01 March 2018

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ёфт

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати кишоварзии вилоят оид ба фаъолияти солонаи Кумитаи идораи замин, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Раёсати давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

Бино ба гуфти Хайрулло Бобозода - сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят соли гузашта афзоиши аксарияти нишондиҳандаҳо таъмин карда шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 7 миллиарду 116 миллион 439 ҳазор сомонӣ расид.

Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 107 фоизро ташкил медиҳад. Солҳои охир коҳиши ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба назар мерасад. Ба санаи 1-уми январи соли 2018 содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 44 миллиону 83 ҳазор доллар буда, он нисбат ба соли гузашта ба маблағи 11 миллиону 55 ҳазор доллар кам мебошад.

Коҳишёбии ҳаҷми умумии содирот аз ҳисоби нахи пахта, пиёз ва меваҷот ба миён омадааст.

Абдураҳим Мавлонов - муовини сардори Кумитаи идораи замини вилоят гуфт, ки дар соли 2017-ум азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ идома дода шуда, аз ҳисоби саҳми замин ва фонди махсус дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 263, Конибодом 188 ва Мастчоҳ 114 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ ташкил гардидаанд. Дар ҳудуди вилоят бошад, давоми соли гузашта азнавташкилдиҳии иловагии 1333 хоҷагии деҳқонии калонҳаҷм амалӣ шуда, шумораи умумии онҳо дар вилоят ба 66 412 адад расидааст.

Аз тарафи нозирони Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 153 ҳолати қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин ошкор карда шудааст.

Муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Равшан Урунов қайд намуд, ки Раёсат барои бунёди 5 гектар боғ бо усули обёрии қатрагӣ дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 1 километр дар шаҳри Панҷакент ва азхудкунии 51 гектар замин барои таъсиси хоҷагиҳои ёрирасон ёрии амалӣ расонидааст ва дар ин самт корбарӣ идома дорад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Рушди бонизом таъмин гардид

Дар нишасти матбуотӣ сохторҳои марбутаи шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Латифӣ Ҳоҷарой-сардори муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард», Шоҳаким Шораҳматов-сардори Филиали ҶСК «Тоҷиктелеком», Малик Партобоев - муовини сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Аюбхон Авлиёев- сардори Раёсати муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», Абдуалӣ Қаҳҳоров-директори бахши Ассосиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2017 ҳисобот доданд.

О.Очилзода-мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ибрози дошт, ки дар давоми моҳҳои январ-декабри соли 2017 тавассути маҷмӯи нақлиёт 27139,5 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ, 170486,5 ҳазор нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2016 мутаносибан 100,6 ва 100,9 фоизро ташкил додааст.

Аз ҳаҷми умумии бору мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ 23377,3 ҳазор тонна бор ва 170236,9 ҳазор нафар мусофир, ки аз ин миқдор 524,1 ҳазор тонна бор ва 112,7 ҳазор нафар мусофиркашонии байналмилалӣ мебошад.

Даромади тарофавии муассиса дар соли 2017 ҳамагӣ 4800,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз ин миқдор 2643,3 ҳазор сомонӣ хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад. Ба Муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11747,73 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба ҳамаи даври соли 2016 ин нишондод ба 99,4 фоиз расидааст. Маблағ ва маводҳои ҷудогардида асосан барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва пардохти музди меҳнати кормандон сарф шудааст.

Читать далее

Ҷиноятҳои коррупсионӣ ошкор гардиданд

Дар толори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сардори Раёсат полковники адлия Карим Иброҳимзода бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуд.

Дар оғоз мавсуф оид ба натиҷаи фаъолият дар соли сипарӣ маълумот дод. Қайд гардид, ки дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи 51,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст.

Дар ин давра аз ҳисоби зарарҳои молиявӣ зиёда аз 23,8 миллион сомонӣ барқарор шудаанд. Дар маҷмӯъ, соли сипарӣ 485 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор гардид. Ҳамчунин, аз ин шумораи умумии ҷинояти ошкоршуда 175 адад вазнин мебошад. Маблағи зарар аз рӯи парвандаҳо 49,4 миллион сомонӣ буда, то давраи ҷамъбастӣ 35,6 миллион сомонӣ рӯёнида шудааст, ки 72 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳудуди вилоят ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳаи тандурустӣ, Вазорати маориф, Вазорати нақлиёт ва Кумитаи андоз ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гаштааст. Тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бӯстон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Мастчоҳ ба чашм мерасад.

Сардори Раёсат полковники адлия Карим Иброҳимзода афзуд, ки дар самти пешгирии коррупсия дар давраи ҳисоботӣ 274 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба коррупсия ошкор карда, ба маблағи беш аз 271 ҳазор сомонӣ ҷарима рӯёнида шуд. Инчунин, дар ин давра аз тарафи кормандони Раёсат 8 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик, ки бар хилофи талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ» мебошанд, ошкор ва бо андешидани чораҳои қонунӣ бартараф карда шудаанд.

Ҳамчунин мунтазам санҷишу рейдҳо бо мақсади ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ, бахусус дар самти ғайримақсаднок истифодабарии воситаҳои нақлиёти хизматӣ ва иншооти давлатӣ аз ҷониби мансабдорон баҳри манфиати шахсӣ гузаронида шуда, дар ин самт 32 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва 32 000 сомонӣ ҷарима рӯёнида шуд.

Маъмурахон САМАДОВА
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Баррасии саривақтии парвандаҳо

- Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2017 судҳои вилоят дар марҳалаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 42 ҳазору 204 парвандаи граҷданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳиро баррасӣ намуданд, - зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди вилоят Оқилзода Бахтиёр Даврон.

- Аз онҳо 3004 парвандаи ҷиноятӣ, 5530 парвандаи граҷданӣ, 11172 парвандаи оилавӣ ва 16687 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар марҳалаи якуми судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин давр ба коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилоят 591 парванда ворид шудааст, аз онҳо 511 баррасӣ гардиданд. Парвандаҳои граҷданӣ бошанд, 421 адад ворид ва 340 адад баррасӣ, оилавӣ 362 адад ворид ва 355 адад баррасӣ, парвандаи маъмурӣ 110 адад ворид ва 107 адад баррасӣ гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки дар ин муддат 96 нафар ноболиғ, 367 зан ва ҳамчунин 10 нафар шаҳрванди хориҷа маҳкум шуданд.

Раиси Суди вилоят Оқилзода Бахтиёр Даврон ҳамзамон вобаста ба ҷиноятҳои терроризм ва экстремизм фикру андешаи худро баён намуда, изҳор кард, ки дар ин давр парвандаҳои ҷиноятӣ 165 адад нисбат ба 257 шахс аз ҷониби судҳои вилоят баррасӣ гардида, ба муҳлатҳои гуногуни ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуданд.

Вобаста ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба судҳои вилоят 253 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид ва баррасӣ гардида, 225 кас ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҷазои ҷарима ҷамъ ба маблағи 1 млн. 170 ҳазору 500 сомонӣ татбиқ гардида, аз он 774 ҳазору 253 сомонӣ амалан ба буҷети давлат рӯёнида шуда, 396 ҳазору 247 сомонӣ боқӣ мондаанд.

Вобаста ба аризаҳои даъвогӣ марбут ба парвандаҳои граҷданӣ 1 млн. 23 ҳазору 692 сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷети ҷумҳурӣ рӯёнида шуд.

Ҳамзамон, дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати адлияи вилоят Б. Тӯрахонзода ва иҷрокунандаи Раиси Суди иқтисодии вилоят Муродҷон Раҷабзода оид ба фаъолияти сохтор ба ҳозирин гузориш доданд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее