29 November 2017

Иқдоми наҷиб

Дар остонаи ҷашни Рӯзи парчами миллӣ кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба иқдоми наҷибе даст зад. Ба хотири боз ҳам хубтару самимитар таҷлил намудани ин санаи фархунда дар маҳаллаи Масҷиди Савр бо иштироки беш аз 400 нафар сокини маҳалла чорабинии идона ташкил намуд.

Саҳни чойхонаи маҳалла идона оро дода шуда,  дар як гӯшаи он бошандагони маҳалла дар озмунии зеҳни шоҳмот, ки бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрӣ рӯи кор омад, маҳорат ва дониши худро санҷиданд. Занони ҳунарманди маҳалла маҳсули дастранҷи аз матои атласу адрас дӯхтаи худро ба маъраз гузошта буданд.

Меҳмонони чорабинии идона Сарфароз Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулоҳ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ  Наим Мунаввар аз намунаи дастранҷи аҳли маҳалла ошноӣ пайдо карда, ба ҳунари  дӯзандагиву пазандагии сокинон баҳои баланд доданд. Дар гӯшаи дигари ин мавзеъ хонандагон Парчами миллӣ дар даст дар васфи Ватан- модар шеърҳо қироат намуданд.

Баргузории чорабинӣ маҳз ба хотири баланд бардоштани ифтихори миллӣ, талқини дӯстиву рафоқат байни маҳаллаю кӯчаҳо ва лаҳзае бошад ҳам, шод кардани хотири сокинон мебошад.

Кумитаи маҳаллаи Масҷиди Савр аз ҷумлаи маҳаллаҳои қадимтарини шаҳр маҳсуб ёфта, даҳҳо шахсиятҳои варзида дар ин маҳал ба камол расидаанд. 

Ҷамшед Ҷӯрабоев низ дар суханронии хеш аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ бояд ҳар сокин аз таъриху тамаддуни худ огоҳии бештар дошта бошад. Чорабинии имрӯза воқеан иди халқист ва бо ин васила гурӯҳи зиёди сокинон ин ҷо сарҷамъ омада, аз моҳияти парчаму парчамдорӣ иттилои бештар ёфтанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ озмунҳои «Кӯчаи беҳтарин», «Оилаи беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин», инчунин мусобиқаи «Шоҳмотбози беҳтарин» ҷамъбаст гардиданд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов

 

 

 

Читать далее

Танзимгари дили бемор

Дўсти деринам, раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ Додоҷон Сўфиев, ки саманди умраш ҳамин сол аз марзи 70 убур кард, хабар дод, ки мисли ҳарсола боз барои ташхису табобат ба Маркази дилшиносии вилоят омадааст. Вақт ёфта, ба аёдаташ шитофтам, зеро доимо дар бораи як пизишки ҳозиқи ин бемористон бо номи Ҷовид бисёр суханони сипосомез мегуфт ва таъриф мекард:

- Даҳ сол боз, баъди ғунучини ҳосил ба назди ў меоям ва дувоздаҳ рўз маро ташхису табобат мекунаду бо ҳамин як соли дигар «мотор» азоб намедиҳад. Барака ёбад, ба мо, беморон мисли фарзанд, мисли як бародару ошно муносибат мекунад.

Ҳамҳуҷраи Додоҷон марди босалобат Муҳаммад Шарифов аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки машғули китобхонӣ буд, ин суханонро шунида, сар аз китоб бардошт ва ба суҳбат ҳамроҳ шуд:

-Рост мегўянд, сад дар сад дуруст, дар ҳаққи табиби мо – Ҷовид Ёров чӣ қадар таърифу тавсиф кунед, боз ҳам кам аст. Соли 2008 диламро ҷарроҳӣ карданд ва аз ҳамон сол Ҷовид маро назорату табобат мекунад ва соле як бор ба ин марказ омада, бо нерую тавони нав ба деҳа бармегардам.

Саргарми суҳбат будем, ки Ҷовид Ёров ба ҳуҷраи беморон ворид шуд, басо гарму самимӣ ҳолу аҳвол пурсид, чанд маслиҳати муфид ба ҳарду бемор дод.

-Модарам доимо аз касалии фишори баланди хун азият мекашиданд ва мехостам, ки духтур шуда, пеш аз ҳама он касро табобат кунам, - мегўяд Ҷовид Ёров. – Бо ҳамин хондану табиб шудан орзуи асосии бачагии ман гардид.

Соли 2000 филиали дар шаҳри Хуҷанд будаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Синоро бо тахассуси пизишки дилшинос хатм кард. Солҳои донишҷўӣ дар чандин беморхона ҳамчун бародари шафқат кор карда, ҳам малака ҳосил мекарду ҳам барои рўзгузаронӣ каме маблағ пайдо менамуд. Дилшинос Ҷовид Ёров ҳамеша ба беморон талқин мекунад, ки асли даво парҳез аст. Инчунин ба онон тавсия медиҳад, ки бештар аз меваю гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони офтобиамон, ки махзани бебаҳоянд, истифода баранд.

-Зардолу, сиёҳолу, дўлона, пудинаи кўҳӣ, эшум… ва ҳазорон дигар меваю гиёҳҳо дорем, ки барои танзими кори дил беҳтарин даво мебошанд, -таъкид мекунад Ҷовид Ёров ба беморон. –Истифодаи онҳо барои бемор ҳам арзон меафтаду ҳам дар қиёс бо доруҳои кимиёвӣ ба дигар узвҳо зарар намерасонад, - мегўяд пизишк.

Ҷўра ЮСУФӢ,
рўзноманигор

Читать далее

Чароғи саодатафрўзи миллат

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ, ватандории миллӣ, шиносномаи давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, инкишофи он дар марҳалае ба миён омад, ки ҷумҳурии мо ҳатто барои муҳофизати рукнҳои давлатдорӣ мақомоти салоҳиятдоре надошт. Аз ин истифода намуда, қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ пояҳои давлатдории тоҷиконро фалаҷ гардонида, барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Чунин ҳолат фарзандони ватанхоҳро сахт ба ташвиш овард ва дар ҳалли тақдири Тоҷикистон бетараф нагузошт.

Бо ҳамин мақсад, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ баргузор гардида, марди шарифу бофарҳанг, сиёсатмадори хирадманду адолатпарвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат интихоб шуданд. Дар Иҷлосия бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, масъалаи таъсиси Артиши миллӣ, яъне қуввае, ки ба ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият қодир ва озодию соҳибихтиёрии кишварро таъмин намояд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз рўзҳои аввали фаъолияти хеш Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари кўшишҳо баҳри хомўш сохтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба барқарор кардан ва навсозии сохти фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, ба ислоҳоти ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шуруъ намуданд. Барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ ва ба ин васила ворид шудани тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷомеаи кишвар заминаи мустаҳками истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гардид. Ба даст омадани сулҳи тоҷикон бо маънои том аз фаъолияти сиёсии фарзанди фарзонаи миллат, хирадманду адолатпеша - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рўзҳои қабули Конститутсия тамоми саъю кўшиши худро барои дар амал татбиқ намудани адолати конститутсионӣ, ки беҳтарин самтҳои тараққиёти Тоҷикистон ва заминаи асосии озодиҳои мардуми онро дарбар мегирад, равона месозанд.

Мардуми ватанпарасти тоҷик бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлати худро ҳифз ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намуданд. Дар давоми 26 соли Истиқлолият шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум хеле беҳтар гардид. ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кўшиш менамояд, ки барои беҳтар сохтани некўаҳволии халқ ба ҳадафҳои асосӣ, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳамчун самтҳои стратегии сиёсати давлат ноил гардад.

Эътибори сиёсии давлати мо дар арсаи байналмилалӣ рўз аз рўз меафзояд. Президенти мамлакат аз рўзи ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан дар мустаҳкам намудани робитаҳои байналмилалӣ, хусусан ҷалби сармоягузории хориҷӣ баҳри пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ, гулгулшукуфии Ватан саъю кўшиши худро равона сохтанд. Дар натиҷаи сиёсати некбинонаи Сарвари давлат қариб тамоми дунё Тоҷикистонро шинохт ва эътироф намуд.

Сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат дар арсаи байналмилалӣ имконият дод, ки дар қатори дигар соҳаҳои мухталифи ҷомеа робитаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ бо кишварҳои хориҷӣ густариш ёфта, ба неруву иқтидори мудофиавии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оранд. Дар робита ба ин ғамхориҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мо-низомиён бояд бо интизоми намунавӣ, маҳорати баланди касбӣ, шуҷоату далерӣ ва садоқату ҷасорат нисбати иҷрои савганди ҳарбӣ намунаи ибрати дигарон бошем ва тамоми кўшишу ғайрати худро баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодагию омодабошии ҳарбӣ, малакаи касбӣ, вусъати корҳои тарбиявӣ - сиёсӣ, мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб равона созем.

Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму пойдории сулҳу субот ва рушду нумуи ҳама соҳаҳои ҷомеаи имрўза давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра собит намуд, ки ҳама миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистон ва берун аз он дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ғамхору дурандеш, ҳимоятгари манфиатҳои милливу таърихии мардуми ин сарзамини куҳанбунёдро дидаанду таҳти сиёсати пешгирифтаи ин фарзанди фарзонаи миллат, сиёсатмадори шинохта ва Пешвои миллат кору фаъолият менамоянд ва ҳаёти осоишта доранд.

Раҷаббой Қурбонзода,
ёрдамчии прокурори
ҳарбии гарнизони Суғд,
лейтенанти калони адлия

Читать далее

“Навоафрўзи Аҷам”

Дар толори факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 25-солагии Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 75-солагии мавлуд ва 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи Халқии Иттиҳоди Шўравӣ, профессор Ҷўрабек Муродов Конфронси илмӣ- фарҳангии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Навоафрўзи Аҷам» баргузор гашт.

Конфронсро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷўразода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба чорабинии илмӣ- фарҳангӣ хайрамақдам гуфт. Мавсуф хидматҳои Ҳунарпешаи Халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродовро дар муаррифӣ ва рушди санъати тоҷик шоистаи таҳсин унвон кард. Номаи муборакбодии устодону шогирдони донишгоҳ ба соҳибҷашн тақдим шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадҷонзода дар сухани табрикотии хеш ба устоди санъати тоҷик Ҷўрабек Муродов тансиҳативу сарбаландиро орзу намуда, аз ҳунар ва истеъдоди нотакрори нобиғаи санъат ҳарф зад.

Сипас иштирокдорони конфронс маърўзаи доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслидин Низомовро дар мавзўи «Ду меҳрубони миллат (оид ба пайванди фалсафӣ - таърихии сурудҳои Ҷўрабек Муродов ва ашъори Мирзо Турсунзода)» шуниданд. Маърузачӣ роҷеъ ба пайванд ва ҳамкориҳои судманди ин ду марди соҳибистеъдоди Ватан сухан карда, аз нақши боризи онҳо дар рушди санъат ва назми тоҷик ёдрас шуд.

Чеҳраи тавонои санъати мусиқии тоҷик Ҷўрабек Муродов дар маърузаи номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Султоналӣ Худойбердиев аз нигоҳи илми санъатшиносӣ бозгў шуд. Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона низ аз шеъру мусиқӣ ва саҳми Ҷўрабек Муродов дар рушди санъати мусиқии тоҷик сухан кард.

Дар қисмати фарҳангии конфронс донишҷўён ва шогирдон оҳангҳои эҷоднамудаи Ҷўрабек Муродовро суруданд.

Дар интиҳо Ҷўрабек Муродов ба қадрдонии мухлисон миннатдорӣ намуда, ҳозиринро бо сурудҳои дилнавози хеш шод гардонид.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд» 

Читать далее

Натиҷаи тараққиёти илму техника

Химия аз давраҳои қадим то ба ҳол ба инсон ёрӣ мерасонад. Аз замонҳои пеш одамон онро дар истеҳсолот, сохтмон, моддаҳои сўзишворӣ (газ, нефт, ангишт), табобати бемориҳо, барои пухтани хўрок истифода мебурданд. Аз ҳар гуна растаниҳо гиёҳҳо тайёр карда, беморонро муолиҷа мекарданд.

ҳоло низ 25-30 фоизи моддаҳои доругӣ аз ҷавҳари ҳар гуна растаниҳо тайёр карда мешаванд. Аз сабаби он ки дар давраҳои қадим шуурнокии инсонҳо на он қадар хуб тараққӣ карда буд, онҳо намедонистанд, ки ҳамаи моддаҳои истифодашаванда аз элементҳои химиявӣ таркиб ёфтаанд.

Сол аз сол дар натиҷаи тараққиёти илму техника қисми зиёди мардум аз таркиби моддаҳои доруворӣ, роҳҳои гуногуни истеҳсол ва истифодабарии онҳо хабардор гаштанд.

 Соҳаи тиб бе мавҷудияти илми химия вуҷуд дошта наметавонад. Омўзиши фанни химия дар соҳаи тиб аҳамияти хеле калон дорад, ки мо бо ёрии ин фан роҳҳои синтези моддаҳои доруворӣ, истеъмол, методҳои таҳлили физико-химиявии онҳо ва тарзҳои нигоҳ доштани дорувориҳоро меомўзем.

Падари “Ятрохимия” Теофарс аввалин шахсест, ки фикри худро оид ба соҳаи тиб ва химия баён доштааст: “Соҳаи химия на танҳо барои ҳосил кардани моддаҳои қимматбаҳо, балки барои истеҳсоли моддаҳои доруворӣ аҳамияти калон дорад”.

Дар замони муосир яке аз бемории паҳншудатарини сироятӣ ин зуком (грипп) ба ҳисоб рафта, аломатҳои асосии он варами луобпардаи бинӣ ё гулў, хушк шудани қисми болоии роҳи нафас ва сўзиши он, ҳамчунин атса задан ва омадани луоби бинӣ ба ҳисоб меравад.

Барои муолиҷаи зуком намудҳои гуногуни моддаҳои доруворӣ истифода бурда мешаванд, ки яке аз онҳо бо номи “Инсти” маълум аст. Таркиби ин намуди доруворӣ низ аз элементҳои химиявӣ иборат буда, барои кўдакон, калонсолон инчунин, барои занҳои ҳомиладор тавсия мешавад.

Нилуфар Ҷабборова,
омўзгори Коллеҷи тиббии
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Аз кишт берун мондани заминҳои корами обӣ: Сабаб ва паёмадҳо

Прокуратураи вилояти Суғд ҳолати истифодаи заминҳои обӣ ва сабабҳои аз кишт берун мондани онҳоро дар ҳудуди вилоят мавриди таҳлил қарор дод. Муайян карда шуд, ки дар ҳудуди вилоят дар маҷмуъ 4036 гектар, аз он 370 гектар замини корами обӣ ва 329,25 гектар замини корами лалмӣ аз кишт берун мондаанд.

Аз шумораи умумии заминҳои обии аз гардиши кишоварзӣ берун монда, 3094,81 гектар замин бинобар набудани об барои обёрӣ, 402,94 гектар бинобар корҳои ғайриқаноатбахши ташкилии хоҷагидорӣ аз ҷониби заминистифодабарандагон, 94,46 гектар дар натиҷаи селоб зер кардани заминҳо (Панҷакент), 72 гектар бинобар шўршавию ботлоқшавӣ (Ашт) ва 67 гектар бинобар кор накардани пойгоҳҳои обкашӣ (Ашт) мебошад.

 Аз шумораи умумии заминҳои обии аз кишт берун монда, 402,94 гектар қитъаи замин бо сабаби ғайриқаноатбахш ба роҳмондани корҳои хоҷагидорӣ аз кишт берун мондааст. Замин барои кишт пурра омодааст, аммо заминистифодабарандагон бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумлаи имконияти молиявӣ надоштан, кам будани оби полезӣ ё қобилияти корӣ надоштан дар масоҳати замини мазкур кишт накардаанд.

Санҷиш муайян намуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Ашт аз ҷониби масъулини хоҷагиҳои деҳқонии “Шамсиев-2”, “Шамсиев-4”, “Бародарон-2”, “Бародарон-3”, “Шамсиддин”, “Ниёзматов Ш.” ва “Шамсиев-1” замини обии кишоварзӣ мувофиқи мақсад мавриди истифода қарор дода нашуда, ин заминҳо ба чарогоҳи чорвои хурду калони шохдор табдил дода шудааст.

Ё ин, ки дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии “Нур-Темур” 121,57 гектар ва “Меҳри Далён” 20 гектар замини корами обӣ, бинобар фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ ва нагузаронидани корҳои мелиоративӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, 30 гектар замини обии ҶДММ “Рушди кишоварзӣ”, 25 гектар замини ҶДММ “Сохтмон” ва 10 гектар замини ҶДММ “Фатҳ-М” аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Ба ҳамин монанд, дар ноҳияи Зафаробод бе сабабҳои асоснок заминҳои корами обии хоҷагиҳои деҳқонии “Муъмин-2014”1 гектар, “Ҳомидиён-2017”9 гектар, “Сапидулло” 4,50 гектар ва “Ғолиб” 21,70 гектар аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Аз ин рў, аз ҷониби Прокуратураи вилоят нисбат ба масъулини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятҳои дар боло зикргардида бо моддаи 156 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бе сабаб истифода набурдани заминҳои кишоварзӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, ашхоси гунаҳгор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ҳамзамон, санҷиш нишон дод, ки дар ноҳияи Ашт дар маҷмуъ 72 гектар замини корами обӣ, бинобар бемасъулиятии заминистифодабарандагон ва иҷро накардани уҳдадориҳояшон ба ботлоқшавӣ ва шўршавӣ мубаддал гардида, аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, ки хоҷагиҳои деҳқонии “Меҳрон-1”, “Шамсиддин”, “Малоҳат”, “Комрон”, “Сурайё”, “Н.Ҳувайдуллоев”, “Холматов А”, “Мирзоалиев А”, “Адолат”, “Баҳористон”, “Муродҷон”, “Раҳмонқул” ва “Акмал” мебошанд.

Нисбат ба раисони хоҷагиҳои деҳқонии дар боло зикргардида аз ҷониби Прокуратураи вилоят бо моддаи 142 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби ҳифз ва истифодаи замин нисбати шахсони масъули хоҷагиҳои кишоварзӣ 42 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳо ирсол гардиданд.

С.ҶАЛОЛЗОДА,
прокурори калони шуъбаи назорати
умумии Прокуратураи вилояти Суғд,
мушовири адлияи дараҷаи II
Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее