06 February 2018

Иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ

Рӯзи 4 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз бахшид.

Дар ин рӯз бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳни маҷмааи фарҳангӣ - фароғатии назди қасри фарҳанги ноҳия ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд. Роҳбари вилоят масъулинро ҷиҳати нигоҳубини дарахтон ва сарсабзу хуррам гардонидани ин мавзеъ вазифадор намуд.

Читать далее

Саёҳат бо имконият рўҳафзо гардад!

Бо иқдоми бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, дар ин самт корҳои амалӣ, дарёфти захираву имкониятҳои соҳа маҷрои нав мегиранд.

Гузашта аз ин Президенти кишварамон аз солҳои ба даст овардани ваҳдату ҳамгироӣ ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, дараҳои Варзоб, Ромит ва ноҳияи Балҷувонро минтақаи сайёҳӣ муаррифӣ намудаанд. Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашт. Баҳри рушди соҳа барномаҳо қабул ва роҳандозӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, соли 2009 «Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ барои солҳои 2009-2019» қабул гардид. Соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳӣ мустақил шуд ва ваколатҳову имкониятҳояш бештар гаштанд.

Кишвари мо дорои имкониятҳои зиёди сайёҳӣ мебошад. Агар як ба худи пойтахт - шаҳри Душанбе назар андозем, рўз аз рўзу сол ба сол обод, гулафшон ва сарсабз гашта, иморатҳои бошукўҳ ҳусни онро дучанд карда истодаанд.

Дар манотиқи кишвар роҳҳои наву замонавӣ бунёд гаштанд. Тоҷикистон, ки то ин вақт дар радабандии роҳҳои автомобилгард аз зинаи 100-ум боло буд, ҳоло дар ҷои 70-ум қарор дорад. Якбора чунин ҷаҳиши бузург, албатта, боиси нуфузи кишвар мебошад. Аз рўи тадқиқоти яке аз созмонҳои бонуфуз оид ба тараққиёти сайёҳӣ кишварамон дар ҷаҳон дар бобати саёҳати кўҳнавардӣ дар ҷои 7-ум қарор дорад.

Раводиди содакардашудаи электронӣ, ки 109 мамлакатро дарбар мегирифт, ба 146 мамлакат расонида шуд. Агар соли 2016 ба Тоҷикистон аз 102 давлат сайёҳон омада бошанд, соли 2017 миқдори ин давлатҳо ба 146 расид, ки 15,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон дорои захираҳои бои сайёҳӣ аст, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, анъана, расму русум, хўрокҳои миллӣ, ҳунармандӣ, иқлими хос, обҳои софу зулоли Искандаркўл, Зоркўл, Сарез, Ромит, Явроз, Варзоб, Чилдухтарон, Саразм, кўҳҳои Фон, Ҳафткўл, Чилучорчашма, Хоҷаобигарм, Обигарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Зумрад, Сари Хосор номгўи нопурраанд, ки диққати ҳазорҳо дўстдорони сайру саёҳатро ба худ кашидаанд.

Боиси хурсандист, ки Сарвари давлат имтиёзҳои зиёдеро барои ширкатҳои туристӣ фароҳам овардаанд, ки на дар ҳама давлатҳо ҳастанд.

Мо ба сайёҳони хориҷӣ бояд ба таври шоиста табиати дилфиреб, обҳои зулол ва ёдгориҳои таърихию фарҳангиамонро муаррифӣ намоем. Обҳои гарму минералӣ барои даҳҳо беморӣ шифобахш буда, теъдоди растаниҳои доругӣ ба 3,5 ҳазор навъ мерасанд. Сайёҳон барои табобат, истироҳат ва сайру тамошо мамлакати моро интихоб менамоянду хато намекунанд. Метавонем сайёҳиро дар соҳаҳои гуногуни он, ба мисли қаиқронӣ, аспсаворӣ, кўҳнавардӣ, экологӣ, табобатӣ, кишоварзӣ, таърихӣ, тиҷоратӣ ва амсоли инҳо ривоҷу равнақ диҳем, Тоҷикистон чун ҷавҳари кашфношуда метавонад ҷои дўстдоштаи сайёҳони олам гардад. 8497 пирях ва дарёҳои софу зулол, дар замоне, ки инсоният бо душворӣ ба масъалаи об рў ба рў истодааст, афзалияти дигаре барои кишварамон маҳсуб мешавад. Аммо барои ҳамаи ин пеш аз ҳама тайёр кардани кадрҳо аҳамияти махсус дорад. Аввалан барои ширкатҳои сайёҳӣ фароҳам овардани шароити сармоягузорӣ зарур аст.

Ба соҳибкороне, ки дар ин ҷода кору фаъолият мекунанд, пешниҳоди як қатор имтиёзҳо лозим аст. Чӣ тавре дар Паёми навбатиашон Президенти мамлакат эълон доштанд, онҳо аз боҷи гумрукӣ ва арзиши иловашудаи андоз озод карда мешаванд. Зеро дар соли 2020 бояд ташрифи сайёҳон ба зиёда аз 1 миллион нафар расонида шавад. Ҳамчунин, ширкатҳои ҳавоӣ низ дорои чунин имтиёзҳо мегарданд, ки ин ба пастшавии арзиши роҳ оварда мерасонад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар 5 донишкада мутахассисони соҳаи сайёҳӣ тайёр мекунанд. Пеш аз ҳама, онҳо бояд фарҳанги хизматрасониро ба сайёҳон баланд бардошта, 2-3 забонро донанд, миллат, боигарӣ, урфу одати онро муаррифӣ карда тавонанд. Ташкили хатсайрҳои нав, тармиму таҷдиди инфрасохтор, омода намудани маводи иттилоотӣ, раводиди соддакардашуда, такмили қонунгузорӣ, қабулу роҳбаладӣ, муаррифӣ, тарбия, таълим ва бозомўзии кадрҳои ҷавон метавонанд, миллати моро дар хориҷа чун миллати бофарҳанг нишон диҳад. Сангтарошӣ, гилембофӣ, нақшу нигор, кандакорӣ, кошинкорӣ, заргарӣ, зардўзӣ, адрасу атласбофӣ, чакандўзӣ, ресандагӣ ва даҳҳо дигар ҳунарҳои миллӣ метавонанд диққати сайёҳонро ба худ кашанд. Сохтани меҳмонхонаҳои хурд-хурд дар фосилаҳои муайян талаби рўз аст. Барои онҳое, ки дар соҳаи сайёҳӣ кор мекунанд (чӣ хусусӣ ва чӣ давлатӣ) ташкили курсҳою семинарҳои бозомўзӣ ба манфиат аст.

Тоҷикистон дар минтақа дорои зарфият ва потенсиали беназир аст. Маблағҳои барои сайёҳӣ сарфшуда боз пас баргашта, ба ғанӣ шудани буҷа ва пешравии иқтисодиёт мусоидат менамоянд. Мардум соҳиби ҷои кор гашта, сафи бекорӣ рў ба коҳиш меорад, сатҳи зиндагӣ ба маротиб боло меравад, дар соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, сохтмон, саноат, ҳунармандӣ, табобат, меҳмонхонаҳо, роҳбаладӣ ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд.

Аллакай баъди эълони соли рушди сайёҳӣ Кумитаи сайёҳӣ портали худро бо 3 забон-русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ тайёр расонида, қадами аввалро монд. Бақайдгирии сайёҳон аз 3 ба 10 рўз расонида мешавад. Чунин иқдомҳои созанда бисёранд.

Ҳасан АЛИМЗОДА,
ноҳияи Айнӣ

Читать далее

Меҳмонхонаи замонавӣ дар соҳили Сирдарё

Дар маҷлисгоҳи маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, масъулини мақомоту сохторҳо нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оид ба натиҷаи солонаи соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ, варзиш ва рушди сайёҳӣ дар соли 2017 гузориш дод

Қайд гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли 2017 66 намуди маҳсулоти саноатӣ ба миқдори 942,6 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 173,7 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳамчунин, дар ин муддат 20 корхонаи истеҳсолии нав таъсис ёфта, аз ин ҳисоб беш аз 170 шаҳрванд бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ҷодаи рушди сайёҳӣ бошад, дар шаҳр 32 ёдгории таърихӣ, 3 ёдгории археологӣ, 25 ёдгории шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд буда, 12 меҳмонхона барои қабули сайёҳон омода аст. Алҳол барои пурра намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар кўчаи Сирдарё меҳмонхонаи замонавӣ бунёд гардида истодааст, ки барои рушди ин соҳа мусоидат хоҳад кард.

Намояндагони васоити ахбори омма бобати таъмири намуди берунаи биноҳои баландошёна, ворид кардани автобусҳо ба шаҳр, хисороти тундбод, таъмири қубурҳои об, имтиёз ба ҳунармандон, ҷавобгў набудани биноҳои навсохт ба талаботи шаҳрсозӣ, сохтмони мактабҳои нав, ҷинояткорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, қадршиносии омўзгорону хонандагон ва дигар муаммоҳои ҷойдошта ба масъулин суол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,
Ҳақиқати Суғд

Читать далее

Ифтитоҳи толори варзишӣ

Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷумҳурӣ яке аз деҳаҳои сераҳолитарин ба шумор рафта, он бо вилояти Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Дерест, ки байни аҳолии ин ду давлат муошират ва ҳамкорӣ идома дорад.

Бо мақсади густариши дўстии ду миллат аксари чорабиниҳо дар байни занон ва ҷавонон дар якҷоягӣ доир мегардад. Мутаассифона, баробари фаро расидани фасли сармо бо сабаби набудани толори зимистона аксар чорабиниҳои фарҳангӣ – маърифатӣ, хосатан варзишӣ баргузор намегардид.

Роҳбари Маркази дастгирии ҷамоати номбурда Мунирҷон Аминов изҳор дошт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, маъмурияти ҷамоат, соҳибкорон ва дар доираи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид тибқи лоиҳаи «Ҳамкории байнисарҳадӣ бо мақсади таъмин намудани сулҳ ва рушди устувор» бинои варзишии зимистона қомат афрохт. Бинои варзишӣ барои баргузории минӣ – футбол, волейбол, баскетбол ва гўштингирӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар доираи Барномаи мазкур истгоҳи маҳаллии Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби трактори нав ва воситаҳои ёрирасон гардид. Ҷамоати номбурда давоми ду сол аст, ки бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории қавиро ба роҳ монда, соли гузашта дар доираи лоиҳаи «Рушди ҷамоат то соли 2020» дастрасии нақлиёти партовкашонро ба нақша гирифта буд.

- Дар ҷамоат аз соли 2010 инҷониб шуъбаи хизматрасонии хоҷагии коммуналӣ фаъолият барад ҳам, аммо бо сабаби надоштани техника баровардани партов аз хонаҳои сокинон бо ҷалби кормандони кироя ва нақлиёти шахсӣ ба роҳ монда шуда буд, ки дар ин самт аз буҷаи корхона маблағи калон масраф мегардид, - гуфт муовини раиси ҷамоат Абдуҳамид Одинаев. Дар ҷамоати номбурда зиёда аз 24 ҳазор аҳолӣ истиқомат доранд ва хоҷагии коммуналӣ барои 16 ҳазор сокини се деҳа хизмат мерасонад. Алҳол омода намудани нақшаи хатсайри нақлиёт дар ҷойҳо ҷараён дорад.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее