December 2017

19 December 2017

Либоси нобоб ва заҳри сихкабоб

Тибқи талаботи замони иқтисоди бозоргонӣ рўз то рўз теъдоди бозор зиёд шуда истодааст, ки як андоза меъёр ва назорат мехоҳад. Кор то ҷое расида, ки мардум ҳам ҷои дўстдоштаашон бозор гаштаву бидуни он ки чизе мехаранд ё не, аксарият ҳар рўз ба он ҷо мешитобанд. Ҳама одат кардаем, ки ҳангоми ба бозор рафтан, нархашро мепурсему ба муҳлати истифода ва сифат корамон не. Фурўшандаҳо низ одат кардаанд, ки ҳатто гўштҳои 6 сол дар яхдон истодаро бе ягон парҳезу инсоф фурўшанд. Хандаовартар аз ҳама, фурўшандаро касе аз харидор фарқ намекунад. Ба гуфте ҳама бо либоси “граҷданский”. Намедонӣ кадоме фурўшандаву кадоме харидор аст?...

Бубахшед, ман фурўшанда не!

Ростӣ, бо худам ҳам борҳо иттифоқ афтодааст, ки тасодуф ба растаи бозоре медарояму аз зан ё марде суол мекунам, ки “нархи фалон ё беҳмадон чиз чанд аст?”. Посух маро карахт мекунад: Бубахшед, ман фурўшанда не!

Намедонӣ, дар ин раста кӣ фурўшанда аст. Суоли аҷибе ба миён меояд, ки барои фарқ кардани фурўшанда аз харидор чӣ бояд кард?

Раъно Почоева, сокини шаҳри Хуҷанд мегўяд, ки бо чунин бебандуборӣ ў низ борҳо рў ба рў шудааст.

-Бояд сар то сари вилоят либоси ягона барои фурўшандаҳои бозор бошад, ки ба кӣ муроҷиат карданатро донӣ. Пешниҳод мекунам, ки тибқи фармоне ё қароре ин кор роҳандозӣ шавад. Бовар дорам, ҳам зебову чашмрас ва ҳам эҳсоси масъулият ба миён меояд,-мегўяд Почоева.

Аҷибаш ин, ки баъзе роҳбарияти бозорҳо ба фурўшандагон талқин кардаанд, ки либоси ягона ба бар намоянд. Аммо боз мебинӣ, ки “Аҳмади порина”. Рўзҳое, ки комиссияҳои назоратӣ ба бозор ташриф меоваранд, дарҳол барои зоҳирнамоӣ либоси ягона мепўшанд, аммо дигар рўзҳо ягон нафар фурўшандаҳо тартиботи ҷоринамудаи роҳбариятро ба эътибор намегиранд. Яъне дар вуҷуди тоҷирон масъулият дида намешавад. Бузургон мегўянд, “вақте масъулият нест, инсоф ҳам вуҷуд дошта наметавонад”.

Аксар сокинон аз ин нукта шикоят мекунанд ва бештари ҳамсуҳбатон пешниҳод менамоянд, ки ҳатман дар тамоми бозорҳои вилоят либоси ягона ҷорӣ карда шавад.

-Меҳмонҳои хориҷӣ агар ташриф биёваранд, онҳо низ сардаргум намешаванд. Либоси ягонаи фурўшандаҳо завқи баланди эстетикии моро нишон хоҳад дод, -мегўяд Баҳром Алӣ, сокини шаҳри Хуҷанд.

Аммо ҳамаи ин гуфтаҳо дарди бахайр, муҳимтар аз ин масъалаи пургиреҳе дар бозорҳо, ба хусус атрофи Панҷшанбебозор вуҷуд дорад, ки хеле нигаронкунанда аст. Мутаассифона, ин манзараҳои ваҳиму даҳшат аз назари масъулин дур мондааст...

Гўшти 6-сола: Арзонро сад иллату гаронро як ҳикмат?

Тавре хонандагон шоҳид шудаанд, дар растаҳои бозор гўшти яхкарда хеле зиёданд. Аҷиб ин аст, ки аз нархи маъ- мулии бозор бамаротиб арзон мебошад. Суоле ба миён меояд, ки чаро аз нархи қассобон арзонтар?

Аз фурўшандае, нархи гўшти беустухонро пурсидам:

-25 сомонӣ, -гуфт ў.

Ҳайрон шуда, чизе нагуфтаму онсўтар рафтанӣ будам, ки ў фарёд баровард:

-Акоҷон, агар мегирам гўед, бо нархи 22 сомонӣ медиҳам,-бо шеваи ба худаш хос гўё савдоро пазонданӣ шуд.

Пурсидам, ки гўшт аз куҷост ва оё кафолатнома дорад?

Фурўшанда китф дарҳам кашиду “акоҷон, ба мо яклухт оварда медиҳанд, мо фақат фурўшандаем, гўшт аз куҷо ва чӣ гуна ворид мешавад, ин саволҳоро намедонем, лекин аниқ гарантияшкатӣ”, -гўён кўтоҳак посух дод.

Ҳол он ки як кило гўшти беустухон аз 45 сомонӣ кам нест. Пас гуфтаи ҳакимон ҷой доштааст, ки “арзон сад иллат дораду гарон як ҳикмат”.

Онсўтар яхдони дигареро метавон дид, ки гўшти мурғ рангаш паридаву дилбеҳузуркунанда дошт. Болои онҳо навиштаҳое мисли “Мурғи Бразилия”, “Мурғи Эрон”, “Мурғи Австралия” ва ғайраҳо буданд. Шаклу шамоили мурғҳо бидуни экспертизаву лаборатория маълум аст, ки шояд ду-се сол дар яхдон хобидаанд. Баъзе нафарони огоҳ ҳатто мегўянд, гўшти гову мурғҳое, ки аз хориҷ ворид мешаванд, гўё 6 сол ва зиёда аз он нигоҳ дошта шудаанд.

Тибқи назари табибон гўште, ки ба дарозо дар яхдон нигоҳ дошта мешавад, ғизонокиаш умуман боқӣ намемонад ва ба саломатӣ то ҳадде зарар дорад.

“Шашлики арзонба биё!”

Агар ба паҳлўи бозори “Панҷшанбе” гузоратон афтад, растаи сихкабобфурўшонро метавон вохўрд, ки тақрибан аз дуди ғализи туманмонанди он гоҳо ду метр пештарро наметавон дид. Чунон бо овозҳои баланд таваҷҷуҳи харидоронро ҷалб мекунанд, ки кас гумон мебарад, шояд ҳар рўз аз такрори “шашлики арзонба биё”дар хоби шабашон низ чунин суханро такрор намоянд.

Гап сари ин не, масъалаи матраҳи матлаби мо аз гилаи арзонии нарх аст: 4 сомонӣ. Агар камтар нозу гудоз кунед, ба 3 сомонӣ ҳам медиҳанд. Аз як кило гўшт 10 дона зиёд сихкабоби қимагӣ омода намешавад. Ҳатто ба он нон омехта кунед ҳам, 10-то шуданаш ба гумон буда, андозааш воқеан калон аст. Гоҳо меҳмонон мегўянд, ки дар Панҷшанбебозор сихкабоб арзон аст. Моро ин нуктаҳо ба суолҳои сарбастае бурданд.

Чаро сихкабоб 3-4 сомонӣ? ҳар як одами солимақлро ин суол ба андеша водор мекунад. Замоне бо шўхӣ мегуфтанд, ки он аз гўшти сагу хар аст. Албатта, ин чиз далел надорад ва як андоза буҳтон низ мебошад. Агар гўшти сагу хар набошад, пас чӣ чиз мояи арзонии он гардидааст?

Ягон хел лаборатория зарур ҳам нест, ки дар таркиби сихкабоби овозадор чӣ буданашро ташхис кунем. Дар он маззаи бештар ҳасибча (сосиска)-и арзон ҳис мешавад. Дар суҳбат баъзе нафарони огоҳ мегўянд, ки ҳасибчаҳои аз хориҷ ба таври қочоқ воридшуда на аз гўшти табиӣ, балки аз хокаи махсуси кимиёвие омода мешудааст, ки ба об андаки онро омехта кунем, гўшт ҳосил ва таркиби он ҳам гўшти мурғҳои умуман муҳлати истифодаашон гузашта низ дароварда мешудааст.

-Нархи ин гуна ҳасибча умуман аз 10-15 сомонӣ боло нест. Пас, кадом ақл бовар мекунад, ҳасибча, ки соф аз гўшти лаҳм иборат аст, 15 сомонӣ арзиш дошта бошад. Бешак, он гўшти тоза нест. Пас он аз чӣ гуна гўштҳо омода мешавад?-мегўяд Абдурауф Шарифзода.

Сихкабобҳои пуровоза ва ҳиллаҳои шаръӣ

Аксар медонанд, ки сихкабобҳо умуман аз чӣ тайёр мешаванд.

Ба ин хотир зарур мешуморем, ки бобати ҳасибчаҳо аслан аз чӣ тайёр мешаванд, ба хонандагон маълумот расонем. Мутаассифона, дар ҳудуди вилоят ҳанўз лабораторияе вуҷуд надорад, ки билкулл таркиби маҳсулотро таҳлил намояд. Дар лабораторияҳои бонуфузтарини ҷаҳонӣ кайҳо исбот шудааст, ки ҳасибчаҳо аз гўшти гов ё гўсфанд иборат нес-танд. Аз ҷумла, ин гуна ташхис соли гузашта дар шаҳри Тошканд баргузор гардид ва аксарият тариқи шабакаҳои Ютуб ва дигар сомонаҳои иҷтимоӣ аз он хабар доранд. Тибқи натиҷаи лаборатория ҳасибчаҳое, ки дар бозорҳои мо фурўхта мешаванд, аз ин таркибот иборатанд: 45 фоиз эмулсия (қатраҳои капсуламонанди кимиёвӣ, ки ба аксари маҳсулоти имрўза омехта мекунанд), 25 – оҳари соя, 15 – гўшти мурғ, 7 гўшти яхкардашудаи гов, 5 – орду оҳар ва 3 фоиз – иловагиҳои химиявии маззадиҳанда.

Аз маълумоти баъзе сарчашмаҳо ҳатто пўсти умуман ғайри қобилиистифодаи мурғ низ ба таркиби ҳасибчаҳо ба таври фаровон истифода мешудааст. Ҳасибҳо (колбаса) бошанд, тибқи таҳқиқотҳо 70 фоиз аз соуси соя ва 20 фоиз аз дигар иловаҳои химиявӣ иборат буда, ҳамагӣ 5 фоиз гўшт дар онҳо мушоҳида мешавад, ки он ҳам ба гумон аст, чӣ гуна гўшт илова шудааст.

Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Яъне, чӣ харидану хўрданамон маълум аст. Бадии кор дар он, ки сихкабобпазон айнан ҳамин гуна ҳасибро бо гўшти яхкардаву нон омехта карда, ба фурўш мебароранд. Баъзан мебинем, ки дохили сихкабоб хом аст. Ба гуфтаи табибон 99 фоизи пайдоиши кирмҳои рўдаву меъда (гиҷҷа ё худ аскарида) маҳз аз гўшти нимхом ва ё хом аст. Тардиде нест, ки сихкабобфурўшон маҳз сарчашмаи пайдоиши ин бемории тезпаҳншаванда-кирмҳои дохилии узви инсоният ба шумор мераванд. Суоли матраҳ ин аст, ки кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Раёсати назорати давлатии байтории вилояти Суғд дар ин ҷода чӣ қадамҳое бардоштаанд?

Маълум аст, ки вақтҳои охир танҳо чанд рейд барои фаъолияти сартарошон гузаронида шудаву аммо гузорашон ба растаҳои сихкабобфурўшӣ афтодааст?

Ногуфта намонад, тавре таҳқиқотҳои лаборатории байналмилалӣ исбот карданд, ҳасибчаҳо бо омехтаи 99 фоизаи моддаҳои химиявӣ хусусан кўдакону наврасонро хеле одатӣ (мания) мекардааст. Воқеан, имрўзҳо ба назди кўдакон як пора гўшти лаҳми тоза ва ҳасибчаро гузоред, беихтиёр онҳо ҳасибчаро интихоб мекунанд, бехабар, ки ин заҳри ҳалоҳил чӣ қадар оқибати ногувор дорад.

Ҳалли муаммо дар ҷаласаи Ҳукумат

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 ноябри соли равон баргузор гардид, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба воридоти маҳсулоти хўрокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуданд.

Тавре аз гузориши расмӣ бармеояд, дар натиҷаи гузаронидани тафтишоти хизматӣ, ки бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти дахлдор сурат гирифт, далелҳои зиёди поймол намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ворид кардани маҳсулоти пастсифату арзон ба бозори истеъмолӣ, дидаву дониста иҷозат додани воридоти маҳсулоти бесифат ва ба саломатии мардум зараровар ба роҳбарияти Хадамоти гумрук ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танбеҳ дода шуд.

Муште аз хирмани гилаву ҷингилаҳо

Тавре ба назар мерасад, то сатҳи роҳбарияти аввали кишвар ба ин масъала дастбакор нашаванд, масъулин ҳеҷ иқдоме дар ин ҷода нишон надодаанд. То ба имрўз нокушода мондани ин масъала чунин мазмун дорад: аз ҷониби ниҳодҳое, ки ба таври бояду шояд пеши роҳи воридоти маҳсулоти пастсифатро қаблан пешгирӣ менамуданд, дарку эҳсоси масъулият дида намешавад, ки то ба ин ҳол расидему Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин нукта таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Бо вуҷуди ин, умедворем, ки масъулини ниҳодҳои дахлдор дар ин ҷода қадамҳои ҷиддӣ бардошта, мардумро аз воридоти маҳсулоти бесифати зараровар эмин нигаҳ медоранд.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҳамрадифи тафаккуру иродаи пок

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътирофи нақш ва саҳми ҷавонон, неруи созандагии онҳо дар рушди ҷомеа соли 2017–ро Соли ҷавонон эълон дошта, вобаста ба ин иброз намуданд: “ҷавонон бояд аз қишрҳои дигари ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Дар ин суханон мақсаду маром ва фаъолияти ҷавонон мушаххасу дақиқ ифода ёфтаанд. Ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд аз ҷониби ҷавонони созандаву бунёдкори мо чун барномаи амал қабул гардида, роҳандозӣ шаванд.

Донишгоҳу донишкадаҳо маконест, ки ҷавонону наврасонро ба фаъолияти мустақилона, ба идомаи бомуваффақияти таҳсилу кор ва зиндагӣ омода месозанд.

Аз ҷумла, дар факултети мо ҳама кўшиш ба он доранд, ки ҷавонон - донишҷўён бо асосҳои илму дониш мусаллаҳ гарданд, вақтро ғанимат донанд, нозукиҳои тахассуси худро омўзанд, то соҳибкасб гашта, ба ҷомеа хизмати шоиста намоянд.

Ҷавонони моро лозим аст, ки аз гузаштаи пурифтихори миллати тамаддунофари худ ибрат гирифта, анъанаҳои неки созандаи ниёгонро давом диҳанд. Онҳо ҳар лаҳзаи зиндагиро ғанимат дониста, технологияи замони муосир, забонҳои хориҷӣ ва дигар илмҳоро аз худ намоянд, то ҳамқадами айём бошанд. Ҷавонон бояд аз Ватани хеш ифтихор дошта бошанд ва онро содиқона дўст доранд ва қарзи фарзандии худро сарбаландона адо намоянд.

Ҳайати профессорону омўзгорони факултет азму кўшиш доранд, ки дилсўзона ҷавононро мувофиқи талаби замони муосир ва дар рўҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, зиракии сиёсиву ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва тафаккури замонавӣ ба камол расонанд, то бо меҳнати софдилона ва ҳадафҳои созанда баҳри рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ саҳмгузор бошанд ва Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Дар ин самт умед мекунем, ки зарфияти тафаккури ҷавонон ба ҷаҳони ботиниашон пур бошад.

 М.Асророва,
 декани факултети бизнес
ва идоракунии Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
 сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

18 December 2017

Деваштич: Аёдати сарбозон

Баҳри дар амал татбиқ намудани дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии қисмҳои низомӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сарбозони қисмҳои ҳарбии ноҳияи Деваштич мавриди аёдат қарор дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳифзи Ватан – ин ҳифзи модар, ҳифзи оила ва дастовардҳои давлату ҳукумат мебошад.

Аз ин лиҳоз, баҳри қадршиносии хизматҳои шабонарўзии марзбонону хизматчиёни ҳарбӣ дар ноҳияи Деваштич аз ҷониби намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сўҳроб Рустамзода, муовини раиси ноҳияи Деваштич Бунафша Ғиёсиддинзода, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ва мудири бахши ҷавонон ва варзиш Вафоҷон Қўлдошов бо ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Яхтан ва Ғазантараки ноҳияи Деваштич сарбозони қисмҳои ҳарбӣ аёдат карда шуданд. Баҳри онҳо дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Рухшона Ҷўраева,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Хушунати оила - сарсонии фарзандон

Чаро то ҳол дар баъзе хонаводаҳо хушунати оилавӣ дида мешавад? Чаро ҷудошавӣ байни оилаҳои ҷавон зиёд аст? Сабаби асосии барҳам хўрдани оилаҳо дар чист? Оила вайрон - бача сарсон. Ба ин монанд масъалаҳое, ки имрўз байни ҷомеа хеле паҳн гардидаанд, дар ҷаласаи васее, ки дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор шуд, мавриди муҳокима қарор гирифт. Он бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гузаронида шуд.

Ҷаласаро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нигора Ғаффорзода ҳусни оғоз бахшид.

Прокурори калони шуъбаи назорати умумии Прокуратураи вилоят Саидҷамол Ҷалолзода, судяи Суди вилоят Фирўза Аҳмадзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Муқаддама Ҳошимзода, доктори илмҳои суханшиносӣ, профессор Умеда Ғаффорова оид ба масъалаҳои мубрами рўз андешаронӣ намуданд.

Пас аз соҳибистиқлолии кишвар, бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳимояи оила ва манфиатҳои он, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарии гендерӣ якчанд қонун баррасӣ гардида бошад ҳам, аммо то ҳол дар масъалаи оила ва оиладорӣ номуросогӣ, рафторҳои ношоиста, зўроварӣ нисбат ба зан, ҳамдигарнофаҳмӣ ва ба ин монанд мушкилиҳо дида мешаванд ва фарзандони аксар оилаҳои мавриди хушунат қароргирифта дар кўчаи сарбастаи зиндагӣ қарор гирифтаанд.

Зиёд гардидани хушунат дар байни оилаҳо ва дигар сабабҳо боис гардиданд, ки давоми 11 моҳи соли равон 200 нафар ба худкушӣ даст задаанд, ки аз он 77 нафар занон буда, аз ин теъдод 34 нафар аз марг наҷот дода шудаанд.

Дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Ашт, Деваштич, Спитамен ва Ҷаббор Расулов вазъият беҳбудиро металабад. Дар ин давра ҷудошавии оилаҳо ба 3700 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта раванди зиёдшавиро дорад. Яке аз омилҳои ҷудошавии оила таҷрибаи кофӣ надоштани навхонадорон, никоҳи барвақтӣ ва ё соҳиби касб набудани сарвари оила ва муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби мард ва ё зан мебошанд. Оила ячейкаи хурди ҷомеа аст. Дар ин давра 29 ҳолати доштани дузанагӣ ба мушоҳида расид, ки ин ҳам боиси ҷудошавии оила гардид.

Фирўза Аҳмадзода қайд кард, ки агар соли 2016-ум 2129 адад ҷудошавии оила ба қайд гирифта шуда бошад, давоми ёздаҳ моҳи соли равон афзудани ҷудошавии оилаҳо боиси нигаронист. Омўзиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба барҳамхўрии ақди никоҳ собит сохт, ки дар 80 ҳолат бо дахолати волидайн, 31 ҳолат ба сабаби бефарзандӣ, 25 ҳолати майзадагӣ ва дигар сабабҳо ба вайрон шудани оила оварда расонидааст.

Зимни суханронӣ Муқаддама Ҳошимзода зикр дошт, ки гарчанде оила зери ҳимояи Конститутсия қарор гирифтааст, бо вуҷуди он бекоркунии ақди никоҳ зиёд ба мушоҳида мерасад. Давоми 11 моҳи соли равон 1268 адад бо сабаби мувофиқ наомадани хислат, дар 650 ҳолат надоштани фарзанд, дар 65 ҳолат бемор будани зан ё шавҳар, дар 55 ҳолат бунёди оилаи дигар, дар ҳафт ҳолат хушунати оилавӣ ва дар ду ҳолат бо сабаби камбизоатӣ ақди никоҳ бекор карда шудааст.

Дар музокира Бахтиёр Сарҳадов сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят, Муҳаббат Ҳомидова мудири бахш оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Нарзуллохон Ҳидоятов - имом-хатиби масҷиди “Тезгузар”-и шаҳри Конибодом, Муҳаррама Раҳимова - равоншинос фикру андешаи хешро иброз доштанд. Аз ҷумла, равоншинос Муҳаррама Раҳимова оид ба қонунӣ кардани аҳдномаи ақди никоҳ, пас аз пешниҳоди ариза ба Хонаи ақди никоҳ барои хонадоршавӣ ба оиладорӣ ва рўзгордорӣ омўзонидани ҷавонон, аз нав дида баромадани масъалаи маскун намудани зан ба хонаи шавҳар изҳори андеша кард.

Дар ҷамъбаст оид ба масъалаҳои баррасишуда қарор қабул карда шуд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Гувоҳи равшани афзудани эътибори касбӣ

Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд яке аз калонтарин муассисаи тиббӣ дар вилоят маҳсуб ёфта, дар он наздик ҳазор нафар корманд фаъолияти пурсамар мебаранд.

Табибони беморхонаи мо аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўҳбаланд буда, нуктаҳои онро дар фаъолияти ҳаррўзаи худ амалан татбиқ менамоянд. Духтурони моро суханони пурмуҳтаво ва раҳнамунсози дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда: «Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кўмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хосса медиҳад» ба масъулияти касбӣ ва хизмати содиқона даъват менамоянд. Барои татбиқи ин гуфтаҳо аҳли ҷомеаи беморхона кўшиш бар он доранд, ки бо истифода аз таҷҳизоти муосир баҳри муолиҷаи беҳтарину ҷавобгў ба талаботи касбӣ имкониятҳоро сафарбар намоянд. Дар ин замина давоми соли равон таҷҳизоти муосири зарурӣ ба маблағи беш аз 448 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби суратҳисоби махсус харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Табибон мунтазам ихтисосашонро такмилу сайқал дода, бо таҷҳизоти навин беморонро муолиҷа менамоянд. Тавассути муолиҷа бо дастгоҳҳои нави замонавӣ беморон имкон ёфтанд, ки маблағҳои зиёдро сарфа намуда, дар беморхонаи вилоятӣ пурра муолиҷа гиранд.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии вилояти Суғд, ҳамаи шуъбаю бахшҳои ёрирасони беморхона таъмир гашта, барои табобати беморон тамоми шароитҳо муҳайё мебошад.

Дар беморхонаи вилоятӣ табибони соҳибтахассусу соҳибмаърифат, аз ҷумла, номзадҳои илми тиб, профессорон фаъолияти пурмаҳсул дошта, панҷ мутахассиси ҷавон ҳоло кўшиш доранд, ки рисолаҳои илмии худро ҳимоя намоянд ва неруи зеҳнию малакаи касбиашонро ба соҳаи тиб бахшанд.

Маъмурияти беморхона ҳамчунин, барои ободу зебо гардонидани гирду атроф зиёда аз 4 ҳазор бех гули садбарг, 5 ҳазор бех гули ороишиву мавсимӣ, 300 бех ниҳоли мевадиҳандаро дар қитъаҳои замини гирду атрофи беморхона шинонида, парвариш менамояд. Дар ин росто табобатгоҳи мо ба истироҳату фароғати беморон мувофиқ мегардад.

Собирҷон СОБИРОВ,
сартабиби Беморхонаи клиникавии
 вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов

Читать далее

Маълумоти амиқ - оинаи иҷтимоиёт

Барўйихатгирии аҳолӣ яке аз сарчашмаҳои муҳими маълумот дар бораи нуфузи кишвар ба шумор рафта, дар сатҳи ҷумҳурӣ тариқи пурсиши фардии ҳар як шаҳрванд ба даст меояд. Аҳамият ба зарурати Барномаи умумиҷаҳонии барўйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 дар қарори Шўрои иқтисодӣ-иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид аз 10 июни соли 2015 муайян шуда, аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ дастгирӣ ёфтааст.

Fайр аз ин, дар ҷаласаи Шўрои сарони ИДМ дар бораи гузаронидани барўйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 дар кишварҳои узви Иттиҳод 16 сентябри соли 2016 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон таъкид гардид, ки дар қатори дигар аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ онро ҷонибдорӣ намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ба мисли дигар давлатҳои ҷаҳон корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро барои соли 2020 оғоз намуд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барўйихатгирии аҳолӣ» аз 19 майи соли 2009 ба даст овардани маълумот дар бораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаи рушди иҷтимоӣ ва демографӣ муҳим арзёбӣ гардидааст.

Барои баргузории ин чорабинӣ ҳамчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барўйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016, «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барўйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ва аз 7 сентябри соли 2017 «Дар бораи масъалаҳои комиссияи давлатии мусоидати барўйихатгирии аҳолӣ» қабул гардиданд.

Дар навбати худ қарорҳои Раиси вилояти Суғд аз 17 ноябри соли 2015 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барўйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020», аз 17 январи соли 2017 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барўйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020» ва аз 9 октябри соли 2017 «Дар бораи масъалаҳои комиссияи вилоятии мусоидати барўйихатгирии аҳолӣ» ба тавсиб расиданд ва дар ин раванд қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо низ қабул гардиданд.

Боиси зикр аст, ки корҳои ташкилӣ ба гузаронидани барўйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020 пеш мераванд. Мақомоти дахлдори вилоят барои ба тартиб даровардани номгўи кўчаҳо, рақами хонаҳо, инчунин тайёр намудани нақшаҳои схематикии маҳалҳои шаҳрҳо, деҳаҳои калон ва харитаҳои ноҳияҳо чораҳои мушаххас андешида истодаанд. Маводи картографиро мақомоти омори вилоят барои нишонаҳои маҳалҳоро дарёфт намудан, тақсим кардани шаҳру навоҳии вилоят ба қитъаҳои барўйихатгирӣ ва тартиб додани нақшаҳои ташкилии гузаронидани барўйихатгирии аҳолӣ дар сатҳи шаҳрҳо ва ноҳияҳо истифода мебаранд.

Аҳамияти калони маъракаи барўйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки соли 2020 баргузор хоҳад шуд, аз як тараф ҷамъ овардан, ҷамъбаст кардан, баҳо додан, таҳлилу ба табъ расонидан ё ба тарзи дигар, интишор кардани маълумоти демографӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бошад, аз дигар ҷониб раванди дурнамои ҷумҳурии моро, ки имрўз дар ҷомеаи демократию дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад, муайян менамояд.

Дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 28-29 ноябри соли 2017 бо иштироки намояндагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари дастурдиҳию омўзишӣ оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва рафти корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барўйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир гардид.

В.Муродов – сардори Раёсати барўйихатгирии аҳолии Агентии омор ҷиҳати омўзиш ва тарзи пур кардани ҳисоботи шаклҳо оид ба пешниҳод намудани маълумот дар бораи рафти иҷрои корҳои тайёрӣ барои барўйихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дастур ва маълумоти муфассал дод.

Ҳамзамон, ба сардорони Раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомотҳои омори маҳаллӣ масъалагузорӣ намуда, назорат аз рафти дурустии пур кардани дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагӣ, рақамгузории кўчаву хиёбонҳо, номгузории онҳо ва тартиб додани маводи харитавӣ таъкид карда шуд.

Ҳ.НАКҲАТЗОДА,
сардори Сарраёсати Агентии
омори назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
 вилояти Суғд

Читать далее

Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Мастчоҳ

Рӯзи 15-уми декабри соли 2017 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди як қатор иншооти муҳим аз наздик шинос шуд.

Дар ин сафар Сарвазири мамлакатро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Читать далее

15 December 2017

Беш аз 2414 километр роҳҳои ҳудуди вилояти Суғд таъмир шуд

Соли равон барои таъмиру тармими роҳу пулҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 76 млн. сомонӣ маблағ равона гардида, ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ 2 414,7 км. роҳ таъмиру тармим шуд, ки аз он 143,1 км. роҳ таъмири асосӣ, 1118,8 км. таъмири ҷорӣ ва 1152,8 км. шағалпўш мебошад.

Дар 11 моҳи соли равон барои таъмири роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо 1651 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бошад барои таъмири роҳҳои автомобилгард ва иншооти он 32 млн. сомонӣ равона гардида, 58 км. роҳ таъмиру тармим карда шуд, ки аз он 45 км. таъмири асосӣ ва 13 км. таъмири ҷорӣ мебошад.

Инчунин, бо мақсади беҳтар гардонидани ҳолати техникии роҳҳои автомобилгард аз ҷониби Дирексияи сохтмони асосии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13,5 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ ба маблағи 6,1 млн. сомонӣ, 128,5 км аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳо ба маблағи 8,5 млн. сомонӣ ва аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ 1047,8 км роҳ бо сарфи 18,7 млн. сомонӣ таъмиру тармим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109,7 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет 1 694,8 млн. сомонӣ ворид гардид

Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 109,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 694,8 млн. сомонӣ ворид гардид.

Дар ин давра ба буҷети давлатӣ нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 149,8 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 326,3 млн. сомонӣ зиёдтар маблағ ворид шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1323,5 млн. сомонии дар нақша пешбинигардида 1470,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 11,1 фоиз ё ин ки 146,7 млн. сомонӣ ва нисбати соли 2016 ба маблағи 223,9 млн. сомонӣ зиёд аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ислоҳоти қонунгузории замони муосир

Таърихи давлатдории тоҷикон ҳанўз аз ҳазораи пеш аз милод оғоз гардида, мувофиқи сарчашмаҳо ҳокимияти судии он низ хеле қадим аст. Аз ҷумла, дар замони тамаддуни зардуштӣ мурофиаи хоси ҳалли баҳсҳо мавҷуд буд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки дар китоби муқаддаси дини зардуштӣ «Авасто» 33 намуди ошкор кардану ҷазо додани вайронкунандагони қонун вуҷуд доштааст. Дар давраи давлатдории Сомониён бошад, адолати судӣ тавассути девони қозӣ татбиқ гардида, сарварии онро Қозӣ-ул-қуззот бар зимма дошт.

Ҳукумати Халқии Шўравии Бухоро 2 сентябри соли 1920 бо қарори худ судҳои қозигии тоинқилобиро барҳам дода, судҳои шўравии халқӣ ва қозигии халқиро эълон намуд. Моҳи октябри соли 1924 суди округи Бухорои Шарқӣ таъсис дода шуд ва он яке аз аввалин ба шумор мерафт, ки дар пайравӣ ба судҳои Россияи Советӣ ташкил ёфт. Бо қарори Кумитаи иҷроияи марказ аз 14 декабри соли 1924 Комиссариати халқии адлияи Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он мақоми олӣ ба ҳисоб рафта, ба зиммаи он ташкилу роҳбарии фаъолияти тамоми мақомоти адлия ва суду прокуратура вогузор гардида буд. Давоми солҳои 1925-1927 судҳои халқӣ, округҳо ва шуъбаи тоҷикистонии Суди Олӣ амал мекарданд.

Бояд қайд намуд, ки мақомоти адлия ва судҳои Тоҷикистон дарозои арзи вуҷуд доштани низоми давлатдории шўравӣ рисолати таърихии худро сарбаландона иҷро кардаанд. Солҳои минбаъда мавқеи мақомоти судӣ низ баробари тараққиёти низоми давлатдорӣ дар Тоҷикистон ташаккул ёфт.

Баъди пош хўрдани ИҶШС ва соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Мутобиқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Ҳамин тавр, соли 2014 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид. Минбаъд низ баҳри баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ ва мустақилияти судяҳо қабул намудани дигар санадҳо, аз ҷумла Барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст, ки аз демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ гаштани ҳокимияти судӣ шаҳодат медиҳад.

Фахриддин ЗАРИФОВ,
судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Fафуров,
Муин МАЗБУТЗОДА,
котиби маҷлиси судии Суди ноҳия

Читать далее