March 2018

27 March 2018

Арҷгузори фарҳангу тамаддуни миллӣ ҳастем!

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетии дасисабоз доир ба як ҷамъомади дар Женева баргузоргардида як-ду маводи расонаии низоъбарангезу сулҳшикан паҳн гардида, тухми адовату кина ва ғаразҳои манфури баъзе аз «бузургон»-у «бузургдавлатон»-ро кошта истодааст.

Гӯё дар ин ҳамоиш иштирокчиёни саммит ба ҳамкорони тоҷикистонии худ тасаллият изҳор намуда, дар кори «ҳимоя»-и ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва демократия дар ин давлат ҳамгироиро баён намуда бошанд.

Мо-ҷавонони бонангу номус ва соҳибватану ваҳдатсаро, сулҳпарвару дӯстҷӯ ва арҷгузоранда ба ниёгону волидайни худ, инсондӯсту созандаи тоҷику тоҷикистонӣ ба чунин афрод ва ҷамъомади онҳо, ба ақидаву баёнияҳои онҳо танҳо бо як ҷумла ҷавоб медиҳем: «Зинда бод Тоҷикистон, поянда бод сулҳи тоҷикон, шукуфон бод диёри азизамон, саломат бошанд падару модар ва пайвандонамон, нек ба камол расанд насли наврасамон ва ҳамеша дар амон бод Пешвои миллатамон!!!».

Мо-ҷавонони некбину некандеш ва идомадиҳандагони корҳои бунёдкоронаи аҷдодонамон, арҷгузоранда ба фарҳангу тамаддуни ҷаҳоншумуламон ба афроду роҳбарони ин ташкилотҳо танҳо якчанд суолҳо дорем:

Наход Женевае, ки баҳри инсондӯстиву рафоқат Ҳуқуқи башардӯстиро эҷод кардааст, дар атрофи худ афроду ташкилотҳои қотили башариятро ҷамъ оварда бошад?

Наход Женевае, ки баҳри сулҳу субот, пешгирии оқибатҳои даҳшатбори ҷангу низову офатҳо Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро таъсис дода бошаду дар атрофи худ ҷангҷӯёну низоъпарваронро ба ҳам оварад?

Оё «инсонпарварӣ» маънии ҷудоиандозию ҷудоихоҳӣ, хурофоту шаккокӣ, куштору таҷовуз ва аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли дунявиро дорад?

Оё ду нафари дар саммити зикршуда иштирокдошта: аз номи миллионҳо нафар тоҷику тоҷикистонӣ ҳуқуқи сухан гуфтан доштанд?

Муҳиддин Кабирӣ дар ҳоли вакили Парлумони Тоҷикистон буданаш ба ҷуз бизнеси худу камбудигӯиҳояш чӣ коре ба нафъи мардуми шарафманду меҳнатқарини Тоҷикистон кард?

Чаро дар хориҷаву ҷамъомадҳои хориҷӣ шарафу манзалати тоҷику тоҷикистонӣ ва эътибори Тоҷикистонро паст мезананд? Ба онҳо кӣ чунин ҳуқуқро додааст?

Оё танҳо аъзои ҳизби наҳзати ислом мусалмонанд? Боқимонда 99 фоизи сокинони кишвар кофиру ғайримусалмонанд магар?

Оё пешрафти воқеию бунёдкориҳо сулҳу субот, мунтазам муҳайё гаштани шароити арзандаи зисту зиндагонӣ ва инкишоф, бомаром амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии кишвар, рушди бемайлони илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар соҳаҳо, дар миқёси ҷаҳонӣ роҳандозии иқдомҳои глобалии Тоҷикистон, эътирофи ҷаҳонии Тоҷикистону Роҳбари муаззами он, осоиштагиву ободии хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ва умуман воқеияти имрӯзаи пешрафти Тоҷикистону тоҷикистониён магар барои баъзе афроду ташкилотҳо аён нест? Ё онҳо нодида мегиранд, ё намехоҳанд, ё ин ки дигар ғаразҳои зидди миллату давлатро доранд?

Тоҷикистони биҳиштосо давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ аст ва халқи он қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, баҳри пешрафти Ватани азизи худ содиқона фаъолият бурда истодааст.

 Комрон Исмоилзода,
 ноҳияи Деваштич

Читать далее

26 March 2018

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст аз руи масъала “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва  самарабахш   дар   давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019”, гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Читать далее

Истифодаи оқилонаву самараноки об тақозои замон аст

Дар толори КВДК Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бахшида ба 22 март - Рӯзи умумиҷаҳонии об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва иштироки намояндагони донишгоҳҳои олӣ, васоити ахбори омма семинар доир гардид.

Муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Равшан  Ӯрунов дар сухани ифтитоҳиаш қайд намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабули пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон намудани Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 боиси ифтихор буда, бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа қарор доштани масоили об барои ҳар як фарди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва масоили глобалӣ будани онро собит месозад. Мавсуф баён намуд, ки Раёсат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон дар шаҳру деҳоти вилоят як қатор корҳо, аз ҷумла ивази қубурҳои интиқоли об, пармаи чоҳҳои амудӣ, тозакунии заҳбуру заҳкашҳо ва ғайраҳо ба иҷро расонидаанд. Ин ҳама барои беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва объёрии заминҳо нигаронида шудааст.

Нозимҷон Боисов-сармуаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маърӯзаро бо номи «17 қадам дар роҳи мақсад» доир ба таърихи мухтасари ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба самъи ҷамъомадагон расонид. Дар маърӯза ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли  масъалаҳои об, ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дода аз ҷониби сарони давлатҳои олам қабул шудаанд, шарҳ дода шуд.

Зарифа Абдуллоева-намояндаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят гуфт, ки дар вилоят 170 пойгоҳи обкашӣ амал менамояд, ки 28 ададп он пойгоҳҳои силсилавӣ мебошад.

Масъалаи асосии кишоварзони вилоят дар таъмин намудан бо оби полезӣ ин дар ҳолати садамавӣ қарор доштани аксар пойгоҳҳои обкашӣ мебошанд. Бо сабаби солҳои тӯлонӣ бидуни таъмир ва азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шудани пойгоҳҳо бештари онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Мутобиқи ҳисобот дар соли 2017 масъулини ин идора бо 241 асотсиатсия шартномаи сетарафа бастаанд.

Масъалаи дигар ин аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзии пардохт  нашудани маблағи хизматрасонии ҳаққи об мебошад. Зимнан ӯ масъулони хоҷагиҳои кишоварзиро вазифадор сохт, ки даъват ба амал овард, ки дар ҳолати ба даст овардани ҳосил хоҷагиҳои кишоварзӣ пардохти маблағи обро амалӣ намоянд.

Хуршед ӯлмасов, директори генералии ширкати телевизион, радио ва рекламавии «Тироз»  дар бобати вазъи экологии Сирдарё, масъалаҳои муҳими ҳалталаби дар пеш истода навореро таҳти унвони «Сирдарья – Жемчужина центральной Азии» манзури ҳозирин кард.

Шоёни қайд аст, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҳар яки мо, саҳмгузорӣ намуданро барои ҳалли масоили об, баланд бардоштани маърифати мардум дар соҳаи беҳдошти муҳити зист, тоза нигоҳ доштани оби ошомиданӣ, кам гардонидани партовҳои истеҳсолӣ ва партовҳои газҳо ба атмосфераро тақозо дорад. Чунки истифодаи оқилонаву самараноки об пеш аз ҳама аз худи мо оғоз мегардад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор”

Дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор”, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, дар вилояти Суғд корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст.

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву кабудизоркунии маҳалли зист идома дошта, ҷиҳати анҷоми корҳо аз ҷониби роҳбарияти вилоят низ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад. Чанде қабл аз кишвари Краснодари Федератсияи Россия 400 бех дарахтони нодиру ороишие чун “ардач”, “ардачи чинӣ”, “кипарис” ва навъҳои “туяи янтарӣ”, “туяи ғарбӣ” ва “туяи пирамидалӣ” ба вилоят ворид карда шуд.

Читать далее

Вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” (2)

Дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор”, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, дар вилояти Суғд корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст.

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву кабудизоркунии маҳалли зист идома дошта, ҷиҳати анҷоми корҳо аз ҷониби роҳбарияти вилоят низ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад. Чанде қабл аз кишвари Краснодари Федератсияи Россия 400 бех дарахтони нодиру ороишие чун “ардач”, “ардачи чинӣ”, “кипарис” ва навъҳои “туяи янтарӣ”, “туяи ғарбӣ” ва “туяи пирамидалӣ” ба вилоят ворид карда шуд.

Читать далее

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона дар Наврӯзгоҳи пойтахт

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи наврӯзӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” — и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавриди зикри хос аст, ки сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард.

Читать далее

25 March 2018

Нашри мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development)

Дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.

Дар ин мақола Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ бар нафъи аҳли башар, маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро ба миён гузоштаанд.

Читать далее

23 March 2018

Номаи сипоси сокинони вилоят ба Пешвои миллат

Ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,

Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби Олӣ,

Мо, собиқадорони меҳнат ва шахсиятҳои варзидаи вилояти Суғд, маърӯзаю баромадҳо, сӯҳбатҳои Шуморо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид тавассути оинаи нилгун тамошо карда, вуҷуди моро фараҳмандию ифтихор фаро гирифт, ки Шумо – Сарвари давлати ҷавони тоҷикон ба олитарин мақому манзалат расида, чун раҳнамои ҳақиқӣ миллиардҳо сокинони оламро аз паси хеш ба сӯи об-рӯшноӣ мебаред.

Читать далее

Иштироки Сарвари давлат дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

22 марти соли 2018 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд.

Дар кори иҷлосия Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Ноиби Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони махсуси кишварҳои олам дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок карданд.

Читать далее

Баргузории чорабинии наврӯзӣ дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд

22 марти соли равон ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллӣ - Наврӯзи оламафрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии идона баргузор шуд.

Кормандони шуъбаву хадамотҳои марказии Раёсати ВКД низ бо иҷрои расму оин ва густурдани хони наврӯзӣ ин ҷашни аҷдодиро таҷлил намуданд. Дар чорабинии наврӯзии кормандони мақомоти милитсия Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори Раёсати ВКД дар вилоят Қудратулло Назарзода иштирок намуданд. Бо иҷрои суннатҳои неки наврӯзӣ - оростани хаймаҳои идона ва намоиши ҳунарҳои миллӣ кормандони мақомоти милитсия бори дигар собит намуданд, ки мардуми тоҷик дорои тамаддуни бойу рангин мебошад.

Читать далее