December 2017

11 December 2017

Зи ҳунар шуд гиромӣ гуҳар…

Давоми чанд сол аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баҳри дастгирии фаъолияти соҳибкории занону духтарон, эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани онҳо грантҳои Президенти мамлакат ва Раиси вилоят таъсис ёфтааст. Дар ин замина бо пешниҳоди лоиҳа ҳар сол бонувони зиёде соҳиби маблағ гардида, вазъи зиндагии хеш ва дигар эҳтиёҷмандонро беҳтар месозанд.

21 – уми феврали соли равон низ таҳти № 70 қарори Раиси вилоят «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2017» ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур барои рушди ҳунарҳои миллӣ 45 гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки аз он 10 грант ҳар яке 10 ҳазор сомонӣ, 10 грант ҳашт ҳазор сомонӣ ва 25 грант ҳар яке панҷ ҳазор сомонӣ буд, пешниҳод гардид.

- Пас аз ба тасвиб расидани қарори Раиси вилоят оид ба дастгирии занони соҳибкор аз ҷониби бонувони ҳунарманди шаҳру навоҳӣ, - қайд кард зимни суҳбат сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нигора Ғаффорзода, - 71 лоиҳа пешниҳод гардид. Ҳар як лоиҳаро аъзоёни комиссия баҳогузорӣ ва беҳтарини онҳоро интихоб карданд. Аз ҷумла, ҳунармандони шаҳрҳои Хуҷанд (4 нафар), Истаравшан, Панҷакент, Конибодом ва Бўстон (ду нафарӣ), Исфара (3 нафар), Гулистону Истиқлол (як нафарӣ), ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров (9 нафар), Ашт, Мастчоҳ ва Деваштич (се нафарӣ), Кўҳистони Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Айнӣ (ду нафарӣ), Спитамен ва Зафаробод (як нафарӣ) ғолиби озмун гардиданд. Эълон шудани озмун байни соҳибкорзанон, ки чанд сол инҷониб идома дорад, иқдоми хубест.

Агар соли 2016-ум барои амалигардонии қарори зикргардида 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда, аз 61 нафар лоиҳаи пешниҳодшудаи соҳибкорзанон, 30 лоиҳа тасдиқ гардида бошад, имсол маблағи грантҳо бо ибтикори Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба 305 ҳазор сомонӣ расонида шуданд, - гуфт Н. Ғаффорзода. - Дар озмуни имсола на танҳо истеҳсолкунандагони матоъ, инчунин боғпарварон, гулпарварон ва асалпарварон низ иштирок карданд. Аз ҷумла, Дилором Абдуллоева аз шаҳри Истаравшан барои ташкили маҳсулоти коркарди пашм ва аз он тайёр кардани ришта барои қолинбофӣ, Муқаддам Насриддинова аз шаҳри Бўстон барои ташкили маҳфили «Курси кўтоҳмуддати манзаранигорӣ ва рассомӣ», Шаҳноза Исроилова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов барои омўзонидани маҳорати рассомӣ, Рисолатмоҳ Оқилова аз ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои ташкили коргоҳи «Шириниҳои Кўҳистони Мастчоҳ», Муҳаббат Абдуллоева аз ноҳияи Шаҳристон барои ташкили коргоҳи қолинбофӣ бо номи «Ҳунар сарҳад надорад» ва Фирўза Ҷумъаева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои бофтани қолинҳои абрешимин, Оҳиста Сўфиева аз ноҳияи Айнӣ барои ташкили сехи нонпазӣ ва қаннодӣ ва дигарон бо пешниҳодҳои ҷолиби асалпарварӣ, ширинипазӣ, парвариши гулҳои ороишӣ, рангуборкунӣ, аврабандӣ, симгулкашӣ, мўҳрабофӣ, гулпарварӣ, таъсиси марказҳои таълимӣ - истеҳсолӣ ва ғайра лоиҳаҳои хешро муаррифӣ сохтанд.

Эълон гардидани озмун ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои мухталифмазмун ва бо ин васила омўзонидани занони хонашин ба касбомўзӣ, ташкил кардани корхонаҳо ва муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ имкон медиҳад, ки вазъи иқтисодии хонаводагӣ беҳтар ва шумораи муҳоҷирон коста гардад.

Дар идомаи суҳбат Нигора Ғаффорзода баҳри беҳтар ба роҳ мондани ҳунарҳои миллӣ қайд кард, боиси ифтихор аст, ки то имрўз беш аз 150 маркази таълимӣ - истеҳсолӣ дар вилоят фаъолият доранд, ки сарчашмаи он Маркази таълимӣ - истеҳсолии «Шероз» дар шаҳри Хуҷанд буд. Дар як муддати кўтоҳ дар шаҳру навоҳии вилоят миқдори марказҳои таълимӣ - истеҳсолӣ афзуда, занони зиёдро соҳибкасб гардонид.

Агар соли оянда ҳам чунин озмунҳо эълон шаванд, мо ният дорем, пеш аз ҳама вазъи оилавии занонро ба инобат гирем. Сониян, солҳои пешин бибиҳову модарони мо бо дўхтану бофтан машғул буданд, ақаллан барои фарзандон ва наберагони худ куртаву ҷомачаҳо медўхтанд. Ҳоло ин анъана ҳам, мутаассифона, қариб ки аз хотирҳо зудуда шудаанд. Бо ин мақсад мо имсол тасмим гирифтем, андаке тағйирот дарорем. Барои чӣ ба ҷиҳози арўс дастархону рахти хобро аз давлати Туркия ва ё дигар мамолик дастрас менамоем? Ҳол он ки имрўз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар оғоз аз маҳсулоти хом то омода гардиданаш дар дохили кишвар муҳайё шуда истодааст. Пас, чаро мо дастархонҳои йўрма ва ё манзараҳои хушрўй кашидадўзишударо аз матои истеҳсоли худӣ омода насозем? Боре ба шаҳри Ниҷнқй Новгороди Федератсияи Русия сафари корӣ доштем. Дар он ҷо низ ҳунарҳои миллӣ рушд ёфта будаанд ва дастархон, сачоқ ва ҷиҳози рахти хобро бо санъати хоса омода сохтаанд. Чунин усулро дар вилоят низ ҷорӣ карданием.

Боиси шодмонист, ки солҳои охир занони соҳибкор аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хосатан Раиси вилоят дастгирӣ меёбанд ва шумори бонувони ҳунарманд низ афзуда истодааст.

Мегўянд, ба дасти беҳунар алмос шиша харошаду ғиҷҷак майна тарошад, биёед, ҳамагон соҳибҳунар бошему бо маҳорату санъати касбии хеш ҷаҳониёнро тасхир созем.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ

10 декабри соли 2017 дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулкӣ мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун баҳри тавсеаи ҳамкорӣ ва ба сатҳи баландтар баровардани онҳо имконоти фаровон доранд ва мо омодаем, бо дарназардошти манфиатҳои миллии ду кишвари дӯст, тамоми воситаҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳоямон истифода барем.

Читать далее

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун

10 декабри соли 2017 нахустин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Ал Ҳуссайния оғоз гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Читать далее

Эмомалӣ Раҳмон — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

9 декабри соли 2017 дар рӯзи якуми сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вакилони Шӯрои шаҳрдории Аммон ва аъзои маъмурияти ин шаҳр баргузор шуд.

Пеш аз оғози вохурӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ намоишгоҳи дастовардҳои мардуми тоҷик, аз қабили чакан, зардӯзӣ, аксу мусаввараҳои манзараҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва намунаи дигар анъанаҳои миллии халқи тоҷикро, ки аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ташкил гардида буд, тамошо карданд.

Читать далее

Маҷлиси навбатии шӯрои ҳаракати ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

8 декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маҷлиси навбатии шӯрои ҳаракати ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид, ки дар он аъзоён ва собиқадорони ин ҳаракати ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Нахуст, Нигора ҳайдарзода муовини раиси шаҳр суханронӣ намуда, иброз намуд, ки шоистаи таҳсину ифтихор аст, ки бо талошҳои сулҳҷӯёнаи ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои фарорасии сулҳу ваҳдати ҳамагонӣ, таҳкими истиқлолият, устувор намудани пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳисси наҷиби ватандӯстию ватандорӣ самараи нек оварданд.

“Месазад гӯем, ки миллати сарбаланди тоҷик истиқлолияту озодиро осон ба даст наовардааст. Бинобар ин зарур аст, ки ин неъмати бебаҳоро бар ивази ҷони хеш ҳифз намоем. Тавре аз авроқи рангини таърихи бостонамон медонем, ниёгонамон фарҳангу адабро қадр намуда, барои ривоҷу равнақи он то ба рӯзҳои мо ҷоннисориҳо кардаанд” – афзуд, Н.Ҳайдарзода муовини Раиси шаҳр.

Ҳамчунин, дар кори маҷлис Абдулҳаким Шарифов – котиби ҳамоҳангсозии Шӯрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Мавҷуда Мирпочоева мушвоири калони Шӯрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Қобилҷон Усмонов раиси Шӯрои куҳансолони Шӯрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раънои Зоирдухт раиси бахши Истаравшании Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Матлуба Мухторова раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ва Абдуваҳҳоб Қаюмов раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр суханронӣ намуданд.

 МИҲД Истаравшан

Читать далее

08 December 2017

ВОХЎРИИ СУДМАНД БО ДОНИШҶЎЁН

 

 

 

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси ҷадвалитасдиқгардидаиМақомотииҷроияи ҳокимиятидавлатиивилоятиСуғдвохӯриираисонишаҳруноҳияҳободонишҷӯёнидомадорад. Чунин мулоқоти судманд дирўз бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент ва донишҷўёни донишгоҳҳову донишкада, омўзишгоҳҳои касбӣ дар толори Муассисаи давлатии Кохи Рўдакии маркази вилоят баргузор гардид.

Чорабиниро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, изҳор дошт, ки мақсади мулоқот аз наздик шинос гардидани роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо аз вазъи зисту зиндагии донишҷўён мебошад.

Сипас раиси шаҳри Панҷакент Шафеъиён Ислом Зиёзода доир ба дастовардҳои соҳоти гуногуни шаҳр дар соли равон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи маориф маълумот дода, зикр дошт, ки алҳол дар маҷмўъ 974 нафар донишҷўён дар макотиби оливу касбии мухталифи маркази вилоят таҳсил доранд.

-Дар қаламрави шаҳр корҳои ободониву созандагӣ босуръат пеш меравад ва эҳтиёҷ нисбат ба қувваи корӣ, мутахассисони соҳибкасб сол то сол меафзояд. Имрўз яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо ҷалби мутахассисони ҷавони меҳнатқарину кордон аст.

Сипас раиси шаҳр ба чанде аз донишҷӯёни фаъолу аълохон кӯмакпулии яквақта супорид.

Дар охир донишҷӯён аз роҳбарияти шаҳр доир ба масоили гуногун дархосту пешниҳодоти хешро арз доштанд.

Маъмурахон САМАДОВА

 

 

 

Читать далее

Мулоқот бо донишҷўён

 

 

 

Ҳамасола чун анъана барои шиносоӣ бо буду бош, мушкилот, таъминот бо хобгоҳ, фарогирӣ бо таҳсил, шароит ва ҳаёти донишҷўёни макотиби олии вилоят вохўрӣ бо раисони шаҳру навоҳӣ баргузор мегардад. Дирўз дар «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд вохўрии донишҷўён бо раисони ноҳияҳои Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ доир гардид.

Раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода доир ба дастовардҳои ҷавонони донишҷўи ноҳия ҳарф зада, таъкид кард, ки онҳо ояндасози миллатанд ва барои пешрафти ҷомеа бояд саҳми шоиста гузоранд.

Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода қайд кард, ки донишҷўён – ҷавонони имрўза хуштолеъ ҳастанд, зеро дар замони Истиқлолият ва орому осудагии кишвар таҳсили илм доранду ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

-Имрўз дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ норасоии кадрҳо ташвишовар аст, барои муассисаҳои таҳсилотӣ омўзгорон намерасанд ва дар ин ҷода мо ба шумо - донишҷўён умед дорем,- изҳор дошт раиси ноҳия.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят 622 нафар ҷавонони ноҳияи Айнӣ ва 230 нафар толибилмони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар аст.

Дар фарҷом барои донишҷўёни фаъол кўмаки яквақтаи раисони ноҳияҳо супурда шуд.

Шаҳбону Олимова,

«Ҳақиқати Суғд» 

 

 

 

Читать далее

07 December 2017

Ҳимоя аз бемории зардпарвин

Зардпарвин бемории сирояткунанда буда, барангезандааш вирус мебошад. Зардпарвини шакли “А” бемории вирусӣ буда, ҳангоми сирояти он бештар ҷигар зарар мебинад. Беморӣ асосан характери мавсимӣ – афзоишӣ дошта, ба давраи тирамоҳу зимистон рост меояд.

Вируси зардпарвин дар хун қарор мегирад ва ба атроф ба воситаи хориҷшавӣ тавассути рӯда паҳн мегардад. Он ба гурӯҳи бемориҳои сироятии рӯдамонанд шомил буда, аксаран вирус ба организм ба воситаи дасту ашёҳо (масалан, бозича, рӯйҷо) мегузарад. Бештар ба ин беморӣ кӯдакони аз 2 то 7-сола гирифтор мешаванд, аммо дар миёни одамони то 30-сола низ ин беморӣ мавҷуд аст.

Дар муддати се ҳафта аз оғози зардпарвин шахси бемор сирояткунанда мебошад. Давраи ниҳонӣ (аз вақти сироятёбӣ то нишонаҳои аввалин) ба ҳисоби миёна 21 рӯзро дарбар мегирад.

Беморӣ оғози шадид дорад, баъзан ҳарорати бемор баланд мешавад, дарди шикам ба мушоҳида мерасад, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ пайдо ва иштиҳо баста мегардад. Ин давраи ибтидоӣ буда, ду ҳафта идома меёбад, аммо аксаран 5 рӯз тӯл мекашад. Ҳарорати баланд муддати 1-3 рӯз боқӣ мемонад. Баъди пастшавии он шахси бемор бемадориро эҳсос карда, аз дарди шикам шикоят мекунад.

Пас аз тамомшавии давраи аввал, зардпарвин пайдо шуда, беморӣ авҷ мегирад. Нишонаи хоси он дар зардии сафедии чашм ва пӯсти бемор муайян мегардад. Зардпарвин асосан 15 рӯз тӯл кашида, баъди он бемор оҳиста-оҳиста сиҳат меёбад. Баъзан ин беморӣ бидуни зардшавӣ зуҳур карда, гоҳо нишонаи давраи ибтидоии он ба мушоҳида мерасад. Аз қабили баландшавии ҳарорат, дарди шикам, камиштиҳоӣ, инчунин тирагии пешоб ба мушоҳида расида, баъд бемор худро хуб ҳис намекунад. Аммо аз рӯзи аввали беморӣ ҷигар ҳаҷман васеъ мегардад.

Назорати духтур зарур буда, риояи баъзе шароиту тартибот ва парҳез ба фоидаи саломатӣ аст.

Қаноат ҚУШНАЗАРОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббии
 ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Заминаи мусоид барои таъмин бо ҷои кор

Дар ноҳияи Мастчоҳ азхуд намудани заминҳои бекорхобида идома доранд.

Давоми солҳои 2015-2017 дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиён 136 гектар боғи сиёҳолу бунёд шудааст. Ин заминҳо беш аз 15 сол ин ҷониб аз истифода бозмонда, бекор буданд.

Бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мавзеи Дилварзин -2 бо 4 адад дастгоҳи обкашӣ, ва муҳаррики нави барқӣ таъмин шуд. Ба кор андохтани онҳо имконият дод, ки заминҳои солҳо истифоданашуда аз нав ба гардиши кишоварзӣ ворид гарданд.

Дар ин мавзеъ шаҳраки замонавӣ бо номи Меҳробод қомат афрохта, бунёди боғи сиёҳолу барои бо ҷои кор таъмин шудани аҳолии он ҷо мусоидат менамояд.

Ба гуфти сардори раёсати кишоварзии ноҳия Нарзулло Боймирзоев раванди бунёди боғ муттасил идома дошта, айни ҳол беш аз 45288 бех ниҳол шинонида шудааст.

Ин иқдом минбаъд низ давра ба давра идома ёфта, ниҳолҳо соли 2020-ум ба ҳосил медароянд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Таъмири канал: Раҳоӣ аз беобӣ

Азхудкунии заминҳои обӣ ва бекорхобида дар миқёси вилоят аз ҷониби кишоварзон идома ёфта, дар он зироатҳои ғалладонагӣ ва полезӣ кишт карда мешаванд.

Кишоварзони шаҳри Истаравшан, бахусус дар мавзеи Сексарӣ аз оби полезӣ танқисӣ доранд. Бино ба маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳр дар ин мавзеъ 3 ҳазор гектар замини корам мавҷуд буда, аз ин 632 гектар захираи махсус ва 563 гектар замини захираҳои давлатиро ташкил медиҳанд. Асосан дар заминҳои дашти Сексарӣ кишоварзони чаҳор Ҷамоати деҳоти шаҳр, аз ҷумла Зарҳалол, Қалъачаи Калон, Қалъаи Баланд ва Ҷавқандак зироат кишт мекунанд. Имсол дар ин мавзеъ бо сабаби нарасидани оби полезӣ 1279 гектар замин аз кишт бозмонд. Дар майдони 21 гектар боғ бунёд гардида буд, ки аз нарасидани об дарахтон аз афзоиш монданд.

Сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан Тоҳир Абдувоҳидов иброз дошт, ки алҳол дар ин мавзеъ корҳои таъмири каналҳои обгузар ҷараён дорад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби кормандони Идораи сохтмони асосии вилоят таъмири канали СМКА - 1 ва КНС – 4 идома дошта, ҳудуди наздик 200 метри он тавассути семент мустаҳкам ва барои обёрӣ намудани заминҳои кишт омода шуда истодаанд.

Тоҳир Абдувоҳидов иброз дошт, ки пойгоҳи обкашии КНС- 4 борҳо таъмир гардида бошад ҳам, ҳанӯз ба тармим ниёз дорад. Норасоии оби полезӣ мушкилии асосии ин мавзеъ ба ҳисоб рафта, дар сурати идома ёфтани чунин вазъият садҳо гектар замини кишти ин мавзеъро метавон аз даст дод.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"

Читать далее