March 2018

30 March 2018

ТАЛОШҲО БАРОИ ШИАМАЗҲАБГАРДОНИДАНИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Талошҳои ба мазҳаби ташайеъ ҷалб намудани мардуми Осиёи Миёна таърихи тӯлонӣ дорад ва он ҳанӯз дар замони Сомониён бо паҳн намудани қарматия ба вуҷуд омада буд.

Мубаллиғони мазҳаби шиа дар ҳар давру замон мекӯшиданд, ки ин мазҳаб дар байни суннимазҳабони Мовароуннаҳр – Осиёи Миёна роиҷ бошад.

Пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ, ки ҷумҳуриҳои собиқи он истиқлол ба даст оварданд, дар ин ҳудуд таблиғоти мазҳаби шиа рӯ ба рушд ниҳод.

Маъмулан, дар замони ҳозира маркази ҷаҳонии мазҳаби шиа дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад. Дар ин кишвар садҳо марказҳои таблиғотӣ, ба монанди ташкилоти бонуфузи Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли байт амал мекунад, ки вазифаи аввалиндараҷаи он таблиғу ташвиқи мазҳаби шиа мебошад. Баъди пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ марказҳои таблиғотӣ ба паҳнкунии китобҳо бо забонҳои роиҷи Осиёи Марказӣ – тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғайраҳо шурӯъ карданд. 

Дар баробари ин дастгоҳҳои таблиғотии дигар ба монанди сомонаҳои интертет, рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои моҳворавии телевизион, шабакаҳои мухталифи радио фаъолият мебаранд.   

Барои Ҷумҳурии Исломии Эрон шиамазҳаб гардидани мусулмонони Тоҷикистон аз якчанд ҷиҳат аҳамиятнок аст. Инро дар ду мисол дида мебароем.

Ҷумҳурии Исломии Эрон на танҳо барои шиа гардонидани Тоҷикистон, балки барои густариш додани ташаййеъ дар Афғонистон ҳам кӯшишҳо дорад.

Ба нашр расонидани китобҳои тарғиботӣ як воқеаи маъмул аст. Дар ин самт солҳои навадум чанд асар рӯи чопро дида буданд.

Дастгирии аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳои динӣ ба манфиати ҳукумати кунунии Эрон аст. Тайёр кардани мубаллиғон, парвариш кардани мутахассисони ҳарбӣ ба хотири амалӣ гардонидани ҷиҳод ва ё инқилоби исломӣ яке аз барномаҳои кории ин давлат аст.   

Дар доираи корҳои таблиғотӣ ва ба хотири афзалият доштани сохти исломӣ олимон, донишмандон ва донишҷӯён ҷалб мегарданд.

Дар солҳои охир ба ғайр аз он ки таблиғоти шиа дар Тоҷикистон гузаронида шавад, инчунин таблиғоти ваҳҳобиёни нав – салафиён ҳам амалӣ гардид. Шукрона, ки салафигарӣ ва таблиғоти шиа дар кишварамон боздошта шуд.       

Барои пешгирии роҳи тарғиботи шиамазҳабон дар Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Аммо барои тарғиботи мазҳабӣ аз ҷониби Эрон маблағҳо ва сармояи номаҳдуд сарф мегарданд.

Олимони равшанфикри Эрон кам нестанд, бахусус донишгоҳиёни ин кишвар сиёсати кунунии кишварашонро танқид мекунанд.  

Агар ба таври воқеӣ бинем, масъалаҳои ҳалношуда доир ба умури мазҳабӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Эрон хеле зиёд аст. Масъалаҳои марбут ба муносибати шиамазҳабону сунниён, масъалаҳои рӯй овардани ҷавонони шиамазҳаб ба дини насронӣ, зиёдшавии пайравони шайтонпарастӣ хуруҷ дорад, аммо сиёсатмадорони ин кишвар боз дар талоши онанд, ки мазҳаби худашонро дар кишварҳои хориҷа низ таблиғ кунанд.

М.МАВЛОНОВ,
устоди ДКМТ

Читать далее

Ифтитоҳи биноҳои наву замонавии меҳмонхонаҳо дар Осоишгоҳи “Баҳористон”

Шоми рӯзи 29 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, ду иншоот - меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ карданд.

Пеш аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бино ба Сарвари давлат ҳамаи маводи ғизоии дар худи осоишгоҳ истеҳсолшавандаро муаррифӣ карданд.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози кишти пахта бо усули зерипардагӣ дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев аз наздик ошно гардиданд.

Тавре маълум гашт, ҷамъияти мазкур ба фаъолияти кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, аз калонтарин муассисаҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия ба шумор меравад.

Аҳли заҳмат ба муносибати ташрифи Пешвои миллат намоиши маҳсули дастранҷи худро доир намуданд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти соҳа иборат буд.

Читать далее

29 March 2018

Ифтитоҳи Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии "Парламент" дар шаҳри Хуҷанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин бо бардоштани парда аз болои лавҳа ба фаъолияти Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент» расман оғоз бахшиданд.

Ин меҳмонхонаи замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар мавзеи хушманзараи шаҳр - кӯчаи Сирдарё дар соҳили дарё бо тарҳи зебою замонавӣ дар ҳудуди як гектар замин қомат афрохтааст.

Читать далее

Тақдими тӯҳфаҳо ва ташкили дастархони идона барои 150 нафар ятими кул дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба 150 нафар ятими кул тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасони ятимро, ки аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, ба фарорасии ҷашни зебои эҳёи табиат- Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд.

Читать далее

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли орд дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” оғози расмӣ бахшиданд.

Ба муносибати ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур дар даромадгоҳи ҶДММ “Анҳор” намоиши маҳсулоти саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шуд. Дар ин ҷо аксаран коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ, коркарду бастабандии меваҳои хушк ва шарбату дигар номгӯи истеҳсолот, ки дар ҳудуди вилояти Суғд тавлид меёбанд, ба маъраз гузошта шуд.

Читать далее

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашни ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд-ҷавонон, аҳли илму фарҳангу адаб ва зиёиён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби худро бо самимияти афзуну рӯҳияи болида ва фазои шукӯҳманди наврӯзи пазироӣ намуданд.

Читать далее

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ”

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Пешвои миллатро сокинони шаҳр бо эҳтиром ва самимияти хос истиқбол гирифтанд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ”, ки баъди таҷдид ва азнавсозӣ ба фаъолият шуруъ кард, шинос шуданд.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент

Шоми рӯзи 28 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми меҳнатқарини мамлакат ва шаҳри Панҷакентро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.

Читать далее

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” ва “Саъдулло Рӯзиев” — и Ҷамоати деҳоти “Халифа Ҳасан” — и шаҳри Панҷакент

28 март дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” ва “Саъдулло Рӯзиев” — и Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар майдони 4 гектар ба кишти картошкаи барвақтӣ дар Хоҷагии деҳконии ба номи “Абу Дониёров” оғоз бахшида, бо фаъолияти гармхонаҳо дар хоҷагии ба номи “Саъдулло Рӯзиев” ва намоиши дастовардҳои меҳнатии аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Читать далее