27 November 2017

Мусовӣ бо пешсаф

Дар шаҳри Конибодом вохӯрии марказии даври 20-уми чемпионати Тоҷикистон дар лигаи дуюм (Минтақаи Суғд) оид ба футбол доир гашт. Дар он футболбозон дастаҳои «ММФ» (мактаби махсуси футболӣ)-и шаҳри Конибодом ва пешсафи мусобиқа дастаи «Истаравшан» аз шаҳри Истаравшан бо ҳам қувваозмоӣ карданд.

Баъди танаффус дар дақиқаи 60-ум аввалин шуда Илҳом Баротов бозингари дастаи меҳмонон тӯбро вориди дарвоза кард. Паси панҷ дақиқаи он футболбози хеле ҷавону умедбахши соҳибони майдон Фариддун Собиров ҳисобро баробар кард.

Мавқеи дастаҳои пешсаф акнун дар ҷадвали мусобиқот чунин шуд: «Истаравшан» 47 хол, «Мастчоҳ«-40 ва футболбозони Кандӣ соҳиби 38 имтиёз гардиданд.

Алиҷон МАҲМУДОВ

Читать далее

Деваштич: Таҷлили иди Парчам

Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои рангини тарғиботию фарҳангӣ бо эҳсоси баланди ватандорию ватандўстӣ баргузор шуд.

Парчам, ки рамзи пирўзиву давлатдорист ва парафшон гардидани он ба ҳар як фарди бо нангу номуси миллат илҳоми тоза баҳри расидан ба ҳадафҳои олии милливу давлатӣ мебахшад – мояи сарбаландию некўнасибии миллати соҳибватан аст. Аз ин ҷост, ки ба шарофати хизматҳою қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат Парчами Ватани маҳбуби мо дар тамоми гўшаю канори ҷаҳон алвонҷгар аст.

Бо ташаббуси Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич ва дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон ва варзиш дар аксарияти муассисаҳои таълимии маркази ноҳияи Деваштич чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба ин санаи муқаддаси давлатӣ баргузор шуданд. Ҳар як барнома аз якдигар бо шукуҳу шаҳомати хосаи худ фарқ дошта, масъулину ташаббускорон кўшиш ба харҷ медоданд, ки ҳар чи бештар эҳсосу ифтихори ватанпарастии хешро тариқи баргузории барномаҳои рангин ифшо намоянд. Алалхсус, меҳру муҳаббати самимии хешро нисбати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳову корнамоиҳояшон пурэҳсос иброз медоштанд.

Нилуфар НОСИРОВА,
корманди Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Читать далее

Тантана бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки вакилони  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Абдумаҷид Достиев, Баҳрулло Баротов, масъулини сохтор, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ,  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, уламои дин, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабинии бузурги идона баргузор гардид.

Нахуст раиси ноҳия Ғайрат Азиззода аз таърихи парчамдории миллати тоҷик ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таҳия ва тасдиқи рамзҳои давлатӣ, нақши парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ сухан гуфта, ҳамагонро ба ин муносибат табрик гуфт.

Вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ А.Достиев хотираҳои худро аз рӯзҳои таҳияи рамзҳои давлатӣ ва тасдиқи он ёдовар шуд. 

Баҳрулло Баротов низ аз вазъияти Тоҷикстони соҳибистиқлол дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нақл карда, ҷавононро ба расидан ба қадри имрӯзу ояндаи пурфайз даъват намуд.

Сипас ба як гуруҳ фаъолон, ки дар рушди соҳаҳои мухталифи ноҳия саҳм доранд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия твқдиронида шуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандон ва санъаткорони ҷавони ноҳия ба чорабинии идона ҳусни тоза бахшид.

Муродулло ПОЧОЗОДА,
ноҳияи  Мастчоҳ

Читать далее

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани садҳо мардуми осоишта бар асари ҳамлаи золимона ба яке аз масҷидҳо дар шимоли нимҷазираи Сино боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи мо гардид.

Читать далее

Шуғли муқаддасу саодати рўзгор

Аз суханони пурмеҳру муҳаббатшори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб ҳамчун як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол ба ҳаяҷони болидарўҳӣ ва ифтихормандӣ расидам.

Пешвои миллат аз моҳияти таърихи доир шудани Иҷлосия, ҳадафҳо ва мароми депутатҳои Шўрои Олии даъвати дувоздаҳум, асоси раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз вартаи азими иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву маънавӣ, интихоби роҳи дурусти давлатдории миллӣ, умед бахшидани мардум ба фардои ободу осуда сухан гуфта, ба замири насли ҷавон бедор кардани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида, тарбияи заҳматдўстиро талқин намуданд. Таъкид ва гуфторҳои Сарвари давлатамон барои омўзгорон, аҳли мактабу маориф роҳнамоии навбатӣ маҳсуб меёбанд.

Борҳо ва кайҳо собиту таъкид шудааст, ки ҳар кишваре танҳо дар заминаи арҷгузорӣ ба омўзгор ва мактабу маориф метавонад пешраву муваффақ бошад, ба комёбиҳо ноил гардад. Хушбахтона, дар кишвари азизу маҳбуби мо, ки соҳибистиқлол аст, рў ба рушду пешрафт дорад, омўзгор воломақому соҳибэҳтиром мебошад ва бархурдор аз бартариву имтиёзҳост.

Аҳли маориф имрўз миннатпазиранд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадбунёди хеш аз оғоз ба соҳаи маориф бартарӣ додаанду ин рукни бунёдиву тақдирсози миллатро имтиёзнок эълон кардаанд.

Худ собиқаи зиёди кори педагогӣ дорам, сатҳи таълиму тарбияро дар гузашта шоҳидам, бо имрўзиён пеши назар қиёс менамояму аз беҳбудиву бартариаш, пешравию комёбиҳояш меболам, ифтихорманд мешавам. Биноан, таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар – дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад, маро водор кард, ки аз таҷрибаи бисёрсолаам барои пешрафти фаъолияти омўзгорони ҷавон таклиф пешниҳод намоям.

Дар ин росто Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки Қонуни миллии давлати соҳибистиқлоламон муаррифӣ шудааст, асоси фаъолияти омўзгоронро бояд ташкил намояд. Ба мушоҳида мерасад, ки баъзе омўзгорон дар фаъолияташон ба ҳамкорӣ бо волидайни хонанда эҳсоси майл надоранд. Ин амал ба кори мактабу маориф таъсири манфӣ мерасонад. Бо ташаббуси омўзгорон бояд ҳар як хонанда реҷаи рўзонаи худро дошта бошад. Омўзгор муваффақ шавад, ки хонандагон қоидаҳои талабагиро ҳамаҷониба донанд ва бо ин рафтор намоянд, худидоракунии синфҳо ва талабагон дар амал бошад. Барои падару модарон дарсҳои кушод ташкил кардан ба мақсад мувофиқ аст. Дар таълимгоҳҳо фаъолияти босамари китобхонаҳои мактабиро ба роҳ монда, бедору афзун гардонидани шавқу рағбати адабиёт- дўстии хонандагонро маҳз омўзгорон бар уҳда бигиранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли маориф, омўзгорон пайваста даъват менамоянд, ки нисбат ба насли наврас дилсўз бошанд, шогирдонро, пеш аз ҳама, дар рўҳияи эҳтиром ба Ватан, ба таъриху анъанаҳои миллӣ тарбия намоянд, онҳоро бо донишҳои комил мусаллаҳ гардонида, ба бунёдкориву созандагӣ баҳри шукуфоии кишвари маҳбуб ҳидоятгар бошанд.

Раҳматулло ЁРОВ,
Аълочии маорифи Тоҷикистон,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Арҷгузорӣ ба арзишҳои дирӯз ва имрӯзи мо!

Парчам яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон мебошад. 24 ноябр - Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кулли мардуми вилоят, бахусус ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Роҳпаймоии беш аз шаш ҳазорнафараи ҷавони касбу кори гуногун бо парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се самт онҳоро ба маркази вилоят - назди Парчами давлатӣ ҷамъ овард.

Ҷавонони хушбахти даврони соҳибистиқлол агар аз як тараф бо парафшонии Парчами дарозиаш 200 метра аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» роҳ паймуда бошанд, аз ҷониби дигар тавассути шоҳроҳи асосии шаҳр - хиёбони Исмоили Сомонӣ бо шиору овезаҳои «Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз!», «Парчам нишони соҳибистиқлолии кишвар», «Поянда бод, Парчами миллӣ!» сарҷамъ шуданд. Хурсандии роҳпаймоён бо суханҳои «Зинда бош, Тоҷикистони озоди ман!» ва «Парчамат парафшон бод!» ифода меёфтанд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Fаффорӣ Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида, сокинони вилоятро бо ин рўзи фархунда муборакбод гуфт. Аз ҷумла, қайд гардид, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба Парчами давлати соҳибистиқлоламон дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун месозад.

Адибони шинохта Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва Толиби Озарахш шеърҳои тозаэҷоди худро манзури ҳозирин намуда, эҳтиромашонро нисбат ба Парчами давлатӣ баён доштанд.

Барномаи фарҳангӣ бахшида ба рўзи Парчами давлатӣ анҷомбахши чорабинии идона гардид.

Ҷавонони хушбахти айём бо шукргузорӣ аз Ватани ободу озод таассуроти хешро аз таҷлили ин рўзи фархунда чунин иброз доштанд.

Мирзомурод Раҳматуллоев - мутахассиси пешбари Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд қайд намуд, ки таҷлили ҷашни Парчами миллии кишвар далели соҳибистиқлоливу ягонагии давлат буда, ҷавононро ба сўи ояндаи дурахшон ҳидоятгар аст.

- Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта, арҷгузорӣ ба он ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад,- илова намуд Мирзомурод Раҳматуллоев.

Мустафо Ҳоҷибоев - донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок дар роҳпаймоӣ ва дар даст доштани Парчами кишварро ифтихори хеш дониста ва баён кард, ки Парчам муаррифгари миллат байни дигар кишварҳои олам мебошад. Тавассути Парчам тамоми кишварҳои олам моро мешиносанду эҳтиром менамоянд. Мардуми шарафманди тоҷик имрўз зери парафшонии Ливои давлатӣ устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаю қавӣ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро муқаддасу азиз медоранд.

Мавзуна Собирова – устоди кафедраи забон ва адабиёти тоҷикӣ Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз Ватани соҳибистиқлол мегўяд, ки имрўз теъдоди зиёди ҷавонон бо ифтихору сарбаландӣ аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи илм ба муваффақиятҳои беназир ноил мегарданд. Устодону донишҷўён Парчами давлатиро, ки барои тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ, инчунин ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳангии халқ мебошад, эҳтиром карда, кору фаъолият мебаранд.

Мазбут Холиқов - устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иштирок дар иди Парчами миллиро барои худ шараф меҳисобад.

-Тавассути ин рукни муҳими давлатдорӣ мо ба арсаи ҷаҳонӣ роҳ ёфта, дар назди созмонҳои бонуфуз муаррифгари давлати тоҷикон хоҳем буд, - иброз дошт номбурда.

Шоира САЛИМОВА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее