01 December 2017

МАҲФИЛИ СУДМАНД

 

 

 

Дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров семинари илмии “ Сиёсат ва ҷомеа” баргузор гардид.     

Дар ибтидо дар бобати ҳадафи ташкили семинари доимоамалкунандаи кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ «Сиёсат ва ҷомеа» маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ҳамчунон қайд карда шуд, ки минбаъд дар семинари “Сиёсат ва ҷомеа” мақолаҳо ва корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегиранд, ки бевосита ба такмили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омодашавии олимони ҷавон барои дифои рисолаҳояшон мусоидат менамояд. 

Маърӯзаи пурмӯҳтавои дотсент, номзади илмҳои филология ӯғулой Умаралиева ки ба мавзӯи «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат» бахшида шуда буд, шунида шуд.

Масъалаи ифротгароии динӣ чун яке аз масъалаҳои мушкили ҷамъиятӣ дар баромади профессор М.Оқилова мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавсуф дар мавзӯи “Ифротгароии динӣ ва роҳҳои пешгирии он дар байни ҷавонон» маърӯза намуда, дар ин замина андешаҳои ҷолиб иброз намуданд. ҳамзамон моҳияти ифротгароии динӣ аз нигоҳи илмӣ, симои ифротгаро ва роҳҳои пешгирии ин ҳодисаи номатлуб дар байни ҷавонон тавассути муаррифӣ бо нишон додани маълумотҳои оморӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Дар маърӯзаи хеш устоди кафедраи сиёсатшиносӣ З.Комилова муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ-иҷтимоии кишварро, ки дар саҳафоти матбуоти даврӣ инъикос гардидаанд, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта шуд.

Баъдан  котиби масъули Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дотсент А.Ш.Шарифов андешаҳои худро роҷеъ ба мавзӯъҳои баррасишуда дар семинар баён намуда, барои фаъолияти минбаъдаи он андешаҳои ҷолиб баён  намуд.

Тавре дар фарҷом роҳбари семинар доктори илмҳои фалсафа, профессор М.Оқилова таъкид намуд, минбаъд фаъолияти семинарро ба таври кушод ба роҳ монда, ба он мутахассисони пешбари мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, олимон ва устодони мактабҳои олӣ, паҷӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ, аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, намояндагони васоити ахбори оммаро ҷалб менамоянд.  Бояд зикр намуд, ки дар семинар намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят, аъзоёни кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, устодони коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров, устодон ва донишҷӯён аз факултетҳои дигари донишгоҳ низ ширкат варзиданд.

А.Бердишукуров,  

мудири кафедраи сиёсатшиносӣ

ва фарҳангшиносӣ, дотсент

М.Ҳомидова, сармуаллима 

 

 

 

Читать далее

ТАҲДИДИ ҶИДДӢ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

 

 

 

Дар ибтидои асри ХХI падидаи ҷаҳонишавӣ рушд намуда, муносибатҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ байни халқиятҳову давлатҳо барқарор  гардиданд. Аз тарафи дигар, мутаасифона падидаҳои  номатлуб,  аз қабили ифротгароиву экстремизми динӣ, терроризми байналҳалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷомеаи  мо реша  ронданд.

Экстремизм аз рўи мазмун –динӣ ва дунявӣ   ё аз рўи зуҳурот- ҳудудӣ - минтақавӣ, байналхалқӣ шуда метавонад. Нигоҳи экстремистӣ хеле решаи чуқур дорад, он ҳеч гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад, экстремизми динӣ дар доираи ҳамаи динҳо (насронӣ , буддоӣ, ҳиндуия ва ғ.) мавчуд аст.

Экстремизми динӣ дар доираи Ислом низ мавҷуд буда, он дар куҷое, ки зуҳур кунад, дар назди худ мақсади асосӣ– барпо намудани  «халифат- системаи идоракунӣ дар ислом»-ро мегузорад. Бо ин мақсад  низоъҳо, ихтилофҳои мазҳабӣ ба вуҷуд меоварад,  баромадхои яроқнок ташкил мекунад, бо роҳи зўроварӣ ғасби ҳокимият,  хунрезиро  пеша мекунад. Ин амалҳо садди роҳи мустақилияти ҳар миллат, монеъгӣ баҳри тараққиёти ҷомеа мегардад. Дар ин маврид ҳаминро бояд таъкид намуд, ки дар  китоби муқаддаси мусулмонон Қуръон мафҳуми Халифат нисбати давлати алоҳидаи мусулмонон вуҷуд надорад. Тибқи маълумоти ҳадиснигорон Абу Довуд ва Имом Тирмизӣ дар як ҳадиси Муҳаммад (с.а.с.) омадааст, ки «Халифат дар ҷомеаи ман си сол арзи ҳастӣ мекунад. Сипас салтанат (шоҳигӣ, монархия) ҳукм меронад», яъне давлатҳои алоҳида ҳукмронӣ мекунанд.

Амалҳои даҳшатноки террористии солхои охир, ки дар Покистон, Шарқи наздик (Сурияву Ироқ), Россия,  Фаронса ва дигар манотиқи ҷаҳон содир шуданд, ҳаминро собит мекунад, ки терроризм бо кадом ливое (динӣ, сиёсӣ, миллӣ, иқтисодӣ) баромад кунад, дар зери кадом ниқобе зуҳур кунад, мардуми бошууру меҳанпарасти кишварамон, хосатан ҷавонони  баору номусамон бояд моҳияти ҷинояткоронаи онро дарк намуда, нияти ғаразноки онро фош намоянд.

Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ хастем, ки имрўзҳо созмони ба ном «Давлати исломӣ» (аз соли 2013- Давлати исломии Ироқу Лубнон)ба яке аз бузургтарин гурўҳҳои террористии ҷаҳон, хосатан олами Ислом табдил ёфтааст. Чи тавре, ки  маълум, аст «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия ва дигар давлатхои Араб  зўроварӣ, қатлу ғорат, кушторҳои бераҳмонаро ба роҳ мондаанд.  Роҳбарон ва пешвоёни ғоявии  «Давлати исломӣ»   ин ташкилотро ба сифати бузургтарин созмонии исломӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо аз рўи амалаш ин ташкилот имрўз ба созмони ҷиноятпешаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Созмони мазкур дар давраи аввал бо номи «Ҷамоат ал-Таухид вал - Ҷиҳод» маълум гашт, сониян якчанд бор номи худро иваз намуда, аз январи соли 2006 дар натиҷаи муттаҳидшавии гуруҳҳои террористӣ ба як ташкилоти воҳид бо номи «Ал – Қоидаи Ироқ» машҳур гашт.

Имрўз дар дини мубини Ислом на танҳо арзишҳои диниву ирфонӣ ва эътиқодӣ мавчуд аст. Дар ислом бинобар сиёсишавии гурўҳҳои алоҳидаи он кўшишҳои  гузаронидани ислоҳотҳо ба назар мерасанд. Барои  ба мазмуни ин масоил расидан  бояд дар бораи мавҷудияти се ҷараён дар   Исломи муосир маълумот дошта бошем:

- ҷонибдорони ҷараёни аввал мўътақиди секуляризм, зидди сиёсишавии Ислом ва аз давлат ҷудо будани дин ҳастанд. Дар айни замон онҳо ҷонибдори риояи одобу ахлоқи динӣ, фармудаҳои Парвардигор (иҷро намудани шариат) мебошанд.

- ҷонибдорони ҷараёни дуюми Ислом зидди ҳамагуна навовариҳо дар дин мебошанд, онҳо мардумро ба ҳифз намудани тартибу низоми динии асримиёнагӣ, ба сабру таҳаммул даъват мекунанд.

- ҷонибдорони ҷараёни сеюми дини Ислом   мақсади ислоҳ намудани  оини диниро дар назди худ гузоштаанд, онҳо ба худ номи «фундаментализми исломӣ»-ро гирифтаанд. Ҷонибдорони ин ҷараён аз тартибу низоми мавҷудаи давлат  норозӣ мебошанд, баҳри тағйир додани низоми давлатӣ мекўшанд.

Яке аз намудҳои фундаментализми сиёсӣ «Ваҳҳобия» ба шумор меравад. Ваҳҳобия  аз одобу ахлоқи динӣ ба ақидаҳои сиёсии динӣ гузаштанро таблиғ мекунад. Он  бо роҳи зўроварӣ соҳиби ҳокимият гаштани мусулмонони «ҳақиқӣ»-ро тарғиб мекунад.  

Мутаасифона имрўзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд,  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа  низоъ меандозанд, бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ, экстремизм таҳдид мекунанд, кўшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда, бо ёрии гурўҳу шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиётҳои хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд.

- Мо бояд садди роҳи нияти ғаразноки гурўҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ  гардем, кўшиши вобаста намудани терроризмро бо Ислом - бо дини  бобоёнамон маҳкум намоем. Имрўз бояд ба ҳифз кардани арзишҳои миллиамон, аз ҷумла маърифати Ислом  кушиш намоем. Нагузорем, ки фаъолияти сохторҳои террористӣ ва экстремистии динӣ дар диёрамон, маҳалли зистамон дар зери  ниқоби ба масҷидҳо ёрӣ расонидану созмон додани ташкилотҳои динӣ, дар мавзеъҳои аз ҷониби сохторҳои давлатӣ назоратнашаванда ба роҳ монда шавад.

- Ба тарғиби арзишҳои солим ва адолатпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем, то, ки холигии мафкуравӣ дар ҷомеа пурра гардад. Пеши роҳи воридшавии мафкураҳои бегонаро гирем. Ба арзишҳои таърихиву миллии тоҷикон таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоем. Арзишҳои Истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар тафаккури  ҷавонон бо усулҳои таълимиву тарбиявӣ ҷой диҳем. Ба коркарду таҳияи асосҳои ҳуқуқии мубориза алайҳи терроризму ифротгарои дар Тоҷикистон этибори аввалиндараҷа диҳем.

Хушбахтона Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сиёсати дарҳои кушодро пеша намуда, бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон, бо созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аз қабили  СММ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкориро ба роҳ монда, дар доираи он баҳри таъмини осоиштагии мардум, бехатарии минтақа, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият мебарад.   

Ҷ.Исомитдинов,  

устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес  ва сиёсати  Тоҷикистон

 

 

 

 

Читать далее

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Дар таърихи ҳар як миллат рӯйдодҳо ба амал меоянд, ки дар тақдири ояндаи давлат нақши асосӣ доранд. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон яке аз ҳамин рӯйдоди тақдирсоз аст, ки оташи ҷанги бародаркуширо хомӯш карда, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, мӯътадил кардани ваъзи сиёсиӣ таъмини волоияти қонунро ва рушди иҷтимоии иқтисодии ҷомеа, ба амал овард.

Тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд ва дорои анъанаву суннатҳои қадимаи фарҳангиву таърихӣ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ имкон доштанд, ки дар шароити нави сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ бо роҳи демократӣ рушд ёбанд ва пеш раванд.

Дар рӯзҳои даъват ва баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ мардуми кишвари мо гирифтори кашмакашҳои ҳалокатбори қувваҳои бадхоҳи сиёсии дохиливу хориҷӣ шуда буданд, ки мақсади асосиашон пароканда намудани миллати тоҷик ва аз байн бурдани давлати  мо буд.

Мамлакат дар вазъияте қарор дошт, ки аз як тараф сохтору мақомоти давлатӣ аз ӯҳдаи пешгирӣ кардани алангаи ҷанги бародаркуш ва аз  бӯҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ раҳо бахшидани ҷомеа баромада наметавонистанд ва аз тарафи дигар, ба таъхир гузоштани ташкили мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла интихоби конститутсионии роҳбарияти нави сиёсӣ ғайриимкон буд. Баъд аз барҳам додани иттиҳоди шӯравӣ дар Тоҷикистон муборизаи сахти барои давлатдорӣ  сар шуд. Дар натиҷаи ин мубориза шароити сиёсии ҷомеа  ба тезутундшавии рӯйдод ва дар охир ба ҷанги бародаркушӣ гашт. Дар ин маврид кишри гуногуни ҷомеа аз намояндаҳои мардумии худ дар Шӯрои Олӣ талаб карданд,  ки ин ҷанги бародаркуширо дар муҳлати кӯтоҳ ба охир расонанд, ва ба танзим даровардани ҳолати сиёсии дар ҷомеа мебошад. Аввал баргузории Иҷлосия дар шаҳри Душанбе, 4-уми ноябри соли 1992 ба нақша гирифта шуда буд, лекин аз баски барои таъмини бехатарии вакилон имконият набуд хулосаи гузаронидани Иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд қабул  шуд. Дар шуъбаҳои Котибот ва дар Кумитаҳои Шӯрои Оли тайёрӣ ба гузаронидани Иҷлосия сар шуд. Президиуми Шӯрои Олӣ рӯзномаи ҷаласро тасдиқ  кард ва дар асоси рӯзнома дида баромадани якчанд саволҳоро оид ба танзим даровардани ҳолати сиёсии ҷомеа дароварда шуд. Баъд аз ба истефоъ рафтани Раҳмон Набиев ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шӯрои оли Акбаршо Искандаров таъин шуд. 

Ҳаракати ба танзим даровардани ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон ҳалли худро наёфт. Аз сабаби эътироф  накардани ҳукумати коалитсионӣ аз тарафи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон қувваҳои сулҳовар дароварда нашуд. 

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз санаҳои 16-уми ноябр то 2-уми декабри соли 1992 гузашт.

27-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсоз ба вазифаи раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  таъин шуд.

Имрӯз вақт чун довари бузург нишон дод, ки тарзи давлатдории дунявӣ интихоби дуруст, огоҳона ва ҷиддии ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Масъалаи дигаре, ки дар Иҷлосия мавриди муҳокима қарор дода шуд, истиқрори сулҳу субот дар Ватани маҳбубамон ва баргардонидани гурезаҳо ба ҷои зисти доимиашон буд.

Ҳукумати навтаъсис аз рӯзҳои аввали фаъолияташ барои ҳалли ин масъалаи муҳими иҷтимоиву сиёсӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд ва дар натиҷа тақрибан як миллион нафар гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва ҷои зисти муқимиашон баргардонида шуданд.

Баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ ва ҷойи кор, барқарор намудани манзилҳои харобгашта яке аз ҳассостарин лаҳзаҳои раванди сулҳи тоҷикон ва аз ҷумлаи накӯтарин аъмоле мебошад, ки дар таърихи муосири халқи тоҷик бо чунин натиҷаи нек анҷом ёфт.

Ҳанӯз дар ҷараёни Иҷлосия ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлати Тоҷикистон муайян гардиданд.

Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сӯи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд.

Дар Иҷлосия аз як тараф фароҳам овардани шароит барои асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, аз тарафи дигар риояи принсипҳо ва талаботи аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ чун ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон шуданд.

Ҷамшедхон ТЮРЯЕВ,

сармуаллими ДДҲБСТ

 

Читать далее

МАҚОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАЁТИ СИЁСИИ ТОЧИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

 

 

 

 

Равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ ҳамеша дар таърих аз рўи тарзи фаъолият ва таъсири лидерони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайра ба ин ё он самт майл пайдо намуда, бо суръати муайян ба сўи оянда ҳаракат дорад.

Аз рўи мантиқи гуфтаҳои боло масъалаи сарвар ва пеш аз ҳама сарвари сиёсӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, он дар тамоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низоми ҳар як ҷомеа мақоми махсус дорад. Дар мамлакатҳои гуногун ба сари ҳокимият омадани пешвоён, консулҳо, императорон, шоҳон мақоми онҳоро дар назари мардум ва ҳаёти сиёсии ҷомеа баланд бардошт.

Ташаккулёбии шахсияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз замони солҳои аввали истиқлолият, пеш аз ҳама аз рўзҳои баргузории Иҷлосияи ҶVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вақте ҳамчун раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданд, оғоз ёфт. Хоссатан як қатор хизматҳои зерин аз замони оғози фаъолияташ он то ба имрўз, Сарвари давлатамонро дар байни мардум маҳбуб гардонид.

Чуноне, ки медонем, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр сангини солҳои аввали истиқлолият ба мансаби раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва он як даврае буд, ки кишвар дар ҳоли аз байн рафтан қарор дошт. Барои ҳамин ба ин мансаб омадани Пешвои миллат умуман барои миллати тоҷик як марҳалаи таърихӣ барои ҳифзи миллат ва давлати миллии тозаистиқлол маҳсуб меёфт. Сарвари давлат барои ҳифзи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон кори ниҳоят муҳими таърихиро анҷом доданд, яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил эътироф ва ба ҳайси субъекти муносибатҳои байналмилалӣ фаъолияти худро тақвият бахшид.

Сарвари сиёсии муваффақ будани Пешвои миллатро пеш аз ҳама суханҳои дар амал тадбиқшудааш, фаъолият ва амалҳои зерине, ки то имрўз дар кишвар анҷом доданд, муаррифӣ менамояд:

- Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали ба мансаби раиси Шўрои Олӣ  интихоб шуданашон ваъда доданд, ки «агар лозим бошад нақбро бо нохунҳоямон меканем ва минтақаҳои кишварро мепайвандем ва азоби мардумро сабук менамоем». Мо баъдан худ шоҳиди он будем, ки на танҳо як нақб балки якчанд нақб, дар Тоҷикистон кушода шуд ва имрўз мардум дар чор фасли сол озодона ба гўшаву канори Ватан рафту омад доранд.

- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рўи ваъдаи худ «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам» ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ва кишвар ба фазои сулҳу оромӣ ва амнияту осоиштагӣ расид;

- Сарвари давлат барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ 75 ҳазор гектар заминро барои кишту кор ҷудо намуд ва дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум чанд ин маротиба нисбат ба солҳои аввали истиқлолият беҳтар гардид;

- Роҳбари давлат дар ин давра дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон корҳои бисёр муҳимеро анҷом доданд, ки он пеш аз ҳама ташаббусҳо дар масъалаи ниҳоят муҳим барои тамоми аҳолии кишварҳои дунё, мавзўи ҳифзи об, оби тоза ва самаранок истифода бурдан ва ҳалли масъалаи баҳсталаби оби тоза дар байни давлатҳои ҷаҳон мебошад.

-  То имрўз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар самти бунёди давлатдории миллӣ корҳои бисёр муҳимро анҷом бидиҳанд. Воқеан роҳбари кишвар тўли ин солҳо ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ заҳматҳои зиёд намуданд.

        

Шўҳрат Саидов,

н.и.с.,   дотсенти   кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

 

 

 

Дар хотироти таърих ҳодисаву воқеаҳои зиёд нақш бастаанд, ки имрӯзиён онро варақгардон намуда, ба он баҳои воқеӣ медиҳанд. Чунончӣ, дар осори бузургон шоҳ Исмоили одил зиёд мадҳу ситоиш шуда, давраи салтанати онро аз дурахшонтарин ва хирадмандтарин замон инъикос кардаанд. Зеро ҳукмронии ин подшоҳ дар пояи адлу инсоф, хираду матонат ва раиятпарварона бунёд шуда буд.

Бо гузашти 1000 сол ин миллати куҳанбунёд борҳо бо ҷурми тохтутозҳо, забткориҳо сӯхту сохт, аммо ҳамоно чун миллати воҳид, ягона дар олам шинохта нашуд. Пас аз фурӯпошии давлати бузурги ИҶШС Тоҷикистон низ дар қатори дигар миллату халқиятҳо соҳибдавлат шуд ва ин неъмати бузургро истиқлол номиданд. Аммо ҳамон тавре, ки медонем, мустақилият бо хунбаҳои ҳазорон ҳазор сокини кишвар ба даст омад. Аниқтараш бадсиголӣ, нодидагирии иддае аз ба ном «сарсупурдагони миллат» сабаб шуд, ки ин миллати баъди ҳазор сол навзуҳуркарда боз ба гирдоби аҳримансифатон ғӯта зад. Аз ин ҷанги бародаркуш бештар модарон ва хоҳарони мо ҷабру ситам диданд. Хонаводае намонд, ки шаҳди марги писар ва ё падарро надида бошад. Хавфи аз байн рафтани ин миллат ва порапора шудани минтақаҳои он ба миён омада буд. Ҳамсоягони мо ҳар лаҳзаву соат омодаи он буданд, ки харитаи сиёсии ҷаҳонро тағйир диҳанд. Дар чунин муҳит танҳо ваҳдату ягонагӣ ва тӯдакаше лозим буд, ки ҷомеаро аз қафои худ ба пеш барад, ба сӯи нуру зиё, ба сӯи фардои дурхшон. Ва ин рисолатро фарзанди фарзонаи миллат, оне ки мисли дигар шахсиятҳои бо нангу ор шабу рӯз хун мегирист Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт ва беш аз 25 сол инҷониб фаъолияти бомувафаққона дорад. Миллати парокандаро ба ҳам овард. Сулҳу оштӣ дод. Хиради азалӣ насиби тоҷикон гардид.

Сарвари олишони мо аз рӯзҳои нахустини истиқлолият барои баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон талош варзид. Дар давраҳои мухталифи рушди ҷомеа ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ барои истифодаи неруи ақлонию касбии бонувон чораҳо андешида шуданд. Таҷрибаҳои аввалин дар ин самт нишон доданд, ки занон дар пешрафти ҷомеа, ҳалли мушкилоти гуногуни замон, таълиму тарбия ва доварию сарварӣ на камтар аз мардон нақш бозида метавонанд. Аз ин нигоҳ, Ҳукумату давлати Тоҷикистон барномаҳои гуногунро оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занону духтарони болаёқату кордонро дар вазифаҳои роҳбарӣ тарҳрезӣ намуда, баҳри татбиқашон шароитҳо муҳайё сохт. Аз ҷониби дигар, барои беҳдошти саломатии модару кӯдак, таъмини фазои мусоиди ташхису табобат ва дигар паҳлӯҳои мухталифи соҳаи тиб Стратегияи миллӣ қабул гардид.

Дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ҳам барномаҳои гуногун таҳия шуданд. Яке аз дастовардҳои замони истиқлолият ин ҷорӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони деҳот буд, ки қаблан касе дар ин хусус андеша ҳам надошт. Ин имтиёз ба духтарон имкон дод, ки роҳи донишомузӣ барояшон кушода гардад ва ҳама садҳои сунъӣ, андешаҳои хурофотию бофтаҳои хаёлии бархе пош хӯранд. Имрӯз дар асоси ин чораҷуӣ духтарони зиёде соҳиби маълумои олӣ, касбу ҳунар ва зиндагии обод гаштаанд. Хушунату зӯроварӣ дар оила ҳам ба ҳукми анъана буд, аммо ба ин раванд истиқлолият нукта гузошт. Аксар занону духтарон дар хонаводаҳо зери хушунат қарор доштанд ва ҳуқуқу манфиатҳояшон зери ниқоби расму оинҳои хурофотӣ поймол мешуданд. Хурофот то ҷое миёни мардум, бахусус дар бисёр оилаҳо реша давонда буд, ки тақдиру сарнавишти занон ва духтаронро ба ҳар оин ҳал мекарданд. Яъне онҳо наметавонистанд ба муроди дили хеш зиндагӣ ва кор кунанд. Истиқлоли ватан омаду бо тадбирандешии роҳбари муаззами кишвар «девори бузурги хурофотпарастӣ» барҳам хӯрд. Истиқлол, ваҳдат, озодӣ, ҳуқуқ ва дигар арзишҳои волои давлатию миллӣ пешорӯйи ин ҳама таззодҳо устувор истодаанд. Хосса, дар суботи сиёсӣ, пешравии занон дар ҳама соҳаҳо нақши роҳнамои миллат хеле калон аст аст. Эмомалӣ Раҳмон чун такягоҳи асосии ҷавонон ҳамеша тақозо доранд, ки ҷавонони соҳибназару дурандеш, занони оқилаву доно бештар дар мақомотҳои роҳбарӣ бошанд. Зеро ҷомеа дар ҳама давру замон ниёз ба ислоҳот дорад. Якмаромӣ, қолабҳои кӯҳнашуда натанҳо иқтисодиётро коҳиш медиҳад, балки маънавиётро ба қафо мепартояд. Аз ин рӯ, рисолати моҳар як шаҳрванд сидқдилона дӯст доштани ин обу хоки Ватан ва саҳм гузоштан дар эъмори бузурги қасри Истиқлолият аст. Ҳамчунин мо вазифадорем, ки роҳбари худро азизу муқаддас дорем. Он касро дар ҳама соҳаҳо дастгиру мутакко бошем. Сарвари давлат барҳақ Президенти мардумӣ ҳастанд. Зеро дили бекина, андешаи солим, садоқати беинтиҳо ба ҳар як сокини кишвар доранд. Пас мо низ дар ҷавоб бояд садоқати хешро изҳор намоем, балки аз самими дил он касро дӯст дорем ва ба хизматҳояш арҷ гузорем. Эмомалӣ Раҳмон арзандаи ҳамаи ситоишҳост. Он кас воқеан ҳам Пешвои миллат ва роҳнамои зиндагии мо ҳастанд.

 

Муҳаббат Маҷидзода,

мудири шуъбаи таҷрибаомўзӣ

ва кор бо мутахассисони ҷавон ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - НЕРӮБАХШИҶАВОНОНИТОҶИКИСТОН

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз онҳо умеди ояндаи нек мекунанд. Ҷавонон ба монанди Сӯҳробу Сиёвуш Деваштичу Восеъ дар таърихи мо дар дифои манфиатҳои миллат ҳамеша омода буданд ва мубориза мебурданд, Ҷанна д-Арк барои истиқлоли Ватанаш ҷонашро фидо карда буд, инчунин ҷавонон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ғалаба ҷони худро дареғ надоштаанд. Имрузҳо ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун ояндасозӣ миллат ба ҳамаи самтҳои ҷомеа, чӣ сиёсӣ, чӣ фарҳангӣ ва чӣ иқтисодӣ ҷалб шуда, ба пешрафти нисбии сарзаминамон хизмати назаррас менамоянд.

Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

Чуноне ки дар Паёми имсолаи худ  Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд: «Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерӯи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд.

Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст.

Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 - сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд.

Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.»

Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз чумла чавонон ташкил медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва ичтимой аҳамияти калон дорад.

Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд: «Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд.

Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».

Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

 

П.А. Ҳафизова,

сармуаллимаи кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ

 

 

 

 

Читать далее

ҶАВОНОН - НЕРӮИ СОЗАНДАИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Имрӯзҳо аксари ҳайати аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро пайваста дастгириву пуштибонӣ намуда, барои таҳсил, фаъолият ва  ба ҳама гуна амалҳои шоиставу манфиатоварашон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиду эътирофи нақшу саҳми ҷавонон ва нерӯи созандагии онҳоро дар рушду нумуи ҷомеа ва давлатдории тоҷикон соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон дошта, иброз намуданд: «Ҷавонон бояд аз қишрҳои дигари ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Дар иқтибоси мазкур аз Паём мазмуну муҳтаво ва мақсаду мароми фаъолияти ҷавонон хеле мушаххасу дақиқ ифода ёфтааст, инчунин роҳу равиши масъулиятшиносиашон муайян гардидааст. Гуфтаҳои мазкури Пешвои миллат бояд аз ҷониби ҷавонони созандаву бунёдкори мо чун барномаи амал қабул гардида, роҳандозӣ карда шавад.

Донишгоҳу донишкадаҳо маконест, ки ҷавонону наврасонро ба фаъолияти мустақилона, ба идомаи бомуваффақияти таҳсилу кор ва зиндагӣ омода месозад. Дар факултети бизнес ва идоракунӣ ҷомеаи меҳнатии он кӯшиш ба он доранд, ки ҷавонон - донишҷӯён бо асосҳои илму дониш мусаллаҳ гарданд, вақтро ғанимат донанд, нозукиҳои тахассуси худро омӯзанд, то ки мутахассисони соҳибкасб гашта, ба ҷомеа хизмат намоянд.

Ҷавонони моро лозим аст, ки аз гузаштаи пурифтихори миллати тамаддунофари худ ибрат гирифта, анъанаҳои неки созандаи ниёгонро давом диҳанд. Онҳо ҳар лаҳзаи зиндагиро ғанимат дониста, технологияи замони муосир, забонҳои хориҷӣ ва дигар илмҳоро аз худ намоянд, то ҳамқадами айём бошанд. Ҷавонон бояд аз Ватани хеш ифтихор дошта бошанд ва онро содиқона дӯст доранд ва қарзи фарзандии худро сарбаландона адо намоянд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет кӯшиш ба харҷ доранд, ки дилсӯзона ҷавононро мувофиқи талаби замони муосир  ва дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, зиракии сиёсиву ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва тафаккури  замонавӣ ба камол расонанд, то ки бо меҳнати софдилона ва ҳадафҳои созанда баҳри рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ҷавонон саҳмгузор бошанд ва Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

 М.А.Асророва,

декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

Читать далее

МАЗҲАБФУРӮШ ВАТАНФУРӮШ ҲАМ АСТ

         

20 сентябри соли ҷорӣ дар нашрияи «Тирози ҷаҳон» зери лавҳаи «Баҳри амнияти миллӣ» мақолаи собиқ аъзои ҲНИТ, ки ин ҳизбро соли 2013 тарк кардааст, Муҳаммадиқболи Бохтарӣ дар мавзӯи «Чаро роҳбарони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мазҳаби Ханафиро фурӯхта мазҳаби бегонаро қабул кардаанд?» дарҷ гардида буд. Муаллиф барҳақ таъкид мекунад, ки «Имрӯзҳо дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ ва интернетӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бешармона дар бораи ватан, миллат, мазҳаб ва ғайра гап мезананд ва хонандагонро ба гумроҳӣ бурданӣ мешавнд».

Дар ҳақиқат аз давраи ба расмият даромадани фаъолияти ҲНИТ, аз тарафи ин ҳизб васеъ истифода бурда шудани  шиорҳои  инқилобии давлати исломии Эрон, фарқ кардани тарзи баргузории намоз, дар нашрияи худ бо номи «Наҷот» чой додани маводи тамоюли шиа дошта, номгузорӣ шудани фарзандони сарварони ин ҳизб бо номҳои пашвоёни мазҳаби шиа, ки дар ватани мо чандон маъмул нестанд ва даҳҳо далелҳои дигар  мушоҳида мегарданд, ки аломати аз мазҳаби таҳаммулгароёна, ананавии халқи  мо  рӯ гардонидан, хиёнат намудани сарварон ва аъзоёни фаъоли он мебошад.                                            

Оҳиста-оҳиста ҲНИТ пурра ба зери мазҳаб ва сиёсати ҷаҳонии шиамазҳабон  гашта  узвияти «Ҳаракати байналхалқии бедории ислом»-ро қабул кард ва соли 2013 раиси ин ҳизб М.Кабирӣ муовини роҳбари ин ҳаракати байналхалқӣ интихоб гардид. Бояд гуфт ки «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» як ҳаракати динӣ ва сиёсии ифротгарои мазҳаби шиа буда, қувваҳои динию сиёсии шиа ва шиагароро дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон муттаҳид мекунад.

Бадгӯӣ ва тӯҳматҳое, ки собиқ шаҳрванди Тоҷикистон Саидюнус Бурҳонови гуреза, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сарпаноҳ ёфтааст, нисбати Ватани маҳбуби мо,  аломати равшани хиёнат нисбати зодгоҳ, ватан ва мазҳаб мебошд. Беҳуда нест , ки як гурӯҳ бошандагони бонангу номуси Истаравшани бостонӣ ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номаи кушод муроҷиат кардаанд, то ки чорае андешад, ки ин ватан фурӯши хиёнаткор ақалан тахаллуси «истаравшаниро» истифода набарад. 

Тавассути воситаҳои ахбори умуми гуногун ва шабакаҳои интернет паҳн намудан даъвои чунин одамон  аз қабили гурезагон ва аъзоёни фирории ҲНИТ дар бораи ватандӯстиву ватанхоҳии онҳо дурӯғ, фиребгарии маҳз аст, зеро чунин афрод кайҳо Ватану миллат ва мазҳаби худро барои пулу сарват фурӯхтаанд.

Мардуми моро, махсусан ҷавононро зарур аст аз чунин падидаҳо ҳазар кунанд, онҳоро маҳкум намоянд. 

 

Муртазоев С.

н.и.ф., дотсенти ДДҲБСТ

Читать далее