November 2017

30 November 2017

Эътибор ба таъмири роҳҳо

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2 километр роҳи маркази ноҳияи Шаҳристон мумфарш мегардад. Барои таъмири роҳ ду миллион сомонӣ маблағ аз буҷети вилоят ҷудо гардида, фармоишгари он Идораи сохтмони асосии вилоят мебошад. Ҳамворкуниву омода намудани таҳкурсии роҳи ин минтақаро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷроуд» ба зимма гирифтааст.

Барои саривақт анҷом додани корҳои роҳсозӣ алҳол техникаи идораи роҳи ноҳия ба кор ҷалб гардида, рўзҳои наздик роҳи мазкур мумфарш карда мешавад – гуфт, зимни сўҳбат Комил Ортиқов – сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шаҳристон.

Н.ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Сайҳун шодоб мегардад

Чуноне ҳамагон огаҳӣ доранд, бо иқдом ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати истифодаи босамари заминҳои бекорхобида ва бунёди шаҳраки замонавӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.

-Барои бунёди ин шаҳрак ва обёрию ободонии он тибқи лоиҳа се пойгоҳи обкашӣ сохта мешавад. Айни ҳол 2 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст, - гуфт зимни суҳбат сармутахассиси Идораи сохтмони асосии вилоят Абдуғаффор Ҳайдаров.

Ҳамчунин ў афзуд, ки оби полезӣ ба шаҳрак аз дарёи Сир бароварда шуда, дар ин раванд фаъолияти пойгоҳҳои обкашии «Сайҳун-1» ва «Сайҳун-2» бомаром идома доранд. Дар ин мавзеъ боғҳои интенсивӣ аз тарафи ташкилоту хоҷагидорон ва сокинон бунёд гардида, сохтмони биноҳои баландошёнаву коттеҷҳои замонавӣ ҷараён дорад. Барои ба боғҳои интенсивӣ бурдани хатти обгузаронӣ аз пойгоҳи обкашии «Сайҳун -1» то «Сайҳун -2» бо қубурҳои қутраш 1020 мм ба масофаи зиёда аз 7 ҳазор метр корҳо рафта истодааст. Аз пойгоҳи обкашии «Сайҳун -2» ба яке аз нуқтаҳои баландтарини ин мавзеъ дар марҳилаи аввал бо қубури қутрашон 720 мм обро кашида, дар ҳавзи ҳаҷмаш 20 ҳазор мукааб метр сохташуда захира мегардад.

Ҳамчунин барои беҳтар намудани вазъи обтаъминкунии шаҳраки навбунёду боғҳои интенсивӣ бунёди хатти баландфишори обтаъминкунӣ бо қубурҳои оҳанини қутраш 720 мм ба масофаи зиёда 15 ҳазор метр идома дорад.

-Алҳол дар ин мавзеъ сокинону хоҷагидорон корҳои сохтмониву бунёди боғу боғдориро вусъат бахшидаанд ва аз ин лиҳоз талабот ба об зиёд гаштааст. Бинобар ин мутахассисони мо аз пойгоҳи обкашии «Сайҳун -2» ба ин минтақа  ба масофаи 6 ҳазору 400 метр хатти баландфишори оби полезӣ кашида, мавриди истифодаи сокинон қарор доданд. Ҳамчунин барои бонизом ба роҳ мондани кори қубурҳои обрасонӣ барои боғҳои интенсивӣ дар байни боғот хатҳои баландфишори обтақсимкунӣ сохтем ва дар ин самт низ корҳо идома дорад, изҳор дошт мавсуф.

Имрўзҳо алакай сокинони зиёде дар шаҳрак бо истифода аз имконоти мавҷуда ҷиҳати ободонӣ, бунёди манзилу боғотазму талош доранд. Бо оби нўшокиву полезӣ таъмин гаштани ин мавзеъ ба ободию сарсабз гаштани шаҳрак мусоидат намуда, бино ба гуфти масъулин рўзҳои наздик маҳаллаҳои он пурра бо об таъмин мегарданд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Қаламчаи гули садбарг ва маҷнунбед

ё дастуре ба гулпарварон

Шинондану нигоҳубини  гулҳои гуногуни тирамоҳиву зимистона дар қаламрави вилоят бомаром идома дорад. Бояд гуфт, ки шинонидани гул нишонаи зебоипарастиву фарҳанги воло доштани мардумро нишон медиҳад.      

Садбарг гули зебо буда, аз қадимулайём онро мардум ҳамчун нишонаи меҳру муҳаббат ва самимияти афзун дониста, ба ҳамдигар тақдим менамоянд ва зеби маҳфилу ҷашнҳо мешуморанд. Тибқи маълумотҳо алҳол 293 намуди гули садбарг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш карда мешавад.

Парвариши гули садбарг ва ба тарзи қаламча зиёд кардани он кори басо заҳматталаб буда, нигоҳубини хоссаро мехоҳад. Доир бо ин усул афзоиш додани гул боғбон Умаралӣ Боймирзоев чунин гуфт:

- Парвариш ва афзун намудани гули садбарг тарзҳои гуногун дорад, лекин бо усули қаламча шинонидани он дастрас аст. Бо ин роҳ дар давоми як сол метавонем, миқдори зиёдтари гулҳои зебои садбаргро парвариш кунем. Қаламча кардани гули садбарг аз моҳи ноябр оғоз меёбад, зеро нартҳои гули садбарг дар ҳамин моҳ пухта мерасанд. 

Барои қаламчаи гули садбарг ҷойи аз ҳар ҷиҳат мувофиқро муайян ва интихоб кардан лозим аст. Парвариши он зери плёнкаи полиэтиленӣ сурат гирифта бараш бояд як - ду метр бошад, яъне ба паҳноии плёнка муносиб бояд бошад. Аввал хокро побел карда, ба болои он пору мепошем. Сипас, ҷўяк мекушоем, паҳноии ҷойи қаламчашинонӣ бояд 20 см бошад ва ғунҷоиши чор қатор қаламчаи гули садбарг ба он мувофиқ ояд. Заминро  нарм карда, қаламчакуниро оғоз мекунем. Қаламчаро аз гули садбарги кўҳнаи шукуфта гирифта, онро як шабонарўз дар маҳлули перманганати калий нигоҳ медорем. Мақсади коркард бо ин маҳлул эмин доштани буттаҳои гул аз ҳашароти зараррасон мебошад. Пас аз ба анҷом расонидани корҳои зарурӣ ба хоки пештар коркардшуда, қаламчаро гузошта мешинонем. Гули садбарг тақрибан аз 9 май ба шукуфтан оғоз карда, то 15 ноябр меистад ва муҳити зисти моро зебу таровати хосса медиҳад.

Боиси зикр аст, ки имрўз аллакай гулпарварони Боғи истироҳатию фароғатии Камоли Хуҷандӣ, аз ҷумла Улбўсин Алиқулова, Заррина Мансурова, Муҳаббат Алиёрова, Мастона Шодибекова, Умаралӣ Боймирзоев ва дигарон 7 ҳазор қаламчаро дар гармхонаҳои зериплёнкавӣ шинонидаанду тибқи нақша бояд шумораи онро то 11 ҳазор расонанд. Гулпарварони моҳир  кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки соли оянда гулҳои зебову шукуфони садбарг намои Хуҷандшаҳрро бо зебогиаш дигаргун созад.  

Тавре директори боғи фарҳангӣ фароғатии Камоли Хуҷандӣ Абдусалом Шодибеков изҳор дошт, қаламчаҳои гули садбаргро асосан аз маҳаллаҳои шаҳр гирифтаанду пас аз омодашавии қаламчаи гули садбарг ба таври ороишӣ онро ба мавзеъҳои шаҳри Хуҷанд, алалхусус, дар назди Осорхонаи таърихиву кишваршиносии вилоятӣ  мешинонанд. Алҳол парвариши се намуди гули садбарг - сафед, сурх ва заррина ба роҳ монда шудааст, ки ин намуд гули садбарг хеле зебо ва диққатҷалбкунанда мебошад. Ҳамчунин тибқи дастури Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ нақша дорем, ки то охири сол парвариши қаламчаи дарахти маҷнунбедро низ ба таври васеъ дар гармхонаҳои махсус ба роҳ монем. Қаламчаи маҷнунбед ҳам мисли гули садбарг аст, шохаҳои дарахтро бурида, дар гармхона нигоҳубин карда, пас аз 6 моҳ ба шинонидан оғоз мекунем.

Боиси зикр аст, ки қаламчакунии гули садбарг дар қаламрави вилоят идома дошта, гулпарварону боғбонон барои сари вақт дастрас кардани гул ва ободу зебо гардидани мавзеъҳои вилоят ҷидду ҷаҳд доранд.  

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
Суратгир Инъомҷони РАБИЗОД
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

“ФАРМ - СУFД”: доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Бўстон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм-Суғд” низ ифтитоҳ гардид, ки аз гиёҳҳои табиӣ бо дорусозӣ машғул аст.

Бояд қайд кард, ки корхонаи тозатаъсиси дорусозӣ аз силсилаи коргоҳҳои истеҳсолӣ буда, он аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон доруворӣ ва дар зарфҳо ҷой додани нўшобаҳоро омода месозад. Бино ба гуфти сарвари коргоҳ Бахтиёр Эгамбердиев дар ин ҷо ҳамчунин маркази омўзишу таҳлили дорую маводи тиббӣ ва муаррифии гиёҳҳои шифобахши табиии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Коргоҳи коркард ва борпечкунии гиёҳҳои шифобахши ватанӣ бо номи ҶДММ “Фарм-Суғд” беш аз 70 намуди истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ мондааст ва баҳри огоҳонидани сокинону истеъмолкунандагон тасмим гирифтем дар шумораҳои рўзнома пайваста оид ба таркибу истифодаи онҳо маълумоти бештар диҳем:

Гиёҳчойи гули бобуна

Бобуна гиёҳи хушбўй буда, баргҳои канори гулаш сафед ва мобайни он зардранг ва растании шифобахш аст. Он гиёҳи яксола, пояаш рости сершохча, баландиаш 30 см, баргаш паршакл, гулаш хурди забонакшакли сафедзард мебошад. Гули бобуна дар саросари Тоҷикистон дар байни алафзор, қади роҳҳо, доманаи кўҳҳои сералаф, дарахтзор ва назди иқоматгоҳҳо нашъунамо меёбад. Таркиби садбарггули бобуна, ки дар тиб истифода мешавад, аз равғани эфир, флавоноидҳо, фитостеринҳо, талхӣ, кумаринҳо, витамини С, каротин, кислотаҳои органикӣ, апинин, апигенин ва ғайра иборат аст.

Бобуна давои дарди кадом бемориҳост?

Чойи бобунаро барои муолиҷаи илтиҳоб (варам, газак) - и пардаи луобии меъда, захми он, рўдаи дувоздаҳангушта, халадарди меъдаву рўда, бемориҳои ҷигар, талха, касалиҳои занона, дарди нимсара, рагкашӣ ва ҳамчун доруи хобовар, обҷўши онро барои ғарғара кардани даҳону гулў, шустани захмҳои фасоддор, табобати зардзахму илтиҳоби бандҳо (артрит), бемориҳои чашм, облаттаашро барои муолиҷаи омосҳо истифода мебаранд. Паҷўҳишгоҳҳои тиббӣ исбот намудаанд, ки гули бобуна барои илтиҳоб (газак), манъи хунравӣ, оромбахшии дард, асаб, ташаннуҷ, арақи бадан, кори дил ва захми илтиҳобии меъдаву рўда даво мебошад. Ҳамчунин ҷўшобаи гули бобуна дарди ҷонгудози ниқроз (подагра) ва ревматизмро оромӣ мебахшад.

Тарзи истеъмол:

Як-ду халтачаи полоиширо дар 200 мл оби ҷўшонидашуда 15 дақиқа дам дода, 30 дақиқа пеш аз хўрок 1/3 истаконӣ дар як рўз се маротиба нўшидан тавсия дода мешавад.

Таҳияи Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Гармхонаҳо: Беэътиборӣ ба парвариши сабзавот

Дар 4 гармхонаи Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров танҳо кабудию пиёз кишт шудаасту халос!...

Дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бобати таъмини талаботи аҳолӣ ба сабзавоти тару тоза саҳми гармхонаҳо назаррас арзёбӣ мегардад.

Тибқи иттилои расмии Сарраёсати кишоварзӣ дар вилоят 445 гармхона мавҷуд мебошад. Миқдори аз ҳама зиёди гармхонаҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, 131 ададро ташкил медиҳанд, ки танҳо 114 адади он фаъолият бурда, боқимонда 17 адад дар ҳолати ғайриистифода қарор доранд. Аз 24 гармхона як гармхонаи хоҷагии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳия дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ду адади дигар умуман истифода нашудааст.

Аз 20 гармхонае, ки дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳия фаъолият доранд, дар се адад кабудӣ ва дар яке пиёзи хитоӣ кишт шудааст. Ин дар ҳолест, ки гармхонаҳо мебояд асосан барои кишти сабзавот, яъне помидору бодиринг истифода шаванд. Албатта кабудӣ ҳам лозим аст, аммо ба кишти сабзавот боястӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Мақсади асосии ташкил намудани гармхонаҳо дар вилоят ин дар фасли сармо таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза буда, бояд нархи онҳо ба аҳолӣ дастрас бошад. Ба гуфти соҳибкор Ибодат Қаюмова, ки дар гармхонаи хоҷагии ба номи Раҳмон Набиев фаъолият дорад, айни ҳол бодиринг аз гармхонаҳо ба бозор бо арзиши 7-8 сомонӣ ба фурўш бароварда мешавад.

Парвариш намудани маҳсулот дар гармхонаҳо, фароҳам овардани шароит барои инкишофу нашъунамои сабзавот танҳо як тарафи масъала аст, аммо ба аҳолӣ бо нархи дастрас пешниҳод намудани он низ бояд мавриди таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи масъулини соҳаи кишоварзӣ қарор бигирад. Зиёд шудани шумораи гармхонаҳо ва фаъолияти самараноки онҳо имкон медиҳад, ки маҳсулот дарвоқеъ бо арзиши дастрас пешкаш карда шаванд.

Фаъолияти соҳибкорон дар гармхонҳо иқдоми нек аст ва ҳадаф бояд на танҳо ба даст овардани фоида, балки таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза мебошад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»
Суратгир И.РАБИЕВ

Читать далее

Ҷамъбасти озмунҳои вилоятӣ

28 ноябр дар муассисаи ғайридавлатии таълимии «Паймони азизон» даври ниҳоии озмунҳои «Мураббии соли Тоҷикистон- 2017» ва «Муаллими соли Тоҷикистон- 2017» баргузор гардид. Довталабон аз рӯи шарти панҷуми озмунҳо донишу маҳорати касбии худро намоиш доданд.

Ҳар ду озмун ба таври кушод, бо иштироки васеи омӯзгорону мураббиён, намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони соҳа, кормандони воситаҳои ахбор ҷараён гирифт.

Дар даври вилоятии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон- 2017» 5 нафари онҳо – Дилрабо Миркалонова, мураббии кӯдакистони №4, шаҳри Бӯстон, Нигинаи Бобомурод, мураббии кӯдакистони №11, шаҳри Панҷакент, Таҳмина Абдуалиева, мураббии кӯдакистони №23, шаҳри Хуҷанд, Муслима Анварова, мураббии кӯдакистони №1, ноҳияи Спитамен ва Меҳрангез Исмоилова, мураббии кӯдакистони №8, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд,

Аз рӯи шарти шиносоӣ  Меҳрангез Исмоилова соҳиби 25 хол гардида, шумораи умумии холҳояшро ба 111,5 расонид. Зинаҳои баъдиро  Дилрабо Миркалонова, Таҳмина Абдуалиева, Нигинаи Бобомурод ва Муслима Анварова ишғол намуданд.

Дар даври ниҳоии озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон- 2017» низ 5 нафар  Сафарҷон Раҷабов аз ноҳияи Зафаробод, Раъно Икромова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Адолат Ҳайдарова аз шаҳри Хуҷанд, Наргиза Абдувалиева аз шаҳри Бӯстон ва Раҳима Норматова аз шаҳри Гулистон иштирок карданд. Аз байни онҳо Раъно Икромова омӯзгори МТМУ № 14, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯи шарти муаррифӣ холи аз ҳама зиёд ба даст овард. Дар ҷамъбасти ҳар ду озмун сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода андешаҳояшро баён дошта, таманно намуд, ки  намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявӣ низ фаъолона хоҳанд намуд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов

Читать далее

Дастагули меҳр

Маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Бонуи нексиришт ва соҳибфазилат», ки ба муносибати 70-солагии Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими барҷастаи фарҳанги тоҷик Муҳаббат Мирсаидова дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии маркази вилоят баргузор гардид, хотирмон буд.

Пас аз ба намоиш гузоштани навори слайдӣ аз ҳаёту фаъолияти Муҳаббат Мирсаидова сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев табрикоти  кулли фарҳангиёнро ба соҳибҷашн расонда, дар бораи сифатҳои инсонии ин бонуи фариштасимою хушсухан ибрози ақида намуд.

Намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилоят, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Солиҷонов, муаррих, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонҷон Fаффоров, сардори Китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Раҳимова, корманди телевизион ва радиои вилоят Мунаввара Мирзоумарова ва дигарон меҳрномаашонро барои соҳибҷашн иброз дошта,  тансиҳативу хонаободӣ таманно намуданд. Гулдастаи пур аз меҳру ихлосу самимияти ҳамкорону меҳмонон, дӯстону пайвандон  тақдими соҳибҷашн гардида, боиси хушнудии аҳли толор гашт.

Шоира САЛИМОВА 

Читать далее

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ва иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Читать далее

29 November 2017

Иқдоми наҷиб

Дар остонаи ҷашни Рӯзи парчами миллӣ кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба иқдоми наҷибе даст зад. Ба хотири боз ҳам хубтару самимитар таҷлил намудани ин санаи фархунда дар маҳаллаи Масҷиди Савр бо иштироки беш аз 400 нафар сокини маҳалла чорабинии идона ташкил намуд.

Саҳни чойхонаи маҳалла идона оро дода шуда,  дар як гӯшаи он бошандагони маҳалла дар озмунии зеҳни шоҳмот, ки бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрӣ рӯи кор омад, маҳорат ва дониши худро санҷиданд. Занони ҳунарманди маҳалла маҳсули дастранҷи аз матои атласу адрас дӯхтаи худро ба маъраз гузошта буданд.

Меҳмонони чорабинии идона Сарфароз Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулоҳ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ  Наим Мунаввар аз намунаи дастранҷи аҳли маҳалла ошноӣ пайдо карда, ба ҳунари  дӯзандагиву пазандагии сокинон баҳои баланд доданд. Дар гӯшаи дигари ин мавзеъ хонандагон Парчами миллӣ дар даст дар васфи Ватан- модар шеърҳо қироат намуданд.

Баргузории чорабинӣ маҳз ба хотири баланд бардоштани ифтихори миллӣ, талқини дӯстиву рафоқат байни маҳаллаю кӯчаҳо ва лаҳзае бошад ҳам, шод кардани хотири сокинон мебошад.

Кумитаи маҳаллаи Масҷиди Савр аз ҷумлаи маҳаллаҳои қадимтарини шаҳр маҳсуб ёфта, даҳҳо шахсиятҳои варзида дар ин маҳал ба камол расидаанд. 

Ҷамшед Ҷӯрабоев низ дар суханронии хеш аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ бояд ҳар сокин аз таъриху тамаддуни худ огоҳии бештар дошта бошад. Чорабинии имрӯза воқеан иди халқист ва бо ин васила гурӯҳи зиёди сокинон ин ҷо сарҷамъ омада, аз моҳияти парчаму парчамдорӣ иттилои бештар ёфтанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ озмунҳои «Кӯчаи беҳтарин», «Оилаи беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин», инчунин мусобиқаи «Шоҳмотбози беҳтарин» ҷамъбаст гардиданд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов

 

 

 

Читать далее

Танзимгари дили бемор

Дўсти деринам, раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ Додоҷон Сўфиев, ки саманди умраш ҳамин сол аз марзи 70 убур кард, хабар дод, ки мисли ҳарсола боз барои ташхису табобат ба Маркази дилшиносии вилоят омадааст. Вақт ёфта, ба аёдаташ шитофтам, зеро доимо дар бораи як пизишки ҳозиқи ин бемористон бо номи Ҷовид бисёр суханони сипосомез мегуфт ва таъриф мекард:

- Даҳ сол боз, баъди ғунучини ҳосил ба назди ў меоям ва дувоздаҳ рўз маро ташхису табобат мекунаду бо ҳамин як соли дигар «мотор» азоб намедиҳад. Барака ёбад, ба мо, беморон мисли фарзанд, мисли як бародару ошно муносибат мекунад.

Ҳамҳуҷраи Додоҷон марди босалобат Муҳаммад Шарифов аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки машғули китобхонӣ буд, ин суханонро шунида, сар аз китоб бардошт ва ба суҳбат ҳамроҳ шуд:

-Рост мегўянд, сад дар сад дуруст, дар ҳаққи табиби мо – Ҷовид Ёров чӣ қадар таърифу тавсиф кунед, боз ҳам кам аст. Соли 2008 диламро ҷарроҳӣ карданд ва аз ҳамон сол Ҷовид маро назорату табобат мекунад ва соле як бор ба ин марказ омада, бо нерую тавони нав ба деҳа бармегардам.

Саргарми суҳбат будем, ки Ҷовид Ёров ба ҳуҷраи беморон ворид шуд, басо гарму самимӣ ҳолу аҳвол пурсид, чанд маслиҳати муфид ба ҳарду бемор дод.

-Модарам доимо аз касалии фишори баланди хун азият мекашиданд ва мехостам, ки духтур шуда, пеш аз ҳама он касро табобат кунам, - мегўяд Ҷовид Ёров. – Бо ҳамин хондану табиб шудан орзуи асосии бачагии ман гардид.

Соли 2000 филиали дар шаҳри Хуҷанд будаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Синоро бо тахассуси пизишки дилшинос хатм кард. Солҳои донишҷўӣ дар чандин беморхона ҳамчун бародари шафқат кор карда, ҳам малака ҳосил мекарду ҳам барои рўзгузаронӣ каме маблағ пайдо менамуд. Дилшинос Ҷовид Ёров ҳамеша ба беморон талқин мекунад, ки асли даво парҳез аст. Инчунин ба онон тавсия медиҳад, ки бештар аз меваю гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони офтобиамон, ки махзани бебаҳоянд, истифода баранд.

-Зардолу, сиёҳолу, дўлона, пудинаи кўҳӣ, эшум… ва ҳазорон дигар меваю гиёҳҳо дорем, ки барои танзими кори дил беҳтарин даво мебошанд, -таъкид мекунад Ҷовид Ёров ба беморон. –Истифодаи онҳо барои бемор ҳам арзон меафтаду ҳам дар қиёс бо доруҳои кимиёвӣ ба дигар узвҳо зарар намерасонад, - мегўяд пизишк.

Ҷўра ЮСУФӢ,
рўзноманигор

Читать далее