07 December 2017

Ҳимоя аз бемории зардпарвин

Зардпарвин бемории сирояткунанда буда, барангезандааш вирус мебошад. Зардпарвини шакли “А” бемории вирусӣ буда, ҳангоми сирояти он бештар ҷигар зарар мебинад. Беморӣ асосан характери мавсимӣ – афзоишӣ дошта, ба давраи тирамоҳу зимистон рост меояд.

Вируси зардпарвин дар хун қарор мегирад ва ба атроф ба воситаи хориҷшавӣ тавассути рӯда паҳн мегардад. Он ба гурӯҳи бемориҳои сироятии рӯдамонанд шомил буда, аксаран вирус ба организм ба воситаи дасту ашёҳо (масалан, бозича, рӯйҷо) мегузарад. Бештар ба ин беморӣ кӯдакони аз 2 то 7-сола гирифтор мешаванд, аммо дар миёни одамони то 30-сола низ ин беморӣ мавҷуд аст.

Дар муддати се ҳафта аз оғози зардпарвин шахси бемор сирояткунанда мебошад. Давраи ниҳонӣ (аз вақти сироятёбӣ то нишонаҳои аввалин) ба ҳисоби миёна 21 рӯзро дарбар мегирад.

Беморӣ оғози шадид дорад, баъзан ҳарорати бемор баланд мешавад, дарди шикам ба мушоҳида мерасад, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ пайдо ва иштиҳо баста мегардад. Ин давраи ибтидоӣ буда, ду ҳафта идома меёбад, аммо аксаран 5 рӯз тӯл мекашад. Ҳарорати баланд муддати 1-3 рӯз боқӣ мемонад. Баъди пастшавии он шахси бемор бемадориро эҳсос карда, аз дарди шикам шикоят мекунад.

Пас аз тамомшавии давраи аввал, зардпарвин пайдо шуда, беморӣ авҷ мегирад. Нишонаи хоси он дар зардии сафедии чашм ва пӯсти бемор муайян мегардад. Зардпарвин асосан 15 рӯз тӯл кашида, баъди он бемор оҳиста-оҳиста сиҳат меёбад. Баъзан ин беморӣ бидуни зардшавӣ зуҳур карда, гоҳо нишонаи давраи ибтидоии он ба мушоҳида мерасад. Аз қабили баландшавии ҳарорат, дарди шикам, камиштиҳоӣ, инчунин тирагии пешоб ба мушоҳида расида, баъд бемор худро хуб ҳис намекунад. Аммо аз рӯзи аввали беморӣ ҷигар ҳаҷман васеъ мегардад.

Назорати духтур зарур буда, риояи баъзе шароиту тартибот ва парҳез ба фоидаи саломатӣ аст.

Қаноат ҚУШНАЗАРОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббии
 ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Заминаи мусоид барои таъмин бо ҷои кор

Дар ноҳияи Мастчоҳ азхуд намудани заминҳои бекорхобида идома доранд.

Давоми солҳои 2015-2017 дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиён 136 гектар боғи сиёҳолу бунёд шудааст. Ин заминҳо беш аз 15 сол ин ҷониб аз истифода бозмонда, бекор буданд.

Бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мавзеи Дилварзин -2 бо 4 адад дастгоҳи обкашӣ, ва муҳаррики нави барқӣ таъмин шуд. Ба кор андохтани онҳо имконият дод, ки заминҳои солҳо истифоданашуда аз нав ба гардиши кишоварзӣ ворид гарданд.

Дар ин мавзеъ шаҳраки замонавӣ бо номи Меҳробод қомат афрохта, бунёди боғи сиёҳолу барои бо ҷои кор таъмин шудани аҳолии он ҷо мусоидат менамояд.

Ба гуфти сардори раёсати кишоварзии ноҳия Нарзулло Боймирзоев раванди бунёди боғ муттасил идома дошта, айни ҳол беш аз 45288 бех ниҳол шинонида шудааст.

Ин иқдом минбаъд низ давра ба давра идома ёфта, ниҳолҳо соли 2020-ум ба ҳосил медароянд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Таъмири канал: Раҳоӣ аз беобӣ

Азхудкунии заминҳои обӣ ва бекорхобида дар миқёси вилоят аз ҷониби кишоварзон идома ёфта, дар он зироатҳои ғалладонагӣ ва полезӣ кишт карда мешаванд.

Кишоварзони шаҳри Истаравшан, бахусус дар мавзеи Сексарӣ аз оби полезӣ танқисӣ доранд. Бино ба маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳр дар ин мавзеъ 3 ҳазор гектар замини корам мавҷуд буда, аз ин 632 гектар захираи махсус ва 563 гектар замини захираҳои давлатиро ташкил медиҳанд. Асосан дар заминҳои дашти Сексарӣ кишоварзони чаҳор Ҷамоати деҳоти шаҳр, аз ҷумла Зарҳалол, Қалъачаи Калон, Қалъаи Баланд ва Ҷавқандак зироат кишт мекунанд. Имсол дар ин мавзеъ бо сабаби нарасидани оби полезӣ 1279 гектар замин аз кишт бозмонд. Дар майдони 21 гектар боғ бунёд гардида буд, ки аз нарасидани об дарахтон аз афзоиш монданд.

Сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан Тоҳир Абдувоҳидов иброз дошт, ки алҳол дар ин мавзеъ корҳои таъмири каналҳои обгузар ҷараён дорад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби кормандони Идораи сохтмони асосии вилоят таъмири канали СМКА - 1 ва КНС – 4 идома дошта, ҳудуди наздик 200 метри он тавассути семент мустаҳкам ва барои обёрӣ намудани заминҳои кишт омода шуда истодаанд.

Тоҳир Абдувоҳидов иброз дошт, ки пойгоҳи обкашии КНС- 4 борҳо таъмир гардида бошад ҳам, ҳанӯз ба тармим ниёз дорад. Норасоии оби полезӣ мушкилии асосии ин мавзеъ ба ҳисоб рафта, дар сурати идома ёфтани чунин вазъият садҳо гектар замини кишти ин мавзеъро метавон аз даст дод.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"

Читать далее

Ифтихори миллӣ дошта бошем!

Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни Исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва экстремизм тела медиҳанд. Бояд ҷавонони мо фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд.

Ҳар гуна дин, бахусус дини Ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди Ислом аст. Нафароне, ки ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо ба шаъну эътибори дини Ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд.

Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдид ба суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд, пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макр мекашанд.

Тамоюли бегонапарастӣ, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонад, ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Бинобар ин, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо мебошад.

Н.АҲМАДОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее