March 2018

09 March 2018

СУБЪЕКТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Муқаддима

Сарфи назар аз қонуниятҳои раванди воқеоти ҷамъиятӣ, ки ногузир будани онҳо барои рушду такомули муносиботи ҷамъиятӣ таъкид карда мешаванд, таҷрибаи таърихӣ баёнгари он аст, ки субъектҳои сиёсӣ дар шаклгирӣ ва натиҷаи амали сиёсӣ нақши фавқулодда муҳимро мебозанд. Ба назар чунин мерасад, ки омӯзиши субъекти сиёсӣ, ба тарзи "абадӣ ва беохир наздикшавии тафаккур ба ҳадафи таҳқиқ"-ро тақозо мекунад.

Ҳамин тариқ, мавзӯи баҳси мақола баъзе аз паҳлуҳои назариявӣ ва амалии субъекти сиёсӣ дар чаҳорчӯби манфиатҳои амнияти миллӣ мебошад.

Шахс ҳамчун субъекти сиёсӣ

Тамоми даъвоҳое, ки фард, шахс, шаҳрванд метавонад берун аз сиёсат бошад, на танҳо имрӯз, балки дар тамоми давру замон асоси воқеӣ надошт. "Давлат мансуб ба зуҳуроти моҳиятӣ (инсонӣ - С.Я.) аст. Инсон, табиатан мавҷуди сиёсӣ мебошад. Касе, ки аз рӯи хислат, на аз рӯи ягон ҳодисаи фавқулодда, "берун аз давлат" зиндагӣ мекунад, аз ҷиҳати рӯҳӣ солим нест.... Гомер онро беасл, берун аз қонун ва ломакон номидааст. Ин гуна шахс фақат ташнаи низоъ мебошад" (Аристотелҳ. Сочинение в четқрех томах. Т.4. -М.: 1983. -С. 378). Аввалин эҳсос ва кӯшишҳои зарурати сохтани давлат, оғоз аз дунёи қадим, фардро сиёсӣ мегардонад. "Сиёсат - иштирок дар корҳои давлатӣ, муайянкунии мақсад, функсия ва вазифаҳои давлатиро дар назар дорад".

Ҳуқуқи конститутсионии ширкат дар идораи давлатӣ ва тамоми шаклҳои интихобот ва раъйпурсӣ далели қотеи мансубият ба субъекти ҳуқуқ, аз ҷумла, истифода бурдан аз ҳуқуқҳои сиёсиро дорад. Бидуни шак, байни субъекти ҳуқуқ (шахси ҳуқуқӣ ва шахси воқеӣ) ва субъекти сиёсӣ фарқ ҳаст. Субъекти ҳуқуқӣ тибқи қонун, мавҷудест, ки худ ва ё тавассути намояндааш имконоти амалӣ кардани ҳуқуқ ва ӯҳдадориашро доро мебошад. Вақте ки давлат шахсро ҳамчун субъекти ҳуқуқ эътироф менамояд, ҳамзамон манзалати сиёсии ӯро дар назди худи давлат ва муассисаҳои он муайян месозад.

Гузоштани сарҳади қатъӣ байни субъекти ҳуқуқ (дар назар аст, пеш аз ҳама, субъекти воқеӣ) ва субъекти сиёсӣ маҳз аз ҳамин хотир чандон воқеият надорад. Ҳадди ақал ба хотири он, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ мансуби маҳсули фаъолияти бузургтарин муассисаи ҷомеа ва ташкилоти сиёсӣ - давлат мебошад. Ҳамин тариқ, истилоҳоти субъекти ҳуқуқӣ ва субъекти сиёсӣ ба ҳам наздиканд. Аз ҳамдигар вобастагӣ доранд. Якдигарро пурра мегардонанд.

Муҳимтарин нишонаи субъекти сиёсӣ гаштани инсон, ки ба тарзи табиӣ рӯй медиҳад, дар сарзамини муайян, бо номи ҷуғрофиёии мушаххас ба дунё омадани ӯст. Мақоми аслии охирин аз лиҳози ҳуқуқӣ тибқи қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои оддӣ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқии кишвар муайян карда шудааст. Ба ибораи дигар, ин ҳолат бидуни ихтиёр доро гаштан ба статуси субъекти ҳуқуқӣ ва асос барои минбаъд соҳиб шудан ба мақоми сиёсиро дар назар дорад. Вобаста ба макони таваллуд ва дар алоқамандӣ бо оила, дар шуури инсон манзалати ватандорӣ ва мансубият ба миллати муайян тавлид мешавад.

Ин ҷузъиётро омилҳои табиӣ, воқеӣ ва асосӣ - фундаменталӣ номидан мумкин аст.

Пояҳои ҳуқуқии зикргардида, асос барои мавқеъгирии иҷтимоӣ-сиёсии шахс дар ҷомеа мебошанд.

Таърихи ба ҳаёти конститутсионӣ ворид гаштани ҷомеа таҷрибаи чандҳазорсола дорад. Ба тарзи ғайричашмдошт арзи ҳастӣ накардааст. Он натиҷаи рушди шахс, ҷомеа ва аз як давра ба давраи дигари таърихӣ ҳаракат кардани инсон аст.

Роҳнамои сиёсӣ ҳамчун субъекти сиёсӣ

 Созандаи таърих табиат нест. Худи Инсон аст. "Воқеоти сиёсӣ дар доираи маҳдудаи ҷуғрофиёӣ ба вуқӯъ мепайвандад ва фактори ҷуғрофиёӣ дар раванди сиёсат... муассир бошад ҳам, инсон, на омили ҷуғрофиёӣ воқеоти сиёсиро муайян мекунад" (Plano J., Оlton Қ. The ғnteқnational Қelation Dictionaқy. -New York.: 1982. -Р. 99).

Давлат - ҳамчун муассисаи пешбарандаи ҷамъият ва масъултарин субъекти мавҷудияти арзандаи аъзои он, мураккабтарин, муҳимтарин ва бузургтарин кашфиёти Инсон аст. То ҳол таърифи пурраи ин падидаи ҷамъиятӣ (сарфи назар аз панҷ аломати аслӣ – классикӣ ва маъмули он) вуҷуд надорад.

Шахсият ҳаст, ки давлатро (хонда шавад миллатро) дар баҳри пурталотуми ҳаёти сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, таҳдидҳои ҳарбӣ, ҳуҷумҳои фарҳангии бегонагон ба соҳили мурод мебарад.

Шахсиятҳо ва симоҳои абарқудрат мухталифанд ва албатта, миёни онҳо шахсиятҳои сиёсӣ нақши меҳварӣ доранд, зеро дар байни шаклҳои шуури ҷамъиятӣ сиёсат аз лиҳози мақом ва моҳият қавитарин маҳсуб меёбад.

Маҳз ба ҳамин хотир, дар тамоми давру замон, дар маркази сиёсати ҷаҳон Шахсият ҳамчун субъекти сиёсӣ - ташаббускор, ташкилотчӣ ва амалкунанда дар назар дошта мешавад. "Таърихи дунё тарҷумаи ҳоли одамони бузург аст" (Томас Карлейл. Энӣиклопедия ума. -М.: 2012. -С.276). Тақдири давлатҳо ва миллатҳо бо номи Шахсият дар вобастагии зич қарор дорад.

Бешубҳа, масъалаи шахс (раҳбар) ҳамчун субъекти сиёсӣ, мисли дигар паҳлӯҳои воқеияти ҷамъиятӣ, ҷанбаҳои таҳқиқи публитсистӣ, бадеӣ, эстетикӣ ва ҳамзамон мардумӣ дорад. Аммо таъкид бояд кард, ки дар илми давлатшиносӣ раҳбарии сиёсӣ аз муҳимтарин масъалаи илмӣ, объекти омӯзиш ва арзёбӣ ба ҳисоб меравад. Муносиботи сиёсӣ маҷмӯи муносибатҳои ниҳоят мураккаби субъектҳои сиёсӣ дар доираи система, структура ва функсияҳои сиёсӣ мебошад.

Масъалаи раҳбарии сиёсӣ дар муддати зиёда аз панҷ ҳазор сол ва зиёдтар аз он, яъне аз замоне ки эҳсоси зарурати ҳатмии сохтани муассисаи барои ҷомеа ҳаётан муҳим, таҳти номи давлат (state) дар майнаи Homo Sapience (зуҳуроти соҳиби шуур) ба вуҷуд омад, пайдо гаштааст. Ин ангеза (лидери сиёсӣ) масъалаи (талаботи) шахсӣ, фардӣ, танҳо тамоюли марбути як нафар набуд ва нест. Он тақозои ҳаётан муҳими давлат, миллат, аз умдатарин қонуният ва омили рушди ҷомеаи маданӣ мебошад.

Сулҳ, Субот, Оромӣ, Осудагӣ ва ҳамзамон тарзи ҳаёти шоиста, рӯ ба беҳбудӣ, умеди устувор ба зиндагии имрӯз ва оянда аз орзуҳои аслӣ ва ҳамешагии инсон ба ҳисоб мераванд. Ба исм, сифат ва ибораҳои номие, ки ҳамчун воқеият ва ормон хотирнишон гардиданд, мудом таҳдидҳои рӯзмарраи ба онҳо баробар ва, ҳатто, бамаротиб зиёд вуҷуд доранд. ҳамин тариқ, дар "саҳнаи театр"-и субъектҳои сиёсӣ, дар муносибат бо ҷомеа, даҳҳо актёрҳо дар нақшҳои гуногун ба бозӣ медароянд. Худро дар ҳар ранг, дар ҳар либос ба намоиш мегузоранд. ҳар кадоми онҳо ҳам манфиат ва ҳам имконоти муайян доранд. Маҳз аз ҳамин хотир, тақозои ҷомеа аст, ки дар майдон Раҳбари оқил, хирадманд, соҳибтаҷриба, ҷавонмард, ғаюр рӯи саҳнаи сиёсӣ бошад. Қобилияти сарҷамъ кардан ва ба як мақсади барои худи миллат ниҳоят муфид сафарбар кардани оммаро дошта бошад. Ин кори одами оддӣ нест. Зеро дар ин ҷараён, тавре хотирнишон гардид, манфиат, фикру андешаи даҳҳо қувваҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ рӯи саҳна мебароянд. Хирадмандона ба ҳам овардан ва ба манфиати миллат раҳнамун сохтани тамоми қувваҳои ҷомеаро фақат Шахсияти фавқулодда метавонад.

Ба хотири ҳаётан муҳим будани масъала, бузургтарин олимони дунё дар мавзӯи Роҳбари сиёсӣ омӯзиш, таҳқиқ ва хулосабарорӣ кардаанд.

Афлотун (428/27 - 347/48) раҳбарро ҳамчун шахсияте ба қалам додааст, ки аз азал илму хирадро парастиш мекунад, ба мардум рӯзгори нек меорад. Созанда ва таҷассумгари ҳақиқии таърихи миллати хеш мебошад.

Таърихшиноси маъруфи фаронсавӣ Т. Карлейл (1795 - 1881) бо такя ба таҳлили ҳаёти гузаштаи мардумони олам ва диди воқеии худ, ба хулосае омадааст, ки "оммаи мардум наметавонанд бе чунин қувваи сафарбаркунандаи муассир вуҷуди шоиста дошта бошад".

Дар бораи Роҳбари сиёсӣ назарияи қобили таваҷҷуҳи маҳзро файласуфи немис Ф. Нитсше (1844 - 1890) иброз доштааст. ӯ дар асараш "Чунин гуфт Зардушт" (1883) таъкид кардааст: "Фақат шахсиятҳои бузург, фавқулинсонҳо, ҳамчун намояндагони олии инсоният таърихро меофаранд". Ба ақидаи ӯ, "фавқулинсонҳо одамони пурқудрат, аз лиҳози шахсият дилнишин ва моил ба пешво будан ҳастанд".

Садсолаҳо қабл аз Нитсше дар бораи шахсиятҳое, ки бо Ақл, Заковат ва Дониши азалӣ ба куллӣ аз дигарон фарқ мекунанд, Абуалӣ ибни Сино таъкид кардааст: "... ин гуна инсон бояд сарчашмаи таълимот барои инсоният бошад. Ва ин ҷои тааҷҷуб нест. Мо ин қабил инсонро дидем, ки маводро бо тарзи тафаккур ва заҳмати фитрӣ аз бар мекунад" (Ибни Сино. Избраннқе философские произведения. -М.: 1980. -С. 228).

Олимони дигар Роҳбари сиёсиро хамчун шахсияти таҳлилгари воқеъбин, дурандеш, содиқ ба қавлу амал барои миллати хеш тасвир кардаанд.

В.Ф. Гегел (1770-1831) аз бузургтарин олимонест, ки омилҳои шаклгирӣ, рушд ва сифати инсонро таҳқиқ ва баҳогузорӣ кардааст. ӯ дар асари машҳураш "Фалсафаи рӯҳ" (1821) дар боби тафсири хислатҳои шахсиятҳои таърихӣ таъкид месозад: "Ба сифати шахсият (характер - С.Я.) он қисмати неруи инсон мансуб аст, ки намегузорад касе ӯро аз роҳи интихобкардааш берун барорад, мақсади худро то ба охир пеш мебарад" (В.Ф. Гегелҳ. Философии духа. -М.: 1977. -С. 77). Дар идомаи сухан оид ба инсонҳое, ки олими бузург эҳтироми худро нисбати онон пинҳон карда наметавонад, бо қаноатмандӣ иброз медорад: "Инсоне, ки характер дорад, эътиқод ва эҳтироми дигаронро соҳиб мешавад. Одамон медонанд, дар шахсияти ӯ бо кӣ сару кор доранд" (ҳамон ҷо, саҳ. 77). Файласуфи собитқадам, ба арзишмандӣ ва дараҷаҳои амали инсон, ки маҳз аз рӯи он характери ӯро муайян ва баҳогузорӣ кардан мумкин аст, таъкид мекунад: "Фақат тавассути амалӣ кардани мақсадҳои бузург, инсон дар худ сифати шахсияти бузургро ошкор месозад. Ва маҳз ҳамин хислат ӯро барои дигарон машъал менамояд" (ҳамон ҷо, саҳ. 77).

Ба ақидаи ин олими бузург, "ҳақиқатро танҳо тавассути таҷриба (озмоиш, санҷиш, бозбинӣ - С.Я.) фаҳмидан, дарк кардан, итминон ҳосил кардан мумкин аст" (В.Ф. Гегелҳ. Наука логики. - М.: 1974. -С. 127). Аммо ба ақидаи Гегел, на ҳар кас аз таҷрибаи рӯзгор метавонад баҳра бигирад. Барои дарки воқеият ба воситаи таҷриба, олими немис нақши Ақлу Хирадро муҳимтарин омил мешуморад: "Барои шинохти таҷриба муҳим аст, донист, ки чӣ гуна ақл ба омӯзиши воқеият (ҳақиқат) сару кор дорад. Ақлу хиради бузург аз таҷриба натиҷаи бузург бар меорад. Дар зуҳуроти рангоранг фақат он чизеро мебинад, ки аҳамият дорад. Ақида, назария дар зуҳурот воқеият пайдо мекунад. На дар ҷои дигар" (ҳамон ҷо, саҳ. 127).

Гегел ба тарзи мушаххас ақидаи "фавқулинсон"-и Нитсшеро тасдиқ мекунад: "Дуруст аст, ки баъзе инсонҳо назар ба дигарон, табиатан (аз азал - С.Я.) моил ба доштани сифати шахсияти қудратманд ҳастанд" (ҳамон ҷо, саҳ. 78).

Шахсиятҳои бузурги миллӣ на танҳо бисёре аз иштибоҳоти дар тӯли таърих бо сабабҳои гуногун ҷойдоштаро ислоҳ мекунанд, аз замони худ беҳтарин дастовардҳо ва шоистагиҳо (эътибор, шаън, қадру қиммат, манзалат) - и умумимиллиро ба мерос мегузоранд, балки барои на кам аз сад соли оянда шароити муфиди рушди миллиро муҳайё месозанд.

Шахсияти бузурги миллӣ дастоварди бузурги миллат аст.

Таҷрибаи инсонӣ ва таҳлили он шаҳодат медиҳад, ки тақдири одамизод (ҷамъият) ҳам, мисли раванди зуҳуроти табиат, дар маҷмӯъ, ниҳоят мушкилфаҳм ва баъзан пешгӯинашаванда аст. Шахсиятҳои бузурге, ки барои миллати хеш таърихофарин ҳастанд, дар сад, дусад, панҷсад сол ва ё зиёда аз он, як маротиба рӯи саҳна меоянд. Онҳо кореро анҷом медиҳанд, ки каси дигар даҳсолаҳо, садсолаҳо ба субут расонида наметавонист. Номи онҳоро, албатта, метавон ба забон гирифт. Аммо ҳоҷат нест. Онҳо маълум ва машҳуранд.

Барои миллати тоҷик чунин Шахсият баъд аз ҳазор сол насиб гаштааст. Аз ин фурсати таърихӣ бо Сухан, бо Қалам, муҳимтар аз ҳама, бо Қадам, огоҳона, дастҷамъона истифода бояд кард.

Классификатсияи субъектҳои сиёсӣ

"Давлат тимсоли ҳақиқии воқеият мебошад; дар он иродаи аслии маънавиёт ба айният мубаддал мегардад. Рӯҳ дар давлат дар шакли объективӣ зиндагӣ мекунад" (В.Ф. Гегелҳ. Философия религии. Т.1. -М.: 1975. -С. 400). Новобаста ба чунин арҷгузорӣ ва эътибор, шароит ва дараҷаи муносибати шаҳрванд ба давлат (сиёсат), бешубҳа, гуногун аст.

Дар миқёси олам давлат ҳамчун муассисаи ягонаи конститутсионӣ, масъули асосии на танҳо сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, амният ва мудофиа, балки рушду тараққии маҷмӯии ҷомеа мебошад. Ташкилкунанда ва мутасаддии фаъолият дар самти маориф, фарҳанг, адабиёт, санъат, маънавиёт ва дигар рукнҳои муҳимми давлатдорӣ маҳсуб мегардад. Таъйин кардани идеологияи сиёсӣ аз муҳимтарин вазифаҳои субъекти асосии ҳуқуқӣ - давлат ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти субъектҳои сиёсӣ, оммаи васеи мардум, асосан, дар доираи муносибат ба идеологияи сиёсӣ сурат мегирад. Солҳост, ки дар ин мавзӯъ мулоҳизарониҳои гуногун, баъзан мухталиф вуҷуд дорад.

Андешаи ғолиб он аст, ҳар нафаре, ки дар ҷустуҷӯи идеологияи давлатӣ (сиёсӣ) аст, асос барои дарёфт намудани самтҳои аслии фаъолият дар ин ҷода кори чандон мушкил нест. Ба эътиқоди ин ҷониб, моддаи якуми боби аввали Конститутсия онро равшан ва ба тарзи мушаххас ифода кардааст:

"Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад".

Маълум аст, ки меъёрҳои конститутсионӣ вазъияти ҳуқуқиро ба таври императивӣ, муайянкардашуда барои давраи ҳаётан муҳимми таърихи миллат эълон мекунанд. Моддаи аввали Конститутсия ҳамзамон, мақсад, ният, самти ҳаракат ва қутбнамои миллатро дақиқ, возеҳ, равшан ва аз ҳама муҳим, қотеона беалтернативӣ ва ивазнашаванда таъйид кардааст.

Ин кафолати худро дар моддаи 100-уми Конститутсия пайдо менамояд. Тибқи он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. Бинобар ин, моддаҳои мазкур ҳамчун сарчашмаи доимии омўзиш, тафсир, истифодаи илмӣ ва амалӣ дар доираи принсипҳои системавӣ мебошанд.

Албатта, шарҳи моддаҳои Конститутсия фақат дар доираи меъёрҳои тафсири расмии ин санади олии ҳуқуқӣ сурат мегирад. Чунин талабот барои тамоми давлатҳо ҳақиқати юридикии эътирофшуда мебошад.

Дар доираи он, мазмуни муқаррароти Конститутсия равшан гардида, татбиқи дурусташ таъмин мегардад. Ин тартиб ҳангоми муайян шудани доираи салоҳияти субъектҳои сиёсӣ дар арсаи идоракунии давлатӣ, амнияти конститутсионӣ ва билохира, барои оромии ҷомеа бағоят муҳим аст. Субъектҳои сиёсӣ дар Конститутсия бо истифода аз истилоҳоти қонунгузорӣ муайян, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо возеҳу равшан эълон гаштаанд.

Яке аз бузургтарин файласуфони асри ХVIII-ХIХ немис таъкид мекунад: "Майнаи инсон дорои мундариҷаи ҳақиқати воқеӣ ҳаст ё не, масъалаи назариявӣ нест. Масъалаи амалӣ аст. Инсон дар амал бояд муносибати худро ба ҳақиқат дар намоиш гузорад, воқеият ва иқтидорашро нишон диҳад".

Барои пурра амалӣ гаштани идеяҳои конститутсионӣ зарур аст, ки чанд насл заҳматҳои ҷонкоҳона кашад. Наслҳои минбаъда, чизи некеро, ки ба мерос мегиранд, набояд нисбаташ фориғбол бошанд. Дар акси ҳол, ин машъалест, ки метавонанд дар як лаҳза аз дасти ватандорон бигиранд. Он тарзе, ки дар иқтибоси боло намояндаи миллати бо дақиқкорӣ машҳур, амалро аз сухан боло мешуморад, таъмини давлатдорӣ ниёз ба кўшишҳои силсилавӣ, мақсаднок ва пеш аз ҳама, муттасил дорад.

Дар ин раванд зарур аст, ки омилҳои объективӣ ва воқеияти амалӣ дар таносуб бо равандҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба назар гирифта шаванд.

Айни замон, ба таъбири олими барҷастаи нимаи дуюми асри ХIХ ва аввали асри ХХ рус, воқеият маънои "таҷассум ёфтани реалияти объективӣ дар шуури субъективӣ мебошад".

Ин гуна муносибат бо пуррагӣ ба таснифи амалияи субъектҳои воқеии сиёсӣ низ марбут аст.

Ҳамин тариқ, новобаста аз кўшишҳои субъекти аслии сиёсӣ (давлат), дар ҳама давру замон субъектҳои сиёсии воқеӣ аз рўи ҷаҳонбинӣ, мундариҷа ва муҳтавои амал якранг буда наметавонанд.

Дар ҳамин асос, бештар се гурўҳи субъектҳои сиёсиро метавон ном бурд:

1. Субъектҳои сиёсие, ки талабот ва манфиатҳои дарозмуддати миллиро бошуурона, аниқ тасаввур мекунанд. Онҳоро мудом бо таҷрибаи таърихӣ ва муосир дар муқоиса мегузоранд. Аз он хулоса мебароранд. Ояндаи миллатро ҳамчун нақша, идея ва арзишу ормонҳо дар амал пайгирӣ мекунанд. Миллат ва давлати хешро, сарфи назар аз мушкилот, мансаб, макони зист, такягоҳи ягона дар роҳи расидан ба мақсади аслӣ мешуморанд. Бо амали хеш садоқатро нисбат ба миллат ва сарзамине, ки аз он рўидаанд, исбот мекунанд. Роҳи дигареро мадди назар надоранд.

2. Субъектҳои сиёсие, ки функсия ва вазифаҳои худро мефаҳманд. Иқтидори тахассусӣ ва зеҳнии амалӣ кардани онҳоро доранд. Аммо дар таъмини талабот ва манфиатҳое, ки аз онҳо интизорӣ меравад, "шамъи дилро сарфа" мекунанд. "Парвои қавли носиху панди адиб" (Саъдӣ) надоранд. Дампо ҳастанд. Рўзгор мебаранд.

3. Субъектҳои сиёсие, ки манфиатҳои фундаменталии сиёсӣ ва дурнамои онро барои дарозмуддат сарфи назар мекунанд. Ба хотири имконоти сиёсии лаҳзагӣ, аз ҷиҳати стратегӣ суолбарангез, ба аъмоли барои манфиатҳои миллӣ (давлати миллӣ, фарҳанги миллӣ) хатарнок даст мезананд. Бошуурона фаҳмида, вориди системаи геополитикии мубориза бар зидди осудагӣ ва амнияти сарзамини аҷдодии хеш гаштаанд. Дар ин система, тавассути пул, мол на ҳамчун субъект- шахсият, балки ба ҳайси абзор (инструмент), бозича кор мекунанд. Манфиатҳои миллӣ, хусусиятҳои фарҳанги миллиро ба манфиатҳои ғаразнок (асосан молӣ) иваз мекунанд. Барои оқибатҳои фаъолияти хеш аз андешаи амиқ, пойдор ва масъулиятнок канораҷўӣ менамоянд. Таҷрибаи таърихӣ ва муосири миллати хеш, кишварҳои Шарқи Наздик ва Афғонистонро бошуурона нодида мегиранд.

Тавре дида мешавад, дар байни се гурўҳи субъектҳои сиёсӣ тафовути ҷиддии ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, самтгирии сиёсиву ақидатӣ ва мавзеъгирӣ мушоҳида мегардад.

Вуҷуд доштани ин унсурҳо мансуб ба кулли миллатҳои дунёст. Фақат гап сари шумора ва муҳимтар аз ҳама, сифати ин сегонаи сиёсӣ дар дохил ва беруни ҳар давлат меравад. Бо заиф, нотавон, беранг гаштани гурўҳи аввал, он бештар ба гурўҳи дуюми субъектҳои сиёсӣ мубаддал мегардад. Ва ҳамчун натиҷа, истодагарии давлат дар муқобили таҳдидҳои ниҳоят хатарнок, ошкору ниҳон, ба намоиш гузоштани қувваҳои ақлонӣ - ҷисмонӣ ва баръакс ҷисмонӣ - ақлонӣ номумкин мегардад. Муассисаи асосии миллат - давлат таназзул меёбад. Оқибат ба шикаст мувоҷеҳ мегардад.

Тамоми кўшиши душман ҳам, маҳз ба муқобили қисмати аввали субъектҳои сиёсӣ равона карда шудааст.

Муносибати рақибони сиёсии давлати миллӣ ба қисмати дуюми субъектҳои сиёсӣ - бо омўзиши маҳз, зиракӣ, дилсўзии авомфиребона ва "шонагӣ" сурат мегирад. Маккорона, мақсаднок барои онҳо "доми роҳу ғамза" (ҳофиз) мегузорад.

Тавре хотирнишон гардид, қисмати сеюм хусусияти абзорӣ – инструменталӣ дорад, ба қавли британиягиҳо «Hand made facility» мебошад.

Новобаста аз дараҷаи тафовути куллӣ байни се қисмати субъектҳои сиёсӣ, як умумият ва алоқамандии хос ҳаст. Онро ҷузъиёти табиӣ меноманд: а) умумияти макони таваллуд ва б) миллат, ҳолати номбаршуда бо амри тақдир рух медиҳад ва аз одам вобастагӣ надорад. Дигар кардани натиҷаи ин таҳкурсӣ аз имкон берун аст: макон ва сарзамини чашм ба дунё кушоданро - Ватан ном мебаранд. Падару модар - ҳамчун сабаб ва натиҷаи ҳастӣ миллатро муайян менамоянд. Мансубият ба сарзамин ва миллатро ҳамин ду далели баҳснопазир тасдиқ мекунанд.

Ин муҳимтарин, асоситарин, умдатарин умумияте ҳаст байни се дараҷаи субъектҳои сиёсии номбаршуда. Таҷрибаи таърихии миллатҳои номдор, устувор ва аз имтиҳоноти ҷиддии таърих шарафмандона гузашта, ҳаминро нишон медиҳад. Омилҳои ватандорӣ ва мансубият ба миллат риштаи ногусастании умумӣ, ягонагӣ, қавмият, урфу одат ва маънавиёти (идеологияи) миллӣ мебошад.

Намояндаи миллат ва сарзаминро дар кулли атрофу акноф ҳамин арзишҳо ба андеша раҳнамун месозад, водори амал менамояд. Дараҷа, сифат ва тавони ин ҳиссиёт душманони миллатро дар дохил ва берун дасткўтоҳ мегардонад. Устувории миллиро дар ҷараёни бадалшавии наслҳо ба хотири пойдорӣ, дахлнопазирии сарзамини аҷдодии ҳамагон ва миллат таъмин мекунад.

Бояд ба инобат гирифт, ки шадидтарин зиддиятҳо, муборизаҳо, низоъҳо дар муносиботи дуҷониба, бисёрҷонибаи давлатҳо ва арсаи геополитикӣ, фақат дар доираи манфиатҳои миллии давлатҳо сурат мегиранд, зуҳур меёбанд, на дар атрофи чизи дигар. Асоси рақобатро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, динӣ, мазҳабӣ ва ғайра, манфиатҳои миллӣ - аслӣ, фундаменталӣ, тағйирнаёбанда, мантиқӣ ва хусусияти қонунмандидошта, табиӣ муайян мекунанд.

Фосила гирифтани субъектҳои сиёсии хориҷӣ, сохторҳое, ки барои таъмини ин манфиатҳо сафарбар карда шудаанд, аз воқеияти манфиатҳои миллӣ ба ҳар шиору баҳона (манфиатҳои бо ном диниву мазҳабӣ, фарҳангӣ, умумиятҳои забонӣ, таърихӣ, аҷдодӣ ва ғайра, ки забонзада шудаанд), авомфиребии содалавҳона ва аз гардишҳои лафзии номуваффақи дипломатӣ беш нест. Амалест, ки ҳадафмандона ба авом равона шудааст. На болотар аз он. Бо мақсади зудудан, беранг кардани эҳсоси мансубият ба сарзамин ва миллат. Ба хотири дар ғафлат монондани миллати мавриди ҳадаф қароргирифта.

Маданият ва субъекти сиёсӣ

Таҳлили фаъолияти субъектҳои сиёсии давлатҳои мутамаддин, ки онро маҳз "Дунёи куҳан" (қадимӣ, собиқадор, ҳаётдида, устувор) ном мебаранд, нишон медиҳад, ки онон, ҳатто дар истифодаи калимаи "оппозитсия" низ хеле андешамандона, эҳтиёткорона ва ҳадафмандона муносибат мекунанд. Дар Британияи Кабир, ки садсолаҳо қисми дунёро таҳти тасарруф дошт, дар робита бо ақл, хирад, андеша ва қудрату манзалати геополитикии он айни замон ҳам ҷой барои баҳс намемонад, системаи сиёсиаш, асосан, ҳолати дуҳизбиро ба ҳукми анъана даровардааст. Парламенти кишварро аслан ду ҳизб намояндагӣ мекунанд. Онҳо ҳукуматро ташкил ва раҳбарӣ менамоянд.

Албатта, тафсирҳо дар ин маврид гуногунанд. Аммо ба ҳукми анъана, оппозитсияи мавҷударо ба хотири нигоҳ доштани ягонагии давлат, мақсаду маром ва пойдории давлатдорӣ барои мардумони "ҷазираҳои муассир" "No oposition to thӯ Majӯsty", балки "Hӯқ Majӯsty's opposition" (на "оппозитсияи муқобили Шоҳ", балки "оппозитсияи Шоҳ"), мегўянд (Javapalan N. Modӯқn Govӯқnmӯnt sandoppositions. 2 volғmӯ. 2002. -Р. 109). Ин таъбир яке аз истилоҳоти мантиқии муайяншудаи илми давлатшиносии Ғарби имрўза аст. Ҷавҳари ифода - вобаста кардани тамоми имконот - потенсиали сиёсӣ, идеологӣ, маънавии ҷомеа, ҳатто, ҳизбу ҳаракатҳое, ки оппозитсия номида мешаванд, ба хотири безавол мондани давлати миллии британиягиҳо - муқаддасоти миллии онон мебошад. ҳамчунон, ишора, даъват ба самтгирӣ ва қутбнамои стратегияи сиёсии миллӣ аст.

Таҳлили назария ва амалияи фаъолияти субъектҳои сиёсии давлатҳои мутамаддини дунё (дар назар дошта мешавад, пеш аз ҳама, кишварҳои Ғарб) аз он шаҳодат медиҳад, ки тафаккури илмӣ, таҷриба ва амалияи сиёсии ин кишварҳо ба аҳамияти субот, ягонагӣ ва қудратманд будани давлати миллӣ нигаронида шудаанд. В.Ф. Гегел муҳимияти масъалаи зикргардидаро қотеъона таъкид мекунад: "Мавҷудияти маънавӣ ва бохирадонаи инсон фақат дар чаҳорчўби давлат имкон дорад" (В.Ф. Гегелҳ. Лекӣии по философии всемирной истории. -М.: 1977. -С. 64). Олими бузург дар давоми сухан аз оҳанги олимонаи фалсафаи баён фосила гирифта, омирона фикрашро идома медиҳад: "Бо тамоми ҳастӣ инсон бояд худашро дар назди давлат масъул шуморад. Кулли арзишмандии инсон, рўҳ ва маънавиёти ҳақиқии он - натиҷаи ҳастӣ ва фаъолияти ў дар доираи давлат аст" (ҳамон ҷо, саҳ. 64). Сиёсатшиноси маъруфи немис таъкид менамояд, ки яке аз вазифаҳои муҳими давлат андухтани маърифат аст. Зеро "мақсади ҳама гуна донишомўзӣ иборат аз он аст, ки ба инсон кўмак кунад, то ў табиати маҳзи субъективиашро пушти сар карда, воқеияти ба тарзи объективона, дар чаҳорчўби давлат зистанро омўзад" (ҳамон ҷо, саҳ. 64).

Ҳамин тариқ, илми давлатшиносии Ғарб таъкид бар он мекунад, ки шахс ҳамчун субъекти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар муносибат бо манфиатҳои давлатӣ (хонда шавад миллӣ) аз диди номутаносиби шахсии хеш болотар истад, манфиати давлатиро волотар бинад. Мутаассифона, ноил гаштан ба чунин эҳсос, тасаввурот, муносибат, бидуни омўзиши илм, андўхти маърифат мувоҷеҳ ба мушкилот аст.

Геополитика: "Мантиқи воқеъият" ва субъекти сиёсӣ

Дар доираи илмҳое, ки қонуният ва шаклҳои тафаккурро меомўзанд, мафҳуми "мантиқи воқеият" вуҷуд дорад. Он қонунмандиҳои хақиқати объективиро дар чаҳорчўби ифодаи мантиқӣ инъикос мекунад.

Субъектҳои сиёсӣ, ки дар фазо ва вақт амал мекунанд, ба тарзи диалектикӣ наметавонанд аз "мантиқи воқеият" берун бошанд. Онро сарфи назар кунанд. "Hӯқ Majӯsty's opposition" маҳсули ана ҳамин воқеият аст. Ин шиор барои мардуми Британияи Кабир хуб хизмат мекунад. Субъектҳои сиёсиро дар системаи сиёсии давлатдории Англия, то ҳадди имкон, дар доираи талаботи маъмули дипломатии "oiling қӯlationship" (мулоим кардани муносибатҳо) нигоҳ медорад. Гумон намеравад, ки он бар зарари дигар субъектҳои байналмилалӣ бошад.

Яъне, вобаста ба зинаи тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, маданият ва маърифати сиёсӣ, шароити таърихӣ, таҷрибаи давлатдорӣ, урфу одати миллии ҳар давлат, "мантиқи воқеият" зарурати истифодаи роҳ, усул ва шаклҳои муайяни фаъолияти система, структура, аз ҷумла субъектҳои сиёсии хешро дорад. Дар асоси он амал мекунад.

Аммо таҷриба ва аёнияти сиёсати геополитикӣ иборат аз он аст, ки давлатҳои абарқудрат ва мамлакатҳое, ки аз худ қувваи хоси геополитикӣ метарошанд, ё дар орзуи чунин қудрат ҳастанд, барои худ аз ин намуди мантиқ сахт истифода мекунанд. Барои мисол, онҳо дар қаламрави худ ба сохтани ҳизбҳои сиёсие, ки оқибат ба илмситезӣ, нооромӣ, бесуботӣ, ифротгароӣ, парокандагӣ, шикаст ва нобуд гаштани сохти давлатдории худашон оварда мерасонанд, ҳаргиз иҷозат намедиҳанд. Аммо барои созмон додан, пурқувват кардан, ба субъекти муассири паҳн кардани фанатизм, хурофотпарастии ҷомеа дар кишварҳое, ки қисмате аз мардуми онҳо сода, гумроҳ, аз ҷиҳати маърифати илмӣ дар зинаи поини тараққӣ ҷойгаҳ доранд ва аз ҷиҳати молӣ онҳоро ҳарис, дастнигар ва тамаъҷўй дармеёбанд, садҳо миллион доллар сарф мекунанд. Барои ин кор ҳазорҳо баҳона, шиор, даъватҳо, барномаҳо, консепсияҳои авомфиребона коркард ва тарҳрезӣ менамоянд. Онҳоро "арзишҳо" ном мебаранд. Аъмоли хешро, дар ҳар сурат ҳамчун раванди таъмини манфиатҳои миллии хеш маънидод мекунанд. Аз он рўҳ мегиранд. Қаноатманд мешаванд. Аммо дар доираи "мантиқи воқеӣ" амалкарди нафаре, ашхосе, гурўҳаке, ки ҳамчун "абзор", "асбоб", олати иҷрои амал, тавассути касе, чизе истифода мешавад, на дар доираи "мантиқи воқеӣ" ва умуман илми мантиқ, ки асоси онро дарки алоқамандии тафаккур ба олами объективӣ ташкил мекунад, рост намегирад. Агар аз истифодаи "артиллерияи вазнини суханҳои илмӣ" худдорӣ кунем, амали онҳо маънӣ ва мантиқ надорад. Ҳар коре, ба ҳар навъе, зери кадом шиоре анҷом медиҳанд, дар муқобили манфиатҳои миллат ва Ватани аҷдодии хеш анҷом медиҳанд.

"Созишномаҳо" байни ашхосе, ки дар шакли кўшиши сохтани субъекти сиёсӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат бо аҷнабиён бар зидди манфиатҳои миллӣ сурат мегирад, созишномаҳои техникӣ (сохта, муваққатӣ, тактикӣ), ҳамчун никоҳи сиға байни субъект ва объект мебошад. Охирин мавриди таъсир ва истифодаи аввалӣ аст. Асоси муносиботро ғараз ташкил мекунад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ин гуна мантиқи бофта дар аввалин озмоиш, рў ба рў гаштан бо воқеият ва ҳақиқат, ки онро манфиатҳои Миллат ва Ватан мегўянд, фош мегардад.

Мутаассифона, тавре ки таъкид гардид, дар амали аҷнабиёне, ки зидди манфиатҳои миллии мо мубориза мебаранд, мантиқ ҳаст. Он чизе, ки дар амали ашхос ва гурўҳаке, ки бо кўмаки онон манфиатҳои Ватани худро зери суол мебаранд, мавҷуд нест.

Мантиқи ҳаёт, мантиқи воқеият зўртар, пурқувваттар аз мантиқи ваъдаи фардои аҷнабиён аст. Ҳамин тариқ, "мантиқи воқеӣ", ҳақиқӣ, дар шароити давлатдорӣ доимо дар ҷои аввал меистад.

Ҷанбаи таърихии субъекти сиёсӣ

Маълум аст, ки бисёри миллатҳо, аз ҷумла миллати тоҷик, давраи таърихии токонститутсиониро аз сар гузаронидаанд. Истилоҳи субъекти сиёсӣ мансуби таърихи нав аст. Гарчанде зуҳуроти субъекти сиёсӣ ҳамчун муҳимтарин ҷузъи системаи сиёсӣ сабаб ва боиси пайдо гаштани умдатарин қисмати системаи сиёсӣ - давлат гаштааст.

Субъект ҳамчун категорияи фалсафӣ, барои тафсири фаъолияти инсон, ба хотири дарки амалия ва назарияи ў истифода карда мешавад. Аниқтараш, ҳарф сари муносиботи субъектӣ - объектӣ (инсон ва ҳадафи ў) меравад. Сарчашмаи илми шинохти сиёсат низ аз ҳамин мафҳум ва мантиқи фалсафӣ маншаъ мегирад.

Дар маҷмўи ҷузъиёти биологӣ мавқеи Инсон ҷойгоҳи махсус дорад. Ў на танҳо сабабгори тағйири муҳит, атроф, табиат ба хотири дар доираи фаҳм ва зеҳни худ мувофиқ кунонидани он ба манфиати хеш аст, балки созандаи тафаккур, тасаввурот ва ҷаҳонбинӣ мебошад. Яъне, Инсон ягона ҷузъи созанда ва худкифои зуҳуроти табиӣ аст, ки барои имрўз ва ояндаи худ, назари мантиқӣ ба хотири пешрафти онро дорад. ҳамин тариқ, агар сухан дар бораи субъект равад, ҳатман объект дар назар дошта мешавад.

ҳарф сари он аст, ки муносибати субъект ба объект ба хотири таъсир расонидан, коркард ва аз он чизе сохтан барои манфиати худи Инсон, дар вобастагии кулл ба дараҷаи дониш, илм, маърифат ва ҷаҳонбинии худи Инсон аст. Ба ибораи дигар, вазни субъекти сиёсӣ баробар ба дараҷа, сифат ва самараи донишҳои он дар бораи қонуниятҳои пайдоиш, инкишофи табиат ва ҷамъият мебошад. Ҳамзамон, ченаки арзишмандӣ ва воқеияти ин гуна донишҳо дар амалияи инсон, ҳаёти рўзмарраи ҷомеа, самара ва пешрафти он барои зиндагии воқеӣ (на ваъдагӣ) ифода меёбад.

Воқеияти таърихии дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кардани давлати мустақили миллӣ бо номи Тоҷикистон, самараи фаъолияти субъектҳои воқеии сиёсии миллати тоҷик дар тўли таърих аст.

Давлатмардон, лашкаркашон, олимон, аҳли адаб сабаби (субъекти) аслии ворисӣ кардан ва ба Истиқлолияти миллӣ расонидани миллати тоҷик мебошанд. Се ранг доштани Парчами миллӣ инъикоси рамзии амали қаҳрамонии субъектҳои сиёсии миллати тоҷик аст. Онҳо бо эҳсос ва муносибати воқеӣ (амалӣ, ҳақиқӣ, материалӣ) манзалати миллати тоҷикро ба ин сатҳ расониданд.

Корномаи Рўдакӣ ва ҳамасрони ў дар пойдор, устувор ва шуҳрати ҷаҳонӣ бахшидани забони тоҷикӣ, қаҳрамонии Фирдавсӣ дар зинда кардани Аҷам, на барои инъом, тавре ки дар фарзияҳои нақди адабӣ омадааст - ба хотири туҳфа пешкаш кардани "Шоҳнома" ба Султон Маҳмуди зобит, хурофотӣ ва мутаассиб, балки ба мақсади ба ў ва дигар аҷнабиёни ғосиб фаҳмонидани таърих, аслият ва ҳувияти миллати тоҷик, эълом ва таъкиди мансубияти аҷдодии мулки Аҷам, фидокории Ибни Сино дар муаррифӣ кардани ақл, хирад ва тавони маънавии миллии тоҷикон ва ҳазорҳо нафар дигар фарзандони фарзонаи мардуми мо ҳамчун субъекти сиёсии муқтадир, дар роҳи ташаккулёбӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ, хизмати ҷовидона кардаанд.

Худшиносӣ ҳамчун муҳимтарин қисмати структуравии субъекти сиёсӣ, фақат дар натиҷаи аз худ кардани донишҳои мукаммали илмӣ сурат мегирад. Маҳз дар ҳамин асос, инсон мавқеи худро дар ҷамъият муайян мекунад. Ба атроф - табиат ва ҷамъият муносибати хешро дақиқ месозад.

Хотираи таърихӣ нишонгари он аст, ки бузургони миллат дар муддати зиёда аз ҳазор соли бедавлатӣ тавонистанд бо имконоти кўтоҳи дастрасии сиёсӣ, ҳарбӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ҳувияти миллии тоҷиконро то ба Истиқлолияти давлатӣ расонанд. Сарфи назар аз фишор, таъқиб, таҳдидҳои аҷнабиён манфиатҳои миллии хешро нигоҳ доштанд, ҳимоят карданд. Истодагарӣ намуданд. "Агар рўҳи Инсон қавӣ бошад, эҳсоси беруна имкони таъсир кардан ба онро надорад" (Ибни Сино. Мунтахаби осори фалсафӣ. -М.: 1980. -С. 226). Дар ҳама ҷо, дар ҳама ҳолат ў манфиати миллиро аз манфиати аҷнабиён фарқ карда метавонад.

Воқеият зуҳуроти объективӣ, диалектикӣ аст. Аммо дарки он хосияти сирф субъективӣ дорад. Ба дониш, ҷаҳонбинӣ, тавони шинохти таҷриба, таҳлил, арзёбӣ ва шакли муносибат ба предмети мавриди назар вобаста аст.

Дар масири пурпечутоби шинохти зиндагӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ, аслан, сухан дар атрофи ақл ва дониш меравад. Нақши аввалӣ муҳимтар аз ҳама аст. Мутаассифона, "агар ақл кўтоҳӣ кунад... дар хотира чизе боқӣ намемонад. Ў ҳама нақшро дар шакли умумӣ мебинад. Маҳз ба хотири ҳамин, касе, ки аз ақл фосила дорад, вай бисёр чизҳоро дар шакли нодуруст тасаввур мекунад" (Ибни Сино. Мунтахаби осори фалсафӣ. -М.: 1980. -С. 226).

Донистан, фаҳмида гирифтан ва сарфаҳм рафтани ҷанбаҳои таърихии субъекти сиёсӣ аз муҳимтарин омили пойдор гаштани худи субъекти сиёсӣ барои манфиатҳои миллӣ маҳсуб мегардад.

Маълум аст, ки мантиқи таърихи гузаштаи миллатро нахуст аз рўи натиҷаи он меомўзанд. Ҷараёни чунин омўзиш аз натиҷа ба сабабҳо, омилҳои он самтгирӣ мекунад. Бе ин, дарки воқеияти имрўза ва сохтани оянда номумкин аст.

Таърих хусусияти объективии устувор дорад. Амали иҷрошуда аст. Аз далелҳо иборат мебошад. Ин далелҳо дар фазо ва вақт ба вуқўъ пайвастаанд. Ҳатто, "олимони Юнони Қадим муътақид буданд, ки донистани ягон чиз на тавассути баҳс, балки тавассути омўзиши таҷриба ҳаллу фасл мегардад" (Ф. Бекон. Сочинение в двух томах. Т.2. -М.: 1978. -С. 7). Таърих таҷриба аст.

Илми мантиқ тақозо мекунад, ки дар тамоми ҳолат қонуният ва шаклҳои тафаккур, ба умеди ноил гаштан ба донишҳои илмӣ, дар вобастагӣ ба воқеият истифода шавад. Маҳз ҳамин ҳолатро фаҳми таърихӣ - мантиқӣ меноманд. Қувваҳое, ки бо кумаки бегонагон мехоҳанд аз худ нишонаи субъекти сиёсии сохтакоронаро намоиш диҳанд, умед аст, ин ҳақиқатро ба инобат мегиранд. Агар фаҳм ба ҳақиқати имрўз мушкил дошта бошад, ҳақиқати таърихро дар чаҳорчўби мантиқ омўзанд. «Роҳи расидан ба ҳақиқат, худ бояд ҳақиқӣ бошад».

Хулоса

Субъекти сиёсӣ аз муҳимтарин мавзўъҳои тадқиқоти илми давлатшиносӣ аст. Он, пеш аз ҳама, масъалаҳои умдаи сиёсати амалиро дар бар мегирад. Ташаббускор, пешбаранда, ташкилотчӣ ва иҷрокунандаи фаъолияти сиёсӣ мебошад. Дар амалӣ кардани нақшаҳои сиёсӣ сидқан манфиатдор аст. Роҳ, усул ва методҳои амалӣ кардани мақсадҳои дар пеш гузоштаашро медонад. Дар ин самт кўшишҳо ба харҷ медиҳад.

Масъалаи ҳаётан муҳим дар чаҳорчўби таъйиноти субъектҳои сиёсӣ, манфиатҳои миллӣ - сулҳу субот, амнияти системавӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди давлати миллӣ мебошад. Дар муқобили чунин таъйинот ҳама гуна барнома, шиор ва ваъдаҳои дигари шахс, гурўҳ, созмон ва ташкилоте, ки сарфи назар таҳти пўшиши кадом ақида, назария ва ҷаҳонбинӣ баромад карда, кўшиши эътироф карданро ҳамчун субъекти сиёсӣ доранд, бо ҳақиқати илмӣ дар ихтилофи маҳз аст.

Муҳимтарин субъекти сиёсӣ дар баробари Давлат ва Миллат, Раҳбари сиёсии давлати миллӣ, ҳамчун падидаи аз ҷиҳати илмӣ - назариявӣ, сиёсӣ - амалӣ ва ҳуқуқӣ муайяншуда, исботгардида ва тасдиқшудаи таҷрибаи таърихии миллатҳои пешқадами дунё мебошад. Он барои раҳнамун ва ба мақсадҳои олӣ расонидани Давлат ва Миллат нақши ҳалкунанда дорад. Таҷрибаи таърихии миллати тоҷик ин назарияро бори дигар бо далелҳои оламшумул, равшан ва муътамад тасдиқ кард.

Классификатсияи сифатии субъектҳои сиёсӣ сарфи назар аз ақида ва мавқеъгирии сиёсӣ, макони зист, исботи он аст, ки байни тамоми қишрҳои аҳолии мардуми Тоҷикистон умумиятҳои бузурги таърихӣ, ирқӣ, наҷодӣ вуҷуд дорад: а) тибқи макони таваллуд мо ҳамватанем, фарзанди як сарзамин – Тоҷикистонем; б) аз рўи мансубият ва давоми падару модари худ тоҷик ҳастем. Ин умдатарин, муҳимтарин, асоситарин, бузургтарин аломате аст, ки таҳти Парчами Пешвои Муаззами Миллат, бо одитарин имконот, сарҷамъ, як субъекти бузурги сиёсиро барои сохтани Ватани азиз созмон диҳем, сафарбар намоем. Ҷанбаи таърихии таҷрибаи субъектҳои сиёсӣ ва мантиқи воқеияти олами имрўз моро ба ин амал беш аз пеш водор мекунад.

С. ЯТИМОВ,
доктори илмҳои сиёсӣ,
узви вобастаи Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
маҷаллаи «Илм ва ҷомеа», №1 (9) 2018

Читать далее

07 March 2018

Вохури бо занон

Дар ноҳияи Деваштич тибқи нақшаи КИН ҲХДТ дар якчоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи модар дар ташкилоти ибтидоии хизби «Мақсад» вохӯри ва мулоқот таҳти унвони «Занон-нерӯи тавонои ҷомеъа» бо занону ҷавондухтарони фаъоли ҳудуди ноҳия ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур масоили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Накши занону бонувон дар бунёди оила солим» «Риоя намудани фарҳанги либоспушӣ» фикру ақидаҳои ҷолиби диққат баён гардиданд.

Нилуфар Носирова
матахассиси шубаи кор бо занони
Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Модар бахшандаи умру маънӣ

Бахшида ба Рӯзи Модар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич чорабинb бахшида ба рeзи Модар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ кӯдакону наврасон бо забонҳои англисию русӣ баромадҳои ҷолиби диққат намуда, модарони худро бо намоиши саҳну хондани шеъру тарона муборакбод намуданд. Собиқадорони меҳнат, модару модаркалонҳо, омӯзгорону меҳмонони чорабинӣ аз барномаи фарҳангии хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии №38 басо хурсанд гардида, дар хотимаи чорабинӣ қайд намуданд, ки барои Зан – Модар аз саломатию осоиштагии фарзандон ва сулҳу амонии сарзамини аҷдодон арзишмандтар чизе нест ва онҳо ҳар лаҳзаю ҳар сония дуогӯйи онанд, ки фарзанду наберагонашон дар зери осмони беғубору дар шароити хубу мусоид умр ба сар баранд. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои бонувон имкониятҳои васеъро фароҳам оварда, барои боз ҳам баланд гардидани мақому манзалаташон дар ҷомеа пояи устуворе гузошт.

Сарвар Саидов
роҳбари намояндагии ташкилоти
ҷамъиятии ҷавонон
«Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич

Читать далее

ЁДГОР САЪДИЕВ, ЖИТЕЛЬ ГОРОДА САМАРКАНДА: «ТАДЖИКСКИЙ НАРОД ВЕЛИК, ИБО ОН ИМЕЕТ УСТОДА РУДАКИ И ЛИДЕРА НАЦИИ ЭМОМАЛИ РАХМОНА»

ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /НИАТ «Ховар»/. 1 марта на границе Узбекистана и Таджикистана были заново открыты 6 контрольно-пропускных пунктов. На торжества по случаю открытия границ между Республиками Таджикистан и Узбекистан наряду с руководителями приграничных областей и районов наших стран собрались много уважаемых и видных людей с обеих сторон.

Читать далее

Бо баҳонаҷўӣ баъзе коргоҳҳо фаъолият намекунанд...

Сабаб дар чист?

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Бо дарназардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад». Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар 10 соли охир ба давлати индустриалӣ-аграрӣ табдил дода мешавад.

Дар ин раванд зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарият ва масъулини соҳоти мухталиф, аз ҷумла саноат ҷиҳати ба кор андохтани коргоҳҳои саноатӣ дастуру супоришҳои махсус дода буд.

Бо мақсади воқиф гаштан аз вазъи кунунии соҳаи мазкур ба шаҳри Конибодом сафари хизматӣ доштем. Дар рафти суҳбат бо муовини раиси шаҳр Илҳом Ҳомидӣ аён шуд, ки аз ҷониби саноатчиёни шаҳр корҳои муайян ба иҷро расонида шуда, дар соли 2017 афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 138 фоизро ташкил додааст.

Танҳо дар се соли охир 19 корхонаи саноатӣ сохта, бо таъсиси 368 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

Чун бобати коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда пурсон шудем, мавсуф изҳор дошт, ки дар маҷмўъ 14 коргоҳ бо сабабҳои гуногун фаъолият надоранд ва дар самти ба кор даровардани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, вусъат додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ пайваста корҳо идома доранд.

Аз ҷумла, коргоҳи коркарди нафти ҶДММ«Шоҳон» давоми се соли охир аз фаъолият монда буд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои байни роҳбарияти шаҳр ва соҳибмулк моҳи сентябри соли 2016 таъмири хатти технологии коргоҳ огоз гардида, моҳи октябри соли гузашта ба фаъолият шурўъ намуд ва дар ду моҳи соли 2017 дар ҳаҷми 1 млн. 912 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард ва дар соли 2018 коркарди 10 ҳазор тонна нафти хом ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбарияти шаҳр дар якҷоягӣ бо масъулин ба корхонаҳои ҶС «Ресмон», ҶС «Конибодом», ҶС «Ассор», ҶС «Ассор Перм», ҶС «Конибодом маснуот», ҶДММ «Билол Групп» ташриф оварданд ва бо роҳбарони корхонаҳо вохўрӣ доир намуда, ҷиҳати ба кор даровардани иқтидорҳои бозистода тавсияҳо доданд.

Корхонаи муштараки ҶС «Ассор Перм» коргоҳи борутбарории шаҳри Перми Федератсияи Россия ва ҶС «Ассор»-и шаҳри Конибодом мебошад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 2000 тонна селлюлозаи пахтагӣ буда, коргоҳ аз соли 2010 инҷониб бо сабаби набудани дархост барои маҳсулоти тайёр ва норасогии воситаҳои гардон фаъолият надорад. Моҳи январи соли гузашта гурўҳи корӣ бо роҳбарии академик Г.Кузминский аз корхонаи борутбарории шаҳри Перм ба ин коргоҳ ташриф оварда, дар якҷоягӣ бо роҳбарияти шаҳр ва масъулини коргоҳ аз ҳолати хати технологӣ ва имкониятҳо огоҳ гардида, барои таъмир ва аз нав ба фаъолият оғоз намудани он шартнома бастанд, аммо масъалаи маблағгузорӣ ба корҳои таъмирӣ то имрўз ҳалли худро наёфтааст.

-Ҳамасола пеш аз оғози коркарди пахта бо роҳбарони коргоҳҳо ва сехҳои истеҳсоли равғани растанӣ, аз ҷумла, ҶС «Ассор», ҶДММ «Зулфиқор» дар назди раиси шаҳр машварати корӣ доир гардида, ба роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунӣ тавсия дода мешавад, ки бо мақсади пурра коркард шудани ҳосили пахта дар заводҳои пахтатозакунии ҳудуди шаҳр нархи хариди пахтаи хом аз хоҷагиҳои деҳқонӣ аз нархи миёнаи вилоят набояд кам шавад. Чунин амал ба мо имконият медиҳад, ки суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ барои ғанӣ гардидани шароитҳо мусоидат мекунад, - изҳор дошт И.Ҳомидӣ,-инчунин ба роҳбарони сехҳои истеҳсоли равғани растанӣ пайваста пешниҳоду дастурҳо оид ба захира намудани маблағҳо тариқи гирифтани қарзҳои бонкӣ барои хариди чигити техникӣ ва коркарди минбаъдаи он дода шудааст.

Сехи истеҳсоли равғани растании ҶДММ «Фахид» бо тавсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби ҶДММ «Доган» ба иҷора гирифта шуда, моҳи ноябри соли 2017 ба фаъолият шурўъ намуд.

ҶДММ «Амонбой», ки роҳбарии онро Шариф Холматов ба ўҳда дорад, аз сабаби набудани воситаи гардон ва паст будани сифати маҳсулот фаъолият надорад ва соҳибмулк айни замон берун аз кишвар қарор дорад.

ҶДММ «Новопласти Конибодом», ҶДММ «Акра Плюс», ҶДММ «Мавлон Канд» ва ҶДММ «Шаҳнура» аз феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ бароварда шуда, ҳамчун соҳибкорони инфиродӣ фаъолият доранд.

ҶДММ «Азия Ойл» аз сабаби ба охир расидани муҳлати иҷора фаъолият надорад ва айни ҳол ҶДММ «Нафтрасон» дар алоҳидагӣ фаъолият намуда, аз аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 11 млн. 648 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Дар соли 2018 аз тарафи коргоҳ коркарди 50 ҳазор тонна нафти хом ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, дар натиҷаи гуфтушунидҳо бо роҳбарони ҶДММ «Билол Групп» ва ҶС «Конибодоммаснуот» ба нақша гирифта шудааст, ки дар асоси сементи маҳаллӣ истеҳсоли ҳама гуна маҳсулоти бетонӣ аз қабили: плиткаҳо (сафолак) бардур, симбетон (столба) ба роҳ монда шуда, корхонаҳои мазкур ба фаъолият шурўъ менамоянд.

Қайд кардан зарур аст, ки охири соли 2018 роҳбарияти шаҳр нақша доранд, ки 4 коргоҳ - коргоҳи истеҳсоли сементи ҶДММ «Билол Суюлин семент», басти дуввуми коргоҳи коркарди меваи хушки ҶДММ «Меваи Канд», сехи коркарди маҳсулоти ширии «Нури нав-2016» ва сехи пахташонакунии коргоҳи нобиноёнро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар сурати ба кор оғоз намудани ин коргоҳҳо беш аз 100 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд гашт.

Бино ба маълумоти масъулин сабаби асосии аз фаъолият бозмондани аксари коргоҳҳо кўҳнаву фарсуда гаштани дастгоҳу таҷҳизот, аз ҷиҳати сифат ба талаботи бозор ҷавобгў набудани маҳсулот маҳсуб ёфта, дар раванди ислоҳи вазъи имрўзаи коргоҳҳо чораҳои зарурӣ меандешанд. То кадом андоза ин масоили мубрам роҳи ҳалли худро меёбад, инро вақт нишон медиҳад!

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Боғро сабз намояд боғбони сабздаст!

Дар ярмарка - фурўши ниҳолҳо зиёда аз як миллион бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо пешниҳоди сокинон гардид

Бо мақсади таъмин ва дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сабзпўш гардонидани гўшаву канори Ватани азизамон ҳар сол дар арафаи баҳор, ярмарка - фурўши ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, гулу гулбуттаҳои ҳамешасабз ва тухмии зироатҳо доир карда мешавад.

Бо ин мақсад субҳи 3-юми марти соли равон дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка–фурўш баргузор гардид, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, аз рафти ярмаркаи имсолаи ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ дидан намуд.

Сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода доир ба ин чорабинии аввалибаҳорӣ чунин гуфт:

-Имрўз зиёда аз як миллион бех ниҳоли мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо ба ярмарка бароварда шудаанд. Сокинони Хуҷандшаҳр ва умуман вилоят бо як иқдоми нек барои ободу зебо гардонидани маркази вилоят ва дигар шаҳру навоҳӣ ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳоро бо завқу шавқ харидорӣ намуда истодаанд. Бояд зикр намуд, ки дар ин ҷода саҳми тамоми кишоварзон, аз ҷумла, хоҷагиҳои инфиродӣ барои парвариши гулу гулбуттаҳо ва ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда хеле калон буда, дар оғози фасли баҳори нозанин онҳо дар ин чорабинӣ маҳсули заҳмати худро пешкаши сокинони вилоят гардониданд.

Тавре аён гардид, сокинон барои ободу зебо намудани манзили худ аз гулу буттаҳое, ки деҳқонон ва сокинони вилоят пешниҳод намуданд, харидорӣ карда, барои сарсабз гардонидани назди маҳаллаву деҳа, шаҳру ноҳия ва хонаҳои худ саҳм гузошта истодаанд.

Ташкили боғҳои интенсивӣ - таъмини ниҳолҳои пайвандӣ

Акрам Каримов - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миннатдориашро ба ташкилкунандагони ин ярмарка расонида гуфт, ки имрўз ба чорабинӣ омада, ниҳолу гулҳои ороиширо харида, ният дорад дар боғи назди ҳавлии худ шинонад, то дар оянда аз меваҳояш фарзанду набераҳо ком ширин кунанд.

Ҳамчунин, сокини ноҳияи Деваштич Ҳасан Бурҳонов гуфт, ки наздик 40 сотих замин дошта ва бо кишоварзӣ машғул аст. - Огоҳ шудам, ки дар шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурўши ниҳол баргузор мегардад, омада аз ин ҷо якчанд намуди дарахтони мевадиҳандаро бо нархи арзон харидорӣ намуда, ният дорам боғи нав бунёд созам ва аз меваҳои он сокинони деҳа истифода баранд.

Бо афзоиши талаботи дохилӣ ва беруна қабули стандартҳои нав ба хелҳои мева ва шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли мева, пешниҳоди он бо сифати баланди бозори ҷаҳонӣ зарур аст. Аз ин рў, дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилоят ташкили боғҳои интенсивӣ ба роҳ монда, шумораи онҳо зиёд карда мешаванд. Дар ин самт ҷорӣ намудани усулҳои нави ташкили боғҳо ва таъмин бо ниҳолҳои интенсивӣ нақши калон доранд.

А.Охунҷонов - ходими илмии шуъбаи ниҳолпарварии Филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткорӣ:

-Оғоз аз соли 2010 роҳҳои зиёд намудани тагпайвандҳо барои ба даст овардани ниҳолҳои қадпаст, ки солҳои охир талабот барои ташкили боғҳои интенсивӣ зиёд гардида истодааст, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷараён доранд. То имрўз зиёда аз 10 номгўи тагпайванд ва роҳҳои зиёд намуданашон омўхта шуда, дар он зиёда аз 17 навъи зардолую шафтолу ва олу пайванд карда, дар боғҳои интенсивӣ омўзиш давом дорад. Имрўз ба боғдорону кишоварзон ва фермерони вилояту ҷумҳурӣ мо якчанд навъҳои зардолуро аз қабили нишонӣ, мирсанҷалӣ, олуҳои навъи исполинӣ, комета, стенлӣ ва навъи шафтолуи чемпион ва лола барои ташкили боғҳои интенсивӣ дар ин тагпайвандҳои қадпаст пешниҳод карда истодаем.

Омўзишҳо нишон дода истодаанд, ки ташкили боғҳои интенсивӣ самаранок буда, ниҳолҳои қадпаст хусусияти барвақт ба ҳосил даромаданро доранд ва аз ҷиҳати ҳаҷм ва қади паст доштан онро метавонанд дар як гектар меваҳои донакдор аз 1000 то 1200 бех ҷойгир намоянд, - афзуд олими соҳа.

Саҳмгузорӣ дар ободии муҳити зист

Ёқубҷон Ашўров - муовини сардори раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан:

-Кишоварзони шаҳри Истаравшан дар имрўза ярмарка зиёда аз 200 ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабзу мевадиҳанда, ороишӣ ва гулу гулбуттаҳоро ба фурўш баровардаанд. Имсол барои парвариш ва бунёд намудани майдони боғу токзор зиёда аз 1 миллиону 110 ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда омода намуда, ният доранд бо нархҳои арзон ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинони шаҳру навоҳии вилояту ҷумҳурӣ пешкаш намоянд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баромад намуда, ҳамаи сокинон ва деҳқононро бо фарорасии фасли зебои баҳор табрик гуфта, зикр намуд, ки барои ободии маҳаллу деҳа ва шаҳрак ҳамаи сокинону деҳқонон саҳмгузор бошанду аз ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳои гуногуни деҳқонон истифода намуда, ҷашнҳои дарпешистодаро бо рўҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ ҷашн гиранд.

Дар ярмарка ҳамаи намояндагони шаҳру навоҳии вилоят, теъдоди зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ, ниҳолпарварӣ, тухмипарварӣ, хоҷагиҳои инфиродӣ ва шахсони алоҳидае, ки ба ниҳолу гулпарварӣ машғуланд, маҳсули дастранҷи худро ба харидорон пешниҳод карданд.

- Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон бошад, имконият дорад дар баробари ниҳолҳои мевагӣ ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабзро низ таъмин намояд. Хоҷагии ниҳолпарварии ноҳия дар ярмарка зиёда аз 2 ҳазор бех ниҳоли гуногун, аз қабили зардолую шафтолу, себу нок, биҳӣ ва навъҳои сояафкан - арчаи шарқию коҷи кабудро ба фурўш гузоштанд, - гуфт ҳини суҳбат директори хоҷагӣ Анвар Ғозиев.

- Гулпарварӣ мисоли кори марди деҳқон арақи ҷабин рехтанро талаб мекунад, зеро, нигоҳубини нодурусти гулҳо ба нобуд гаштани он боис мешавад. Гулҳо натанҳо дар фасли тобистон, балки дар чаҳор фасли сол парвариш карда мешаванд. Тухмиҳоро дуруст нигоҳ кардану онро ба мардум пешкаш намудан кори саҳл нест. Имрўз дар кишвари мо талабот ба гулҳо зиёд гашта истодааст. Бинобар ин ҳамасола гулҳои зиёд парвариш карда мешаванд, - гуфт дар суҳбат директори муассисаи Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Гулистон Шарифӣ Фирўз Шарифзода.

Ҳамчунин, дар рафти ярмарка - фурўш маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи матлуботи вилоят сабзиву картошка, пиёзу шалғам, себу нок, равғану гўшт ва дигар маҳсулотро нисбат ба бозор бо нархи арзон пешкаши харидорон гардонид.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»,
суратгир Инъомҷон РАБИЕВ

Читать далее

Меъёрҳои ахлоқ ва адолат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари таҳлил, муқоиса, роҳҳои ҳалли мушкилот дар ҷомеа, дастуру супоришҳои мушаххас дар роҳи густариши ҳадафҳои манфиатбахш дар ҳаёту рўзгори мардум диққати асосӣ ба самти сиёсати бунёдкоронаро ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ғояҳои асосии таъмини волоияти қонун бахшиданд, ки ин ҳама аз эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд таҳким мепазирад.

Пешвои миллат дар қисмати фазои ҳуқуқии Паём, ки он имрўз ҳамчун ҳуҷҷати амалисозандаи мақсаду мароми миллат, барномаи мукаммали таҳкими самтҳои фаъолият дар ҷомеа қабул гардидааст, зикр намуданд:

«Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад».

Ҷомеа пеш меравад, самтҳои фаъолият густариш меёбанд, замони муосир онро бозгўӣ менамояд, ки дар ҳама паҳлўи ҳаёту рўзгор, иҷтимоиёту сиёсат, фарҳангу маънавиёт волоияти қонун барқарор бошад.

Биноан, принсипи волоияти қонун тақозо менамояд ва бар он равона мегардад, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар тамоми соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим гарданд, ки ҷавобгўи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондўстӣ, одамияту масъулият ва ҳуввият бошанд.

Қонуну қонуният ва меъёрҳои ҳуқуқии он ҳамавақт бар манфиати мардум, ҷомеа ва оини давлатдорӣ буда, риояи ҳатмӣ ва ба онҳо эҳтиром овардан, ҳурмат доштан, ҳамаро водор месозад, яъне қонун дараҷаи рисолат, эътиқод дорад.

Қонунҳои амалкунандаи давлати соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони соҳибихтиёр ғояи инсондўстӣ, инсонпарварӣ ва адолату гуманизмро дар худ таҷассум менамоянд.

Паёми бунёдӣ ва нуктаҳои ҳадафманди он аз сиёсати оқилона, хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, таваҷҷуҳи кулли мардум ва ҷомеаи шаҳрвандии моро ҷалб менамояд, дар сари вақт амалигардонии кулли ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидатгаранд.

Ҳамчун як фарди ҷомеа фаъолият, неруи ақлонӣ ва қобилияти зеҳнии худро ба ҳимояи қонун, волоияти он ва муътақид ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалигардонии сиёсати ҳуқуқбунёдии давлати соҳибихтиёрамон – Тоҷикистон алоқаманд медонам, ҳар нуктаи Паёми бунёдии Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор додаем. Дар ин самт ҳар таъкид, ҳар дастур ва супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми бунёдӣ рўи кор меоянд, барои мо-кормандони ҳифзи ҳуқуқ – шохаи сеюми давлатдорӣ роҳнамои имрўзу фардо буда, вазифадорем, ки бо донишу малакаи касбӣ, ҳуввияти худогоҳии миллат ва камолоти касбӣ дар арсаи иҷрои корҳо муносибати инсонпарварона дошта бошем. Дар паси ҳар ҳуҷҷат ва тамоми намуди парвандаҳо тақдири инсон меистад.

Мақсад аз ин навишта он аст, ки танҳо эҳтиром ба қонунҳои амалкунанда кам аст, онро ба дараҷаи дарсу мактаби ҳаёт табдил додан амри воқеӣ гардида, мо – кормандони мақомоти судиро вазифадору ваколатдор менамояд, ки дар пойдории фазои ҳуқуқӣ рисолат дошта, муътақид ва масъул бошем.

Чунин суханҳоро рўи коғаз меовараму ба он ихлос меоварам, ки Истиқлолияти давлатӣ барои давлати мо, мардуми мо, ҷомеаи мо дубора амалигардии умеду ормонҳои нуҳуфтаи миллатро фароҳам овард, ки ҳокимияти судӣ дар марҳалаи оғозгардии босамари сиёсати бунёдии эҳтироми қонуну адолат баҳри таъмини иштироки васеи мардум, намояндагони ваколатдор дар ҳокимияти судӣ, машваратҳои судӣ рўи кор омадаанд. Ин ҳама рўйдодҳои замони муосирро дар самти эҳтиром ва ҳурмат овардан ба адолати судӣ имрўз мардуми худогоҳи сарзамини Тоҷикистон баҳраваранд.

Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат зикри онро салоҳ медонам, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати Тоҷикистон ду қонуни миллӣ қабул кардааст, ки онҳо хоси миллати тоҷик мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз устуворӣ ва худогоҳии миллати тоҷик буда, тадриҷан хусусияти таърихиро доро мегарданд.

Фурқат Ҷабборзода,
раиси суди шаҳри Бўстон

Читать далее

Суғд. Бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор шуд

Рӯзи 6 марти соли 2018 бо иштироки садҳо нафар занони фаъоли вилоят дар Қасри Арбоб бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ кулли занону бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик гуфта, зикр сохт, ки эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар вазифаи инсонии ҳар фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши Модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад.

Читать далее

06 March 2018

Ифтитоҳи коргоҳи дўзандагӣ

Дар робита бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Деваштич боз як коргоҳи дўзандагӣ дар арафаи Рўзи модарон арзи вуҷуд кард, ки ташаббускори он соҳибкори маҳал Баҳодур Хўҷакалонов мебошад.

Дар коргоҳ алҳол 12 нафар машғули меҳнат буда, ояндаи наздик ин рақам ба 20 нафар расонида хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ҳамасола бобати дўхтани либоси ягонаи мактабӣ падару модарон ба мушкилот рўбарў мешаванд. Зеро дар ноҳия алҳол наздик 35 ҳазор нафар мактабиён ҳастанд ва падару модарон маҷбур мешаванд, ки барои ҳалли муаммо ба коргоҳҳои шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд. Сехи мазкур як қадами устувор барои ҳалли ин муаммо мебошад.

Раиси ноҳия Рустам Ҷўразода дар тантанаи баистифодасупории коргоҳ қайд кард, ки чунин сехҳои дўзандагӣ бояд дар ҳар ҷамоат арзи вуҷуд намояд ва ин имкон барои ташкили ҷойҳои нави корӣ хоҳад шуд.

Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

“Баҳри тоҷик” маъвои сайёҳон аст

Тоҷикистон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола миллионҳо нафар сайёҳ мафтуни табиати биҳиштосои он мегарданд.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушди туризмро ҳамчун самти афзалиятнок таъкид менамоянд ва танҳо дар ду соли охир зарурати онро дар 35 мулоқоту суханронии хеш иброз намуда, ба мақомоти марбута дастуру супоришҳо доданд. Ҳамчунин, зимни ироаи Паёми хеш соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд.

Шаҳри Гулистон яке аз шаҳрҳое ба ҳисоб меравад, ки таваҷҷуҳи аксарияти сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст. Мавзеъҳои тамошобоб ва истироҳативу фарҳангиаш бошад, барои ҳазорон сайёҳ диққатрабоянд. Имсол, ки соли рушди сайёҳист, масъулини шаҳр раванди корҳои ободониву созандагиро бомаром ба иҷро расонида истодаанд. Аз ҷониби онҳо нақшаи чорабиниҳои зиёд қабул карда шудааст.

Соҳаи туризм дар шаҳр рушд намуда, имкониятҳои мусоид барои истироҳату табобат фароҳам оварда шудаанд. Баҳри ба иҷро расонидани бандҳои нақшаи чорабиниҳо, ки он барномаи мушаххаси амал аст, дар якҷоягӣ бо муассисаҳои минтақаи истироҳатӣ, марказҳои солимгардонӣ ҳамкорӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар шаҳр 4 иншооти истироҳатию табобатӣ амал менамояд, ки макони ҷойгиршавиашон назди соҳили «Баҳри тоҷик» буда, барои хизматрасонӣ ба сайёҳон ва меҳмонони дуру наздик омодаанд.

Осоишгоҳҳои «Баҳористон» дорои 802 ҷой, Шифо» - 146 ҷой, «Соҳил» - 78 ҷой буда, се меҳмонхонаи ҳозиразамон «Наврўз-2000» - 15 ҷой, «Далер 777» - 12 ҷой «Соҳил» - 27 ҷой ва маркази солимгардонии «Усмонҷон» - 30 ҷой доранд, ки дар як шабонарўз метавонанд зиёда аз 1110 нафар меҳмон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро қабул намоянд, - мегўянд масъулини соҳаи шаҳр.

Шаҳри Гулистон инчунин шаҳри сайёҳӣ ва истироҳатӣ низ муаррифӣ гардидааст, зеро дар атрофи обанбори он – соҳили «Баҳри тоҷик» минтақаи фароғатӣ-истироҳатӣ мавҷуд буда, дар он осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои умумӣ, хусусӣ ва мухталифи соҳавӣ фаъолият доранд. Бо саршавии фасли тобистон одамон аз саросари кишвар барои истироҳат ва табобат дар муҳити рўҳафзо, ҳавои тоза ба ин мавзеи хушманзара меоянд.

Бино ба иттилои масъулини ин соҳа дар шаҳр тибқи талаботи Барномаи давлатии рушди туризм Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм амал менамояд, ки дар машваратҳои он бо иштироки роҳбарони муассисаҳои минтақаи истироҳатӣ, марказҳои савдову нуқтаҳои хизматрасонӣ ва мутахассисони ин самт табобату истироҳат ва фароғат бобати одоби муошират бо сайёҳон, дар сатҳи баланд нигоҳ доштани хизматрасонӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни тарғиботиву ташвиқотӣ ва монанди ин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Осоишгоҳҳои шаҳр ҳамасола бо дастгоҳҳои нави ҳозиразамони табобатию ташхисӣ, варзишию солимгардонӣ муҷаҳҳаз гардида, баҳри ба талабот ҷавобгў ва сифати баланд истиқболу гусели меҳмонону сайёҳон ва табобатгирандагону истироҳаткунандагон чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад.

Барои тарғибу ташвиқ намудани анъанаҳои миллӣ дар осоишгоҳҳои шаҳр дўкони фурўши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, тоқию ҷома, табақу коса, маснуоти ороишӣ ва дигар ҷиҳози миллӣ ҷой дода шудаанд.

Инчунин, сайёҳон ва истироҳаткунандагон метавонанд аз ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ оид ба тенниси калон, баскетболу волейбол ва майдони бозии футбол истифода намоянд.

Дар соли рушди сайёҳӣ шаҳри Гулистон бо ҳамаи имкониятҳои мавҷуда метавонад, қабули зиёди сайёҳонро нисбат ба солҳои пешин зиёдтар ба роҳ монад. 

 Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее