December 2017

13 December 2017

«ШОМИ ХУҶАНД» - зеби занон

Ривоҷи соҳибкории бонувон

Муассисаи давлатии Мактаби эҳё ва рушди ҳунари атласу адрасбофӣ ва дигар касабаи мардумӣ бо ибтикори Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади ҷалби занону духтарон таъсис дода шуда, ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд.

Самтҳои фаъолияти муассисаро ҳарчӣ бештар дар маҳаллаҳо, Ҷамоатҳои деҳот ташкил намудани марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, ҷалби занони хонашин ба касбу ҳунар ва афзудани истеҳсоли матоъҳои миллӣ ташкил медиҳад. Дар ҳамин радиф ба понздаҳ бонуи ҳунарманд, аз ҷумла адрасбоф, дўзанда, йўрмадўз грантҳои раиси шаҳри Хуҷанд, ба ҳар яке ба миқдори аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ пешниҳод гардид, ки бо ин маблағҳо занону духтарон истеҳсолоти худро васеъ менамоянд.

Маркази таълимӣ-истеҳсолии ҳунаромўзии ба номи Зулфия Баҳриддинова баҳри ба занону духтарони маҳаллаи «Масҷиди Савр» омўзонидани ҳунари атласу адрасбофӣ таъсис дода шуд. Аввал дар марказ ҳунарҳои зардўзӣ, дўзандагӣ ёд дода мешуданд. Соли 2015 ба маркази ҳунаромўзии «Дугонаҳо», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров аз устоди ҳунари бофандагӣ Машҳура Орифова адрасбофиро ёд гирифтам. Сонӣ ба ҷалб намудани занону духтарони маҳалла шурўъ кардам. Соли 2016 соҳиби гранти Раиси вилоят ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ гардидам ва бо он истеҳсолотро васеъ кардам. Ҳамчун ғолиби озмун Раиси вилоят дастгоҳи адрасбофӣ туҳфа намуданд, ки даҳ нафарро ҷалб намуда, ин ҳунарро ёд додам.

Имсол корманди марказ Лутфия Файзибоева соҳиби гранти Раиси вилоят ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ шуд. Мо тадриҷан истеҳсолотро васеъ намуда, намудҳои гуногуни матои адрас, аз қабили «Шоми Хуҷанд», «Балдоқ», «Шоҳҷоиза», «Дилафрўз», «Барги карам» мебофем, ҳам матои якранги нафиси пахтагӣ истеҳсол мекунем. Бо заҳмати ҳунармандон 6540 метр матои адрас истеҳсол гардидааст.

Мавҷуда Ҳакимова,
мутахассиси пешбари Мактаби
эҳё ва рушди ҳунарҳои адрасу
атласбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ
дар вилоят

Читать далее

Накўкорӣ зебоӣ аст!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи миллат, ворисони сазовори Тоҷикистони соҳибистиқлол унвон менамоянд.

Дар ин росто омўзгор нақши муассир гузошта, дар рўҳияи хонандагон ҳисси ватанпарастӣ, одобу ахлоқи нек, ҳурмати калонсолон ва зебоипарастӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсониро меомўзонад.

Дар ҳақиқат, одамӣ на аз рўи сару либос ва зару зевар, балки бо ақлу хирад, илму дониш зебо мебошад.

Тавассути эҳсос ва бархурдорӣ аз зебоӣ ва санъат ў дар шуури худ идеалҳои ҷамъиятиро дарк ва мустаҳкам намуда, дар муносибату муошират бо дигарон мавқеъ мегирад. Яъне эстетика муайянкунандаи муносибати шахсият мебошад, барои он ки дар ҳаёти инсон нафосат ҳамеша зарурат дорад.

Тарбияи эстетикӣ дар мазмуни худ пайваста ба ташаккули ахлоқӣ нисбат ба донистани ҷамъият ва табиат ҳам аҳамият дорад.

Вазифаи тарбияи эстетикӣ на танҳо аз инкишоф додани ҳолатҳои бадеӣ, эҳсоси кўдакон, инчунин аз такмили неруи маънавӣ, фикрӣ, ҷисмонӣ ва умуман тамоми паҳлўҳои санъат иборат аст.

Қувва ва осори санъат дар ҳамин аст, ки ба шуур, эҳсосот ва иродаи ҷавонон таъсир карда, муносибати онҳоро ба ин ё он ҳодиса ташаккул медиҳад.

Барои он, ки ҷавонон моҳияти асарҳои бадеиро дарк карда тавонанд, бояд мазмуни ҳаётро, ки дар онҳо инъикос ёфтааст, бифаҳманд. Педагоги машҳури рус В.А.Сухомлинский омўхтани ғояҳои бузурги маънавӣ ва ақидаҳои педагогикаи халқиро зарур дониста, аҳамияти бузурги тарбиявӣ доштани онро махсус таъкид кардааст, ки имрўз ҳам аз аҳамият холӣ нест.

Модарон ба тифли навзодашон, пеш аз ҳама, сиҳату саломатӣ, далериву тавоноӣ, чусту чолокӣ ва дигар сифатҳои наҷиби инсониро орзу мекунанд. «Алла»-ро умуман рози дили модарон метавон гуфт, дар он рўҳия ва эҳсосоти модар, орзую умедҳои ў ифодаи худро меёбанд, ки бо ин нидои худодод тифл муваффақ ба камол мерасад.

Ба ақидаи Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино суруди «Алла» вобаста ба завқ ва қобилияти мусиқафаҳмӣ ва зебоишиносии модар дар замири кўдак «майлу рағбатро ба мусиқа ба вуҷуд меорад».

Барои баланд бардоштани неруи зебоишиносии ҷавонон санъатҳои меъморӣ, кандакорӣ, нақшу нигори волои миллӣ, ки имрўз дар кишвари соҳибихтиёрамон рушду такомули тоза гирифтаанд, нақши муҳим доранд.

Бо як сухан мо-ҷавонон накўкору созандаву ободкор бошем, зеро ҳар чизи беҳтарин бо зебоӣ устувору пойдор мемонад.

Лола ДАВЛАТОВА,
донишҷўи Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Ба исрофкорӣ роҳ надиҳем!

Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад. Ин раванд ба таъмини фаъолияти мунтазами боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.

Деваштич: Хонаҳо гарму чароғонанд

Дар ин раванд шабакаи барқии қитъаи Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич низ саҳмгузор аст. Баҳри оқилона истифода бурдани неруи барқ аз ҷониби ин коргоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ байни сокинон гузаронида шуда истодааст.

Шабакаи барқии номбурда 14543 муштарӣ дошта, пурра барои зимистони солҳои 2017 – 2018 омода буда, тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар фасли сармо қувваи барқро таъмин менамояд. Аз ин лиҳоз, таъмири трансформаторҳоро сари вақт ба роҳ монда, баҳри сарфакорона истифода бурдани нерўи барқ корҳои зарурӣ идома доранд, - гуфт зимни суҳбат Шавкат Воҳидов - сардори қитъаи Исмоили Сомонӣ.

- Имрўз сокинон хурсанд аз он ҳастанд, ки меъёри барқ дар фасли сармо аз байн бардошта шуда, хонаи ҳар яки онҳо чароғон аст. Рўзҳое буданд, ки хонаи мо рўшноӣ надошт. Дар як рўз аз 20 дақиқа то 1 соат қувваи барқ доштему халос. Имрўз дар фазои сулҳу амонӣ ва Истиқлолияти давлатӣ зиндагӣ намуда, ба ниятҳои хеш расидем. Хомўшшавии неруи барқ аз байн рафт. Албатта, ин барои ҳамаи мо хурсандиовар аст, зеро кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардид, - илова намуд номбурда.

Шаҳристону Айнӣ дар чӣ ҳоланд?

Инчунин шабакаҳои барқии ноҳияҳои Шаҳристону Айнӣ дар самти сарфакорона истифода бурдани неруи барқ корҳои заруриро ба сомон расонида истодаанд?

Роҳбари шабакаҳои барқии ноҳияи Айнӣ Давлат Шарифов иброз дошт, ки ба сокинон дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ мактуб баҳри самараноку оқилона истифода бурдани қувваи неруи барқ фиристода, ин иқдом аз ҷониби сокинон хуб пазируфта шуд.

- Баҳри ба вуҷуд наомадани мушкилӣ дар фасли сармо симчўбҳои дар ҳолати садамавӣ бударо аз нав барқарор намудем, - илова намуд роҳбари шабакаи барқии ноҳияи Айнӣ.

Дар ноҳияи Шаҳристон низ ҷиҳати бо сариштаву сарфакорона истифода бурдани неруи барқ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ аз ҷониби масъулини соҳа хуб ба роҳ монда шудаанд. Чуноне дар суҳбат роҳбари шабакаҳои барқии ин ноҳия Ботур Исоев изҳор дошт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд “...Ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад”. Воқеан, имрўз хурсандии тамоми сокинони ҷумҳурӣ, бахусус ноҳия ҳадду канор нест, зеро бемамониат бо нерўи барқ таъмин мебошанд. Азияти давраҳои пешинро ба ёд оварда мардум шукрона мекунанд, ки алҳол аз неруи барқ танқисӣ надоранд.

Дар ин замина кормандони идораи таъминоти неруи барқи ноҳия ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодаанд. Пардохти маблағи неруи барқ яке аз омилҳои асосии рушди соҳа буда, масъулин дар бобати фаврӣ пардохтани маблағи он бо истифодабарандагон корҳои фаҳмондадиҳиро хуб ба роҳ мондаанд.

Дар охир қайд кардан зарур аст, имрўз сокинони вилоят аз беҳбудии шароити барқрасонӣ басо шод ҳастанд, зеро чунин рўзро дер боз интизор буданд. Манзили худро дар фасли сармо чароғону гарм дида, шукрона аз замони Истиқлолият менамоянд ва боз ҳам баҳри пешрафт ва шукуфоии Ватани хеш сидқидилона заҳмат мекашанд. Аз ин лиҳоз, бояд ҳар як шаҳрванд, дар сарфаву сариштаи нерўи барқ ва пардохти маблағи он масъулияти бештар дошта бошанд.

Ҳамчунин, истифодаи самараноки он барои ғанӣ гардонидани буҷаи оила кўмак намуда, дар навбати дигар ба пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
 “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 11 декабри соли 2017, № 569

Дар бораи даъвати иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қарор мекунам:

1. Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум 26 декабри соли 2017, соати 9:00 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.

2. Ба баррасии иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

- дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии «Деҳмой», № 58;

- ҳисоботи Раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2017;

- дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ барои соли 2017;

- дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2018;

- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Шаҳрак», №9 Олимов Зафар Мирзоевич оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ;

- дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум;

- дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Fафурҷон Ортиқов», № 20;

- дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

- дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум;

- дар бораи таъсис додани комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

- оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;

- тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Хуршед Сатторзода гузошта шавад.

Читать далее

12 December 2017

Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо фармонҳои Президенти мамлакат раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъйин гардида, сардорони раёсатҳои корҳои дохилӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар сохтору воҳидҳои мақомоти мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дастгоҳи марказии вазорат иваз карда шуданд.

Читать далее

Бемасъулиятии ронанда - парешонхотирии мусофирон

- Ҳар субҳ аз хона сўи коргоҳ равон мешавам ва вазъи нақлиёти мусофирбар маро парешонхотир месозад. Ронандаҳо нақлиёти худро аз мусофирон пур мекунанд, ки ҳатто имкони рост истоданро надорам. Бар замми ин, барои пеш гузаштан аз дигар нақлиёт гўё дар мусобиқа бошанд, бо суръати баланд онро меронанд. Чанд маротиба норозигии худро изҳор кардам, вале аксарияти ронандаҳо «Маъқул набошад, ба таксӣ савор шавед» - гуфта, бо ситеза ҷавоб мегардонанд, - гуфт сокини шаҳри Хуҷанд Ғолиб Алиҷонов.

Имрўз мошинронии бархе аз ронандагон ва аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон нигаронкунанда аст. Шояд теъдоди нақлиёти мусофиркашон кам бошад? Ҳолатҳои аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон асосан соатҳои 7-8-и субҳ ва 16-17-и бегоҳ сурат мегирад. Дар ин вақт нақлиёт басанда нест ва ронанда маҷбур мешавад, нафарони зиёдро савор кунад.

Тавре сардори шуъбачаи ташкилӣ-назоратии Бозрасии давлатии автомобилии вилоят, подполковники милитсия Ўктам Солиев иттилоъ дод, давоми даҳ моҳи соли равон 135 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 70 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин ҳама аз тезронӣ ва вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ унвон карда мешавад.

Тибқи иттилои мавсуф дар вилоят 4 ҳазору 212 воситаи нақлиётӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад, ки аз он 3 ҳазору 637 ададаш микроавтобус мебошад. Дар маркази вилоят алҳол нақлиёт дар 74 хатсайр фаъолият дорад.

Доир ба нокифоягии микроавтобус ва сабаби аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон ронандаи хатсайри №105 Равшан Ҳасанов (бо хоҳиши ронанда ному насаб иваз карда шуд) чунин мегўяд:

- Имрўз аксар ронандаи микроавтобусҳо ба кўдакистону муассисаҳои таълимии хусусӣ хизмат мерасонанд, ки маҳз дар вақти барои мардум зарурӣ, яъне ба коргоҳу донишгоҳҳо равон шуданашон рост меояд. Аз ин лиҳоз, мо маҷбур мешавем, аз меъёр зиёд мусофиронро савор кунем.

Агар сабаби нокифоягии микроавтобус ин бошад, пас муҷиби бо суръати баланд рондани онҳо дар чист?

Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зайнура Миркамолова оид ба муносибати бад ва босуръат рондани микроавтобуси хатсайри №36 изҳори нигаронӣ кард.

Ў гуфт, ки соати 17:00 микроавтобуси мазкур наздикӣ 30 нафарро савор кард. Аз вазни зиёд қафои мошин ба замин мерасид, дасту поям меларзид, ба назар чунин менамуд, ки ҳозир микроавтобус ба садама дучор мешавад. Бар замми ин, кўдаки тақрибан 4-5 сола байни мусофирон нафастанг шуда, дод мезад. Ниҳоят микроавтобус таваққуф карду ду - се нафар фаромаданд ва кўдак ором шуд. Ронанда ҳамоно нақлиёташро босуръат меронд, зеро, намехост микро- автобуси дар қафо буда, аз ў пештар гузарад.

Дар ҳақиқат, муаммои мазкур нигаронкунанда буда, беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии бархе аз ронандагони микроавтобусҳо метавонад боиси рух додани садама, марг ва ё ҷароҳат бардоштани мусофирон гардад. Чаро имрўз назорат аз болои ин гуна қонуншиканӣ хуб ба роҳ монда нашудааст? Масъулинро мебояд барои бартараф намудани камбудиҳо ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ фаъолиятро ҷоннок намоянд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Талошҳои гумроҳона нокомӣ оварад!

Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба Тоҷикистон ва минтақа таҳдид менамояд. Он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад. Вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ: гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва яроқ, ҳамчун манбаи асосии маблағгузорӣ, дуздии одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба мушоҳида мерасанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи геополитикӣ ва геоиқтисодии худ ҳанўз ҳам таҳти таҳдиди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ қарор дорад. Ба ин маънӣ вазъи ниҳоят мураккаби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар он як қатор марказ ва созмонҳои экстремистӣ, пойгоҳҳои тарбияи террористон ва тахрибкорон амал мекунанд, ба амнияти кишвари тоҷикон хатари ҷиддӣ дорад.

Имрўз натанҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зиёдшавии ҷиноятҳои хавфноки муташаккилонаи трансмиллӣ ба ташвиш омадаанд. Оид ба мубориза ва пешгирии чунин намуди ҷиноятҳо дар сатҳи байналмиллалӣ якчанд конвенсияҳо қабул карда шудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст.

Ҳамчунин, якчанд қонунҳо доир ба масъалаи ифротгароӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» аз 28 декабри соли 2013.

Дар моддаҳои 8 ва 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ - террористӣ эътироф гашта, фаъолияташ қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рўзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.

Боварӣ дорем, ки тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи масъалаи мазкур, яъне хавфи зиёд доштани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳамкории зичро ба роҳ монда, дар пешгирии чунин намуди ҷиноятҳо самҳгузор мешаванд.

 Б.Қобилов,
 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
 сармуаллими кафедраи
 ҳуқуқи ҷиноятӣ ва
криминалистикаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
 сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Бетарафӣ бешарафист!

Тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда дар самти таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ мо - судяҳоро водор менамояд, ки масъулияти худро дар касби интихобнамудаамон боз ҳам бештар намоем, дониши назариявиамонро баланд бардорем, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба мансаби масъули давлатиамон сазовор бошем.

Бештари парвандаҳое, ки дар Суди ноҳияи Спитамен мавриди омўзишу таҳлил ва баррасӣ қарор мегиранд, доир ба шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ, ба ҷиноят даст задани наврасону ҷавонон, аз қабили дуздиву авбошӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, бекоркунии ақди никоҳ бо сабабҳои гуногун ва ғайраҳо мебошанд. Мутаассифона, афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Аммо набояд фаромўш кард, ки пешгирии ин ҳодисаҳо ва мубориза бо онҳо фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Барои бартараф намудани ин мушкилот шуруъ аз оила то муассисаҳои таълимӣ бояд корбарӣ намоянд. Зеро, тарбия аз оила маншаъ гирифта, то толори суд омадани ҳар як айбдоршаванда, пеш аз ҳама, падару модар, мураббиву муаллим ва умуман, ҷомеа гунаҳкоранд. Дар ин раванд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расидааст, ки дар асоси он бояд ҳар як шахси комилҳуқуқ андешаронӣ ва аз рўи он амал намояд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар ин масъала бетараф набояд бошад. Нашавад, ки фарзанде, ҳамсояе, ҳаммактабе, ҳамкоре даст ба ҷиноят зада, боиси норозигии аҳли ҷомеа гардаду ба номи бошарафи инсонӣ доғ оварад.

Умеда АБДУРАҲМОНЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Спитамен

Читать далее

Заминро ба эҳтиёҷмандон бояд дод!

Прокуратураи вилоят ҳолати иҷрои қонунгузории марбут ба заминро мунтазам мавриди санҷиш қарор дода, ҳолатҳои самаранок ва оқилона истифода бурдани замин, бахусус заминҳои корами обиро зери назорати қатъӣ гирифтааст.

Санҷишҳои прокурорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми таҳия ва қабули қарорҳо оид ба қонунгузории замин, бахусус, ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои сохтмони ҳар гуна иморату иншоот ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонию кооперативҳои истеҳсолӣ ба қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ роҳ доданд, ки ин ҳолат боиси қабули қарорҳои ғайриқонунии онҳо мегардад.

Дар ин давра аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят ба 194 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба замин эътироз оварда шудааст, ки ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Исфара, Спитамен, Ашт, Зафаробод ва Деваштич, Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истиқлол, Бўстон, Гулистон ва Кўҳистони Мастчоҳ рост меояд.

Санҷишҳо муайян намуданд, ки фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо оид ба тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд то ҳанўз ба талаботи қонунгузории ҷорӣ ҷавобгў нест. Масалан, фаъолияти комиссияи ҷамъиятии шаҳрҳои Исфара ва Истаравшан аз ҷониби кормандони дастгоҳи Прокуратураи вилоят мавриди санҷиш қарор дода, муайян карда шуд, ки дар асоси қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳрҳои мазкур дар давраи соли 2016 ба 23 нафар сокини Ҷамоатҳои деҳоти Чоркўҳ ва Сурхи шаҳри Исфара ва 12 нафар сокини Ҷамоатҳои Гули Сурх ва Зарҳалоли шаҳри Истаравшан бо пешниҳоди комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ ҷудо ва вобаста карда шудааст, ки дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ қарорҳо бекор ва масъулини комиссияи ҷамъиятии тақсимоти заминҳои наздиҳавлигии ҷамоатҳои деҳоти зикргардида ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

Дар ин давра, дар маҷмуъ ба 14 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ эътироз оварда шуда, 106 нафар аз рўйхати эҳтиёҷмандон барои гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бинобар воқеан эҳтиёҷманд набуданашон хориҷ карда шуда, ба ҳисоби миёна зиёда аз 8,48 гектар қитъаи замин ба заминистифодабарандаи аввалиндараҷа (мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо) баргардонида шуданд.

Дар ин давра аз ҷониби прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 145 парвандаи ҷиноятӣ оид ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони ғайриқонунӣ дар ин қитъаҳои замин бо қисми 2, моддаи 338 Кодекси ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст.

Вобаста ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, аз ҷониби Прокуратураи вилоят ба унвонии раиси Кумитаи идораи замини вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо пешниҳодҳо ирсол гардида, аз натиҷаи баррасии ин пешниҳодҳо 8 нафар масъулини кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ва 32 нафар шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.

Ҳамзамон, тавассути чораҳои андешидашудаи прокурорӣ дар маҷмуъ 2086,18 гектар қитъаи замин, аз ин 1302,53 гектар замини кишоварзӣ, 749,3 гектар фонди давлатии ҷангал, 24,35 гектар маҳалли аҳолинишин ва 10 гектар фонди об ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

 С.ҶАЛОЛЗОДА,
прокурори калони шуъбаи назорати умумии
Прокуратураи вилояти Суғд,
мушовири адлияи дараҷаи 2,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

11 December 2017

Мулоқот бо донишӣўён

Ҳамасола чун анъана барои шиносоӣ бо буду бош, мушкилот, таъминот бо хобгоҳ, фарогирӣ бо таҳсил, шароит ва ҳаёти донишҷўёни макотиби олии вилоят вохўрӣ бо раисони шаҳру навоҳӣ баргузор мегардад. Дирўз дар «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд вохўрии донишҷўён бо раисони ноҳияҳои Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ доир гардид.

Раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода доир ба дастовардҳои ҷавонони донишҷўи ноҳия ҳарф зада, таъкид кард, ки онҳо ояндасози миллатанд ва барои пешрафти ҷомеа бояд саҳми шоиста гузоранд.

Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода қайд кард, ки донишҷўён – ҷавонони имрўза хуштолеъ ҳастанд, зеро дар замони Истиқлолият ва орому осудагии кишвар таҳсили илм доранду ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

-Имрўз дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ норасоии кадрҳо ташвишовар аст, барои муассисаҳои таҳсилотӣ омўзгорон намерасанд ва дар ин ҷода мо ба шумо - донишҷўён умед дорем,- изҳор дошт раиси ноҳия.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят 622 нафар ҷавонони ноҳияи Айнӣ ва 230 нафар толибилмони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар аст.

Дар фарҷом барои донишҷўёни фаъол кўмаки яквақтаи раисони ноҳияҳо супурда шуд.

Шаҳбону Олимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее