February 2018

16 February 2018

Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси фаъолон баргузор шуд

Рӯзи 14 феврал бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси фаъолон баргузор шуд.

Дар рафти маҷлис роҳбари вилоят вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таҳлил намуда, барои бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда супориш дод. Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар ноҳия дар соли сипаришуда ба андозаи 102,3 дарсад ва буҷети маҳаллӣ 109,4 дарсад иҷро гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 196 миллион сомонӣ баробар гардида, аз 30 корхонаи фаъолиятдошта як адади он фаъолият набурд ва 7 корхона нисбат ба соли 2016 камтар маҳсулот истеҳсол кардааст.

Читать далее

Дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор шуд

Рӯзи 14 феврали соли 2018 дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор шуд.

Зимни суҳбати рӯ ба рӯ бо мардум иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят изҳор дошт, ки қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти мавҷуда доир мешавад.

Читать далее

15 February 2018

Амалҳои террористӣ пешгирӣ гардиданд

Дар толори Раёсати Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

Сардори Раёсати мазкур, генерал-полковник Қудратулло Назарзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ - хизматии Раёсат изҳор дошт, ки дар давоми соли 2017 аз ҷониби ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиршавии 5712 ҷиноят, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва прокуратура 4854 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, тафтишоти ошкорнамоии 4478 адад, яъне 93,35 фоизи ҷиноят таъмин шудааст.

-Мутаассифона, содиршавии ҷиноятҳои бо истифодаи силоҳ 200 фоиз, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 52,78 фоиз, таҷовуз ба номус 12,5 фоиз, ғоратгарӣ 12,5 фоиз, авбошӣ 5,52 фоиз, тасарруфи моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо роҳи азхудкунӣ ё исрофкорӣ 13,8 фоиз, порахӯрӣ 45,45 фоиз нисбат ба соли 2016 зиёд гардидааст, - гуфт мавсуф.

Қайд кардан бамаврид аст, ки натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои муайян, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудани аъзоёни ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистӣ, дарёфт ва мусодираи маводи мухаддир назаррасанд.

Дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 3 амали террористӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара ва Ҷаббор Расулов пешгирӣ, ҷинояткорон дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Соли гузашта аз ҷониби ноболиғон ҳамагӣ 170 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, аз он 114 ҷиноят дар танҳоӣ ва 56 ҷиноят дар ҳайати гурӯҳӣ содир гардидааст.

Қудратулло Назарзода ҳамзамон дар бобати афзоиши садамаҳои роҳу нақлиётӣ қайд кард, ки теъдоди бештари онҳо дар роҳҳои автомобилгарди шаҳру навоҳии Гулистон,

Конибодом, Мастчоҳ, Шаҳристон ва Айнӣ сар задаанд. Соли 2017 дар маҷмӯъ 321 садамаи роҳу нақлиётӣ, аз ҷумла 107 садамаи ҳалокатовар ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 140 нафар ба ҳалокат расида, 320 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ ба суоли рӯзноманигорон аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас дода шуд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Аҳолӣ кай қарзи барқро месупорад?

- Бо сабаби он ки истифодабарандагони неруи барқ маблағи барқи истифодашударо сари вақт пардохт накардаанд, қарзи умумиашон 315,4 миллион сомониро ташкил намудааст. Бештари қарз ба аҳолӣ рост меояд, ки ҳаҷми умумии он 114,8 миллион сомониро дар бар мегирад. Ин қарз аз солҳои пеш ҷамъ шудааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Шабакаҳои барқии вилояти Суғд Тӯра Атамов. 

Ҳамчунин, дар бобати татбиқи лоиҳаи барқарорсозию таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Гулистон маълумот дод.

Лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО Дӯстии халқҳо» бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ҳамчун Бонки инвеститсионии Аврупо амалӣ шуда истодааст.

Асосноккунии техникию иқтисодии ин лоиҳа аз тарафи ширкати мушовир «1С consulenten» аз Австрия иҷро гардида, мувофиқи он таҷдид дар ду марҳала амалӣ мегардад. Дар марҳалаи аввал ивази ду агрегат ба нақша гирифта шудааст. Марҳалаи дуюм бошад, ивази боқимонда чор агрегат ва таҷҳизоти ёрирасонро дарбар мегирад. Маблағи умумии лоиҳа 170 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, имкон медиҳад, ки истеҳсоли неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии Қайроққум то 38 фоиз зиёд гардад.

Директори Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд Рустам Пӯлодов қайд кард, ки алҳол 65 ҳазор сокини шаҳри Хуҷанд ба системаи автоматикунонидаи биллингӣ пайваст шудаанд. Гузариш ба ин усул даст дод, ки алҳол аз ҷониби аҳолӣ пардохти истифодаи неруи барқ сад фоиз амалӣ гашта истодааст.

Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои марбут ба барқ суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Ҳунар аз молу мероси падар беҳ!

Ҳар фарди ҷомеа, махсусан занону бонувони мо бояд шукронаи давлати соҳибистиқлол, озодиву осоиш ва сулҳу оромиро карда, дар пайи ба даст овардани касбу ҳунар талош намоянд, барои худашон хонаву дари обод, аз имрӯза дида хубтар муҳайё кунанд, боиффату соҳибмаърифат бошанд, бо андешаву пиндори неки худ номбардори ин Ватан, ин миллат ва ин марзу бум бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дилбари ҳамакора

Дилбар муаллима, бофанда, дӯзанда, пойафзолдӯз, маҳсидӯз, кӯрпаву кӯрпачаву болиндӯз. ӯ бонуест, ки беш аз чил ҳунарро аз бар намудааст. ӯ бонуест, ки ба қавли калонсолон, аз ҳеҷ чиз ҳар чиз месозад. Дар солҳои мушкили замон мисоли баъзеҳо «чӣ кор кунам…?» нагуфт, ба кӯчаи сарбастаи зиндагӣ дар намондааст, балки аз рӯи гуфтаи волидайн рафтор кард. Аз либосҳои кӯҳна чизеро дар хаёл оварда, либоси дигаре омода сохтаасту аз сабзавоту меваҳо қандалоту шириниҳо ва дигар хӯрокҳои сабукро омода сохта, пешкаши фарзандонаш намудааст. Бо меҳнати ҳалолаш ҳамроҳи ҳамсафари ҳаётиаш Fайбуллоҷон Рустамов бори зиндагиро кашидааст ва аз солҳои мудҳишу вазнини ҳазору нӯҳсаду навадум раҳоӣ ёфтааст.

Пас аз чанде боз маҷбур рахти сафар баст, чун дигар муҳоҷирон заҳри мусофирӣ чашид. Вале тавре худаш мегӯяд, он қадар дар пастиву баландии ҳаёт пешпо нахӯрдааст. Худ ки муаллима аст, дар ҳамон шаҳри мусофирӣ низ аз китобу рӯзномаву маҷаллаҳо канда набуд. Мекӯшид аз хабару навовариҳои шаҳри Москваи Федератсияи Русия, ки дар он ҷо бо меҳнат машғул буд, огоҳӣ дошта бошад.

Инак, ҳамин рағбаташ ба рӯзномаҳои давр буд, ки рӯзе чашмаш ба эълони мӯҳрабофон афтод ва суроғи он манзил намуд. Он маконро дарёфт. Дар ҳуҷрае ду - се нафар занони калонсол бо мӯҳрабофиву ҳалқасозиву дастбандбофӣ машғул буданду маҳсули меҳнати онон рӯи миз гузошта шуда буд. Баробари ворид гардидан аз маҳсули меҳнати омодасохтаашон чашм наканда, ба ҷои салому алейк аз қаъри дилаш шодиву сурурашро бо оҳанги «ваҳ» баён кард. Он се нафар зани рус ба ин шавқу ҳаваси тоҷикзан шод гашта, гуфтанд «аз ту ҳунарманди хубе мебарояд. Ту дар як муддати кӯтоҳ ин ҳунарро азбар хоҳӣ кард, зеро баробари дидан ба ин санъат дил бохтӣ» ва дар хулосабарории худ онон хато накарданд.

Дилбохтаи санъат

Дилбар дар як муддати кӯтоҳ санъати мӯҳрабофиро азбар кард. Бо эҷоду тафаккуру хаёлоти худ аз нишондоди русзанҳо боз ҳам зеботар ҳалқаву гарданбандҳоро омода намуд. Ва пас аз се сол Дилбар Бӯриева ҳамроҳи духтараш Дилрабо ба ҳамёнаш маблағи бо меҳнат дарёфтааш ва инчунин чун бонуи ҳунарманд боз соҳиби як ҳунари дигар шуда, ба зодгоҳаш баргашт.

Маҳсули меҳнати омодакардаашро чун туҳфа нахуст пешкаши фарзандонаш намуд. Ҷигарбандон аз ин туҳфаи модар шод гашта, шодмонии хешро бо ҳамсолонашон тақсим намуданд. Ва дугонаву хешу пайвандон низ талабгори чунин санъати воло гаштанд. Вақте шумори хоҳишмандони санъати воло зиёд шуданд, Дилбар чун омӯзгори қаблӣ талабгорони санъати нотакрорро назди худ даъват намуда, аз касби мӯҳрабофӣ огоҳ сохт.

Устоди сахтгир соҳиби грант

Бо мақсади азбар кардани ин ҳунари нотакрор то поси шаб бонувону духтаракони зиёде дари ӯро мекӯфтанд. Дилбар аз чунин ранг гирифтани кор шод буд, зеро ҳар нафарро ӯ меҳнатқарин дидан мехоҳад. Минбаъд ӯро ба коллеҷу макотиб ва ателйеҳо даъват менамуданд. Духтаракону бонувон ва занони хонанишинро Дилбар дар як муддати кӯтоҳ ҳунарманд сохт. Азбаски талабгорони ҳунараш зиёд гаштанд, барои ҳамаи ононро бо мизу курсиҳо ҷойгир намудан мушкилӣ кашид. Борҳо таъкид месохт, ки ҳар яке дар соати муқарраргардидааш биёянд, аммо ташнагони омӯхтани ин ҳунар изҳор медоштанд, ки «боке нест, то холӣ шудани мизи корӣ ман рост истода, кори ҳамроҳонамро аз назар мегузаронам».

Вақте аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят оид ба гирифтани Грант ба ҳунармандон озмун эълон гардид, Дилбар ҳам лоиҳаи хешро пешниҳод карда, соҳиби маблағи муайян шуд. Дар хонааш бошад ҳам, барои шогирдон шароити хуб муҳайё сохт.

Шогирд аз Озарбойҷон!

Дарвоқеъ, як хусусияти шоистаи Дилбар Бӯриеваро бояд хотиррасон намоям, барои ӯ калимаи «не» вуҷуд надорад, пиру ҷавоне, ки дарашро бо мақсади азбар кардани ҳунар мекӯбанд, дасташ бигирифтаасту аз ҳунараш огоҳ сохтааст. Лоиҳааш оид ба соҳиб гардидани Грант барои даҳ нафар шогирд омода шуда бошад ҳам, аммо шумори дастпарваронаш дар як баст то ба бист нафар расидааст.

- Шумори шогирдонам агар гӯям, ки ба беш аз сад нафар расидааст, хато нахоҳад шуд, - мегӯяд ӯ. Ва боиси хурсандист, ки шогирдонаш санъати мӯҳрабофиашро то ба Озарбойҷон бурдаанд. Чанд муддат Гузал ном духтараке аз давлати Озарбойҷон омада, аз сеҳри ҳунари ӯ огоҳ гашта, алҳол дар ватани худ бо касби аз Дилбар омӯхтааш зиндагиашро беҳтар карда истодааст. Аз шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон, ноҳияҳои наздиктарини Бобоҷон Ғафуров, Спитамену Ҷаббор Расулов дари ӯ кӯфтаанд ва нозукиҳои касбашро азбар намудаанд.

Аз табори ҳунармандон

Аслан гирем, Дилбар дар оилаи ҳунарманд тавлид шудааст. Падараш Давронбек Бӯриев дар замони худ пойафзолдӯзи машҳур ва модараш Бисангин Саидова дӯзандаи моҳир буданд. Модараш ба қавле аз осмон нусха гирифта, куртаву камзӯл ва рӯймолҳои рангобаранг медӯхт. Талабгорон, мизоҷони зиёде дари остонаи падарашро охурча мекарданд. Ва Дилбари ҳамакора гоҳе дар назди модар бо сӯзану дӯхтан овора буду гоҳе ҳамроҳи қиблагоҳиаш мехчаҳои қатшударо бар рӯи санге гузошта, рост мекард.

Волидайн дар баробари омӯзонидани ҳунари худ аз баду неки ҷаҳон низ ҷигарбандонашонро огоҳ месохтанд. Ҳамин панду андарзи бузургонро ёдовар гаштани волидайнаш буданд, ки пас аз касби мӯҳрабофиро азбар намудан ҳунари хешро ба беш аз сад нафар омӯзонид.

Пас аз хатми мактаби миёна Дилбар роҳи факултаи математикаи Институти педагогии шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров)-ро ихтиёр кард ва беш аз сӣ сол дар мактаби миёнаи рақами сиюми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров булбулакони боғи донишро бо илми риёзӣ ошно сохтааст. Пеш аз мусофират дар Гимназияи “Нур” низ фаъолият бурд.

Ҳунар ӯро парвоз бахшид

Ба шарофати маҳсули меҳнаташ аъзои Иттифоқи ҳунармандон гардида, Дилбар Бӯриева дар Маркази “Исмоилиён”, “Пойтахт – 90”, “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе, намоишгоҳ ва чорабиниҳои вилоятие, ки дар шаҳри Бӯстон, Қасри варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ва дигар мавзеъҳо баргузор шудааст, ширкат варзида, соҳиби сипоснома, шаҳодатнома ва ғайраҳо гаштааст.

ӯ мафтуни ҳунари хеш аст ва аз сифату хусусияти ҳар як маҳсули омодакардааш бо шавқ ҳарф мезанад. Ҳалқаву мӯҳраҳояшро, ки аз сангҳои табиии фирӯзаи сабзу кабуд, гетатит, лоҷувард ва ғайраҳо омода гардидаанд, «Нозанин», «Баҳор», «Мавҷ», «Шарлотта», «Тӯмор», «Шаддаи марҷон», «Дастагул», «Марҷон» ва «Арӯс» номгузорӣ кардааст.

Имсол мо, ҳунармандон шодем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон Соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Ин иқдоми хуш ҳамаи мо, ҳунармандонро шод гардонд. Барои мо, ҳунармандон мораторий эълон карданд ва шодам, ки аз маҳсули меҳнатам маблағи арзандае бароям боқӣ мемонад.

Фарзандон идомабахши кори модаранд

Метавон гуфт, оилаи Дилбар Бӯриева идомабахши кори падару модаранд ва ҷигарбандонаш Ҳикматой, Гавҳарой, Иззатой, ӯғулой, Раҳматулло ва Дилрабо низ аз аҳли ҳунаранд. Чанде пеш духтараш Дилрабо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии ӯзбекистон ҳунари сандуқсозии худро пешкаши аҳолии ҳамсоякишвар намуда, бо маблағи зиёде баргашт.

Дилбар Бӯриева аз ҳунари худ болида мегӯяд:

Ҳунар аз кони тилло, кони зар беҳ,

Ҳунар аз молу мероси падар беҳ!

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
Аълочии матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ шинос шуда, дар ҷаласаи Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи олимпӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бинои мазкур бо харҷи 1,6 миллион сомонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Фароз» дар муддати кӯтоҳ мавриди таъмири асосӣ қарор гирифта, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ пурра таъмин гардидааст.

Читать далее

Чанд ғулом наметавонанд «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд: ё чӣ гуна наҳзатиҳо «аз беамакӣ харро амак гуфтаанд»?

Рӯзи гузашта расонаҳои наҳзатӣ эълон намуданд, ки гӯё «гурӯҳе аз шахсиятҳои сиёсии тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд», созмонеро бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис намудаанд. Ин номи баланд ва ин даъвои бузург боис шуд, то таваҷҷуҳ намоем, ки ин ин «озодандешон» кистанд ва ин иқдом то куҷо ҷиддист? Аммо, афсӯс, ки таҳқиқи масъала чизе бисёр ҳақиртар аз ин ному аз ин даъворо нишон дод. Бинобар ин, зарур донистем, ки баъзе мулоҳизаҳои худро нисбат ба ин «анҷуман» ва муассисони он ироа намоем.

Агар ибораҳои воҳиманоки «афроди шинохта», «шахсиятҳои сиёсии тоҷик», «рӯшанфикрони миллат», «озодандешони тоҷик» ва ғайраро, ки расонаҳои бегона дар муаррифии муассисони ин «анҷуман» истифода кардаанд, бо рӯйхати муассисон муқоиса кунем, мебинем, ки дар байни онҳо ягон шахсияти шинохта ё фарҳангии тоҷик вуҷуд надорад. Магар касе дар Тоҷикистон «шахсияти сиёсӣ» ё «фарди шинохта»-еро бо номи Темури Варқӣ, Равшани Темуриён, Аюб Эгамов ё Ҳаким Рабимпур мешиносад? Чи тавр чанд шахси гумном, ки се нафари онҳо ҳатто модарзод тоҷик набуда, забони тоҷикиро низ намедонанд, худро бешармона «озодандешони тоҷик» номидаанд? Аз кай боз намояндагони халқи бародар Темур Қиличовичу Равшан Темурович миллаташонро иваз карда, тоҷик шудаанд? Магар котиби матбуотии Маҳмуд Худойбердиевро, ки солҳо аз фаъолияти зиддитоҷикии ӯ репортаж таҳия мекард, «озодандеши тоҷик» номидан мумкин аст? Ё магар Аюб Эгамовро, ки як қаллоби техникӣ буда, дар Россия шахсан барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сохта мефурӯшад, «шахсияти сиёсию фарҳангии тоҷик» номидан чӣ маъно дорад?

Албатта, дар ин рӯйхат номи ду «чеҳраи интернетӣ», яъне Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Алим Шерзамонов низ дида мешавад, ки онҳо на бо фарҳангу озодандешӣ, балки маҳз ба фитнагарию муздурию хиёнаташон дар фазои маҷозии тоҷикизабон «шӯҳрат» ёфтаанд. Муздурии С.Истаравшанӣ баҳси дигар аст, аммо шояд Алим Шерзамонов, ки ба хотири фош шудани қаллобӣ ва барнагардонидани қарзҳои калон аз бонкҳои Тоҷикистон аз кишвар фирор карда, ҳоло нисбаташ бо ин ҷурмҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст, мехоҳад аз ҷиноятҳо гурехта, зери номи «сухангӯи Анҷумани озодандешони тоҷик» пинҳон шавад?

То имрӯз зери мафҳуми озодандешону фарҳангиёни тоҷик мо шахсиятҳое чун Мӯъмин Қаноат, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Гулрухсор,

Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Раҳими Мусулмониён ва ғайраро мешинохтем. Наход муассисони ин анҷуман то дараҷае ақлашонро хӯрда, худашонро бо чунин чеҳраҳои фикрию фарҳангии тоҷик баробар дониста бошанд? Наход акнун кори миллат то ҷое расида бошад, ки як мушт хоину авбош ва афроди бегона аз ҷавҳару арзишҳои тоҷикӣ худро «озодандешони тоҷик» ва «афроди шинохтаи фарҳангии тоҷик» муаррифӣ кунанд? Бешубҳа, ин таҳқири ошкоро ба миллати бузургест, ки ҳазорон фарзанди фарҳангсолору сиёсатмадор дорад.

Хулоса, такяи мухолифин ва хоҷагони онҳо ба ин дастаи шахсиятҳои гумному бадном нишондиҳандаи пурра аз байн рафтани заминаи иҷтимоии онҳо дар дохили кишвар аст. Ин ҳолат ҳамон масали тоҷикиро ба ёд меорад, ки «аз бенамакӣ сангро намак ва аз беамакӣ харро амак гуфтаанд».

Масъалаи дигари ҷолиб вобастагии аксари муассисони ин «анҷуман» ба хадамоти махсус ва доираҳои идеологии кишварҳои муайян мебошад. Аз шаш муассиси ин анҷуман, як нафар (Ҳаким Рабимпур) умуман зода ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, панҷ нафари дигар низ солҳо пеш шаҳрвандии Тоҷикистонро зери по гузошта, шаҳрвандии кишварҳои дигарро қабул кардаанд. Пас, онҳо аллакай ҳуқуқи маънавӣ ва асоси ҳуқуқии сухан гуфтан дар бораи Тоҷикистонро аз даст додаанд. Чун онҳо дар асл як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷиянд.

Аз ин миён, махсусан вобастагию муздурии Равшан Темуриён, Саидюнус Истаравшанӣ ва Алим Шерзамонов ба хадамоти хориҷӣ кайҳо муайян карда шуда, барои тамоми коршиносон маълум аст. Пас, чи гуна ватанфурӯшону муздурон дар бораи ватан ва «бунёди Тоҷикистони навин» даъво мекунанд?

Аммо аҷибтарин кори ин анҷуман дар ҳайати муассисонаш ҷой ёфтани номи С.Истаравшанӣ аст. Ин ватанфурӯш на танҳо давлату миллат, балки мазҳаби аҷдодии тоҷиконро низ кайҳо фурӯхта мазҳаби охундҳои шиаро қабул кардааст. Чӣ тавр метавон тасаввур кард, ки як охунди мутаассиби бо тамоми вуҷудаш душмани демократия ва дунявият, эълом намояд, ки мақсадаш «ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ» ва «ҳифзи дунявият» дар Тоҷикистон мебошад?

Ин агенти собиқадори шиизми байналхалқӣ аз назари физикӣ ҳам дар асорати доираҳои махсуси мазҳабӣ қарор дошта, ҳатто ҳуқуқи озодона берун рафтан аз ҳудуди ҶИ Эронро надорад. Чанде пеш вай дар посух ба баъзе пайомакҳо, ки ӯро барои музокира ба Туркия ё Дубай даъват намуда буданд, навишта буд, ки «мутаассифона, ҳаққи хуруҷ аз Иронро надорам...» Пас, чи гуна шахси ғулом ё инсоне, ки андеша ва зиндагияш пурра ба иродаи хоҷагонаш вобаста аст, метавонад «анҷумани озодандешон» таъсис диҳад? Ин пародия ба озодандешӣ ва ё таҳқири мафҳуми «озодандешӣ» аст. Ҳамин тавр, истифода аз номи ин чеҳраи манфури иртиҷоиро метавон ҷиддитарин хатои «муассисон» ё «муассисони муассисон»-и ин анҷуман номид, ки боиси аз аввал маҳкум ба нокомӣ шудани ин нақша шудааст.

Мушоҳида нишон медиҳад, ки «муассисон»-и ин анҷуман дар асл ҳамон афроди наздик ба Раиси ТЭТ ҲНИТ М.Кабирӣ буда, маошхӯрону ҳамфикрони ӯянд. Маҳз ҳамин афрод дар конфронсу ҳамоишҳои хориҷӣ дар канори М.Кабирӣ нишаста, барои ӯ свита ё воҳима месозанд; ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти ТЭТ ҲНИТ-ро ҳимоя мекунанд. Ин ҷо низ савол пеш меояд, ки чи тавр тарғиботчиён ва идеологҳои терроризму экстремизм метавонанд «озодандешон» ба ҳисоб раванд? Чи тавр касоне, ки аз як ҳизби террористӣ ҳимоят мекунанд, худро «озодандеш» меноманд?

Илова бар ин, маҳз аз ҳисоби атрофиён ва котибони матбуотии М.Кабирӣ таъсис шудани чунин «анҷуман», пеш аз ҳама ду ҷанба дорад:

Ҷанбаи сиёсии масъала ин аст, ки дар ду соли охир М.Кабирӣ бо супориши хоҷагони охундии худ бисёр кӯшиш кард, то бо ҷамъ кардани гурӯҳҳои мухолифи хориҷӣ як «эътилофи нерӯҳои мухолифини тоҷик»-ро ташкил кунад. Зеро хоҷагони ботаҷрибааш хуб дарк мекунанд, ки моҳияти иртиҷоӣ ва террористии ҲНИТ рӯз ба рӯз ба ҷаҳониён ошкор шуда, дар оянда дастгирии рӯйирости ин ташкилот мушкилтар хоҳад буд. Бинобар ин, ташкили эътилофи нерӯҳои оппозитсионӣ ё ИНОТ-2 як навъ ниқобӣ демократӣ ба моҳияти террористии ҲНИТ мешуд. Вале худхоҳии М.Кабирӣ боис гашт, ки ташкилотҳое чун «Гурӯҳи 24» ва «Ватандор», ки моҳҳо бо ҲНИТ дар бораи эътилоф музокира карданд, аз ин лоиҳа расман даст кашанд. Зеро ҳамагон мақсади шуми ин нақшаро дарк карданд ва нахостанд, ки бозичаи дасти наҳзатиён шаванд.

Бинобар ин, нақшаи хоҷагони Кабирӣ дар бораи таъсис додани «ИНОТ-2» ҳам дар фазои иттилоотию таблиғотӣ ва ҳам дар майдони сиёсию амалӣ пурра шикаст хӯрда, ТЭТ ҲНИТ дар саҳна боз танҳо монд. Аз ин рӯ, бо таъсиси ташкилоти киссагие чун «Анҷумани озодандешони тоҷик» ҲНИТ ва соҳибонаш мехоҳанд тасаввуреро ба вуҷуд оранд, ки гӯё чандин «ташкилоти сиёсӣ» бо онҳо ҳамкор буда, метавонанд эътилофи васеъ ташкил кунанд. Агар бо таърихи ин равандҳо нигарем, маҳз ҳамин ҳиллаи сиёсиро роҳбарони ҲНИТ бо маслиҳати ҳамин хоҷагонашон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои таъсиси ИНОТ-и якум низ истифода карда буданд. Аммо дар асл, ин «эътилоф»-ро худашон дар самти манфиатҳои худашон идора мекарданд.

Маҳз аз тарафи ҳамон хадамоти махсус ва аз тарафи ҳамон охунд - хоҷагони ТЭТ ҲНИТ тарҳрезӣ шудани ин нақшаро метавон ҳатто дар матни баёнияи ин «анҷуман» мушоҳида кард. Зеро калимаю ибораҳое чун «ниҳодина кардан», «фарҳанги демукросӣ», «манофеи кишвар», «ҳаддиаксари ҳуқуқ», «торихи ғанӣ», «аҳзоб», «демукротик» ва ғайра хосси забони адабии муосири тоҷикӣ набуда, ягон фарҳангии тоҷик онҳоро дар ин шакл истифода намекунад. Яъне, ҳатто матни баёнияи ин «анҷуман» дар Теҳрон ё Қум таҳия гаштаву ба «муассисон»-и аз забон бегонаи он фиристода шудааст, то зери он имзо гузоранд. Ин воқеият бори дигар ба кӣ будани муассисони ҳақиқии ин «анҷуман» ишора мекунад. Маълум аст, ки нақшаи «Озодагон» ноком шуд, акнун ба тарҳи «Озодандешон» гузаштаанд...

Аммо хоҷагони ҲНИТ як ҳақиқатро фаромӯш кардаанд, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон аллакай ин марҳиларо гузашта, акнун ин ҳилла ва ин изи пойи онҳоро бисёр хуб мешиносад. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон дигар ба ин хел дасисаҳо дода нашуда, фиреби чунин «анҷуман»-ҳоро намехӯрад.

Ҷанбаи тиҷоратии ин иқдом барои Кабирӣ дар он аст, ки бо таъсиси ташкилоти иловагӣ, гирифтани гранту кумакҳои хориҷӣ хеле осонтар мегардад. Кабирии тоҷир бо ин қадами тиҷорӣ метавонад даромадашро дучанд кунад. Акнун ҳар боре як миллион доллар барои чархонидани ҲНИТ гирад, як миллиони дигар ба номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» мегирад. Огоҳон медонанд, ки мақсади ин шахс, пеш аз ҳама, тиҷорат ва даромад аст ва барои ин кор аз ҳеҷ чиз даст намекашад. Мувофиқи гузоришҳо фақат дар се соли дар хориҷа қарор доштан, сармояи М.Кабирӣ се баробар афзоиш ёфтааст. Аз ин назар, «анҷуман»-и навро таъсиси канали дигари дарёфти кумаку грантҳо ё дақиқтараш, таъсиси ширкати навбатии тиҷории Кабирӣ номидан мумкин аст.

Баёнияи ин анҷуман нишон медиҳад, ки муассисон аз таҳаммули қоғаз истифода бурда, тамоми мафҳумҳо ва даъвоҳои баландро навиштаю эълон кардаанд. Аммо бо фарқ аз онҳо, имрӯз дар Тоҷикистон давлатмардон ва озодандешони ҳақиқӣ маҳз барои расидани ҷомеа ба ҳамин ҳадафҳо чӣ қадар заҳмат кашида истодаанд.

Агар дар ҳақиқат мароми ин анҷуман рушди демократия ва ҳифзи давлати дунявӣ бошад, пас магар муассисони он намебинанд, ки дар Тоҷикистон маҳз дар ҳамин самт чи қадар талош мекунанд? Оё онҳо хабар надоранд, ки давлат ва зиёиёни тоҷик маҳз барои ҳифзи низоми дунявӣ, барои аз хатари ифротгароии динӣ наҷот додани ҷомеа, барои аз байн бурдани хатари ташкилоти ифротгарои ҲНИТ ба сохти давлатдории дунявӣ чи қадар талошу ҷоннисориҳо кардаанд? Агар шумо ҳимоятгарӣ низоми дунявӣ бошед, чӣ тавр дар канори душманони дунявият сангар гирифтаед? Агар ин даъвоятон рост бошад, пас биёед, дар канори давлати дунявии Тоҷикистон бар зидди душманони дунявият, аз ҷумла ҲНИТ ва дигар нерӯҳои ифротӣ мубориза кунед.

Агар дар ҳақиқат мақсади Шумо ободии Тоҷикистон бошад, пас биёед бо сиёсати ҳукумат ҳамқадам шавед, ки дар солҳои охир тамоми кишварро ба як саҳнаи ободию созандагӣ табдил додааст. Ё шояд Шумо ба мисли хоҷагонатон нороҳатед, ки акнун мардуми Тоҷикистон дар чор фасли сол бо роҳҳои мумфарши сатҳи байналхалкӣ ба тамоми минтақаҳои кишвар рафтуомад мекунанд? Ё Шумо нороҳатед, ки акнун мардуми Тоҷикистон пурра бо барқ таъмин шудаю, ба содироти барқ рӯй меорад? Ё Шумо нороҳатед, ки имсол дар Тоҷикистон нахсустин чархаи НБО «Роғун» ба кор даромада, кишвар ба як қудрати энергетикӣ табдил мешавад? Агар аз ин дастовардҳо нороҳат нестед, пас чаро аз онҳо чизе намегӯед, онҳоро намебинед, аз онҳо истиқбол намекунед?

Ё агар дар ҳақиқат, мақсади шумоён «муаррифии миллат тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ» бошад, пас чаро ба икдомҳои бузурги давлат дар ин самт намепайвандед? Оё Шумо иқдомҳое бузургтар аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, ба феҳрасти ЮНЕСКО ворид кардани арзишҳо ва ёдгориҳои тамаддуни тоҷикӣ, бо ташаббусҳои глобалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани миллати тоҷик, аз минбари СММ садо додани нутқи тоҷикӣ ва ғайраро ҳатто тасаввур мекунед?

Хулоса, агар Шумо ватандӯсту озодандешед, марҳамат, сангари ватандорию озодандешӣ ин ҷост, дар канори давлату миллати худ барои бунёди низоми дунявии демократӣ, барои рушди кишвар ва муаррифии фарҳангу тамаддуни бузурги миллати тоҷик саҳм гузоред. Аммо афсус, ки Шумо ин қудрати фикрӣ ва фарҳангиро надоред ва бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию тиҷории Кабирӣ ва муздури манфиатҳои хоҷагони хориҷии ӯ шудед.

Ҷои таассуф аст, ки ному симои Шумо ҳамчун душманони озодандешӣ, ҳамчун савдогарони ватан ва ҳамчун муздурони бегонагон дар таърихи миллати мо барои ҳамеша сабт хоҳад шуд. Шумо агар заррае аз аҳли фарҳангу сиёсат бошед, пас, пеш аз ҳама маҳз ба ҳамин масъала биандешед.

Абдулло Ғафуров
корманди Академияи илмҳои ҶТ

Читать далее

14 February 2018

«Ал-Аҳром»-и Миср: Харитаи паҳншавӣва фаъолияти ҷанговарониТЭТ “ҲНИТ” дар сафи гурӯҳҳои террористии Ховари Миёна

Рӯзномаи бонуфузтарини Ховари Миёна - «Ал-Аҳром», ки аз соли 1875 дар Ҷумҳурии Арабии Миср фаъолият дорад, дар бораи фаъолияти террористии ТТЭ ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон ва робитаи пинҳонии ин ташкилот бо ДИИШ, «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод), «Ихвон-ал-Муслимин» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мақолаи таҳлилӣ нашр намуд. Зеро вақтҳои охир оид ба ҷиноятҳои пинҳонии аъзо ва роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ таваҷҷуҳи ҷомеа бештар аз пештар шудааст. Ба ибораи дигар, акнун дигар гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба ҳама халқи ҷаҳон ошкор шудааст.

Байни ду гурӯҳи террористӣ - Наҳзат ва ДИИШ- дар робита ба кумакҳои логистикӣ ва тайёркунонии кадрӣ ҷиҳати пиёда намудани амалҳои террористӣ ҳамкориҳо роҳандозӣ гардидааст. Ин иқдом дар ҳолест, ки теъдоди зиёди аъзоёни Ҳизби Наҳзат дар сафи ташкилоти террористии “ДИИШ” дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Адади дигари онҳо таҳти парчами «Ҷабҳат ан-Нусра», “Лашкари озоди Сурия” ва Ҳаракати исломии Узбекистон ҷангида истодаанд.

Додгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби Наҳзатро мамнуъ эълон намуда, ҳизбро ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил намуд.

Роҳҳо ва гурӯҳҳои махфии навпайдо

Мувофиқи гузориши хабарнигори “Ховар”, ТТЭ ҲНИТ аз таҷрибаи ДИИШ истифода бурда, роҳу василаҳои махфии наверо барои ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор додааст. Инчунин, чанд гурӯҳи террористӣ аз ҷониби Ҳизби наҳзат ташкил ёфтааст.

Роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта, навъи гуногуни узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб истифода карда мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирини кории тоҷик, ки дар хориҷи кишвар ва хусусан дар аврупо қарор доранд, эмин намондаанд.

Навъи дигари аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки дар лагерҳои ДИИШ таълим гирифта, бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд. Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари наҳзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд.

Асоси ақидаи ДИИШ ва Ҳизби наҳзати Тоҷикистон ҳарду аз як масдар сарчашма мегиранд.

Ҷиноятҳои ҳамшакл ва якмуҳтавои ваҳшиёнаи ҳарду гурӯҳ

Муқоисаи фаъолияти аъзоёни ДИИШ ва Ҳизби Наҳзати исломӣ, ҳодисаҳои хунини солҳои 90-мро ба ёд меорад. Ин ҳодиса ба шакли ваҳшиёна якбора дар ду масҷид дар минтақаи Кулоб ва Қурғонтеппа рух дод. Ин амали онҳо на танҳо мардумро, дар ҳайрат гузошта буд, баъд аз интиҳои намози Ҷумъа, ғайричашмдошт аъзоёни Ҳизб аз зери ҷомаҳои худ корду оҳанпораҳоро берун оварда ба мардуми ҳозиршуда дар намози ҷумъа ҳуҷум оварданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳангоми дастгир намудани ҷинояткорон, онҳо узвияти худро ба Ҳизби Наҳзат иқрор намуданд.

Тафсилот ва номи бархе ширкаткунандагон аз аъзоёни Ҳизби наҳзат, ки дар қатори гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна зери шиори “Ҷиҳод дар роҳи Худо” бар зидди ҳукуматҳои “кофир” дар Сурия, Ироқ ва Либия меҷанганд, ошкор гардид. Онҳоро дар бетартибиҳои “Баҳори араб” низ истифода бурданд. Дар аввал, адади зиёди аъзоёни Наҳзатро дар сафи гурӯҳҳои гуногун ба монанди ДИИШ, Ҷабҳатун-нусра ва Ҷунбиши  исломии Узбекистон, ки ҳамфикр буданд, тақсим намуданд.

«Ҷабҳат ан-Нусра»

Тоҷибоев Сайфиддин Маъмурович, соли таваллудаш 1983, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ сардори бахши ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Ҳамаи чорабиниҳои ин ҳизб дар ноҳияи Спитамен бо кумаки С.Тоҷибоев гузаронда мешуданд. Ҳоло ба сафи ташкилоти террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» шомил шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ амири гурӯҳи ҷамъияти «Ӯзбекон» таъйин гаштааст. Ӯ бо ҳар роҳу восита ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сафи ташкилоти мазкур даъват карда, то ҳол дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад. С.Тоҷибоев бародари худ Иброҳими Иномро низ ба сафи ин ташкилот даъват кардааст ва ӯ низ ҳоло дар Сурия  қарор дорад.

ДИИШ

- Шералиев Фаромуз Абдувалиевич, соли таваллудаш 1975, зодаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, солҳои 1992 то 1994 дар мадрасаи шаҳри Душанбе таълим гирифтааст. Дар мадрасаи «Мутавассила»-и шаҳраки Шаҳидони ноҳияи Ашт ҳамчун муаллим кор карда, ҳамзамон соли 2004 ба сафи ТЭТ ҲНИТ шомил шудааст. Номбурда бо даъвати бародараш Шералиев Абдуманнон Абдувалиевич, соли таваллудаш 1973 ба ҳизби мазкур шомил шудааст. Шералиев А. дар айни замон дар Украина қарор дошта, барои сомонаи ТЭТ ҲНИТ мақолаҳо менависад. Дар мақолаҳояш ҷанбаҳои ҷараёни салафияро тарғиб менамояд. Шералиев Фаромуз соли 2014 ба сафи ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил шуда, то соли 2016 дар сафи ин ташкилоти террористӣ меҷангад ва соли 2016 ба ҳалокат расидааст. Ҳамсар ва фарзандонаш то ҳоло дар Ироқ қарор дошта, бо Шералиев А. дар алоқа мебошанд.

- Ғайратов Муҳаммадҷон Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1986, зодаи шаҳри Кӯлоб, бо тахаллусҳои «Муҳаммад-таке», «Кабуд» ва «Абдусамад» шинохта мешавад. Аъзои ТТЭ ҲНИТ буда, соли 2010 бо кумаки молиявии амакаш Ғайратов Абдусамад Исмоилович барои таҳсили динӣ ба шаҳри Зоҳидони ҶИЭ фиристода мешавад. Номбурда баъди каме таҳсил дар ҶИЭ барои идома додани он ба ҶИП меравад. Сипас ба Сурия рафта, ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ пайваста, то ҳол дар сафи ташкилоти мазкур ҷангида истодааст. Инчунин ӯ тавассути саҳифаҳои интернетӣ наворҳои ифротгароиро паҳн карда, дигар ҷавонони тоҷикро ба «ҷиҳод» даъват менамояд.

Лашкари озоди Сурия

Артиши озодихоҳи Сурия аз ҷониби кишварҳои бонуфузи минтақа дастгирӣ ёфта, кумакҳои он барои Ҳизби Наҳзат низ расидааст. Ба саффи ин гурӯҳ Табаров Мирзоҷума Иброҳимович, соли таваллудаш 1988, зодаи ноҳияи Нуробод пайваст гардид. Ӯ бо ташаббуси падараш соли 2009 ба мадрасаи ба номи «Бадриддин Ҳасанӣ»-и шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия дохил шуда, то соли 2012 дар мадрасаи мазкур таҳсил мекард. Табаров М.И. ҳангоми таҳсил дар Сурия ба иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод) шомил шуда, баъди баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғи ақидаҳои ин иттиҳодияи ҷиноятиро ба роҳ мондааст. Соли 2017 бо ҷурми таблиғи иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» боздошт  ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Ҷунбиши исломии Узбекистон

- Мамадшехова Шоиста Зикриллоевна, соли таваллудаш 1977, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ раиси бахши занони ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Номбурда аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Фаррух Шодмонов ба сафи ташкилоти мазкур ҷалб карда шуда, ҳамроҳи ду фарзандаш Ӯринов Ҷавоҳир, соли таваллудаш 1999 ва Ӯринов Бегзод, соли таваллудаш 2003 ба Вазиристони шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки аъзои ташкилоти мазкур (ҲИӮ) дар онҷо қарор доранд, рафтааст.

- Ризвонов Абдулвоҳид Аъзамович, соли таваллудаш 1985, зодаи шаҳри Роғун, собиқ аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ ба ҳисоб мерафт. Номбурда солҳои 2008 то 2010 дар мадрасаи «Таҷдид-ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Соли 2016 бо ҷурми пайравӣ, таблиғ ва узвияти ҷараёни салафия боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

- Исоев Умед Ҳабибович, ки масъули қисми даъват дар гурӯҳи Толибон ба шумор меравад. Исоев У. Ҳ. соли 1985 дар шаҳри Роғун таваллуд ёфта, аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ мебошад. Номбурда солҳои 2008 то 2009 дар мадрасаи «Таҷдид ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Ӯ аъзои ташкилоти экстремистии салафия шуда, соли 2016 бинобар узвият ба ин ташкилот боздошт карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Читать далее

Ҳадаф: таваҷҷӯҳи бештар ба хониши китоб

 

 

 

Бо мақсади ҷалб намудани наврасон ба хондани китобҳои бадеӣ, баланд  намудани маҳорат ва малакаи эҷодкорӣ, ғанӣ гардонидани тафаккури онҳо бахшида ба эълон гардидани «Соли 2018 - соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ибтикори роҳбарияти Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар муассисаи таълимии  рақами 5-и шаҳри Хуҷанд аз рӯи бахшҳои навиштани номи асари хондашуда, муаллиф ва қаҳрамонони он, ҳимояи кори эҷодӣ аз рӯи асари хондашуда, қироати ифоданокии шеър ё порчаи насрӣ, нақшофарӣ аз рӯи асари хондашуда, шарҳи луғат, кашидани расми дилхоҳ аз рӯи асари хондашуда, аз калимаҳои додашуда сохтани калимаҳои нав доир гардид. Озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» ба гуфти Фирдавс Ашӯрматов – директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар озмун 22 нафар хонандагон- ғолибони даври минтақавии озмун аз 17 шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.

Дар ҷамъбасти озмун ҷойи аввал – насиби хонандаи синфи 10 МТМУ 12-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мунзифа Саиднабиева, ҷойи дуюм – ба муҳассили синфи 11 МТМУ № №2-и шаҳри Гулистон  Рамшед Давронов лоиқ дониста шуда, ҷойи сеюм – насиби хонандаи синфи 9 Гимназияи №5- и ноҳияи Ашт Сайҳона Убайдуллоева гардид.

Fолибони озмун ва иштирокчиён бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии сардори Раёсати маорифи вилоят ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Қобили таъкид аст, ки дар даври минтақавӣ ва вилоятии озмун наздик 3000 нафар хонандагон фаъолона иштирок намуданд.

 Шаҳноза Ҳомидова

 

 

 

 

 

 

 

 

Читать далее

12 February 2018

ОFОЗИ СПАРТАКИАДА

 

 

 

Қувваҳои мусаллаҳи мо ҳимоятгари воқеии Истиқлолияти Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошад.
                                                                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар якҷоягӣ бо Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд кушодашавии спартакиадаи ҳарбӣ - варзишии "ҳомии Ватан" бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар "Қасри варзиш"-и шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор гардид.

Ҳамзамон дар кушодашавии спартакиада комиссари ҳарбии вилоят - сардори гарнизони Суғд генерал-майор Н.Назарзода, мутахассиси пешбари Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Ф.Салимов, сардоварони мусобиқа, сарбозони қисмҳои низомии вилоят, толибилмону донишҷӯëн иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар кушодашавии спартакиада баҳри болидахотирии меҳмонон, иштирокчиëн, ва сарбозони қисмҳои низомии вилояти Суғд аз тарафи бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд барномаи консертӣ пешкаш карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки спартакиадаи мазкур санахои 3 - 22 феврали соли 2018 аз рӯи даҳ намуди мусобиқаи ҳарбӣ - варзишӣ байни қисмҳои низомии гарнизони Суғд дар иншоотҳои варзишии шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон бо мақсади тарбия намудани ҷавонон ва сарбозон дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш доир мегардад.

 Шодмон НУРМАТОВ

 

 

 

Читать далее