04 December 2017

Дастаи “Хуҷанд” бори чаҳорум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд

 

 

 

Клуби футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанберо шикаст дод ва бори чаҳорум ғолиби ин мусобиқот гардид.

Бозии ниҳоӣ рӯзи 2 декабр дар Варзишгоҳи марказии шарҳи Душанбе доир шуд ва он бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони дастаи “Хуҷанд” ба анҷом расид.

Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 41-ум боз шуд ва муаллифи ин гол Манучеҳр Аҳмадов гардид. Футболбозони дастаи “Хуҷанд”дар дақиқаи 56-уми бозӣ бори дуюм тубро вориди дарвозаи “Истиқлол”намуданд ва муаллифи голи дуюм Ҳикматулло Расулов гардид.

Ҳамин тариқ, дастаи “Хуҷанд” бори чаҳорум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Читать далее

Самараи ислоҳот-назаррас

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли ҷашнҳои бузурги кишвар ба ҷои 9900 тоннаи нақша 12900 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба хирмани вилоят ҳамроҳ карданд, ки беш аз 3000 тонна аз дурнамо зиёд аст. Дар ин самт, тавре муовини сардори раёсати кишоварзии ноҳия Шӯҳратҷон Аҳмадов зикр дошт, саҳми шоистаи аҳли меҳнати хоҷагиҳои деҳқонии «Яккатут», «Имоми Аъзам-1», «Ҳоҷӣ Ҳотамбек», «Сорбон», «Fаффор Алиматов», «Сирдарё», «Чин»-ро алоҳида зикр кардан ҷоиз аст, ки аз ҳар гектар бештар аз 40 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.

Ҳамзамон, кишоварзони ноҳия дар 5166 гектар ғалладона, аз ҷумла гандум, шолӣ, ҷуворимакка кишт карда, аз ин ҳисоб 12036 тонна ғалла, 4000 тонна шолӣ, 2565 тонна - ҷуворимакка ҷамъоварӣ намуданд. Деҳқонони ноҳия дар 831 гектар кишти сабзавот – пиёз, помидор, карам, сирпиёз, бодиринг, қаланфури булғорӣ гузаронида, аз майдонҳо ба миқдори 17.807 тонна маҳсулот ба даст оварданд. Аз 90 гектар майдони кишти картошка 1065 тонна ҳосил гирифта шуд. Замини кишти картошка тадриҷан зиёд мегардад. Соли 2017 деҳқонони ноҳия ҳамчунин аз 107 гектар 2001 тонна зироатҳои полезӣ гирифта, пешкаши мардуми вилоят ва ҷумҳурӣ гардониданд.

Инчунин, бо эъҷози дастони боғпарварони сабздаст 449 тонна меваи хушлаззати боғҳои ноҳия, аз ҷумла зардолу, шафтолу, олу ва 56 тонна ангур рӯёнида шуданд.

Дар ноҳия бо ибтикори соҳибкор Сурайё Боқиева сардхона бунёд ёфта, дар мавсими сармо маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолати хуб нигоҳдорӣ мешавад. Алҳол дар он 30 тонна себ ва 25 тонна ангур захира шудааст. Дар 27 адад гармхонаҳои ҳудуди ноҳия, ки аз он 13 ададаш типи чинӣ аст, лимӯ, помидор, бодиринг, кабудиҳо парвариш меёбанд.

Деҳқонон, боғпарварону сабзавоткорони ноҳия бо амалӣ намудани ислоҳоти соҳии кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас сазовор гаштанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Эътибор ба таъмири роҳҳо

Деваштич: Имрӯзҳо роҳсозони вилоят бо истифода аз ҳавои мусоид роҳҳоро таъмир намуда истодаанд. Аз ҷумла чунин як иқдоми саривақтӣ дар ноҳия роҳандозӣ ва аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилоят роҳи минтақаи Калининобод таъмир мегардад.

Бино ба иттилои сардори Идораи роҳи ноҳия Набӣ Маъмуров тибқи нақшаи пешбинишуда роҳи таъмирталаб 2 километр буда, алҳол ҳудуди беш аз 300 метр мумфарш шуд.

Таъмири роҳи мазкур Ҷамоатҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ ва Ваҳдатро дар бар гирифта, то Беморхонаи ноҳиявии №1 идома меёбад.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия давоми соли 2017 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд беш аз 7 километр роҳ мумфарш гардида, ин иқдом то ҳол идома дорад, - қайд намуд Набӣ Маъмуров.

И.НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Низоми ҷадиди соҳаи андоз

Ин иқдом дар корхонаҳои коркарди пахта чӣ гуна амалӣ шуданд?

Фаъолияти дидбонгоҳҳои назорати андозӣ дар корхонаҳои коркарди пахтаи вилояти Суғд ҷамъбаст гардид. Ёдовар мешавем, ки мақомоти андози вилояти Суғд дар асоси супориши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади ҳисоби дуруст ва пардохти саривақтии андози корхонаҳо дар асоси Фармоиши сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд аз 19 сентябри соли 2017 дар 33 корхонаи коркарди пахта аз ҳисоби кормандони Раёсати андоз ва сохторҳои марбута дидбонгоҳҳои назорати андозӣ гузошта буд.

Шахсони мутасаддии дидбонгоҳҳои назорати андозӣ вазифадор шуда буданд, ки рафти қабул ва ё хариди пахтаи хом аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, коркарди пахта ва фурӯши маҳсулоти аз он истеҳсолшавандаро зери назорат қарор дода, барои таъмини саривақтии ҳисобу пардохти андозҳо аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ чораҷӯӣ намоянд. ҳамин тариқ, аз ҷониби дидбонгоҳҳои назорати андозӣ воридоти пахтаи хом ва баровардани маҳсулоти коркардшуда (нахи пахта, чигит, тибит, торак ва пат) назорат карда шуда, ҳар як амалиёт дар китоби дидбонгоҳ дар алоҳидагӣ бо нишон додани ному насаби соҳибкорони инфиродӣ, номи хоҷагиҳои кишоварзӣ, РМА-и онҳо, номгӯи харидорони маҳсулоти коркардшуда қайд шуданд.

- Фаъолияти дидбонгоҳҳо зери назорати доимӣ қарор дода, ҳафтае ду ё се маротиба шабона санҷида мешуданд, - таъкид дошт муовини сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд Обиди Муҳаммадсаид. Мавсуф илова намуд, ки бо назардошти он, ки қарзи соҳаи кишоварзии вилоят дар назди буҷети давлатӣ хеле зиёд аст, ба ҳар як дидбонгоҳи назорати андозӣ рӯйхати хоҷагиҳои бақияпулиҳои андоз дошта, дастрас ва ҳар даҳрӯза маълумоти пахтасупорӣ бо нишондоди номгӯи хоҷагиҳо ва миқдори пахтаи супоридашуда дар шакли электронӣ ба нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳои пахтакор ирсол карда шуданд. Дар рӯзҳои аввали фаъолияти дидбонгоҳҳо ҳолатҳои зиёди аз ҷониби як хоҷагии деҳқонии қарзи андоз надошта супоридани пахтаи хоҷагиҳои деҳқонии қарздор мушоҳида гардид. Ин гуна ҳолатҳо дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов зиёдтар ҷой доштанд, ки дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ ин гуна камбудиҳо бартараф карда шуданд.

Фаъолияти гурӯҳи корӣ имкон дод, ки нозиротҳои андоз рафти коркарди пахта ва фурӯши маҳсулоти аз он истеҳсолшавандаро назорат карда тавонанд.

Алҳол корхонаҳои пахтатозакунӣ дар шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Ашт, хоҷагиҳои пахтакорӣ ва ҳам корхонаҳои пахтатозакунӣ дар қайди нозироти андоз мебошанд, пеш аз баровардани маҳсулоти тайёр аз ҳудуди корхона иҷозати нозироти андозро гирифта, танҳо дар сурати набудани бақияпулиҳои қарзи андоз маҳсулоти худро мебароранд. Агар маҳсулоти коркардшуда аз они хоҷагиҳои кишоварзӣ бошад, пеш аз баровардани маҳсулот рӯйхати ин хоҷагиҳоро бо нозироти андоз мувофиқа мекунанд. Ин гуна низоми корӣ ба кам кардани бақияпулиҳо ва иҷрои нақшаи воридоти андозҳо мусоидат намуд.

Ташкил намудани дидбонгоҳҳои назорати андозӣ дар корхонаҳои пахтатозакунӣ имкон дод, ки миқдори пахтаи қабулшуда зиёда аз 1160 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли 2016 ба миқдори 31,3 ҳазор тонна ё ин, ки 136,8 фоиз зиёд аст, ҳол он ки абрабатсияи муайянкунии ҳосили пешакии пахта дар солҳои 2016- 2017 қариб нишондоди якхеларо муайян намудааст. Дар дидбонгоҳҳои назоратӣ ҳолатҳои зиёди кӯшиши бе ҳуҷҷати қабули пахта харидорӣ намудани он ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ба туфайли фаъолияти дидбонгоҳҳо бо баробари зиёд шудани ҳаҷми пахтаи қабул ва ё харидашуда даромади умумӣ, андозҳои ҳисоб ва пардохтшудаи корхонаҳои пахтатозакунӣ низ зиёд гардиданд. Таҳлили муқоисаи нишондоди даҳ моҳи соли 2017 нисбати ҳамин давраи соли гузашта нишон дод, ки агар дар даҳ моҳи соли 2016 даромади умумии корхонаҳои пахтатозакунӣ 78,9 млн. сомониро ташкил диҳад, пас дар 10 моҳи соли 2017 ин рақам ба 1440 млн. сомонӣ расид, ки нисбатан 65,1 млн. сомонӣ ё ин ки 182,5 фоиз зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта андозҳои ҳисобу пардохтшуда таносубан 4,5 млн. ва 2,4 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Корхонаҳои пахтатозакунии “Зафаробод Инвест” ва “Пахтаи Зафаробод” аз ноҳияи Зафаробод, “Ширкати сохтмонии Рахшона” аз ноҳияи Ашт, “Юсуф Саркор”, “Зафариён”, “Шамс 777” аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Ҳамро-2016” аз ноҳияи Мастчоҳ, “20-солагии Истиқлолият” ва “Тиллои сафед Н” аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, “Конибодом Коттон” аз шаҳри Конибодом даромади умумии худро зиёд, нисбати 10 моҳи соли 2016 зиёдтар андозро ҳисобу пардохт намуданд.

Раёсати андоз дар вилояти Суғд нишондодҳои дидбонгоҳҳои назорати андозӣ, маълумотҳои оморӣ ва маълумотҳои СИА “Баҳисобгирии андозҳо”-ро ба якдигар муқоиса карда, тасмим гирифтааст, ки баъди ҷамъбасти пурраи мавсими ҳосилғундорӣ дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти омор, роҳбарон ва сармуҳосибони корхонаҳои пахтатозакунӣ ҷаласаи корӣ баргузор карда, барои пешгирии камбудиҳо чораҷӯӣ намояд.

Тоҳирҷон Искандарзода,
махсус барои «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Истиқлолияти энергетикӣ - дастоварди муҳим

Сарфаи қувваи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он асоси таъмини шабонарӯзӣ бо қувваи барқ аст!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорони кишвар таъкид намуданд, ки имсол бо сабаби ба вуҷуд омадани имкониятҳои таъмини шабонарӯзии қувваи барқ дар ҷумҳурӣ тартиби ба таври реҷавӣ интиқол додани он ба аҳолӣ аз байн бардошта мешавад. Дар ин росто аз сокинони мамлакат тақозо ба амал омад, ки дар мавриди сарфакорона истифода бурдан аз қувваи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он бетараф набошанд.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шабакаҳои Барқи Истаравшан” 7 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро бо қувваи барқ таъмин менамояд. Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз таъмиру таҷдиди дастгоҳу зеристгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ, фурӯши он ва пардохти саривақтии маблағ аз ҷониби истифодабарандагон бо директори ин муассиса Муҳиддин Аҳмадов ҳамсуҳбат гаштем.

Бино ба гуфти ӯ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо барқ корҳои омодагӣ ба тирамоҳу зимистони имсола дар асоси нақша ҳанӯз дар охири моҳи майи соли равон оғоз шуда буданд. Аз ҷумла, корҳои таъмири асосию ҷории таҷҳизоти барқӣ ва ёрирасони коргоҳ ба маблағи 2294,4 ҳазор сомонӣ анҷом ёфтааст.

Барои бартараф кардани сербории зеристгоҳи барқии «Чорбоғ» аз захираи «Шабакаҳои Барқи Истаравшан» трансформатори 16 МВА, ки аз соли 2008 то имрӯз дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт, бо роҳи таъмири асосии ғалтаки шиддати 110 кВ, ғалтаки танзими шиддат дар зери борнокӣ ва гардонидани ғалтаки пастшиддати 6 кВ-и трансформатори 110/35/6 кВ бо тавоноии 16 МВА ба шиддати 10 кВ ба итмом расонида шуд.

Гузашта аз ин, 4 адад трансформатори баландқудрат бо тавоноии 4000-16000 кВ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, дар навбати сеюми зеристгоҳи барқии «Айнӣ» ва дар навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Зарринруд» васлу насб карда шуд ва ин ба кам кардани талафоти нерӯи барқ ва баланд бардоштани сифатнокии таъмини он мусоидат намуд.

 - Хушбахтона, - гуфт Муҳиддин Ҳамзаевич, - ба шарофати сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои кишвари мо, махсусан муваффақ шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар баробари раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ қобили таваҷҷӯҳ буда, давлати Тоҷикистон дар ин ҷода як силсила иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», МБГ-2-и шаҳри Душанбе, як идда неругоҳҳои хурди дигари истеҳсоли барқи обиро ба анҷом расонид ва соҳиби иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ шуд.

Дар ин давра ҳамчунин таҷдиду азнавсозии иншооти энергетикии амалкунандаи Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Варзоб оғоз гардида, дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расиданд.

Инчунин ба истифода додани хатти интиқоли барқии 500 кВ «Ҷануб-Шимол» ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи барқии «Суғд-500 кВ» ҳалқаи ягонаи электрикии кишварро ба амал овард ва ба ҳамин васила вобастагии кишварамон оид ба таъмини барқ аз ҷониби мамлакатҳои ҳамсоя аз байн рафт ва хизматрасонии он ба уҳдаи мутахассисони «Шабакаҳои Барқи Истаравшан» вогузор гардида, коргарони мо ин вазифаи мушкил, вале пуршарафро муваффақона иҷро карда истодаанд.

Дар натиҷа, имсол аҳолии кишварамон, ки пештар бино ба сабаби маҳдуд будани имкониятҳои таъмин бо неруи барқ дар фасли сармо ба тариқи реҷавӣ бо барқ таъмин мегардиданд, дар фаслҳои тирамоҳу зимистони имсола пурра бо қувваи барқ таъмин карда мешаванд.

Дар ин самт, «Шабакаҳои Барқи Истаравшан» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик» ба тамоми шаҳрвандони мамлакат корҳои зиёди тарғиботию ташвиқотиро ба анҷом расонида истодааст. Аз ҷумла, мо бо ин ҳадаф дар як чанд идда корхонаю ташкилот, муассисаю хоҷагиҳои минтақа мулоқотҳо барпо карда, зарурати ин масъаларо ба коргарон фаҳмонидем. Ғайр аз ин, назоратчиёни мо дар ҳамаи шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои зертобеи Муассиса, истеъмолкунандагон масъалаи сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи онро фаҳмонида истодаанд.

Ба мардум талқин менамоянд, ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодашуда, агар аз як тараф баёнгари фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат бошад, аз тарафи дигар ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикии кишвар мусоидат менамояд.

- Дар натиҷа, дастовардҳои мо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар бобати таъмини аҳолӣ бо барқи хушсифат ва фурӯши он назаррас аст, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Кормандони фурӯши барқи минтақа дар ин муддат 69815,2 ҳазор сомонӣ маблағи барқи истифодашударо ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба 10 моҳи соли гузашта 7958,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои саноатии минтақа низ неруи барқро зиёдтар истифода бурда, маблағгузориро низ дар қиёс бо соли гузашта бештар пардохт намудаанд. Истифодаи қувваи барқ аз ҷониби ташкилотҳои буҷавии минтақа дар қиёси давраи соли гузашта афзоиш ёфта, маблағи пардохт нисбат ба соли гузашта зиёдтар мебошад.

- Вале ин натиҷаҳо ҳоло моро қаноатманд карда наметавонанд. Ягона мушкилие, ки дар ин соҳа мавҷуд аст, ин қарзи калони корхонаю ташкилотҳо ва хоҷагию муассисаҳои минтақа мебошад, ки аз солҳои пешин боқӣ монда, сол ба сол афзоиш ёфта истодаанд, -мегӯяд Муҳиддин Ҳамзаевич.

Дар ҳоли ҳозир қарзи корхонаҳои коммуналии минтақа 242,6 ҳазор сомонӣ, обу корез 2171,7 ҳазор сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзии минтақа 18 250,8 ҳазор сомонӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии минтақа (Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод) 39 789,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Танҳо корхонаҳои давлатии беҳдошти замини ноҳияи Зафаробод 32 миллиону 169 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Умуман корхонаю муассисаҳо ва хоҷагиҳои тобеи минтақа дар ҳамин рӯз аз «Шабакаҳои Барқи Истаравшан» 68 465,2 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

Мутаассифона, дар байни истеъмолкунандагони қувваи барқ қарздороне, ки қарзи умумиашон маблағи калонро ташкил медиҳад, бештар аҳолии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Зафаробод мебошанд.

Умед мекунем, ки сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи мо барои истифодаи мақсадноку сарфакоронаи неруи барқ муносибати ҷиддӣ мекунанд ва ҳамчунин бобати сари вақт пардохт намудани маблағи он кӯшиш ба харҷ медиҳанд, -гуфт дар фарҷоми суҳбат Муҳиддин Аҳмадов.

Ҳусейни Назрулло,
 рӯзноманигор,
шаҳри Истаравшан

Читать далее

Ифтитоҳи маркази илм ва фарҳанги Русия дар Хуҷанд

Дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия таъсис ёфт. Дар маросими ифтитоҳи бинои Марказ роҳбари ҳамкории байналхалқии гуманитарии «Россотрудничество» Алексей Владимирович Фролов, Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин - Фролов, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Алексеевич Бондаренко, роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд Иван Иванов, сарварони донишгоҳҳои олӣ ва соҳаи фарҳанги вилоят, намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат варзиданд.

Чорабиниро Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин - Фролов ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф қайд кард, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд кушода шудани Маркази илм ва фарҳанги Русия дар соли таърихии 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҳар ду кишвар хеле рамзист. Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо бо дарки умумияти манфиатҳои тарафайн муносибатро хеле хуб ба роҳ мондаанд. Дар ҳар мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони ду давлат борҳо таъкид гардидааст, ки барои рушд ва такмил бахшидани робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ ҳамкории минтақавӣ ва соҳавии Тоҷикистону Русия аҳамияти хеле калон дорад. Гузашта аз ин Маркази навбунёд дорои захираҳои зиёди махзани иттилоот, таъмин бо таҷҳизоти пешрафта ва муҳимтар аз ҳама дар дили шаҳр ҷой гирифтааст. Ҳанӯз якуми феврали соли 2011 байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти фарҳангӣ шартнома баста шуда буд ва боиси шодмонист, ки алҳол дар маркази вилояти Суғд чунин имконият фароҳам омад ва барои муҳайё сохтани шароити мусоид ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят арзи сипос кард.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ изҳор дошт, ки таъсиси Маркази илм ва фарҳанги Русия дар маркази шаҳри Хуҷанд аз ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин рӯи кор омад ва кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки чунин ҳамкории тарафайн байни ин ду давлат дар ҳамаи соҳаҳо рушд ёбад. Наздик ду аср аст, ки таърих ва фарҳанги ин ду миллат бо ҳам тавъам ҳастанд.

Дар солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ китф ба китф ҳамроҳи дигар халқиятҳо ғалаба ба даст овардем. Ҳоло ҳам намояндагони ин ду миллат дар сарзамини мо ва ҳам дар Русия зиндагӣ доранд ва риштаи дӯстиву ҳамгироист, ки солҳо моро бо ҳам пайванд месозад.

Дар мулоқоти чанде пеш баргузоргардида низ масъалаҳои муҳим баррасӣ ва ҳал гардиданд. Барои ҳамкории тарафайн, таъсис ёфтани чунин Марказ арзи сипос менамоем.

Роҳбари ҳамкории байналхалқии гуманитарии «Россотрудничество» Алексей Фролов барои таъсиси дуюмин Марказ дар Тоҷикистон (нахустинаш дар шаҳри Душанбе) ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон арзи сипос намуд. И.Фролов ҳамчунин оид ба баргузории барномаҳои фарҳангии ду кишвар, рушди соҳаҳои фарҳанг ва илм ибрози ақида намуда, қайд кард, ки соли равон беш аз 30 нафар омӯзгорони фанҳои мухталифи Федератсияи Русия ба Мактабҳои Президентӣ даъват гардида, зиёда аз ҳашт ҳазор китобҳои дарсӣ ба Тоҷикистон дастрас шуда, инчунин ҳамасола то ҳафт ҳазор донишҷӯ ба мактабҳои олии Федератсияи Русия дохил мешаванд, ки аксари онон аз вилояти Суғд мебошанд. Дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки чунин дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат рушд ёбад.

Сипас, роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия Иван Иванов ҳозиринро бо толорҳои Марказ ошно сохт.

Шоми ҳамон рӯз бо иштироки санъаткорони ду давлат дар Муассисаи давлатии Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барномаи консертӣ баргузор шуд.

Тавҳида ҶӯРАЕВА,
суратгир Инъомҷон РАБИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд» 

Читать далее