06 March 2018

Ифтитоҳи коргоҳи дўзандагӣ

Дар робита бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Деваштич боз як коргоҳи дўзандагӣ дар арафаи Рўзи модарон арзи вуҷуд кард, ки ташаббускори он соҳибкори маҳал Баҳодур Хўҷакалонов мебошад.

Дар коргоҳ алҳол 12 нафар машғули меҳнат буда, ояндаи наздик ин рақам ба 20 нафар расонида хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ҳамасола бобати дўхтани либоси ягонаи мактабӣ падару модарон ба мушкилот рўбарў мешаванд. Зеро дар ноҳия алҳол наздик 35 ҳазор нафар мактабиён ҳастанд ва падару модарон маҷбур мешаванд, ки барои ҳалли муаммо ба коргоҳҳои шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд. Сехи мазкур як қадами устувор барои ҳалли ин муаммо мебошад.

Раиси ноҳия Рустам Ҷўразода дар тантанаи баистифодасупории коргоҳ қайд кард, ки чунин сехҳои дўзандагӣ бояд дар ҳар ҷамоат арзи вуҷуд намояд ва ин имкон барои ташкили ҷойҳои нави корӣ хоҳад шуд.

Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

“Баҳри тоҷик” маъвои сайёҳон аст

Тоҷикистон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола миллионҳо нафар сайёҳ мафтуни табиати биҳиштосои он мегарданд.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушди туризмро ҳамчун самти афзалиятнок таъкид менамоянд ва танҳо дар ду соли охир зарурати онро дар 35 мулоқоту суханронии хеш иброз намуда, ба мақомоти марбута дастуру супоришҳо доданд. Ҳамчунин, зимни ироаи Паёми хеш соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд.

Шаҳри Гулистон яке аз шаҳрҳое ба ҳисоб меравад, ки таваҷҷуҳи аксарияти сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст. Мавзеъҳои тамошобоб ва истироҳативу фарҳангиаш бошад, барои ҳазорон сайёҳ диққатрабоянд. Имсол, ки соли рушди сайёҳист, масъулини шаҳр раванди корҳои ободониву созандагиро бомаром ба иҷро расонида истодаанд. Аз ҷониби онҳо нақшаи чорабиниҳои зиёд қабул карда шудааст.

Соҳаи туризм дар шаҳр рушд намуда, имкониятҳои мусоид барои истироҳату табобат фароҳам оварда шудаанд. Баҳри ба иҷро расонидани бандҳои нақшаи чорабиниҳо, ки он барномаи мушаххаси амал аст, дар якҷоягӣ бо муассисаҳои минтақаи истироҳатӣ, марказҳои солимгардонӣ ҳамкорӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар шаҳр 4 иншооти истироҳатию табобатӣ амал менамояд, ки макони ҷойгиршавиашон назди соҳили «Баҳри тоҷик» буда, барои хизматрасонӣ ба сайёҳон ва меҳмонони дуру наздик омодаанд.

Осоишгоҳҳои «Баҳористон» дорои 802 ҷой, Шифо» - 146 ҷой, «Соҳил» - 78 ҷой буда, се меҳмонхонаи ҳозиразамон «Наврўз-2000» - 15 ҷой, «Далер 777» - 12 ҷой «Соҳил» - 27 ҷой ва маркази солимгардонии «Усмонҷон» - 30 ҷой доранд, ки дар як шабонарўз метавонанд зиёда аз 1110 нафар меҳмон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро қабул намоянд, - мегўянд масъулини соҳаи шаҳр.

Шаҳри Гулистон инчунин шаҳри сайёҳӣ ва истироҳатӣ низ муаррифӣ гардидааст, зеро дар атрофи обанбори он – соҳили «Баҳри тоҷик» минтақаи фароғатӣ-истироҳатӣ мавҷуд буда, дар он осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои умумӣ, хусусӣ ва мухталифи соҳавӣ фаъолият доранд. Бо саршавии фасли тобистон одамон аз саросари кишвар барои истироҳат ва табобат дар муҳити рўҳафзо, ҳавои тоза ба ин мавзеи хушманзара меоянд.

Бино ба иттилои масъулини ин соҳа дар шаҳр тибқи талаботи Барномаи давлатии рушди туризм Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм амал менамояд, ки дар машваратҳои он бо иштироки роҳбарони муассисаҳои минтақаи истироҳатӣ, марказҳои савдову нуқтаҳои хизматрасонӣ ва мутахассисони ин самт табобату истироҳат ва фароғат бобати одоби муошират бо сайёҳон, дар сатҳи баланд нигоҳ доштани хизматрасонӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни тарғиботиву ташвиқотӣ ва монанди ин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Осоишгоҳҳои шаҳр ҳамасола бо дастгоҳҳои нави ҳозиразамони табобатию ташхисӣ, варзишию солимгардонӣ муҷаҳҳаз гардида, баҳри ба талабот ҷавобгў ва сифати баланд истиқболу гусели меҳмонону сайёҳон ва табобатгирандагону истироҳаткунандагон чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад.

Барои тарғибу ташвиқ намудани анъанаҳои миллӣ дар осоишгоҳҳои шаҳр дўкони фурўши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, тоқию ҷома, табақу коса, маснуоти ороишӣ ва дигар ҷиҳози миллӣ ҷой дода шудаанд.

Инчунин, сайёҳон ва истироҳаткунандагон метавонанд аз ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ оид ба тенниси калон, баскетболу волейбол ва майдони бозии футбол истифода намоянд.

Дар соли рушди сайёҳӣ шаҳри Гулистон бо ҳамаи имкониятҳои мавҷуда метавонад, қабули зиёди сайёҳонро нисбат ба солҳои пешин зиёдтар ба роҳ монад. 

 Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Ҳифзи ҳуқуқ дар мадди аввал

Чандест, ки дар ҷамоатҳои наздисарҳадии Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамоатҳои Лаккон, Ворух, Сомониён ва Чоркўҳи шаҳри Исфара бо роҳбарии намояндагони ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолӣ мулоқот баргузор мегардад.

Мақсад аз чунин чорабинӣ дар чист? Агар дар ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сабаби деҳаҳои наздисарҳадӣ будан масъалаҳои рафтуомади хешу табор, дар давраи баҳор муаммоҳои оби нўшокӣ ва полезӣ, муомилоти шаҳрвандон, гузаштан аз нуқтаҳои гумрукӣ ба миён оянд, дар ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара андаке ташвишовар аст, зеро ҳангоми аз як деҳа ба дигар деҳа гузаштан шаҳрванди тоҷикистонӣ албатта, марзи Қирғизистонро убур карданаш лозим аст. Аз ин рў, барои хизматрасонӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ телефони боварӣ гузошта шуда, моҳе як маротиба дар ин ҷамоатҳо мулоқоту вохўриҳо баргузор мешаванд, инчунин барои ибрози фикру андешаҳо сандуқча низ гузошта шудааст.

Муносибати сокинони ҷамоатҳои наздисарҳадии ду кишвар хуб буда, пурсиши аҳолӣ бештар дар бораи муайян кардани сарҳади давлатӣ мебошад. Намояндагони ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар вилоят кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки муаммоҳо ва масъалаҳои баррасишуда сари вақт ҳалли худро ёбанд.

Ҷаласаву вохўриҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид “Ҳамкории байнисарҳадӣ бо мақсади таъмини сулҳ ва рушди устувор” дар ҷамоатҳои наздисарҳадӣ бо намояндагони ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Чунин мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуда, беш аз сад нафар ба саволҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар анҷоми мулоқот ба аҳли нишаст варақаи иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Бино ба гуфти Нурулло Ҳомидов, намояндаи ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар вилоят дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни шаҳри Исфара низ сандуқча гузошта шуда, аҳолӣ ба он саволу дархост ва таклифу пешниҳодоти хешро ирсол мекунанд ва он дар ҳузури намояндагони ҷамоат ва ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон аз назар гузаронида мешавад.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее