December 2017

15 December 2017

Раҳнамоӣ самараҳои нек ба бор хоҳад овард!

Чанде қабл дар сомонаи Паём.нет, ки ба наҳзатиёни ватанфурўш тааллуқ дорад, маводеро, ки гўё аз номи хонандаи ин сомона иншо ва нашр гардида бошад, мутолиа намудам. Аз тангназарии наҳзатиён аст, ки маводҳои дар Агентии миллии иттилоотии «Ховар» нашршударо як намуд таблиғи ин ташкилотҳои террористӣ унвон додааст.

Шояд ба назари ин гумроҳони беватан «таблиғи сиёҳ ҳам таблиғ» бошад, аммо рўи коғаз овардани фаъолияти пасипардагиву ошкорои террористони разил ба хотири пешгирии шомилшавии ҷавонон ва шаҳрвандон ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дурӣ ҷустан аз онҳост. Асли матлаб он аст, ки мо, сокинони кишвари биҳиштосо – Тоҷикистони азиз як маротиба маҳз ба гирдоби гумроҳсозиву найрангҳои наҳзатиён ғарқ гардида, ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор шудем ва фоҷиаҳои даҳшатбори онро дар хотир дорем.

Дар он замон шахсе ва ё раҳбаре пайдо намешуд, ки ба мардум роҳи нек ва умед ба ояндаро нишон диҳад. Соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади роҳбарии давлати тозаистиқлоли мо баргузида шуданд ва дар қалби ҳазорон пиру барно умеди зиндагии шоистаро бедор намуданд. Мардум баробари ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ амалан дарк намуданд, ки ин марди наҷиб барои танинандозии сулҳу ваҳдати миллӣ чӣ талошҳое карданд. Пас, моро зарур аст, кишвареро, ки Пешвои маҳбубамон ба ин рўзҳои неку масъуд расониданд, беш аз ҳарвақта дўст дошта, паи даъвати ҳамватанон баҳри гиромидошт ва ҳифзи ин дастовардҳо ҷаҳду талош намоем.

Хушбахтона, инсонҳои огоҳ аз айёми ҷанги шаҳрвандӣ имрўзҳо ба маҷрои пешгирии фаъолияти пасипардагии ҳизби мамнўи назҳати Ислом кўшиш ба харҷ дода, симои разилонаи онҳоро нишон дода истодаанд. Ҳадаф он аст, ки ҷавонон аз чунин гумроҳон канораҷўӣ ва аз пайвастан ба ташкилоти террористӣ худдорӣ намуда, ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд.

Фарҳод Воҳидов

Читать далее

Ҳамдиливу эҳтиром - асоси оилаи солим!

Бунёди ҷомеа аз тарбияи насли солим маншаъ мегирад. Масъалаи мазкур меҳвари аслии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Бояд ба назар гирифт, ки насли солим дар оилае тарбият меёбад, ки агар дар он хушунати оилавӣ ба чашм нарасад.

Ҷомеаи солим аз оилаи солим

Суоле ба миён меояд, ки барои фароҳам овардани фазои солим дар оила чӣ корҳоро бояд анҷом дод? Гузашта аз ин, масъулин дар ин росто чӣ чораҳо андешида истодаанд? Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нигорахон Ғаффорзода иброз медорад, ки дар ин самт як қатор тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд.

-Раёсати кор бо занон ва оила ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» ва ҳамчунин «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023», баҳри баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҳифзи ҳуқуқи занону духтарон ва гурўҳҳои ниёзманди аҳолӣ як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Роҷеъ ба пешгирии зўроварӣ пеш аз ҳама бояд сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии занон баланд бардошта шавад. Ба ин хотир, дар назди шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз 5000 зани мушоҳидакор фаъолият доранд, ки дар ҳалли мушкилоти занон саҳми арзанда гузошта, ба корафтодагон кўмаки ҳуқуқиву маърифатӣ мерасонанд, - мегўяд Н.Ғаффорзода.

Дар назди Раёсат ва шуъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳо марказҳои иттилоотию машваратӣ созмон дода шудаанд. Фаъолияти ҳуқуқшинос ва равоншинос бошад, ройгон аст. Ба шуъбаи тиббию машваратии ҷавонони Маркази солимии репродуктивӣ тўли соли равон 495 нафар наврасону ҷавонон муроҷиат намудаанд.

Духтарон заифтарин қишри ҷомеа?

Бояд гуфт, ки шояд имрўзҳо духтарон гўё заифтарин қишри ҷомеаи мо бошанд. Баъзан мешунавем, ки духтареро хилофи раъяш ба шавҳар додаанд. Ё дар ягон минтақаи дигар ҳодисае рух медиҳад, ки волидон монеаи ба донишгоҳи олӣ дохил шудани духтар гардидаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавондухтарон дар пешрафти ҷомеа дар назди Раёсати кор бо занон ва оила Шўрои духтарони вилоят таъсис дода шудааст. Бино ба гуфтаи раиси Шўрои духтарон Ҳикоят Абдуҷалилова, кунун имконият фароҳам омадаст, ки занону духтарони вилоят дар пешрафти ҷомеа нақши арзандаи худро гузошта, мавқеашонро дар ҷомеа устувор намоянд.

-Баҳри густариш додани фаъолияти Шўрои духтарон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят чунин созмонҳо таъсис ёфтаанд. Имрўзҳо ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳуриро бе нақши духтарону ҷавонзанон тасаввур кардан имконнопазир аст. Духтарони тоҷик дар ҳама давру замон бо покиву некномӣ, иффату назокати худ, одобу рафтор, сабуриву хоксорӣ, маҳорату истеъдод, қобилияту тавоноӣ ва рўзгордориву оиладорӣ намунаи ибрат буданд ва ҳастанд. Зиндагинома ва фаъолияти ҷавонзанони вилоят дар рушду нумуи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ назаррас ва боиси ифтихор аст, -илова намуд Ҳ.Абдуҷалилова.

Бо вуҷуди чунин дастовардҳо дар ҷомеаи мо ҳанўз доғҳое вуҷуд доранд, ки даво мехоҳанд, ислоҳ меҷўянд, чораҷўӣ металабанд!

Доғе аз боғе..

...Ду моҳ қабл фарзандамро ба оилаи сарватманде ба шавҳар додам. Ростӣ, аз аввали хостгорӣ онҳо ба ҷону ҳолам намонда, бо тавалову зорӣ ба хонаам қариб ҳар рўз меомаданд. Азбаски духтарам дар шаҳр ба воя расидаву дар донишгоҳ таҳсили илм дошт, намехостам ўро ба деҳа ба шавҳар диҳам. Лекин хости тақдир болотар будааст. Домодам аз духтарам се сол калон буда, ҳунари дуредгарӣ дошт. Аз субҳ то шом андармони меҳнат буд. Онҳоро кас дида, ба бахташон ҳавас мекард. Лекин чанд вақт гузашту авзои духтарам хира гашт, сирри дилашро ифшо намекард. Рўзе барои хабаргириаш ба донишгоҳ рафтам, лекин ҳамсабақонаш гуфтанд, ки як моҳ инҷониб ў ба дарс намеояд. Ҳайрон сўи хонааш роҳ пеш гирифтам. Духтарам маро бо чашмони ашкбор, ланг-лангона пешвоз гирифт.

Паричеҳра нақл кард, ки оилаи шавҳараш барои идомаи таҳсил иҷозат надодаанд, вақте сабабашро пурсон шудааст, ўро латукўб кардааст. Инро шунидаму хостам духтарамро бо худ барам, лекин бахт ширин будааст, ў розӣ нашуд, зеро дар батнаш тифли бегуноҳ дошт. Ночор ба хона баргаштам…

Пас аз се рўз духтарам бо оҳу нола ба ман занг зад, ки зуд ба наздаш равам. Шитофтам. Ҷисми духтарам ба хун оғушта, аз дард вуҷудаш меларзид. Зуд ба ёрии таъҷилии тиббӣ занг задам, духтурон ўро ба беморхона расониданд. Тифли дар батнаш буда ҳоло ба дунё наомада, фавтид. Пас аз чанд соати ба худ омаданаш, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби ба чунин ҳол гирифтор шуданашро пурсиданд.

-Аз сабаби он, ки ба гову гўсола сари вақт хўрокашро надодам, шавҳару хушдоманам маро лату кўб карданд, дигар гуноҳе надорам, - гўён ашк рехт.

Ҳамагӣ дар ду моҳи ҳаёти ҳамҷоя Паричеҳра ба чунин ҳол гирифтор шуд, шояд ин ҳодиса боз чанд паҳлўҳои дигар дошта бошад, аммо он паси парда монд. Имрўз аз болои писару модар парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст, зеро ҳаёти духтари ҷавонро зери хатар монданд. Паричеҳра ба хулоса омад, ки дигар ба он хонадон барнамегардад, зеро бо нафаре, ки ба зан даст мебардорад, зиндагӣ кардан хеле душвор аст...

Суол ба ҷои хулоса

Дар ҷомеаи кунунӣ чунин ҳодисаҳо зиёд ба чашм мерасанд, ки боиси поймол шудани ҳуқуқи зан мегардад. Ин аз бемаърифатии аксар ҷавонон маншаъ мегирад ва ё аз худхоҳ будани мардҳо? Ҳанўз ин суол чун гиреҳи нокушодаи иҷтимоиёт боқӣ мондааст. Аммо як ҳолати дигар низ вуҷуд дорад: на ҳамеша духтарон бегуноҳанд! Ҳастанд ҳолатҳое, ки ба одоби оиладориву эҳтироми шавҳар алоқаманданд, духтарон ин рисолатро саҳл мепиндоранд. Ин мавзўъро дар шумораҳои ояндаи рўзнома мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод. Вале суоли матраҳи ин аст: зан дар ҷомеаи мо кай метавонад ҳуқуқи баробар бо мард дошта бошад?

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
Шаҳбону Олимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

14 December 2017

Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Давраи сипаришуда барои мардуми вилоят басо хотирмон буд, зеро меҳнаткашони вилоят баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва сароғози таърихи навини давлатдории тоҷикон, ҷашни таърихии миллат – 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш ба харҷ дода, дар фазои рўҳафзои идона ва бо дастовардҳои назаррас ин санаи фархундаро истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Сарв – намоди ростиву зебоӣ

Инсоният аз ибтидо ба зебоӣ майлу рағбати беандоза дорад. Сарсабз намудан ва оростану перостани мавзеи зист барои ҳар як нафари хушсалиқаву бозавқ муҳиму аввалиндараҷа аст. Яке аз рукнҳои шаҳрдорӣ сарсабз ва гулу гулзор намудани шаҳр мебошад. Хушбахтона, имрўз низ ин анъанаи ниёгон аз бахшҳои муҳими шаҳрдории кишвар маҳсуб мешавад. Дар ин росто, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати обод намудан ва сарзабу хуррам гардонидани кўчаву хиёбонҳо чораву тадбирҳои судманд меандешад.

Гулу гулзоркунӣ, шинонидани дарахтони сояафкану ҳамешасабз, баргузор намудани маъракаҳои умумиҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ далели талошҳои пайваста дар самти ободонии сарзамин мебошанд. Имрўзҳо кўчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии вилоят, бавиҷа шаҳри Хуҷанд сарсабзу дилоротар гаштаанд. Аммо чаро дар хиёбонҳо ва кўчаҳои шаҳр миёни дарахтони ҳамешасабзу сояафкан мо дарахти сарвро хеле кам мушоҳида мекунем? Ҳангоми шинонидани ниҳолҳо низ ин навъи дарахт, ки ба мардуми Шарқ хеле наздик аст, кам ба чашм мехўранд. Воқеан, калимаи «сарв» барои аксари сокинони кишвар ошно мебошанд, зеро ин дарахт дар адабиёти мо чандин ҳазорсолаҳост, ки намоди ростиву зебоист. Сарв дар Шарқ, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз замонҳои қадим маъмул аст.

Пас, сарв чӣ гуна дарахт аст ва оё дар Тоҷикистон месабзад? Сокинони вилоят сарвро мешиносанд? Дар шаҳри Хуҷанд оё метавон дарахти сарвро дид?

Мутахассисон мегўянд, ки сарв дарахти мавзун ва хушқомати баланд аст. Ба забони русӣ онро «Кипарис» меноманд. Баргаш реза, хазон намешавад, яъне ҳамешасабз аст. Андозаи самараш хурдтар аз чормағз буда, санавбаршакл ва мағз надорад. Ҳангоми хом будан сабз ва баъди расидан андак зардтоби сахт мешавад. То 20 – 25 метр қад кашида, ғафсии танааш 30-70 см аст, то 2 ҳазор сол умр мебинад.

Муҳандиси хоҷагии ҷангали вилоят Файёз Назаров мегўяд, ки иқлими ҷумҳурӣ барои парвариши чанд намуди сарв мусоид мебошад. Дар кишвари мо ин навъи дарахт бениҳоят хуб рушд мекунад, аммо феълан дар кўчаҳои шаҳр дарахти сарвро кам дучор мешавем. Дар шаҳри Хуҷанд дар як ё ду мавзеъ ва дар шаҳри Гулистон дар истироҳатгоҳи «Баҳористон» навъҳои гуногуни сарвро дидан мумкин аст. Бино ба иттилои Файёз Назаров феълан ниҳолхонаи хурди Хоҷагии ҷангали Шаҳристон ба парвариши дарахти сарв машғул аст, ки теъдоди ин ниҳолҳо низ зиёд нестанд. Айни ҳол, ниҳолҳои яксолаи сарв 200 бех ва ниҳолҳои 2-3 сола 300 бех парвариш мешаванд, ки барои вилояти Суғд хеле кам аст.

“Сарвро? Не! Кипарисро? Бале!”

Аксар сокинони вилоят дарахти сарвро намешиносанд ва ё онро надидаанд. Аз пурсишҳое, ки миёни чанд сокини вилоят анҷом додем, маълум гашт, ки қисмате дарахти сарвро намешиносанд.

Ҳамчунин, миёни шаҳрвандон ин дарахт бештар бо номи русии хеш ошност, зеро вақте пурсон мешудем, ки дарахти сарвро дидаед? Мегуфтанд: Сарвро? Не! Кипарисро чӣ? Бале!

Мубин Раҷабов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегўяд, ки дарахти сарвро мешиносад, вале онро дар Хуҷанд надидааст.

- Дар истироҳатгоҳи «Баҳористон» дидаам, хеле дарахти сабзу хуррам ва зебост, - мегўяд ў.

Гулнора Ғаффорова, аз шаҳри Конибодом мегўяд, ки калимаи сарвро аввалин бор мешунавад. Дарахти кипарисро бошад, шунидааст, аммо боре ҳам онро надидааст.

Дилноза Искандарова, аз шаҳри Хуҷанд мегўяд сарвро надидааст, аммо дар мактаби миёна муаллимаи фанни адабиёт дар бораи дарахти сарв маълумот дода буданд.

Ёдам ҳаст сарв дарахти баланду ҳамешасабз аст, бинобар ин шоирону нависандагон дар тасвирҳояшон барои тавсифи ёр бисёр истифода мекунанд,- гуфта буданд муаллима.

Сарв, қалам ва шеър

Адабиётшинос Субҳони Аъзамзод қайд мекунад, ки воқеан сарв дар кишварҳои форсизабон ба унвони намоди истиқомат ва сарфарозӣ тавсиф мешавад. Дарахти сарв аз дарахтоне аст, ки реша дар фарҳанги форсӣ дошта ва ҷойгоҳи виҷаеро дар миёни мардум дорад. Ин дарахт ба унвони як дарахти ҳамешасабз ва устувор, ки дар сармо пойдорӣ мекунад, шинохта шудааст.

Гуфта мешавад, ки дарахти сарв ҳазорон сол пеш дар кишварҳои Шарқ парвариш шуда аз намунаҳои куҳансоли он, сарви кашмарӣ мебошад, ки ҳатто парваришашро ба Зардушт нисбат додаанд.

Бешак, сарв дар адабиёти тоҷики чӣ наср ва чӣ назм ҳамвора яке аз аносири табиӣ аст, ки ғолибан барои тавсиф ва дар мақоми киноя дар маънои маъшуқ ба кор меравад. Дар шеър ва адаби форсӣ сифатҳои бисёре, аз қабили рост, баланд, сарфароз, саркаш, тоза, ҷавон, ҷавона, навхоста, пойдор, чаманзод, бўстонӣ ба василаи сарв васф мешаванд.

Тасвири сарв агар киноя аз маъшуқ бошад, бо сифоти ин қабил меоянд: мавзун, симин, симандом, гуландом, баҳорандом, лоларанг, суманбор, хушхиром, хироманда, хиромон.

Шеъри форсӣ аз оғоз то ба кунун барои тасвир аз ин дарахт фаровон истифода бурда. Дар осори Одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ бо намунаҳои зиёд корбурди ин воҷаро дучор мешавем. Рўдакӣ гоҳ дар ситоиши шоҳ, гоҳ дар васфи маъшуқ ва гоҳи дигар дар мадҳу тавсифи табиат аз воҷаи сарв истифода кардааст:

Мир сарв асту Бухоро бўстон,

Сарв сўи бўстон ояд ҳаме.

Пас аз Рўдакӣ Фирдавсӣ дар истифода аз ин воҷа ҳунармандӣ намуда ва чуноне аз паҷўҳиши адабиётшиносон бармеояд, воҷаи сарвро беш аз 400 маротиба дар «Шоҳнома»-и безаволаш истифода кардааст. Сарв дар осори Фирдавсӣ аксаран барои тавсифи қомати баланди занон ва мардони қаҳрамон, ялону паҳлавонон ба кор рафтааст.

Сараш рост бар шуд чу сарви баланд,

Ба гуфтори хубу хирад корбанд,

Ва низ:

Чунон номвар гум шуд аз анҷуман,

Чу аз бод сарви сиҳӣ аз чаман.

* * *

Ду меҳтар, яке кеҳтар андар миён,

Ба болои сарву ба чеҳри каён.

Албатта, суханварон пеш ва пас аз ин шоирони бузург ҳам аз истифодаи ин воҷа ғофил набудаанд. Шоирони бузурге аз ҷумлаи Манучеҳрӣ, Қатрон, Носири Хусрав, Масъуди Саъд, Хоқонӣ, Низомӣ ва Анварӣ сурудаҳое хубе бо корбурди воҷаи сарв ба мерос гузоштаанд. Дар осори Саъдии Шерозӣ сарв яке аз воҷаҳои калидиест, ки дар тавсифи маъшуқ ба кор меравад. Ҳамин гуна виҷагиро ғазалҳои Ҳофиз низ дорост:

На ҳар дарахт таҳаммул кунад ҷафои хазон,

Ғуломи ҳиммати сарвам, ки ин қадам дорад.

Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ низ дар тасвирҳояш аз сарв истифодаи касрат доштааст:

 Дуздида чун ҷон меравӣ андар миёни ҷони ман,

Сарви хиромони манӣ, эй равнақи бўстони ман.

Сарв ва шифохонаи табиат

Ба ақидаи табибони халқӣ дарахти сарв хусусияти шифобахшӣ дорад. Дар китоби «Канзи шифо» омадааст, ки барги сарвро дар об ҷўшонида, онро бинўшанд, душвории шошиданро ислоҳ мекунад, ба захми рўдаҳо шифо меоварад. Агар барги онро дар об ҷўшонида, дар даҳон гардонанд, барои захми милки дандонҳо даво мебошад. Аррамайдаи чўби сарвро бо шилми талхакбодом сиришта, гузошта банданд, пешобдонро қувват медиҳад. Барги сарвро сўхта, ба захм бипошанд, онро сиҳат мекунад, пухта ба захм бастани он низ чунин хосият дорад. Барги онро соида, бо орди ҷав хамир карда банданд, варами гарми чашмро таҳлил медиҳад, доначаҳои пўст ва сўхтаи оташро сиҳат мекунад. Самари сарвро кўфта, бо асал ва гулоб сиришта бимоланд, барои дарди нимсара даво мебошад. Ҳамин гуна хусусиятҳои табобатии ин дарахт дар китоби мазкур бисёр оварда шудааст.

Хиромад сарв андар шаҳри Хуҷанд...

Бо ин ки гузаштагони мо ба савр муҳаббати зиёд доштанд ва миёни ҷаҳониён чун дарахти ҳамешасабзу дарозумр маъруф аст, имрўз мутаассифона, дар вилояти мо ба ин навъи дарахт кам таваҷҷуҳ мешавад. Аммо мутмаинем, дар солҳои наздик масъулин баҳри афзун намудани шумори дарахти сарв дар миқёси вилоят талош менамоянд ва дар наздиктарин фурсат ниҳолҳои он кўчаву хиёбонҳои шаҳри моро зебову ороста хоҳад кард ва хиромиданҳои сарв дар кўчаҳои Хуҷанд хотирҳоро мунаввар хоҳад сохт.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ба қадри ин неъмати бузург арҷ гузорем...

Ҳар вақте ба шаҳри Хуҷанд меоям, албатта, ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ медароям ва дар толори хониши ин махзани маърифату ҳикмат ба мутолиаи рўзномаву маҷалла ва китобҳои дилхоҳам мушарраф мешавам. Ин маротиб рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»-ро кормандони ин боргоҳи маърифат мувофиқи талабам наздам гузоштанд. Бастаи онро бо зеҳн варақгардон намудам. Рўзнома аз ташаббуси навбатии ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълом доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028« хеле маводҳои ҷолиб ба нашр расонидааст.

Хондам: иқдомҳои шоистаи башардўстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили об ва захираҳои он, арҷгузорӣ ба қадру қиммати ин неъмати Офаридгор, истифодаи сарфакоронаву оқилонаи об, ки ба орзую армони мардуми ҷаҳон, Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мувофиқат мекунанд ва аз ҷониби Маҷмааи кулли СММ ва аксари кишварҳои ҷаҳон пазируфта шудаанд.

Омўзгор ҳастаму аз рўи донишу маҳорат ва таҷрибаи ҳаётиам барои беҳдошти вазъи экологии деҳаҳои ноҳияамон саҳм гузоштааму саъй менамоям, ки табиати зиндаи назаррабо боз ҳам рангину зебову дилфиреб бошад, имрўзу ояндагон барои ҳифзи табиат, дўстдории он имону ихлос дошта, масъулияти баланди муносибату муоширатро эҳсос намоянд.

Тоҷикистон - кишвари биҳиштосои мо дар саргаҳи оби тозаву мусаффо, ширину гуворо қарор дорад. Аз саҳифаҳои рўзнома бори дигар хондам, ки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, ки моҳи июни соли равон барои ширкат дар Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба рушди устувор, вохўрӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боздид аз кишвари «намуна дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ» - ин баҳои худи Антониу Гутерриш аст, ба Тоҷикистон омада буд, чунин изҳор намудааст: «Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред».

Ин суханон бароям илҳом бахшиданд. Мегирем ноҳияи Деваштичро. Дар қисми ҷанубу шарқии деҳаи Дархон дар баландии дуҳазору панҷсад – се ҳазор метр аз сатҳи баҳр чашмае ҷорист. Оби чашма шифобахшу табобатӣ буда, таркибаш аз микроэлементҳои фоидабахш бой аст. Нафақат обаш, балки лойи он ҳам хосияти шифобахшӣ дорад.

Бино ба тасдиқи сокинони деҳаи Дархон ва гуфти ҳамсоядеҳаҳои Басманда, Қалъаи Дўст, Каҷровут ва Сурхоб оби чашма ба табобати бемориҳои захми меъда ва рўдаи дувоздаҳангушта таҳким мебахшад. Лойи чашмаро барои шифо ёфтан аз ҳаргуна захмҳо ва шукуфаҳои пўст истифода мебаранд. Бояд обу лойи чашмаи Дархон муҳофизат карда шавад, зеро ин мавзеъ атои табиат аст.

қисме аз ҷойи ҳамин мавзеъ аз ҷониби соҳибкори маҳаллии деҳаи Дархон Санъатулло Сафаров обод кардаву ба истироҳатгоҳ табдил дода шудааст. Ин амал сазовори таҳсину ифтихордорист. Умед мекунем, ки дар назди ҳамин чашмаи ҳикматбахш шояд рўзе аз ҷониби шахси саховатпеша ва хайрандеш истироҳатгоҳи хубе бунёд гардад, мардум ҳам табобат гиранду ҳам фароғат ёбанд. Табиати деҳаи Дархон зебост, аз тамошои муҳити он кас ба ваҷд меояд. Дар ин росто мо - насли калонсол бояд ба умқи суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расем, ки таъкид кардаанд: «Агар мо имрўз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоию фарҳангӣ дучор меояд».

Аз ин хотир, масъалаи тарбияи ҷавонону наврасон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар ин ҳошия зикри онро бамаврид меҳисобам, ки об муъҷизаи пурҳикмат аст, нерўи тарбиятгарӣ ҳам дорад, муносибати самимӣ мехоҳад, ба арзишу ғановати суннатӣ хос буда, дар ҳаёту зиндагӣ қимати калидӣ касб намудааст. Дар ин бобат мо бояд обро самаранок, бо шеваи устувор мавриди истифода ва истеъмоли худ қарор бидиҳем, дар ин ҷода тамоми корҳои заруриро ба анҷом расонем.

Оби дарёҳо ва чашмаҳои кишварамон – Тоҷикистони соҳибихтиёр аз ҷиҳати экологӣ тоза ба мисли чашмаи обшорони Дархон, ки бо назару дидгоҳҳои наву созанда ба мардум хизмат мерасонанд.

Ташаббусу иқдоми созандаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ давоми соли равон дар бобати «Дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» амалӣ гардидаву самараҳои нек оварданд. Ҳамин тавр, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ мардуми вилоятро ба рўзгор, пайкор ва амалҳои созандагиву бунёдкорӣ неруманд гардонид, дар ин самт тадбирҳои навбатӣ амалӣ мешаванд.

Шоири забардасти тоҷик Абдусалом Деҳотӣ гуфта:

Тобони рўз аз офтоб аст,

Сарсабзии киштҳо зи об аст.

Раҳматулло ЁРОВ,
собиқадори маориф аз
 ноҳияи Деваштич

Читать далее

Хуҷанд: Роҳҳои шаҳр мумфаршу тармим гардиданд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти корҳои таъмирӣ ва мумфаршкунии роҳҳои автомобилгарди ҳудуди шаҳр маҷмуи корҳоро ба анҷом расонида, давоми 11 моҳи соли равон зиёда аз 43 километр роҳро таъмири ҷорӣ ва мумфарш намуд, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд аст.

Аз тарафи Корхонаи давлатии “Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд корҳои дар фасли зимистон пошидани моддаҳои зиддилағҷиш 74,5 тонна, аз партов тоза намудани ҷўйбору қубурҳои обгузари шаҳр-190 м3, баровардани сангҳои калонҳаҷм 39 тонна анҷом ёфтанд.

Инчунин, корҳои бунёди девораҳои қадди роҳ дар хиёбони 25-солагии Истиқлолият ба миқдори 514 метр, таъмири онҳо ва маротибаи дуюм рангубор намудани девораҳои қадди роҳҳои маркази шаҳр ба иҷро расонида шуданд.

Маъмурахон Самадова,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Мулоқот бо донишҷӯён

Дар Кохи ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси шаҳри Исфара бо донишҷўёни, ин манотиқ, ки алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят таҳсил доранд, баргузор гардид.

Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара дар самти фароҳам овардани шароитҳои создор ба таҳсили ҷавонон, зарурати азхудсозии илму фанҳои замона ва касбу кори дар бозори меҳнат ҷавобгў, дустдории Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободонии он, бурду бохт ва мушкилиҳои ҷойдошта ибрози назар намуд.

Чанде аз донишҷўён бобати бо кор таъмин шудан дар муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои шаҳри Исфара, ташкил кардани хатсайри нав ба маркази вилоят, созмон додани маҳфили адибони ҷавон барои донишҷўёни эҷодкор фикру андешаҳояшонро иброз дошта, ба саволу дархости худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ба 90 нафар донишҷўи фаъол ва ятиму аз оилаҳои камбизоат аз ҷониби раиси шаҳр кўмаки яквақтаи пулӣ ва маводи озуқа расонида шуд.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонид

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3»-ро ба тасвиб расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномаи мазкурро ба вакилони  мардумӣ  муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода ва вакили мардумӣ Мирзодавлат Сабурзода баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур- ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва муайян намудани миқдори оби нӯшокии интиқолгардида мебошад.

Лоиҳаи мазкур барои фаъолияти пурраи иншооти партовобтозакунии шаҳр, беҳтар намудани  таъминоти оби нӯшокии шаҳраки «Обшорон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, таъмир ва таҷҳизонидани ташхисгоҳҳои оби нӯшокӣ ва партовоб, инчунин  ивази қубурҳои обгузар ва хатҳои партовоб равона карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»-ро вакили мардумӣ  Бибидавлат Авзалшоева ва  муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мӯсоев баррасӣ намуда, изҳор доштанд, ки лоиҳаи қонуни мазкур  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Латифзода, О.Сафаров, М.Ахмедов, Б. Авзалшоева ва З. Сафаров пешниҳод шудааст.

Тағйиру иловаҳо бо дарназардошти мутобиқгардонии Қонуни зикргардида ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳу ибораҳо таҳия шудааст.

Вобаста ба саҳеҳ гардонидани доираи амали Қонун дар пешбурди корҳои зотпарварӣ дар матни Қонун иваз намудани калимаҳои «ҳайвонот», «ҳайвони», «ҳайвонҳои» ва «ҳайвон» ба калимаҳои «чорвои кишоварзӣ», «чорвои зотии кишоварзӣ» пешбинӣ шудааст.

Масъалаи ниҳоии рӯзнома-лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»-ро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вакил Мирзоанвар Ахмедов ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода баррасӣ намуда, зикр намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур дар қиёс ба қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла» фарқиятҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Дар лоиҳаи Қонун заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он (боби 2) ифода ёфтааст, ки раванди истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, тайёркунӣ, фурӯш, воридоту содирот, истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди онро танзим менамояд.
  2. Асосҳои ҳуқуқии таъйиноти захираҳои давлатии ғалла бо дарназардошти захираҳои маҳсулоти коркарди он дар лоиҳаи Қонун ҳамчун боби алоҳида пешбинӣ шудааст. Дар Қонуни амалкунанда масъалаи мазкур танҳо дар 1 модда (моддаи 10) ифода гардидааст.
  3. Ҳамчунин принсипҳои ташкили муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидорӣ, бақайдгирии миқдору сифати ғалла, принсипу усулҳои танзими давлатӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, тозакунӣ, хушконидан, безараргардонӣ, интиқолу истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шаклҳои дастгирии давлатӣ ва самтҳои он, талабот нисбат ба бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар моддаҳои алоҳида мушаххас ифода ёфтаанд, ки дар Қонуни амалкунанда пешбинӣ нагардидаанд.

Лоиҳаи Қонун аз 6 боб ва 36 модда иборат мебошад. Дар боби 1 муқаррароти умумӣ (моддаҳои 1 — 9) мафҳум, принсипҳои ташкили муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидорӣ, бақайдгирии миқдору сифати ғалла пешбинӣ гардидаанд.

Дар фарҷоми иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Читать далее

13 December 2017

Арҷгузорӣ ба иқдомҳои наҷиб

Тақозои вазифаам зуд - зуд ба деҳоти ноҳия рафта, аз ҳоли оилаҳои камбизоат хабар мегирам, ба онҳо маҳсулоти озуқа мебарам, хона ба хона гашта, тифлони маъюбу бепарасторро ба рўихат мегирам, то минбаъд аз онҳо огаҳӣ дошта бошам.

Ин навбат дар деҳаи дурдасти Темурмалик, дар назди бунгоҳи тиббӣ бародари шафқат Ўктам Худойбердиев маро роҳбалад шуд. Утоқҳои кории бунгоҳро нишон дод. Табъам болида гашт, ки ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоту таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд. Навиштаҷот дар утоқҳо ҳама бо забони тоҷикианд.

 Ҳамроҳи бонувони фаъол барои аёдати оилаҳои камбизоат ва бачаҳои ятим ба якчанд хонадон рафтем.

Сипас, бо бонувони деҳа суҳбат кардам. Сокинон ҳарчанд аксар ўзбекзабонанд, вале бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Ин исботи он аст, ки мардум баҳри пурра азхуд намудани забони давлатии худ кўшиш мекунанд.

Ба пурсишҳои бешумори занҳои деҳа ҷавоб дода, нуктаҳои асосии тағйиру иловаҳои ба Қонуни танзим воридшуда оид ба ихчамии чандин расму оинҳо, маъракаи оилавӣ будани тўйи суннатиро фаҳмонидам. Апаи Боғидагул гуфт, ки фаъолони деҳа ҷавобан ба ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монда, моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Қонуни танзим ба сокинон фаҳмонида истодаанд. Мардум имрўз дарк кардаанд, ки ин ҳама саъю кўшиш барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии худи мост. Пештар барои туйи суннатӣ, арўсбарӣ ба хешу табор тўёна тайёр мекардем. Барои гузаронидани як маърака чандин ҳазор сомонӣ маблағ лозим меомад. Ҳоло, шукргузор ҳастем, ки камхарҷ гузаронидани тўю маъракаҳо самараи худро дода истодаанд. Аз ҳисоби камхарҷ гузаронидани маъракаҳо бонувон барои тамошо ба дигар мамолик, барқарор кардани саломатиашон ба осоишгоҳи «Баҳористон» ва табобатгоҳи «Оби Гарм» мераванд.

Р.БОБОКАЛОНОВА,
котиби иҷроияи  бахши Ҳилоли Аҳмари
Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон

Читать далее

Аз пули ҳаром - кас шавад бадном!

Ният пок бошад, ризқи ҳаррўза аз ҷониби Худованд мерасад. Мутаассифона, ба фалсафаи ин гуфта на ақли ҳама мерасад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо таъкид мекунанд, Ватанро танҳо меҳнати ҳалол ва дасту дили пок метавонад ба пешравӣ ноил гардонад. Дар ҷамъияти мо ҳанўз афроде сари вазифаҳо кор мекунанд, ки ҳарфҳои болоиро ба инобат намегиранд. Метавон ба натиҷае расид, ки маънии гуфтаҳои Пешвои миллат аз рўзи нахустини савганд ёд карданашон ғамхорӣ барои халқу Ватан буду ҳаст.

Шаҳрванд Ш. Б. дар асоси фармони директори КФД “Бақайдгирии молумулки ғайриманқул” дар шаҳри Панҷакент аз соли 2016 дар вазифаи мутахассиси шуъбаи баруйхатгирии техникии корхона ба кор шурўъ намуд. Ӯ фикр накард, ки дар ҷое, ки инсоният кор мекунад, бояд дасту дили пок дошт. Аз фаъолияти Ш. Б. як сол сипарӣ шуду ба рухсатии меҳнатӣ баромад. Вай бояд дар хона истироҳат мекард, аммо 16 марти соли равон аз субҳи содиқ атрофи коргоҳаш давр мезад. Маълум буд, ки дар майнааш чӣ нақша дорад.

Дар ҳамин лаҳза дар даромадгоҳ занеро вохўрд, ки корафтода буданаш маълум буд. Зани муштипар худро Н.С. муаррифӣ карда, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиаш ва ҳамчунин бобати ба қайд гузоштани молу мулки ғайриманқул омадааст.

Ш.Б. бошад, худро ҳамчун корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” муаррифӣ кард ва бо ин роҳ хост, ки ба боварии зан даромада, аз ў пули муфт ба даст орад. Ӯ ваъда дод, ки шиносномаи техникии манзили истиқоматиашро тартиб дода, бо роҳи сохтакорӣ аз соли 2010 то инҷониб ба қайд мегузорад. Барои ҳаққи хизматаш Ш.Б. аз Н. С. 300 доллари ИМА талаб кард.

 Зани муштипар, ки ҳарчӣ зудтар анҷом ёфтани корашро мехост, ба пешниҳоди мавсуф розӣ шуд. Тибқи маслиҳати пешакӣ Ш.Б. ба Н. С. фаҳмонид, ки пулро пагоҳ, яъне 17 марти соли ҷорӣ, тахминан соати 12 дар дохили ошхонаи “Шифо”, воқеъ дар наздикии беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент мегирад. Бечора Н.С. ба таклифи ў розӣ шуд ва ҳамон рўз ба ҷои муқарраршуда ҳозир гардид.

Хонандаи азиз, хеҷ гоҳ ҳакқи ятиме ё зани муштипаре ҳалоли каси бегонае намешавад. Қаҳрамони ин ҳодисаи реалӣ Ш.Б. ҳангоми гирифтани сесад доллари ИМА аз ҷониби кормандони қудратӣ зимни амалиёти махсус дастгир гардид ва ба номбурда бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои в,г Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шуд.

 Суди шаҳри Панҷакент ҳама ваҷҳ, далел ва шаҳодати шоҳидонро омўхта, ба хулоса омад, ки кирдори содиркардаи судшаванда Ш.Б. бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои “в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд бо истифодаи мақоми хизматӣ пешбинӣ менамояд, банду баст намуд ва номбурдаро гунаҳкор дониста, дар намуди ҷарима ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 20 000 сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ба муҳлати 2 сол дар Корхонаи фаръии давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули Кумитаи давлатии Идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум намуд.

Ҳаёти Ш.Б. ва амсоли ў барин афрод дарси ибрат аст. Моро месазад, ки аз рафтори ин қабил масъулине, ки давлат ба онҳо бовар кардааст, сабақи зиндагӣ гирем. Дар ҳар ҷодае, ки кору фаъолият менамоем, фидокорона ва содиқона ба халқу Ватан хизмат намоем.

Фирўзҷон Махсудӣ,
судяи Суди шаҳри Панҷакент

Читать далее