February 2018

21 February 2018

Шиносоӣ бо рафти сохтмони пойгоҳҳои обкашии “Сумчак-1” ва “Сайҳун-2”

Охири ҳафтаи гузашта иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳраки Сайҳун боздид намуд.

Роҳбари вилоят зимни боздиди корӣ бо рафти корҳои сохтмонии  пойгоҳҳои обкашии “Сумчак-1” ва “Сайҳун-2” шинос шуда, масъулинро ҷиҳати идомаи корҳо, аз ҷумла насби агрегатҳо, зеристгоҳи барқӣ ва кашидани қубурҳои обрасон вазифадор намуд.

Читать далее

Дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи чорводорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти шириву гӯштӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад

Дар вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи чорводорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти шириву гӯштӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Тавре зимни боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти наслгирии моли майдаи шохдори хоҷагиҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қайд карда шуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба рушди соҳаи чорводорӣи чун яке аз соҳаҳои муҳими таъминкунандаи бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати гӯштиву  ширӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати афзун намудани саршумори чорвои калону хурди шохдор аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

Читать далее

Мутахассисон намерасанд

Дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2017 гузориш дод.

Қайд гардид, ки муассисаҳои фарҳангии вилоят бахшида ба Соли нав, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи модар, Соли ҷавонон, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фестивал - озмуни «Атласу адраси тоҷик», Рӯзи Президент, кастинг - озмунҳои «Навозандагони созҳои мусиқӣ», «Сурудҳои ватандӯстона», «Шашмақомсароён», «Рақсҳои кӯдакона», «Ганҷи ҳунар», «Осорхонаи беҳтарин», Фестивал-озмунҳои «Сапеда», «Бӯстон-2017», «Парвин» ва оид ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» силсилаи чорабиниҳо, вохӯриву баромадҳо, намоишҳои театрикунонидашудаву мизҳои мудаввар, конфронсу семинар, фестивал-озмунҳо, намоиши асарҳои рассомону барномаҳои консертӣ гузарониданд.

Дар 29 мактаби мусиқӣ, рассомӣ ва санъати бачагона омӯзгорони соҳибтахассус ба шогирдон нозукиҳои санъатро омӯзонида, ҳунармандон дар муассисаҳои фарҳангӣ маҳфилҳои ҳунарҳои бадеӣ, аз қабили кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, адрасу атласбофӣ, кандакориву гаҷкорӣ, фалаксароӣ, шашмақомхонӣ, эстрадӣ таъсис ва ҳунарҳои мардумиро ба ҷавонону наврасон омӯзониданд. Ҳамчунин, боғҳои фарҳангию фароғатии бархе аз шаҳру навоҳӣ таъмиру азнавсозӣ ва барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон омода карда шуд.

- Ҳарчанд муваффақиятҳои соҳаи фарҳанг дар вилоят назаррасанд, аммо нарасидани мутахассисони соҳибтаҷриба мушкилии моро дучанд мегардонад. Имрӯз мо ба ҳунармандони касбӣ, устои равшанидиҳандаи саҳна, пардозгар, овозхонҳои ҷанри опера ва дигарҳо эҳтиёҷи калон дорем. Масъулини соҳа, устодони муассисаҳои таълимиро мебояд, ки ҷавонону наврасони лаёқатмандро дарёфт ва бо онҳо корбарӣ намуда, барои рушди соҳаи фарҳанг ҳисса гузоранд.

Алҳол фарҳангиёни вилоят ба чорабинии идонаи наврӯзӣ, ки дар шаҳри Панҷакент баргузор хоҳад шуд, омодагии ҳамаҷониба доранд,- иброз дошт сардори Раёсат.

Рӯзноманигорон дар фарҷом ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд» 

Читать далее

Афзалияти бештар ба хароҷоти соҳоти иҷтимоӣ

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати молияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки роҳбарони сохторҳои Сарраёсати молияи вилоят, Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят, Сарраёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят нишасти хабарӣ доир гардид.

Дар оғоз сардори Сарраёсати молияи вилоят Анвар Мирзозода оид ба иҷрои буҷети вилоят дар соли сипарӣ маълумоти муфассал дод. Мавсуф изҳор дошт, ки таҳлили пешакии нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад, ки ба таъсири манфии омилҳои беруна нигоҳ накарда, дар ҷамъбасти соли 2017 ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақавӣ дар вилоят ба 16676,8 миллион сомонӣ баробар гардида, афзоиши он беш аз 7 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 9883,1 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба соли 2016 суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 131,5 фоизро ташкил дод. Дар ин давр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 7116,4 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2016-ум 107 фоиз мебошад.

Анвар Мирзозода ҳамчунин зикр намуд, ки дар маблағгузории буҷети маҳаллӣ соли гузашта низ чун ҳамавақта афзалият ба хароҷоти соҳоти иҷтимоӣ – маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш дода шуда, дар маҷмӯъ ба ин соҳаҳо 1259,9 миллион сомонӣ маблағ равона гардид, ки баробари 80,3 фоизи ҷамъи хароҷоти буҷети маҳаллӣ мебошад.

-Тазаккур бояд дод, ки маблағгузорӣ ба соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2017 нисбат ба соли 2016 ба андозаи қариб 16 фоиз, яъне ба маблағи 171,7 миллион сомонӣ афзудааст, - изҳор дошт Анвар Мирзозода.

Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Ҳокимбек Накҳатзода низ дар нишаст оид ба натиҷаҳои фаолият ҳарф зада, изҳор дошт, ки дар соли 2017-ум 12374 тадбири оморӣ, аз ҷониби Сарраёсат 1150 ва шаҳру ноҳияҳо 11224 адад иҷро гардиданд. Дар ин давр ҳисоботи соҳаҳои саноат, савдо, хизматрасонӣ ва меҳнат пурра ба тариқи электронӣ қабул гардид.

-Барои таъмин намудани соҳа бо кадрҳои ҷавону соҳибтахассус тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида мешаванд,-гуфт Ҳ.Накҳатзода.

Зимни нишаст инчунин сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳаким Ҳакимзода ва сардори Сарраёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Мирзо Шарифзода доир ба фаъолияти соҳоти хеш дар соли сипарӣ маълумот доданд.

Дар фарҷом байни рӯзноманигорон ва роҳбарони сохторҳо суолу ҷавоб сурат гирифт.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

20 February 2018

Ҷиноятҳои коррупсионӣ ошкор гардид

Дирўз дар толори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сардори Раёсат, полковники адлия Карим Иброҳимзода бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуд.

Дар оғоз мавсуф оид ба натиҷаи фаъолият дар соли сипарӣ маълумот дод. Қайд гардид, ки дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи 51,9 миллион сомонӣ зарари  молиявӣ ошкор гардидааст.

Дар ин давра аз ҳисоби зарарҳои молиявӣ зиёда аз 23,8 миллион сомонӣ барқарор шудаанд. Дар маҷмўъ  соли сипарӣ 485 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор гардид. Ҳамчунин аз ин шумораи умумии ҷинояти ошкоршуда 175 ҷинояти вазнин мебошад. Маблағи зарар аз рўи онҳо 49,4 миллион сомонӣ буда, то давраи ҷамъбастӣ 35,6 миллион сомонӣ рўёнида шудааст, ки 72 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳудуди вилояти Суғд ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони Мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ, соҳаи тандурустӣ,  Вазорати маориф, Вазорати наклиёт ва  Кумитаи андоз ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гаштааст. Тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бўстон, Спитамен, Ҷаббор Расулов,  Деваштич ва Мастчоҳ ба чашм мерасад.

Сардори Раёсат, полковники адлия Карим Иброҳимзодаафзуд, ки дар самти пешгирии коррупсия дар давраи ҳисоботӣ 274 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба коррупсия ошкор карда, ба  маблағи беш аз 271 ҳазор  сомонӣ ҷарима рўёнида шуд. Инчунин дар ин давра аз тарафи кормандони Раёсат 8 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик, ки бар хилофи талаботи моддаи  9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ» мебошанд, ошкор ва бо андешидани чораҳои қонунӣ бартараф карда шудааст.

Ҳамчунин мунтазам санҷишу рейдҳо бо мақсади ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ, бахусус дар самти ғайримақсаднок истифодабарии воситаҳои нақлиёти хизматӣ ва иншооти давлатӣ аз ҷониби мансабдорон баҳри манфиати шахсӣ гузаронида шуда, дар ин самт 32 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда, 32 000 сомонӣ ҷарима рўёнидашуд. 

Дар фарҷом байни рўзноманигорон ва сардори Раёсат суолу ҷавоб доир гашт.

Маъмурахон САМАДОВА
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Тарзи пешрафти андозсупорӣ-ба манфиати кор

Соли 2017 дар вилоят иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 108,3 фоиз таъмин гардид.

 Ба ҷои 2 миллиарду 114,3 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷети давлат 2 миллиарду 290,7 млн сомонӣ ворид карда шуд. Дар ҳамин давра аз ҷониби ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят вориди андоз аз нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро гардид, - қайд намуд зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати назорати андоз дар  вилояти Суғд Бахтиёр Султон.

Инчунин маълум гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 8211 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор гардида, нисбат ба онҳо ба маблағи 19,2 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд. Чунин миқдор нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 4,4 миллион сомонӣ  зиёд мебошад.

Бахтиёр Султон қайд намуд, ки аз ҳисоби ҷаримаҳои таъингардида ба буҷети давлатӣ 17,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба соли 2016 4,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Имрӯз бо истифода аз барномаи компютерӣ беш аз 26 ҳазор андозсупоранда дар вилоят эъломия ва ҳисоботи худро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд. Дар оянда мақомоти андоз ният дорад, ки амалиётҳо пурра ба шакли электронӣ гузаронида шавад. Ин усул метавонад, ҳам кори андозсупоранда ва андозгирандаро осон намояд.  Инчунин, ин усул метавонад, барои кам намудани чиноятҳои коррупсиони мусоидат намояд, - илова намуд номбурда.

Дар қисми дигари нишасти матбуотӣ Бахтиёр Султон ба саволҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дод.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ёфт

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати кишоварзии вилоят оид ба фаъолияти  солонаи Кумитаи идораи замин, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва  Раёсати давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

Бино ба гуфти Хайрулло Бобозода- сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят соли гузашта афзоиши аксарияти нишондиҳандаҳо таъмин карда шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 7 милиарду 116 миллион. 439 ҳазор сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 107,0 фоизро ташкил медиҳад. Солҳои охир коҳиши ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба назар мерасад. Ба санаи 1-уми январи соли 2018 содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 44 милиону 83 ҳазор доллар буда, он нисбат ба соли гузашта ба маблағи 11 милиону 55 ҳазор доллар кам мебошад. Коҳишёбии ҳаҷми умумии содирот аз ҳисоби нахи пахта, пиёз ва меваҷот ба миён омадааст.

Абдураҳим Мавлонов- муовини  сардори Кумитаи идораи замини вилоят гуфт, ки дар соли 2017-ум азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ идома дода шуда, аз ҳисоби саҳми замин ва фонди махсус дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 263, Конибодом 188 ва Мастчоҳ 114 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ ташкил гардидааст. Дар ҳудуди вилоят бошад,  давоми соли гузашта азнавташкилдиҳии иловагии 1333 хоҷагии деҳқонии калонҳаҷм амалӣ шуда, шумораи умумии онҳо дар вилоят ба 66 412 адад расидааст.

Аз тарафи нозирони Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 153 ҳолати қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин ошкор карда шудааст.

Муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят  Равшан Урунов қайд намуд, ки Раёсат барои бунёди 5 гектар боғ бо усули обёрии қатрагӣ дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 1 километр дар шаҳри Панҷакент ва азхудкунии 51 гектар замин барои таъсиси хоҷагиҳои ёрирасон ёрии амалӣ расондааст ва дар ин самт корбарӣ идома дорад. Ӯ қайд намуд, ки соли 2017 руйпӯшкунии партовгоҳи радиактивии «Деҳмой» дар майдони 3,5 гектар амалӣ гардонда шуд. Барои тозакунии соҳили дарёҳо аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист 400 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида, 2 километр масофа аз қамиш тоза карда шудааст.    

Зимни суолу ҷавоб бо рӯзноманигорон Ҳайдар Мухторов - сардори Ассотсиатияи истифодабарандагони оби Раёсати давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят баён дошт, ки хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба андозаи 35 миллион сомонӣ қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ доранд. Соли 2016-ум қарзи ҳаққи хизматрасонии об дар ҳаҷми 19 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудаст. Соли 2017-ум бошад, наздики 23 миллион сомонӣ маблағ барои ҳаққи хизматрасонӣ ғун карла шудааст.

Нишасти матбуотӣ бо саволу ҷавоб байни ҷурналистон бо намояндагони ҳамаи ин мақомот анҷом пазируфт.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи футболи “Хуҷанд” мулоқот намуд

Нимаи дуюми рӯзи душанбеи 19 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят,  Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳайати дастаи футболи  “Хуҷанд” мулоқот намуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо бозингарони дастаи “Хуҷанд” қайд намуд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ соҳаи варзиш, махсусан футбол дар кишар рушд намуда, барои оммавияти он тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.

Читать далее

19 February 2018

Беэҳтиётӣ боиси садамаҳои фоҷиабор

Имрўз бинобар беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби ронандагон садамаҳои зиёде рух дода истодааст, ки дар натиҷаи он нафаре захмин ва дигаре дучори марг гаштааст. Ҳарчанд аз ҷониби масъулин корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва назорат пурзўр карда шуда бошад ҳам то ҳол садамаҳое, ки боиси марги шахс мегардад, рух дода истодааст.

Аз Шўъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, ки моҳи январи соли 2018 якчанд ҳодисаи садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. 

- Ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» рақами қайди давлатиаш 81-58 СО/02 Шўҳратхоҷа Солихўҷаев (соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ҳангоми ҳаракат бо роҳи автомобилгарди назди варзишгоҳи «Лочин», аз самти кўпруки «Ҷашнӣ»  ба самти маҳаллаи 31 – ум, аз ўҳдаи идораи автомашина набаромада, ба симчўби канори роҳ бархўрд. Дар натиҷа ронанда ва мусофирони автомашина ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуданд. Дар садамаи мазкур Лола Ҷўраева (соли таваллудаш 1988) ба ҳалокат расид. 

- Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерсадес-Бенс» рақами қайди давлатиаш 99-90 СТ/02 Сунатулло Бурҳонов (соли таваллудаш 1989) истиқоматкунандаи ноҳияи Исфара, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Конибодом-Ғафуров-Деҳмой» дар самти Ҷамоати Хистеварз бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба симчўб бархўрд. Дар натиҷаи садама ронанда ва мусофирони автомашина ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуданд. Мусофири автомашина Умарҷон Раҳимов (соли таваллудаш 1995), сокини ноҳияи Исфара дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.  

- Ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-ЛАБО», рақами қайди давлатиаш 80-82 ЕК/02 Муҳуддин Устобоев (соли таваллудаш 1963) сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати Хистеварз бо роҳи мошингарди «Конибодом-Хуҷанд»  ба самти колхози Д.Азизов бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Абдуллоҷон Эшматов (соли таваллудаш 1958) пахш кард. Дар натиҷаи садама Абдуллоҷон Эшматов ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона вафот кард.

Доир ба садамаҳои нақлиётӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пешгирии ҷавонон ба равияҳои номатлуб

Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бо иштироки раисони маҳаллаҳо, фаъолон, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва волидону наздикони ҷавононе, ки дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ ширкат доранд, мулоқот баргузор гардид.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Бӯстон Ғафурҷон Зоирӣ ифтитоҳ гардида, моҳияти баргузории он дарёфти роҳҳои муосири мубориза бо зуҳуроти номатлуб унвон гардид.

Сипас, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Салимзода оид ба таҳдиду хатарҳои терроризм ва экстремизм суханронӣ намуда, ҳамагонро ба мубориза бо ин зуҳурот даъват намуд.

Волидайн ва наздикони як қатор ҷавононе, ки дар муноқишаҳои давлатҳои хориҷ ширкат доранд, ба сухан баромада, рафтори фарзандонашонро маҳкум намуда аз ҳамшаҳриён даъват ба амал оварданд, ки рафтору кирдори ҷигарбандонашонро мунтазам зери назорат қарор диҳанд, то онҳо ба доми фиребу найранги ҳар гуна гуруҳу созмонҳои тахрибкор наафтанд.

Дар охир пешсафони маҳал ва иштирокдорон андешаву пешниҳодоти хешро вобаста ба масоили мазкур иброз доштанд.

Мамнури МЭЛС,
шаҳри Бустон

Читать далее