March 2018

06 March 2018

Ҳифзи ҳуқуқ дар мадди аввал

Чандест, ки дар ҷамоатҳои наздисарҳадии Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамоатҳои Лаккон, Ворух, Сомониён ва Чоркўҳи шаҳри Исфара бо роҳбарии намояндагони ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолӣ мулоқот баргузор мегардад.

Мақсад аз чунин чорабинӣ дар чист? Агар дар ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сабаби деҳаҳои наздисарҳадӣ будан масъалаҳои рафтуомади хешу табор, дар давраи баҳор муаммоҳои оби нўшокӣ ва полезӣ, муомилоти шаҳрвандон, гузаштан аз нуқтаҳои гумрукӣ ба миён оянд, дар ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара андаке ташвишовар аст, зеро ҳангоми аз як деҳа ба дигар деҳа гузаштан шаҳрванди тоҷикистонӣ албатта, марзи Қирғизистонро убур карданаш лозим аст. Аз ин рў, барои хизматрасонӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ телефони боварӣ гузошта шуда, моҳе як маротиба дар ин ҷамоатҳо мулоқоту вохўриҳо баргузор мешаванд, инчунин барои ибрози фикру андешаҳо сандуқча низ гузошта шудааст.

Муносибати сокинони ҷамоатҳои наздисарҳадии ду кишвар хуб буда, пурсиши аҳолӣ бештар дар бораи муайян кардани сарҳади давлатӣ мебошад. Намояндагони ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар вилоят кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки муаммоҳо ва масъалаҳои баррасишуда сари вақт ҳалли худро ёбанд.

Ҷаласаву вохўриҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид “Ҳамкории байнисарҳадӣ бо мақсади таъмини сулҳ ва рушди устувор” дар ҷамоатҳои наздисарҳадӣ бо намояндагони ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Чунин мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуда, беш аз сад нафар ба саволҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар анҷоми мулоқот ба аҳли нишаст варақаи иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Бино ба гуфти Нурулло Ҳомидов, намояндаи ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар вилоят дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни шаҳри Исфара низ сандуқча гузошта шуда, аҳолӣ ба он саволу дархост ва таклифу пешниҳодоти хешро ирсол мекунанд ва он дар ҳузури намояндагони ҷамоат ва ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон аз назар гузаронида мешавад.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

05 March 2018

Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар моҳҳои январ – феврали соли 2018

5 марти соли 2018 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар моҳҳои январ – феврали соли 2018 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилояти Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ширкат варзиданд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, ба роҳбарону масъулин бобати таҳкими фаъолият дар таъмини рушди иқтисодӣ – иҷтимоии вилоят, вусъати корҳои ободонӣ, бахусус кишоварзӣ ва ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги давлатӣ – Рўзи Модар ва Наврўзи байналмилалӣ дастуру супоришҳои амиқ дод.

Читать далее

Тоҷику ӯзбек аз азал дӯсту бародаранд...

Мансур Мирзоев, сокини шаҳри Конибодом, иштирокчии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Аввалан кушода шудани гузаргоҳҳои байни сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро, ки мардуми ду халқ дер боз интизор буданд, ба ҳамаи сокинони вилояту ҷумҳурӣ табрик мегӯям.

Мо - мардуми тоҷику ӯзбек натанҳо ҳамсояҳои хеле қарину наздикем, балки фарҳангу анъана ва урфу одатҳоямон як аст. Дар мардуми куҳанбунёдамон ҳикмате ҳаст, ки мегӯяд: «ҳавлӣ магир, ҳамсоя гир». Мо - халқи тоҷик шукр мегӯем, ки бо чунин мардуми соҳибфазилату доно, давоми асрҳо санҷидашуда бо халқи ӯзбек ҳамсоя ҳастему риштаи хешутаборӣ дорем. Ҳатто, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва шароитҳои иқлими якхела мамлакатҳои моро муттаҳид мекунад ва баҳри мо шароиту имконияти фаровонро дар мустаҳкам кардани ҳамкориҳо муҳайё менамояд. Имрӯз аз чеҳраи ин ду халқ аён гардид, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардан амри маҳол аст, мисли гӯшту нохун. Гуфтан мумкин аст, ки ин гуна рӯйдоди фараҳбахш барои сокинони ду кишвар солҳои охир ба амал наомадааст.

Боварӣ дорам, ки дар оянда низ ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ густариш ёфта, дӯстиву муттаҳидии миллати тоҷику ӯзбек боз ҳам қавитар мегардад. Бигзор, дӯстии ин ду миллат абадӣ боқӣ монад. Ман аз фурсати муносиб истифода бурда, ба сарварони ду давлати ҳамҷавору дӯст Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои ин иқдому ташаббусҳои некашон изҳори сипоси худ ва кулли сокинони шаҳри Конибодомро мерасонам. Бигзор доимо танашон сиҳат ва дар фаъолияти роҳбариашон комёбиву бурдборҳо таманно менамоям.

* * *

Маҳбуба Назарова, сокини ноҳияи Поп, Ҷумҳурии Ӯзбекистон: - Бо кушода шудани гузаргоҳи сарҳадӣ, ба қавле, як норасоие, ки бахти оилавиамро халалдор мекард, пурра гардид. Маро волидонам бисту як сол қабл аз деҳаи Пунук ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шавҳар дода буданд. Он вақт роҳҳо кушода, рафтуомад бехалал буд. Дар зиндагии оилавиам хушбахт, лекин ба дидори падару модари азизам, хоҳару бародаронам, ба роҳу кӯчаҳои деҳаи азизам зор будам. Бачагонам чандин сол инҷониб бобову бибии худро надида, аз навозишҳои онҳо бенасиб буданд. Кушодашавии гузаргоҳи сарҳадӣ бахти маро пурра гардонд, ормони маро амалӣ намуд. Дар рӯзи кушодашавии нуқтаи гузаргоҳӣ дидам, ки дар чашмони тамоми он занону модароне, ки аз Ӯзбекистон ба диёри мо шавҳар карда омадаанд ва аз деҳаҳои ноҳияамон ба Ӯзбекистон шавҳар кардаанд, ашк ҷорӣ шуд, - сиришки шодмонӣ.

Ин иқдоми нек танҳо бар манфиатҳо иду халқи бо ҳам дӯст, ҳамсоя асту халос. Зеро мо - тоҷикону ӯзбекон аз азал ҳамсоя, дӯст ҳастем, урфу одат, анъана, одатҳои якхела дорем ва моро ҷудо карда намешавад. Инро вақт собит сохт…

* * *

Иномҷон Қӯчқоров, сокини ноҳияи Ашт: - Санаи 1-уми март барои ду халқ, ду миллат рӯзи хотирмон ва фаромӯшношуданӣ буд. Дар маросими кушодашавии сарҳад наздик 10-11 ҳазор нафар ҷамъ шуда буданд. Хоҳару бародар ва дӯсту рафиқ пас аз солҳои тӯлонӣ ба ҳам омаданд. Якдигарро диданду бо чашмони ашкбор ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. Шукрона доштанд, ки Пешвои муаззами мо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баҳри бо ҳам омадани ду халқу миллат сарҳадҳоро боз намуданд.

Ду халқ ид доштанд, иди дӯстию рафоқат. Хурду бузург рақсу шодӣ мекарданд. Маърӯзаи муовини аввали вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Файзуллоев маро ба ваҷд овард, зеро ӯ таъкид кард, ки минбаъд сарҳад ва роҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои тоҷикистониён ҳамешагӣ боз хоҳад шуд, зеро миллати ӯзбеку тоҷик аз қадимулайём дӯсту бародар ҳастанд. Ҳоло дар вилояти Намангон се рӯзнома бо забони тоҷикӣ фаъолият карда истодааст ва мактабҳои тоҷикӣ низ амал мекунанд.

Намоиши ҳунарҳои миллӣ, дастархони пурнозу неъмат ва садои мутантани суруду мусиқӣ идомабахши чорабинии фараҳбахш буд.

Читать далее

Нишоти файзбахш дар фазои ҳамдиливу осудагӣ

Якуми март рӯзи фараҳафзо буд: ифтитоҳи гузаргоҳҳои байнисарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дер боз халқи ин ду кишвари ба ҳам дӯст интизор буданд, ба тантанаи суруру шодмонӣ мубаддал гашт.

Пирони рӯзгордида панд додаанд: гули аввал нишонаи баҳори хурраму файзбор аст. Дар рӯзи нахустпайғоми сароғози баҳори некқадам – якуми марти соли дуҳазору ҳаҷдаҳ гули аввал бо ранги хушу бӯи муаттар дар қаламрави ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, аз ҷумла вилояти бостонии Суғд бишкуфт: хурду бузургсол, модарону хоҳарони дилбанди сарзамини Тоҷикистон бо кишвари дӯстпарвару меҳмоннавози Ӯзбекистон аз як тараф, дар саргаҳи Панҷакенту Самарқанд, аз дигар ҷониб роҳи Конибодому Фарғона, Ашту Қӯқанд ва сарҳади Фотеҳобод – давоми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, Спитамену Бекобод дида ба дидор расиданд. Дар чеҳраи ҳар яки онҳо гули рӯзгори пурсаодат, меҳри ҷонпарвар, қалбҳои ҳамхуну ҳамҷон, пайванди авлодиву хонаободӣ шукуфт, ки маънои мафҳуми диламон – кушода, дарҳоямон-кушода рисолати азалӣ гирифт.

Читать далее

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки куҳӣ-металлургии Тоҷикистону Чин

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии Корхонаи муштараки куҳӣ-металлургии Тоҷикистону Чин Ван Ши Бенро  ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мубодилаи афкор намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода бо таҳлили фаъолияти корхонаи мушатарак ба роҳбарияти он тавсия дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки масъулини корхона бояд уҳдадориҳои худро ҷиҳати бунёди мактаб, боғчаи кӯдакона ва майдончаҳои варзишӣ, инчунин таъмиру мумфарш намудани роҳи Зарнисор-Мастчоҳро марҳила ба марҳила оғоз намоянд.

Читать далее

1 миллион дона ниҳол ва гулҳои гуногун ба ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва кӯчату тухмии гулҳо бароварда шуд

Рӯзҳои 3 ва 4 март дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд.

Читать далее

Гузаргоҳҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон расман боз шуданд

Рӯзи 1 марти соли 2018 бо иштироки роҳбарони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаргоҳи сарҳадии «Саразм-Ҷартеппа», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент расман боз шуд.

Дар маросими кушодашавии гузаргоҳи сарҳадии «Саразм-Ҷартеппа», ки бо ҳузури фаъолони вилоятҳои ҳаммарзи Суғду Самарқанд сурат гирифт, иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Туробҷон Ҷӯраев ширкат ва суханронӣ намуданд.

Читать далее

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2018 – ро тасдиқ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2018 рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврўз — 2018» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.

Читать далее

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори ширкати туркии «Ярдан иншаат» Ваҳдат Ярдан

Рӯзи 28-уми феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода директори ширкати туркии «Ярдан иншаат» Ваҳдат Ярдан ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози суҳбат қайд намуд, ки дар Тоҷикистон ҳамкории бахши хусусӣ бо давлату Ҳукумат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои рушди соҳибкорӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад. Зикр гардид, ки феълан дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, энергетика, саноат, сохтмон, маорифу тандурустӣ, роҳсозӣ ва кишоварзӣ бо ҷалби сармоягузорон иқдомҳои наҷиб амалӣ мегарданд.

Читать далее

01 March 2018

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ёфт

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати кишоварзии вилоят оид ба фаъолияти солонаи Кумитаи идораи замин, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Раёсати давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

Бино ба гуфти Хайрулло Бобозода - сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят соли гузашта афзоиши аксарияти нишондиҳандаҳо таъмин карда шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 7 миллиарду 116 миллион 439 ҳазор сомонӣ расид.

Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 107 фоизро ташкил медиҳад. Солҳои охир коҳиши ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба назар мерасад. Ба санаи 1-уми январи соли 2018 содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 44 миллиону 83 ҳазор доллар буда, он нисбат ба соли гузашта ба маблағи 11 миллиону 55 ҳазор доллар кам мебошад.

Коҳишёбии ҳаҷми умумии содирот аз ҳисоби нахи пахта, пиёз ва меваҷот ба миён омадааст.

Абдураҳим Мавлонов - муовини сардори Кумитаи идораи замини вилоят гуфт, ки дар соли 2017-ум азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ идома дода шуда, аз ҳисоби саҳми замин ва фонди махсус дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 263, Конибодом 188 ва Мастчоҳ 114 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ ташкил гардидаанд. Дар ҳудуди вилоят бошад, давоми соли гузашта азнавташкилдиҳии иловагии 1333 хоҷагии деҳқонии калонҳаҷм амалӣ шуда, шумораи умумии онҳо дар вилоят ба 66 412 адад расидааст.

Аз тарафи нозирони Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 153 ҳолати қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин ошкор карда шудааст.

Муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Равшан Урунов қайд намуд, ки Раёсат барои бунёди 5 гектар боғ бо усули обёрии қатрагӣ дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 1 километр дар шаҳри Панҷакент ва азхудкунии 51 гектар замин барои таъсиси хоҷагиҳои ёрирасон ёрии амалӣ расонидааст ва дар ин самт корбарӣ идома дорад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее