December 2017

26 December 2017

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Филиппин Родриго Роа Дутерте

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Филиппин Родриго Роа Дутерте барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари офатҳои табиӣ ва техногении ахир дар кишвари Филиппин боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Читать далее

Заминаи боэътимод барои беҳбудии зиндагӣ

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун дастури амал ва барномаи фаъолияти кории тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва мақомоту сохторҳои давлатӣ ба шумор рафта, дар он дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таҳлилу баррасӣ гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, вазифаҳои навбатӣ барои оянда ва дурнамои мамлакат муайян карда шуданд.

Дар баробари таҳлили ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар, Пешвои миллат оид ба дастоварду камбудиҳо дар мамлакат ва проблемаҳои ҷойдошта вобаста ба ворид гаштани маҳсулоти пастсифати ғизоӣ ба бозорҳо ва марказҳои савдои Тоҷикистон, дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳ доштани маҳсулоти гўштӣ дар аксарияти анборҳо, бемасъулиятии баъзе аз соҳибкорон, назорат ва таъмини бехатарии бозичаҳои бачагона, рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, санҷиши ниҳодҳои давлатӣ нисбат ба фаъолияти соҳибкорон, зиёд гаштани амалҳои коррупсионӣ ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

Дар Паёми навбатӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат оид ба рушди соҳаи иҷтимоӣ, тадбиқи барномаҳои давлатӣ дар самтҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, хоҷагии қишлоқ, идомаи сохтмони иншооти муҳими гидроэнергетикӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалдошта, омода кардани мутахассисони ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгў ва дигар масъалаҳои муҳим барои пешрафти мамлакат ба монанди, ҳимояи манфиатҳои иҷтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва таъмини бехатарии кишвар муайян карда шуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём ироа гардид, ин таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, бехатарии ҳаёт ва солимии мардум мебошад. Пешвои миллат изҳори нигаронӣ намуданд, ки аз ҷониби баъзе аз субъектҳои хоҷагидор талаботҳои қонунгузорӣ риоя нагардида, соҳибкорону тоҷирон бо роҳҳои гуногун маҳсулотҳои пастсифатро ба бозори истеъмолии кишвар ворид менамоянд, ки ин ба саломатии шаҳрвандон зарар дорад. Инчунин нисбат ба фаъолияти мақомотҳои назораткунандаи воридоти маҳсулоти ғизоӣ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд будани мақомотҳои санҷишӣ Пешвои миллат изҳори нигаронӣ намуда, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои мукаммал гардонидани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ тағйироти сохториро амалӣ намояд.

ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мақомотҳои ваколатдор муваззаф карда шуданд, ки Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ созанд. Илова бар ин, Пешвои миллат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии мамлакат ба маводи озуқа ва дастрасии сокинон ба ғизои хушсифат барномаи нави давлатии амнияти озуқавориро таҳия ва татбиқ созанд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, дастгириву рушди соҳибкории ватанӣ Пешвои миллат изҳор намуданд, ки бояд фазои мусоид барои фаъолияти соҳаи мазкур фароҳам оварда шуда, курсҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорону тоҷирон, сатҳи касбият ва малакаи онҳо ташкил карда шавад.

Дигар нуктаи муҳими Паёми Пешвои миллат мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти соҳибкории ватанӣ ва дастгирии ҳаматарафаи корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад, ки бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ ба истинои баъзе мақомотҳои давлатӣ дар давоми ду соли оянда моратория эълон карда шуд.

Таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, рушди соҳаи паррандапарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти озуқа яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод карда шуд, ки ин дар ояндаи наздик имконият медиҳад, то соҳибкорӣ дар ин самт низ рушд ёбад. Эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз як ҷониб барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби сармоя ба ин соҳаи муҳим шароит фароҳам оварда, аз ҷониби дигар заминаи боэътимод барои беҳбудии зиндагии сокинони кишвар мегардад.

Инчунин, Сарвари давлат дар Паёми худ вобаста ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда аҳамияти махсус дода, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истихроҷи маъдан, коркарди металу сангҳои қимматбаҳо ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Кормандони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ироаи Паёми навбатиро бо мароқ тамошо намуда, баҳри амалӣ гаштани вазифаҳои гузошташуда ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳамчун хизматчиёни давлатӣ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҷаҳду талош менамоянд.

Абдумавлон Раҳимзода,
директори Маркази
Тоҷикстандарт дар
вилояти Суғд

Читать далее

Пешвои миллат - падари маҳбуб ва ғамхори ятимон

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд ҳамоиш таҳти унвони “Пешвои миллат – падари маҳбуб ва ғамхори ятимон” бо иштироки ятимони кулл, кўдакон ва наврасон аз оилаҳои камбизоати шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Олимҷон Зоҳидзода оғоз намуда, ҳамаи иштирокдоронро бо соли нави мелодӣ табрик ва аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр намуд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон яке аз фазилатҳои хуби инсонист.

Сипас, аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.

Дар охир, туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ ба ятимони кулл, кўдакон ва наврасон аз оилаҳои камбизоати шаҳру ноҳияҳои вилоят тақдим карда шуд.

Шодмон Нурматов,
шаҳри Хуҷанд

 

Читать далее

25 December 2017

Махзани электронӣ

Аз 1 январи соли 2018 мутобиқ ба Фармоиши раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2017 дар барномаи компютерии Системаи иттилоотии андоз «Андоз аз арзиши иловашуда ва пайгирии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда» анбори электронии нигоҳдории молҳои андозсупорандагон ташкил карда хоҳад шуд.

Минбаъд дар ин анборҳои электронӣ таҳвили молҳо аз ҷониби андозсупорандагон тавассути барномаи компютерӣ пайгирӣ мешавад. ҳамзамон, ҳангоми ба таври автоматӣ дар барномаи компютерӣ ташаккул додани эъломияи андоз аз арзиши иловашуда, нишондоди амалиётҳои воридотӣ ва хароҷотӣ аз анбори электронии андозсупорандагон ба инобат гирифта мешавад.

Бо мақсади ба андозсупорандагон фаҳмонидани мўҳтавои фармоиши мазкур дар бинои Раёсати андоз дар вилоят силсилаи семинар-машварат доир шуданд. Дар он мутахассисони варзидаи Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз вилоят ба андозсупорандагон дар хусуси тарзи ташкил ва фаъолияти анбори электронии андозсупорандагон дар барномаи компютерӣ маълумоти зарурӣ доданд. Таъкид гардид, ки анбори электронӣ дар барномаи компютерӣ дар навбат аввал нисбат ба фаъолияти корхонаҳое, ки ба воридот ва хариду фурўши молҳо аз дохил ва хориҷи кишвар машғул мебошанд, роҳандозӣ мешавад. Минбаъд то охири соли 2018 пурра дар фаъолияти супорандагони андоз аз арзиши иловашуда аз рўи дигар соҳаҳои фаъолият  низ анбори электронӣ ҷорӣ хоҳад шуд.

Тоҳирҷон Искандарзода

Читать далее

Соли нав: Пайдоиш ва нигориш

Соли нав яке аз қадимтарин идҳост, ки инсоният ҷашн мегирад. Таърихи ҷашнгирии он ба гуфти бостоншиносон панҷ ҳазор солро дар бар мегирад.

Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он “Ибтидои соли нав” сабт шуда буд. Дар Мисри қадим соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд. Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро танҳо он биёбонро шодоб мегардонид.

Дар соли нав мардум ҳайкалҳои худояшон - Амон, ҳамсар ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил шино мекарданд.

Дар ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ менамуданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд.

Римиёни қадим ҳанӯз то мелод ба ҳамдигар тӯҳфаҳои соли навӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборӣ мехостанд.

Муддати дарозе римиён соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме ки Юлий Сезар тақвими наверо ҷорӣ намуд.

Дар Бобуристони қадим соли навро баҳорон ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашн шоҳ 4-6 рӯз аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки шоҳ набуд, мардум метавонистанд ба чӣ коре хоҳанд машғул шаванд. Баъд аз чанд рӯз шоҳу дарбориёнаш дар тан либосҳои идона бармегаштанд ва халқ низ ба кори худаш бар мегашт. ҳамин тавр, ҳар сол одамон ҳаётро аз нав сар мекарданд.

Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна дар оғози моҳи март ҷашн гирифта  мешуд. Бо қарори парлумон аз соли 1752, рӯзи ҷашнгирӣ ба 1-уми январ гузаронида шуд.

Дар замони қадим соли навро аксари вақт дар баҳор ҷашн мегирифтанд. Зеро дар ин давра табиат аз нав зинда мешуд. Дар Русия низ соли навро якуми март таҷлил мекарданд.

Дар асри 14 Калисои ҷомеаи Маскав қароре баровард, ки мувофиқи он соли нав 1-уми сентябр аз рӯи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд ва танҳо дар соли 1699 Петри 1 баъди аз Аврупо бар гаштан, бо фармони махсусаш солшумориро аз 1-уми январ сар кунонд ва ин рӯзро рӯзи ид хонд.

Иди соли навро дар Фаронса метавон иди “Сафедиҳо” номид. Дар рӯи миз шамъдонҳои сафед бо шамъҳои сафед, меваҳои тару тозаи бо шакар рӯйкашшуда гузошта мешаванд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон анъанаи ҷашнгирии соли нави

Мухбирахон Дадобоева,
омўзгори гимназияи “Нур”- и
Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов
ноҳияиБобоҷон Ғафуров

Читать далее

Бинои нозирот азнавсозӣ шуд

Бинои нозироти андоз дар ноҳияи Ашт баъди таъмиру азнавсозӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи роҳбарияти мақомоти андози вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорону кормандони соҳа ва андозсупорандагон иштирок доштанд. Зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомдодашудаи таъмиру азнавсозии бинои нозироти андоз сардори Раёсати андоз дар вилоят Бахтиёр Султон ба сифати корҳои анҷомдодаи сохтмончиёни ҶДММ «Сохтмон»-и ноҳияи Мастчоҳ, ки биноро дар мўҳлати таъиншуда ва босифати баланд  таъмиру азнавсозӣ кардаанд, баҳои баланд дода, ба роҳбарият ва сохтмончиёни ин ҷамъият аз номи роҳбарияти Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Сардори нозироти андоз дар ноҳияи Ашт Файзалӣ ҳамзализода дар сўҳбат ба мо гуфт, ки корҳои таъмиру азнавсозии бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ анҷом дода шудааст. Бинои нозироти андоз аз ҳуҷраҳои кории кормандон, толори хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 50 ҷои нишаст иборат аст. Дар ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон шароити хубу лозимаи кору фаъолият муҷаҳҳаз бо компютер, дастгоҳҳои  чопу нусхабардорӣ ва дар толори барҳаво имконияти беҳтари хизматрасониҳо барои андозсупорандагон муҳайё шудааст.

Ҳамон рўз дар маҷлисгоҳи нави бино сўҳбати роҳбарияти Раёсати андози вилояти Суғд бо кормандони нозироти андоз дар ноҳия сурат гирифт.

Тоҳирҷон Искандарзода
Раёсати андоз дар вилояти Суғд

Читать далее

“Ганҷи сухан” бо омӯзгорони адабиёт

Нишасти 157 маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар толори  мактаби навбунёди хонандагони болаёқати  шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар ба маҳфил олимону адибони маъруф омӯзгорони фанни забон ва адабиёти мактабҳои шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.

Дар даромадгоҳи бинои мактаб барои меҳмонон аз ҷониби нашриёти “Ношир” ва шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд  намоиш ва муаррифии китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобу дастурҳои методӣ оид ба усули таълим ва омӯзиши забон ва адабиёт дар мактаб, китобҳои тозанашри олимону адибони вилоят манзур шуд. Меҳмонони маҳфил дар баробари ошноӣ бо китобҳо имконияти хариди онро низ доштанд. Хонандагон ба пешвози меҳмонон аз ашъори адибони тоҷик порчаҳои шеъри қироат намуданд.

Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки ҳадафи маҳфили навбатӣ ба роҳ мондани ҳамкории устодони забон ва адабиёт бо факутети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Гузашта аз ин дар маҳфил китбоҳои дарсӣ, усули таълими адабиёт, назари омӯзгорони мактаб оид  ба ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар бахши  навгонихои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ оид  ба муҳимтарин рӯйдодҳои илмиву фарҳангии соли 2017, аз ҷумла китобҳои тозанашр  Ислом Раҳимов, номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад намуд.

Сипас, адабиётшинос Тоҷибой Султонзода, таҳти унвони” Назари интиқодӣ  ба китобҳои  дарсии адабиёт дар мактабҳо” маърӯза намуда, оид ба ғалату нуқсон ва камбудиҳои китоби дарсии “Адабиёти тоҷик синфи 7” ибрози назар кард. Баъдан   дар мавзӯи “Усулҳои муосири таълими адабиёт дар мактаб” Мирзоҳабиб Аҳмадов номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маърӯза намуда, аз навгониҳои ин соҳа ибрози назар кард. Баъдан дар мавзӯи «Усулҳои мусоири таълими адабиёт дар мактаб» Мирзоҳабиб Аҳмадов номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров маърӯза намуда, аз навгониҳои ин соҳа ибрози назар кард. Оид ба  мавзӯъҳои зикрёфта байни  омӯзгорону устодон баҳси илмиву методӣ рӯи кор омад ва омӯзгорон пешниҳодҳои мушаххаси худро  дар беҳдошти таълими адабиёт дар мактаб баён карданд.

Дар бахши “Минбари шеър” Нурмуҳаммад Ниёзӣ - Шоири Халқии Тоҷикистон  дар бораи рисолати шоир дар ҷомеа изҳори назар карда, бо шеърҳои нави хеш ҳозиринро шод сохт. Сарояндаи хушадо Маҳкамхоҷа Баҳоваддинов бо суруди дилнавоз  ба маҳфил шукуҳи тоза бахшид.

Абдураҳмон Раҳимов

Читать далее

Орзуҳо амалӣ мегарданд. агар…

Тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар кохи фарҳанги ноҳияи Ашт бо ширкати беш аз ҳазор нафар хатмкунандаи ноҳия мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят доир гардид.

Чорабиниро раиси ноҳия Зариф Мирдадо оғоз бахшида, қайд кард, ки соли равон 2285 нафар хонанда муассисаҳои таълими ноҳияро хатм менамоянд. Сол аз сол зиёд шудани теъдоди донишҷӯён аз ҳисоби ҷавонони фаъоли ноҳия далолат бар он медиҳанд, ки сатҳи таълиму тарбия боло равад.

Дар суханронии мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД- и вилоят Олимҷон Мирмуҳаммедов  таъкид гардид, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар сол то сол эътибор ба ҷавонон бештар гардида истодааст.

Сипас, намояндагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси кишвар  Мухторзода Фозил, ректори Донишгоҳи кӯҳи металлургии Тоҷикистон, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳиддин Сабуров, сардори Раёсати таълимии ДДХ, Аминҷон Амонов, раиси иттифоқи касабаи ДДҲБСТ, Ҳомидҷон Ҳошимов, муовини директор оид ба таълими ДИС ДТТ, Илҳом Комилов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Манучеҳра Кенҷазода, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Санам Аминҷонова муовини директори коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд бо ролику слайдҳо муассисаҳои худро муаррифӣ намуданд.

Дар баромади Саидӣ Дилафрӯз Раббизода таъкид шуд, ки дар донишкада 169 нафар донишҷӯи Ашт таҳсил доранд, ки аз ин шумор 29 нафарашон духтар мебошанд. Барои тақвияти дониш ва сифатнок доир шудани машғулиятҳо дар донишкада 23 лаборатория, 1360 комютер мавҷуд аст.

Хатмкунандагони ноҳия вобаста ба ҷоришавии эссе дар Маркази миллии тестӣ, имконияти дохилшавӣ тариқи квота, шароити хобгоҳҳо, имтиёзҳо ба хатмкунандагони эҷодкору навовар суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби хонандагони ҳунарманди ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши аҳли нишаст гардид.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее

22 December 2017

Эмомалӣ Раҳмон: «22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалӣ— Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман оғоз мегардад»

Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод. Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман оғоз мегардад. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, кишвари мо чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд. Ин суханонро имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд.

Сарвари давлат ҳамзамон зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.

Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, зарурати дар минтақа муҳайё намудани фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамониати молу сармоя ва захираҳои меҳнатиро тақозо менамояд.

Ба таъкиди Президенти кишвар, бо такя ба ин усул мо метавонем ҳамкориямонро дар соҳаи амният низ густариш бахшида, якҷо бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем. «Итминон дорем, ки ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати ҳамаи давлату халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи стратегӣ ва моҳияти хос дорад»,-афзуданд Пешвои миллат.

Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар соли 2018 ба дӯш гирифтааст. Ва мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзо соли оянда дар Тоҷикистон аз муҳимтарин чорабинии раёсати кишвар арзёбӣ мегардад.

www.khovar.tj

Читать далее

Музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад

Аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия низ 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее