оне, ки «Холид» савияи дониши тахассусии амниятӣ надошт, ҳамаро зулм мекард. Қариб ҳамаи муҳоҷирини гурезаро аз ғелбор мегузаронд. Дар шахсияти дилхоҳ одам ӯ метавонист «агенти амният»-ро «ошкор» кунад ва ҳукми онро содир намояд. Аз худи наҳзатиҳо нафарони зиёде омода буданд, ки ӯро бикушанд.

- Агар роҳбари САМНИТ дониши тахассусӣ ва таҷриба надошт, пас тарзи корбарӣ ва масъулиятҳои дигарро кӣ ва чӣ гуна иҷро мекард?

- Тамоми роҳу усул, тарзи корбарӣ, ҷобаҷокунии «кадр»-ҳо, содироту воридоти молу маҳсулоти озуқаворӣ, тамос бо ҳукуматҳои кишварҳои исломӣ, ташкилоту ҷараёнҳои террористӣ, дастраскунии яроқу аслиҳаро ба роҳбарияти ҲНИТ инструкторони эронӣ мефаҳмониданд.

- Инструкторони эронӣ?

Бале,  эрониҳо. Хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ибтидо аз соли 1992 дар қаламрави ҶИА ҳукумати мухолифинро аз ҳисоби роҳбарони ҲНИТ таъсис дод ва пурра зери назорати худ гирифт. Дар натиҷа ҳизби сиёсиро ба ташкилоти террористӣ мубаддал намуд. 

Ман ба як чиз ҳайрон будам. Дар Тоҷикистон-ку ҷанг нав сар шуда буд, мардум ҳатто барои гурехтан ва ё ягон молу амволи рузғорашонро бо худ гирифтан фурсат надоштанд. Лекин, эрониҳо, ба монанди «фолбин» аллакай то давраи фирори муҳоҷирини тоҷик ба Афғонистон, дар қаламрави ин кившар созмону ташкилотеро таҳти пӯшиши ҳимояи ҳуқуқи «мазлумон» таъсис дода, барои муҳоҷирони фирории тоҷик аллакай лагерҳои хаймавӣ (палаточнқе лагеря) гузошта буданд. Мардуми оддӣ аз ин кори «хайри бародарон»-и эронияшон миннатдорӣ мекарданд, ки гӯё будаанд одамоне, ки ғами моро мехурад. Бехабар аз он, ки …..

 Аммо ман, ки худ аз кадрҳои он замони пурқудрати КГБ СССР будам, зуд дарк кардам, ки ҳамаи бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омадаро маҳз хадамоти махсуси Эрон пешакӣ тарҳрезӣ намудаанд. Ҳиҷрати иҷбории мардуми тоҷик, интихоби макони сукунат дар Афғонистон, таълиму тадрис дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ, мағзшӯӣ ва истифодаи онҳо бар зидди Тоҷикистон - бандҳои алоҳидаи нақшаи бузурги хадамоти махсуси Эрон буд.

- Барои чунин иддао пеш овардан чӣ далел доред?

 - Далел? Ҳазорон далел дорам. Барои мисол, зери пӯшиши кормандони ташкилоти байналмилалии «Ҳилоли Аҳмар» нафари эроние бо номи «Муродӣ» кор мекард, ки бо методу усули фаъолияти мақомоти бехатарӣ пурра шинос буд. Ҳарчанд назди дигарон иртиботи худро бо мақомоти истихборотӣ (разведкавӣ) ошкор намекард, ман ҳис мекардам, ки ӯ корманди хадамоти махсус аст. Зеро шеваи гуфтор ва рафтору кирдори ӯ нафари низомиро мемонд. Ба ҳар як масъалаи муҳим, аз ҷумла ба шахсияти нафарони шубҳанок, оид ба вазъи сиёсӣ-ҳарбӣ ва иқтисодии ҶТ, дар хусуси қумондонҳои саҳроии фронти халкӣ ва ИНОТ (ҲНИТ) таваҷҷуҳи хоса дошт, барои пурра кардани маълумоти андак, паҳлӯҳои дигари онро аз ман пурсуҷӯ мекард. Бо мақсади ба боварӣ даромадан ҳатто кӯшиш мекард, ки бо лаҳҷаи мардуми муҳоҷир муошират кунад.  Ин хоси одамони амниятист! Инро мехононанд.

Боре ба ман, роҳбарамон «Холид» гуфта буд, ки оғои Муродӣ аз ӯ ва дигар роҳбарони ҲНИТ тамоми маълумот, аз ҷумла, иқтидори низомӣ, нафарони далеру нотарс, ҷанговарони худкуш ва ғайраро ба тафсил пурсон мешавад, дар китобаш қайд мекунад, шабҳои дароз таҳлил мекунад ва ба Маркази худ иттилоъ медиҳад.

 - Ин малумот, ки ба қавли Шумо, аз ҷониби оқои Муродӣ ба «Марказ» фиристода мешуданд, дар чӣ коре ва ё тасмиме истифода мешуданд?

 Худ қазоват кунед. Ташкилоти «Ҳилоли аҳмар», ки вазифаи асосияш таъмини мардуми камбизоат ва фирорӣ бо маҳсулоти ғизоиву доруворӣ бошад, ба размандагони маргталаб, вазъи сиёсиву ҳарбӣ чӣ сару коре дорад?? Ҳаминро гуфтаниям, ки маҳз хулоса ва қарори хадамоти махсуси Эрон буд, ки Ризвон Сидирови қумондони саҳроии ҲНИТ- яке аз манфуртарин ва хунхортарин чеҳраҳои ҷанги шаҳрвандиро барои нотарсиву ваҳшонияти хосаш «Амир» интихоб намуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда буданд. Агар ёдатон бошад, Ризвон ба Ғарм омада, байрақи «Ҷумҳурии исломии Ғарм»-ро зада буд. Бунёди ҷумҳурии исломӣ ва тадриҷан дар зеҳну шуури мардум ҷой кардани ақоиди «шиагароӣ»- яке аз вазифаҳои муқаддаси Эрон буд, ки тавассути хадамоти махсусаш амалӣ мекард. Оғои Муродӣ тавассути Давлат Усмон (яке аз роҳбарони ҲНИТ, собиқ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи квотаи 30%), ки ҷабҳаи «муҷоҳиддини ғармиву ҳоитӣ»-ро сарпарастиву назорат мекард, инчунин маблағҳои ҳангуфт бо асъори доллари ИМА ба гурӯҳи қумандонҳои водии Рашт медод.

- Маблағхоро кӣ медод ва интиқоли онҳо чи тавр сурат мегирифт?

- Маблағро эрониҳо бебаркаш медоданд. Боре, солҳои 1993-1994 барои интиқоли маблағ Эшони Сайидакобир (с.т.1951-1952, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, яке аз нафарони бонуфузи ҲНИТ ва шахси эътимодноки С.А.Нурӣ), пинҳонӣ ба Тоҷикистон сафарбар карда шуда буд. Ба фикрам мақомоти амниятии кишвар ӯро боздошт намуда, дубора ба Афғонистон фиристода буданд. Зеро баъди бозгашт рӯҳияи ӯ дигар гашта, дамфурубурда шуда буд. Баъди бозгашт, ман ҳамчун корманди амниятӣ (манзур САМНИТ) ӯро мавриди пурсупос қарор дода будам. Ӯ ба ман гуфт, ки «акаи Сайҷалол, гап байни худмон мона, ростша бгем, ҳама аҳмақӣ аз худмон гузашта буд, ина акнун муттаҳами эрониву паштунӣ шуда, сарсон мегардем. Тоҷикистон рафтум, дилум реш-реш шид. Гуфтм дига наём. Бимирам гуфтам ҳам, дар хоки диёрам мирам. Лекин чӣ чора, ки худкардаро дигар ҳоҷат нест».. Инро гуфту гирист...

- Он вақтҳо, ки телефони мобилӣ набуд, чӣ тавр барои вохӯриҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  маслиҳат мешуд?

- Ин чиз барои мо аллакай муҳайё шуда буд. Чи тавре, ки боло ишора кардам, эрониҳо тамоми роҳбарияти ҲНИТ-ро бо техникаву таҷҳизоти мавҷпахшкунанда ва мухобараҳои замонавӣ таъмин карда буданд. Ин таҷҳизотро Сайидаҳмад Наҷмиддинов (аз ҳисоби квотаи 30 фоиз баъди истиқрори сулҳ муовини вазири алоқаи ҶТ таъин шуда буд) идора мекард ва мо (кули роҳбарияти САМНИТ ва ҲНИТ) аз Афғонистон бо муҷоҳиддини дар Тоҷикистон қарордоштаи  ҲНИТ, аз ҷумла Резвон Садиров, Ш.Искандаров, Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва дигарон ба алоқа мебаромадем.

- Роҳбарияти ИНОТ бо хадамоти махсуси Эрон танҳо дар сатҳи машварату тавсия ва роҳу усулҳои корбарӣ ҳамкорӣ доштанд? Ва аз нигоҳи Шумо, дастгириву ба Тоҷикистон фиристодани размандагон ва дигар чеҳраҳои ИНОТ чӣ ҳадафҳоеро ба дунбол дошт?

Роҳбарияти ИНОТ сари ҳар масъала бо оқои Муродӣ маслиҳат карда, барои ташкил намудани горди ҷангӣ дар ҳудуди шаҳри Қундуз маблағ ва муҳимоти ҷангӣ дархост намуда буданд. Ҳамин тариқ, аввалин горди ҷангие, ки бунёд шуд ва дар аввал беш аз 250 разманда дошт, баталёни ҷангии «Хандақ» зери роҳбарии М.Зиёев (ҷага) ва Ҳаким Қаландаров таъсис дода шуд. Баъдтар теъдоди ин баталон аз 500 нафар ҷанговар гузашта буд. Чи тавре, ки худ аллакай дарк кардед, ин ҷо тавсия не, натиҷаи воқеӣ аст!

Ҳамин ҷо бояд қайд намоям, ки тамоми ҷабҳаи мухолифин, аз ҷумла қаноти «размандагони панҷӣ» маҳз ба Мавлавӣ Маҳмадалии панҷӣ, ки дертар раиси муҳоҷирини тоҷик дар Афғонистон таъин гардида буд, итоат мекарданд.

- Оё худи Шумо низ бо оқои Муродӣ ва ё дигар намояндагони хадамоти махсуси Эрон дар он айём вохурдаед ё ин ҳамаро ҳамин хел тахмин мезанед?

- Замоне, ки ман муовини роҳбари САМНИТ будам, «Холид» ва Султони Ҳамад борҳо аз ман  хоҳиш намуда буданд, ки бо Муродӣ вохӯрам ва ба гуфтаҳои ӯ розӣ шавам. С.Ҳамад доим мегуфт, ки «агар дар ҳамкорӣ бо оғои Муродӣ розӣ шавӣ, болои доллар мегардӣ..». Якум ин ки, Муродӣ мехост тамоми маълумоти вобаста ба вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳарбии муҳоҷирон сараввал ба ӯ пешниҳод карда шуда, сипас амалӣ карда шавад. Дувум ӯ мехост, ки ман низ барои гузаштани курсҳои 6-моҳа ба Эрон  сафарбар шавам. Аммо, ман ба ин пешниҳодҳо розӣ нашудам ва боре ҳам ба Эрон сафар накардам. Зеро хуб медонистам, ки бо ин роҳ хадамоти махсус ҳатман маро ба ҳамкории махфӣ, ҳамчун «агент» ҷалб хоҳанд кард.

- Яъне шумо, намояндагони САМНИТ низ зери итоати хадамоти виҷаи хориҷӣ кор мекардед?

- Бале, ҳамин хел буд. Зеро, Ҷумабеки Салом ва Султони Ҳамад чандин маротиба курсҳои 2-моҳа, 6 моҳа ва қутоҳмуддатро дар Эрон гузаштаанд. Баъди бозгашт вазъи молиявӣ-иқтисодии онҳо хеле хуб гашта, имтиёзҳои зиёдеро аз ҷониби оғои Муродӣ соҳиб мегаштанд.

Илова бар ин, дар 1 ҳафта қариб 4-маротиба Султони Ҳамад схемаву нақшаҳои махфӣ, тартиби ҷалбкунӣ, вазъи сиёсии ҶТ ва дигар давлатҳои СССР, инчунин дигар маълумоти хоси мақомоти амниятро дар варақаҳои алоҳида тарҳрезӣ намуда, дар  торикии шаб, тавассути автомобил ҳамроҳ бо ман ба назди Муродӣ рафта, ба ӯ пешниҳод мекард. Аз ман хоҳиш мекард, ки то аз назди Муродӣ баргаштан дохили мошин бимонам ва берун набароям.

- Чеҳраҳои бонуфуз ва роҳбарони ИНОТ низ ба «курсҳои кутоҳмуддату дарозмуддат»-е, ки ишора намудед, ҷалб шуда буданд?

 - Ин тартиб (проӣедура)-и ҳатмӣ буд. Ба ҳамин минвол, дигар нафарони бонуфузи ҲНИТ, ба монанди С.А.Нурӣ, М.Ҳимматзода, А.Тураҷонзода, Давлат Усмон, Домулло Абдуғаффори «танка», Амриддин Табаров (мулло Амриддин), Домулло Маҳмадрасули Саъди ҷиликулӣ, Эшони Давлатхуҷаи панҷӣ, Эшони Давлатхуҷаи қумсангирӣ, Гадоев Мирзоназар Убайдович, Гадоев Мазҳариддин Убайдович, Сияров Нусратулло  Нодиршоевич ва дигарон низ пайваста ба Эрон сафар намуда, курсҳои махсусро мегузаштанд. Ҳамаи ин аз ҷониби оғои Муродӣ назорат карда мешуд. Охирин аз ҳисоби роҳбарият ва сатҳи миёнаи  ҲНИТ шабакаи васеи агентурии худро ташкил карда, онро роҳбарӣ мекард.

- Метавонед дар бораи онҳое, ки исмашонро зикр кардед, каме тафсилот диҳед, чунки шахсияти баъзеи онҳо ба оммаи васеъ номафҳум аст?

Албатта, Домулло Абдуғаффори танка (аз маҳаллаи «Юҷнқй»-и ш.Душанбе) бо ваҳшониятҳои зиёд ном бароварда буд, ба ҳеҷ кас раҳм надошт, бо ҳар усул одамро қатл мекард. Тахминан баҳори соли 1993 дар шаҳри Толиқон дар бадани як муҳоҷири тоҷик, ки бечора замони Шуравӣ зиндонӣ шуда будааст, акси бо сузан куфташуда (наколка)-и Ленинро пайдо мекунанд. Домулло Абдуғаффор ин нафари мазлумро бо як бераҳмии махсус, рехтани оби ҷӯшомада ба даҳон ва баданаш, ба қатл мерасонад;

- Амриддин Табаров (мулло Амриддин) низ аз нафарони бовариноки С.А.Нурӣ ба шумор мерафт, дар баъзе масоил фикру ақидаи худро озод баён мекард, аз касе наметарсид, хислатан хомуш ва хатарнок буд, бо оғои Муродӣ алоқаи зич дошт, сипас бо супориши ӯ гуруҳеро таъсис дод бо номи «Ансоруллоҳ» ва ба самти Покистон сафарбар гардид. Бояд донист, ки «Ансоруллоҳ» ҷузъи ҷудонашаванда, қисми ҲНИТ мебошад. Онҳо тифли як падару модаранд;

- Домулло Маҳмадрасули Саъд (ҷиликулӣ)- аз размандагон ва стратегҳои нодири ҲНИТ ба шумор мерафт, робитаашро бо дигар қумондонҳои саҳроии афғону покистонӣ мустаҳкам карда буд, мактаби диверсантиро гузашта буд;

- Эшони Давлатхуҷаи панҷӣ – соли таваллудаш тахминан 1961-1965, падараш собиқ раиси ноҳияи Панҷ, баъд аз гузаштани курсҳои 6 моҳа дар Эрон бо тавсия ва дастури оғои Муродиву ҲНИТ аъзои САМНИТ мешавад. Бо шеваю усул, тактикаи кор бо агентура, корҳои оперативӣ ва чорабиниҳои махсус шинос шуда буд. Гарчанде курсҳои 6 моҳаро гузашта бошад ҳам, дар самти амниятӣ тасаввуроти кофӣ  надошт, кундзеҳн буд;

- Эшони Давлатхуҷаи қумсангирӣ- аз муллоёни донишманд буд, дар қатли одамон зиёд иштирок мекард, хислатан ҳушёру зирак буд, дар Ҳукумати фирории ИНОТ-и дар Афғонистон таъсисёфта вазири таблиғот таъин шуда буд;

- Домулло Муҳаммадии қумсангирӣ – яке аз нафарони бонуфузтарин дар ҲНИТ, аз олами дин буд, маҳорати ораторӣ дошт, дар муошират ҳамсуҳбатро ба осонӣ ба худ ҷалб мекард.

Баъдан баҳсе ҳам пайдо шуда буд, ки кадомеро ба ҳайси роҳбари кулли ИНОТ таъин намоем, С.А Нурӣ  ё Домулло Муҳаммадии қумсангириро. Маҳз ба хотири оне, ки охирин «ҳоитӣ» буду аз қавми «Вахё» набуд, роҳбари кулл интихоб нагардид;

- Роҳбари мавлавиҳои ноҳияи Панҷ, як нафар ӯзбактабор, ки ному насабашро ба ёд оварда натавониста истодам. Он кас  аз хунхортарин муҷоҳидон ба ҳисоб мерафт, қавл дода буд, ки «барои ҷорӣ намудани қудрати ҲНИТ, омода аст Тоҷикистонро дар хун тар ва онро пора-пора кунад»;

- Сайидҷалол (номи падарашро фаромўш кардам)- аз қишлоқи Ленинободи ноҳияи Шаҳритуз, соли 1994-1995 аз гурӯҳи «Алӣ беспалқй» ҷудо шуда, бо Домулло Маҳмадрасули Саъди ҷиликулӣ мепайвандад. Баъди истиқрори сулҳ бо квотаи 30 фоиз  ба сохтори Сарҳадбонон ворид шуда, дар яке аз қисмҳои низомии вилояти Суғд кору фаъолият кардааст. Зери роҳбарии оғои Муродӣ кор мекард. Писараш дар ҷангҳои Сурия кушта  шудааст. Айни ҳол дар ФР қарор дорад;

- Маҳмадалии Раис аз кишлоқи Ленинободи ноҳияи Шаҳритуз, аъзои фаъоли ҲНИТ, аз муридони С.А.Нурӣ ба ҳисоб меравад. Бо оғои Муродӣ ва дигар шаҳрвандони ҶИЭ дар алоқа буд. Курсҳои махсуси дарозмуддатро дар ҶИЭ гузаштааст. Баъди истиқрори сулҳ бо баҳонаи «роҳсоз» ба ш.Шибирғони ҶИА рафта буд;

- Исоев Султон (қорӣ Султон), - с.т. 1959-60, зода ва собиқ истиқоматкунандаи деҳаи Қаирмаи с\з Тоҷикистони ноҳияи Қубодиён, яке аз аъзоёни фаъоли ИНОТ ва ҲНИТ. Айни ҳол дар СММ (ООН) кору фаъолият намуда, дар Швейтсария иқомат намуда истодааст. Сарватмандтарин нафари ҲНИТ ба шумор рафта, дар фаъолияти тахрибӣ ва зиддитоҷикистонии ҲНИТ дар хориҷи кишвар маблағгузорӣ мекунад. Фарзандҳояш муассисаҳои олии Аврупоро хатм кардаанд.

Мустафои наҳзатӣ-  с.т. 1964-65, зода ва истиқоматкунандаи маҳаллаи Турманистони ноҳияи Вахш, яке аз  «қассобон»-и ҳаммоми «Туркманистон», самти амалиётҳои махсуси ҷангиро дар сохтори ИНОТ ба ӯҳда дошт. Хамроҳ бо гуруҳи худ, Қаҳрамони ИҶШС, иштирокчии ҶБВ - Қосим Ҳайдаровро танҳо барои бо муҷоҳиддин напайвастанаш ваҳшиёна ба қатл расонидааст.

- Оё дар Афғонистон буданд нафароне, ки муҳоҷирон ва ё роҳбарияти ҲНИТ-ро аз эҳтимоли гумроҳӣ ҳушдор диҳанд? Тоҷикони муқимӣ нисбат ба фаъолияти САМНИТ чӣ гуна муносибат доштанд?

- Бояд қайд намоям, ки ҲНИТ тамоми кӯшишро ба харҷ медод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарнагун сохта, сохтори низоми исломиро дар Тоҷикистон ҷорӣ намояд. Барои амалӣ шудани ин ҳадаф ҳатто аз доираи хешу табор ва авлоди Амир Олимхони манғити туркнаҷот, ки дар Афғонистон сукунат доштанд, даъват ба амал меоварданд, ки барои «ҷиҳод» алайҳи кофарон бо онҳо бипайванданд.

Боре, чандин нафар аз қавми Амир Олимхон, Иброҳимбеки босмачии лақай ва як гурӯҳ тоҷиктаборони замони инқилоб фироригашта ба назди роҳбарияти ҲНИТ ташриф оварда, даъват карданд, ки «равед ба Тоҷикистон, сулҳ кунед, Ватани худро аз даст надиҳед… То ҳол моро, ки беш аз 80 сол ин ҷо муқимӣ гаштаем, «мардуми гуреза» ном мебаранд. Нагузоред, ки бо шумо низ чунин кунанд..». Минбаъд, куҷое, ки ин мардум пайдо мешуд, намояндагони ҲНИТ ва навкарони оғои Муродӣ онҳоро пеш мекарданд. Намегузоштанд, ки ин ақида миёни муҳоҷирин паҳн гардад.

- Таври маълум, фаъолият ва миссияи ташкилоти байналмилалии «Ҳилоли аҳмар» ироаи кӯмакҳои башардӯстонаи ғизоӣ ба мардуми ниёзманд аст ва қароргоҳи аслии ин созмон ҳам дар Аврупо мебошад. Аммо, Шумо ишора кардед, ки хадамоти махсуси Эрон аз номи ин ташкилоти бонуфуз суйистифода карда, фаъолияташро зери ниқоби он иҷро менамуд. Ин хадамоти махсус боз чӣ корҳоеро дар самти Тоҷикистон анҷом медод?

 Бояд қайд намоям, ки ташкилоти байналмилалӣ ва аслии «Ҳилоли Аҳмар» дар шаҳри Мазори Шариф мустақар буд ва бо ташкилоти бофта ва ҳамноми кишвари Эрон дар шаҳри Толиқони Афғонистон ягон алоқамандие надошт. Офиси асосии «Ҳилоли Аҳмар»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Толиқон буд ва намояндагони ин «ташкилот» мунтазам бо мақсади аёдат ба кампҳои мӯҳоҷирини тоҷик ба дигар шаҳру навоҳӣ (Хонобод, Қундуз) сафар мекарданд. Кормандони «Ҳилоли Аҳмар»-и  Эрон аз вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоти аслии «Ҳилоли Аҳмар» меҳаросиданд. Аз онҳо мегурехтанд.

Оғои Муродӣ бо толибони покистонӣ дар тамос буд. Тавассути имкониятҳои Маркази худ аз миёни тоҷикписарони муҳоҷир қисматеро барои гирифтани таълими динӣ-диверсионӣ ба мадрасаи «Ибитобод», воқеъ дар сарҳади Кашмир  ва шаҳрҳои Исломободу Карочии ҶИП интиқол медод. Яке аз мударрисони онҳо, ки бо оғои Муродӣ дар алоқаи пайвастагӣ қарор дошт, «Араб-Башир» ном дошт. Номбурда ҷисман обутобёфта буда, дар намуди «каратэ» ва «футбол» ҳамто надошт. Тахминан солҳои 1998-1999, бо истифода аз имкониятҳои ҲНИТ зери пӯшиши «тиҷорат», аммо дар асл барои корҳои таблиғотӣ ба Тоҷикистон  омада буд.

Араб-Башир, ки бо маблағи калон ба ҶТ омада буд, мехост тиҷорат кунад ва аъмоли худро пеш барад. Аз ин танҳо роҳбарияти ҲНИТ огоҳ буд, ногаҳон дар назди хонаи ба иҷорагирифтааш дар ш.Душанбе ба қатл расонида шуд.

Яке аз шогирдон ва нафари боэътимоди Башир – Собир ном шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ аъзои фаъоли ҲНИТ аз деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритуз ба ҳисоб мерафт. Номбурда айни ҳол ҳамчун адвокат дар ш.Душанбе фаъолият карда истодааст. 

- Мазмуни сӯҳбати Шуморо исботи дигарбораи таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ маънидод кардан мумкин аст…

- Хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон, ба монанди Вазорати иттилоот, Разведкаи ҳарбӣ, Корпуси посдорони инқилоби исломӣ ва ғайра зери пӯшиши ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди «Ҳилоли Аҳмар», «Имдоди Ҳумайнӣ» ва ғайра яке аз тарроҳони аслии ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, барои бунёди ҷумҳурии исломӣ ва сарнагун сохтани ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузошта, фаъолияти тахрибкоронаи худро фаъолона ба роҳ монда буданд. Оқибаташон ба хайр бошад.

- Оне, ки шумо иброз доштед, ваҳшатангез аст. Барои чӣ ин қадар ошкор сухан гуфтед. Аз ҷони худ, аз ҷони зану фарзанд ва наздикони худ магар андеша намекунед?

- Мантиқи сухани Шуморо фаҳмидам. ҲНИТ, хадамоти махсуси Эрон аз ҳеҷ чиз рў намегардонанд. На аз куштори зан, кўдак, хоҳар, бародар. Он лафзи ширине, ки ба истифода мекунанд, амалаш ҳамин аст. Медонам, бо ин мусоҳиба ман ба ҷони худ ва наздиконам хатари ҷиддӣ эҷод кардам. Аммо илоҷи дигар нест. Мардуми тамоми Тоҷикистон бояд ин хатарро донанд, ҳушёр бошанд. Фаҳманд, кӣ кӣ ҳаст? Дигар ҳеҷ вақт фирефта нашаванд. Хонаи ободи худро насўзонанд. Фирефтаи бегонагон нашаванд. Агар ҲНИТ, хадамоти махсуси Эрон далел мекобад, ҳамаро «тўҳмат», «бўҳтон» мегўяд, ака марҳамат ман шоҳид, далел, самади ин «меҳрубониҳои» Эрон. Мисли ман садҳо шоҳиди дигар ҳаст. Пурсед, онҳо омодаанд, бо Шумо аз ин бештар маълумот медиҳанд. Дигар таваккал ба худо.   

   - Барои изҳори андешаҳои далеронаву ҷасурона ташаккур!

- Саломат бошед.

Мусоҳиб:
Носирҷон Маъмурзода, рӯзномаи «Хатлон»
Бознашр аз рӯзномаи «Фараҷ» № 46 (572) аз 15.11.2017 с.

 

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири  навтаъйини кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Муғулистон Лувсан Баттулга, Ҷумҳурии Индонезия Раҳмат Прамоно, Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир, Шоҳигарии Марокаш Абдулҷалил Саубрӣ, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ хонум Кейтуметси Тандека Метюс, Ҷумҳурии Кипр Леонидас Маркидес ва Давлати Исроил Эдуард Шапиро эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Читать далее

Захираи миллат ва ояндаи давлат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки:

«Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа  омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираихалқи  худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги   худ ифтихор намоянд”.

Бовар ва эътимод ба ҷавонони кишвар воқеан ба онҳо рӯҳияи нав, ғайрат ва ангезишҳои нави эҷодкориву бунёдкориҳо додааст. Ҷавонон аллакай собит сохтанд, ки онҳо сазовори боварии Пешвои миллат  ҳастанд. Бо дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он соли 2017–ро Соли ҷавонон эълон  намуд. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гуруҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст.

Аз ин рӯ, мову шумо хуб медонем, соҳае, ки мақоми аввалдараҷа дар ҳадафҳои стратегӣ ва фаъолияти сарварии Пешвои миллати мо доштанд, ин мактаб ва маориф, нақши падару модар ва хонавода аст. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013” қабул намуд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти зиёд дошт. Зеро, маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти миллатро халалдор кунад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огаҳӣ  пайдо кардаанд. Дар баробари ин як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкили ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Барои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии ниёгони худ афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебошад, ки майли ҷавононро ба сӯйи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ коҳиш медиҳад. Мо - ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки дар як  давлати соҳибистиқлол Ватани маҳбубамон умр ба сар мебарем  ва  роҳбари дилсӯзу ғамхор дорем. Мо хушбахт аз он ҳастем, ки дар даврони Истиқлолият ба олами ҳастӣ чашм кушодем. Мо, ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар қатра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст дорем.

Ҷавононе, ки соҳиби донишу саводи баланд ҳастанд, дар кишвар кори арзанда пайдо мекунанд. Бояд гуфт, ки Пешвои милллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш бисёр бамаврид таъкид намуданд, ки ҳукумату давлат барои рушди соҳаи маориф чизеро дареғ намедорад. Имруз бо дастгириҳои Пешвои миллат навоварию  ихтироъкориҳо дар тамоми соҳаҳои гуногун, ба монанди: селексионӣ, кимиёвӣ, кӯҳию металлургӣ хеле бисёр мебошанд, ки барои рушди ин соҳаҳо такон мебахшанд. Дар ин масъала агар равшанӣ андозем соли 2016 дар Муассисаи давлатии “Маркази миллӣ патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 2.2 Нақшаи чорабиниҳои “ Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 – 2020” , бандҳои 7 ва 9 Нақшаи кори  Шӯрои милли оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли  2016, Озмуни ҷумҳуриявии “Навоварони беҳтарин ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” таҳти  шиори“Қадамбасӯиоянда” ва Озмуни ҷумҳуриявии олимони  ҷавон «Навовари беҳтарин» бахшида ба 25–солагии Истиқлолияти давлтатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки   ба ҳар як ғолиби беҳтарин, иштирокчиёни ин озмун туфаҳо ва дипломҳо қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин озмуне, ки  аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рўзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ гузаронида шуд, ин нишонаи он аст, ки  имруз ҷавонон на танҳо дар соҳаи тахассуси худашон, балки ба корҳои навоварию  ихтироъкорӣ диққати махсус зоҳир менамоянд.

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди нек доранд. Ҷавонон  давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа  ва  ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

И.АЗИЗХОНОВ,
Р.ХОЛБОЕВ,
устодони донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон

Читать далее