December 2017

28 December 2017

Абдураҳмон Қодирӣ ба беш аз 600 нафар бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ туҳфаҳои солинавӣ ва либосҳои зимистона тақдим кард

Рӯзи 28-уми декабри соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ бошандагони як қатор муассисаҳои иҷтимоиро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона ва либосҳои зимистона тақдим намуд.

Маврид ба зикр аст, ки ин амали хайр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа сурат гирифт.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави 2018

Ҳамдиёрони азиз!

Пеш аз ҳама, фарорасии Соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанон самимона таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва хонаободию хушрӯзгорӣ таманно мекунам.

Соли 2017 дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо бо хатҳои зарҳалин сабт хоҳад шуд. Зеро дар ин соли таърихӣ мардуми шарафманди кишвар дар заминаи татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, ҷашни бошукӯҳи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ таҷлил намуданд.

Читать далее

Қонуни миллӣ: Риояи он барои ҳама ҳатмист!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни танзим зикр намуданд: “Таҷрибаи даҳсола собит менамояд, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон зарурати такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба миён омад”.

Дар ин замина лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод гардид. Санаи 23-юми августи соли 2017 дар Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум ин тағйиру иловаҳо аз ҷониби вакилон маъқул дониста шуда, 28-уми август аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ гардида, баъди имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интишори расмӣ, аз 29-уми август ба қувваи қонунӣ даромад.

Зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни танзим аз рўи талабу дархости шаҳрвандони кишвар ва ҳанўз боқӣ мондани маросимҳои нозарури азодорӣ, гузаронидани тўю маъракаҳо бо сарфи баризофа ба миён омадааст. Вобаста ба ин масъала, бо супориши Пешвои миллат фикру дархостҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, олимон, намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори омма гирд оварда шуданд. Маълум гардид, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ такмилбахши воситаҳои ҳуқуқии таъсиррасонии ҷашну маъракаҳо буда, боз ҳам сабуктар намудани онҳоро ҷонибдоранд.

Дар асоси дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон такмили меъёрҳои қонун дар самти танзими маъракаи хатнасур, маросими азодорӣ, пешгирии хароҷоти зиёдатӣ дар чорабиниҳои оилавӣ, таҳким бахшидани вазифаҳои комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ, пурзўр намудани ҷавобгарии ҳуқуқии вайронкунандагони қонун, бахусус шахсони мансабдор, кам кардани забҳи чорво масъалагузорӣ гардида, ба моддаҳои дахлдори Қонун тағйиру иловаҳо пешниҳод шуданд.

Дар моддаи 9-и Қонуни танзим тартиби нави гузаронидани маъракаи хатнасур зикр шудааст, ки он минбаъд дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Тартиби нави баргузории хатнасур, ки бо мақсади сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагии мардум пешбинӣ гардидааст, аз тарафи шаҳрвандон ҳаматарафа пазируфта шудааст.

Раванди баргузории маросими дафну азодорӣ низ дар моддаи 11-и Қонун такмил дода шудааст. Минбаъд маросими дафну азодорӣ, аз қабили “се”, “чил” ва “сол” бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд.

Маъракаи “ҳоҷизиёрат” дар моддаи 12-и Қонун манъ карда шуда, меъёри нав вобаста ба ваколатдор намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра илова мешавад.

Моддаи 14-и Қонуни танзим масъалаҳои бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тўйхонаҳоро ба танзим медароранд. Дар ин маврид масъулияти роҳбарони онҳо баробари соҳиби маърака вобаста ба назорати шумораи даъватшудагон ва вақти баргузорӣ таъкид гардидааст.

Дар баробари ин, мувофиқи тағйиру иловаҳои ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ҷавобгарии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пурзўр ва ҷавобгарии соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин низ пешбинӣ шудааст.

Санҷишҳои прокурорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ асосан зимни гузаронидани тўю маъракаҳои домодию арўсӣ, хатнасур, зодрўз, домодталабон, дафну азодорӣ, вайрон кардани вақт ва бо теъдоди зиёди иштирокчиён, бидуни шартномаи хизматрасонӣ гузаронидани тўю маъракаҳо, бо истифодаи бештар аз 4 мошини сабукрав, ба қонуншиканиҳо даст задаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Мастчоҳ, Зафаробод, Шаҳристон ва Ашт бархе аз шахсон берун аз доираи оила дар тарабхонаву чойхонаҳо зодрўзи худро ҷашн гирифтаанд, ки онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъзе аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади пинҳон намудани кирдори ҳуқуқвайронкунии худ бо баҳонаи маъракаи тўйи домодию арўсӣ ва ё хатнасур маросими домодталабонро дар тарабхона бо теъдоди зиёди иштирокчиён гузаронидаанд.

Дар шаҳрҳои Панҷакент ва Истаравшан ҳолатҳои баргузории тўйи домодию арўсӣ ва хатнасур давоми ду рўз паиҳам бо шумораи зиёди иштирокчиён ошкор гардида, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Дар баъзе корхонаву ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Шаҳристон комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис надодаанд.

Ҳангоми санҷиш ҳолатҳои баргузории маросими қайди давлатии ақди никоҳ бо истифодаи бештар аз 4 мошинаи сабукрав дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Зафаробод, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Панҷакент, Гулистон, Спитамен ошкор гардида, қонунвайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Зимни санҷиш ҳолатҳои аз ҷониби ҳофизон набастани шартномаи хизматрасонӣ дар тўю маъракаҳо ошкор гардиданд. Нисбат ба шахсони гунаҳкор бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуданд.

Баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни зикргардида дар ҳудуди вилоят 14 ҳолати қонунвайронкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хуҷанд, Истаравшан, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳкор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардиданд.

Масалан, 30 сентябри соли 2017 соҳибкори инфиродӣ М. Деҳқонова ҳамчун роҳбари тарабхонаи “Муроду мақсад”-и шаҳри Конибодом бархилофи талаботи сархати 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои гузаронидани оши тўйи шаҳрванд М.Бобоҷонова бо теъдоди зиёда аз 200 нафар меҳмон иҷозат додааст. Аз ҷониби прокурори шаҳри Конибодом нисбат ба роҳбари тарабхона бо қисми 2 моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба соҳибмаърака бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба Суди шаҳри Конибодом ирсол шуд.

Инчунин, С.Бобохонов - сокини ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамоати деҳоти Оббурдон, бархилофи талаботи моддаи 9 қисми 4-и Қонуни номбурда амал карда, 10 сентябри соли 2017 дар бошишгоҳи саҳроии Хоҷагии деҳқонии ба номи Хуршед маъракаи “ақиқа”-и набераашро бо иштироки беш аз 50 нафар меҳмон баргузор намуд.

13 сентябри соли равон аз ҷониби прокурори ноҳияи Мастчоҳ нисбат ба С. Бобохонов бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз намуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Мастчоҳ ирсол шуд.

Бояд зикр намуд, ки роҷеъ ба натиҷаи санҷишҳои гузаронида баҳри фавран бартараф кардани ҳолатҳои қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ба унвони раисони шаҳру ноҳия ва мақомоти ваколатдор 109 пешниҳод ва 55 амр ирсол карда, бо қарорҳои прокуророн 178 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, 144 шахси мансабдори мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, ба 3 санади ғайриқонунӣ эътироз оварда, бекор карда шудаанд.

Қонуни миллии танзим заминаҳои иҷтимоии миллати солимро гузошта, устувор мегардонад. Аз ин рў, риояи он барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

Фирдавс Ҳусейнзода,
прокурори шуъбаи назорати умумии
Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи
дараҷаи III
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Муҳофизи асосӣ: Аз қумандонӣ ба ободгарӣ

(Суҳбат бо собиқ қумандон Ҳаким Қаландаров)

Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Дирўз Ҳаким Қаландаров қумандон буд, ҳоло даст ба ободии Ватан задааст. Дар ноҳияи Панҷ ўро пайдо кардан душвор аст. Гоҳ сари замини пахта, гоҳ сари ҳавзи моҳипарварӣ, гоҳи дигар дар коргоҳи қумшўиву хонасозӣ пайдо мешавад. Мо ўро дар бинои хуштарҳе сари дастархони пурнозу неъмат пайдо кардем. Мурғҳoи марҷону хонагӣ, гулмоҳӣ, гўшти гўсфанду гову заргўш ҳамаи ҳосили заҳмат ва дастони ў буданд. Фосила аз дастархони пурнозу неъмат аз он дастархони дирўз холӣ низ як қадам аст. ҳамин як қадам аст, ки он соҳили рўдхонаи Панҷи ғарқи гирдоби оташи ҷангу куштор ва ин соҳили пурмавҷ аз хандаи тифлонро аз ҳам ҷудо месозад. Аз ў мепурсам:

- Ин хонаи Шумост?

Ӯ табассум мекунад, ба аҳли гирди дастархон менигарад ва мегўяд:

-Тамоми Тоҷикистон хонаи ман аст.

Суҳбати мо аз ободкориҳои Ҳаким Қаландаров то ба домони сарнавишти талхи дирўзи тоҷикон мекашад.

- Чӣ гуна муяссар гашт, ки Шумо силоҳро гўшае гузореду даст ба ободкорӣ бизанед?

- Оини ватандорӣ инро тақозо дорад, - мегўяд ў ва идома медиҳад. - Оқибати ҷанг сулҳ аст, агар сад сол ҳам давом кунад. Ман дар миёни неруҳои мухолифини тоҷик қумондони бонуфуз, одами наздики устод Нурӣ будам. Он чизе, ки ман медонам, шояд кам касе донад. Агар он ҷанг идома меёфт, на тоҷик мемонду на Тоҷикистон, Ироқу Сурия мешудем. Инро устод Нурӣ, ки ҳамеша бо ман машварат мекард ва дар рўзҳои сахт барояш муттако будам, борҳо гуфта буд.

- Пас Шумо шоҳиди бастани сулҳ аз рўзҳои аввал будед?

- Бале. Рўзе, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар Фархори Афғонистон гуфтушунид доштанд, ман аз ҷумлаи муҳофизони онҳо будам.

- Мегўянд, ки бисёре аз қумандонҳо мухолифи сулҳ буданд, магар Шумо аз он ҷумла набудед?

- Ман дар мавқеи устод Нурӣ қарор доштам. Вай моил ба сулҳ буд. Аммо касоне буданд, ки сулҳ бар манфиаташон набуд. Албатта, ин кор бе мудохилаи кишварҳои хориҷӣ намешуд. Аммо дар мулоқоти Теҳрон Нурӣ ба ин масъала нуқта гузошт. Он рўзҳо нияти ҳаҷ рафтан доштам. Бо ҳавопаймои ҳарбии Эрон аз Қундуз ба Эрон парвоз кардам. Дар ҳавопаймо ман ва сафири Эрон будем. Он вақт Эрон ягона кишваре буд, ки дар Тахор намояндагии расмӣ дошт, Кобул дар дасти ҳаракати иртиҷоии "Толибон" буд. Дар Теҳрон ҳуҷҷатҳоямро барои ҳаҷ кардан омода сохтам. То сафар ду рўз монда буд, ки Нурӣ маро наздаш даъват кард.

 – Ҳаҷ намеравӣ, - гуфт.

- Барои чӣ? – пурсидам.

- Инҳо маро барои “разбор” даъват карданд, ту бояд дар паҳлўи ман бошӣ ва баъзе гапҳое ҳаст, ки бояд онҳоро ошкор намоӣ. Тоҷикистон ки рафтем, баъд ба ҳаҷ меравӣ.

Ман розӣ шудам. Устод маро ба маҷлис омода сохт, баъзе сиру асрори муллоҳоро гуфт. Аммо таъкид кард, ки онҳо дипломат ҳастанд, дағал гап назанам. Мулоқот шом дар хонаи устод Тўраҷонзода баргузор гашт. Муллоҳо Ҳимматзода, Маҳмадрасул, Абдураҳим, раиси «Растохез» Тоҳири Абдуҷаббор, раиси ҷамъияти «Лаъли Бадахшон», як намояндаи Ҳизби демократ, раиси муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия, ҷурналист Олег Панфилов, Мулло Амриддин ва дигарон ҳузур доштанд. Онҳо гуфтанд, ки Тоҷикистон “халос” кардааст, неруҳои мухолифин дар ҷабҳа муваффақ мебошанд. Пешниҳод карданд, ки ҳамаро ба ҷиҳод даъват кунем. Дар бораи муттаҳидӣ гап заданд. Устод Нурӣ гуфт, ки «мо дар ин ҷо муттаҳид нестем, дар Тоҷикистон чӣ тавр муттаҳид мешавем?».

Ман чанд бор даст бардоштам, ки гап занам, аммо сухан надоданд. Насиҳати устод Нурӣ аз гўшам рафт, боғазаб аз ҷой хестам ва гуфтам, ки дар бораи кадом ҷиҳод гап мезанед, ҳама мусулмон, намозхон, шумоён моро ҷанг меандозеду худатон паҳлў зада, роҳат доред. Аз онҳо пурсидам, ки фарзанд, наздикони кадомат дар ҷабҳаанд? Агар ҷиҳод мехоҳед, биёед, граната ба миёнатон бандед, худатонро бо танк тарконед. Хомўшӣ ҳукмфармо гардид. Олег Панфилов бо қаҳр аз маҷлис баромад. Ниҳоят сухан ба устод Нурӣ расид. Вай гуфт, ки ҷиҳод ҷойи худро дорад, халқро гирифта, ба Тоҷикистон мебарем, тоҷиккушӣ бас аст, мусулмонҳоро муттаҳид месозем.

- Кишварҳои хориҷӣ барои ҷанг пул ҷудо мекарданд, аммо мухолифати тоҷикон ниҳоят бо сулҳ анҷомид. Магар ин оқибат надошт?

-Оқибат дошт. Пули сурупа гирифтан ҷавоб ҳам дорад. Як вақт устод Нурӣ пинҳонӣ ба ман гуфт, ки Эрон ўро ба “разбор” даъват кардааст. Сабаб пурсидам, гуфт, ки сабаб он пулҳое, ки дар вақташ ба мо ҷудо карда буданд. Ман гуфтам, ки ту пулҳоро ба гурезаҳою мо, муҷоҳидон додӣ, барояшон ҳамин хел ҷавоб гўй. Дигар бечора касал шуду ман ҳам дида натавонистам пурсам, ки ҳамон “разбор” чӣ шуд.

- Шумо муҷоҳид, қумандон будед. Магар ин мушкилот назди Шумо пеш наомад?

- Мо мустақим бо пул кор надоштем. Халта-халта ошкору ниҳон долларҳоро роҳбарони мо мегирифтанд ва баъд қисман ба мо медоданд. Агар пурсише буд, онҳо ҷавоб доданд. Вале мо сулҳ кардем, ин бурди калон буд. Боре Кабирӣ назди ман омад, пул овард - се ҳазор доллар. Гуфтам, ки ба пули шумо, ҳаромхўрҳо эҳтиёҷ надорам. Ман кор мекунам, заҳмат мекашам, пул меёбам. Аммо фикри онҳоеро, ки барои шумо шуда ҷон доданд, накардед. Занҳошон бева, фарзандонашон ятим монданд, метавонистед 50 - 100 долларӣ ба онҳо диҳед, ки рўзгузарониашон шавад. Ин пули туро ман ба кадом яки онҳо диҳам? Ҳоло пул меорӣ, пулат ба ман лозим нест. Равед, ман бо шумо нестам, будан ҳам намехоҳам. Ин сун, ун сун гуфт. Гуфтам ин сун, ун сун нест. Ту мехоҳӣ, ки муттаҳид бошем? Аввал, биё, аз рўзи аввал ин ноҳақиҳо, нобаробариҳоро баробар кунем, баъд он сунаша мебинем. Агар ту мегўӣ, ки пагоҳ хезем ҷанг кунем, ҷанг барои чӣ мекунем? Ҷиҳод мегўӣ? Ҷиҳод барои чӣ мешавад? Ҳама тинҷ, масҷидҳо обод, дар ноҳияи Панҷ панҷ масҷиди ҷумъахонӣ, ҳар деҳа масҷид дорад. Охири гап хеста рафтам. Гуфтам, ки бачаҳои мо дар Русия ҳастанд. Касе, ки гапи маро мегирад, намегузорам, ки бо шумо бошад. Худо аз дасти беадолатии шумо баракатро гирифт. Ҳама дарбадар шуданд. Ман шахсан Кабириро тарафдорӣ ҳам намекунам, ба гапаш ҳам намеравам. Аз ҳама командирҳои бонуфузу ҷанг кардагӣ мо, бачаҳои Панҷ ҳастем. Вақте ки роҳбар шуд, баъзе беадолатиҳои кардаи ўро дида, аз вай дур шудем.

- Шумо дар бораи кадом беадолатиҳо мегўед?

- Магар фаромўш кардани зану фарзандони муҷоҳидине, ки ба гапи онҳо бовар карда, қурбон шуданд, маҷрўҳанд, беадолатӣ нест? Замоне буд, ки онҳо ба як бурда нон зор шуданд, аммо роҳбарони ҲНИТ танҳо дар ғами худ буданд. Худованд ҳамин Ҷаноби Олиро дар паноҳаш нигоҳ дорад, ҳама бечораю сағираю бепарасторро нон медиҳад. Ба мардум замин додааст, як бурда нонашонро ёфта мехўранд. Дуои ҳамин сағираю кабира ба кораш баракат медиҳад. Кабирию ҳаммаслаконаш баръакс, ба корҳои дигар машғуланд. Агар Кабирӣ баақл, бафарҳанг мебуд, ҳизб пароканда намешуд. Баъд, дар доираи давлатдорӣ натавонист худро идора кунад. Дарбадар шуд, дигаронро ҳам сарсон кард. Оқибати кори ноҳақ ҳамин аст.

- Шумо гумон мекунед, ки ў ва ҲНИТ танҳоянд, пушту паноҳ надоранд, дастгирӣ намеёбанд?

- Не. Дигар кӣ ҳаст?

- Масалан, Шумо.

- Онҳоро Худованд шарманда сохт, дигар ҳеҷ чиз намешаванд, ҳеҷ кас дастгирӣ намекунад. Агар ман онҳоро дастгирӣ мекардам, ҳеҷ гоҳ ба ҳоҷӣ Ҳалим такя намекарданд, маро даъват мекарданд. Чунки ман қумандони разманда будам. Дар ҷанг на ҳоҷӣ Ҳалим буд, на Кабирӣ. Бо онҳо будан намехоҳам, намехоҳам, ки дубора Ватанам ба хоку хун олуда шавад.

- ҲНИТ, тавре ки расонаҳо менависанд, аз пуштибонии Эрон бархўрдор аст.

- Шояд. Аммо тарафдорӣ аз ҲНИТ ҳаргиз бар манфиати Эрон нест.

 Ин ҷанге, ки меравад, мазҳабӣ, ҷанги Эрону Араб аст. Вақте ки мавзўи интихоби арабу форс меояд, дар рўзи сахтӣ араб шиамазҳаб ҳам бошад, ҳаргиз форсро ҷонибдорӣ намекунад. Дар ҳашт соли ҷанги Эрону Ироқ арабҳои шиамазҳаб аз Саддом Ҳусейн ҷонибдорӣ карданд. Аз як араби доро он замон мепурсанд, ки дар ин ҷанг чаро Саддоми кофирро пуштибонӣ мекунию шиаҳои эрониро не. Медонед, дар ҷавоб чӣ мегўяд? Мегўяд, ки “Саддом араб асту шиа эронӣ”. Хулоса, ман араб ҳастам, арабро дастгирӣ мекунам. Бубин, аввал миллатро мегузорад, баъд дину мазҳабро. Мо бо мардуми Эрон ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҳастем.

Ман дипломат нестам. Ман қумандон ва шоҳиди ин ҳама бадбахтиҳоям, ки ба сари мардуми тоҷик омада буд ва намехоҳам, ки он дубора такрор ёбад. Дар Тоҷикистон такя ба мазҳаб кардан оқибатҳои ногувор дорад. Мардуме, ки аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд, инро ҳаргиз қабул надоранд. Роҳбарияти Эрон ҳам шояд асли воқеиятро надонад. Шояд қувваҳое бошанд, ки ба хотири манфиатҳо ва фош нашудани ҳисоботи беасосашон ба роҳбари аввал маълумоти нодуруст диҳанд.

- Пас Эрон метавонад аз пуштибонии ҲНИТ даст кашад?

- Албатта, метавонад. Агар хоҳад, ки муносибаташ бо Тоҷикистон нағз шавад, дар ин минтақа такягоҳе дошта бошад, ин корро мекунад. Барои ин бояд аз самти мазҳабӣ даст кашад ва рўй ба забону фарҳанги муштарак орад. Мардуми Тоҷикистон Эронро форсзабон гуфта, эътироф мекунад. Аммо дар самти мазҳабӣ ҳеҷ кас эътирофашон намекунад. Эрон чораи дигар надорад. Ман мактаби Аҳмадшоҳи Масъудро гузаштаам ва вазъиятро хуб медонам. Агар дар Афғонистон Эрон такя ба забону фарҳанг мекард, вазъ дар ин кишвар ба ин ҳолат намерасид. Эронро танҳо тоҷикон метавонанд дастгирӣ кунанд. Ҳеҷ арабе дар ҳолати сахтӣ Эронро дастгирӣ намекунад.

Ҷое, ки як ҳизби исломӣ ҳаст, чун дар Афғонистон даҳҳо ҳизбҳои дигари исломӣ ба миён меоянд ва ин ҳизбҳо бо пуштибонӣ аз давлатҳои ғайриисломӣ ба нест кардани ҳамдигар даст мезананд. Ин мубориза барои пароканда кардану куштани мусулмонҳост. Ҳизби исломиро бо ҳизби исломӣ ҷанг меандозанд, бо пули мусулмон мусулмонкушӣ мекунанд.

Эрон як кишвари бузург аст ва бояд дарк кунад, ки дар Тоҷикистон дар самти мазҳабӣ ҳеҷ кас онро эътироф намекунад. Ягона воситаи боэътимоди ба ҳам омадан забону фарҳанг аст.

- Чаро Шумо инро ба дўстони эронӣ намегўед?

- Як ҳодисаро мегўям. Боре устод Нурӣ гуфт, ки Эрон қарзи бефоиз медиҳад. Ба ў гуфтам, ки намешавад бигўӣ, ки ба ман 200-300 ҳазор қарз диҳад, ки соҳибкорӣ кунам. Устод гуфт, ки пулро биёранд, туро даъват мекунам. Ба хонаи Нурӣ ду эронӣ омаданд. Чой хўрдем. Устод гуфт, ки камтар пул барои тиҷорати ман диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки устод, агар ду рўз пеш мегуфтӣ, медодем. Ҳама пулҳоро додем. Пурсид, ки ба кӣ додед? Як миллион доллар ба ҳоҷӣ Ҳалим додем, гуфтанд. Устод нороҳат шуд ва пурсид, ки чаро ба ҳоҷӣ Ҳалим додед, маслиҳат шуда буд, ки 50 – 100 ҳазор долларӣ ба командирҳо тақсим мекунем, ки дар тиҷорату деҳқонӣ истифода кунанд. Ман қаҳр карда, аз Душанбе ба Панҷ омада будам. Нурӣ одам фиристод, нарафтам. Худаш омад. Маро, - гуфт, Президент фиристод, ки туро командир монем. Назди Ҷаноби Олӣ рафтем. Маро дар Қўшунҳои сарҳадӣ муовин монданд. Баъди ҳамин муносибати ман бо эрониҳо канда шуд.

Эрон кишвари бузург аст, бояд чуқур таҳлил мекард, аз кори ҳоҷӣ Ҳалим хулоса мебаровард. Ӯ дар ҳавлии корхонаи нонпазиаш 400-500 нафарро ҷамъ оварда, мусаллаҳ карда буд. Онҳо, вақте ки мақсад ҷанг буданашро фаҳмиданд, раҳораҳ то Ромит силоҳҳоро партофта, ба хонаҳояшон рафтанд. Ҳамроҳи ҳоҷӣ Ҳалим ҳамагӣ 14 нафар монд. Мардум бо Ҳукумат, мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ карданд, ҷои пинҳоншудаи ҳоҷӣ Ҳалимро хабар доданд. Мардуми моро акнун фиреб додан душвор аст.

- Шумо вазъи сарҳадро хуб медонед, хатар аз ҷониби ДИИШ ба Тоҷикистон ҷой дорад?

- Хатар ҳамеша вуҷуд дорад. Аммо бовар дорам, ки чунин намешавад. Зеро, Тоҷикистон сиёсати дурустро пеш гирифтааст. Мардум моҳияти равияи салафиро дарк карданд, ба мубориза мехезанд, роҳ намедиҳанд, ки як Афғонистони дигар шавад. Мақсади ДИИШ на танҳо Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, ҳатто Русия аст. Онҳо мехоҳанд, ки нооромӣ то сарҳади Русия равад. Дар Афғонистон ўзбекҳои муҷоҳид ҳам хеле зиёд ҳастанд. Ҷумъабою, Қорӣ Тоҳиру дигарон аз 10 ҳазор зиёд қувва доштанд. Кўдаки ҳамон вақт таваллудшуда имрўз 17-сола шуд. Фаҳмидам, ки аз бачаҳои Ҷумъабой ҳам аз зани ўзбӯкаш, ҳам аз зани язғуломиаш қумандон шудаанд. Барои ҳамин давлатҳои ҳамсояи мо дар ин мубориза бояд бо ҳам муттаҳид бошанд. Ин роҳи ягонаи таъмини оромӣ дар минтақа аст.

Бознашр аз ҳафтаномаи “Фараҷ”,
№ 50 (576), 13.12.2017 с.

Читать далее

27 December 2017

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ

26 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба шаҳри Москва омаданд.

Мубодилаи афкори озоди сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаро дар чорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаро гирифт.

Читать далее

Ба ғолибони мусобиқаи вилоятии "Маҳаллаи беҳтарин” 90 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид

Мусобиқаи вилоятии "Маҳаллаи беҳтарин", ки бо мақсади муайян намудан ва баҳо додан ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, гулзоркунӣ, сохтмону таъмири иншооти иҷтимоӣ, роҳҳои маҳҳалӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дирӯз дар рафти иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум номи ғолибони озмун эълон карда шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар озмуни мазкур маҳаллаи ба номи Даврон Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби ҷойи аввал гардид. Маҳаллаҳои Ватани шаҳри Бӯстон ва Раззоқи шаҳри Хуҷанд ҷойҳои дуввум ва сеюмро соҳиб шуданд.

Ба ғолибони мусобиқа Шаҳодатнома ва маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ, 30 000 сомонӣ ва 10 000 сомонӣ супорида шуд. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Читать далее

Пирӯзии хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар озмуни ҷумҳуриявии «Бозёфт»

Тавре маълум, аст чор сол инҷониб Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” озмуни телевизионии ихтироъкорони наврас «Бозёфт»-ро баргузор менамояд. Имсол низ озмуни мазкур дар се давр бахшида ба Соли ҷавонон баргузор гардид. Ҳадафи аслии озмуни ҷумҳуриявӣ ин дарёфти кӯдакон ва наврасони боистеъдоду ихтироъкормебошад.

Дар рафти озмун аз ҷониби кӯдакон ва наврасони боистеъдод ихтироъкорӣ ва навоварии риштаи техникӣ ба ҳайяти ҳакамон пешниҳод мегардад.

Бино ба иттилои Фирдавс Ашӯрматов,директори Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд имсол  аз вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявӣ 13 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аъзоёни маҳфилҳои равияи техникии марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Дар даври ниҳоӣ 5 нафар хонандагон ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ гардиданд.

Лозим ба таъкид аст, ки дастаи вилояти Суғд аз рӯи ишғоли ҷойҳои намунавӣ миёни минтақаҳои кишвар ҷойи аввалро сазовор гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

26 December 2017

Баргузории иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Рӯзи 26-уми декабри соли 2017 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гашт.

Нахуст вакилон ҳайати котиботро интихоб намуда, сипас масъалаҳои баррасишавандаро мавриди муҳокима қарор доданд. Рӯзномаи иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум аз 13 масъала - тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ивази вакили хориҷшуда, ҳисоботи Раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар 11 моҳи соли ҷорӣ, қабули буҷети вилоят барои соли 2018, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят ва дигар масъалаҳо иборат буд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия  вакилони вилоятӣ Маҳбуба Абдусаминоваро ба ҷои вакили хориҷшуда ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Деҳмой”№58 қабул намуданд.

Читать далее

Ҳунар пули устувори дўстӣ

Мо барои касбомўзиву бо шуғл таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунем, яъне муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати мамлакат ва ҳамаи сохтору мақомотҳои давлатӣ мебошад.

 Эмомалӣ Раҳмон

Вақте бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурўҳ намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва васоити ахбори оммаи вилоят сафари сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода намудем, моро насиб гардид, ки мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисорро низ аз назар гузаронем.

Дар назди қалъа растаҳо кушода, лавозимоти рўзгор, асбобҳои мусиқӣ, бозичаҳои аз гил сохташуда ва пироҳани занонаву мардона гузошта шуда буданд. Дар дўконҳои он, ки масоҳати на он қадар калонро дар бар гирифтаанд, мардуми Ҳисор ба омода сохтани маҳсулоти халқӣ, аз ҷумлаи куртаҳои чакану рўймол, ҷўробу марҷону гўшвора, табақу чойникҳои сафолӣ, асбобҳои мусиқӣ ва ғайра машғул буда, дар як гўшаи он маводҳои тайёркардаашонро ба маърази тамошо ва фурўш гузошта буданд. Аҷоибии кор дар он буд, ки мардону занони машғули меҳнат манфиати ҳамаи он маҳсулоти омодакардаашонро маънидод мекарданд. Ба мизоҷон хосият ва хусусияти шифобахшии марҷону ангуштариву ҳалқаҳоеро, ки аз сангҳои табиии Тоҷикистон – фирўзаву лоҷувард, алмосу зумурраду ёқут тайёр шудааст, баён мекарданд.

Дар яке аз дўконҳо бошад, ду нафар бону дар паси дастгоҳ ба истеҳсоли атласу адрас машғул буданд. Баробари ононро дидан шод гаштам, зеро огоҳ будам, ки аксари бонувону духтарони ин маҳал аз Марказҳои таълимӣ - истеҳсолии вилояти мо таҷриба андўхтаанд. Боиси ифтихор аст, ки бонувони ҳунарманди мо тавонистаанд, ба гулдухтарони дигар минтақаҳо нозукиҳои касби хешро омўзонанд ва ҳоло маҳсули дасташонро пешкаш кардаанд. Вақте пас аз саволу ҷавоб пурсон шудам, Муяссара Ёдгорова аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии шаҳри Конибодом ин касбро аз бар карда, вақти бозгашт ба зодгоҳ нахуст модараш Гулнора Муҳаммадиеваро бо ин ҳунар ошно сохтааст ва ҳоло самараи меҳнаташон – чанд метр атласу адрасҳои рангобарангро барои фурўш гузоштаанд. Алҳол дар ин дўкон модар ва духтар машғули меҳнат буда, нафаре барои омўхтан кори онҳоро назорат мебурд. Онҳо аллакай чор нафарро соҳибкасб гардонида, бо ин восита вазъи зиндагии хешро беҳтар сохтаанд.

Воқеан, тайи ду соли охир бонувони пойтахт ва дигар вилоятҳо аз ҳунармандони вилояти Суғд касби аҷдодиро аз бар карда, бо матоъҳои омодакардаашон духтарону занони маҳалли хешро зебу оро дода истодаанд.

Чунин анъана дар Марказҳои таълимӣ - истеҳсолии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарозои ду сол идома дошт ва дар ҳар як боргоҳи касб 10-12 нафарӣ аз минтақаи Ҷануби кишвар ҳунар омўхтаанд.

Дар Маркази таълимӣ - истеҳсолии “Дугонаҳо”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дувоздаҳ нафар, дар Марказҳои таълимӣ - истеҳсолии шаҳри Конибодом 16 нафар аз шаҳрҳои Душанбе, Данғара, Кўлоб ва Ҳамадонӣ касби атлас ва адрасбофиро аз бар кардаанд. Бонувони хонанишин аз Қўрғонтеппаву Қубодиён бошанд, дар назди ҳунармандон Ойхон Исҳоқова, Меҳрангез Мухторова ва Санавбар Тўраева аз шаҳри Конибодом касби атласу адрасбофӣ ва қолинбофиро аз бар карда, ҳоло ҳунарашонро ба духтарону бонувони маҳалли худ омўхта истодаанд. Боиси шодмонист, ки соли пешин шаш нафар, аз ҷумла С. Тўраева ва М.Мухторова дар Маркази таълимӣ - истеҳсолии шаҳри Душанбе бо номи “Дунёи нав” сад нафар бонувонро ҳунар омўзонида, алҳол онон дар паси дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ дигаронро низ омўзонида истодаанд.

Дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ буд, ки ҳунарҳои миллӣ дар байни халқ аз нав эҳё гаштанд ва он мисоли пулест, ки риштаи дўстии маҳалҳоро боз ҳам қавӣ мегардонад.

Атлас харидоргир гашт...

Масъалаи дигаре, ки боиси ташвиш буд ва аксари бонувон дар ин масъала шиква доштанд, матои атласу адраси бонувони вилояти Суғд омодакарда ба сабаби сифати хуб ва ҷило надоштанаш харидоргир набуд. Дар ин бобат раиси Муассисаи давлатии “Мактаби эҳё ва рушди атлас ва адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” Муҳаммадҷон Ёқубов чунин гуфт:

- Бале, солҳои пешин навъи атласу адраси истеҳсоли ватанӣ аз матоъҳои истеҳсоли Ўзбекистон ба куллӣ фарқ доштанд, яъне харидор бештар ба маҳсулоти хориҷ рўй меовард, зеро он ҷилои хоса дошт. Имрўз барои боз ҳам беҳтар кардани сифат ва ҷилои он бо корхонаҳои ҶС “Абрешим” ва ҶС “Косибон” шартнома баста шуд. Минбаъд бонувони ҳунарманд матои хешро дар ин коргоҳҳо бо арзиши на он қадар гарон барои ҷилодору оҳарӣ гардидан коркард мекунанд. Агар қаблан матоъҳои бофташуда аз риштаҳои ғафсу дағал омода гардида бошад, алҳол тибқи шартнома занону ҳунармандон аз коргоҳи “Олим - текстайлз”-и ноҳияи Мастчоҳ риштаҳои босифат ва кафолатнокро бо нархи арзон дастрас карда метавонанд.

Нақшу нигор тариқи компутер

Барои ба мақсад ноил гардидан дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “ЮНИДО”-и Созмони Милали Муттаҳид дар аксар шаҳру навоҳии вилоят ҳамроҳи мутахассисони соҳаи кимиё бо занони соҳибкор семинару машварат доир карда, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба дизайн, рангубор, аврбандӣ, сифати матоъ, омода сохтани нақшу нигор тариқи компутер корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаем. Агар солҳои пешин нақшу нигори омодакардаро ду - се нафар ҳунарманд бо арзиши 400 – 500 доллари амрикоӣ харидорӣ мекарданд ва аксари матоъҳои омодакардаашон бо ҳам монанд буданд, яъне ба бозор қариб ки ҳамаи ҳунармандон бо нақшу нигори якхела матои атласу адрасро омода месохтанд, ҳоло бошад, пас аз баргузории семинар дар шаҳру навоҳии вилоят ҳунармандон тарзи омода кардани барномаҳоро бо ёрии компутер аз худ намуда, ҳар як нафар нақшу нигори хосаи худро дорад.

- Мақсад аз эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумлаи атласу адрасбофӣ, ташкили марказҳои таълимӣ ва омўзондани занон, бо меҳнат машғул будани онон ва ба ин васила беҳтар сохтани вазъи зиндагии оилавиашон мебошад. Аз ин рў, мо тасмим гирифтем, дар марказҳои омўзишӣ кулли занони хонанишинро даъват намоем, бигзор онон нахуст иштирок кунанд, бинанд, омўзанд ва баъд ҳунари худро дар хона ривоҷ диҳанд. Зеро дар баробари дар хона бо меҳнат машғул гардидан, рўзгор ва тарбияи фарзандон низ аз назар дур намемонанд. Вақте ба меҳнат ҷалб мегарданд, тавре мегўянд, вақт бесамар намегузарад ва муноқишаю ҷудошавии оилаҳо низ камтар мегардад, -гуфт М.Ёқубов.

Дастгоҳ чӣ беҳбудӣ дорад?

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар рўз аз рўз соҳаи саноат дар кишварамон рушд ёфта истодааст. Ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ буд, ки алҳол дастгоҳҳои чўбинро ба оҳанин иваз карда истодаем. Дастгоҳҳои оҳанин чӣ беҳбудӣ дорад? Агар дастгоҳи чўбин дар шароити намӣ ва ё дигар ҳолатҳо корношоям гардад, дастгоҳи оҳанин мустаҳкам аст, муҳлати истифодабарии он низ дарозтар мебошад.

- Мақсаду мароми мо аз чунин ривоҷ додани фаъолият, - қайд кард дар поёни суҳбат раиси Муассисаи давлатии “Мактаби эҳё ва рушди атлас ва адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” Муҳаммадҷон Ёқубов, - ба меҳнат ҷалб сохтани бонувони хонанишин мебошад.

Воқеан, самараи меҳнати ҳунармандон аст, ки имрўз матои атлас ва адрас дар бари бонувону духтарон зебанда гардидааст ва тибқи маълумоти фаврӣ имсол тахминан 167 ҳазор метр матоъ бофта шуда, наздик 95 фоизи он, яъне зиёда аз 159 ҳазор метр фурўхта шудааст.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Ҳуқуқ ба зиндагии шоиста

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли равон ироа гардид, фарогири масоили умдаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумати мамлакат аст.

Сардори давлат қаблан оид ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таҳдиду хавфҳои ҳамарўза ба осудагии мамлакатҳои сайёра, фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидол овардани ҳолатҳои хатарзо изҳори ақида намуданд. Ҳамчунин доир ба нақши густурдаи онҳо дар таъмини амният дар минтақа, расонидани кўмак ҷиҳати аз гирдоби ҷанг раҳонидани Афғонистони ҳамсоя ва дастгирии иқтисодии он барои таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми ҷангзадаи ин кишвари дўсту ҳамсоя, ҳамзамон фаъолияти байналхалқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии иқдомҳои ҷадиди он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ бо баёни далелҳои мушаххас истода гузаштанд. Таъкид гардид, ки «Дар марҳалаи кунунӣ бояд ба фаъолияти давлати мо дар самти густариши ҳамкориҳои башариву фарҳангӣ бо мамлакатҳои дунё боз ҳам вусъат бахшида шавад».

Паёми Пешвои миллат бо натиҷагирии корҳои иҷрошуда ҷиҳати татбиқи Барномаҳои миллию давлатӣ, қарорҳои ҳукумати мамлакат, аз оғоз то ба анҷом саршори ҳидоят ба ваҳдат, ҳамдиливу ободкорӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ, ҳифзу нигаҳдошти фарҳанги миллати куҳанбунёд барои ояндагон мебошад. Зеро соли 2017 барои кулли мардуми тоҷик ва тоҷикистониён соли фаромўшнопазир ва пур аз ҳодисаҳои таърихӣ буд.

 Сарвари давлат бо садоқат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои олии халқу миллати тоҷик, дар Паёми худ самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти иҷроияро дар соли 2018 ва солҳои оянда ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагонӣ барои сокинони мамлакат ва ноил шудан ба ҳадафҳои асосии ҳукумати мамлакат барои солҳои наздиктарин муайян намуданд.

Нуктаи муҳиме, ки дар Паёми Пешвои давлат мавриди таъкид қарор гирифт, эътибор додан ба ҳифзи иҷтимоии сокинон, ташкили ҷойҳои нави корӣ, татбиқи принсипҳои иҷтимоӣ будани давлат мебошад, ки он аз муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар ин маврид аз ҷониби Сарвари давлат таъкид гардид, ки «Дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум пайваста чораҷўӣ менамояд», чунки «…мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд». Боиси хурсандист, ки дар ин радиф Сардори давлат оиди аз якуми сентябри соли 2018 баланд бардоштани маоши кормандони муассисаҳои буҷетӣ, стипендия ва нафақа дар ҳаҷми 15 фоиз муҷда расониданд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти тамоюл гирифтани иқтисодиёти мамлакат аз аграрию индустриалӣ ба ҷумҳурии индустриаливу аграрӣ барои таъмини рушди устувори соҳаҳои саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, навоварӣ дар илму техника, кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифати ватанӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва барқ, дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии сокинон вазифаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд.

Сардори давлат зарур шумурданд, ки корхонаҳои саноатии истеҳсолкунандаи маводи хўрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кўҳӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дар ин самт фаъолиятро тақвият бахшанд. Зеро чунин тарзи ташкили фаъолияти иқтисодиёт шароит фароҳам меорад, ки ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ дар маҳалли тавлиди он коркард шуда, ба хориҷи кишвар содирот карда шавад ва дар навбати худ рушди минбаъдаи соҳаи саноат барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда низ мусоидат хоҳад кард.

Ба андешаи Пешвои миллат соҳибкорони ватанӣ дар беҳбудии сатҳу сифати зиндагонии ҳамватанон, татбиқи фаъолонаи навовариҳои илму техника дар истеҳсолот, таъмини боздеҳи устувори он ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас доранд ва идомаи пешниҳоди имтиёзҳои гуногуни андозиву гумрукӣ ба манфиати пешрафти минбаъдаи соҳибкорӣ хоҳад буд. Аз ҷумла, ҷиҳати пешгирии санҷишҳои гуногуни фаъолияти соҳибкороне, ки бо истеҳсолот машғул ҳастанд, ба ғайр аз санҷишҳои нақшавӣ, ки аз тарафи сохторҳои салоҳиятдор гузаронида мешаванд, барои ду соли наздик мораторий эълон гардид.

Дар Паёми Сардори давлат зикр гардид, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» дар сайёра ҷои намоёнро ишғол мекунад. Ҷиҳати устувор нигоҳ доштани ин мавқеъ ва бо назардошти оғози татбиқи Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки дар рўзҳои таҷлили Наврўзи байналмилалӣ, - аз 22 марти соли 2018 ҷараён мегирад, ба масъалаи истифодаи сарфакоронаи ин неъмати фаровони ватанӣ, ки дар як вақт тавлидкунандаи барқи хеле арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза низ маҳсуб мешавад, эътибори масъулони соҳаҳо ҷалб карда шуд.

Бо назардошти шароиту имкониятҳои мавҷудаи ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар дохили мамлакат, муаррифии он, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин эҳё ва тарғиби фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки «…соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».

Дар канори ин, аз ҷониби Пешвои миллат қотеона таъкид гардид, ки кулли фаъолон, ба шумули роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё бояд «…минбаъд низ саъю кўшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар созанд». Танҳо бо чунин тарзи корбарӣ метавонем ба ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, зикр намуданд Сардори давлат.

Дар Паёми имсола ба масъалаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде қабл дар бораи он фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд, эътибори алоҳида дода шуд. Зимни дастури Пешвои миллат ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд нақшаи чорабиниҳоро барои давраи минбаъда таҳия карда, ҷиҳати бунёди иншооти маорифу нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, ободу зебо гардонидани маҳалли зист ва майдонҳо, дигар корҳои созандагӣ, истиқболи сазовори ин ҷашни муҳими давлатӣ фаъолиятро густариш бахшанд.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат водор месозанд, ки ҳамаи мо, хоса, роҳбарон ва фаъолони иттифоқҳои касаба бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда бештару беҳтар ва самаранок истифода бурда, дар татбиқи иқдомҳои инсондўстонаи Сардори давлат, ки маҷмуан ба беҳдошти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, покиза нигоҳ доштани генофонди миллат, ташаккули афкори созандаи халқ, инкишофи тафаккури миллӣ, гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ ва ба ояндагон мерос гузоштани мамлакати пешрафта равона шудаанд, саҳмгузор бошем.

Инъом УСМОНӢ,
 раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ,
ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Суғд, мушовири давлатии дараҷаи III

Читать далее