24 November 2017

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик мегӯям.

Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Читать далее

Мазҳабгароӣ душмани ислом

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихи дини ислом гуфтори зерин ба Муҳаммад Пайғамбар (с) тааллуқ дорад: яҳудиҳо ба ҳафтоду як мазҳаб пароканда шудаанд, масеҳиҳо ба ҳафтоду ду мазҳаб пароканда шудаанд. Ҷамоаи ман низ пароканда мешавад ба ҳафтоду се мазҳаб.

Таърихан дар ислом парокандагӣ ва низо байни пайравони дин аз сабаби ба мазҳабҳо ҷудо шудани он пайдо шуда будааст. Аниқтараш, тибқи ривоят нахустин низоъ дар даврони халифати Усмон соли 656 бо сабаби норозигии мисриҳо аз ҳукмронии ў сар задаст. Пас аз изҳори норозигӣ Усмон тариқи мактуб фармони қатли эътирозгаронро ба миср фиристод, аммо мактуб дар роҳ ба дасти худи мисриҳо фаромадааст. Онҳо бо роҳбарии Абдуллоҳ писари Абубакр шўриш бардошта, Усмонро ба қатл расонидаанд. Ҳамин тариқ, барои интихоби халифаи нав нофаҳмӣ сар зада, тарафдорони ақидаҳо ба ду мазҳаб ҷудо шудаанд.

Низоъи мазҳабӣ, дар ҳаёти маънавии ҷамъият падид омада, бо масъалаҳои эътиқод ва арзишҳои маънавӣ алоқаманданд. Низоъи мазҳабӣ – задухурд ва муқобилияти байни пайравони мазҳабӣ гуногун бо мухталифати арзиш, тафаккур ва муносибат ба намояндагони мазҳаби дигар мебошад. Дар замони муосир низ асоси низоъҳои динӣ парокандагии мазҳабӣ буда, тавре аз воситаҳои ахбори умум шоҳид ҳастем, то ба хунрезиҳо анҷом меёбад. Ҳамарўза тариқи ВАО-и ватаниву хориҷӣ доир ба чунин задухурди мазҳабҳо иттилоъ ба назар мерасад. Бояд қайд кард, ки чунин ахбор солҳои охир бештар ба назар мерасад. Агар оғози солҳои 2000-ум ин задухӯрдҳо бо кашокаш ва сангпартоӣ анҷом ёбад, солҳои охир дар чунин задухурдҳо даҳҳо нафар ҷони худро нисор кардаанд. Мисоли рўшани ин гуфтаҳо, аз сомонаҳои интернетӣ низ ҳамарўза, мушоҳида мерасад.

Тавре нависандаи аврупоӣ Ҷобанотан Свифт таъкид менамояд: «Имони мо барои бадбинии ҳамдигар кифоягӣ мекунад, аммо барои дўст доштани ҳамдигар кофӣ нест». Ин суханони нависанда ҳақиқати талхи вазъияти муосирро ифода мекунад, зеро мутаасифона, дар кишваре, ки байни аҳолӣ дину мазҳабҳои мухталиф мавҷуд аст, задухўрдҳо, нофаҳмиҳо бо натиҷаҳои нохуш ва марговар бештар гардидаанд. Мисол дар Бангладеш ҳолатҳои куштори рўҳониёни масеҳӣ, буддоӣ сўзонидани хонаи онҳо ба қайд гирифта шудааст. Ин гурўҳ асосан аз ҷониби мусалмонони сунъимазҳаб таъқиб мегарданд. Худи мусалмонон бошанд, дар ин кишвар аз ҳамлаҳои мусаллаҳонаи пайравони мазҳаби ҳинду азият мекашанд. Байни худи мусалмонони Бангладеш низ задухўрдҳои зиёд ба қайд гирифта шудааст. Тавре аз сарчашмаҳои иттилоотӣ бармеояд дар Бангладеш мазҳаби аҳмадия низ мавҷуд буда, байни дигар мазҳабҳои ислом задухўрдҳои мусаллаҳлона зуд-зуд ба амал меояд. Дар дигар мамолики дунё Алҷазоиру Индонезия, Филипин, Миср барин кишварҳо нооромӣ ва мухолифат аз сабаби зиддиятҳои мазҳабӣ сар зада истодаанд. Ва ё кишварҳои Шарқи наздиқ, Покистон, Афғонистон ва даҳҳо кишварҳои дигарро мисол оварда метавонем, ки дар онҷо маҳз мухолифати мазҳабӣ боиси муноқиша байни аҳолӣ гардидаанд. Маҳз ин задухӯрдҳо сабаби хароб гардидани маҳаллаву, шаҳрҳо, бепарастор мондани фарзандон шудааст.

Имрўз дар тамоми ҷаҳон зуҳуроти «Низои мазҳабҳо» паҳн гардида, то ба ҷангҳои мусаллаҳона расидааст. Ҷангҳои Ироқу Сурия далели қотеъи он аст, ки  мазҳабгароӣ оқибати нохуш дорад. Барои роҳ надодан ба чунин оқибатҳо, дар макотиби миёнаву олӣ, масҷидҳои ҷомеъ тариқи васоити ахбори омма, натиҷаи нохуши мазҳабгароиро ба пуррагӣ фаҳмонидан мувофиқи мақсад аст. Зеро мазҳабгароӣ душмани ислом буда, аксари андешаҳои мазҳабҳои кунунии аксаран тундрав бо арзишҳои аслӣ ва поки дини, мубини ислом муносибате надоранд.

И.Т. Қосимова,
сармуаллимаи кафедраи журналистика ва
назарияи тарҷумаи ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Fафуров  

Читать далее

Арҷгузори миллати хеш бошем!

Миллати тоҷик дар арсаи таърих бо офаридани арзишҳои олии маънавӣ ва фикрӣ қудрати созандагии хешро ҳамчун бунёдгузори муҳити комили фарҳангӣ, мероси ғании маданиву адабӣ, илмиву фалсафӣ собит намудааст. Баҳрабардорӣ аз арзишҳои фикриву фарҳангӣ ва маънавӣ рукни муҳими таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб мешавад, ки ин амал дар меҳвари сиёсати фарҳангсоз ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Махсусан, таблиғи насли наврас ба омўзиши мероси таърихӣ ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷўҳи хоси мақомоти раҳбарии кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Ба ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». 

Ин гуфтаҳо, дар шароити кунунӣ ҳамчун ҷузъи қавии сиёсати куллии давлати тоҷикон шинохта шудааст. Имрўз дар партави баргузории чорабиниҳои мўҳташами бархурдор аз арзишҳои фарҳангиву маънавӣ аз тамоми қишрҳои иҷтимоии ҷомеа даъват ба амал оварда мешавад, то ки ба омўзиши мероси аҷдодӣ ва сабақгирӣ аз таҷрибаи хирадмандони миллат масири таърихи мавҷудияти хеш  таваҷҷўҳи махсус зоҳир гардад.

Ҳамчунин, давлат барои шаҳрвандон дар роҳи пайравӣ намудани дини мубини Ислом ягон маҳдудият эҷод накардааст, баръакс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва пайравии озодона ба  дин, эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар кафолат дода мешавад. Вале ин ҳаргиз маънои тарғиби амалҳои террористиву мазҳабгароӣ ва ақидаҳои ифротиро надорад.

Солҳои охир хоҷаҳои исломии навбаромади кишварҳои нимҷазираи Арабистон (хилофатпараст) диққати тамоми мамлакатҳои оламро ба худ ҷалб намудааст. Намояндагони зархарид ҷавононро, гўё ба ҳимояти ислом ва ташкил кардани хилофати ягонаи мусулмонӣ даъват карда истодаанд. Ташкил кардани чунин хилофатро, ки дар сиёсати имрўзаи исломиашон бо номи ДИИШ муаррифӣ мекунанд ва асосаш қатлу куштори ваҳшиёнаи кўдакону занон, ҷавонону пиронсолон мебошад, бо роҳи зўроварӣ ва даҳшатфиканӣ амалӣ карданианд. Мутаассифона нафарони манфиатдор ҳам ҳастанд, ки пайваста ҷавононро дар зери ниқоби дини мубини Ислом дар рўҳияи террористиву ифротгароӣ омода намуда, озими давлатҳои ҷангзада кардаанд.

Бисёр таассуфовар аст, ки як зумра фарзандони гумроҳшудаи миллати мо ҳам ба доми онҳо афтода, барои ҷиҳод озими Сурия шудаанд. Бадбахтӣ дар он аст, ки иддае аз онҳо бо зану фарзандонашон рафтаанд. Як қисмашон қурбони ин «ҷиҳод»-и кўр-кўрона шуда, зану фарзандон бесоҳиб мондаанд.       

Террористон ниятҳои разилонаи худро бо рехтани хуни мардуми бегуноҳ чи дар Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, чӣ Либияву Миср бо мақсади тарсонидани аҳли башар амалӣ намуда истодаанд,  вале инсоният ҳеҷ гоҳ аз ин гуна амалиётҳои ваҳшиёна  ба ҳарос намеафтад, балки чунин рафторҳои ғайриинсонӣ сабаби боз хам муттаҳид шудани аҳли башар зидди қатлу куштор, муборизаи дастҷамъонаи мардуми инсонпарвар зидди чунин падида мегардад.

Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурўши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намоем, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳид шуда, бо зиракӣ ва хушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеа пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Касе, ки арҷгузори миллати хеш аст ва анъанаҳои миллӣ барояш азиз аст, ҳаргиз ба расму ойини ба халқи худ бегона рў намеорад.

Дилрухсор Фармонова,
 номзади илмҳои таърих,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 

Читать далее

Пешвои миллат – Рамзи саодату сулҳ

Нақши шахс дар таърих аз мавзӯъҳои басо ҷолиб ва мураккаби илми ҷомеашиносист. Тайи даҳсолаҳои охири ташаккул ва пешрафти кишварҳои тозаистиқлол дар фазои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ донишмандону сиёсатшиносон дар бораи шахсиятҳои таърихӣ– пешвоёни қавму миллатҳо бисёр навиштаанд. Падидаи пешвои миллӣ дар  фарҳангӣ сиёсии  кишварҳои тозаистиқлол моҳиятан падидаи наву нодир мебошад ва арзишу манзалати онро на танҳо дар сиёсат, балки дар матни таърих ҳам муайян бояд сохт.

Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ, фарҳанги зиндагӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату иродаи сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷасум кардаанд, дар пайвастагии бевосита қарор дорад.  

Ва ниҳоят, пешвоёни миллие, ки соҳибмаърифат буданд, соҳиби обрӯву эътибори байналмилалӣ шудаанд. Гуфтанист, ки миқёси фаъолияти онҳо маъмулан аз доираи кишварҳояшон берун баромада, ташаббус ва тадбирандешиҳои байналхалқии ин пешвоён ба пешрафти кишварҳои дигари ҷаҳон низ таъсири мусбат бахшидааст.

Муваффақиятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рисолати пешвои миллӣ дар ибтикороту амалҳои ӯ таҷасум ёфтааст ба сифати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳ аст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва ташхиси саҳеҳи воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи ҷанги кишвари мо шуданд, бо гурӯҳҳо ва нерӯҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, музокира карданд, ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз карданд. Имрӯз бидуни истисно тамоми узви ҷомеа эътироф мекунанд, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар мамлакат аз бузургтарин хидмати пешвои миллии мост. Хидмате, ки ба шарофати он Истиқлолияти Тоҷикис­тон устувор ва амнияти мардуми кишвар таъмин шудааст.

Пешвои миллати мо имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун рамзи саодату сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, раҳнамои беамсоли фардои ободи миллату давлат шинохта шудаанд.

З.Д.Ахмедова,
Муовини декан оид ба тарбияи
факултети забонҳои хориҷӣ

Читать далее

Қонуни танзим ва маънавияти мардум

Чанде cол  муқаддам ба хонаи яке аз дӯстонам дар деҳаи дурдасти Панҷакенти деҳаи Ровадин меҳмон шудам. Бегоҳ дар ҳавлии эшон, ки падараш аз шахсиятҳои боэҳтиром ва боэътибори деҳаи Ровадин ҳисоб мешавад, 5-6 нафар, ба қавле пирони рӯзгордида сари дастурхони пурнозу неъмати кӯҳистонӣ ҷамъ омада, аз зиндагии хеш, бурду бохти рӯзгор, муаммоҳои ҳаёташон нақл мекарданд. Дар ин гуна сӯҳбатҳо хоҳ нохоҳ муқоисаи усули зиндагии мардуми деҳ бо шаҳр, расму оинҳо, анъанаҳо, тӯю маъракаҳо ба миён меафтод. ҳини гуфтугузор  оқсаққолҳои деҳаи Ровадин гуфтанд:

-Раҳмат, ба Ҷаноби Олӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро имзо гузоштанд. Медонед, чӣ қадар маъракаҳову маросимҳои мо душвор буд? Масалан, дар рӯзи ҷаноза соҳиби мурда барои ҳар як нафари ташрифоварда аз 20-то 50 сомонӣ маблағ медод. Тасаввур кунед, ки баҳои гӯру чӯби як мурда чӣ қадар аст. Аниқтараш чӣ қадар масрафи беҳуда доштем.

- Бале, ҳақ ба ҷониби Шумо,- илова намуд мӯйсафеди дигар, -х одати «тӯқус» ҳам вазнин буд. Ман шахсан барои як тӯйи хатна аз 9 то 20 гӯсфанд сарф кардаам. Бузкашиҳои бемаънӣ дар тӯю маъракаҳо ғазотгари соҳибони маърака буд. Хайрият қонуни танзими расму оинҳо баромаду ба ин баландиҳо каланде шуд.

Бале, ин чанд мисоле, ки дар он сӯҳбати пирони деҳаи Ровадин зикр шуд, донае аз хирвор аст. Чӣ қадар одату маросимҳои серхарҷу пурмасраф дар ҷойҳо мавҷуд буд, ки маҳз тавассути қонуни мазкур ба танзим даромад, ё хушбахтона баъзеи онҳо аз байн рафт. Воқеан, ағлаби маврид таассуб ба ёрон боиси сарфу харҷҳои зиёд ва муфлисӣ мегардад. Чунончӣ, агар як нафари сарватманд ё доро тӯи пурдабдабае барпо мекард, ки аз даъвати шумораи зиёди одамон, тӯҳфаҳои гаронқадр ба арӯсу домод, дастурхони аз меъёр зиёд фаровон иборат буд, атрофиёнро бетараф намегузошт. Новобаста ба маблағи зарурӣ ҳамсояву ҳамкор, хеш ё дӯст бо шиори «ман аз ту кам нестам» ё талоши обрӯ он амалҳоро такрор мекард, ки дар натиҷа оиларо ба муфлисӣ мебурд ва он таъсири нохушоянде ба зиндагии минбаъдаи навхонадорон мегузошт. Муҳобот намешавад агар гӯем, ки ба  ҷудоиҳои навҷавонон шаби тӯйи арӯсии онҳо ибтидо мегузоштем, ки бунёдаш сарфу хароҷоти нодаркору нолозим буд. Бале, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» давоми  мавҷудияташ як андоза таассуби беҷоро аз байн бурд ва он мардумро аз хиҷолоти «чаро ман наметавонам монанди як доро тӯй ё маърака кунам?» наҷот дод. Тӯю маъракаҳо низ аз ҷанбаи моддӣ ба маънавӣ гароиданд. Падарам нақл мекарданд, ки солҳои 50-60-ум тӯйхона мавзеи маънавият буд. Одамон асосан барои шунидани сурудҳои ҳофизон меомаданд, аз ширинкориҳои санъаткорон ҳаловат мебурданд. Дар як тӯй 5-6 кат рост мекардем, дигар ҳаққу ҳамсояҳо, ҷавонону наврасон тамошобин буданд. Барои мардум муҳим ғизои маънавӣ буд, на моддӣ. Мутаассифона, пеш аз қонуни танзим замоне расида буд, ки тӯй воситаи шикампуркунӣ гардид. Дастурхони пурнеъмату чанд навъи таом муҳимтарин меъёри маърака гардид. ҳатто мардум дар тӯи ин ё он нафар ширкат варзида, намедонистанд, ки он маъракаи хонадоршавӣ ё хатнатӯӣ?

Инчунин оддитарин маъракаҳо чун гаҳворатӯӣ, арӯсбинон, дидани духтар ва ғайра ба маъракаҳои калон табдил ёфт. «Омадан, нишастан, хӯрдан, рафтан» ин буд маъракагардии мо. Мабодо як навъи таом кам гардад ё миқдори ширкаткунандагон дар тӯй бисёр набошад, ҳамдигарро айб мекардем: «Тӯйро тавонӣ кун-дия».

Қонуни танзим зимнан дар баробари ба мардум фоидаи моддӣ бахшидан, дар ғановати маънавияти онон низ таъсир расонд.

Дар Хуҷанд шахсони фозилу донишманд дар заминаи пиёда намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» андешаҳои ҷолибро дар сӯҳбатҳо баён мекунанд, ки дар заминаи он метавон биёре аз расму анъанаи деринаи худро танзим ва суннатҳои арзандаи деринаро эҳё намуд. Дар партави ин Қонун ва андешаҳои аҳли фазл банда ҳам мехостам зикр кунам, ки бо шарофати Қонуни мазкур маъракаҳо  хурд гардидааст. Дар ин гуна  нишастҳо сухан ва суруду оҳанг бештар қадр пайдо кард. Хуб мебуд, дар тӯю маъракаҳои мо анъанаи дерина, ки аз сабқати шеъру суханварӣ ва ҳунарварӣ иборат аст, эҳё мешуд. Магар ба маъракаҳои имрӯза ҷилои маънавӣ бахшидан душвор аст? Оқилону фозилони маҳаллаҳо, авлод кореро ба анҷом расонанд, ки махсусан барои ҷавонон шоистаи ибрат бошад. Мардум аз шеъру сурудҳо лаззат бурданро биомӯзанд ва тӯйҳо дар зеҳни иштирокдорон солҳои сол нақш бубандад. Чаро мо дар тӯю маъракаҳо аз хидматҳои соҳиби маърака ба ҷамъият, авлодони ӯ, гузаштагонаш нақл накунем? Чаро мо дар тӯю маъракаҳо аз таърихи диёр, лаҳзаҳои хотирмон, ҳикматҳои бузурги гузаштагон нақл накунем? ҳаҷву мутоибот, ҳозирҷавобиро, ки дар сиришти мардуми тоҷик зинда аст, чаро дар тӯйҳо ифода накунем? Ба андешаи банда тӯю маъракаҳо ҳам асарест, ки аввалу охир дорад ва танҳо китоби хуби хонданӣ муассир хоҳад буд.

Як ҷанбаи муассири Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» байни мардум кам шудани гилаву гилагузорист. Имрӯз агар бо тақозои меъёри муқараршуда  ин ё он касро ба маъракаи хеш даъват накунед, чун панҷ сол муқаддам зери борони гилаву ҷингила ва таъна намемонед. Қонун соҳибихтиёрии моро  дар даъвати меҳмонон таъмин кард, ки боиси оромии руҳии инсонҳо гардид. Бале, алҳол рӯзи шодии хешро инсон бо онҳое мебинад, ки воқеан аз наздикону қарибони ӯ бошад. Гузашта аз ин, қонуни мазкур ибороти «меҳмони туфайлӣ»-ро аз байн бурд. Имрӯз мардум бо табассуми надоматангез ба ёд меоранд, ки дар як субҳ як нафар то 5-6 маъракаи оши наҳорро зиёрат мекард, ки дар аксари он меҳмонони туфайлӣ буданд. Бале, он замон камтар фикр мекардем, ки «оё моро ба он маърака хабар кардаанд ё не?» Ташрифи меҳмонони туфайлӣ боиси ташвиши соҳиби маърака ва хароҷоти иловагӣ мегардид. Бале, имрӯз бояд дарк кард, ки зиндагии инсон аз тӯю маърака рафтан иборат нест. Арзишҳои дигаре низ мавҷуданд, ки рисолати аслии инсонро муқаррар мекунанд: илмомӯзӣ, ҳунарварӣ, ободкориву бунёдкорӣ ва монанди инҳо.

Албатта, тӯю маърака як ҷузъи зиндагии инсонҳост. Одам фарзанддор мешавад,  ӯро ба камол мерасонад, замоне ҳам мерасад, ки бояд фарзандро хонадор кунад. Инсон орзу мекунад, ки рӯзи тӯи фарзандро бо дӯстону азизонаш қисмат кунад. Руҳи инсон ташнаи суханҳои нек аст, мехоҳад, азизону дӯстонаш ӯро муборакбод кунанд, шодишарик шаванд. Дастурхон меороянд, то он хайроте бошад ҷиҳати шукргузории ӯ аз ин рӯзи нек. Аз ин нуқтаи назар тӯй бештар ҷанбаи маънавӣ дорад, на моддӣ. Пас ҳар як нафаре, ки ба ин ё он маърака меравад, бояд хешро шодишарики соҳиби тӯй бинад. Яъне, ғараз аз тӯйравӣ талаби дидор аст. В-арна ин нону намак дар ҳама ҷо бисёр аст. Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар давоми даҳ соли мавҷудияташ тафаккури моро оиди гузаронидани маъракаву маросим ба ҷониби мусбат тағйир дод. Дар партави ин қонун мо метавонем маъракаву маросими хурду ихчам ва пурмазмунро рӯи кор орем. Зеро бо гузашти айём ба ёд овардан ва аз фитаи видео тамошо кардани маъракаҳои зиндагӣ гуворост. Танҳо сухан, лаҳзаҳои гуворои ҳамнишинӣ, оҳангҳои дилнишин, сӯҳбатҳои пурмазмун солҳои сол дар хотираҳо зинда мемонанд. Нозу неъмати серхарҷи дастурхон, ки василаи вақтгузаронӣ буд, чун худаш аз ёдҳо ҳам ба нестӣ хоҳад рафт.

 Саидумрон САИДОВ,
 номзади илмҳои филологӣ,
 дотсент

Читать далее

Ҳидоятгари фардои дурахшон

Эълон шудани 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз навгониҳои фараҳбахши муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон маҳсуб ёфта, саҳми он дар болоравии ҳисси худшиносии миллии шаҳрвандон арзанда аст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар рангҳои сурху сабз ва сафеди  Парчами кишварамон рамзи ҳаёти ҷовидон, матонату шуҷоат, покию беғуборӣ ва файзу баракатро мебинанд. Маҳз рангҳои Парчам чун омилҳои ҳидоятгари ободиву шукуфоӣ мебошад.

Парчамро сари баланди халқ, шиносномаи он дар арсаи байналмиллалӣ меноманд. Воқеан, чун парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос мондааст. Дар сарчашмаҳои қадимтарини ориёиён ин рамзи давлатдорӣ бо номҳои ливо, алам, парчам, дирафш ёдоварӣ шудааст.

Парчам таҷассуми рамзи давлатдорӣ, шукӯҳи миллӣ, нангу номуси ватандорист. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдоди мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлати онҳоро  таҷассум менамуд. Парчами қадимаи тоҷикон “дирафши коваён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ ба ҳисоб мерафт. Ин парчам то замони аз байн рафтани давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Дар замони Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болоии он тасвири паррандаи заррин-мурғи ҳумо ҷой гирифта, дар бахши мураббаи он қимматарин сангҳо насб мегардиданд. Тавре ки дар “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузурги номдори сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштанд.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки тибқи он комиссияи махсус барои таҳияи намунаҳои нави рамзҳои давлатӣ ташкил карда шуд. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмун эълон карда шуд. Ҳамаи иштирокчиёни озмун тасвирҳои серахаро пешниҳод намуданд, ки ранги онҳо сурх ё зарди сурхтоб, сафед ва сабз буд. Аз он ҷиҳат ақидаҳо бо ҳам мувофиқат доштанд, ки муаллифони лоиҳаҳо ҳангоми омӯзиш анъанаҳои имрӯза ва таърихи давлатдории тоҷиконро дар асрҳои VII-X ба асос гирифта буданд.

Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикикистон, Асосгузори Сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми қабули вазифа чун рамзи эҳтиром Парчамро бӯсида, дар назди он қасами сулҳовари худро эълон намуданд. Дар ин хусус суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати парафшон гардидани баландтарин Парчами ҷаҳон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе иқтибос меорем:

“Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ- сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шудаанд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон- Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд, ки имрӯз мо он лаҳзаи сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем. Зеро, он айём барои мо аввалин рӯзҳои эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳалаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон буданд.”

Воқеан, мардуми шарафманди Тоҷикистон дар рангҳои сурху сафеди Парчам рамзи ҳаёти ҷовидона, матонату шуҷоат ва соҳибистиқлолӣ, тозагӣ, осоиштагиву сулҳ, роҳи сафед ва беғубории рӯзгор, табиати ҳамешабаҳор, файзу баракат, ҷавонӣ ва зебоиро мебинанд. Ҳафт ситора дар атрофи тоҷи каёнӣ барои тоҷикон таҷассуми 7 минтақаи сарзамини Ориё ва ҳафт минтақаи  таърихиву фарҳангии Тоҷикистони имрӯза- Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Вахш, Хатлон, Рашт ва Бадахшон мебошад. Рангҳои Парчам чун бахту толеи тоҷикон моро ба сӯи ваҳдат равона месозад.

Бо ташабус ва иштироки Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 августи соли 2011 бахшида 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165- метра, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии худи парчам 30 метр ва дарози ё паҳноияш 60 метр мебошад. Пояи парчами давлатӣ бо чунин баландӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи Алюминсохтмон ва ширкати байналмилалии Трайднт Саппот бунёд ёфтааст.

Бигзор Парчами Тоҷикистон ҳамеша баланду парафшон бошад ва тавре дар Суруди миллии мо ишора мешавад, ба зери он саф  кашида, дар сояи он барои ояндаи неку ҷовидонии Ватани аҷдодии худ саъю талош намоем.

Нозимова Мадина

Факултети забонҳои хориҷӣ

Читать далее

Сарчашмаи саодати оилаҳои ҷавон

Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эҳёи анъанаҳои миллии ниёгон, тадбирҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум, пеш аз ҳама, ба ҳар оила ва рўзгори мардум манфиатбахш рўи кор омаданд, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо дарки ин масоил ва пос доштани анъанаҳои неки гузаштагони бофазилатамон, ки вазифаи муқаддаси ҷомеа ба ҳисоб меравад ва баҳри ба тартибу низоми муайян овардани  маросимҳои миллию ҳанўз соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш бо аҳли ҷамоатчигии кишвар соли 2007 таъкид сохта буданд, ки “мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем”.

Масалан, агар ба таърихи гузаронидани тўю маъракаҳои солҳои 1991 - 2007 дар вилояти Суғд назар афканем новобаста ба шароити иқтисодиву иҷтимоии мардум гузаронидани “Ноншиканон” бо меҳмонони зиёда аз 100-150 нафар, “Оши наҳор” 500 - 1000 нафар, “Маҷлиси духтарон” 200 - 300 нафар, “Тўйи арўсию домодӣ” 500-800 нафар, “Домодталбон” 200-300 нафар, “Қудоталбон” 100-200 нафар, даъвати 300-500 нафар дар баргузории “Оши хатнасур” ва бо иштироки 200 - 400 нафар хабар кардани меҳмонон ва хешу ақрабо дар “Тўйи суннатӣ”-и кўдакон бо оростани дастурхони тўёна, забҳи чорвои хурду калон, ҷалби санъаткорон, ороиши хонаю тарабхонаҳо волидайни ҳар ду ҷониб ва ё соҳибони маъракаро ба ҳолате гирифтор менамуд, ки меҳнати 5-10 солаи хешро барои ин маросимҳо масраф намоянд. Дар бештар маврид қарздорӣ гулўгири онҳо шуда, боз дунболи кору фаъолият роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш мегирифтанд...

Иштирокчиёни тўю маъракаҳоро асосан волидайн, хоҳарону бародарон, хешу таборон, ҳамсояҳои ҳар ду тараф, ҳамаи ҷўраҳои домоду арўс (ҳамсинфону ҳамкурсон, рафиқон, ҳамкасбони арўсу домод ва волидайни онҳо...) ва дигар наздикону пайвандони бобою бибӣ ташкил медоданд. Фикру хаёли оила, махсусан, волидайн на ба таълиму тарбияи фарзандон балки барои дарёфти маблағ ва гузаронидани тўю маъракаҳо банд буд. Ин зиёдравиҳо дар роҳи баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагӣ, бахусус оилаҳои камбизоат монеаҳои ҷиддӣ эҷод кард ва аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо бори гарон ба сари мардум гардид. Дар натиҷа соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” таҳия ва қабул гардид. 

Дар марҳалаи дуюм, яъне, солҳои пас аз амали ин қонун солҳои 2007 – 2017 бештари маъракаҳои “ноншиканон”, “домодталбон”, “қудоталбон” ба маъракаҳои оилавӣ бо ҷалби аъзоёни оилаҳои ҳар ду тарафи навхонадорон табдил дода шуд. “Маҷлиси духтарон” ва дигар маъракаҳои нолозим пурра аз байн бардошта шуда, тибқи қонуни мазкур даъвати аз меъёр зиёди меҳмонон ба ҳамаи тўю маъракаҳо ва маросимҳои динӣ манъ карда шуд. Дар ин бобат меъёрҳо муайян карда шуданд, ки нисбати шахсони вайронкунанда муҷозоти интизомӣ ва ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардид, ки ин вазъ ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва зиёд гардидани теъдоди тўю маъракаҳо дар ҷумҳурӣ боис гардид.

Сокинони кишвар дарк намуданд, ки қабул ва амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба      манфиати мардум аст.

Ниҳоят марҳалаи сеюм бо бардошти таҷрибаи 10 солаи амали ин қонун соли 2017 бо ташаббус ва ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат нигаронида шудааст ва ин тадбири хайру савоб аз тарафи сокинони кишвар бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Зеро бо тағйиротҳои нави қонун ба моддаи 5 илова гардид, ки минбаъд тасдиқи Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба моддаҳои 6, 7, 10, 11, 12 меъёрҳои нав илова шуданд, ки мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ минбаъд бояд фаҳмонидани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросим мегузаронанд, ба қайд гирифтани тўйи домодию арўсӣ ва маросими  азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт ва андешидани  чораҳоро  ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи қонуни мазкур ба роҳ монанд. Ин амал  ҳуқуқвайронкуниҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба як тартибу низоми муайян дароварда, аз зиёдравиҳо ва қонуншиканиҳо пешгирӣ менамояд ва ҳар шаҳрвандро огоҳ месозад, ки зиндагии шоиста ва ҳаёти рангинро аз риояи ин қонун ҷустуҷў намоянд. Зеро риояи талаботи қонунгузорӣ барои ғанӣ гардидани буҷаи оилавӣ, хушбахтии навхонадорон ва бунёди оилаи солим таъсири мусбат мерасонад.

Бо иловаи дигар, дар рўзҳои Иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдравӣ роҳ додан манъ карда шуд. Минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна тибқи розигии падару модар аз лаҳзаи таваллуди кўдак то ба 20-рўзагӣ дар муассисаҳои тиббӣ тариқи ройгон тибқи талаботи муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад. Хатнасур тибқи қонуни қаблӣ то 50 нафар иштирокчиёни маъракаро ташкил медод, ки ин меъёр пурра аз байн бардошта шуд. Инчунин гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, чиллагурезон, гаҳворабандон, мўйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кўдак вобастаро, бе забҳи чорво ва ҷалби санъаткорон иҷозат додааст, ки ин маърака дар доираи оила амалӣ мегардад. Дар баробари ин баргузории маъракаи ақиқа низ манъ карда шуд. Имрӯз зарурият ба вуҷуд омадааст, ки мафҳуми мушаххаси оила доир ба иҷрои меъёрҳои қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баён карда шавад. Маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ ва шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда шуда, падару модари домоду арўс бо розигии тарафайн метавонанд, ба ҷои додани оши тўй маблағи онро баҳри беҳтаркунии зиндагии навхонадорон масраф намоянд. Баргузории маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешавад.

Амали меъёрҳои қонуни мазкур дар баробари паст кардани сатҳи камбизоатӣ, барои пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, тасарруфи амволи ғайр, ифротгароӣ, хушунату зӯроварӣ дар оила, таваҷҷӯҳи волидайн ба таълиму тарбияи фарзанд ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон мусоидат менамояд.

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз як ҷониб барои ғанӣ гардидани буҷаи оилавӣ бошад, аз тарафи дигар ба оилаҳои ҷавону навбунёд ҳамчун роҳнамо ба сўи зиндагии хушбахтона ва сарчашмаи саодати оилаҳои ҷавон хизмат менамояд.

Фаридун Ҳодибоев,
мудири шўъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,
номзади илмҳои фалсафа

Читать далее

Экстремизм хатар ба ҳаёти инсон

Таи чанд соли охир ҳодисаҳое, ки дар кишварҳои  Покистон, Афғонистон, Сурияву Ироқ, Фаронса, Англия  ва дигар мамлакатҳои дунё ба вуқуъ пайваста истодааст, ба ҳақиқати ин амр ишора мекунанд, ки имрўз сайёраи моро гуруҳе аз ҳизбу ҳаракатҳои  экстремистӣ, ки аз номи ислом баромад мекунанд, зери хатар гузошта, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди ҳамоишу конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба ин нукта таъкид намудаанд, ки «ислом ҳеҷ робитае ба терроризми байналмилалӣ надорад”.

Нуктаи дигари таассуфовар он аст, ки имрўз вуҷуд омадани созмонҳову азҳоби ба ном динӣ, ки дар саргаҳи онҳо ДИИШ, Ҳизбуттаҳрир, ҷараёнҳои салафияву ваҳҳобия қарор гиирфтаанд, аслан ҳеҷ робитае ба асли фарҳанги исломӣ надоранд. Ин ҳизбу ҳаракатҳо имрўз на танҳо номи дини мушаррафро бад карда истодаанд, балки боиси куштори одамони бегуноҳ дар саросари сайёра ва харобиҳо мегарданд, ки таркишҳои чанд рўз қабл дар шаҳри бузурги Манчестер, истгоҳи шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Русия, шаҳри Кобули Афғонистон ба вуқуъ пайваста, аз ин шаҳодат медиҳад.

Имрўз зарурати он пеш омадааст, ки барои пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб ва ҳаракатҳо тамоми ҷомеа саҳмгузор бошад. Бо дарки хатари ҷиддии экстремизм ва терроризм ба ҳаёти инсон ва куллан ба тамоми сайёра маҳз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм қабул гардид, ки ин барномаи бузурги давлатӣ моро вазифадор мекунад, ки имрўз барои расидан ба ҳадафҳо ва кам намудани сафи ҷавонони ба ин ҳизбу ҳаракатҳо шомилшуда иқдом намоем. Нуктаи аввал ва муҳиму зарурӣ он аст, ки бояд дар мактабҳову донишгоҳҳо корҳои тарғиботиро ҷоннок намуда, ҷавононро пеш аз ҳама ба омўзишу паҷўҳиш ва корҳои мутолеаи осор ва дигар тадбирҳои муҳим, таъмини ширкат дар озмуну чорабиниҳои фарҳангиву маърифати даъват намоем. Машғул шудани ҷавонон ба дарсу маърифатандўзӣ, мутолеаи осори мухталиф, аз ҷумла китобҳои бадеии тарбиявӣ метавонад холигоҳии фикрии онро бо донишу маърифат пур намуда, нагузорад, ки онҳо фирефтаи ҳар гуна ақидаҳои номатлуб ва афкори зараровари ин гурўҳҳо шаванд.

Дар канори ин, имрўз ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонон ба чорабиниҳои варзишӣ, маърифатӣ, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хобгоҳоу дигар макони бештари фароҳамоии ҷавонон зарур аст.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо назардошти ҳамин ҷанбаҳои муҳими зарурати ҷалби ҷавонон ба корномаҳои фарҳангиву навоварӣ, омўзиши технологияҳои муосир дар Паёми навбатии хеш таъкид намуда буданд, ки бояд маҳфилҳои илмиву эҷодӣ бештар карда шавад ва баробари ин  ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои ҷавон тадбирҳои амалӣ аз сар гирифта шавад.

Албатта, ин хатар имрўз ба  тамоми сайёра таҳдид мекунад, ки Тоҷикистони азизи мо низ чун узви ин сайёра аз он берун намемонад. Моро зарур аст, ки барои ҳар чӣ бештар решакан  кардани ин зуҳуроти номатлуб пеш аз ҳама дар ҷодаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин гуруҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро барои расидан ба зиндагонии шоиста, инчунин ҳамқадами замон будан ва омўхтани донишҳои замонавӣ талош варзем.  

Замира САТТОРОВА,
сармуаллимаи кафедраи ҷурналистика
ва назарияи тарчума

Читать далее

Иҷлосия оинаи дили халқ шуд!

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик дар ҳақиқат тақдирсоз буда, аҳамияти таърихӣ дорад. Зеро, ба ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ хотима ва ба пойдевори сулҳ асос гузошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳалаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод ниҳоданд.

Муродҷон Тоҳиров беш аз 30 соли умри хешро баҳри хизмати халқ дар мақомоти корҳои дохилии кишвар барои сулҳу оромӣ бахшидааст. Ӯ солҳои 1990-1995 вакили мардумӣ дар Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар таъмини тинҷию оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарию танзими ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, хоса барои пешрафти ҷомеа хизматҳои арзанда намудааст.

Дар маҷлисгоҳи калони Қасри «Арбоб»-и колхози ба номи Саидхўҷа Ӯрунхўҷаев Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар он 193 вакил номнавис шуда, байни онҳо Муродҷон Тоҳиров низ буд ва ў чун депутати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳим фаъолона иштирок намуд. Ба гуфти ў Иҷлосия дар вазъияте баргузор гардид, ки ҳолати сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ хеле муташанниҷ арзёбӣ мегардид. Мардум барои фардои давлат ва зиндагии ороми худ умеди охиринашонро аз ҳамин Иҷлосия доштанд. Мардум аз телевизион чашм намеканданд, ки имрўз гузашт, фардо чӣ мешуда бошад?! Ин савол дар фикри хурду калон гирд мегашт.

Хизмати бузурги вакилони Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он буд, ки дар интихоби Сарвари давлат хато накарданд, балки якдилона қарори одилона қабул карданд.

Муродҷон Тоҳиров дар муҳокимарониҳо фаъолона иштирок мекарду касе суханони бемантиқро ба забон орад, ҳамон замон ислоҳ менамуд. Ба маркази матбуоти Иҷлосия барои омода кардани ҳуҷҷатҳо ба масъулин ҳамаҷониба ёрӣ мерасонид. Кўшиш мекард, ки инъикоси воқеаҳои рўз ҳақиқатнигорона бошад. Ҳар сатре, ки онҳо менавиштанд, аз назари мудири шуъба Додоҷон Раҷабӣ мегузашт.

М.Тоҳиров ба хотир овард, ки 27-уми ноябр дар маҷлиси Иҷлосияи Шўрои Олӣ масъалаи дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида буд, ҳамчунин дар бораи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи минатақаҳои ҷумҳурӣ зарар дидаанд, қарор қабул карданд.

 Раиси навинтихобгаштаи Шўрои Олии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бегоҳирўзии Иҷлосия пешорўи депутатҳои Шўрои Олӣ ва сарварони гурўҳҳои силоҳбадаст сухан карда, иброз доштанд:

«Ҳамагонро даъват мекунам барои ояндаи миллати тоҷик ба гузашта салавот гўянд». ҳамаи мо шаҳрванди ин мамлакат ҳастем, вазъи кишвар ба эътидол оварда нашавад, Тоҷикистонро нобудӣ таҳдид мекард. Бо шарофати оши оштӣ ҳама сарҷамъ шуданд. Муродҷон Тоҳиров барои ҳифзи сохти конститутсионӣ дар мамлакат бисёр ҷонбозиҳо кардааст. Аз рўи нақлаш моҳи январи соли 1993 ў сардори Ситоди роҳбари оперативӣ дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ таъин гардид.

Дар ҳайати он сад нафар корманди милитсия ва сӣ нафар корманди кумитаи амнияти миллӣ ва қўшунҳои сарҳадӣ шомил буданд. Рўзе аз ҷониби деҳаи Горифи ноҳияи Ғарм ба Кўҳистони Мастчоҳ як гурўҳ силоҳбадастон фаромада будаанд. Ҳайати Ситод пеши роҳи онҳоро дошта, аз мухолифин яроқҳояшонро гирифта, хавфро бартараф намуданд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее