23 November 2017

ШИРКАТИ ФАЪОЛОНА ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФЕСТИВАЛ- ОЗМУНИ «САПЕДА»

Бо мақсади фароҳам овардани  шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ ва қобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагони нақшҳои  таърихӣ, овозхонҳо, навозандагон, раққосон, наттоқон, ровиён ва дигар ҳунармандон, инчунин муҳайё намудани шароити мусоид барои ривоҷу равнақи суннатҳои миллӣ, тарбияи завқи маънавии ҷомеа, амиқгардонии нақш ва  аҳамияти мавзӯҳои тарбиявӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 - соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» дар Театри давлатии академияи опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур аз  вилояти Суғд ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Ашт, аз  вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Дарвоз, аз вилояти Хатлон шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Ҳамадонӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи Марказ Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Рашт, Восеъ, Турсунзода, Варзоб, Сино ва Душанбе иштирок намуданд. Озмун аз рӯи бахшҳои «Овозхонӣ», «Навозандагӣ», «Хореография», «Наттоқон», «Композитирони наврас», «Санъати тасвирӣ», «Наққошӣ, кандакорӣ, санъати амалӣ», «Ихтироъкорӣ, лоиҳаи иноватсионӣ ва сомонаи интернетӣ» гузаронида шуд.

Дар ифтитоҳи озмуни ҷумҳуриявӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш .Орумбекзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дастаи вилояти Суғдро ғолибони озмуни вилоятии «Сапеда» Шавкат  Каримов аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Бойназар Қосимов аз ноҳияи Ашт намояндагӣ намуда, дар бахши наққошӣ, кандакорӣ, санъати амалӣ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд. Онҳо бо тӯҳфа ва дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Раёсати маорифи вилояти Суғд барои дастгирии ҳамаҷониба бо дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

Таҷассуми мақсаду маром

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи куҳан дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди умури давлатдории гузаштагони пурифтихори моро ташкил додааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳуввияту худшиносии миллӣ нақши бузург дорад. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор ва парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».

Парчами давлатии мо ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят менамояд.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

Муҳайё Исохӯҷаева,
омӯзгори МТМУ №26 ба номи Аминҷон Шукӯҳии
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Рӯзи фараҳбахшу эҳсоси дӯстдорӣ

Муқаддас будани Парчами давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, таъмини баробарию баробар ҳуқуқӣ ва барқарорсозию тантанаи адлу адолат баланд мебардорад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии халқи тоҷик буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Ғояи парчам чун рамзи давлатдорӣ ҳанӯз дар «Авесто» омадааст ва ориёиёни аввалин мардуми парчамдор буданд. Рангҳои он ифодакунандаи як табақаи ҷомеа ҳастанд, Академик Бобоҷон Ғафуров менависанд: -Дар рамзшиносии ориён ранги сурх рамзи мубориза, ҷоннисорӣ ва ҳокимият мансуб мешавад. Ранги сафед рамзи покӣ, илм, эътиқод ва маънавиёт аст. Ранги сабз ба кишоварзӣ ва ҳунармандон тааллуқ дошта, рамзи киштзор, сарсабзӣ, ҳосил, баракат, табиат, ҷавонӣ ва гул-гулшукуфӣ маънидод мешуд. Парчам таърихи беш аз 4 ҳазорсола дорад ва нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо шудааcт. Таърихи парчами Ориён (Порсҳо, Суғдиён, Бохтариён) дар деворнигораҳои шаҳри Помпей, Рум (асрҳои 11-1 то милод) кашида шудааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошта, онро «Ахтари Ковиён» низ хондаанд ва он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории Ориён маҳсуб меёфт.

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошад. Эълон шудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд. Парчами миллии имрӯзаи давлати Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, симои воқеӣ ва таърихии онро дар намуди ба худ хос инъикос мекунад. Он рукни асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегардад.

 Парчами давлатӣ дар биноҳое афрохта мешавад, ки дар онҳо намояндагони се шохаи ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд: дар қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, инчунин ҳангоми гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маҷлисҳои намояндагони ҷамоатҳо.

Низомнома истифодаи тасвири Парчамро ба мақсади ороиш низ иҷозат додааст, ба шарте, ки ороиши он ба асли тасвири Парчам мувофиқат кунад ва нисбат ба он беҳурматӣ зоҳир нашавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон - боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст.

Агар ба таърих муроҷиат намоем, инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ барои ифодаи мақсаду ҳадафҳо рамзҳои гуногунро эҷоду истифода намудааст. Ифтихор аз Парчам ифтихор аз миллати куҳанбунёд буда, ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллати соҳибтамаддун боқӣ мондааст.

Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров 

Читать далее

Таърихи парчам - дарси ибрат ва ҳуввият

Инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ барои ифодаи мақсаду ҳадафҳо рамзҳои  гуногунро эҷод мекунад.Омӯзиши таърихи давлатдории аҷдодони мо маълум менамояд, ки  ҳокимону  пешвоён барои ифода кардани мавҷудияти давлати худ рамзу нишон, ишора, аломат ва дигар воситаҳоро қабулу истифода  мекардаанд. Имрўз парчами миллии мо дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ мақому мартабаеро дорост, ки боиси шарҳу баён ва дўст доштан  аст. Парчам рамзи садоқат, рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору ору номуси ватандорист. Мардуми мо бо ин ифтихорот ҷилваи парчами хешро рамзи ҳувияту огоҳии миллӣ дониста, ба ин рамзи муқаддас шукронаву арҷгузорӣ    доранд.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи арҷгузории  Парчам аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар бораи корномаи Коваи оҳангар, ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза умр ба сармебурд, ба мушоҳида мерасад.

 Коваи оҳангар аз зулмуситами Заҳҳокиморон, ки дар баробари ҷавонони зиёди кишвар ҳабдаҳ писари ӯро низ тӯъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, чун нишони эътироз пешдомани чармии худро бар сари найза кашида, мардумро ба шӯриш даъват мекунад ва пирӯзӣ ба даст меоварад. Баъди ин шӯриш Заҳҳок сарнагун ва шоҳ Фаридун сари тахт омада, пешдомони Коваи музаффар «КовиёниДирафш»-ро ҳамчун парчам пазируфта, бо зару зевар меорояд ва муқаддас  медонад.

Саҳифаҳои таърих ин рӯйдодро ба қайд гирифта, минбаъд он намунаи ифтихори ватандӯстонаи мардумони мо муаррифӣ гардидааст. Аз ин рӯ, парчами Коваи оҳангар дар зеҳни мардуми ориёӣ то имрӯз ҷалолу ҳашамати таърихии худро гум накарда, боз ҳам қадру манзалаташ афзун мегардад. Аз он айём нисбат ба Парчам ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва давлатдории аҷдодон садоқати мардумӣ зиёдтар  гардид. Бо ба даст овардани соҳибихтиёрӣ 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла Парчам қабул гардида, бо нишони эҳтирому садоқат ба он рӯзи 24 ноябр дар кишварамон ҳамчун “Рӯзи Парчами давлатии ҶумҳурииТоҷикистон” эътироф  гардид.

Аз варақгардонии таърихи халқи тоҷик маълум мегардад, ки парчам ҳамчун муқаддастарин сармояи давлат, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик арзиш дошта, нишонаи нангу номус, ифодагари ҳастию пояндагии давлат ва арзишмандтарин сарвати давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчаме, ки дар маркази ҷумҳурӣ қомат афрохтааст, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардидааст, ки ин ҳам мояи ифтихор ба ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.  Бунёди он аз эҳтироми муқаддасоти миллӣ ба ин рамзи давлатӣ шаҳодат медиҳад.

Муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, таъмини баробарию баробарҳуқуқӣ ва барқарорсозию тантанаи адлу адолат баланд  мебардорад.  Қадршиносӣ аз давлату Парчам ва ифтихор аз гузаштаву имрӯз ва фардои халқ яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ва худогоҳии  миллӣ ба ҳисоб  меравад.

Ифтихор аз Парчам ифтихор аз миллати куҳанбунёд буда, ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллати соҳибтамаддун аст. Пас, ҳикмати Парчами миллӣ ин эҳёи хотираи таърихӣ ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллати тоҷик аст. Омӯзишу шинохти Парчами миллӣ – ин василаи пайдо намудани андешаву ҳувият ва устувории пояҳои давлати миллӣ аст.

Умедҷони Раҳматҷонӣ,
судяи суди шаҳри Бӯстон

Читать далее

Рамзи саодату сарфарозӣ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, ифодагари мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми шарафманди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқбол, умед ба ояндаи нек ва сарбаландии миллат мебошад.

Таърихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар сокини мамлакат муқаддас буда, ба шарофати партави он мардум бештар муттаҳид ва озими амалҳои нек  гардида, ифтихори беназирро аз ҳастии Парчами давлатӣ, ки нишони соҳибистиқлолии давлати мост, дар замири худ мепарваранд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Агар ба марҳилаҳои пайдоиши рамзҳои давлатӣ ва бахусус парчамбардориву парчамдории аҷдодони халқи тоҷик мурур намоем, маълум мегардад, ки рамзҳои давлатӣ таърихи хеле қадима дошта, дар раванди зиндагии одамон нақшаҳои гуногунро иҷро менамоянд. Нишону рамзҳо аз қадимулайём дар санг ҳаккокӣ, дар чуб наҷҷорӣ ва дар матоъ нақшдўзӣ мегардиданд.

Вобаста ба шинохти мақому манзалати рамзҳои давлатӣ ва бахусус парчам, нақш ва ҷойгоҳи он дар ташаккули тафаккури маънавии аҳли ҷомеа, баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносву худогоҳии миллӣ ва бо ин васила дар қалби насли шоистаи даврон парваридани ҳисси баланди ватандўстиву эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб бо ибтикори наҷиб ва сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон олимону донишмандон, муаррихону бостоншиносон асарҳои гаронбаҳои илмиро таҳия ва ба хонандагон пешниҳод намуданд, ки намунаи барҷастаи гиромидошти ин рукни давлатӣ маҳсуб меёбад.

Нишону парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ ифодагари хусусиятҳои хоси давлатдории халқу миллатҳо маҳсуб ёфта, барои наслҳои оянда мояи ифтихор ва эҳтироми абадӣ қарор мегиранд.

Аз рўи тадқиқоти устураҳои то замони мо омада расидаи бостоншиносон, таърихи парчамдориву парчамбардории халқи мо аз аҳди бостон оғоз гардида, аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд ва ин анъана то имрўз давом дорад. Дар фаргарди якуми Видевдат, ки қисме аз китоби муқаддаси «Авасто» ба ҳисоб меравад, Бохтар ҳамчун кишвари  зебо бо дирафшҳои барафрохта зикр гардидааст, ки ин далели соҳибпарчаму дирафшбардор будани мардуми сарзамини мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳисоб меравад.

Дар асрҳои миёна расми парчамдорӣ байни мардуми мо ба сифати анъана ва суннати дерина пазируфта шуда, дар сарчашмаҳои таърихӣ инъикоси васеи худро ёфтааст. Дар ин росто ҳаким Фирдавсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома», ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, зимни ба тасвир додани муборизаи қувваҳои некӣ бар зидди бадӣ ёдовар гардидааст, ки Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш карда, халқи ситамдидаро ба мубориза бар зидди душман даъват намуд. Маъруфият ва ҷолибияти парчами халқи тоҷик низ аз ҳамон давра маншаъ гирифта, парафшонии парчами Кова, ки таҷассумгари зери як матои муқаддас ба ҳам овардани мардум буд, то имрӯз шукӯҳу шаҳомати таърихии худро гум накарда, сол то сол қадру қиммати он афзун мегардад. Марҳилае, ки парчами Кова парафшон гардид, ҳамагон онро «Дирафши Ковиён» номиданд ва муборизаи онҳо муборизаи озодихоҳӣ буд. Шуруъ аз он айём, парчам ба сифати рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул ва шоистаи эҳтиром қарор гирифтааст.

Мувофиқи андешаи Фирдавсӣ «Дирафши Ковиён» ҳангоми  шўриши мардум бо сардории оҳангар Кова бар зидди Заҳҳок ба вуҷуд омадааст. Кова шўришчиёнро ба назди Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи шоҳони Пешдодиён буд, овард ва ӯ ин дирафшро бо 4 ситораи тиллоӣ, сангҳои қимматбаҳо, матои ранги сурх, зард ва бунафшдор зебу ороиш дод ва «Дирафши Ковиёнӣ» ном гузошт.  Дар   адабиётӣ  динӣ   истилоҳи Кавӣ, Ковиён ба маънои баҳодур, каҳрамон, бузургпаҳлавон омадааст.

Ҳатто дар замонҳои қадим мансаби парчамбардорӣ мавҷуд буда, ба ин симмат шахсе интихоб мешудааст, ки дорои ҷуссаи тавоно ва ғайрату матонати мардонагӣ бошад. Дар ҷараёни муҳорибаву набардҳо парчамбардор аз ҳарду тараф дорои мавқеи махсус буда, натиҷаи набардҳо, аз ҷумла пурра ғолиб ё мағлуб шудан аз ишораи онҳо тавассути боло ва поён намудани парчам муайян карда мешудааст. Сарчашмаҳо мавҷудияти парчамҳоро ба оғози таърихи давлатдорӣ мансуб донистаанд. Дар аҳди бостон лашкаркашон дар набардҳо зери парчам гирд меомаданд ва ҷилвагарии парчам нишони зафар буд. Аввалин тасвири парчами сипоҳи Ориён-порсҳо, суғдиён, бохтариён дар деворнигораҳои шаҳри Помпеи Рум, асрҳои 2-1 то милод кашида шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати ҳахоманишиён, зери сарварии Доро бо лашкари Искандар дар соли 333 то милод акс ёфтааст. ҳанўз дар асрҳои 3-2 пеш аз милод қабилаҳои ориёнаҷод соҳиби рамзи худ буданд, ки он «Меҳроб» ё «Фарри ориёӣ» ном дошт. Ин рамзи хуршед, офтоб, покизагӣ ва нишонаи абадият буда, ишораест ба чаҳор унсур: хок, об, оташ, ҳаво ки мавҷудияти оламро ташкил медиҳанд.

Мардуми ориёитабор дар зери парчам натанҳо империяҳои абарқудратро ба монанди ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён ба вуҷуд оварда, низоми тавонманди идоракунии давлатиро созмон додаанд, балки ҳамзамон аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқии аҳли башарро, ки дар таърих бо номи «Эъломияи ҳуқуки башари Куруши Кабир» маълум аст, ба оламиён муаррифӣ намуданд. Имрӯз ин ҳуҷҷат бо номи Эъломияи ҳуқуқи башар дар дунё маъруф гаштааст. Эъломияи ҳуқуқи башари имрӯза, ки аз тарафи Созмони Милали Мутаҳид баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қабул шудааст, маҳз аз ҳамин Эъломияи Куруши Кабир маншаъ гирифтааст.

Ҳанўз дар замонҳои сулолаҳои ҳукмрони вақт - Саффориён, Тоҳириён ва баъдан Сомониён парчамдорӣ пойбарҷо буда, ин давлатҳо парчами ягонаи давлатии худро доштанд ва ба онҳо эҳтироми хосае дода мешуд. Пас аз сулолаи Оли Сомон, замони ҳукумронии Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, Чингизиён, Шайбониён, Аштархониён анъанаи давлатдории тоҷикон аз тарафи сулолаҳои вақтии аҷнабӣ давом дода, аз ҷумла ин давлату сулолаҳо низ соҳиби парчами хосаи худ буданд, ки дар онҳо анъанаи парчамдории давлатдории тоҷикон нигоҳ дошта мешуд.

Тӯлонитарин замонҳо барои парчам ба давраи ҳахоманишиён пайванд дорад. Ба эҳтимоли зиёди муаррихон дар парчами даврони ҳахоманишӣ тасвири уқоби болдор бо парҳои кушода ва қурси хуршед дар пушти сари уқоб тасвир шудааст. Дар асоси ривоятҳо, пеш аз он ки Куруши Кабир ба маснади шоҳӣ нишинад, пеши назари ӯ фарри эзадӣ ба намуди уқоб намудор мегардад. Минбаъд ҳамин фарри эзадӣ, ки ӯ ба намуди уқоб дидааст, дар дирафши ҳахоманишиён ҷойгузин шудааст. Дирафши ҳахоманишиён аз мавзеи Тахти Ҷамшед дарёфт  гардидааст.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дар  Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул карда шуд. Он яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти  миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. 29-уми октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр рўзи Парчами давлатӣ эълон  карда  шуда, ҳамасола ҷашн гирифта шавад. Бо мақсади амалӣ намудану асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3-юми ноябр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19-уми ноябри ҳамон сол Парлумони Тоҷикистон онро тасдиқ кард. Маҳз ин иқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон  буда,  аз  ҳар  як  сокини кишвар ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Зеро, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат, ифодагари муҳимтарин ғояҳои сиёсӣ, мақсаду маром, воситаи тарғибу ташвиқи  соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро дар таърихи 24-уми ноябри соли 1992 қабул намуд. Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро дороанд.

Дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчам, Нишон ва Суруди  миллӣ аз рамзҳои  давлатӣ  маҳсуб мешавад. 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва дар  ҷумлаи оғози ин Низомнома  омадааст:  «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Тамоми муқаддасоте, ки  дар Ватани мо ҳаст, ҳам муқаддасоте, ки  ба фарҳанг алоқаманданд, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва  ҳам ба имрўзи мо, ба идеалҳои мо алоқамандӣ доранд,  ҳама дар ҳамин ҷумла нуҳуфта аст, яъне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар радифи ду рамзи дигар,  Нишон  ва  Суруди миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори  халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории  ин миллати соҳибтамаддун  аст. Парчам дар тўли таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дошт.

Дар воқеъ Парчам рамзи ягонагии давлату миллат буда, зери парафшонии он кормандони мақомоти қудратии кишвар ва дигар хизматчиёни давлатӣ баҳри ҳимояи марзу бум, якпорчагӣ, таъмини ҳаёти осоишта, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба Ватан ва ба халқ содиқона савганд ёд мекунанд. Чунин амалҳо воситаи тавонои тарбияи насли наврас дар руҳияи баланди ватандўстӣ, садоқат ба Ватану касбу савганд ба ифтихор аз рамзҳои давлатӣ мебошад.

Бо дарназардошти ин ва инчунин ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони  парчам» номгузорӣ шуд. Яъне 30-юми августи соли 2011 рўйдоди хеле муҳиму фараҳбахш – барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 165 метр ва андозаи 60х30 ба вуқўъ пайваст ва он дар китоби рекордҳои Гинес ҳамчун баландтарин парчами дунё сабт гардид.

Дар баробари ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикзабон аст, ки дар пештоқи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами давлатии Тоҷикистон парафшонӣ мекунад.

Тоҷикистониён бо раҳнамоии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расиданд. Бинобар ин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои миллӣ мебошад. Эҳсоси муҳаббати самимӣ ба парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ мегардад, ки агар бидуни расмият ё ҷашнҳои умимидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро самимона баҷо оварад.

Маҳз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 ноябри соли 2016 бо мақсади истифодаи васеи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ ва рамзи давлатдории навини миллӣ меъёрҳои наверо муқаррар карда шуд, ки мавридҳои истифода ва тартиби афрохтани Парчами давлатиро боз ҳам фарохтар мегардонад. Аз ҷумла мувофиқи тағйироти воридгардида ба моддаи 5-и Қонуни мазкур, ки тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад меъёре ворид гардид, ки мувофиқи он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. ҳамчунин мувофиқи муқаррароти нави пешбинигардида афрохтани Парчами давлатӣ дар рўзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо имконпазир гардид.

Бо дарназардошти чунин меъёрҳои нави қонунгузории кишвар ва айёми фарорасии Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон итминони комил дорем, ки мардуми сарбаланди Ватани маҳбуб бо иноят ва роҳнамоиҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри гиромидошти рамзҳои давлатӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо ҳамчун рукнҳои давлатдории навини миллӣ ҷаҳду талош намуда, зери партавфишонии Парчам барои саҳмгузорӣ дар рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи арзишманди хешро хоҳанд гузошт.

Ғ. Зоирӣ - муовини раиси шаҳри Бўстон,
М. Нурзода - мудири шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи
раиси шаҳри Бўстон 

Читать далее