March 2018

29 March 2018

Боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Дар маркази хизматрасонии «Ҳумо» дастовардҳо ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин таомҳои миллӣ низ омода карда шуда буданд. Аз тарафи занони ҳунарманд дар дегҳои алоҳида намудҳои гуногуни анвои ширинӣ ва таом, аз қабили нишоло, ҳалво, хӯроки ҳадиса, оши куча, оши бурида, қурутоб, манту, омоч, атолаи кунҷӣ ва дигар намуди таомҳои қадима омода карда шуданд.

Читать далее

28 March 2018

Портрети кӯри Юнус

Кури Сайидюнуси, шахсиятест, ки дар миёнаи ҷомеаи Тоҷикистон натавонист мавқеи худро пайдо кунад. Дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ бо ҳамроҳии чандеи дигар аз ҳамандешаҳову ҳамдеҳаҳояш дар майдоннишиниҳои солҳои 90-ум иштирок намуд. Онҳо аз зодгоҳи худ танҳо барои шиорпартоӣ ва равған рехтан ба ҷанги шаҳрвандӣ вориди шаҳри Душанбе гардид. Ҷанги бародаркуш оғоз гардиду ӯ аз тарси ҷон кишварро тарк намуд.

Читать далее

МИРОВАЯ СЕНСАЦИЯ! В ЦЕНТРЕ ЕВРОПЫ...

МИРОВАЯ СЕНСАЦИЯ! В ЦЕНТРЕ ЕВРОПЫ ПОЯВИЛИСЬ СВОБОДОМЫСЛЯЩИЕ ТАДЖИКИ - ОЗОДАНДЕШОН!

Кто сказал, что таджики разучились мыслить свободно? Вот они – Герои нашего времени – Равшани Темуриён, Саидюнуси Истаравшани, Темур Клычев, Алим Шерзамонов, Хаким Рабимпур, Аюб Эгамов!

Читать далее

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои Иди байналмилалии Наврӯз, расми кушодашавии як қатор иншооти ҷашнӣ ва шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум ба шаҳри бостонии Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сарвари давлатро дар фурудгоҳи шаҳр мардуми меҳнатқарини шаҳри Панҷакент бо самимияти хоса ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд. Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент аз ҷониби ҳунармандону ҷавонон ҷолибу хотирмон доир гардид.

Читать далее

Меҳмонон аз вилояти Самарқанд аз шаҳри Хуҷанд низ боздид намуданд

Дирӯз пас аз нисфирӯзӣ як гурӯҳи зиёда аз 20 нафараи меҳмонон аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон вориди шаҳри Хуҷанд гардиданд. Дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, шоирону нависандагон, ҷавонон ва сокинони шаҳр гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Пас аз истиқболгирии меҳмонон бо карнаю сурнай ва гулу гулдастаҳою нону намаку асал, онҳо аз масҷиди «Шайх Маслиҳаддин» ва бозори «Панҷшанбе» боздид намуданд.

Роҳбари ҳайати меҳмонон, муовини Раиси вилояти Самарқанд Мӯнис Восиев аз фаровонию дастрасии нархи маҳсулоти озуқа дар бозори “Панҷшанбе” тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки “Бозор хеле тозаву ороста ва муҳимтар аз ҳама тамоми анвои хӯрока бо нархи дастрас фурӯхта мешавад. Соҳибкорон худро озод ҳис мекунанд ва ин омили асосӣ аст. Аз ин лиҳоз, мо пеш аз ҳама сипосгузорӣ менамоем ба роҳбарияти олии ҳарду мамлакат, ки чунин имконот ва шароитро ба ду халқи бародар муҳайё сохтанд”.

Ҳамчунин меҳмонон бо фаъолияти КМ «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо намуда, доир ба раванди истеҳсоли матоъи босифати пахтагин мароқ зоҳир намуданд.

Дар тарабхонаи «Дўсти Амирхон»-и шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ташрифи меҳмонони кишвари ҳамсоя як барномаи вижаи фарҳангӣ баргузор шуд.

Дар он шоиру нависандагон, олимон ва ҳунармандон - Фарзона, Хосият Бобомуродова, Аҳмадҷони Раҳматзод, Асатулло Атоуллоев, Муҳиддини Хоҷазод, Мардон Мавлонов, Ҷумъа Ҳамроз, Дадохони Эгамзод, Баҳодур Ибодӣ, Дилафрӯз Саидӣ, Толиб Набиев, Ҷӯрабек Набиев ва дигарон баромад намуда, ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва мулоқоти сатҳи олӣ бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорои аҳамияти таърихӣ унвон намуданд.

Зикр гардид, ки ҷорӣ намудани низоми бидуни раводид барои сафарҳои доимии шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз, кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва барқарор намудани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ байни давлатҳои ҳамсоя ба манфиати соҳибкорон ва мардумони ҳарду кишвар буда, ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии дуҷониба шароити мусоид фароҳам меорад.

Суруду шеърҳои бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ба маҳфил ҳусни дигар зам намуд.

Меҳмонони самарқандӣ дар базми суманакпазии чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуда, нахуст аз растаи ҳунармандони идораву муассиса ва маҳаллаҳои шаҳр боздид намуданд. Ба меҳмонон тарзи пухтани нишолло, суманак ва дигар анвои наврӯзӣ бо махорати баланд нишон дода шуд. Наврасон аз эҷодиёти даҳонакии халқ сурудҳо замзама намуда, табъи меҳмононро болида намуданд. Анъанаву маросимҳои миллии мардуми тоҷик пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Барномаи муштараки фарҳангиро Мардон Мавлонов, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Узбекистон ва Тоҷикистон бо суруди “Тӯтиҷонам” ҳусни анҷом бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Боздиди намояндагони вилояти Самарқанд аз "Қалъаи Муғтеппа"-и шаҳри Истаравшан

Нимаи дуюми рӯзи 27 март намояндагони аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо мақсади иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба вилоят ташриф оварда буданд, аз шаҳри Истаравшан боздид намуданд. Ҳайати меҳмононро роҳбарияти шаҳр дар даромадгоҳи ҷанубии шаҳр зери садои карнаю сурнай ва бо нону асал пешвоз гирифтанд.

Сипас, дар тарабхонаи “Се додарон” – и шаҳр бо иштироки сарояндагони шинохта чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ меҳмононро хайрамақдам намуда, иброз дошт, ки бо ибтикори сарони давлатҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз гардид ва муносибатҳои миёни тоҷикону ӯзбекҳо дубора барқарор гардид.

Нормурод Ҳасанов, раиси фонди “Нуронӣ” –и вилояти Самарқанд низ зимни суҳбат аз барқароршавии робитаҳо изҳори хушҳолӣ намуда, барои истиқболи гарму самимӣ ба роҳбарият ва мардуми шаҳри Истаравшан изҳори сипос намуд.

Худи ҳамин рӯз ҳайати меҳмонон бо рафти корҳои сохтмониву барқарорсозии Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қаълаи Муғтеппа” шинос гардида, бо дӯстони тоҷики худ расми хотиравӣ гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Намояндагони аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ ба Суғд омаданд

Бо мақсади иштирок дар тантанаҳои наврӯзии сокинони вилояти Суғд як гурӯҳи 20 нафараи намояндагони аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилоят ташриф овард.

Субҳи имрӯз ҳайати меҳмононро дар гузаргоҳи сарҳадии “Саразм”, воқеъ дар шаҳри Панҷакент муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Дар назар аст, ки меҳмонон зимни ин сафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, дар як қатор чорабиниҳои наврӯзӣ, аз ҷумла дар чорабинии Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Панҷакент сурат мегирад, иштирок намоянд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар доираи амалишавии нуктаҳои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расидаанд, рӯзи 20 март намояндагони аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари вилояти Суғд дар чорабинии наврӯзии вилояти Самарқанд иштирок намуда буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

27 March 2018

Наврӯз - мероси гузаштагони мо

Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дорад ва аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, дорои арзишу сифатҳои нек аст. Аз ҷумла, ваҳдату ҳамраъйӣ ва дӯстиву рафоқат аз муҳимтарин ойинҳои ин ҷашни фархунда дониста мешавад, ки мардуми мо ба он арҷ мегузоранд.

Ин мероси пурарзиши ҳастӣ тавлиди нахустшодии башар аст, яъне расидан ба остонаи рӯзгори нав, равзанаи кушоишу ҷӯёишҳои тозаи ормонҳост. Наврӯз бо фарорасии баҳор кошонаҳои моро нуру зиё мебахшад ва дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввалин рӯзи сол, яъне, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукуматдории Сомониён бо шукӯҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд.Ҷашни Наврӯз дар аҳди Сомониён хеле бошукӯҳ таҷлил мешуд. Ҳангоми гузаронидани ин ҷашн амирони сомонӣ дар қасрҳои хеш базмҳо меоростанд ва беҳтарин шоирони қасидагӯй дар васфи Наврӯз ғазалу қасидаҳо месуруданд. Дар бораи Наврӯз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хисрав ва дигарон ашъори дилписанде ба ёдгор мондаанд. Дар замони Сосониён Наврӯз ҳамчун иди расмии давлатӣ пешвоз гирифта мешуд ва шоҳони сосонӣ онро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд.

Наврӯз дар замони Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто, баъди истилои муғул аз тарафи халқи меҳнаткаш ботантана ид карда мешуд, мардум ба пешвози Наврӯз тайёрӣ медиданд, хонаҳоро рӯбучин карда, тоза нигоҳ медоштанд ва оро медоданд.

Ҳафриёти бостоншиносӣ дар Панҷакенти қадим, хоса деворнигораҳои бозёфтшуда, исбот менамоянд, ки ин ҷо ҷашни оғози сол ва бедоршавии табиат Наврӯзро аз қадим таҷлил менамуданд ва бесабаб саҳнаҳои ҷашнро рассомони Суғдзамин рӯи деворҳо акс намекарданд. Ҳоло дар Осорхонаи миллӣ деворнигорае, ки аз Панҷакенти қадим бозёфт шуда буд, нигоҳдорӣ мешавад, ки он ҷо саҳнае аз иди Наврӯз тасвир гардидааст. Рассоми суғдӣ шояд манзараи нишасти идонаи ашрофзодагонро тасвир кардааст. Яке аз ин мардони олимартаба дар як даст ҷом ва дар дасти дигар гули бодом дорад, ки рамзи иди Наврӯз мебошад. Либосҳояшон хеле зебою мунаққаш ба назар мерасанд.

Наврӯз ҳамчун нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигаҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих мебошад. Боиси ифтихор аст, ки имсол Наврӯзи Аҷам дар Панҷакенти бостон, ки таърихи 6000 - сола дорад, бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Бигузор, ҳар яке аз мо низ мисли ин ҷашни зебову фасли эҳё афкору ният ва ҳадафҳои созанда дошта бошем.

Мо аҳли кормандони Муассисаи давлатии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ тасмим гирифтаем, Наврӯзи Аҷамро дар гирди деги суманак, ки рамзи Наврӯз аст, бо дилу нияти пок ва орзуҳои нек ҷашн гирем.

Зебинисо Отабоева,
китобдори Осорхонаи
ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии
ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, шаҳри Панҷакент

Читать далее

Наврӯзи куҳан зи нав ҷавонӣ дорад!

Ривоят кардаанд, ки дар Наврӯз ҷоми симине, ки пур аз ҳалво буд, барои Пайғамбар армуғон оварданд ва он ҳазрат пурсид, ки ин чист?

Гуфтанд: Имрӯз рӯзи Наврӯз аст. Пурсиданд, ки Наврӯз чист? Гуфтанд: Иди бузурги эрониён аст. Фармуд: Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд аскара зинда кард.

Пурсиданд: Аскара чист? Фармуд! Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда ва сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон гуфт: «Бимиред», мурданд. Сипас ононро зинда кард ва абрҳоро амр кард, ки ба онон биборанд. Аз он ҷост, ки пошидани об дар ин рӯз расм шуда, сипас ҳалворо тановул кард ва ҷомро миёни асҳоби худ қисмат карда гуфт: «Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз бувад».

Наврӯзи куҳан зи нав ҷавонӣ дорад,

Дар кӯҳназамин тоза замоне дорад,

Ҳар бор зи омадаш замин гирад ҳусн

З-ин ҳаст, ки умри ҷовидонӣ дорад.

Оғози зиндагии пурнишот, пурумед, пурорзу. Табиат зинда мешавад, дилҳо ба ҷӯш меоянд. Дилбарона, ошиқона навоҳо дорад. Навояш фораму ва навоҳо ҷилобахшанд.

Иди моҳу Хуршед, иди Манучеҳру Ҷамшед, иди Зардушти накӯшиор, иди Монии арҷангнигор, иди Ҷомоспу Гаршоспҳо, иди Фаридуну Ардашери Бобакону Виштоспҳо, иди Куруши Кабиру Томирису Ҳашарёршоҳу Доро, иди Фирдавсиву Фаррухиву Абушакури Балхиву Манучеҳрии Домғонӣ ва Хайёму Сино, иди Эраҷ Мирзову Деҳхудову Нодири Нодирпуру Содиқи Ҳидоят, иди Маҳмудҷони Воҳиду Лоиқу Бозору Мӯъмин Қаноат ва Фарзона. Иди баҳору шудгору киштукор, иди кишоварзони хокпоши хоксор ва иди тамоми халқҳои дунё.

Наврӯз, туӣ иди ориёӣ! Туӣ нишонаи намирандагии рӯҳи аҷдоди мо! Эй рамзи ободӣ, биё, эй иди куҳанэҷод. Биё, эй иди навсозу навпардоз. Биёву сурати замину сирати замон ва сиришти одамонро навӣ бахшой.

Мавлуда ФАЙЗУЛЛОЕВА,
шаҳри Хуҷанд

Читать далее

«ТОҶИКИСТОН – САРЧАШМАИ ОБҲОИ ЗУЛОЛ»

Чунин унвон дошт озмуне, ки бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар озмун ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ширкат доштанд.

Озмун аз рӯи 3 бахш - ташкили намоишгоҳ, маҳорати рассомӣ, газетаи девории беҳтарин доир гардид.

Дар бахши “Ташкили намоишгоҳ” ҷойи аввал насиби Бойназар Қосимов аз МТМУ № 2 - и ноҳияи Ашт гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро Ҷасур Сатторов аз МТМУ № 2-и шаҳри Истиқлол ва Сарвинози Ислом аз МТМУ №1-и ноҳияи Мастчоҳ ишғол намуданд.

Дар бахши «Маҳорати рассомӣ” Шоҳрух Муродов аз Литсейи №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов пирӯз шуда, Аҳадҷон Ҳакимов аз МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд ва Диловар Худойбердиев аз МТМУ №31-и шаҳри Исфара зинаҳои ифтихории дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.

Ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ

Читать далее