12 March 2018

Суғд: Вусъати омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи ҷаҳонӣ

Тозагию ободкорӣ аз азал хоси мардуми тоҷик буду ҳаст. Ҳар ҷое, ки обод аст, он ҷоро метавон хурраму зебо дид.

Баробари оғози фасли дилфиреб-баҳори оламафрӯз ва эҳёи табиат гузаронидани шанбегиҳо ва ободу зебо гардонидани гирду астрофи маҳал ба ҳукми анъана даромадааст. Ин аст, ки сокинони шаҳри Хуҷанд то ин муддат чанд маротиба шанбегӣ гузаронида, бо шинонидани гулу гулбутта ва ниҳолҳои ороишӣ ҳусни шаҳри Хуҷандро таровати бештар бахшиданд.

Мавриди таҷдид ва азнавсозӣ қарор гирифтани роҳ ва намои биноҳои мавзеъҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ, чорраҳаи Камоли Хуҷандӣ то мавзеи Панҷшанбе намуди шаҳрро боз ҳам дилработар гардонидааст. Тоза кардани кӯчаву маҳаллаҳои атрофи шаҳр аз ҷониби сокинон,  аз алафҳои бегона  тоза ва кабудизору гулзор намудани майдонҳо, рӯбучини гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ, корхонаву ташкилот, сафед кардани танаи дарахтон, сафолакпӯш намудани роҳҳо ва дигар корҳои ободонӣ шаҳодатгари он аст, ки мардум баҳори хушиқболро бо тозакориҳо ва дастовардҳои навин пешвоз гирифтанианд. 

Дар ин раванд ҳашарчиён дар баробари тозакунии гирду атрофи маҳал шинондани  400 бех лола, 700 бех садбарг, 540 бех гулҳои ороишӣ ва наздик 200 ниҳоли гуногуни ороишӣ шинонда, дар ободии макони зисти худ ҳиссагузор шуданд. Тоза кардани соҳилҳои дарёи Сир аз алафҳои худрӯй ва партовҳо аз ҷониби донишҷӯён бошад, имкон медиҳад, ки дар замири ҷавонону наврасон эҳсоси зебоипарастию ободкорӣ пайдо шавад.

Дар хиёбонҳои Раҳим Ҷалил, Раҳмон Набиев, кӯчаҳои «Сирдарё», ба номи Султон Умаров, шоҳроҳи Истиқлол бошад, сокинон баробари ба ҷо овардани як қатор корҳои ободонӣ, аз қабили киштгардон намудани майдончаҳои наздиҳавлигӣ, сафед кардани танаи дарахтон, рӯбучини кӯчаҳо, атрофи маҳаллаҳои шаҳр, биноҳои баландошёна, муассисаву ташкилот тасмим гирифтанд, ки Наврӯзи имсоларо бо руҳу илҳоми саршор истиқбол хоҳанд гирифт.

Дар шаҳри Конибодом низ омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ ва фасли баҳори нозанин хуб ба роҳ монда шудааст. Аз даромади шаҳр эҳсос мегардад, ки кӯчаҳоро аз партов тозаву озода кардаанд. Ҷӯйборҳо, саҳни мактабу боғча ва муасисаву ташкилотҳо ободу дилкашанд. Дар канори кӯчаҳои шаҳр дарахтони  ҳамешасабз шинонида шуда, рӯҳияи мардум бо меҳнати созанда ва эҳсоси шаҳрдорӣ болидаву афзун аст. 

Бо мақсади баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, ободу зебо гардонидани гирду атроф ва дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо шинонидани ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ, мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Гурӯҳи корӣ вазифадор аст, ки фаъолияташро тибқи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, бо ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа корҳои ташвиқотию тарғиботиро ҷоннок намуда, баҳри ободу зебогардонӣ чораҳои мушаххас андешад.     

Тавре директори Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр Фарҳод Орифов гуфт, имсол шинонидани 4700 бех дарахти ороишиву ҳамешасабз ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз се ҳазор бех дарахти ҳамешасабзи санавбару ардач шинонида шуд. То ҷашни Наврӯзи фархундапай ин кор идома дода мешавад.  Бояд гуфт, ки масоҳати умумии қитъаҳои кабудизоркунӣ дар дохили шаҳр 21 ҳазору 800 метри мураббаъ, масоҳати ҷойи шинонидани алафҳои ҳамешасабз (газон) 4 ҳазору 600 метри мураббаъ мебошад. 

Алҳол мавсими шинонидани гулҳои ороишӣ оғоз шуда, 40-50 ҳазор адад гулҳои ороишии мавсимӣ, аз ҷумла 6 ҳазор бех гули садбарг ва 6 ҳазор гули канаро аз 3-юми март ба шинонидан оғоз намуданд. Ҳамзамон гулҳои ороишии питуния ва тагес аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оварда, шинонида шуда истодааст. 

Дар робита ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз, ҳамчунин анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар асоси нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат дар шаҳри Панҷакент бунёди як зумра иншоотҳо, ба кор андохтани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, ифтитоҳи коргоҳҳои хурду миёнаи саноатӣ, дигар иншооти таъиноти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, имрӯзҳо сокинони шаҳр бо рӯҳбаландии бузург дар самти ободониву бунёдкорӣ заҳмати садоқатмандона доранд.

Мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фарҳод Ҳамзаев иброз дошт, он дигаргуниҳои куллӣ, ободониву созандагӣ, ки вобаста ба дар шаҳри Панҷакент баргузор гардидани иди Наврӯзи байналмилал  ҷараён гирифта истодааст, ҳатто, гуфтан мумкин, даврони шӯравӣ ба назар намерасид. Танҳо дар соли равон бунёди даҳҳо иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст.

То ин вақт ба сокинон аз хатти барқи 69 киловолта неруи барқ интиқол дода мешуду асосан коргоҳҳои саноатӣ бо нерӯи барқ ба таври пурра таъмин мегардиданд. Аҳолӣ бошанд, аз норасоии қувваи барқ ва паст будани шиддати он азият мекашиданд. Аз моҳи апрели соли 2016-ум бо гранти Бонки Рушди Осиё бунёди хатти барқи 220 киловолтаи «Айнӣ-Панҷакент» шуруъ шуда, дар ин иншоот 105 нафар кормандон аз кишвари Чин ва понздаҳ нафар коргарони тоҷик фаъолият бурданд. Арзиши умумии лоиҳа 23 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, корҳо дар самти васеъсозии зеристгоҳи «Айнӣ» ба итмом расонда шуданд. Корҳои лоиҳавӣ моҳи феврали соли равон ба анҷом расонда шуд. Акнун мардуми Панҷакент бемалол аз нерӯи барқи босифат истифода бурда истодаанд.

Дар иншооти ҷашнӣ - бинои Қасри ҷавонон, ки аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат аст, алҳол қариб тамоми корҳо анҷом ёфтаанд. Дар ин ҷо 400 нафар устоҳои Ширкати «Манора-2014» аз маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд ва устоҳои маҳаллӣ аз «СУ-3»-и шаҳри Панҷакент фаъолият бурда, дар ҳаҷми наздик 7 миллион сомонӣ корҳоро ба анҷом расонданд. Тибқи нақша  дар ин бино бахши ҷавонон, толорҳои варзишӣ, ҳунарҳои мардумӣ, китобхона ва дигарҳо ҷойгир гашта, беш аз дусад нафар бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамчунин дар хиёбони ба номи устод Рӯдакии шаҳр муассисаи томактабӣ барои 250 кӯдак, ки аз се ошёна иборат аст, бо тамоми шароити замонавӣ бунёд ёфта истодааст. Дар ин иншоот устоҳо аз шаҳри Ҳисор ва устоҳои «ПМК-278»-и шаҳри Панҷакент бо сарварии Олимҷон Саидов кор карда истодаанд. Ин иншоот бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ бунёд гардида, маблағгузори он Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи Муштараки «Зарафшон» мебошад. Айни замон дар шаҳр 17 кӯдакистон фаъолият бурда, аз он дувоздаҳ ададаш тобеи шуъбаи маориф ва 3 ададаш хусусӣ аст.

Таҷдиди гулгашти устод Лоиқ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят анҷом дода, пайкараи нави шоир гузошта  ва дар ин ҷо корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва гулкорӣ анҷом дода мешавад, ин мавзеъ ба ҷои фароғату истироҳати мардум табдил хоҳад ёфт.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри ободонии маҳалли худ соҳибкорон низ амалҳои нек анҷом дода, бо иқдоми онҳо чандин биноҳои истиқоматии бисёрошёна, 5-6 адад тӯйхона бунёд ёфта истодааст. Дар ду таълимгоҳи садамавӣ- мактаби №64-и Ҷамоати деҳоти Вору ва Ҷамоати деҳоти Шинг бинои нав сохта шуд. Дар назар аст, ки соли равон боз дар ду мактаби садамавӣ бинои нав бунёд карда шавад.

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат соли 2017 бояд 12  коргоҳи хурду миёнаи саноатӣ ифтитоҳ мегардид. Амалан даҳ корхона, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсоли сафолакҳои роҳравҳо, хишти бетонӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ ва амсоли инҳо ба кор шуруъ карданд. Баҳри амалигардонии нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент таъсиси дувоздаҳ  коргоҳ, аз ҷумла корхонаи шустан ва коркарди регу шағал, истеҳсоли плитаҳои бетонӣ, корхонаҳои истеҳсоли қолинҳо ва дигарҳоро ба нақша гирифтааст.   

Дар соҳаи кишоварзӣ дар самти афзунгардонии ҳосилнокии маҳсулот давоми солҳои охир пешравиҳои намоён ба амал омада, тавре Фарҳод Ҳамзаев иброз дошт, раиси шаҳр ҳамчун мутахассиси соҳибихтисоси соҳаи кишоварзӣ иқдомҳои тоза ба тозаро амалӣ мегардонад. Танҳо соли гузашта беш аз 500 тонна тухмии хушсифати картошка аз кишвари Федератсияи Русия ворид карда шуда, ин имкон дод, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар баланд бардошта шавад. То имрӯз бошад, 200 тонна тухмӣ дохил карда шудааст ва ҳамин тавр дар назар аст, ки то 1000 тонна тухмии картошкаи аълосифат ворид ва навъҳои тухмии мавҷуда бо навъҳои серҳосил иваз карда шавад.

Алҳол дар соҳаи кишоварзӣ ҳамаи 18 истгоҳи обкашӣ ба фаъолият омода буда, обёрии бонизоми заминҳои кишти хоҷагиҳоро таъмин хоҳанд кард.

Соли 2017-ум 2 корхонаи истеҳсоли ангишт – «Сиёвуш-Ф» ва «Дион-ангишт» аз фаъолият бозмонда буд. Аз аввали соли равон фаъолияти ин корхонаҳо аз ҷониби соҳибкорон ба роҳ монда шуд. Бо кушода шудани роҳи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон минбаъд  ҳамкории дуҷониба  вусъати тоза мегирад.

Таҷдиди роҳи мошингарди «Айнӣ-Панҷакент» аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба амал оварда, ҳамчунин терминали наздисарҳадӣ  сохта шуд. Дар идомаи корҳои бунёдкориву созандагӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сохтмон»-и шаҳри Ҳисор дар деҳаи Амондара ба ҷои ҳавлиҳҳои аз офати табиӣ - сел зарардида 10 манзили нави истиқоматӣ сохта, ба истифодаи сокинон дода шуд.

Ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай сабзкориву ободонӣ вусъати тоза мегирад. Гулу гулбуттаҳо, ниҳолҳои ороишиву сояафкан  фазои шахрро дилоро менамояд  Бо ин максад бештар аз 4-5 ҳазор бех нихоли дарахтон шинонда шуданд.

Дар шаҳри Панҷакент мардум бо рӯҳияи идона ба истиқболи шоистаи меҳмонони олиқадр, ҷашнгирии сазовори иди Наврӯзи чахони омодагии хамачониба мебинанд.

Читать далее

Баҳор фасли зебоиву шукуфтанҳост...

Фасли баҳор, ки худ фасли зебоиву шукуфтанҳост, барои анҷоми сабзкориву ниҳолшинонӣ хеле мусоид аст. Бинобар ин имрӯзҳо дар гӯшаву канори вилоят маъракаи ободонӣ бо ҷалби кормандони касбу кори гуногун, хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳо бовусъат ҷараён дорад. Дар рӯзҳои истироҳатӣ тибқи дастуру супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Шаҳристон корҳои ободонӣ бо ҷалби сокинону кормандони касбу кори гуногун ба роҳ монда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ноҳияи Шаҳристон дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Чаноқ ҷойгир буда, ҳамарӯза ҳазорҳо нафар шаҳрванд аз ин роҳ равуо доранд. Аз ин хотир, соҳибкорон дар шафати шоҳроҳ иншооти гуногуни хизматрасонии замонавӣ сохтаанд, ки имрӯз симои ноҳияро хеле зебо гардонидааст. Бар замми ин, бо азму иродаи сокинони ноҳия дар шафати шоҳроҳи мазкур боғҳои навъи мевадиҳанда, дарахтони сояафкану ҳамешасабз парвариш ёфта, ин мавзеъро боз ҳам ҷолибу тамошобоб гардонидааст.

Дар доираи ин иқдоми ободкорӣ дар кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуда, дар шоҳроҳи Хуҷанд - Чаноқ бошад, сокинон ба ободонӣ баромада, гирду атрофро аз ҳар гуна партову алафҳо тоза ва бехи дарахтонро нарму танаи онро сафед карданд.

Шаҳло Саидалиева – директори Муассисаи давлатии таълимии литсейи аграрӣ - саноатии ноҳияи Шаҳристон: - ҳар ҳафта рӯзи шанбе мо, кормандони литсей тасмим гирифтем, баҳри ободонии Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Имрӯз дар мувозинаи муассисаи мо хоҷагии таълимӣ - истеҳсолӣ мавҷуд аст, ки он дар назди шоҳроҳи Хуҷанд - Чаноқ ҷойгир мебошад. Аз ин рӯ, ба нақша гирифтем, ки дар масоҳати зиёда аз 2 километр қад-қади шоҳроҳ ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз, аз қабили моҷевелник ва сӯзанбарг шинонем. Дар ҳашар беш аз 200 бех ниҳол шинонида, бо идома додани ин иқдом саҳми хешро дар ободу зебо гардонидани диёр, хоҳем гузошт, - мегӯяд мавсуф.

Яке аз суннатҳои қадимаи миллати тоҷик дар айёми ҷашни Наврӯзи аҷам бунёд кардани боғ, тозаю ободгардонии муҳити гирду атрофи маҳал, деҳа, шаҳру ноҳия маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, сокинони меҳнатқарини ноҳияи Шаҳристон низ тасмим гирифтанд, ки тавассути иқдомҳои неки ниёгон дар корҳои ободонии ноҳия саҳми арзандаи худро гузоранд.

Вусъати кор дар фасли баҳор

Ҳамчунин, сокинони шаҳри Бӯстон низ дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашар баромада, баҳри ободонии гирду атрофи шаҳр ҳиссаи худро гузошта истодаанд.

Кароматулло Баҳодуров - раиси маҳаллаи Сомониёни шаҳри Бӯстон:

- Имрӯз сокинони маҳалла, намояндагони муассисаҳои таълимӣ барои ободу зебо гардонидани шаҳр камари ҳиммат бастаанд, ки ин дар партави иқдомҳои ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ мегардад. Ҳадаф аз ин сарсабзу зебо гардонидани диёр ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи фархунда буда, дар ин раванд корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.

- Чӣ хеле ки мегӯянд ободӣ аз хонадон оғоз мегардад, кӯчаву хиёбонро бояд ҳар як фарди баору номуси диёр тозаву обод гардонад. Аз ин рӯ, азм дорем, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе корҳои ободониро дар кӯчаву хиёбонҳо ба роҳ монда, симои шаҳрро боз ҳам зебо ва ба як макони дилрабо табдил диҳем, - зикр дошт номбурда.

Бояд гуфт, ки бо омадани фасли зебои табиат, баҳори нозанин ва Наврӯзи аҷам тамоми сокинон ба корҳои саҳроӣ оғоз мекунанд, зеро яке аз фазилатҳои неки Наврӯз ин тозаву обод намудани диёр мебошад.

Ҳабиб Хоҷаев - намояндаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон:

- Аз ниёгони бузурги мо як анъанаи нек мерос мондааст, ки ин бо фарорасии фасли баҳор, пеш аз ҳама, тоза кардани ҷӯю ҷӯйборҳо, кӯчаву хиёбонҳо оғози корҳои ободонию созандагӣ мебошад. Имрӯз кормандони хоҷагию манзилии коммуналии шаҳр тибқи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни миллии тоҷикон - Наврӯзи Аҷам корҳои созандагиро хуб ба роҳ монда, дар ин самт зиёда аз 3 ҳазору 400 метр ҷӯйбори ҳудуди шаҳр тоза гардид. Беш аз 2 ҳазору 300 бех гули ҳамешасабз, 8 ҳазор бех қаламчаи гули садбарг ва 5 ҳазор тухми гули лола дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шинонида шуд.

Рӯзҳои истироҳатӣ шумораи зиёди сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шаҳри Бӯстон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ниҳолу гулҳои ороишӣ шинониданд.

Дар маҷмӯъ, мардуми шарифи вилоят бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати худ баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи тоҷикон - Наврӯзи Аҷам корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Миннатдории сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби Олӣ,

Мо, мардуми сарбаланду шукргузори вилояти Суғд бо камоли саодатмандиву шодӣ сиёсати хирадмандонаи Шуморо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ҷиҳати ба ҳам овардани халқҳои дӯсту бародар ва ҳамҷавор – тоҷику ӯзбек, мулоқоти гарму самимии Шумо бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафари давлатии ӯ хабар ёфта, оид ба барқарор кардани риштаҳои гусастаи равобити ду миллати ба ҳам дӯст, иқдоми таърихии Шуморо мавриди дастгирӣ ва пуштибонии ҳамаҷониба қарор додем.

Читать далее

Маросими гусели Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Нимаи дуюми рӯзи 10 марти соли 2018 пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканд баргашт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Читать далее

Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Варзоб»

Рӯзи 10 марти соли 2018 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Варзоб», воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 9 март бо маросими истиқболи расмӣ оғоз гардида, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию бародарии халқҳои ду кишвар неку бобарор баргузор шуд, 27 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Читать далее

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”

Рӯзи 9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамчунин дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.

Читать далее

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

09.03.2018, шаҳри Душанбе

Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Пеш аз ҳама, мехоҳам зикр намоям, ки дар натиҷаи сафари давлатии имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Миромонович ба кишварамон мо ба ҳалли таърихии маҷмӯи масъалаҳои муҳими дуҷонибаи рӯзномаамон расидем.

Суҳбати созанда ва муфассал оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди онҳо дар фазои комилан ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Читать далее