28 November 2017

Фитаҳои бегона дар фурўш: Назорат суст!

-Модарҷон, бароям корд харида диҳед?

-Корд ба ту чӣ лозим?

-Ман бо корд гардани сагони кўчаро буррида мепартоям.

-Сагони кўча магар ягон бадӣ карданд?

-Не. Ман аз телевизион ҳамроҳи бобоям филме дидам, ки як марде ҳамроҳи фарзандаш гардани сагу гурбаҳоро бурида мепартофт. Боз як чуқурии калоне кофта, онҳоро ба он ҷо мегўрониданд.

Ин ҳолати фарзандам маро парешон сохт, зеро дар ботинаш эҳсосоти бадбинона нисбат ба ҷонварон падид омада- аст. Рафтораш тамоман дигар шуда, ҳамеша ба ҳайвонҳо ва ба филмҳои дидааш тақлид мекунаду худро «зўр» мешуморад. Пас аз чанд муддат огоҳ шудам, ки ў ҳамроҳи бобову бибиаш филмҳои хусусияти ваҳшонияту зўроварӣ доштаро тамошо мекардааст. Тамоми фитаҳоро аз назари кўдак дур гузоштам ва аз хусуру хушдоманам низ хоҳиш намудам, ки чунин филмҳоро дар назди кўдакон тамошо накунанд. Барои ором кардани кўдакам ба духтури асабшинос муроҷиат кардам, - гуфт соҳибкорзан Моҳинисо Отаева.

Имрўз филмҳои характери ваҳшонияту зўроваридошта тариқи телевизионҳои хориҷӣ намоиш дода мешаванд, ки ҳангоми тамошои он шахс худро нороҳат эҳсос мекунад. Филмҳои мазкур асосан ба асаби кўдакон ва насли наврас зарари калон доранд. Тавре равоншинос Муҳаррам Раҳимова иброз дошт, кинофилм, филми тасвирӣ ва бозиҳои компутерӣ, ки дар он лаҳзаҳои куштор, сўхтор, тирпарронӣ, дуздӣ, ваҳшоният, бераҳмӣ ва амсоли ин намоиш дода мешавад, ба мафкураву асаби кўдакону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд. Майнаи инсон пас аз тамошои ин гуна филмҳо вайрон шуда, дар ҳолати нагирифтани пеши роҳи он дар ояндаи наздик кўдак ноором, камхоб мешавад. Набояд дар лаҳзаи инкишофи майнаи кўдак ба тамошои ин гуна филмҳо роҳ дод.

Дар ҷомеаи кунунӣ талабот ба филмҳои мухталиф, алалхусус туркӣ зиёд шуда, мардум онро бо шавқи зиёд харидорӣ мекунанд. То кадом андоза филмҳои мазкур ба шууру хислат ва шахсияти инсон таъсир мерасонад? Оё мавзуъ ва мундариҷаи фитаҳо пас аз воридот аз ҷониби мутахассисон таҳлил карда мешаванд? Имрўз ҳастанд нафароне, ки пас аз тамошои филм ба фарҳанг, идеологияи бегона, ба тақлиди кўр-кўрона даст зада, ба ҷамъият таъсири манфӣ мерасонанд.

Бароат Мамадҷонова, сокини шаҳри Гулистон:

-Духтарам хатмкунандаи мактаб буда, пас аз дарс бо дугонаҳояш дар хона филмҳои туркиро бо шавқи беандоза тамошо мекунад. Ростӣ, дар аввал ба рафтори онҳо аҳамият намедодам, лекин баъдтар дигаргуниро эҳсос намудам. Ў аз ҳар ҷиҳат ба қаҳрамонҳои филм тақлидкунон тарзи либоспўшии худро тағйир ва ҳатто чашму абрўвонашро оро дод. Рафтору муносибаташ бо аҳли оила дигаргун гашта, дағалона ҳарф мезад. Дар фазои ҳавасу орзуҳои дар филм тасвирнамуда бегонавор муомила мекард. Пас аз дарс бо дугонаҳояш ба сайр баромада, дер ба хона меомад ва ҳатто талаб кард, ки алоҳида зиндагӣ карданист… Ин ҳама рафтору кирдораш бароямон ғайричашмдошт намуд ва ба хулоса омадам, ки ин таъсири силсилафилмҳои туркист…

Дар давоми нўҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби кормандони Корхонаи фаръӣ-давлатии кино ва видеои вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд зиёда аз 4 ҳазор фита мусодира карда шудааст, ки аз он 2 280 адад филмҳои хусусияти ваҳшонияту зўроваридошта ва ба мафкураи мардуми мо бегона мебошад.

Директори корхонаи фаръӣ - давлатии кино ва видеои вилояти Суғд Маҳмадназар Маҳкамов гуфт, ки алҳол дар бозорҳои вилоят воридот ва фурўши якчанд намуд фитаҳо, аз ҷумла филмҳои ваҳшоният бо номи «Пила», «Я плюю на твою могилу», «Топор», «300 спартанӣев», «Спартак», «Малолетка», бозии компютерии «Дарёи сурх» ва амсоли он манъ шудааст. Барои пешгирӣ ва паҳн кардани ин намуди фитаҳо корхонаи мо бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва кормандони бозори марказии «Панҷшанбе» аз оғози сол 16 рейди муштарак доир кард. Дар натиҷа фаъолияти фитафурўшоне, ки бе гувоҳнома кор мекунанд, қатъ гардид. Дар умум аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар давоми нўҳ моҳ 14205 адад фитаи пастсифат ва бе ҳуҷҷат мусодира шуданд.

Дар бозори марказии «Панҷшанбе» бо фурўшандаи фитаҳо Шўҳратҷон, ки дар кўчаи Шарқ қарор дошт, ҳамсуҳбат шудем. Ў гуфт, ки донишгоҳро хатм кардааст, бо сабаби наёфтани кор чанд сол инҷониб ба фурўши фитаҳо машғул аст ва бо ин роҳ зиндагиашро пеш мебарад. Солҳои пеш фитаҳои характери ваҳшониву зўроваридошта бештар ба савдо мерафту имрўз бошад, аз тарафи масъулини соҳа фурўши чунин фитаҳо манъ гаштааст. Аз ин рў, бозори мо суст шуд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, мо фитаҳоро бо силсилафилмҳои туркӣ ба фурўш бароварда истодаем.

Бо баробари рушд ёфтани соҳаи синамо ва тақозои шароити иқтисоди бозоргонӣ алҳол телевизионҳои зиёде рўи кор омадаанд, ки ин албатта, ба нафъи ҷомеа аст. Алалхусус, телевизионҳои рақамиву кабелӣ, ки шабакаҳои зиёди мухталифро дарбар мегиранд, намоиши филмҳои гуногунмазмунро ба роҳ мондаанд, ки на ҳамаи онҳо ба фарҳангу ахлоқи шарқиёна рост меояд. Аз он ҷумла, дар шабакаҳои «НСТ», «ӯ1000», «ТВ-3» филмҳои ба шуури кўдакону наврасон таъсири манфӣ расонанда зиёд аст. Ба фикри мо хуб мебуд, ба вақту соати намоиши чунин филмҳо масъулин дигаргунӣ ворид намоянд. Ҳамчунин, волидайн низ бояд барои аз ҳар ҷиҳат эмин нигоҳ доштани фарзандашон аз тамошои чунин филмҳо мусоидат кунанд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
суратгир Инъомҷони РАБИЗОД,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2022 ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” шунида шуд.

Читать далее

Дарки қонун - ғановати оила

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Деваштич 450 тўйи хатнасур, 836 адад тўйи домодиву арўсӣ ва дигар маъракаҳо баргузор гардиданд. Оид ба баргузории маъракаҳо пас аз ворид карда шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зебунисо Иброҳимова чунин мегўяд:

- Сокинони ноҳия моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонуни танзим дарк намуда, аз ғамхории ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати халқ хурсанд мебошанд. Мардум имрўз мутобиқи Қонун амал намуда, аз рўи он маъракаҳои худро доир намуда истодаанд.

Онҳо моҳияти асосии қонунро фаҳмиданд, ки маҳз ба ғанӣ гардонидани буҷаи оилаи сокинони кишвар нигаронида шудааст ва камхарҷ гузаронидани маърака ва маросими дафнро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Кормандони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия маҳаки асосии қонунро фаҳмонида истодаанд,- зикр дошт Зебунисо Иброҳимова.

Ҳамчунин, зимни суҳбат илова намуд, ки айни ҳол аз ҷониби бархе аз сокинон қонуншиканиҳо рух медиҳад. Мутаассифона, чунин нафарон дарк намекунанд, ки амали онҳо боз дар ҷомеа афкори нодурусти «ман аз кӣ кам»-ро ба миён меорад. Дар сурати қонуншиканӣ аз чунин ашхос албатта, ҷарима ситонида шуда истодааст, то ба дигарон сабақ шавад. Дар сурати хизматчии давлатӣ будан қонуншикан аз вазифааш сабукдўш мегардад. Аз 1571 маъракаи дар тўли 10 моҳи соли ҷорӣ баргузоргардида, 11 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд.

- Ҳангоми мулоқотҳо бо мо, сокинони ноҳия манфиати Қонун ва ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба хубӣ дарк намуда, миннатдории хешро баён менамоянд, - гуфт Зебунисо Иброҳимова.

Сокини ноҳия Мастона Авезова аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим бо хушнудӣ зикр дошт, ки дар гузашта барои ба анҷом расонидани маъракаҳои пас аз дафнӣ, ба монанди «се», «бист» ва «чил» мардум бисёр хароҷот мекарданд. Ин аслан нодуруст буда, надонистани меъёрҳои динро низ нишон медод. Пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун маъракаҳои азодорӣ ба низом дароварда шуданд, ки шахсан ман хеле хурсандам.

Сокини ноҳия Шукурбой Лутфуллоев бобати доир намудани хатнатўй баён дошт, ки ба ҷои он, ки оила пас аз таваллуди писар хатнатўйи дабдабанок доир карда, хароҷоти зиёдеро кунад, хуб мешуд агар ҳамин маблағро барои ояндаи фарзандаш захира намояд. Ин ғамхорӣ дар ҳаққи фарзанд, пешгирии исрофкорӣ аст. Барои ҳамин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун айни матлаб мебошад.

 Истамҷони НАҶМИДДИН,
Улуғбек МАХФИРАЛИЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Бо рўҳбаландӣ дар соли ҷашнҳои бузург

Инак, моҳе сипарӣ мегардаду соли ҷашнҳои бузурги мамлакатамон - 20-солагии ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳукми таърих мегузарад. Ба истиқболи ин санаҳои баҳри мардуми кишварамон табарруку муътабар сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистони азиз як зумра корҳои созандагиву бунёдкорӣ анҷом доданд.

Дар ин радиф деҳқонони навоҳии вилоят низ дар ин соли таърихӣ дар самти рўёндани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ ва ба ин васила фаровону пурфайзу баракат гардонидани дастархони мардуми диёр заҳмат кашиданд.

Чунонки муовини сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент Фирўз Ёров иброз дошт, деҳқонони асили хоҷагиҳо дар таъмини нақшаи аксарияти намуди зироатҳои кишоварзӣ муваффақият ба даст оварда, дар ин соли ҷашнҳои пуршукўҳи мамлакат рўсурху сарбаланд гардиданд.

Имсол дар майдони умумии 18.635 гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт карда шуд, ки нисбат ба порсола 907 гектар изофа аст. Аз ҷумлаи ғалладонагиҳо дар майдони 1301 гектар шолӣ кишт карда шуд, ки аз нақшаи дурнамо 114 гектар зиёд аст. Майдони кишти сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, помидор ба 871 гектар расонида шуд, ки нисбати соли пешин 175 гектар бештар аст. Сабзавоткорони панҷакентӣ 20.861 тонна маҳсулоти тару тоза истеҳсол намуда, ба сокинони вилоят ва пойтахти мамлакат пешкаш карданд.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ баҳри истифодаи самаранок соли равон дар майдони 2023 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шуд. То санаи 1-уми ноябр аз заминҳои кишти такрорӣ 315 тонна ғалладона, 832 тонна картошка, 1800 тонна сабзавот ва 40 тонна полезӣ ҷамъоварӣ гардид.

Албатта, дар файзу баракати саҳроҳои хоҷагиҳо ва фаровонии ҳосили зироатҳо эъҷози дастони муъҷизаофари деҳқонони панҷакентӣ мунъакис гаштааст, ки бо меҳру муҳаббат, бо заҳмати фидокорона ба замин меҳнат мекунанду баҳри мардуми кишвар ризқу рўзӣ мерўёнанд.

Соли равон бо мақсади зиёд гардонидани ҳосили картошка, паст намудани арзиши он дар бозор тибқи дастуру супориши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ майдони кишти картошка ба 2273 гектар расонида шуда, нисбат ба соли 2016 162 гектар изофа гардид. Ҳосили бадастовардаи деҳқонон бошад, 37.596 тоннаро ташкил дод. Ин афзунгардонии майдони кишти зироатҳо аз ҳисоби коҳиш додани замини кишти ҷаву гандум амалӣ гардонида шуд.

Бо сабаби ба кишти ин зироат мувофиқ будани иқлими Панҷакент дар бобати афзун гардонидани майдони кишти картошка то ба 5 ҳазор гектар расонидани он ва ба 100 ҳазор тонна баровардани истеҳсоли картошка қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли равон ба тасвиб расид. Чунонки муовини сардори Раёсати кишоварзӣ зикр кард, қабули ин барнома баробари деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзӣ олимону мутахассисони ин соҳаро низ водор месозад, ки аз ҳисоби дарёфт ва истифодаи навъҳои серҳосили ин навъи зироат ҳосилнокиро афзун гардонида шавад, баҳри дастрасии арзиши картошка дар бозор ва фаровонии дастархони мардуми кишварамон саҳм гузоранд. Ҳамчунин, соли оянда низ дар назар аст, ки майдони кишти картошка афзун карда шавад.

Ба ғайр аз ин, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёда аз 3034 гектар майдони боғот ва 1520 гектар токзор парвариш карда мешаванд. Аз боғоту токзор 588 тонна себи навъҳои хубониву шакарсеб, 123 тонна зардолуи навъҳои қандаку бобоӣ ва хурмоӣ ва 5122 тонна ангури шаҳдбор ба даст оварда шуданд.

Ниятҳои чорводорони Панҷакент низ калон буда, алҳол дар фермаҳои чорводорӣ 4331 сар моли калони шохдор парвариш меёбанд, ки аз ин миқдор 1265 сар наслдеҳ аст. 12.616 сар моли майда, 192 сар асп, 49 сар қўтос дар чарогоҳҳои деҳот, ки дар 89.991 гектар доман паҳн кардааст, парвариш карда мешавад. Чўпонону даҳмардаҳо баҳри он кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки саршумори чорво торафт афзун гардад.

Ба ин зумра номи Фатҳиддин Бобоев, Суннатулло Искандаров ва дигаронро зикр кардан месазад. Ҳамчунин, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ беш аз 5000 сар парранда дар парвариш, баҳри бо гўшти хушсифати парҳезӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат мекунад. Чуноне Фирўз Ёров иброз дошт, чорводорон ният доранд, соли оянда фермаи махсус барои парвариши чорвои зотӣ ташкил кунанд. Баҳри ин дар Панҷакент мутахассисони соҳибкасб бисёранд.

 Албатта, баҳри пешравӣ ва рушду такомули фаъолияти кишоварзони Панҷакент саҳми олимону мутахассисон ва масъулони соҳа шоиста аст, ки бо машварату маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, пешниҳод кардани техникаву нуриҳои минералӣ дастгири деҳқонону чорводоронанд. Дар ин самт Шариф Сафаров дар ҷодаи техника, Шамсиддин Ёров ба ҳайси сарзоотехник, Матлуба Раҷабова ҳамчун сариқтисодчӣ, Маъруф Муҳиддинов ба сифати ҳуқуқшинос кўмакрасони кишоварзонанд.

Дар маҷмуъ, аҳли меҳнати шарафманди хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент соли равон ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллат зарбдорона заҳмат кашида, дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми сазовор гузоштанд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам...

(Сухане чанд дар ҳошияи мусоҳибаи Шамс Азизов, судяи Суди Олӣ, ки ҳалнома дар бораи ташкилоти террористӣ - экстремистӣ шинохтани ҲНИТ-ро қабул кардааст)

Бояд хотирнишон сохт, ки дар ҷумҳурии мо падидаи номатлуби ислом- ниқоби ҳизббозии динӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-ум бо роҳандозӣ гардидани «перестройка»-и горбачёвӣ оғоз ва дар як муддати кўтоҳ тамоми ҳудуди ҷумҳуриро бо номи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаро гирифт. Маҳз ба майдони сиёсат воридшавии ин ҳизби ифротӣ роҳро барои кишварҳои манфиатхоҳ боз намуд. Бо сармоягузории онҳо роҳбарияти ин ҳизб дар ибтидои солҳои 90-ум ба ташкили гирдиҳамоиҳо оғоз кард, ки он дар ниҳояти кор ба бархўрдҳои мусаллаҳона ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Натиҷаи амали онҳо буд, ки вилояти овозадори Қўрғонтеппа ба майдони набардҳои бародаркушӣ табдил ёфт ва садҳо ҳазор сокинони он ба Афғонистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ фирорӣ гардиданд ва корхонаҳои азими саноатии он аз кор монданд.

Бояд хотирнишон сохт, ки соли гузашта дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи басо муҳим рух дод, ки бо қарори Суди Олӣ фаъолияти ҲНИТ манъ ва он ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ шинохта шуд. Сарони ин ҳизби ифротӣ пас эъломи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон сару садо баланд намуда, ин қарори судро хостанд дар чашми ҷаҳониён нақзи Конститутсияи ҷумҳурӣ арзёбӣ намоянд.

Ин ҳалномаи сарнавиштсози барои ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ муҳимро судяи Суди Олӣ Шамс Азизов, ки ў аз тамоми ҷузъиёти ин парванда ба хубӣ огоҳ аст, қабул намуда буд. Аз ин рў, ў дар суҳбаташ бо рўзноманигор Шарифи Ҳамдампур тамоми ҳадафҳои нопоки ин ҳизби ифротӣ ва хоҷагони хориҷии онро боз ва ба ҳамагон маълум сохтааст. Аз ҷумла, мавсуф зикр намудааст, ки дар «5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон қарорҳои ниҳоии судӣ қабул карда шуданд, 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».

Чӣ тавре ки мебинем, ба туфайли фаъолияти пайваста мақомоти қудратии мо тавонистанд, ки ин амалҳои ҷиноятии аъзо ва роҳбарони сатҳҳои мухталифи ин ҳизбро муайян ва даст доштани онҳоро дар амалҳои террористӣ исбот ва онҳоро тибқи қонун муҷозот намоянд.

Иртиботи ногусастанӣ доштани ин ҳизбро бо ДИИШ-ро фош намуда, исбот намуданд, ки дар кори овехтани парчами ин ташкилоти ифротӣ дар кўпруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак 11-уми августи соли 2015 панҷ нафар аъзои ҲНИТ Д.Саидов, Д.Фозилов, Қ.Пиров, Т.Хоҷамуродов ва Ҷ.Абдуллоев даст доштанд, ки онҳо ин амали худро бо мақсади барангехтани адовати сиёсӣ ва динӣ ва дар ин замина халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ анҷом дода буданд.

 Гузашта аз ин, мақсади ташкил намудани гурўҳҳои махсуси низомӣ бо мақсади забти Қасри миллат, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва дигар сохторҳои ҳаётан муҳими кишвар шаҳодати он аст, ки раёсати ин ҳизби ифротӣ ҳеҷ гоҳ аз мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ ва ташкили ба истилоҳ давлати исломӣ даст накашида будааст. Онҳо зери шиори сулҳу ваҳдат тибқи фармудаи хоҷагони хориҷии худ ба иқдомҳое даст мезадаанд, ки баръакс барои аз байн бурдани сулҳу субот дар кишвар ва ҳифзи манофеи геополитикии бегонагон равона гардида будааст.

Махсусан, аъмоли ҷиноятии ин ҳизби ифротӣ рўзҳои 3-4 сентябри соли 2015 ҳангоми кўшиши табаддулоти давлатӣ бо сардории А.М. Назарзода боз ҳам бештар маълум гардид, ки онҳо беш аз 150 нафарро мусаллаҳ карда, ба пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Душанбе ва бахши милитсияи ноҳияи Кофарниҳон ҳамлавар гардиданд. Аммо ба ивази қурбонӣ мақомоти қудратии мо тавонистанд ин хоинони Ватан ва душманони миллатро маҳв намуда, пеши роҳи бесуботию нооромиҳоро дар кишвари азизамон боздоранд.

Дар охир ба ин нукта ишора фармуд, ки бо қарори Суди Олӣ пеши роҳи фаъолияти ин ҳизби ифротӣ, ки пиёдасози манофеи кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон буд, манъ карда шуд ва роҳбарияти сиёсии он тибқи аъмоли ҷиноияшон ба муҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон гардиданд.

Р.Мамадқулова,
устоди Донишкадаи кўҳӣ-
металлургии Тоҷикистон

Читать далее