December 2017

22 December 2017

Соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд

Имрӯз, 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.

-Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад, - таъкид намуданд Сарвари давлат.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Читать далее

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Читать далее

21 December 2017

Зафаробод: Соҳаи тандурустӣ дар чӣ ҳол аст?

Солҳои охир тибқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ зиёд мегардад. Ҳамасола барои рушду нумуи соҳа аз буҷети мамлакат маблағҳои кофӣ ҷудо мешаванд, то сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ баланд шуда, ба талаботи рўз ҷавобгў бошад.

Беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод аз соли 1975 инҷониб фаъолият мебарад. Он дорои 360 кати табобатӣ буда, алҳол 27 нафар духтури дорои маълумоти олӣ ва 170 нафар корманди хурду миёна ба беморон хизмат мерасонанд. Дар ҳудуди беморхона 310 кат мавҷуд буда, боқимонда ба беморхонаи минтақавӣ ва маркази рўҳшиносии ноҳия рост меояд.

-Барои таъмири пурраи беморхона дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони беморхона лоиҳаи таъмир ба маблағи 10 миллион сомонӣ пешниҳод гардида, айни ҳол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти сармоягузорон кўшиш намуда истодаанд,-гуфт дар суҳбат сардухтур Зуфар Сангинов.

-Дар давоми сол бо кўмаки соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва худи кормандони беморхона таъмири ҷории беморхона гузаронида шуд. Ҳамчунин, худи ҳамин сол аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ таҳвилгоҳи беморхона пурра таъмир ва бо тамоми шароит муҳайё гардид.

Бояд гуфт, ки 7 шуъбаи беморхона ба хизматрасонии пулакӣ гузаронида шуда, то имрўз нақша 133 фоиз иҷро гардидааст. Аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ ба беморхона таҷҳизоти нав аз қабили рентгени ҳаракаткунанда, 4 адад оксигенератор, ҷиҳози лабораторӣ ва дигар намуди таҷҳизот харидорӣ шудааст, - изҳор намуд сардухтур.

Бино ба гуфти масъулин дар беморхона гирифторони бемориҳои амрози даруна, қалб, саратон ва қанд муолиҷа мегиранд. Бо сард шудани ҳаво асосан бемории роҳи нафас, гўшу гулўву бинӣ хуруҷ мекунанд, мегўянд масъулин.

Ҳарчанд мушкилоти зиёде дар ҳама соҳаҳо ва дар манотиқи кишвар сол аз сол бартараф мегарданд, вале боз ҳам дар баъзе аз навоҳӣ норасоиҳо боқӣ мемонанд. Аз суҳбати сардухтури Беморхонаи марказӣ маълум гашт, ки баробари муваффақиятҳои соҳа як зумра муаммоҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, норасоии мутахассисон - табибони чашм, гўшу гулўю бинӣ, эҳёшинос, нарколог ва духтурони тибби оилавӣ яке аз муаммоҳои асосии соҳа ба шумор мераванд. Мушкилоти дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳи астрофбраскоп, кардиомонитор, рентгени рақамӣ, ҷиҳози ҷарроҳӣ ва дастгоҳи ултросадо ҷой доранд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, масъулини беморхона боз ҳам ҷиҳати ҳарчӣ хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолият, беҳдошти сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи саломатии комили омма заҳмат мекашанд.

Аз ҷониби масъулин барои таъминот бо кадрҳои соҳибтахассус як қатор чораҷўиву имтиёзҳо бобати ҳавасмандкунии табибони ҷавон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Парвозгоҳи умеду орзуҳо

Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои ҳар як меҳмони хориҷӣ ва ё ҳамватаноне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, вақти омадан нахустин дарвоза ҳисоб мешавад, вақте аз фарози абр ба замини азизу муқаддаси Тоҷикистони маҳбуб менигаранд.

Ин фурудгоҳ умедгоҳи садҳову ҳазорон ҳамватанони мост, ки тавассути ин дарвоза ба кишварҳои хориҷ мераванд ва он ҷо ҳангоми гусел падару модаронеро метавон дид, ки гӯё фарзандашон ба хидмати ҳарбӣ мераваду маросими нонгазон аст, бо дуову фотеҳа ба ҷигарбандашон роҳи сафед таманно менамоянд. Ё ҳар дилдодаи табиати зебои Тоҷикистон, ки ба ин кишвари биҳиштосо меояд, нахустин мақдамаш аз фурудгоҳ оғоз меёбад ва табиист, ки ин гуна сайёҳони хориҷӣ аввалин аксгирии хотиравиашонро маҳз аз ҳамин фурудгоҳ оғоз мекунанд.

Вақте ба ватани худашон мераванд, фурудгоҳи мазкурро ҳамчун дарвозаи мамлакати маҳбубамон муаррифӣ менамоянд. Шароити хубу барҳаво ва мусоиди фурудгоҳ низ ба таври хоҳу нохоҳ ба ҳар аз сафар омадаву равонаро бо лаҳни хуб: «Роҳи сафед, парвози хуш!» ва «Марҳабо ба Тоҷикистони биҳиштосо!» гуселу пешвоз мегирад.

Шаҳомати Ватани маҳбуб

Агар имрӯз ин парвозгоҳи умедро яке аз иқтидор ва шаҳомату шукўҳи Тоҷикистон гӯем ҳам, ғалат нест. Зеро, тавоноӣ, зебогӣ ва осудагии ҳар кишварро фурудгоҳҳояш муаррифӣ мекунанд. Таҷҳизоти нави рӯшноидиҳӣ мутобиқ ба дараҷаи 1-уми ИКАО буда, имкон медиҳад, ки сарфи назар аз вазъи обу ҳаво ва вақти шабонарӯзӣ фурудойӣ ва парвози ҳавопаймоҳо бо сифати баланд таъмин карда мешавад, ки на ҳар фурудгоҳҳои баъзе давлатҳо ин гуна иқтидор доранд.

Ҳамзамон, аз ҷумла, системаи фурудойии DMӯ дар фурудгоҳи Хуҷанд васлу насб карда шуд. Системаи мазкур барои дақиқ муайян намудани масофаи байни ҳавопаймо ва хатти парвозу фурудойӣ мусоидат намуда, дар ҳудуди Осиёи Миёна шабеҳи худро надорад.

Аз ҳама нуктаи муҳим, аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар Тоҷикистон ягона аэродромест, ки қабулу гусели ҳавопаймоҳоро аз ҳар ду самти парвозу фурудойӣ ҳам аз кунҷи 78° ва ҳам аз кунҷи 258° метавонад ба амал барорад.

Чунин дастовард ва шаҳоматро директори генералии Фурудгоҳ Қурбони Алимардон ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонанд.

-Шукронаи давр, ки рӯз ба рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир муваффақ шуда, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам зеботару шинохтатар шуда истодааст. Албатта, чунин тараққиёт моро ба ояндаи гулгулшукуфони кишвар дилгарм месозад, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Тамоми ҷабҳаҳои зиндагии имрӯзаи Ватан маҳз бо ояндабиниҳо ва иқдоми шарафмандонаи Президенти кишвар рӯ ба рушд ҳастанд,-мегӯяд директори генералӣ.

Воқеан, агар боре аз фарози абр ба сохту шакли Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд назар кунед, ба гуфтаҳои болоӣ имон хоҳед овард.

Роҳи суфтаву нуктаҳои ногуфта

Имрӯз аксари хатсайрҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ аз боваринок будани роҳҳои хатсайри парвозгоҳ ва вусъати паҳнои он изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Бештари сайёҳони хориҷӣ низ ҳангоми бори нахуст омадан ба Хуҷанди бостонӣ аз он ёдовар мешаванд, ки бузургии Фурудгоҳ мисли кишварҳои мутараққист.

Бояд ёдовар шавем, ки дарозии хатти парвозу фурудойӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд 3200 метр буда, паҳноии он 60 метр ва бари кориаш 50 метрро ташкил медиҳад. Хатти парвозу фурудойии аэродроми Фурудгоҳ имкони қабул ва гусели тамоми навъи тайёраҳоро дорад. Аз ҷумла, тайёраҳои калонҳаҷмро метавонад, сарфи назар аз вазъи гуногуни обу ҳаво қабул ва гусел намояд.

Ибтидо аз соли 2016 бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перрони фурудгоҳ аз нав пурра мумфарш гардида, роҳҳои гардиши ҳавопаймоҳо васеъ карда шудаанд, ки боз ҳам шароитро мусоидтар намуд.

Тавре директори генералӣ Қурбони Алимардон иброз дошт, корҳои мумфаршкунии аэродром ва дигар минтақаҳои ҳудуди фурудгоҳ сол то сол вусъати тоза ба худ касб мекунанд ва ба хотири бидуни мамониат ва тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҳамасола тармиму таҷдиди роҳҳои хатти парвоз чораҳои амалӣ андешида мешаванд.

- Соли 2016 зиёда аз 27 ҳазор тонна асфалт истеҳсол ва дар масоҳати умумии беш аз 120 ҳазор метри мураббаъ хобонида шуд. Дар давраи ҳисоботии имсола низ зиёда аз 15 ҳазор тонна асфалт истеҳсол ва дар масоҳати 67 ҳазор метри мураббаъ мумфарш карда шуд,-мегӯяд роҳбари корхона Қурбони Алимардон.

Албатта, чунин ибтикорҳои созанда баҳри боз ҳам бехатар ва хубтар шудани имконияту шароити Фурудгоҳ мусоидат менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» насби таҷҳизоти рӯшноидиҳӣ дар Фурудгоҳ аз ҷониби ширкати руссиягии «Радар ГА» ба амал бароварда шуда, аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи лоиҳаи мазкур 1 миллиону 869 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ гардида, ҳиссаи худи Фурудгоҳ 471 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Аз ҳисобот то ҳисобот

Агар ба ҳар як давраи ҳисоботии Фурудгоҳ назар кунем, шоҳид мешавем, ки воқеан сол то сол роҳу усул ва таҷдиду қадамҳои нав ба нави роҳбарияти коргоҳ чашмрасу қобили ситоиш аст. Аз ҷумла, толори маҷлисгоҳи Фурудгоҳ, ки тӯли зиёда аз 40 сол ягон маротиба навсозӣ ё таъмири куллиро надида буд, дар давраи ҳисоботӣ таъмиру навсозӣ карда, бо тамоми лавозимот ва ашёи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Роҳбарияти Фурудгоҳ иқдомҳои имсоларо ба иҷроиши ҳаматарафаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат нигаронидашуда унвон кард:

-Ба ифтихори Соли ҷавонон ба толор – Толори ҷавонон номгузорӣ кардем ва тарабхонаи замонавӣ низ бахшида ба Соли ҷавонон бунёд карда шуд, ки ба он ҳам номи «Ҷавонон» гузошта шуд, -мегӯяд директори генералӣ.

Дар як сайри кӯтоҳ мо низ қаблан худ шоҳид будем, дар ҳудуди толори вакилони расмӣ як биное вуҷуд дошт, ки 15 сол инҷониб бинобар ба талаботҳои замонавӣ ҷавобгӯ ва бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз набуданаш бекор мехобид. Азнавсозии тарҳи дохил ва беруни бино ба амал бароварда, бо ашёву лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ибтикори нав ба нави ҳамасола, албатта масъулиятшинос будани роҳбарият ва умуман ҳайати кормандони Фурудгоҳро нишон медиҳад. Аз ҷумла, роҳи протоколии пешина барои талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ набуд, чунонки якчанд гардишҳо дошта, таъмини сифати баланди хизматрасонӣ ҳангоми қабулу гусели меҳмонони олиқадр ба таври стандартӣ иҷро намешуд.

Аммо давраи ҳисоботи соли 2017 роҳи нави протоколӣ комилан азнавсозии ҷиддиро аз сар гузаронид ва мавриди истифода қарор гирифт, ки атрофи роҳи нави протоколӣ бо дарахтони ороишии сӯзанбарг ва гулҳои рангоранг зебо карда, минтақаи мазкур ба вақти шабона бо чароғҳои шабафрӯз рӯшан гардонида шуд, ки шабеҳи як шаҳри шабистони зебое аст.

Дар партави дастури Пешвои миллат

Дар пешорӯйи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳамагон шоҳиданд, ки сохтмони бинои аэровокзали марказии Фурудгоҳ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботҳои замони муосир аз моҳи майи соли 2016 оғоз гардида, бо иқтидори хизматрасонӣ то 400-500 мусофир дар як соат роҳандозӣ карда шуд. Бинои нави аэровокзали Фурудгоҳ дар партави супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади мутобиқ намудани инфрасохтори Фурудгоҳ ба сатҳи байналмилалӣ сохта шуда истодааст.

Аз рӯйи гуфтаи масъулини Фурудгоҳ мутобиқи нишондиҳандаҳои тарҳи нави бинои мазкур, аэровокзал ба 30х64 метр аз тарафи пеш ва 36х64 метр аз тарафи перрон васеъ карда шуда, масоҳати умумии бино (якҷоя бо масоҳати бинои ҳозираи амалкунандаи аэровокзал) 84х62 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз дохил 14,6 ва аз берун 17,2 метр аст.

Мутобиқи лоиҳа аз ду кунҷи тарафи перрон ду галерея бо дарозии 22 метр ва боз иловагӣ 12 метр ва 4 зинаи телескопӣ барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷми тамғаи Аэробус А320 ва Боинг 767-300 васл карда мешавад.

-Дар оянда муҷаҳҳазгардонии бино бо тамоми таҷҳизоти техникии замонавӣ, аз ҷумла, барои таъмини бехатарӣ, лифтҳои махсус барои мусофирони маъюб, эскалаторҳо ва дигар ашёву лавозимоти замонавӣ дар нақша аст,-мегӯяд сарвари Фурудгоҳ.

То ба имрӯз корҳои сохтмонӣ дар бинои аэровокзали нави Фурудгоҳ аз ҳисоби воситаҳои молиявии худӣ он амалӣ шуда истодааст, ки арзиши умумии 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сарсабзӣ аз эҳтимом оғоз мешавад

Дар қафои бинои маъмурият, ки солҳои зиёд бекор мехобид, як боғи ороишӣ сохта шуда истодааст, ки ба қарибӣ анҷом мепазирад ва рӯзҳои наздик чун намои биҳиштие ба маъраз гузошта хоҳад шуд. Инчунин, гармхона барои парвариши гулҳои ороишӣ навсозиро аз сар гузаронид ва мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон, бинои таъминоти гармӣ ва санитарию техникӣ аз нав таъмир шуда, болои бино бомпӯш гардидааст.

Дар айни замон шумораи кормандони Фурудгоҳ 831 нафарро ташкил дода, аз моҳи апрели соли 2016 то имрўз музди меҳнати кормандони Фурудгоҳ аз 20 то 60 фоиз баланд карда шудааст.

Умедворем, ки минбаъд низ беш аз интизориҳо ва дастовардҳои нек боз ҳам фатҳи қуллаҳои нав ба нав насиби ин парвозгоҳи умед мегардад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Шоири дилу дарё

Дар толори Китобхонаи вилоятии омавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Қутбӣ Киром маҳфили илмӣ-фарҳангии «Сарафрози майдони сухан» баргузор гардид.

Дар маҳфил аҳли илму адаб, шоиру нависандагон ва донишҷўёни макотиби олии вилоят иштирок доштанд. Баъди сухани ифтитоҳӣ ва хайрамақдами директори китобхона Баҳром Мирсаидов, раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод  дар бораи зиндагӣ ва осори  ин шоири ширинсухан ҳарф зада, хотироти мондагори хешро қисса намуд.

Зикр кард, ки  Қутбӣ Киром миёни хонандагони русу украин, белорусу ўзбек ва қазоқу чех низ ҳаводорони зиёд дорад. Имрўз насли ҷавон ба навиштаҳои пурмуҳтавои Қутбӣ Киром таваҷҷуҳ ва эҳтироми хос доранд.

Нуралӣ Нурзод, докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавриди «Идомаи суннатҳои шеъри классикӣ дар эҷодиёти Қутбӣ Киром» андешаҳои хешро баён дошт.

Фарҳанги мардумӣ ва инъикоси он дар ашъори шоир аз ҷониби сардори шуъбаи табъу нашри китобхона, шоир ва муҳаққиқ Шодӣ Шарафниё бозгўву баррасӣ шуд. Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Шоири халқии Тоҷикистон низ ёдномаҳои худро роҷеъ ба кору пайкори Қутбӣ Киром ва шахсияти беназири ин марди ҳунар нақл кард.

Қироати шеърҳо аз ҷониби донишҷўён маҳфилро рангину хотирмон сохт.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Cуғд»

Читать далее

Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати Рўзи энергетикҳо

Ҳамасола 22 – юми декабр дар кишвари азизамон Рўзи энергетикҳо таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи кормандони ин соҳаи муҳимро табрику таҳният менамоям.

Солҳои охир рушду нумуи соҳаи энергетика дар вилоят хеле афзалият пайдо кардааст. Афзудани тавлидоти неруи барқ боис гардид, ки соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат афзоиш ёбад.

Читать далее

Қонуншиканон беҷазо намемонанд!

Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз 1-уми сентябри соли 2017 қувваи ҳуқуқӣ ба худ касб кард, то ин ҷониб дар шаҳри Хуҷанд қонуншиканиҳо хеле кам ба қайд гирифта шуд. Ин далели қонунсолории кишвари мо буда, дар як вақт тағйиру иловаҳо ба Қонуни миллӣ саривақтӣ ва нишонрасанд.

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар соли 2017 мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин давр аз тарафи Бахши кор оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 1499 тӯйи домодиву арусӣ, 859 хатнасур, 172 маъракаи чил ва 92 маъракаи сол ба қайд гирифта шудаанд. Соли 2016 бошад, 1428 тӯйи домодиву арўсӣ, 843 хатнасур, 187 маъракаи чил ва 92 маъракаи сол гузаронида шуда буд. Дар соли 2017 ҳангоми баргузории маъракаҳо 4.425.200 сомонӣ харҷ шудааст. Дар соли 2016 бошад, ин рақам 4.689.500 сомониро нишон медод.

Тибқи сархати 3-и моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маросими домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешавад. Дар ин давр ҳолатҳои риоя накардани ин талаботи Қонун ошкор шуданд.

Чунончӣ, З.Юнусов-сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 12-ум ҳамчун соҳиби маърака талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон намуда, 22 июли соли 2017 аз соати 10 то соати 13 дар қаҳвахонаи “Чор плюс” маъракаи домодталбонро бо иштироки 60 нафар баргузор намудааст.

Оид ба ин ҳолат 25 июли соли 2017 нисбат ба соҳиби маърака З.Юнусов бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз ва барои баррасӣ ба Суди шаҳр ирсол гардид, ки номбурда бо қарори суд ба маблағи 5000 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Ҳамчунин, дар ин давр ҳолатҳои бархилофи Қонуни мазкур аз ҷониби шаҳрвандон зиёд даъват кардани шумораи меҳмонон ошкор гардид.

Чунончӣ, М.Собиров - сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 32 ҳамчун соҳиби маърака талаботи моддаи 9–и ҳамин Қонунро дағалона вайрон карда, 22 июли соли 2017 аз соати 11 то соати 14 дар тўйхонаи “Тоҷикистон” маъракаи хатнасури писарашро бо иштироки 79 нафар меҳмон баргузор намудааст.

Оид ба ин ҳолат нисбат ба соҳибмаърака М.Собиров ва роҳбари тарабхонаи “Тоҷикистон” А.Р. Ярматов бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз ва барои баррасӣ ба Суди шаҳр ирсол гардид, ки бо қарори суд номбурдаҳо ба маблағи 5000 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Инчунин Х.Холматов - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов ҳамчун соҳиби маърака талаботи моддаҳои 9 ва 13-и Қонунро дағалона вайрон намуда, 8 июли соли 2017 аз соати 11 то 14 дар тарабхонаи “Анситу” маъракаи хатнасури набераашро бо иштироки зиёда аз 60 нафар меҳмон бе бастани шартномаи хизматрасонӣ бо тарабхона баргузор намудааст.

Оид ба ин ҳолат низ санаи 10 июли соли 2017 нисбат ба соҳиби маърака Х. Холматов ва роҳбари тарабхонаи “Анситу” М.Мирзоазимов бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз ва барои баррасӣ ба суди шаҳр ирсол гардид, ки Х. Холматов ва М. Мирзоазимов бо қарори суд ба маблағи 5000 сомонӣ ҷарима шуданд.

Дар ин давра ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни танзим вобаста ба гузаронидани маъракаи зодрӯз ва ҳоҷиталбон низ ошкор карда шуд. Чунончӣ, Т.Наҷмиддинов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва талаботи моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон намуда, 22 июли соли 2017 аз соати 11 то соати 14 дар тарабхонаи “Бахт” бо баҳонаи маъракаи хатнасури писараш зодрӯзи модарашро бо иштироки 60 нафар меҳмон ҷашн гирифтааст.

Инчунин, санҷиши гузаронида муайян намуд, ки Т.Алимуҳаммедов - сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 13, ҳамчун соҳибмаърака талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя накарда, 8-уми октябри соли 2017, тахминан соати 12 дар манзили истиқоматиаш маъракаи ҳоҷиталбони хешовандонаш А. Маннонов ва М.Мирзобоеваро бо даъвати зиёди меҳмонон баргузор намудааст.

Нисбат ба қонунвайронкунандагон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, ба Суди шаҳр ирсол шудааст.

Ҳамин тариқ, таҳлилҳо собит намуданд, ки вобаста ба ин масъала 11 пешниҳод, 22 истеҳсолоти интизомӣ, 20 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шудаанд.

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, баҳри ошкор ва пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ чораҳои мушаххас меандешад. Баробари ин бояд ёдовар шуд, ки то вақти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзим дар ҷомеа қонуншиканиҳои зиёд ба назар мерасиданд. Аммо тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, баъди он то андозае маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд шуда, бештар масъулиятшиносӣ зоҳир мегардад.

Фаридуни НУРУЛЛО,
ёрдамчии прокурори
шаҳри Хуҷанд
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

20 December 2017

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҷашни 30-солагии

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа фармон медиҳам:

Читать далее

Арчаҳои сунъӣ зарар доранд?

Ҳамасола дар аксар кишварҳои ҷаҳон омодагӣ ба Соли нав ва бо шукўҳу шаҳомати тоза истиқбол гирифтани он ба анъана даромадааст. Ҳама барои хушу хотирмон пешвоз гирифтани Соли нав саъю кўшиш менамоянд ва як моҳ пеш арча ва ороишоти солинавӣ, яъне бозичаҳо харидорӣ карда, хонаашонро оро медиҳанд.

Муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки ҷашнгирии Соли нав дар давлатҳои ҷаҳон дар моҳҳои гуногун баргузор мешавад ва ҳанўз аз қадим истиқболи он ба анъана даромадааст. Агар ба таърих назар афканем, маълум мешавад, ки аз 23 декабри соли 1947 бо қарори Президиуми Шўрои Олии Иттиҳоди Шўравӣ Соли навро расман ҷашн гирифтанд ва ин анъана то ба имрўз пас аз пошхўрии ин давлат ҳам боқӣ мондааст.

Оро додани арчаҳои солинавӣ бошад, аз асри ҶVI оғоз шудааст. Мардуми давлати Фаронса аввалин бор арчаи солинавиро дар хонаҳои худ гузошта, бо қоғазҳои ранга ва гул оро медоданд. Ин анъана то ба имрўз расида, ҳоло арчаҳои сунъӣ бо бозичаҳои солинавӣ оро дода мешаванд.

Дар мағозаҳои қаламрави вилояти Суғд, алалхусус, маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд низ воридшавӣ ва ба фурўш мондани арчаҳои солинавӣ ба назар мерасанд. Боғчаву муассисаҳои таълимӣ ва аксар макони истиқоматии сокинони вилоят бо арчаи солинавӣ оро дода шудаанд. Намуди арчаҳои сунъӣ зиёд буда, тарзи ороиши онҳо аз солҳои пешин фарқ мекунанд.

Оё арча ва бозичаҳои сунъӣ ба саломатии кўдакон зарар дорад? Доир ба ин масъала мутахассиси Маркази назорати санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Насиб Икромов гуфт, ки дар Марказ озмоишгоҳи санитарӣ - гигиенӣ мавҷуд аст, ки дар таркиби арча ва бозичаҳои солинавӣ мавҷудияти миқдори маводи Сеннол устувории ранги бозичаҳоро муайян мекунанд.

Ғайр аз ин, аз ҷиҳати радиологӣ хатарнок ё бехатар, миқдори радионуклетҳо, радиторикалий дар таркиби арчаҳои сунъӣ ва бозичаҳо муайян карда мешаванд. Дар ҳолати зиёд будани маводҳои кимиёвӣ метавонад ба саломатии инсон, алалхусус, кўдакон зарари ҷиддӣ расонад. Аз ҷумла, заҳролудшавӣ, гирифторшавӣ ба бемории саратон, паст шудани лейкосит дар таркиби хун ва системаи масъунияти одам ба амал омаданаш мумкин аст. Арчаҳои воридгардидаро аз санҷиш гузаронида шуда, дар ҳолати хатарнок буданашон аз муомилот бозмедорем. Бояд гуфт, ки то инҷониб ягон намунаи арчаи солинавӣ ва бозичаҳои ба саломатии инсон зараррасон ворид нашудааст, -мегўяд Н.Икромов.

Имрўзҳо дар бозори марказии шаҳр - намудҳои гуногуни арча ва бозичаҳои солинавӣ ба фурўш гузошта шудаанд. Нархҳои арча аз 20 то 350 сомонӣ буда, намуди зоҳирии онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва то кадом андоза зараррасон буданашон маълум нест. Вақте аз фурўшандагон пурсон шудем, ки оё арчаҳои воридшуда ба саломатии инсон зарар дорад, ҳар яке ба таври худ маънидод намуданд. Аз ҷумла, фурўшанда Абдунабӣ Акрамзода гуфт, бори аввал мешунавам, ки арчаҳои солинавӣ ба инсон зарар дорад, баръакс, аз намуди зоҳирӣ, бозичаҳои рангоранг ва чароғакҳои он ҳамагон, алалхусус, кўдакон хушнуд мешаванд. Ман чанд сол инҷониб бо фаро расидани Соли нав арчаҳои гуногунро ба фурўш мегузорам ва боре ягон нафар шикоят накардааст.

Фурўшандаи дигар Муяссара Ҷамолова таъкид кард, ки набояд ба ин суханҳои бардурўғ бовар кард, зеро, дар ҳолати зараррасон будани арчаҳои сунъӣ масъулини сохтори дахлдор санҷиш мегузарониданд. Шояд дар ҳолати воридшавӣ аз санҷиш гузаронида бошанд? Инаш бароямон маълум нест. Аз ин лиҳоз, мо бе тарсу ҳарос арчаҳои сунъии солинавиро ба аҳолӣ бо нархҳои дастрас мефурўшем.

Мавриди зикр аст, ки то ба имрўз ягон ҳодисаи гирифторшавӣ ба беморӣ ва заҳролудшавии кўдакон ба қайд гирифта нашудааст. Ҳоло фурўши арчаҳои солинавӣ бомаром идома дорад ва сокинони вилоят бо шавқу ҳаваси зиёд онро харидорӣ менамоянд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее